Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқҳои инсон ва қоидаҳои бурдани ҷанг

  1. Проблемаи ҳуқуқҳои инсон ва бурдани ҷанг

Дар ҷаҳони имрӯза ба ҳуқуқҳои инсон хавфу хатарҳои сершуморе таҳдид мекунанд ва яке аз хатарҳои аз ҳама ҷиддӣ низоъҳои мусаллаҳона мебошанд. Воқеаҳои дар таърих аз ҳама маълуми вайронкунии оммавии ҳуқуқҳои инсон, алалхусус воқеаҳои марбут ба қир кардан, ба асорат гирифтор кардани шумораи зиёди аҳолии осоишта, несту нобудсозии шаҳрҳо ва мавзеъҳои аҳолинишини том маҳз ҳангоми ҷангҳо ба амал омадаанд. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона аз фаҳмиши зарурати ҳифзи арзишмандии ҳаёт ва шаъну эътибори одамӣ, ҳамчунин амволи он дар давраи низоъҳои мусаллаҳона рушд кардааст. Ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи байналмилалӣ буда, вале бо якдигар алоқамандии зич доранд.

Ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон низоми меъёрҳои байналмилалии қарордодӣ ё муқаррариест, ки ба одам ё гурӯҳи одамон имконияти аз ҳукуматҳои рафтор ё афзалиятҳояшон муайян интизор шудан ва ё талаб кардани (ба таври дигар гӯем, таъмини) ҳуқуқҳо ва озодиҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки мансубияти ҷудонопазири ҳар як инсон ба сабаби худи табиати ӯ мебошанд, медиҳад.

Зери мафҳуми ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона меъёрҳои қарордодҳои байналмилалӣ ва қоидаҳои муқаррарии аз ҷониби умум эътирофшудаи махсус ба ҳалли вазифаҳои башардӯстона равонакардашудаи бевосита дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳонаи дорои характери байналхалқӣ ва ғайрибайналхалқӣ пайдогашта ва бо мулоҳизоти характери башардӯстонадошта маҳдудсозии ҳуқуқҳои ҷонибҳои даргир оид ба интихоби усулҳо ва воситаҳои бурдани ҷанг ё худ ашхосу амволи ҳифзшавандае фаҳмида мешавад, ки ба онҳо зарар расонда шудааст, ё расонда шуданаш мумкин аст.

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (ҲББ) ва ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон, ҳарчанд ба таври гуногун бошад ҳам, ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва шаъну эътибори инсон нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ ҳеҷ ҷои ҳайрат нест, ки бо вуҷуди фарқият дар тасвиятҳо баъзе муқаррароти онҳо наздик буда, ҳатто аз нигоҳи маънӣ ба ҳамдигар мувофиқ меоянд. Чунончи, масалан, ҳар ду соҳаи ҳуқуқ ҳам ҳаёти инсониро ҳимоя карда, шиканҷа, муносибатҳои ғайриинсондӯстона, табъизро манъ мекунанд, ҳуқуқҳои асосиро бар ашхосе, ки нисбаташон истеҳсолоти судии ҷиноятӣ бурда мешавад, таҳким мебахшанд, дар худ муқарраротеро фаро мегиранд, ки марбут ба ҳифзи занон ва кӯдаконанд, ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқ ба ғизо ва хизматрасонии тиббии мӯътадил дахл мекунанд. Баробари ин ҲББ соҳаҳои аз доираи назари ҳуқуқӣ дурафтандаи ҳуқуқҳои инсон бурдани амалиётҳои ҷангӣ, мақоми комбатант (яъне шахси дар амалиётҳои ҷангӣ иштироккунанда) ва асири ҳарбӣ, ҳифзи нишонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар)- ро дар замоне фаро мегирад, ки ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон бо чунин ҷанбаҳои ҳаётии дар замони осоишта ба онҳо амали ҲББ паҳннашаванда (озодии матбуот, ҳуқуқ ба ҷамъомадҳо, иштирок дар овоздиҳӣ ва корпартоӣ) сару кор дорад.

Мақсади ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон пеш аз ҳама таъмини шароитҳои мусоид барои зиндагист. То андозае дар бораи ҳуқуқи ба рушди шахсияти инсон мусоидаткунанда сухан рондан мумкин аст. Консепсияҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон иборат аз муқаррароте мебошанд, ки иҷрои онҳоро дар замони осоишта ва ҷанг пешбинӣ менамоянд. Баъзе ҳуқуқҳо дар вазъияти ҷанг ё вазъияти фавқулодда метавонанд маҳдуд карда шаванд, масалан, ҳуқуқҳои озодии ҳаракат, озодии сухан ва ғайра. Аммо чунин чораҳо бояд ба миқёси бӯҳрон мутавозӣ бошанд. Қабули онҳо дар асоси табъиз ва вайрон кардани меъёрҳои дигари ҳуқуқи байналмилалӣ бо фарогирии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона манъ аст. Аз ӯҳдадориҳо оид ба баъзе ҳуқуқҳо, масалан, чун манъи истифодаи шиканҷа дар ягон ҳолат ва ба ҳеҷ ваҷҳ даст кашидан лозим нест.

Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона чунин шароитҳое фароҳам меоранд, ки инсон шаъну эътибори худро гум накарда, битавонад хатару зӯровариҳои низоъи мусаллаҳонаро паси сар намояд. Ин ҳуқуқ инсон ва муҳити иҷтимоии вай (оила, хона ва ғайра)-ро эҳтиёт карда, дурнамоҳои нави рушдро боз намесозад. Биноан, сухан дар бораи зинда мондан, дар бораи низоми кӯшандаи нигаҳдории инсон меравад, на ба вай пешниҳод кардани имкониятҳо барои беҳтар зиндагӣ кардан.

Дар рӯзҳои мо давлатҳо вазифадоранд, ки ҳадди ақали кафолатҳои башардӯстонаи ба ном «ҷавҳари тағйирнаёбанда»-и ҳуқуқҳои инсонро дар ҳама гуна ҳолатҳо – чи дар замони осоишта ва чи дар замони ҷанг- риоя кунанд.

Ин кафолатҳо инҳоянд:

• ҳуқуқ ба ҳаёт;

• манъи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну эътибор;

• манъи ғуломӣ, хариду фурӯши ғуломон ва ҳолати асорат;

• норавоии маҳрум кардан аз озодӣ танҳо ба он асос, ки шахс қудрат надорад кадом як ӯҳдадориҳои қарордодиро ба ҷо орад;

• норавоии ба қонуни ҷиноятӣ додани қувваи мутақобила ( яъне барои кирдоре, ки дар лаҳзаи содир шуданаш ҷиноят нест, ҳеҷ кас суд карда намешавад);

ҳуқуқи ҳар инсон ба эътирофгардӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ (яъне одам дар ягон ҳолат аз ёрии ҳуқуқӣ маҳрум буда наметавонад);

• ҳуқуқи ҳар кас ба озодии афкор, виҷдон ва дин.

Ба ҳам вурудшавии (омезиши) ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон ва ҲББ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷанг ва сулҳ, низоъҳои ғайрибайналхалқӣ ва байналхалқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи дохилӣ беш аз пеш зичтар ба ҳам омезиш меёбанд.

  1. Ҷиҳатҳои асосӣ ва мафҳуми

ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона

Қарордодҳои асосии Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (ҲББ) чор Конвенсияи Женевагӣ (КЖ) ва ду Протоколи иловагӣ (ПИ) ба онҳо мебошанд, ки ҳифзи категорияҳои муайяни одамонро ҳангоми низоъҳои мусаллаҳонаи характери байналхалқӣ ва ғайрибайналхалқӣ дошта пешбинӣ менамоянд.

ҲББ пеш аз ҳама онҳоеро ҳимоя мекунад, ки дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намекунанд ё иштирок намуданро қатъ кардаанд. Конвенсияҳои Женевагии нисбат ба низоъҳои мусаллаҳонаи байналхалқӣ истифодашаванда ба муносибат бо захмиён ва беморон дар артишҳои амалкунанда (КЖ I), захмиён, беморон ва дучори ғарқшавии киштиҳо гардида аз ҳайати қувваҳои мусаллаҳ дар баҳр (КЖ II), асирони ҳарбӣ (КЖ III) ва аҳолии осоишта (КЖ IV) бахшида шудаанд. Конвенсияи охирӣ ҳамчунин ашхоси дар дохили мамлакат ҷойивазкарда, занҳо, кӯдакон, гурезаҳо, ашхоси бетатабаа, журналистон ва баъзе категорияҳои дигари аҳолиро фаро мегирад (КЖ IV ва ПИ 1).

Дар муқаррароти нисбати низоъҳои мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта истифодашаванда ҳамчунин дар бораи муносибат бо ашхосе, ки дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намекунанд, ё иштирок намуданро қайд кардаанд, сухан меравад. Ҳифзи аҳолии осоишта ҳамчунин бо меъёрҳое пешбинӣ мешавад, ки ба бурдани амалиётҳои ҷангӣ дахл доранд. Чунончи, ҷонибҳои дар низоъ иштирокдошта бояд ҳама вақт байни комбатантҳо ва ғайрикомбатантҳо, байни объектҳои ҳарбӣ ва ғайриҳарбӣ фарқият гузоранд. Чи аҳолии осоишта умуман ва чи одамони алоҳидаи ғайриҳарбӣ набояд дучори ҳамла гарданд. Ҳамчунин ҳамла овардан ба объектҳои ҳарбӣ, агар он ба аҳолии осоишта ё объектҳои граждани хисороти аз ҳад зиёд орад, мумкин нест.

Бо Конвенсияҳои Женевагӣ воситаҳои равои бурдани ҷанг миёни давлатҳо бо мақсади кам кардани хавф ба ҳаёти аҳолии осоишта муайян карда шудаанд. Аз ҷумла истифодаи гуруснагӣ байни аҳолии осоишта ҳамчун усули бурдани амалиётҳои ҷангӣ манъ гардида, ҳамчунин нобуд сохтани захираҳои воситаҳои таъмини ҳаёти аҳолӣ (хӯрокворӣ, об ва ғайра) манъ карда мешавад. Таъсиси минтақаҳои махсуси озод аз объектҳои ҳарбӣ, ки дучори ҳамлаҳо намешаванд, пешбинӣ мегардад. Захмиёнро аз майдони ҷанг берун овардан ва дар сурати зарурат ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонда, баҳри нигаҳдории ҳаёташон шароитҳои зарурӣ фароҳам овардан лозим аст ва ғайра.

Ҳуқуқи башардӯстона, тавре гуфтем, ҳуқуқҳои асосии инсонро дар вақти низоъҳои мусаллаҳона ҳифз менамояд, ки муҳимтарини онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад. Ҳуҷҷатҳои асосии ҲББ куштор ё сӯиқасдро ба ҳаёти захмиён, беморон, асирони ҳарбӣ, аҳолии осоишта манъ мекунад. Вай ҳамчунин куштани душманеро, ки силоҳ ба замин гузоштааст, таслим шудааст, ё қудрати ҳимояи худ надорад, манъ менамояд. Дар айни замон куштани ҷанговарон аз ҳайати қувваҳои мусаллаҳи душман дар вақти амалиётҳои ҷангӣ қонунӣ ҳисобида мешавад.

Механизмҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона танҳо дар вақти низоъҳои мусаллаҳона мавриди истифода қарор мегирад. Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ду навъи низоъҳои мусаллаҳонаро ҷудо мекунад. Инҳо низоъҳои мусаллаҳонаи байналхалқӣ ва ғайрибайналхалқӣ мебошанд. Асоси чунин фарқиятгузорӣ асосан сарҳади давлатӣ аст.

