Афсонахои точики

Афсонаи РӮБОҲ ВА ПАЛАНГ

Буд набуд, як Рӯбоҳ буд. Вай як рӯз дар ҷустуҷӯи хӯрок ба беша баромада рафт, рафта истода буд, ки аз пешаш Паланг баромад. Рӯбоҳи бечора қариб буд, ки аз тарс дилкаф шавад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду гиря сар кард.

Паланг ҳайрон шуда пурсид:

  • Эй Рӯбоҳ, барои чӣ гиря мекунӣ?
  • Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омад. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қадар далеру чобуқу чолок буданд, ки аз ҷариҳоро чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳҳои баланд мепариданд, аз дарёҳои чуқур мегузаштанд. Сад афсӯс, ки солҳои охир тамошои корнамоиҳои ин хел баҳодурон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман барои ана ҳамин аст.

Паланг ин гапро шунида, бо ғурур сар бардошту дар пеши Рӯбоҳ ҳеҷ аз падар камӣ надоштани худро намоиш доданӣ шуда, ақиб рафта, тозон пеш омаду ҷаҳид. Ҷаҳиду рафта ба қаъри ҷарӣ зад.

Рӯбоҳ ба таги ҷарӣ нигоҳ карда, писханд зада гуфт:

Бале, ман медонистам, ки байни Шумо ва падаратон фарқи калон аст. Ҳар фарзанд мисли падар намешавад!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

2 Шарҳҳо

  1. Ин афсона зур аст / best

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *