Фанни Экология

Ҷангал ҳамчун захираи муҳимтарини растаниҳо

Ҷангал дар таркиби олами гуногунии растаниҳо доҳил шуда арзиши ҳоси ҳудро дорад. Ҷангал комплексӣ табиӣе мебошад, ки як намуд ё ки намудҳои зиёди растаниҳои дарахтии ба ҳам наздик ва организмҳои зиёде дар яҷоягӣ бо хок, зерхок, обҳои руизаминӣ ва қабатҳои назди атмосфера иборат мебошад. Ҷангал ҳамчун системаи табиӣ аз ҷузъҳои баҳамвобаста ва боҳамтаъсиркунанда иборат буда, қобилияти баланди устуворӣ, худидоракунӣ, ҳудбарқароркунӣ ва азнавсозиро дошта, хусусияти хоси мувозинаи энергия ва моддаҳоро дорад (расми 1).

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷангал ҳам чунин растаниҳо дар маҷмуъ ҳосил кардани моддаҳои узвӣ мебошад. Ҳосилшавии биомасса дар ҷангалҳо то 1017- 10 18 г мерасад, ки аз биомассаи растаниҳои алафӣ 5-6 маротиба зиёдтар аст. Ҷангалҳо ба туфайли соҳтори қабатноки ва самаранок истифодабарии рушноии Офтоб аз ҳама, биомҳои ҳосилнокиашон баланди Замин ба ҳисоб мераванд.

Тайгаи сузанбарг дар як сол аз 400 то 2000 г массаи хушкро дар 1м2 , ҷангалҳои хазонрез аз 3000 то 6000 г/м2, ҷангалҳои намнокӣ тропикӣ аз 1000 то 5000 г/м2 массаи хушк ҳосил мекунанд

Расми 1. Роҳҳои асосии интиқол ва ҷараёнҳо дар ҷамоаҳои ҷангал

Ҷангал дар ҳосилкунии муҳит роли муҳимро бозида, ба тамоми ҷузъҳои биосфера таъсир расонида, ҳамчун мавод дар тамоми соҳаҳои ҳоҷагии ҳалқ ва ҳосил кардани даҳҳо маҳсулоти дигари барои одамон пурарзиш истифода мешавад. Ҳисоб карда шудааст, ки ҳар як одам дар давоми умри ҳуд 200 растании дараҳтиро истифода мекунад.

Заҳираҳои ҷангал. Дар гузашта ҷангалҳо қариб қисми зиёди сайёраи Заминро пушонида буданд. Аҷдодони мо барои васеъ кардани заминҳои кишти ҳуд оҳиста-оҳиста майдони ҷангалзорҳоро кам карданд. Аз руи баъзе маълумотҳо дар 1000 солаи оҳир қариб 50-70% ҷангалҳоро бурида нест карданд, ки солҳои 80-уми асри XX ҳамаги 29,7%-и сатҳи ҳушкиро ташкил медоданд. Майдони ҷангалҳо ва заҳираҳои ҷубии дар солҳои 90-уми асри XX муайян шуда дар ҷадвали 1 пешкаш шудаанд.

Майдони умумии ҷангалҳо 2438 млн. га-ро ташкил медиҳанд, ки аз ин 1233млн га (50,5%)-ро ҷангалҳои минтақаи тропикй, 1205 млн. га (49,5%)-ро ҷангалҳои минтақаи муътадил ташкил медиҳанд.

Заҳираҳои ҷаҳонии ҷуб 5412,5 млн. т-ро ташкил медиҳанд. Аз ҳама бештар дар давлатҳои Аврупо ҷангалҳо дар ҳудуди Финландия ҷойгир шудаанд (70%). Инглистон бошад ҳамагй 6%.. Заҳираҳои ҷангали Россия 1182,6 млн. га-ро ташкил медиҳанд, ки 771,1 млн. га заминҳоро фаро гирифтаанд, заҳираҳои умумии чубии ҷангалҳо бошад ба 81,6 млрд. м3 мерасад.

Барои пурсаммар истифодабарии ҷангал онҳоро ба се гуруҳ, ҷудо мекунанд.

 Ҷадвали 1

Майдони ҷангалҳо ва заҳираҳои ҷубй (аз руи Н. Ф. Реймерс, 1990)

Форматсия Майдони заҳираҳои чубӣ
млн/г а т/га млн/т %
Ҷангалҳои намнок тропикӣ 46318,9

6,4

1593,5

29,4

Ҷангалҳои намноки тропикие дар давраи боронҳо нашунаъмо мекунанд 26010,7

2,0

520,0

9,6

Ҷангалҳои хушке, ки дар давраи боронҳо нашунаъумо меку-нанд ва ҳамчунин ҷангалҳои куҳӣ 51020,9 1,0 510,0 9,4
Тамоми ҷангалҳои минтакаи тропикӣ 123350,5 6,0 2635,5 48,4
Ҷангалҳои минтақаи муътадиле, ки дар давраҳои боришот нашъунамо мекунанд 200,9 6,0 120,0 2,2
Ҷангалдои навъдои ҷуби  саҳт дошта 177,0 1,3 221,0 4,1
Ҷангалҳои сабзи тобистона ва сузанбарги куҳӣ 39516,2 4,0 1580,0 29,2
Ҷангалҳои сузанбарги шимолӣ 62025,4 1,4 868,0 16,1
Тамоми ҷангалҳои минтақаи муътадил 120549,5 2789,0 51,6
Ҳамагӣ 2438100 2,2 5412,5 100,0

Ба гуруҳи якум, ҷангалҳои аҳамияти обҳифзкунӣ ва хок ҳифзкунӣ дошта, минтақаҳои сабзи истироҳатӣ, шаҳрҳо ва маҳалаҳои калони аҳолинишин, ҷангалҳои мануъгоҳҳо, дарахтзорҳои соҳили дарёҳо, қад-қади роҳҳои нақдиётӣ ва роҳҳои оҳан, ҷангалҳои тундрагӣ ва субалтикӣ, ёдгориҳои табий ва ғ. дохил карда мешаванд.

Ба гуруҳи дуюм минтақаҳои ҷангалӣ кам дошта, ки аҳамияти ҳифзшаванда ва истифодаи кам қарор доранд.

Ба гуруҳи сеюм он минтақаҳои ҷангалие дохил мешаванд, ки онҳо мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Ба ғайр аз ин, ҷангалҳоро вобаста аз истифодабарӣ ва соҳаҳо ба саноатӣ, обҳифзкунанда, майдонҳои кишт ҳифзкунанда, истироҳатӣ, назди соҳилӣ ва ғ. ҷудо мекунанд.

Ҷангал ва фаъолияти одамон

Дар ҷараёни такомули ҷамъияти таъсири одам ба ҷангал ва табиат дар маҷмуъ хеле тағйир ёфтааст. Олимон тасдиқ мекунанд, ки аллакай дар зинаи ҷамоварӣ, шикор кардан ва моҳидорӣ (охири полеолит ва аввали неолит) якумин буҳрони экологии антропогенӣ ба амаломада буд. Ҷангалҳои ҳамвориҳои Аврупо, дар натиҷаи буридан ва истифодабарии оташ, васеъ кардани майдонҳои кишт кам шуда, дар баъзе ҷойҳо ба биёбоншавӣ (биёбонҳои Осиёи Миёна) оварда расонд. Дар давраҳои чорводорӣ ва заминдорӣ таъсири ҷаъияти одамон ба ҷангалзорҳо боз ҳам пуршиддатар гардид. Аз руи баъзе хулосаҳо майдони ҷангалзорҳо дар 100 соли охир қариб ду маротиба кам шуданд. Сол аз сол майдони зиёди ҷангалзорҳо бурида шуда, майдони онҳо 200 ҳазор расид. Ҳолати кунунии ҷангалҳои тропикй башариятро ба ташфиш овардааст ва онҳоро «шуши» сайёраи Замин меноманд, ки имруз ҳар дақиқа 15-20 га кам шуда истодаанд.

Камшавии ҷангалҳои тропикиро дар мисоли Мадагаскар дида мебароем. Як вақтҳо қариб 8/10 ҳиссаи ҳудуди онро ҷангалҳо ташкил мекарданд, ки имруз он 3/4 ҳиссааш кам шудааст. Камшавии майдони ҷангалҳои тропикй ба паст шудани дохилшавии оксиген ба атмосфера, «самараи гармхона», гармшавии иқлим, афзуншавии фарсоиши хок ва хушксолӣ, туфонҳои хокй, олудашавй ва вайроншавии системаҳои обтаъминкунй, обхезиҳо ва дар маҷмуъ ба вайроншавии системаҳои экологй ва заҳираҳои гении онҳо оварда мерасонад.

Душмани асосии ҷангалҳо сухторҳо ба ҳисоб мераванд. Сухторҳоро бо фарсоиши хок шабоҳат медиҳанд, чунки агар фарсоиши хок офати кишоварзӣ бошад, пас суҳторҳо офати ҷангалҳоянд. Кариб 90% сухторҳои ҷангал бо айби одамон ба амал меоянд. Дар сол аз ин офат милионҳо гектар ҷангалзорҳо нест мешаванд. Аз ҳисоби сохтани Истгоҳҳои барқии обӣ (ИБО), обанборҳо, роҳҳои нақлиёт, оҳан ва ғ. майдони зиёди ҷангалҳо нест мешаванд. Аз ҳисоби партоваҳои саноатӣ ба атмосфера, хок ва об (дуоксиди сулфур, радионуклидҳо, металлҳои вазнин ва г.) микдори зиёди дарахтон ва буттаҳо нест мешаванд. Ҳассосии растаниҳои гуногуни дарахти ба пайвастагиҳои сулфур дар расми 2. пешкаш шудаанд.

Устувор нисбат ба оксиди сулфур

Ҳеле ҳассос

Сабаби фавтидани дарахтони ҷангалзор зараррасонҳо ва бемориҳои гуногуни растаниҳо (эпифитотия) ҳам шуда метавонанд.

Яке аз ҳодисаҳои мудҳиши солҳои охир ин ҳушкшавии ҷангалҳо ба ҳисоб меравад, ки сабабҳои гуногун дорад. Пеш аз ҳама ба экосистемаҳои ҷангал партоваҳои саноатӣ, боронҳои ҳомизӣ, моддаҳои заҳрнокӣ дар ҳаво мавҷудбуда (дуоксиди сулфур, оксидҳои нитроген, озон, кургошим), барангезан-дагони бемориҳо (мисол, вирусҳо), омилҳои ивдимӣ ва ҳатто мавҷҳои кутоҳ, шиддатнокии баланди барқӣ, радиофаъолӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Баъдтар бошад ба растаниҳои дараҳтй вақти иммунитеташон суст шудан миқдори зиёди ҳашаротҳои муфтхур ҷойгир шуда, касалиҳои онҳоро пуршиддаттар мекунанд ва дарахтони ба касалиҳо гирифторшуда зиёд мешаванд. Ин ҳолат эҳтимолияти сухторҳоро зиёд карда, сифати ҷубро паст мекунад ва дар охир ба нестшавии экосистемаҳои ҷангал оварда мерасонад. Ба вайроншавии системаҳои экологии ҷангалҳо ҳам чунин ҷаронидани ҳайвонҳо, бахусус чорвои калони шохдор ва ҳайвонҳои ёбоӣ ҳам сабаб мешаванд.

Ҷангал ва туризм (саёҳат)

Сабаби дигари камшавии ҷангал аз давраҳои қадим миқдори зиёди шикор зиён, ҷамъкунандаҳои (занбуруғҳо, буттамеваҳо ва хоҳишмандони муқаррарии истироҳаткунандаҳо ба ҳисоб мераванд. Бо инкишофи саёҳатӣ оммавӣ миқдори тамошобинон ҳамон қадар зиёд шудааст, ки дар вақти ҳифзи ҷангал онро ба эътибор гирифтан лозим аст. Миллионҳо одамон кушиш мекунанд, ки рузҳои истироҳатии ҳудро дар табиати зинда гузаронанд ва ҳазорҳо саёҳатчиён бо як пайраҳа ҳаракат мекунанд. Дар ҷангалҳои назди шаҳрҳо ҳазорҳо шаҳрчаҳои хаймагиро дидан мумкин аст. Барои оростани ҳаймаҳо дарахтони ҷавонро мебуранд, ба сифати сузишворӣ истифода мебаранд. Ҷангалҳое, ки тамошобинони доимӣ доранд, аз қуттиҳои консервӣ, шишаҳои холӣ, латтаҳо, коғаз ва ғ., он қадар олудаанд, ки ба барқароршавии табий ҷангалҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Миқдори зиёди гулҳо, навдаи бутта ва дарахтонро барои якруза ороиши хонаҳои ҳуд мешиканем, ки оҳиста-оҳиста ба нестшавии онҳо оварда мерасонад. Баҳорон ҳазорон одамон гулҳои сиёҳгуш, лола ва ғайраро нест мекунанд, ки ба нестшавии ин растаниҳо оварда мерасонад. Ҳар сол дар арафаи соли нав дар руи замин миллионҳо бех дарахтони ҷавонӣ сузанбарг нест карда мешаванд, ки ин ҳам ба табиат таъсири манфӣ мерасонад, бахусус дар он ҷойҳое, ки ҷангалӣ кам доранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *