Фанни Экология

Таъсири омилҳои антропогени ба табиат

  1. Мафҳуми табиат ва захираҳои табий

Табиат гуфта тамоми олами маводи энергетикй ва ахбории кайҳониро меноманд. Табиат — ин маҷмӯи шароитҳои табийи ҳаёти ҷамъиятии одамонро, ки бевосита ё ки бавосита ба одамон таъсир мерасонад ва бо он дар фаъолияти хоҷагии худ алоқа доранд, мебошад.

Одамон ҳамчун як аъзои табиат як қисмати системаи мураккаби «табиат — ҷамъият» мебошад. Аз ҳисоби табиат одамон талаботи зиёди худро қонеъ мегардонанд.

Тамоми элементҳои табиӣ ифодакунандаи муҳити атроф мебошанд, ба фаҳмиши «муҳити атроф» он ҷисмҳоеро, ки одамон сохтаанд (хона, накдиёт ва г.) дохил намешаванд, чунки онҳо ҷамоаҳоро дар маҷмӯъ нею, танҳо одамони алоҳидаро фаро мегиранд. Аммо қитъачаҳои табий дар фаъолияти одамон тағйирёфта (шаҳр, обанборҳо, киштзорҳои хоҷагии қишлоқ ва г.) ба муҳити атроф дохил мешаванд, чунки онҳо муҳити ҷамъиятиро месозанд.

Дар экология мафҳуми «шароити табиӣ» ва «захираҳои табий»-ро аз ҳам ҷудо мекунанд. Шароити табиӣ мафҳуми васеъ мебошад, ки тамоми самтҳои табиатро фаро мегирад, ки аз одамон ва фаъолияти он вобаста нест.

Захираҳои табий бошанд ҳодиса ва объектҳои табиатро меноманд, ки дирӯз, имруз ва фардо барои таъмин кардани бойгарии чорводорӣ ва тачдиди захираҳои меҳнатӣ тақвият мебахшиданду мебахшанд. Ба захираҳои табиӣ канданиҳои фоиданок, хок, олами растаниҳо ва ҳайвонот, ҳавои атмосфера, иқлим, рӯшноии офтоб ва кайҳон дохил мешаванд.

Тамоми захираҳои табиӣро-аз рӯи истифодабарй (истеҳсолӣ, тандурустӣ, илмй, эстетикй ва ғ.); аз рӯи мансубият ба ин ё он ҷузъи табиӣ (маъданй, заминй, ҷангалӣ, обӣ, энергетикӣ ва ғ.) тасниф мекунанд. Аз рӯи тавсифи таъсири одам ба захираҳои табиӣ, онҳоро ба ДУ гурӯх ҷудо мекунад- тамомшаванда ва тамомнашаванда (расми108).

Захираҳои табиӣи тамомшавандаро ба барқароршаванда, қисман барқароршаванда ва барқарорнашаванда тақсим мекунанд. Ба захираҳои табиӣи барқарорнашаванда канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ дохил мешаванд, ки баъди истифоди онҳо дар рӯи Замин барои баркароршавй қариб, ки шароит мавҷуд нест. Хок захираи табий нисбатан барқароршаванда мебошад, зеро хуб истифода кардани он ҳосилхезӣ ва қобилияти ба даст овардани ҳосилнокии баланди зироатҳоро нигоҳ медорад. Ба захираҳои табий барқароршаванда олами растанӣ ва ҳайвонҳо дохил карда мешаванд.

Ба захираҳои табиӣи тамомнашаванда бошад: кайҳонӣ (энергияи офтоб, мадду ҷазр ва ғ.); иқлимй (ҳавои атмосфера, гармӣ, намнокӣ, атмосфера, энергияи шамол); обӣ дохил мешаванд.

Солҳои охир оид ба таснифоти захираҳои табийи тамомшаванда тағйирот дароварда шуд. Ба захираҳои тамомшаванда ва барқарорнашаванда захираҳои маъданӣ, ба захираҳои тамомшаванда ва барқароршаванда бошад — замин, об ва организмҳои зиндаро дохил мекунанд. Захираҳой биологиро ба растанй ва ҳайвонот чудо мекунанд. Ба захираҳои тамомнашаванда — энергияи офтоб, обҳои равон, шамол ва иқлим дохил карда мешаванд.

Он қисми захираҳои табийе, ки воқеан ба фаъолияти хоҷагидории одамон дар шароити имрӯзаи иҷтимой-иқтисодй ва техникй ҷалб кардан мумкин аст, тавоноии захираҳои табиӣ ном гирифтааст. Тавоноии захираҳои табий яке аз фаҳмишҳои муҳими пурсамар истифодабарии табиат ба ҳисоб меравад.

Расми 108. Таснифи захираҳои табии

Истифодабарии пурсамар ин маҷмӯи тамоми шаклҳои истифодабарии тавоноии захираҳои табий ва роҳҳои муҳофизати он мебошад. Аз ин р> , истифодабарии табиат замоне пурсамар мешавад, ки

агар ба та#йирёбии тези тавоноии захираҳои табий оварда нарасонад. Вай ҳамон вақт пурсамар мегардад, ки агар одамон аз рӯи ақл ҳамарӯза онро ҳифз карда, коркарди захираҳоро хуб ба роҳ монад.

  1. Афзоиши аҳолӣ

Одамон як қисми маҳсули такомули биосфера ба ҳисоб мераванд. Аммо муносибати одамон ва ҷамоаҳои табий ҳама вақг хеле мураккаб буд. Аз ибтидои пайдоиши худ, одамон ба он ҷисмҳои дар табиат буда, қаноат накарда, ҳамеша кушиш мекарданд, ҷисмҳо ва олоти барои рузгори ҳаррӯзаи худ лозимиро офарад, ки ҳамаи онҳо берун аз гирдгардиши табийи биологӣ қарор доштанд. Инсоният як қисми ҷудонашавандаи табиат буда, ба табиат дахл дорад ва дар дохили он қарор дорад. Ба туфайли инкишофи ҷамъиятй намуди биологии Ното 5ар1еп8 аз таъсири интихоби табий, рақобати байнинамудй, маҳдудияти зиёдшавии микдор бароварда шуд, ки ҳамаи ин имконияти рафтори мутобиқшавй ва паҳншавии одамонро васеъ намуд. Берун шудан аз қонуни мувозинаи табиати зинда, ба афзуншавии аҳолии рӯи Замин ибтидо гузошт.

Микдори фардҳои ҳар як намуд аз рӯи қонунҳои биологй, аз тавоноии афзоиш, давомнокии ҳаёт, имкониятҳои мутобиқшавӣ вобаста буда онро интихоби табий ва маҷмӯи омилҳои экологй идора мекунанд. Одатан, ҳайвонҳои хурд назар ба калон микдоран зиёдтаранд. Барои намудҳои зиёд дар табиат меъёри ҳудуди эҳтимолияти тағйирёбии микдори онҳо мавҷуд аст. Аз ин бармеояд, ки микдори фардҳои як намуди Африқоии пешавлоди одам гоминидҳо дар шароити мусоид аз 500 000 фард зиёдтар набуд ё ки аз ин камтар буд. Имруз ба ин ҷавоб додан хеле мураккаб аст, ки зиёдшавии ин «меъёр» кадом вақт ба амал омадааст. Тахминан то асри XVIII популятсияи одам хеле суст зиёд мешуд, бо суръати миёнаи 1% дар садсол, ки барои дучандшави одамон 1000 сол лозим буд. Баъдтар суръати афзоиши аҳоли зиёд шуда, дар миёнаҳои асри XX характери гиперэкспоненсиалиро мегирад. Аз нигоҳи олимон Т. А. Акимова, В. В. Хаскин (1994) аҳолии ҷаҳон соли 1969 2% афзун шуд, ки афзоиш 70 млн-ро ташкил медод ё ки 150 одам дар як дақиқа. Соли 1989 бошад, микдори аҳолй зиёдшуда 1,8%-ро ташкил медод, ки афзоиш алакай ба 90 млн. дар як сол (179 одам дар як дақиқа) расид, ки ин аз ҳама бештар дар таърихи инсоният буд. Охири асри XX бошад (1992) ба 5,6 млрд. ва соли 2000 ба 6,1 млрд. ва соли 2008-ум ба 6,5 млрд. расид. Х,оло бошад аҳолии сайёра зиёда аз 7 млрд. ташкил медиҳад. Ин афзоиши босуръати аҳолии руи Замин таркиши демографӣ (расми 109) ном гирифтааст.

Аз рӯи баъзе пешгӯиҳо аҳолии рӯи Замин дар аввали асри XXI ҳам зиёд мешавад. Тибқи маълумотҳои дигар бошад то соли 2025-ум аҳолии рӯи Замин аз 8,9 то 9,4 млрд. нафар зиёд мешавад, ки ҳиссаи асосии афзоиши аҳолиро мамлакатҳои рӯ ба тараққиёфта ташкил медиҳанд. Оқибатҳои афзоиши аҳолй дар расми 109 оварда шудаанд.

.1 I. -1— — . ■ ■ ■ ::г. :п… —

(7&0 1800 1850 1900 1950 2000 2050 21Шсод

Расми 109. Афзоиши аҳолии Замин (аз рӯи пешгуиҳои СММ)

Эъзоҳ- хатти болои миқцори зиёшавии аҳолии мамлакатҳои рӯ
ба тарақи ёфта, хатти поёнй-малакатҳои тарақикарда

Афзоиши аҳоли тамоми ҷараёнҳои ҳаётиро фаро мегиранд, яъне зиёдшавии истеъмол, васеъшавии шаҳрҳо, олудашавии муҳит, тағйирёбии тарзи ҳаётӣ, пастшавии сатҳи ҳаётӣ, марказикунонӣ, зичӣ, маданияти умумӣ ва г.

  1. Мувозииаи маводи антропогенӣ

Садсоли охир ду дигаргунии муҳим ба амал омад. Якум, афзоишй тези аҳолии сайёраи Замин ба амал омад. Дуюм, истеҳсоли саноат, истеҳсоли энергия ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хеле афзун шуд, ки ин интиқоли энергия ва моддаҳои ба фаъолияти одамон вобаста бударо, дар гирдгардиши биогенй зиёд кард.

Инсон назар ба дигар намуди ширхӯрҳо аз давраи ибтидои пайдоиши худ серҳаракаттар буда, барои ба даст овардани норасоии ғизоии худ сарҳади хеле калонро аз худ карда, доимо аз як ҷой ба ҷойи дигар паҳн мешуд. Новобаста аз ин одам ҳамеша дар ҳудуди муайяни мувозинаи энергетикй қарор дошт.

Сарфи энергия барои як одам (ккал/шабонарӯз) дар асри сангӣ ба 4 ҳазор, дар давраи кишоварзӣ 12 ҳазор, дар давраи саноатӣ 70 ҳазор ва дар асри XX ба 230-250 ҳазор расид, яъне сарфи энергия 58-62 маротиба назар ба пешавлодони мо зиёд шудааст.

Афзоиши аҳолй талаботи маҳсулоти гизоиро зиёд мекунад, ки ин барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва васеъкунии истеҳсолоти саноати оварда мерасонад. Х,амаи ин бошад гирдгардиши модцаҳои

сатҳи Замйнро дар охири асри XX аз ҳисоби омилҳои антропогенӣ тағйир медиҳад (Т. А. Акимова, В. В. Хаскин, 1994).

Ба ақидаи В. А. Черников ва диг. (2000) бо афзоиши қувваҳои истеҳсолй истифодаи тавоноии захираҳои табий васеъ мешаванд, яъне ташаккулёби ва инкишофи техногененй ба амал меояд.

Техногенез — ҷараёне мебошад, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон тамоми самтҳои раванди биосфераро тагйир медиҳад.

Бо ақидаи Т. А. Акимова, В. В. Хаскин (1994) массаи умумии моддаҳое, ки одамон дар болои Замин ҷояшонро иваз мекунанд, охири асри XX ба 4 трлн. т дар як сол расидааст. Аз 120 млрд. т маводҳои канданиҳои фоиданок ва биомассае, ки иқтисоди ҷаҳонй истифода мекунад, танҳо 9 млрд. т, (7,5%) ба маводи маҳсулоти тайёр дар ҷараёни истеҳсолот мубаддал мешаваду халос. Қисми зиёди энергия (наздики 80%) дар фаъолияти хоҷагидории одамон сарф мешавад. Хдмаги 1,5 млрд. т барои истеъмоли одамон сарф мешавад, ки қариб нисфи массаи онро нетто — истеъмоли маводи гизой ташкил мекунанд. Охири асри XX ҳамарӯза аҳолии ҷаҳон наздики 2 млн, т. ғизо, 10 млн. м3 оби нӯшокй ва 2 млрд. м3 Ог барои нафаскашӣ истифода мекунанд, ки ҳамаи ин солҳои минбаъда боз ҳам афзунтар мешавад.

Аз захираҳои табиӣи истифодакардаи одамон зиёда аз 70%-ро канданиҳои фоиданоки зеризаминй ташкил медиҳанд. Аз ин микдор 90% шомили энергия буда (сӯзишвориҳои нақлиётй, сӯзишвориҳои барои истгоҳҳои барқии гармидиҳӣ ва атомӣ), зиёда аз 90% барои саноатй вазнин (лӯлатайёркунй, маводҳои консентратсионй), 75% барои сохтмон, 60% барои нуриҳои маъданй ва 50% маҳсулотҳои истеъмолии гайригизой, мебошанд.

Захираҳои маъданй ҳам дар истеъмоли ғизой ҷои муайянро ишғол мекунанд, чунки аз онҳо дорувориҳои гуногун тайёр мекунанд. Обҳои зеризаминии артезианиро барои муолиҷаи беморон ва ҳамчун оби нӯшокй истифода мекунанд. Маъданҳои шифой, обҳои гарм барои муолиҷаи як қатор бемориҳо истифода мешаванд. Дар хоҷагии халқи ҷаҳонй зиёда аз 250 намуди канданиҳои фоиданок истифода мешаванд. Сангҳои сохтмонй, маъданҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, сангҳои ороишй, тилло, нуқра, нафт, ангиштсанг аз давраҳои қадим истифода бурда мешуданд, ки имрӯз сол аз сол истеҳсоли онҳо зиёд шуда истодааст.

Дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаҳои обҳои шифоӣ, сангҳои ороишй ва дигар маводҳои сохтмони ва ашёҳои хоми саноатй ба микдори хеле зиёд захира шудаанд, ки истифодаи босамари онҳо дар солҳои наздик барои пешрафти иқтисодиётй мамлакат такони ҷиддие хоҳад дод.

Агар истеҳсоли канданиҳои фоиданок дар аввали нимаи асри XX ду баробар афзуда бошад, пас дар нимаи дуюми он суръати он баланд шуда (14-18 сол), дар солҳои 90 -ум бошад, суръати он боз ҳам афзунтар шуд. Ин нишон медиҳад, ки бо афзуншавии аҳолии сайёраи Замин истеҳсоли онҳо боз ҳам афзунтар мешавад. Лекин ҳама вақт як чизро бояд фаромуш кардан лозим нест, ки захираҳои табии беохир нестанд (ҷадвали 34)

Ҷадвали 34

Захираҳои ҷаҳонии сӯзишвории энергетикй

Намуди сузишвориҳо

Захираҳои

геологй

Захираҳои ковтуков- кардашуда барои баровардан

1

Ангиштсанг, млрд. т

4880-5560

609

2

Нафт, млрд. т

207-252

72-98

3

Гази табий,трлн. м3

260-270

49-74

4

Конденсатҳои газй, млрд. т

33-34

6-9

5

Сӯзишвориҳои сунъии моеъ (аз слансҳо ва ҷинсҳои битуммонанд)

342

36

6

Уран, млн. т

3,2

1,6

  1. Таъсири омилҳои антропогени ба интиқоли энергия ва гирдгардиши моддаҳо

Тамоми самтҳои хоҷагидории аҳолии сайёра ҳар рӯз бештар аз 300 млн. т моддаҳо ва мавод, зиёда аз 30 млн. т сӯзишвории сӯхта, зиёда аз 2 млрд. т об ва 65 млрд. м3 Ог истифода мебарад. Ҳамаи ин ба сарфашавии захираҳои табий ва ба олудашавии муҳит оварда мерасонад. Таҳлилҳои интиқоли маводи антропогенй бо нишондодҳои гирдгардиши биосферавӣ нишон доданд, ки фаъолияти одамон дар динамикаи биогеокимиёвии моддаҳо ҳиссаи хеле калон дорад. Ҳаҷми истеъмоли оби нӯшокии одамон 2%-ро аз ҳаҷми намнокии гирдгардиши обе, ки тамоми растаниҳо хушкӣ дар равиши бухоршавӣ ба биосфера таҳвил медиҳанд, ташкил мекунад. Мубодилаи гази антропогенй дар атмосфера 15-18%-и тамоми мубодилаи гази биотикиро ташкил медиҳад. Олимон Т. А. Акимова, В. В. Хаскин (1994) тасдиқ мекунанд, ки дар натиҷаи фаъолияти худ одам ба атмосфера 1,5 Г СО2 ва дигар газҳоро интиқол медиҳанд, ки дар натиҷа 18 ЭДж гармӣ ҷудо мешавад. Ба болои сатҳи Замин ва обанборҳо 3,9 Г партовҳои моеъ ва 0,7 Г сахт (экскрементҳои одам ва партовҳои маишй) интиқол дода мешаванд. Фарқи байни даромаду баромад ба 100 млн. т дар як сол мерасад, ки ин афзоиши аҳолӣ, массаи онҳо, массаи ҷисмҳо ва маводи истифодаи шажсии онҳоро нишон медиҳад.

Қисми зиёди масъалҳои захиравӣ ва экологй бо истеҳсолоти барқӣ ва саноатй ҳамчунин технологияи истеҳсоли хоҷагии қишлоқ вобаста аст. Дар рафти сӯхтани 10 Г, сӯзишвории ба монанди оксидшавии биологй зиёда аз 5 Г, истифодаи биомассаи растанӣ барои хӯроки чорво, ба миқцори 34-35 Г оксиген истифода шуда, 39-40 Г гази карбон ва 9-10 Г намнокӣ б& атмосфера бармегардад. Ба ғайр аз ин ба ҳавои атмосфера маҳсулоти пурра насӯхта, заррачаҳои аэрозолй, оксидҳо, намакҳо, модцаҳои паррон, ки дар натиҷаи равандҳои истеҳсолот ва кори нақлиёт интиқол меёбанд, мушоҳида мешаванд. Массаи умумии ин омехтаҳо дар як сол 2 Г ташкил медиҳанд, ки дар натиҷа ба муҳити берун 400 ЭДж гармӣ ҷудо мешавад, ки ин олудашавии гармии сайёраро ба амал меорад. Зиёда аз 100 Г партовҳои моеъ ва сахт аз ҳисоби истеҳсолоти саноатӣ ҳосил мешаванд, ки 15% онҳо ба обанборҳо интиқол меёбанд, боқимонда бошад, ба партовгоҳҳо, анборҳо ва «гурхонаҳо»-и партовҳои саноатӣ дохил карда мешаванд.

Ҳамаи ин дар охири асри XX ба чунин масъалаҳои манфӣ оварда расонид:

  1. Истифодаи захираҳои Замин аз суръати барқароршавии табийи онҳо он қадар зиёд шудааст, ки ба иқтисодиёти миллй ва ҷаҳонй таъсир мерасонад (бӯҳрони ҷаҳонии 2008-2009) ва ба таназули бебозгашти равандҳои литосфера ва биосфера овардааст.
  2. Партовҳо ва маҳсулоти иловагии истеҳсолй ва маишй биосфераро олуда карда, ба вайроншавии системаҳои экологй оварда, бо ҳамин гардиши глобалии моддаҳоро вайрон карда, ба саломатии одамон хатар меоранд.

Таъсири омилҳои антропогенй бештар дар шаҳрҳои калони саноатӣ мушоҳида карда мешаванд.

Дар ҳудуди шаҳрҳои калон қариб, ки тамоми ҷузҳои муҳити атроф тагйир дода шудаанд. Ин ба он оварда расонидааст, ки таъсири антропогенӣ ба гирдгардиши об, оксиген, карбон, нитроген, фосфор ва сулфур таъсири ҷидди расонидааст.

Дар як ҳолат таъсири фаъолияти хоҷагидории одамон ба гирдгардиши об ё ки даври гидрологии табий мумкин аст — бомақсад ва дар дигар ҳолат бошад, ба эътибор гирифта нашудааст.

Мисол, миқцори боришот дар минтақаҳои саноатй зиёд шуда истодааст. Сабаби ин заррачаҳои хурди моддаҳои маъданй мебошанд, ки суръати конденсатсияшавии буғи обро афзун мекунад. Мисоли дигар ин баландшавии суръати резиши об дар натиҷаи нест кардани майдони растаниҳо мебошад. Маълум аст, ки густурдаи растаниҳо (дарахтй, алафӣ ва г.) микдори зиёди обе, ки дар дохили хок ҳаракат мекунад ҷабида гирифта нигоҳ медорад. Нест кардани растаниҳо резиши обро зиёд мекунанд, ки ин ба обхезй оварда мерасонад. Дар баъзе ҳолатҳо одамон ба таври сунъй неши резиши дарёҳо ва кӯлҳо мегиранд, мисол ба уқёнусҳо. Дар ин ҳолатҳо олудашавии кимиёвӣ ва биологии обҳо мушоҳида мешавад.

Фаъолияти ҳаётии организмҳо аз таносуби оксиген ва гази карбони дар атмосфера буда вобастагй дорад. Ҷараёнҳои табиӣи истифодаи Ог ва СОг ва интиқоли онҳо ба атмосфера дар мувозинаи муайян қарор доранд. Таъсири антропогенй ба гирдгардиши Ог дар биосфера таъсири ҷидди мерасонад. Бо инкишофи саноат ва нақлиёт микдори зиёди Ог дар ҷараёни сӯзиш сарф мешавад, ки он 10-25% миқцори Ог растаниҳои сабз ҳосилкардаро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби кам шудани майдони ҷангалҳо, даштҳо ва зиёдшавии биёбонҳо интиқоли Ог ба атмосфера кам мешавад. Микдори продусентҳои обии оксиген ҳам кам мешаванд, ки сабаби асосии он олудашавии уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёҳо ва кӯлҳо мебошанд. Олимон пешгӯи мекунанд, ки дар 150-180 соли наздик миқцори оксиғени атмосфера 1/3 ҳисса назар ба миқдори он дар охири асри XX кам мешавад. Солҳои охир вайроншавии кабати озонй тамоми аҳли ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Фаъолияти инсон мувозинаи гирдгардиши табийи карбонро тагйир додаст (расми! 10).

Расми 110. Таъсири фаъолияти одам ба гирдгардиши карбон

Мувозинаи глобалӣ (гази карбон — моддаҳои зинда — моддаҳои узвии мурда) дар тамоми самтҳои биосферӣ тагйир дода шудааст: якум дар рафти истифодаи сӯзишворӣ ҳар сол микдори зиёди СОг-и ба атмосфера таҳвил ёфта 5-6×109 т карбонро ташкил медиҳад; дуюм, сӯхтани ҷангалҳои тропикй барои васеъ кардани майдонҳои кишт, ба 24% ки бо афзоиши аҳолии мамлакатҳои тропикй ва субтропикй алоқаманд аст, ба он оварда мерасонад, ки боз 5х108 т гази карбон ҳар сол ҷудо мешавад; сеюм, тахминан, ҳамин қадар карбони узви фитомассаи ҷангалҳои тропикй дар натиҷаи буридан ва коркарди чӯб ба атмосфера интиқол меёбад, ки танҳо як қисми фитомасса бурида мешавад, боқимонда (шохча, навда ва ғ.) ва дарахтҳои зарардида пӯсида минерализатсия мешаванд; чорум аз хокҳои киштшуда, пеш аз ҳама тропикй ҳар сол ба атмосфера 3-10х108 т карбони дар моддаҳои узвии хок буда таҳвил меёбанд. Микдори умумии карбонӣ узвие, ки тамоми системаҳои экологии хушкӣ дар давраҳои таърихӣ талаф додо шудааст 7- 10х10пт-ро ташкил мекунад. Ҳамин тавр, чи хеле мебинем як қатор ҷараёнҳои антропогение маълуманд, ки миқдори мувозинаи онро дар атмосфера ба самти афзуншавй тағйир медиҳанд. Гарчанде як қисми СОг — и дар рафти сӯхтан ҷудошуда аз тарафи уқёнус фурӯ бурда шавад ҳам, қисми зиёди он дар атмосфера мемонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз солҳои 50-уми асри XX сар карда, микдори СО2 атмосфера афзун шуда истодааст. Афзуншавии СОг-и ҳавои атмосфера ба баландшавии ҳарорати сайёраи Замин то 1°С оварда мерасонд, ки онро саммараи гармхонагӣ меноманд. Ин хеле хатарнок аст, чунки «самараи гармхонагй» ба тағйирёбии иқлим меорад, дар натиҷа пиряхҳои қутбҳо об шуда, сатҳи уқёнуси ҷаҳонй баланд мешавад ва қисми зиёди майдонҳои наздисоҳилй зери об мемонанд, ки ин майдонҳо муҳити зист барои намудҳои зиёд, аз ҷумла одам ба ҳисоб мераванд.

Дж. Митчелл (1979) таъкид карда буд, ки баландшавни ҳарорати сайёраи Замин охири асри XX хеле хуб ба чашм мерасад. У ҳамчунин тасдиқ мекунад, ки баландшавии СОг то нуқтаи максималй баъди ҳазорсолаҳо мумкин расад ва ҳарорати атмосфераи Замин ҳам ба дараҷаҳои баландтарин мерасад, ки ин миллиард сол пеш дар рӯи Замин ҷой дошт.

Одамон гирдгардиши табиӣи нитрогенро ҳам тагйир медиҳад. Ҳар сол азхудкунии нитрогени атмосфера аз тарафи саноат зиёда аз 30 млн. тонарро ташкил медиҳад, ки ин ба се ҳиссаи пайвастагиҳои нитрогенй дар болои хушкй ва уқёнус буда баробар мебошад. Ҳар сол 92 млн. т нитроген ба қайд гирифта мешавад, аз он ҷумла нитрогени индустриалй. Ба ин микдори олудакунандаҳои атмосферавии газмонанд ва аэрозолҳо ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Дар рафти ҷараёни денитрификатсия аз экосистемаҳо қариб 83 млн. т дар як сол ҷудо шуда, дар биосфера то 9 млн. т нитроген дар шакли пайваст захира мешавад. Шакли пайвастагиҳои нитрогение, ки одам ба сифати ғизо ва маводҳои дигар истифода мекунад, аз рӯи меъёри 5 кг дар як сол то соли 2010 ба 38 млн. т расид. Оксидҳои нитроген ба ҳавои атмосфера афтида дар ҳосилшавии губор роли муҳим мебозанд. Ба микдори зиёд ба обанборҳо интиқол ёфтани нитратҳо аз ҳисоби истифодаи нуриҳои маъданй дар хоҷагии кишоварзй ба инкишофи зиёди популятсияҳои обсабзҳо ва афзуншавии модцаҳои биогении обанборҳо оварда мерасонад. Интиқоли аммиак ва оксидҳои нитроген ба атмосфера ҳар сол ба 200-350 млн. т мерасад, ки як қисми онҳо дар намуди «боронҳои ҳомизй» ба хок ё ки обанборҳо баргашта ба системаҳои экологй таъсири манфй мерасонанд.

Дар бисёр минтақаҳои биосфера дохилшавии антропогении нитроген ба экосистемаҳо назар ба дигар сарчашмаҳо хеле бартарй дорад. Мисол, дар ИМА аз 21 млн. т нитрогени ба хок дохил шуда, ба боришоти атмосферавй 5,6 млн. т, азхудкунии биогенй 4,8 млн. т ва моддаҳои маъданй 7,5 млн. т баробар аст.

Аз сабаби он ки захираҳои фосфор дар қишри Замин ҳамагӣ 1%-ро ташкил медиҳанд, таъсири одамон ба гирдгардиши биокимиёвии фосфор таъсири манфй мерасонад . Талафоти фосфор сарбастагии гирдгардиши онро камтар мекунад, ки вайроншавии он ба чунин омилҳои антропогенӣ вобаста аст.

1. Гирдгардиши фосфор аз маъдан ва нахҷад (шлакҳо), истеҳсол ва истифодаи он ҳамчун нурии маъданй дар хоҷагии қишлоқ. 2. Истеҳсоли намунаҳои (препарат) фосфордошта ва истифодаи онҳо дар хоҷагии халқ. 3. Истеҳсоли маҳсулотҳои дар таркибашон фосфори зиёд дошта хӯрока, интиқол ва истифодаи онҳо дар минтақаҳои аҳолинишин. 4. Шикорй маҳсулотҳои баҳрӣ ва истеъмоли онҳо дар хушкӣ, ки тасқимшавии фосфатҳои биогениро аз уқёнус ба хушкӣ амалӣ мекунад.

Иваз кардани агросенозҳо ба ҷои биосенозҳои табий захираҳои фосфориро кам мекунад. Мисол, таркиби фитомассаҳои ҷангал, марғзорҳо даҳҳо кг дар як гектар захира доранд. Талафоти фосфор дар рафти фарсоишй обй хеле калон аст. Хокҳои фарсоишёфта дар давоми сол аз 9 то 22 кг фосфорро талаф медиҳанд.

Солҳои 90-уми асри XX истеҳсоли ҷаҳонии нуриҳои фосфорй ва дигар пайвастагиҳои фосфорй 35 млн. т-ро дар як сол ташкил мекард. Миқцори асосии ин фосфатҳо аз ҷинсҳои кӯҳй ва қисми боқимонда аз гуано (секременти паррандаҳои баҳрй) гирифта мешавад. 10 ҳиссаи ин фосфор ба ғизоӣ ҳайвонот сарф мешавад, ба маҳсулоти ғизоии одам бошад як ҳисса, се ҳиссаашро хок фурӯ мебарад, 6 ҳиссаашро бошад ё ки 60% ба экскерҳо афтида агар ба сифати ғизои узвй истифода нашавад, дар бисёр ҳолатҳо ба обанборҳо афтида, дар ҷараёни эвтрофизатсия иштирок мекунад. Ҳар сол ба воситаи резиши дарёҳо ба уқёнуси ҷаҳонй 2 млн. т фосфор интиқол меёбад.

П. Дювино (1967) қайд мекунад, ки фосфор яке аз звенои хеле сусти занҷири ҳаётй мебошад, ки ҳастии одамонро муайян мекунад.

Миқцори умумии сулфури ба даври биогеокимиёвй ҷалб кардашуда аз уқёнус ба атмосфера дар як сол ба 82 млн. т ва тахдшншуда 96 млн. т-ро ташкил медиҳад. Аз хушкй ба атмосфера 130 млн. т интиқол ёфта, танҳо 116 млн. т-и он ба хушкй бармегардад. Сарчашмаҳои дар фаъолияти инсон аз хушкй ба атмосфера таҳвилёфтаи сулфур 46%-ро ташкил медиҳанд, ки дар намуди оксидҳо ва дигар пайвастагиҳо ба болои Замин баргашта ба системаҳои экологй таъсири манфӣ мерасонанд. Яке аз сарчашмаҳои асосии сулфурй ба биосфера дохил шуда ин аз ҳисоби нафт, ангиштсанг ва сулфурй дар организмҳои зинда захирашуда мебошанд. Аз рӯи пешгуиҳо микдори партовҳои оксидҳои сулфур назар ба солҳои 70-уми асри XX, аввали даҳсолаи асри XXI 3,0- 3,5 маротиба афзун мешавад, ки ин ба гирдгардиши табиӣи сулфур таъсири ҷидцӣ мерасонад.

Қисми зиёди дуоксиди сулфур баъди якчанд рӯзи ба атмосфера интиқол ёфтан ба сулфатҳо ва туршии сулфур мубадцал мешаванд. Дар муддати кӯтоҳ бо ёрии шамол онҳо садҳо километр аз ҷойи партофти худ дур шуда боронҳои ҳомизиро ба амал меоранд ва ба иншоотҳои сохтмонӣ, меъморӣ, растанҳо, ҳайвонхо зарар расонида дар баъзе ҳолатҳо сабаби фавти ҳайвонот мегарданд. Муайян шудааст, ки миқдори зиёди оксидҳои сулфур дар ҳаво сабаби зиёдшавии бемории одамон ва фавти онҳо мегардад.

  1. Таснифи таъсири фаъолияти одам

Ба истифодабарии захираҳои табий ва ҳолати кунунии муҳити атроф, ду гурӯҳи омилҳо бевосита таъсир мерасонанд: якум — инқилоби илмию-техникӣ (ИИТ) ва дуюм — омилҳои демографй (афзоиши микдори аҳолй, урбанизатсия). Ҳардуи онҳо ба ҳам алоқаманд мебошаанд. Аз як тараф дастовардҳои ИИТ-ро одамон дар амал татбиқ мекунанд ва аз дигар тараф ИИТ ба туфайли баландшавии истеҳсолоти маводи ғизоӣ ва паст шудани муриш ба афзуншавии аҳолӣ меорад.

Таъсири фаъолияти инсонро ба экосфера ва муҳити зисти одамон Т. А. Акимова, В. В. Хаскин (1994) ба чунин категорияҳо ҷудо мекунанд:

  1. Таснифи умумии ҷараёнҳои таъсири фаъолияти инсон, ки шаклҳои фаъолияти одамонро муайян мекунад: 1. тағйир додани манзара ва ягонагии комплексҳои табиӣ; 2. гирифта истифода кардани захираҳои табиӣ; 3. олудакунии муҳити атроф;
  2. Таъсири маводи барқии табиат; механикй, табииётй (гармӣ, электромагнитй, радиатсионӣ, радиофаъолӣ, акустикй), табиёти- кимиёвӣ, кимиёвй, биологй ва ғ.;
  3. Таъсири объектҳои категориашон гуногун: маҷмӯи манзараҳои табиӣ, болои замин, хок, олами растаниҳо, ҳайвонот, объектҳои обии гидросфера, муҳит зисти таҳҷойи ва микроиқлими ҷойи зист, одамон ва дигар ретсипиентҳо;
  4. Таъсири микдорй. Масштаби фазой (глобалй, минтақавӣ, таҳҷоӣ) таъсири тавоной дар алоҳидагй ва бисёрӣ, дараҷаи хатари онҳо (шидцатнокӣ ва самараи омилҳо, нишондодҳои экологии меъёрй ва санитарӣ-гигиенй, дараҷаи хатарнокӣ ва ғ.);
  5. Нишондиҳандаҳои фосилавӣ ва фарқи таъсири аз рӯи тавсиф амалӣшуда тагйирёбанда: кӯтоҳ ва дароз, устувор ва ноустувор, бевосита ва бавосита самараи кушода ва ниҳонй, таассурҳои занҷирӣ, баргарданда ва барнагарданда ва ғ.

Ба категорияҳои охирон инчунин тамоми тагйирёбиҳои антропогениро, ба гаразнок (барқасд) ва бегараз ва г. тақсим мекунанд.

Ба азнавсозиҳои гаразнок — аз худ кардани заминҳо барои кишт ё ки бунёди дарахтзори, сохтмони обанборҳо, каналҳо ва системаҳои обёрикунанда, сохтмони шаҳрҳо, иншоотҳои саноатӣ, хушккунии ботлоқзорҳо ва ғ. дохил мешаванд. Ба тағйирёбиҳои бегаразона, олудашавии муҳити атроф, тағйирёбии таркиби гази атмосфера, тагйирёбии иқлим, боронҳои ҳомизӣ, ҳосилшавии низми (туманӣ)-и фотокимиёвӣ, камшавии қабати озонй, фарсоиш, биёбоншавӣ, офатҳои экологӣ, тагйирёбии таркиби намудии биосенозҳо ва г. дохил мешаванд, ки онҳо хеле муҳиманд, зеро идоракунии онҳо хеле мураккаб буда, самараи онҳоро пешаки муайян кардан гайриимкон аст.

  1. Бӯҳрон ва садамаҳои экологӣ

Истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ сабаби бӯҳронҳои экологӣ ва садамаҳои экологй мегарданд. Бӯҳрони зкологӣ ин тагйирёбии аксуламалӣ ҳолати мувозинаи комплексҳои табиӣ мебошад. Вай на танҳо таъсири тавоноии одамро ба табиат, балки бо суръати баланд аз тарафи одамон тағйир додани табиатро барои инкишофи ҷамъият инъикос мекунад. Баамалоии буҳрони экологиро дар баъзе ҳолатҳо «самараи бумеранг» меноманд. Як қатор буҳронҳои экологй маълуманд: камшавии захираҳои ғизоии одамон қадима — моҳидорй ва ҷамъоварй; шикорӣ ҳайвонҳои калони муҳрадор (50-10 ҳаз. сол пеш); бӯҳрони ҳозира, ки бо олудашавиҳои глобалӣ алоқаманд буда, зинаи аз ҳама болоии ИИТ-ро нишон медиҳад. Инсон дар бӯҳронҳои экологӣ таъсири хеле фаъол дорад.

Дар таърихи гузашта ва таърихи инсоният якчанд бӯҳронҳои экологиро ҷудо мекунанд.

  1. Тағйир додани муҳити зисти ҳаётй ба пайдошавии антропоидҳои рост роҳ мерафтагӣ — пешавлодони бевоситаи одам оварда расонд.
  2. Камшавии захираҳои шикорчигӣ ва ҷамъоварии одамони қадима, ки ба таври ғайримуташаккилии чорабиниҳои биотехникии шакли сӯхтани растаниҳо барои расиши беҳтар ва барвақтар амалӣ мекарданд.
  3. Якумин бӯҳрони антропогенӣ ба таври зиёд нест кардани ҳайвонҳои калонҷусса («буҳрони консументҳо»), ки минбаъд бо инқилоби экологии хоҷагии қишлоқ алоқаманд буд.
  4. Бӯҳрони экологии шӯршавии хок ва вайронкуни обери муқаррарии заминҳо, ки барои аҳолии афзуншудаистода намерасид. Ин бошад ба инкишофи заминҳои лалмй оварда расонд.
  5. Бӯҳрони экологии ба микдори зиёд нест кардани захираҳои растанй ё ки «бӯҳрони продусентҳо», ки бо инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ҷамъиятй ва баъдтар ИИТ алоқаманд буд.
  6. Буҳрони замони муосир, ки бо олудашавиҳои глобалӣ алоқаманд аст, ки дар ин ҷо редусентҳо вазифаи худро пурра иҷро карда наметавонанд, яъне он маводҳое, ки аз тарафи фаъолияти одам ба биосфера интиқол дода мешаванд (маводҳои сунъй) таҷзия намешаванд. Ин бӯҳронро «бӯҳрони редусентҳо» меноманд.

Дар баробари бӯҳрони редусентҳо якбора ду масъалаи экологии дигар ба амал меояд; а) термодинамикй (гармӣ) ва б) паст шудани эътимоднокии экосистемаҳо. Барои пешгирии ин ду масъалаи экологӣ, барои пешгирии якумаш ҳарчи камтар сарчашмаҳои энергетики имрузаро истифода карда аз нури рӯшноии Офтоб бояд истифода кард ва барои пешгирии дуюм бошад, пеш аз ҳама системаи «ҷамъият — табиатро» идора кардан лозим.

Садамаҳои экологй — гуфта ҳодисаҳои табиӣеро меноманд, ки (хушкии дурудароз, мурриши зиёд, мисол, ҳайвонот ва ғ.) бештар дар асоси таъсири бевосита ё ки бавоситаи фаъолияти одам ба ҷараёнҳои табиӣ, ки ба оқибатҳои нохуши иқтисодӣ ё ки муриши зиёди аҳолии минтақаи муайян оварда мерасонад; садамаҳои техногенӣ (ИАБ, киштиҳои боркаш, тайёра ва ғ.), ки ба тағйирёбиҳои муҳит оварда, зарари иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ мерасонанд. Садамаҳои экологй аз бӯҳронҳои экологй бо он фарқ мекунанд, ки бӯҳрон ин ҳолати баргарданда аст, ки одамон дар ин ҷо фаъолона иштирок доранд, садама бошад ҳодисаи барнагарданда буда, одамон дар ин ҷо фаъол набуда, тарафи зарардида мебошад. Фаҳмиши васеътари садамаҳои экологӣ дар он аст, ки онҳо зинаи инкишофи биосфера буда, ба таври сифатӣ ба аз- навшавии моддаҳои зинда, мисол, муриши як намуд ва пайдошавии дигар намуд ба амал меояд.

  1. Олудашавии муҳити атроф. Намудқои олудакунандаҳо

Дар зери мафҳуми олудакунии муҳити атроф ба ҳар як системаи экологӣ дохил кардани ҷузъҳои зинда ва гайризинда, тагйирёбиҳои табииётй ё ки сохторй, афзун ва вайрон кардани ҷараёнҳои гирдгардиш ва мубодилаи модцаҳо, равиши энергияро, ки ба пастшавии ҳосилнокӣ ё ки вайроншавии системаҳои эколоғй хосанд меноманд.

Одатан, олудакунандаҳои табий (заминларза, вулқонҳо ва г.) ва антропогениро фарқ мекунанд.

Олудакунандаҳои антропогениро ба маводй (чангу ғубор, газҳо, хокистар, дажгол ва табйиётй ё ки барқӣ (энергияи гармй, майдони барқй ва электромагнитӣ, садо, ларзиш ва ғ.) ҷудо мекунанд. Олудакунандаҳои маводиро ба механикӣ, кимиёвй ва биологй тақсим карда мешаванд. Ба олудакунандаҳои механикӣ чангу губор ва дараҷаҳои аэрозоли ҳавои атмосфера, заррачаҳои сахти дар об ва хок буда дохил мешаванд. Олудакунандаҳои кимиёвй газҳои гуногун, элементҳо ва пайвастагиҳои кимиёвии моеъ ва сахте, ки ба атмосфера, гидросфера дохил шуда бо муҳити атроф ба ҳам таъсир мерасонанд (ҳомизҳо, ишқорҳо, дуоксиди сулфур ва г.).

Олудакунандаҳои биологй бошанд ҳамаи намуди организмҳоеро меноманд, ки бо иштироки одамон пайдо шуда ва ба ӯ зарар меоранд — занбурӯғҳо, бактерияҳо, обсабзҳои сабзу-кабуд ва г.

Оқибати олудашавии муҳити атроф ба чунин оқибатҳо меорад:

  1. Паст шудани сифати муҳити атроф;
  2. Ҳосилшавии талафоти номатлуби модца, энергия, меҳнат ва восита барои коркарди ашёи хом ва маводҳое, ки одам ба партовҳои бебозғашт мубаддал карда, дар биосфера паҳн мекунанд;
  3. На танҳо системаҳои экологии алоҳида, балки биосфера дар маҷмӯъ ба таъсири глобалии нишондиҳандаҳои табиётию кимиёвй дучор мегардад;
  4. Талафоти заминҳои ҳосилхез, паст шудани ҳосилнокии системаҳои экологй ва биосфера дар маҷмӯъ;
  5. Бад шудани ҳолати ҷисмонй ва рӯҳии одамон бевосита ва бавосита, ки қувваи истеҳсолкунандаи асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад.
  6. Сарчашмаҳои асосии олудакунандаи муҳити атроф

Агар дар олудашавии муҳити атроф таҳлили ҳаматарафа гузаронем, пас маълум мешавад, ки тамоми таъсирҳои манфӣ аз фаъолияти одамон бармеояд. Аз ин рӯ, баъзе самтҳои фаъолияти одамонро ки ба муҳити атроф зарари ҷиддй мерасонад истеҳсолот, нақлиёт, истеъмол, истифодаи техникаҳои муосир, урбанизатсия ва ғ. ҳамчун олудакунандаҳои асоси таҳлил намуда, самтҳои гуногуни фаъолияти одам ва пешгирии онҳоро дида мебароем.

То солҳои наздик тасдиқ мекарданд, ки олудакунандаи асосии муҳити атроф фаъолияти истеҳсоли одам, лӯлаҳои завод ва фабрикаҳо ба ҳисоб мераванд. Охирҳои асри XX бошад, бештар ба сарчашмаҳои олудакунандаи саноатй ва хоҷагии қишлоқ диққат медиҳанд, ки ба ҳар кадом сарчашмаи олудакунанда дар алоҳидагӣ шинос мешавем.

Истеҳсоли энергия. Инкишофи ҳар як минтақа ё ки соҳаи иқтисодӣ бо энергетика вобаста аст. Баландшавии истеҳсолот, дараҷаи техникии он дар охир дараҷаи ҳаётии одамонро, маҳз инкишофи энергетика муайян мекунад. Сарчашмаи энергетикй дар замони муосири наздик бошад, сӯхтани ангишт, нафт, газ, торф, сӯзишвориҳои сланси ҳисоб мешаванд. Мисол, Федератсияи Россия соли 1993 957 млрд. кВт/соат электроэнергия истеҳсол кард, ки аз ин 662 млрд.-ро истгоҳҳои барқии гармидиҳи (ИБГ), 175 млрд. кВт/соатро истгоҳҳои барқии обӣ (НБО) ва 119 млрд. кВт/соатро истгоҳҳои барқии атомй (ИБА) истеҳсол карданд. Дар Тоҷикистон бошад қисми асосии энергияи барқӣ дар НБО ба микдори зиёда аз 21 млрд. кВт/соат ва баъди ба кор даровардани НБО Сангтӯда-2, Роғун ва ғ. тавоноии энергетики худро хеле зиёд мекунад, ки ин ҳам ба иқтисодиёт, ҳам ба экология ва ҳам ба некуаҳволии аҳоли таъсири мусбат мерасонад.

Олудакунандаи асосии муҳити атроф ИБГ ба ҳисоб мераванд, ки онҳо дар ҳудуди ҶТ хеле каманд. Агар сӯзишвориҳо пурра истифода нашаванд, он гоҳ хокистари зиёд, дуоксиди сулфур, консерогенҳо ва г. ҷамъ шуда, муҳити атрофро олуда мекунанд. Мисол, дуоксиди сулфур атмосфераро олуда карда (ҷадвали 35) боронҳои ҳомизиро ба амал меорад.

Боронҳои ҳомизӣ хокро шӯр карда, самараи истифодаи нуриҳоро паст мекунад, тагйирёбии туршии об ба гуногунии намудҳои ҷамоаҳои обй таъсири манфӣ мерасонад. Боронҳои ҳомизӣ ҳамчунин ба олами растаниҳо таъсири ҷидди мерасонад, ки майдонҳои зиёди ҷангалзорҳо зарар мебинанд.

Ҷадвали 35

Олудашавии атмосфера дар рафти истифодаи
сӯзишвориҳои гуногун дар ИБГ, г/кВт/соат

Партовҳо

Намуди сузишвориҳо

Ангиштсанг

Ангишти

бӯр

Мазут

Гази

табиӣ

1

802

6,0

7,7

7,4

0,002

2

N0*

21,0

3,4

2,4

1,9

3

Заррачаҳои сахт

1,4

2,7.

0,7

4

Пайвастагиҳои фтор

0,05

1,11

0,004

Саноати металлургй. Металлургияи ранга ва сиёҳро ба яке аз соҳаҳои олуданукандаи асосии муҳити атроф дохил мекунанд. Металлургияи ранга ва сиёҳ ба муҳити атроф ба микдори зиёд оксидҳои сулфур, туршии хлор, оксиди оҳан, фтор, оксиди қурғошим, рӯҳ, мисс, симоб ва дигар моддаҳоро интиқол медиҳанд.

Саноати кимиё, нафтукимиё ва селлюлозаю қоғазӣ. Ин соҳаҳои истеҳсолот ба микдори зиёд моддаҳои гуногуни кимиёвиро ба муҳити атмосфера ва муҳити обию хокӣ интиқол дода онҳоро олуда мекунанд.

Нақлиёт. Имрӯз яке аз сарчашмаҳои олудакунандаи муҳити атроф нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ ба ҳисоб меравад. Накдиёт ба муҳити атроф млрд-ҳо тона моддаҳои кимиёвиро таҳвил медиҳанд, ки як микдори муайяни онҳо барои организми одамон хеле зарар мерасонанд (тетраэтил қурғошим, бензоперен ва ғ.) ва сабаби бемориҳои гуногун (саратон, зиқи нафас, рагу-дил ва ғ.) мешаванд.

Хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ. Фаъолияти истеҳсолй дар хоҷагии қишлоқ ва ҷангал бо муҳити атроф хеле алоқаи зич дорад, чунки он бевосита дар табиат ҷараён мегирад. Механизатсиякунони ва химизатсияи хоҷагии қишлоқ ба олудашавии ҳавои атмосфера бо ҳар гунна газҳо, олудашавии бензин ва равганҳо дар роҳҳо оварда расонидааст. Илова кардани нуриҳои маъдани бахусус нитрогенй ва фосфорӣ, истифодаи пестидсидҳо барои ҳифзи растаниҳо ба олудашавиимуҳити хок ва об оварда мерасонад, ки дар натиҷа ба саломатии одам зарар мерасад. Нодуруст истифодабарии заминҳо ба фарсоиши хок меорад. Таъсири фаъолияти одамон ба хоҷағии кишлоқ ва ҷангал ҳам таъсири манфӣ мерасонад, ки онро баъдтар таҳлил мекунем.

Комплекси саноати ҳарбӣ. Комплекси саноати ҳарбй (КСҲ) аз ҳама бенггар тавоноии вайронкунанда дошта, ба табиат таъсири манфӣ мерасонад. КСҲ ба муҳити атроф на танҳо дар давраи ҷанг, балки дар давраи ҳаёти осоишта ҳам таъсири ғайримусоид мерасонад. Артишй замони муосир майдонҳои зиёдро фаро гирифта ба системаҳои эколоғӣ дар рафти машқҳои ҳарбй таъсири манфй мерасонанд. Бахусус олудашавии ҳавои атмосфера ва хок дар раванди истеҳсол, озмоиш ва нигоҳдории яроқи одцй, кимиёвй, биологй ва ядроӣ хеле хуб мушоҳида мешавад.

Саноати ҳарбй барои истеҳсол кардани яроқ микдори зиёди ашёи хом, энергия ва даромади миллиро сарф мекунад. Мисол, ИМА барои сохтмон ва тайёр намудани як мушаки байниқитъавй 4,5 ҳаз. т пӯлод, 2,2 ҳаз. сурӯҷ, 50 т алюминий, 12,5 т хром, 750 кг титан, 120 кг бериллий ва ғ. сарф мекунад.

Аз ҳама бештар ба муҳити атроф озмоишҳои яроқи ядрой таъсир мерасонанд (расми 111), чунки баъди озмоиши яроқи ядрой дар муҳит микдори зиёди заррачаҳои радиофъаол пайдо шуда, ба одамон ва ҳайвонҳо таъсир карда, бемориҳои вазнин (ба монанди лейкоз, саратони гадуди сипаршакл)-ро ба амал меорад.

Млмгаьди олудашажпи змсд Мзгнтакли олуллшавш! Минтакая ол>глашдваи

тгатзркок муътзлпл

Расми 111. Олудашавии радиофаъол дар рафти
таркиши ядроӣ (аз рӯи Е.А.Криксунов ва диг., 1995)

Дар фаъолияти КСҲ аз ҳама хатарноктарин ҷанг ба ҳисоб меравад, ки оқибатҳои харобиовар дорад. Ҷангҳо ҳама вақт ҳамсафари одамианд. Аз соли 1496 то 1861 одамон ҳамагӣ 22,7 сол дар осоиштаги умр ба сар бурданд ва 3130 сол дар ҳарбу зарб буданд. Аз соли 1900 то 1938, 24 ҷангҳо ва аз соли 1946 то 1979 бошад 130 муноқишаҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаги онҳо сарҳадҳои васеъро фаро гирифта ба экология ва иқтисод зарари калон расонидаанд. Агар талафоти ҷониро ба ҳисоб гирем, фақат афсус мехӯрему халос. Албата дар ин самт баъзе корҳоеро ба анҷом расонидан мумкин аст, ки таъсири онро ба муҳити атроф камтар шавад.

  1. Садамақои техногенӣ ва табиӣ

Омилҳои дигаре, ки ба муҳити ҳаётии одамон таъсири манфӣ мерасонад садамаҳои техногенӣ ва табиӣ мебошанд. Аз рӯи ҳисоботи комиссияи байналмиллалӣ оид ба муҳити атроф ва инкишоф дар соли 1987, танҳо дар ду соли охир дар олам чунин садама ва офатҳои экологй ба қайд гирифта шуданд.

  • хушксолй дар қитъаи Африқо ба амал омада ба талафоти 1 млн. нафар одам расонда, ҳаёти 35 млн. одамонро зери хатар гузошт.
  • аз садамаи дар заводи истеҳсоли пестисидҳои шаҳри Бхапал (Ҳиндустон) ба амаломада 2000 нафар фавтида, ба зиёда аз 200 ҳаз. нафар одам зарари ҷидцӣ расид.
  • аз садамаи дар ИБА Чернобыл (1986) рух дода, зиёда аз 9 млн. нафар одам зарар дида, қисми зиёди сарҳадҳои Аврупои шарқӣ, мамлакатҳои Скандинавия, Россия, Украина ва Россияи сафед (Белорус) аз заррачаҳои радиофъаол олуда шуданд, ки хатари беморшавии саратонро баланд мекунад.
  • зиёда аз 60 млн. одам аз диарея ва бемориҳои ба он монанд, ки сабаби он олудагии оби нушокӣ ва норасоии ғизо ба ҳисоб мераванд фавтиданд, ки дар байни онҳо бештарашон кӯдакон буданд ва г.

Бо пешрафти илмию-техникӣ микдори садамаҳои техногенй зиёд шуда истодаанд. Садамаҳои техногенӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти одамон (соҳаи коркарди ангишт, нафт, газ, металлургия, кимиё ва гайра)-ро фаро гирифтааст. Садамаҳои ҳавоӣ сол аз сол зиёд шуда истодаанд, ки ҳам оқибати иқтисодй, экологй ва ҳам хатари ҷонӣ доранд. Садамахои табий ба монанди заминҷунбӣ, обхезй, сел сол аз сол микдорашон зиёд шуда, ҷони даҳҳо миллион одамонро даррабурда ба иқтисодиёт ва экология зарари калон мерсаонанд.

  1. Ҳолатҳои экологи

Ҳолатҳои эколоғй гуфта, бад шудани ҳолати муҳити атрофи таҳҷойи ё ки минтақавиро меноманд, мисол олудашавии об, ҳаво, вайроншавии хок ва ғайра, ки аз нуқтаи назари ҷамъияти беасос ё ки хатарноканд. Мафҳуми «ҳолатҳои экологиро» танҳо барои ҳодисаҳои антропогенӣ истифода мекунанд.

Тағйирёбии шароити экологии табиӣ минтақавӣ аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо муайян мешаванд: 1. таъсир ба ҳолати санитарию- гигиенӣ; 2. харобшавии захираҳои табий; 3. вайроншавӣ ва тағйирёбии манзараҳои табиӣ. Дар ин ҷо олудашавии атмосфера, олудашавии об, фарсоиши хок, вайроншавии заминҳо, дар рафти коркарди ҷинсҳои кӯҳй, пастшавӣ ва талафоти сифатй манзараҳои рекреатсионӣ, вайронкунии ҷангалҳо, талафоти захираи моҳиҳо ва ғ. ба эътимод гирифта мешавад.

Сарҳадҳои ареали ҳолатҳои экологиро бо ду категория ҷудо мекунанд: шадид ва хеле шадид. Шадидшавии ҳолати экологӣ дар муҳити табиӣе рух медиҳад, ки бевосита ба ҳаёти аҳолии маҳал хатар тахдид мекунад ва баъзе масъалаҳои экологӣ то ба дараҷаи бӯҳронй ё ки садамавӣ хеле шадид мешаванд. Мисол, кашфиётҳои илмӣ ва инкишофи технологии табииётӣ-кимиёвй дар садсолаи асри XX ба пайдошавии сарчашмаҳои сунъии радиатсия оварда расонд, ки тавоноии хатарй он ба одамият ва биосфера таҳдид мекунад. Ин ҳолат дар минтақаҳои саноатй истеҳсоли радионуклидҳо хеле хуб (Челябинск, Томск, Чкаловск ва ғ.) мушоҳида мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *