Хикояхои точики

Ҳикояи пиразани мазлум ва Анушервони Одил

Ҳикояи пиразани мазлум
ва Анушервони Одил

Чунин гуянд, ки чун Қубод фармон ёфт, Нӯшервони Одил, ки писари ӯ буд, ба ҷои ӯ бинишаст, ҳаждаҳсола буд ва кори подшоҳӣ ҳамеронд. У марде буд зиштиҳоро ба зишт доштӣ ва некиҳо ба некӣ. Ва ҳамеша гуфтӣ: «Падарам заифроест ва салим ва зуд фирефта шавад ва вилоят вайрон мешавад ва хазина тиҳӣ ва мол аз миён мебаранд ва зиштномиву мазолим дар гардани ӯ ҳамемонад. Ва фалон волӣ ва омил, ки эшон фалон вилоятро аз ӯ хост, ба ноҳақ ҳалок карданд ва раоё дарвеш монд. Бад-он бадраи динор, ки оварданд ва симдӯстӣ, ки буд, фирефта шуд ва аз эшон хушнуд шуд ва ин моя тамиз накарда ва аз эшон напурсид, ки ту амир ва волии он вилоятй. Ман туро бад-он вилоят чандон ҳаволат кардаам, ки мавоҷиби ту ва хайли ту бошад. Донам, ки аз эшон ситудаӣ ва пеши ман овардаӣ ва аз мероси падар барнадоштай. Ҳама он аст, ки аз раоё ба ноҳақ бистудаӣ. Ва омилро ҳамчунин гуфтй, ки моли вилоят чандин аст, баъзе ба барот харҷ кардӣ ва баъзе ба хазина супурдй. Ин зиёдатиҳо, ки бо ту мебинам, аз куҷо овардй? Ҳама он аст, ки ба ноҳақ бистудӣ ва ба урф он баҷо наёвардй, то дигар ростӣ пеша кардандӣ.

Чун се чаҳор сол бар он бигзашт, гумоштагон ҳамчунон дароздастӣ мекарданд. Чун ҳозир шуданд, Нӯшервон бар тахт нишаст, Худойро сипос кард, пас гуфт:

— Бидонед, ки маро ин подшоҳӣ Худои азза ва ҷалла дод ва дигар аз мероси падар ёфтаам ва се дигар адувон бар ман хурӯҷ карданд, бо эшон масоф кардам ва дигар бор мулкро ба шамшер гирифтам. Чун Худойтаоло ҷаҳон ба ман дод, ман ба шумо арзонӣ доштам ва ҳар касро вилоят додам ва ҳар киро дар ин давлат ҳаққе бар ман буд, бенасиб нагузоштам, вайро ва

бузургоне, ки бузургӣ ва вилоят аз падарам ёфтаанд, эшонро ҳам бад-он маҳал мартабат бидоштаам ва манзалату нонпораи эшон кам накардаам. Ман ҳурмати шумо нигоҳ дорам ва шумо сухани ман нашнавед ва аз Худойтаоло натарсед ва аз халқ шарм надоред ва ман аз Яздон метарсам. Набояд, ки бедоду шумии шумо дар рузгори ман расад. Бояд, ки пас аз ин бо халқи Худоӣ некӯӣ кунед ва раият сабукбор доред ва заифонро маёзоред ва мар уламоро ҳурмат доред ва аз бадон бипарҳезед.

Худойро бар хештан гувоҳ гирифтам, ки агар касе хилофи ин тариқа варзад, набахшам.

Ҳама гуфтанд:

  • Чунин фармон дорем.

Чун рӯзе чанд баромад, ҳама бар сари кор шуданд ва ҳамон бедодӣ ва дароздастӣ пеш гирифтанд ва Нӯшервонро ба чашми кудакӣ нигоҳ карданд. Ва ҳар кас пиндошт, ки Нушервонро ӯ бар тахти подшоҳӣ нишондааст, агар хоҳад уро подшоҳ дорад ва агар нахоҳад, надорад. Ва Нӯшервон тан ҳамезад ва бо эшон ба мадоро рӯзгор ҳамегузаронид, то дар ин ҳадис панҷ сол баромад.

Магар сипаҳсолоре аз ӯ тавонгартар ва бонеъматтар набуд ва Нӯшервон ӯро волии Озарбойҷон карда буд ва дар ҳама мамлакат ҳеҷ амир аз ӯ бузургтар бо хайлу таҷаммул набуд. Ӯро магар орзу чунон афтод, ки дар он шаҳр, ки нишастӣ ӯро боғе ва нишастангоҳе бошад.

Дар он шаҳр пиразане буд, он мивдор заминпорае буд вайро, ки дахли ӯ ҳар сол чандон будй, ки хироҷи волӣ бидодӣ ва барзгар насиби хеш бардопггй. Ва он қадар насиби пиразан расидй, ки соле то соли дигар ҳар рӯз чаҳортоӣ нон будй, яктоӣ ба нонхуриш бидодӣ ва яктоӣ ба чарог ва як нон ба чошт хӯрдӣ ва як нон ба шаб хӯрдӣ. Ва ҷома ба тараҳҳум мардумон ба вай додандӣ ва ҳаргиз аз хона бадар наёмадӣ ва дар машаққат рӯз мегузаронидӣ. Магар ин сипаҳсолорро он пораи замин дархурд буд, ки дар ҷумлаи боғу сароӣ гирад. Кас бад-он пиразан фиристод, ки ин пораи замин бифурӯш, ки маро дархурд аст.

Гуфт:

  • Нафурушам, ки маро дар ҳама ҷаҳон ин қадар замин аст, ки қути ман аз он ҷост, кас қути худ нафурӯшад.

Гуфт:

  • Ман ивази он замин бидиҳам, ки ҳам чандон дахлаш бувад.

Пиразан гуфт:

  • Замини ман ҳалол аст, аз падару модар мерос ёфтаам ва ҳамсоягон мувофиқанд ва маро озарм9 доранд. Ва он замин, ки ту маро диҳӣ чандон хосият дар вай набошад. Агар даст аз ин боздорӣ, туро беҳтар.

Сипахсолор сухани пиразан нашунид ва ба зулм замин аз ӯ бигирифт ва девор гирди ӯ даркашид. Пиразан дармонд. Кораш ба зарурат расид. Бад-он розӣ шуд, ки баҳои замин ё иваз бидиҳад, худро пеши ӯ афканд, ки ё баҳо бидеҳ ё иваз. Пиразан ноумед аз пеши ӯ берун омад ва низ уро дар саҳро нагузоштанд. То ду сол баромад. Пиразан оҷиз шуд ва тамаи инсоф аз вай бибурид ва бо худ гуфт:

  • Оҳани сард мекӯбам. Эзид забардасти ҳар дастеро даст офаридааст. Охир ин бо ҳама бузургӣ чокари Нӯшервон аст. Тадбири ман он аст, ки худро пеши Нӯшервон афканам ва аз ҳоли худ ӯро маълум гардонам.

Пас бархост ва ба ранҷу душворӣ аз Озарбойҷон ба Мадоин шуд. Чун даргоҳи Нушервон бидид, гуфт:

  • Маро нагузоранд, ки дар ин даргоҳ шавам, он ки волии ӯ дар Озарбойҷон аст ва чокари ӯст маро дар сарояш нагузоштй, каӣ ба ин боргоҳ гузоранд, ки худованди ҷаҳон аст. Тадбири ман он аст, ки дар саҳрое ӯро бинам ва қиссаи худ бар вай арз кунам.

Қазоро он сипаҳсолор, ки замини ӯ ситуда буд, ба даргоҳ омада буд. Нушервон азми шикор кард. Пиразан хабар ёфт, ки Нушервон ба фалон шикоргоҳ меравад. Бархост тарсон-тарсон ба сахтиву ранҷи тамом бад-он шикоргоҳ шуд ва дар паси хошоке бинишаст ва он шаб он ҷо бихуфт.

Рузи дигар Нӯшервон даррасид ва бузургон бипароканданд ва ба шикор машғул шуданд. Нӯшервон бо силохдоре бимонд. Пиразан чун маликро танҳо бидид аз паси хошок бархосту гуфт:

  • Эӣ малик, доди ин заифа бидеҳ!

Нӯшервон сӯи ӯ асп ронд ва қиссаи ӯ бихонд, Об дар дидаи Нӯшервон бигардид ва гуфт:

  • Дил машғул мадор, ки та акнун кор туро афтода буд, акнун маро афтод, муроди ту ҳосил кунам ва ё туро ба шаҳри ту фиристам. Он гоҳ фаррошро гуфт:
  • Инро бар шутур нишон ва ба деҳ бубар ва ба меҳтардеҳ супор, то чун аз шикоргоҳ бозоям, уро ба шаҳр бар ва дар хонаи худ нигоҳ дор. Ҳар рӯз ду ман нон ва як ман гушт ва ҳар моҳ панҷ динори зар аз хазина бад-ӯ мерасон, то он рӯз, ки ӯро аз ту талаб дорем.

Фаррош ҳамчунон кард. Чун Нушервон аз шикор бозгардид, дар андеша буд, ки чӣ чора кунад, то ҳақиқати ин ҳол маълум шавад, чунон ки бузургон надонанд. Пас нимрузӣ, ки ҳама халқ хуфта буданд ва дари сароӣ холӣ буд, ходимро гуфт:

  • Бирав фалон ғуломро овоз кун.

Чун ғулом биёмад, гуфт:

  • Донӣ, ки эӣ ғулом, маро ғуломони шоиста бисёранд. Аз ҳама туро баргузидам ва эътимод бар ту кардам. Бояд, ки нафақот аз хазина биситонӣ ва ба Озарбойҷон шавй, ба фалон шаҳр ва фалон маҳаллат ва бист рӯз он ҷо мақом кунӣ ва бад-он мардум чунон намой, ки ман ба талаби ғуломи гурехта омадаам ва пас бо ҳаргуна мардум нишасту хест кунӣ ва бо эшон биёмезӣ. Ва дар миёни сухан, дар ҳоли мастию ҳушёрӣ аз эшон суол кунӣ, ки дар ин мамлакат зане фалон буд, фалон ном, куҷо шуд, ки аз ӯ нишон намедиҳанд. Ва бишнав, ки чӣ мегуянд ва ёд гиру хабар боз ор ва туро бад-ин кор мефиристам. Валекин туро дар боргоҳ пеши бузургон бихонам ва бо овози баланд бигуям, чунон, ки ҳама бишнаванд:
  • Бирав, аз хазина нафақот биситон ва аз он ҷо ба Озарбойҷон шав ва ба ҳар шаҳру ноҳияте расй, бубин ва бипурс, ки ҳоли ғаллаҳо ва меваҳои эшон имсол чӣ гуна аст? Чӣ офати осмонӣ расидааст ё на, ва ҳамчунин аҳвол бубин ва бипурс. Чунон, ки ёбӣ, ба зудӣ бозгард ва маро хабар кун, то ҳеҷ кас надонад, ки ман ба чӣ кор мефиристам.

Ғулом гуфт:

  • Фармонбардорам.

Дигар рӯз азми роҳ кард ва ба он шаҳр шуд ва бист рӯз он ҷо мақом кард ва бо ҳар кӣ нишастй, аз ҳоли пиразан пурсидй. Ҳама гуфтанд, ки ин пиразани мастураро шавҳару фарзандон ба раҳмати Худоӣ шуданд ва ӯро порае замин маврӯс буд ва онро ба барзгар дода буд. Волиро мурод он буд, ки боғ ва сарое созад ва он заминро ба зӯр бигирифт ва дар ҷумлаи боғ даровард, на баҳо дод ва на иваз. Ва соле он пиразан ба дари сарои ӯ омад, гуш бад-ӯ накард ва акнун мудцатест, ки кас ӯро надидааст.

Ғулом ҳолҳоро маълум кард ва ба даргоҳи Нӯшервон омад ва аҳвол бозгуфт. Нӯшервонро таҳқиқ шуд, ки пиразан рост гуфтааст. Рӯзи дигар бор дод ва чун бузургон ҳозир шуданд, замоне буд Нушервон рӯӣ бад-он бузургон карду гуфт:

  • Волии Озарбойҷонро чӣ миқдор дастгоҳ бошад?

Гуфтанд:

  • Ду бор ҳазор-ҳазор динор, ки ӯро бад-он ҳоҷат нест.

Гуфт:

  • Аз матоъ ва таҷаммул?

Гуфтанд:

  • Сесад ҳазор-ҳазор заррина ва симина.

Гуфт:

  • Аз ҷавоҳир?

Гуфтанд:

  • Понсад ҳазор-ҳазор динор.

Гуфт:

  • Мулк?

Гуфтанд:

  • Дар Хуросону Ироқ ва Озарбойҷон дар ҳеҷ ноҳияту шаҳре нест, ки уро он ҷо даҳ пора ва ҳафт пора мулку деҳ ва осиёю корвонсаро ва гармобаю мустағал нест.

Гуфт:

  • Чаҳорпой?

Гуфтанд:

  • Сӣ ҳазор.

Гуфт:

  • Бандаи дирамхарида?

Гуфтанд:

Ҳазору ҳафтсад ғуломи румӣ ва ҳабашии дирамхарида дорад.

Гуфт:

  • Акнун касе, ки чандин неъмат дорад ва ҳар рӯз аз бист гуна таом ва барраву ҳалво ширин хӯрад ва заифи диғар, ки аз парастори Худойтаоло буда бошад, яке бомдод хӯрад ва яке шабонгоҳ, ин кас ба ноҳақ ду нони хушк аз ӯ биситонад ва ӯро маҳрум гардонад бар ӯ чӣ воҷиб ояд?

Ҳама гуфтанд:

  • Ин касро муставҷиби ҳама уқубат бувад ва ҳар баде, ки бо вай кунанд, сазовор аст.

Нӯшервон гуфт:

  • Пас ҳам акнун бихоҳам, ки пӯсти ӯ бикананд ва гӯшти ӯ ба сагон диҳанд ва пӯстро пури коҳ кунанд ва бар дари саро биёвезанд ва ҳафт рӯз мунодӣ кунанд, ки ҳар кӣ баъд аз ин ситам кунад ва турбаи коҳ, ё мурғе, ё дастаи тарра аз касе ба зулм биситонад, бо ӯ ҳамин кунанд, ки бо ин карданд. Пас он фаррошро гуфт: — Пиразанро биёвар. Ва бузургонро гуфт: — Ин ситамрасқда аст ва он ситамгар, ки ин ҷазо ёфт, — ва он ғуломро гуфт, ки туро ба чӣ кор ба Озарбойҷон фиристода будам?

Гуфт:

  • Бад-он то аз ҳоли пиразан, ки зулм бар ӯ рафта ба ҳақиқат маликро хабар кунам.

Пас бузургонро гуфт:

-То бидонед, ки ман ин сиёсатро бар газоф накардаам. Баъд аз ин бо ситамгарон ҷуз ба шамшер сухан нахоҳам гуфт ва мешу барра аз гург ниҳон хоҳам дошт ва дастҳои дароз кӯтоҳ хоҳам кард ва муфсидонро аз рӯи замин пок хоҳам кард. Ва ҷаҳонро бо адлу дод ободон хоҳам дошт, ки Худойтаоло маро аз баҳри ин кор фиристодааст. Агар шоистӣ, ки мардумон ҳар чӣ хостандй, кардандй, эзидтаоло подшоҳонро падидор накардӣ ва бар сари эшон барнагумоштй. Шумо акнун ҷаҳд кунед, то коре накунед, ки ба шумо ҳамин равад, ки бо ин золим рафт.

Ҳар кӣ дар он маҷлис буд аз ҳайбату сиёсати Нӯшервон заҳрашон об шуд. Он пиразанро гуфт:

  • Он ки бар ту ситам кард, ҷавобаш додам, он сарову боғро, ки замини ту дар он аст, ба ту бахшидам ва сутуру нафақа фармудам, ки то ту ба саломат ба шаҳри хеш бозрасӣ ва маро ба дуо ёд орӣ.

Пас гуфт:

  • Чаро бояд, ки дари сарои мо бар ситамгарон кушода ва бар ситамрасидагон баста, ки раоё ва лашкариён ҳар ду зердастон ва коркунон моанд: раоё агар ба даргоҳ ояд, нагузоранд, ки ӯ пепш ман ояд ва ҳоли хеш бозгӯяд. Агар ин пиразан роҳ биёфтй, ӯро ба шикоргоҳ рафтан ҳоҷат набудй.

Пас фармуд, то силсилае созанд ва ҷарасҳо биёвезанд,чунон ки дасти ҳафтсола буд, ӯ бирасад, то ҳар мутазалдиме, ки ба даргоҳ ояд, ӯро ба ҳоҷиб ҳоҷат набошад. Силсила биҷунбонад, ҷарасҳо ба бонг оянд, Нӯшервон бишнавад ва доди ӯ бидиҳад. Ҳамчунин карданд. Бузургони сарони сипоҳ бозгаштанд ва ба хонаи хеш бозомаданд. Дарҳол вакилону уммол зердастон ва хайли7 хешро бихонданду гуфтанд:

  • Бигӯед, дар ин даҳ сол чизе ба новоҷиб аз кӣ ситудаед?! Агар ба ноҳақ касеро биёзурдаед, бояд ки мову шумо бари он шавем, то эшонро хушнуд кунем, пеш аз он ки касе ба даргоҳ равад ва аз мо шикоят кунад.

Ҳамгинон биистонданд ва хасмонро хушнудӣ ҷустанд, баъзе ба узр, баъзе ба мол ва бо ин ҳама хат ба иқрор меистоданд, ки фалон аз фалон хушнуд аст ва ҳеҷ даъво надорад. Бад — ин ки сиёсати бавоҷиб, ки Нӯшервон бикард, мамлакати ӯ рост биистод ва ҳама дастҳои дароз кӯтоҳ шуд ва халқи олам баросуданд, чунон ки ҳафт сол бигузашт, ки ҳеҷ кас ба даргоҳи ӯ аз мутазаллим наёмад.

Хари ҷабрдида

Чунин овардаанд, ки баъд аз ҳафт сол нимрӯзй, ки дари сароӣ холӣ буд ва мардумон ҳама рафта буданд ва навбатчиён хуфта, яке аз ҷаррасҳо бонг баромад.

Нӯшервон бишунид, дарвақт ду ходимро бифиристод, ки бингаред, ки кист, ки ба тазаллум омадааст. Чун ходимон ба дари сароӣ омаданд, хареро диданд, пир ва лоғар, ки аз дари сароӣ даромада буд ва пушт дар он силсилаҳо мемолид ва аз ҷунбиши занҷир аз ҷарасҳо бонг меомад. Ҳар ду ходим рафтанду гуфтанд:

  • Ҳеҷ кас ба тазаллум наёмадааст, магар хари лоғар, ки андаромадааст. Чун осеби занҷир ба пушти ӯ расида ва ӯро хуш омадааст ва ба сабаби хориш хештанро ба занҷир ҳамемолад.

Нӯшервон гуфт:

  • Эӣ нодонон, ки шумоед, на чунин аст, ки пиндоред. Чун нек бингаред, он хар ҳам ба дод хостан омадааст. Ин харро дар миёни бозор баред ва аз ҳар кас аҳволи ин хар бипурсед ва ба ростӣ маълуми раъи ман кунед.

Ходимон аз пеши малик берун омаданд ва он харро дар миёни бозор бурданд ва аз мардумон пурсидан гирифтанд, ки касе ҳаст харро бишносад?

Гуфтанд:

  • Шиносем.

Ходим гуфт:

  • Чун шиносед?

Г уфтанд:

  • Ин хар аз фалон козур аст ва қариб бист сол аст, ки то пеши ӯ мебинем. Ҳар рӯз ҷомаҳои мардумон бар пушти ӯ ниҳода ба козургоҳ мебурд ва шабонгоҳ меовард. То ҷавон буд, кораш метавонист кардан, алафаш медод. Акнун, ки пир шуд ва аз кор фурӯ монд, озодаш кард ва акнун муддати як солу ним аст, то аз хона берун кардааст ва рӯз дар маҳаллатҳо ва кӯю бозор мегардад. Ва ҳар кас барои Худо порае алаф ва об медиҳанд. Мага,р ду шабонарӯз аст, ки обу гиёҳ наёфта ва ҳарза мегардад.

Ва чун ходимон аз ҳар кӣ шуниданд, ҳамин шуниданд, сабукбор гаштанд ва маълуми раъи малик карданд. Нушервон гуфт:

  • На, шуморо гуфтам, ки ин хар ба дод хостан омадааст? Ин харро имшаб некӯ доред. Фардо он мардро бо чаҳор катхудо аз маҳаллаи ӯ бо ин хар ба даргоҳ оред, пеши ман, то он чӣ воҷиб ояд, бифармоям.

Дигар рӯз ходимон чунин карданд. Харро ва козурро бо чаҳор кадхудо ба вақги бор додан ба даргоҳ бурданд.

Нӯшервон козурро гуфт:

  • Ин хар то ҷавон буд, кор метавонист кард, алафаш медодй. Акнун, ки пир гашт, аз кор фурӯ монд, аз баҳри он, ки алафаш бояд додан лозим, номи «озоДӣ» бар вай ниҳодӣ ва аз дараш берун кардӣ. Пас ҳаққи хидмати бистсола куҷо шуд?

Бифармуд, то чиҳил даррааш бизаданд ва гуфт:

  • То ин хар зиндааст, хоҳам, ки ҳар шабонарузӣ чандон, ки коҳу ҷав тавонад хӯрдан, ба қалами ин чаҳор мард медиҳи ва агар тақсир кунй, маълуми ман гардад, туро куштан фармоям.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *