Месяц: Декабрь 2019

  • Намунаи Тавсифномаи психологи

    Тавсифномаи психологи. Тавсифномаи психологи дода шуд ба хонандаи синфи 6”а” мактаби тахсилоти миёнаи умумии №25 Саимова Гулбиби Солиевна соли таваллудаш 31-05-2003-миллаташ точик.Муносибати оилавиашон хеле хуб мебошад. Шароити оилави низ дар сатхи миёна карор дорад.Падараш Абонов Мех Ибоевич соли таваллудаш 10-08-1969- ба хайси рузноманигор дар шабакаи телевизори сафина-и Чумхури Точикистон кор…

    Муфассалтар »
  • Намунаи Тавсифнома

    Тавсифнома Дода шуд ба донишчуи курси сеюми Донишкадаи Давлатии Забонхои Точикистон ба номи С. Улугзода факултаи забонхои романю –германи. Саимов Салим аз 10.02.2016 то 20.03.2016 дар мактаби тахсилоти миёнаи умумии №89 нохияи Сино, шахри Душанбе хамчун тачрибаомӯз фаъолият намудааст. Дар ин муддати кӯтох он кас кобилияти баланди дарсдихии худро нишон…

    Муфассалтар »
  • Гуфтахои имоми Аъзам

    Агар дах сол бидуни касбу кор монди аз илм руй магардон.Чунки илм зикри Худоаст. Бо шогирдонат чунин мушфикона рафтор кун, ки гуё хар яки азононро фарзанди худат медони, зеро ки амр рагбат ва алокаи ононро ба илм бештар хохад кард. Гар шахси омми ва бозори бо ту бахсу мунозира кард,…

    Муфассалтар »
  • Зарбулмасалхои англиси

    PROVERBS—ЗАРБУЛМАСАЛХО-ПОСЛОВИЦЫ 1 Live and learn Хонед,хонед,хонед,боз хонед. Век живи,век учись. 2 Never put off till tomorrow what can be done today. Кори имрузро ба фардо магузор. Никогда не откладывай на завтра то, что можно сделать сегодня. 3 Art is long, life is short. Санъат абадист, Умр кутох. Искусство вечно, Жизнь…

    Муфассалтар »
  • Дарачаи мукоисавии сифатхо

    Degrees of comparison of adjectives Дарачаи мукоисавии сифатхо. Сифатхо дар забони англиси ба монанди забони точики се дарача доранд: Одди – Positive DegreeМукоисави – Comparative DegreeОли – Superlative DegreeДарачаи мукоисави ва олии сифатхои якхиҷоги ва духичоги бо ёрии суффиксхои ”er”, “est” сохта мешавад. Суффикси “er” барои фахмонидани дарачаи мукоисавии сифат…

    Муфассалтар »
  • Тестхо аз фанни таърихи Фаронса

    # Франкҳо кай Галлияро забт намуданд? -Дар асри пеш аз мелод. -Дар асри 111 пеш аз мелод. +Дар асри У мелодӣ. -Дар асри 1У мелодӣ. -Дар асри 1 мелодӣ. #Асосгузори давлатии франкҳоро муайян кунед: -Карли Кабир. -Наполеон. +Хлодвиг. -Людовики 1У. -Наполеони 11. #Хлодвиг ба давлати франкҳо кай асос гузошт? +Соли…

    Муфассалтар »
  • Тест аз фанни сиёсатшиноси бо чавобхояш

    1. Низоми ташаккули сиёсатро тавсиф намоед; A) замоне, ки зиддиятҳои байни одамон афзояд, зарурат ба танзими рафтору кирдори одамон ба миён меояд; B) замоне, ки ташкилотҳои сиёсӣ пайдо шаванд ва ба муборизаи сиёсӣ машғул гарданд, зарурат ба танзими рафтору кирдори одамон ба миён меояд; C) вақте ки ҳизбҳои сиёсӣ ташаккул…

    Муфассалтар »
  • Панди рӯз

    Чунин гуфт пайғамбари ростгӯй, Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй Фирдавсӣ Сухан заҳру позаҳру гармасту сард, Сухан талху ширину дармонидард. Румӣ Ба дониш бувад, ҷонудилро фурӯғ, Нигар, то нагардӣ ба гирдидурӯй. Фирдавсӣ

    Муфассалтар »
  • Шиносоии умуми бо растанихои гулдор

    Узвҳои растанӣ Аз оғози баҳори некуфарҷом то охири тирамоҳ мо дар муҳити гирду атрофамон растаниҳои гулдорро мушоҳида мекунем. Бойчечак, гули наврузй, к,оку, сиёҳгӯш ҳамчун қосид ва навиди баҳорон хело барвақт гул мекунанд, Сипае, бунафшаи боғӣ, гули лола, савсан ба табиат ҳусну таровати фараҳбахш зам мекунанд. Бо таваҷҷӯҳи хоса ягон растании…

    Муфассалтар »
  • Ғаффор Мирзо

    Ғаффор Мирзо (1929-2006) «Ман аз падару модар хеле хурд сағир монда будам. Ҳокимияти Советӣ маро дар қатори ҳазорон ятимони дигар аз марг раҳонид ва бинобар ин нахустин ҳиссиёте, ки дар дили кудаконаи ман пайдо шуд, нашъунамо кард, ҳиссиёти беканори ташаккур ва миннатдорӣ ба наҷотбахши ман аст. Ин ҳиссиёт баъд аз…

    Муфассалтар »
  • Абдумалик Баҳори

    Абдумалик Баҳори (соли таваллуд 1927) «Ман баробари адабиёти бадеӣ аз хурдӣ мусиқиро дӯст медоштам, дутору гижжаку дойра менавохтам. Орзуям, композитор шудан буд. Бо ҳамин мақсад, баробари мактаби миёна дар омӯзишгоҳи мусиқӣ низ таҳсили илм мекардам, ҳатто узви оркестри симфонӣ будам. Вале соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду роҳи ҳаёти…

    Муфассалтар »
  • Гулназар Келди

    Гулназар Келди (соли таваллуд 1945) «Ҳар як асар барои офарандааш мисли фарзанди ҷиғарбанд азиз аст. Зеро он дар натиҷаи ранҷ кашиданҳо, бедорхобии шабҳо, кам кардани нури чашми бино эҷод мешавад». Ба ҳамин маънӣ Иқбол мегӯяд: Барги гул рангин зи мазмуни ман аст, Мисраи ман, қатраи хуни ман аст. Боз, иншои…

    Муфассалтар »
  • Мирсаид Миршакар (1912-1993)

    Мирсаид Миршакар (1912-1993) «Ман дар Боми Ҷаҳон ба дунё омадам. Боми Ҷаҳон! Ҳангоме ки мо ин суханро ба забон мегирем, кадом як Боми афсонавиро дар назар надорем. Оре, Боми Ҷаҳони ҳақиқӣ вуҷуд дорад, он на дар паси куҳи Қоф, балки дар Тоҷикистони соҳибистиқпол аст. Дар ҳудуди Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ…

    Муфассалтар »
  • Фотеҳ Ниёзӣ

    Адиби муборизу ватанпарвар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ҳам бо қалам ва ҳам бо тиру туфанг алайҳи душман — фашистони хунхор ба по хест, ҷангиду ҷангид. Ниҳоят дастболо шуд, шахди галабаро чашид. Бо ордену медалҳои ҷангӣ ба Тоҷикистони азиз, ҳамчун номаш, фотеҳ баргашт. Фотеҳ Ниёзӣ бо як ифтихору сарбаландӣ…

    Муфассалтар »
  • Халилуллоҳи Халили

    Халилуллоҳи Халили (1913 -1988) Халилуллоҳи Халилӣ яке аз шоирони тавонои асрии ХХ-и Афғонистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамзабони мост. Шоир соли 1913 дар шаҳри Кобул ба дунё омад. Фарҳангу адаб омухт ва дар ин ҷода марди фозил ғашт. Асарҳои таърихй, адабиётшиносии у дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоию фарҳангӣ арзиши бузург…

    Муфассалтар »
  • Эраҷ Мирзо

    ЭРАҶ МИРЗО (1874-1926) Эраҷ Мирзо адиби бузурги Эронзамин аст. Ӯ дар Табрез соли 1874 чашм ба дунё кушод. Бобоёни ӯ шоҳони қоҷорӣ буданд. Вале ҳаргиз аз гузаштагони худ намеболид ва зиндагии фақирона дошт. Эраҷ Мирзо чунон марди фурутан ва хоксоре буд, ки ҳатто шоир будани хешро инкор ҳам мекард. Адиб…

    Муфассалтар »
  • Мирзо Турсунзода (1911 — 1977)

    Мирзо Турсунзода (1911 — 1977) Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад, Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад. Мирзо Турсунзода яке аз бузургтарин адибони асри XX эътироф шуда, бо шоҳасарҳои ҷовидонааш дар байни халқҳои дунё шуҳрати хоса дорад. Ӯ соли 1911 дар деҳаи зебои Қаротоғи ноҳияи Шаҳринав чашм ба…

    Муфассалтар »
  • Қаҳрамони Халқи Тоҷик — Темурмалик

    ҚАЛЪАИ ОБӢ ВА КИШТИИ САРПУШИДА Шаҳри Хуҷанд монанди чандин шаҳрҳо ва районҳои дигари Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ҳуҷуми Чингиз ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Дар он ҷо аз тарафи султон Муҳаммад дастаи аскарони муҳофиз гузошта нашуда буд. Аҳолии он ҷо ҳам монанди аҳолии дигар ҷойҳои мамлакати султон ба дасти…

    Муфассалтар »
  • Абулфазли Майбадӣ

    Абулфазли Майбадӣ (Ваф. 1155) Абулфазл Рашидидцини Майбадӣ дар нимаи дувуми асри XI таваллуд ёфтааст. «Ӯ аз хурдӣ ба хондан шавқу завқ дошт ва пайваста ба омӯхтани илмҳои маъмули замонааш саъю талош мекард. Махсусан, илмҳои калом, ҳадис, фиқҳро дар назди донишмандони соҳибном ба хубӣ аз худ намуд. Пасон ба Бағдод рафта,…

    Муфассалтар »
  • Бадриддин Ҳилоли (1470-1529)

    Бадриддин Ҳилоли (1470-1529) Моро ба ҷафо кушта пушаймон шуда бошӣ? Хуни дили мо рехта ҳайрон шуда бошӣ? Ҳилолй Шаб торику зулмотӣ буд. Барои мардуми Ҳирот ин шаб, яъне шаби ҷумъаи соли 1529 як умр шаби бехосият хоҳад монд. Дору гир, доду фарёд, гиряю лобаи кӯдакону занон хомушии шабро халалдор мекард.…

    Муфассалтар »
  • Камолиддин Бинои (1453-1512)

    Камолиддин Бинои (1453-1512) «Мавлоно Биноӣ аз табақаи миёна аст. Ҷои таваллудаш шаҳри Ҳирот мебошад. Қобилияти ӯ багоят зиёд аст. Аввал ба таҳсил маилгул шуд. Дар ин соҳа рушди тамом ҳосил намуд, ба хат ишқ пайдо намуд, ба андак фурсат хеле хушхат гардид. Ба мусиқӣ майл намуд, зуд омӯхт ва оид…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ дар бораи маҷоз, ташбеҳ ва тавсиф

    Барои он, ки асари бадеиро аниқтар дарк кунед, аз нозукиҳои он огоҳ бошед, бояд моҳияти санъатҳои маҷоз, ташбеҳ ва тавсифро донед, аз худ намоед. Маҷоз. Равшан аст, ки аксарияти калимаю ибораҳо ба ғайри маънои аслӣ боз маънои маҷозӣ низ доранд. Яъне духӯра ҳастанд. Аз ин хотир дар грамматикаи забони тоҷикӣ…

    Муфассалтар »
  • Саъдии Шерози (1184-1292)

    Саъдии Шерози (1184-1292) Асарҳои Саъдӣ хазинаи суханҳои пурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист. С.Айнӣ Муслиҳидцин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар Шероз ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод хондааст. Саъдӣ саёҳатро дӯст медошт. Ӯ дар бисёр шаҳрҳои Ирону Арабистон буда, ҳангоми сафар бо одамон ошно шуда,…

    Муфассалтар »
  • Аттори Нишопурӣ (1119-1221)

    Аттори Нишопурӣ (1119-1221) Абуҳомид Фаридуддин Аттор соли 1119 дар шаҳри бостонии Нишопур дида ба ҷаҳон бикшуд. Ӯ бештарин илмҳои замонашро омӯхт, шуҳрату мақоми хосса пайдо кард ва яке- аз пешвоёни тариқати тасаввуф гардид. Аттор умри зиёд дид ва соли 1221 аз дасти Чингизиён ба қатл расид. Перомуни қатли Шайх Аттор…

    Муфассалтар »
  • Аҳмади Ҷомӣ (1049-1141)

    Аҳмади Ҷомӣ (1049-1141) Аҳмад ибни Абулҳасан соли 1049 дар Ҷом ба дунё омадааст. Ба ҳамин хотир ӯ бо номи Аҳмади Ҷомӣ машҳур аст. Дар Афғонистон бо номи ин деҳ вилояти Ҷом низ мавҷуд аст. Аз он ҷо шахсиятҳои маъруфи фарҳангию адабӣ мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон сар боло…

    Муфассалтар »
  • Саъдуддини Варовини

    Саъдуддини Варовини Саъдуддин нависандаи хушзавқ ва донишманди тавоное будааст. дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи аввали асри XII зиндагӣ кардааст. Нависанда илмҳои маъмули замонаро аз худ намудааст. Махсусан, аз таърих ва фарҳанги гузапггагони хеш огоҳии комил доштааст. Саъдуддин аз хурдсолӣ ҳикоёту масалҳои халқӣ, нақлу ривоят, зарбулмасалу мақоли мардумиро аз…

    Муфассалтар »
  • Ҳикояи пиразани мазлум ва Анушервони Одил

    Ҳикояи пиразани мазлум ва Анушервони Одил Чунин гуянд, ки чун Қубод фармон ёфт, Нӯшервони Одил, ки писари ӯ буд, ба ҷои ӯ бинишаст, ҳаждаҳсола буд ва кори подшоҳӣ ҳамеронд. У марде буд зиштиҳоро ба зишт доштӣ ва некиҳо ба некӣ. Ва ҳамеша гуфтӣ: «Падарам заифроест ва салим ва зуд фирефта…

    Муфассалтар »
  • Низомулмулк

    Низомулмулк (1017-1092) Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсй, ки бо номи Низомулмулк машҳур аст, соли 1017 дар деҳаи Радакони вилояти Тӯс ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоияшро дар Тӯс гузаронида хату савод пайдо мекунад ва дар ҳамон ҷо дар назди донишмандони бузург илмҳои гуногуни замонаашро ба хубӣ аз худ менамояд.…

    Муфассалтар »
  • Пандхои судманд аз асарҳои насри

    Айби мардум бипуш! Ва дин ба дунё мафурӯш! Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузурғон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бо…

    Муфассалтар »
  • Зафарномаи Абуали ибни Сино

    Дар рузгори Анӯшервони Одил1 ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои он аср ҳама парҳезгор будаанд. Як рӯз Анушервон Бузургмеҳрро талаб кард ва гуфт: — Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафз андак, маонӣ бисёр ҷамъ созй, чунон, ки дар дунё ва уқбо судманд бошад. Бузургмеҳр як сол муҳлат хост…

    Муфассалтар »