Агар низоъи мусаллаҳона байни ду ва зиёда аз он давлатҳо сар занад, чунин низоъ ҳатто дар сурате, ки тарафҳои даргир ҳолати ҷангро эътироф намекунанд, низоъи байналхалқӣ дониста мешавад.

Низоъи мусаллаҳонаи байналхалқӣ ҳама гуна истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз тарафи як давлат бар зидди давлати дигар мебошад.

Дар мавриди низоъи мусаллаҳонаи байналхалқӣ ҳамаи чор Конвенсияи Женевагӣ ва Протоколи иловагии 1 истифода мегарданд.

Навъи дигар низоъи мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта мебошад.

«Низоъҳои мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта низоъҳои «дар ҳудуди кадом як ҷониби олии қарордодбаста байни қувваҳои мусаллаҳ ва қувваҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ ё дигар гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳ ба амалояндаест, ки зери фармонфармоии масъулиятмандона қарор дошта, дар қисме аз ҳудуди он чунин назорате мебарад, ки имконият медиҳад амалиётҳои ҷангии доимӣ ва мувофиқакардашуда гузаронида шаванд».

Моддаи 1-и Протоколи

иловагии II ба КЖ 1.

Сабабҳои сар задани низоъҳои мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта метавонанд риоя нагардидани ҳуқуқҳои ақаллиятҳо ё вайрон карда шудани ҳуқуқҳои инсон аз тарафи режимҳои диктаторӣ ва ё шикасти ҳокимият бошанд, ки дар натиҷаи он гурӯҳҳои гуногун барои ҳокимият мубориза мебаранд. Давлатҳо тадриҷан дарк карданд – зӯроварӣ ва истифодаи силоҳ дар давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ боиси ҳамон азиятҳо ва харобкориҳое мегарданд, ки дар вақти ҷанги байни давлатҳо ба амал меоянд. Ин дар ниҳояти кор ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстона инчунин дар давраи низоъҳои мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта оварда расонд. Чунончи, дар сурати шиддати муайяни низоъи мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта Протоколи иловагии II ва моддаи 3 истифода мешавад, ки барои чор Конвенсияи женевагӣ умумӣ мебошад.

Ҳадафи асосии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муваффақ шудан ба мувозинати байни талабҳои зарурати ҷангӣ ва башардӯстӣ аст. Вай пеш аз ҳама бо манъ кардани навъҳои ҷудогонаи амалиёт дар вақти низоъҳои мусаллаҳона, масалан, амалҳои бераҳмона, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои дигар ба даст меояд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқи башардӯстона амалҳои ҷудогонаи ҷангӣ, масалан, истифодаи маводи заҳрнок ва газҳои заҳролудкунанда рӯирост рад карда мешавад. Ғайр аз тадбирҳои нишондодашуда муқаррароте мавҷуданд, ки истифодаи меъёрҳоро нисбати ҳимоя танзим менамоянд, масалан, кормандони тиб, ба ҷуз ҳолатҳое, ки дар амалиётҳои ҷангӣ бевосита иштирок мекунанд, набояд объекти ҳамла гарданд. Ғайр аз ин ҷонибҳо барои ҷустуҷӯи захмиён ва ҳалокшудагон, то андозае, ки вазъи ҷангӣ имконият медиҳад, бояд тадбирҳо андешанд.

Чун қоида, ҲББ чунин принсипҳои асосӣ дорад:

• Таносуби истифодаи қувва;

• Манъи ҳамлаоварӣ ба аҳолии осоишта;

•Зарурати фарқ кардани ашхоси дар амалиётҳои ҷангӣ иштироккунанда ва аҳолии осоишта.

Бо мақсади кам кардани оқибатҳои манфии низоъҳои мусаллаҳона маҳдудсозии интихоби усулҳо ва воситаҳои бурдани ҷанг аҳамияти махсус пайдо мекунад. Онҳо пеш аз ҳама дар манъсозии усулҳои ғайриинсонии бурдани ҷанг ифода меёбанд. Масалан, ҳамлаорӣ зери «ҳимояи» байрақи сафед, ғайри таъинот истифода кардани нишонҳои (эмблемаҳои) фарқкунанда, махсусан нишонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, манъ аст. Додани фармони «касеро зинда нагузоштан», ҳамлаоварӣ ба онҳое, ки аз саф баромадаанд ва ғайра манъ мебошад.

Навъи дигари тадбирҳо манъи истифодаи навъҳои алоҳидаи силоҳҳо дар вақти низоъҳои мусаллаҳона ба шумор меравад. Ин пеш аз ҳама ба манъи истифодаи силоҳҳо ва снарядҳое марбут аст, ки «қодиранд харобиҳо ва азиятҳои аз ҳад зиёд ба бор оранд». Истифодаи лавозимоти ҷангии тарканда ва оташгиранда, заҳрҳо, силоҳҳои заҳролудкардашуда, минаҳои дар баҳр озодона шинокунанда манъ карда мешавад. Ба шумули навъҳои мушаххаси силоҳҳо ва лавозимоти ҷангии бо Конвенсияи СММ аз 10 октябри соли 1980 манъкардашуда тиккаҳои ҷангии ноаён, минаҳо, минаҳои фиребанда, силоҳҳои оташангез дохил мешаванд. Истифодаи силоҳҳои қатли ом, аз ҷумла газҳои заҳролудкунанда боиси нигаронии ҷиддӣ мегарданд. Ҳамчунин истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ, бактериологӣ ва заҳролудкунанда манъ аст.

Аз мавқеи ҳуқуқи байналмилалӣ барои инсоният силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) хатари махсус дорад. Дар шароити ҳозира як силсила қарордодҳое ҳастанд, ки махсус ба танзими муносибатҳо дар ин соҳа нигаронида шудаанд. Ба сифати мисол Қарордод дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ аз 1 июли соли 1968, Қарордод дар бораи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳон аз 27 январи соли 1967, Қарордод дар бораи манъи ҷойгирсозии яроқи ҳастаӣ дар рӯи баҳрҳо ва уқёнусҳо ва дар қаъри онҳо аз 11 феврали соли 1971 ва ғайраро қайд кардан мумкин аст.

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ашхоси мулкӣ ва аҳолии мулкиро ҷудо мекунад.

Ашхоси мулкӣ кистанд?

Шахси мулкӣ ҳар як шахсе мебошад, ки ба ягон гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ, сарбозони халқӣ, аъзои дастаҳои ихтиёрӣ ва ҳаракатҳои муқовиматкунанда ё ашхоси дигар мансуб набуда, озодона бо худ силоҳ гирифта мегардад ва қонунҳо ва оинҳои ҷангро риоя мекунад.

Аҳолии мулкӣ кист?

Аҳолии мулкӣ аз ҳамаи ашхосе, ки шахсони мулкӣ мебошанд, иборат аст.

Моддаи 50-и ПИ 1.

Ашхоси мулкӣ ва аҳолии мулкӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дучори ҳамла намешаванд; амалҳои зӯроварӣ ва ё таҳдидҳо бо мақсади тарсондани аҳолии мулкӣ, ҳамчунин гузаронидани амалҳои алоҳидаи террористӣ манъ аст. Аҳолии мулкиро барои муҳофизати объектҳои ҳарбӣ аз ҳамлаи душман ё барои безарар нигоҳ доштани объектҳои ҳарбӣ истифода бурдан мумкин нест.

Меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстона барои категорияҳои алоҳидаи қисми нозуки аҳолии мулкӣ, аз ҷумла занҳо, кӯдакон, мӯйсафедон, захмиён ва беморон ҳифзи махсусро дар назар дорад.

Масалан, ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона нисбати занҳо принсипи инсондӯстонаи муносибат паҳн мегардад, ки маънояш эҳтиром ба ҳаёт, дахлнопазирии ҷисмонию психикӣ ва манъи лату кӯб, шиканҷа ва ғайра мебошад. Занҳо аз ҳама гуна сӯиқасдҳо ба номуси онҳо, аз маҷбурсозӣ ба фоҳишагарӣ ва умуман аз сӯиқасд ба маънавиёти онҳо, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажод, синну сол ва вазъи иҷтимоиашон махсус ҳимоя карда мешаванд.

Категорияи дигари ашхоси ниёзманди ҳифзи махсус кӯдакон мебошанд. Кӯдакон ҳамчун қисми аҳолии мулкӣ ба меъёри ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона мувофиқ меоянд ва мутобиқан ба ин бо ҳимоя ва кӯмак таъмин карда мешаванд. Ин маънии ба кӯдакон озодона фиристодани ҳар гуна тӯҳфаю маҳсулот, расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба муассисаҳоеро дорад, ки кӯдакон зери парастории онҳо қарор доранд ва ғайра. Ба кӯдакон –сарбозон вазъи махсус пешбинӣ мешавад.

Меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстона ҳифзи захмиён ва беморонро пешбинӣ менамояд. Онҳо, сарфи назар аз он ки ба кадом ҷониби низоъ мутааллиқанд, бояд аз эҳтиром ва ҳифозат бархурдор бошанд, ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонда мешавад, бо онҳо бояд муносибати инсондӯстона кунанд, онҳо бояд аз беадолатӣ, аз тааррузҳои имконпазир ба дахлнопазирии шахсият ҳифз карда шаванд.

Дар низоъи мусаллаҳонаи байналхалқӣ қисми асосии иштирокдоронро комбатантҳо ташкил мекунанд.

Киҳоро комбатант номидан мумкин аст?

Ашхоси шомили ҳайати қувваҳои мусаллаҳи ҷониби дар низоъ буда комбатантҳо ҳисобида мешаванд, яъне онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар амалиётҳои ҷангӣ бевосита иштирок кунанд.

Пас ҳар як сарбози қувваҳои мусаллаҳи давлат комбатант, яъне иштирокдори амалиётҳои ҷангӣ аст. Аммо ба комбатантҳо озодии пурра дода намешавад, зеро интихоби воситаҳо ва усулҳои бурдани амалиётҳои ҷангӣ бо ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона маҳдуд карда мешавад.

Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муносибати инсондӯстонаро бо асирони ҳарбӣ, яъне асирони қонунан иштирокдори амалиётҳои ҷангӣ буда дар назар дорад.

Асирони ҳарбӣ кистанд?

Асирони ҳарбӣ ашхосе аз ҷумлаи ҳайати қувваҳои мусаллаҳи яке аз ҷонибҳои дар низоъи мусаллаҳона иштирокдошта мебошанд, ки вақти низоъи мусаллаҳонаи байналхалқӣ ба ҷониби дигар асир афтодаанд.

Асирони ҳарбӣ вазъи ҳуқуқии худро аз лаҳзае, ки асир меафтанд, то бозгашт ба мамлакати мансубияти шаҳрвандиашон нигоҳ медоранд.

Асирони ҳарбиро дучори шиканҷа ё муносибатҳои бераҳмона кардан нашояд, ба онҳо мукотибот бо пешовандон, гирифтани муросилот (посилкаҳо) бояд иҷозат дода шавад. Онҳое, ки гирифтори бемориҳои вазнинанд, чун вазъи саломатиашон имкон дод, бояд фавран ба мамлакати шаҳрвандӣ ё ҷои истиқоматиашон баргардонда шаванд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, низоъи мусаллаҳонаи характери байналхалқӣ ва ғайрибайналхалқӣ дошта, шахси мулкӣ, аҳолии мулкӣ, комбатантҳо, асирони ҳарбӣ, воситаҳо ва усулҳои бурдани ҷанг.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *