Фанни Экология

Табиати тоҷикистон ва муаммоҳои экологии он

Нақша:

  1. Вазъи ҳозираи экологии Тоҷикистон
  2. Мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои Тоҷикистон
  3. Боғхои миллӣ, ёдгориҳои табиат ва аҳамияти экологии онҳо
  4. Китоби Сурхи Тоҷикистон ва нақши он дар муҳофизати табиат
  5. Роҳҳои экологии тараққиёти Тоҷикистон
  6. Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат»
  7. Ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат

Дар нигохдорӣ ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, афзу­дани шумораи намудҳои камшуда, нодир ва нигоҳдории системаи устувори экологӣ мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва ёдгориҳои табиӣ нақши калон мебозанд.

Мамнуъгоҳ — маконеро меноманд, ки дар он олами набо­тот, ҳайвонот, манзараҳои табиӣ ҳифз карда мешаванд. Вазифаи асосии мамнуъгоҳҳо муҳофизат, нигоҳдорӣ ва барқарор кардани экосистемаҳои табиӣ мебошад. Дар мамнуъгоҳҳо шикор, чаронидани чорво, буридани дарахтон, ҷамъоварии рустаниҳо, истеҳсоли сарватҳои табиӣ ва гаштугузори одамон манъ карда шудааст. Мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва ёдгориҳои табиӣ ҳамчун шакли давлатии ҳифзи табиат ба шумор мераванд. Ҳоло дар Тоҷикистон-3 мамнўъгоҳ вуҷуд дорад:

1.Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» нахустин мамнуъгоҳи Тоҷикистон буда, он 1 ноябри соли 1939 мувофиқи қарори Комиссариати Халқии зироати ҷумҳурият барои ҳифзи сарватҳои табиӣ, бешазори соҳили дарёҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои ҳифзи ҳайвоноти камёб ва гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ташкил карда шуд. Дар он вақт масоҳаташ 50 ҳазор га. буда, ҳоло майдони ин мамнуъгоҳ  52 ҳазор га. мебошад. Баландии он аз сатҳи баҳр 323-325 м. ва баъзе нуқтаҳои он то350 м.аз сатҳи баҳр аст. Тобистони ин ҷо гарм буда, ҳарорати ҳаво ба 45-46°С мерасад. Дар мамнуъгоҳ  зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, морҳои  айнакдор, кубро, калтакалос, мўрӣ даштӣ, инчунин 34 намуди ширхўрон зиндагӣ мекунанд.

Аз байни онҳо паланги тўронӣ нест шудааст ва он ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон», собиқ, ИҶШС ва  «Иттифоқӣ байналхалқии муҳофизати табиат ва захи­раҳои табиӣ» дохил карда шудааст.

2.Дар болои дарёи Кофарниҳон,  дар баландии 1100-3270 м. аз сатҳи баҳр, соли 1959 мамнуъгоҳи «Ромит» ташкил шуда буд. Масоҳати он 16 ҳазор га. мебошад. Дар обҳои ин ҷо ширмоҳӣ, сагмоҳӣ, гулмоҳӣ, лаққамоҳӣ ва моҳии белбинӣ дучор мешавад. Дар мамнуъгоҳ хазандаҳои зиёде, (сусмор, агамаи кўҳӣ, сангпушт, морҳои обӣ, афъӣ, печон, кубро ва гурза) зиндагӣ мекунанд. Мамнуъгоҳ барои паҳн шудани паррандаҳои гуногун мусоид аст. Дар ин ҷо булбул, саъва, момоҷурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагӣ ва ғайра вомехўранд. Асоси бойигарии мамнуъгоҳ гуногунии олами набототи он аст. Арчазор, челонзор, фаркзор, бедистон ва ғайра  масоҳатҳои калонро ишғол  намудаанд. Дар фарозу адирҳо ҷангалҳои туту гелос, себу биҳӣ, зардолую олуи ёбоӣ сабзиш доранд. Дар кўҳу кўҳпораҳо торон, чукрӣ, сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, пиёзи куҳӣ, сиёҳалаф, ва ғайра назари касро мебарад. Дар мамнуъгоҳ мувофиқи таҳқиқотҳо 1220  намуди рустаниҳои баргу поядор, ки мансуби 94 оила ва 492 авлод мебошанд сабзиш доранд.

3.Соли 1983 дар собиқ вилояти Кўлоб мамнуъгоҳи «Даштиҷум», ки масоҳаташ 19 ҳазор га. буда, аз он 2487 га. дарахтпўш аст, ташкил карда шуд.

Парваришгоҳҳо — майдонҳои табиие, ки дар онҳо намудҳои алоҳидаи ҳайвоноту наботот, манзараҳо, мувозинати экологиро нигоҳ медоранд, созмон дода мешавад. Фарқи парваришгоҳ аз мамнуъгоҳ дар он аст, ки дар парва­ришгоҳ  корҳои хоҷагию саноатӣ  иҷозат дода мешавад. Вобас­та ба мақсад ва объекти ҳифз парваришгоҳҳоро ба гурўҳҳои зерин ҷудо менамоянд:

— парваришгоҳҳои биологии маҷмуӣ (наботот ва ҳайво­нот);

— парваришгоҳҳои палеонтологӣ;

— парваришгоҳҳои гидрологӣ;

— парваришгоҳҳои геологӣ;

Дар ҷумҳурӣ 14 парваришгоҳо вуҷуд доранд, ки масоҳати умумиашон ба 300 ҳазор га. мерасад: Искандаркўл, Зоркўл, Зарафшон, Камароб, Сарихосор, Сайвот, Чилдухтарон ва ғайра мебошанд.

Бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумхурии Тоҷикистон аз 17 фев­рали соли 1993 № 75, бо мақсади мустаҳкам кардани кори ҳиф­зи муҳит, ҳифзи маҷмўи манзараҳои нодир, намудҳои аз байнрафтаистодаи набототу ҳайвонот, сохторҳои бемисли экологӣ, ёдгориҳои табиӣ, фарҳангу таърих, ривоҷу равнақ ва ба низом даровардани  туризм, ташкили боғи миллӣ  дар назар дошта шудааст. Ба зиммаи боғи миллии Тоҷикистон чунин вазифаҳо — ҳифзу нигоҳдории системаи устувори экологӣ, ҳифз ва аз нав барқароркунии манзараҳои набототу хайвонот, ҳифз ва барқарор кардани комплексҳои хоси табиӣ, объектҳои беҷони табиӣ ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, дурусту оқи­лона истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва мероси таърихиву фарҳангӣ, ҷорӣ кардани таҷҳизоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи гармиву энергиядиҳанда ва таҷҳизоти муҳандисӣ, ташкили фаъ­олияти туризму  сайру саёҳатӣ, ҳамкорӣ дар кори гузаро­нидани тадбирҳои таълимиву тарбиявӣ, гузаронидани машва­ратҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои назариявию амалии биологӣ ва ҳифзу аз нав барқароркунии олами набототу ҳайвонот, канданиҳои фоиданок, ҷорӣ кардани роҳу усулҳои ҳифзкунӣ, азнавсозӣ ва барқароркунии объектҳои табиӣ, гузошта шудаанд. Дар Тоҷикистон ду боғи миллӣ мавҷуд аст: Помир ва Ширкент(дар н. Турсунзода)

Аз сабаби он ки миқдори зиёди намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодири табиат маҳв шуда истодаанд, «Иттифоқи байналмилалии  ҳифзи табиат ва сарватҳои он» (ИБҲТ)  соли 1948 таъсис ёфт. Вай муассисаҳои давлатии ҳифзи табиат ва муассисаҳои ҷамъиятиро якҷоя зери роҳбарии худ гирифтааст. Ин комиссия солҳои 1949-1955 тайи панҷ сол роҷеъ ба намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот маълумотҳои зиёде гирд овард, ки дар асоси онҳо комиссия «Китоби Сурх», бо далелҳо феҳристи гумноми ҳай­вонот ва набототро (аз соли 1600 то кунун) тартиб додааст. Дар «Китоби Сурх»-е, ки соли 1966 чоп шуда буд, 211 намуду зернамуди ширхўрҳо ва 312 намуду зернамуди паррандаҳо дохил шуда буданд. «Китоби сурх» соли 1971 ҳуқуқи қонунӣ пайдо кард. Дар «Китоби Сурх»-и собиқ ИҷШС, ки соли 1984 ба табъ расида буд,  459 намуду зернамуди ҳайвоноти нодир ва 172 намуд рустании дараҷаи олӣ, ки 73 намудаш дар ҳудуди Тоҷикистон месабзад, дохил карда шуда буд.

Ба «Китоби Сурх»-и Тоҷикистон, ки соли 1988 ба табъ расид, 162 намуди хайвонот ва 226 намуди рустанӣ,ки мансуби 129 ҷинс ва 52 оила мебошанд, шомил шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат,истифодабарии он ва барқарорсозии захираҳои он, солимгардонии муҳити зист  вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми мардум ва қарзи маънавии ҳар шаҳрванд мебошад. «Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат» аз 27 декабри соли 1993 дар амал ҷорӣ карда шуд, ки он аз 16 фасл ва 89 модда иборат мебошад.

Қонуни мазкур дар маҷмўъ бо тадбирҳои ташкилӣ, хуқуқӣ, иқтисодӣ ва тарбиявӣ бояд ба ташкилу мустаҳкам намудани тарғиботи ҳуқуқии экологӣ, хифзи муҳити зист,барои манфиат­ҳои наслҳои ҳозираю оянда ва таъмини амнияти экологӣ дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Нимаи дуюми охири асри XX ҳамчун солҳои муайянкунии аспектҳои глобалӣ дар ҳолати муҳити зист, хусусан дар атмосфера, баланси гармии Замин, уқёнуси ҷаҳонӣ, генофонди растаниҳо ва ҳайвонот ба шумор меравад. Чунин ҳолат ҳамаи халқият, миллат ва давлатҳоро водор месозад, ки дар якҷоягӣ баҳри пешгирӣ кардани проблемаҳои пешомада чорабиниҳоро андешанд. Дар вақти ҳозира чунин шаклҳои ҳамкорӣ вуҷуд дорад:

  1. Конвенсия ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ. Дар ин созиш­нома давлатҳои ҳамсоя ва ё давлатҳое, ки дар як минтақаи табиӣ-ҷуғрофӣ ҷойгиранд ва дар истифодаву муҳофизати сарватҳои табиӣ манфиатдоранд, баромад мекунанд. Якумин конвенсияи байналхалқӣ дар соли 1902 дар шаҳри Париж барои муҳофизати паррандаҳои фоидаовари хоҷагии халқи давлатҳои Аврупои Ғарбӣ баста шуда буд.

Соли 1950 ин конвенсия аз нав дида баромада шуда дар он тағйирот дароварда шуд, ки ҳамаи ҳайвонот, инчунин паррандаҳо зери муҳофизат гирифта шаванд. Дар асри XX ин гуна созишнома ва конвенсияҳо хеле зиёд ба имзо расида буданд. Дар соли 1971 дар Эрон «Конвенсияи оиди муҳофизати паррандаҳои байни якчанд давлатҳои дунё» ба имзо расида буд.

Дар соли 1963 дар Москва «Созишнома оид ба манъи санҷиши яроқи ядроӣ дар атмосфера» ба имзо расид, ки ҳоло зиёда аз 100 давлати дунё дар ин созишнома иштирок мекунанд.

Ин гуна конвенсия ва созишномаҳо айни ҳол дар тамоми соҳаҳои муҳофизати атмосфера, қишри Замин, баҳру уқёнусҳои ҷаҳонӣ муҳофизати ҳайвоноту рустаниҳо вуҷуд доранд.

  1. Ташкилотҳои байналхалқии муҳофизати табиат — дар омўзиш ва ҳал кардани баъзе проблемаҳои глобалӣ саҳми арзанда мегузоранд. СММ дар сессия, дар комитетҳои махсус, проблемаҳои махсуси муҳофизати табиатро муҳокима мекунад. Соли 1962 Ассамблеяи генералии СММ бо пешбарии Муғулистон резолютсияи («Тараққиёти иқтисодӣ ва муҳофизати табиат»)-ро қабул кард. Соли 1972 конференсияи СММ оид ба муҳити атроф шуда гузашт. Соли 1973 ташкилоти махсус бо номи «Барномаи СММ оид ба муҳити атроф» ба фаъолият шурўъ кард. Якчанд дигар шўъбаҳои СММ дар соҳаи фаъо­лияти худ масъалаҳои ҳифзи табиатро ҳал мекунанд, масалан, ЮНЕСКО. Соли 1968 дар Париж конференсияи ЮНЕСКО «Оид ба оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати сарватҳои биосфера» шуда гузашт ва номи «Биосфера ва инсон» — ро гирифт. Яке аз асосгузорони ҳаракати муҳофизати табиат ин «Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат ва сарватҳои табиӣ» ба шумор меравад. Ин ташкилот соли 1948 дар Париж бо пешниҳоди ЮНЕСКО ташкил шуда буд. То январи соли 1981 ба ин ташкилот 35 давлат аз 300 ташкилоти миллӣ аз 84 давлат ва 18 ташкилоти байналхалқӣ шомил буданд.

Дар даҳсолаи охир дар ҷамъияти инсонӣ мафҳуми инкишофи устувор пайдо шуд.

Дар соли 1992 конференсияи, ки оиди муҳити атроф ва инкишоф, СММ, ЮНСЕД (дар Рио — де — Жанейро, 1992) таш­кил карда буд, яке аз ҳуҷҷатҳои қабул кардаи он — «Рўзномаи асри XXI» буд,ки ин нақшаи амалиёти умумиҷаҳонӣ бо мақсади инкишофи устувор аст, ки онро чунин модел фаҳмидан мумкин: инкишофи модели иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо моддаҳои ҳаётан муҳим ва ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои авлоди оянда, тарзи солими ҳаёт ва хароб накардани муҳити табиӣ. Ба даст овардани инкишофи устувори экологӣ танҳо бо роҳи истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ муясар мегардад.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *