Афсонахои точики

Афсонаи Рубоҳ

Будаст набудааст, як Рӯбоҳ будааст. Вай доим мурғҳои деҳаро дуздида мебурдаасту хӯрда мегаштааст. Рафта-рафта Рӯбоҳ пир шудааст, дигар дуздӣ кардан наметавонистаасту фиребу ҳиларо пеша гирифтааст. Як рӯз саҳарии барвакт хеста, ба даст асо гирифта, ба деҳа омадааст. Омада дидааст, ки як Хурӯс дар сари девор «қу-у-қу-ку-ку-у-у!»-кунон одамонро бедор мекунад.

Хурӯс Рӯбоҳро дида гуфтааст:

  • Қуд-кқуд-куд. Эй Рӯбоҳи маккор, асо ба даст гирифта, худро ба пирӣ задаӣ, мехоҳӣ ҷондоракеро дошта хӯрӣ?
  • Эй Хурӯс ин тавр нагӯй, — гуфтааст Рӯбоҳ, — ман дар ҳақиқат пир шудаам, тавба кардаам, дигар ягон ҷондорро озор намедиҳам. Боғе дорам, мисли бӯстон, токзору мевазор, арзану гандум пухта рехта хоб рафтааст, боз ба ман чӣ даркор?!
  • Рӯбоҳ, ҳамин гапат рост? — пурсидааст Хурӯс.
  • Албатта рост, — ҷавоб додааст Рӯбоҳ, — наход, ки ман дар ин пирӣ, ки як поям ба лаби гӯр расидааст, гапи дурӯг гӯям! Хурӯс ба гапи Рӯбоҳ бовар карда гуфтааст:
  • Ҳой, Рӯбоҳ, маро ба боғат намебарӣ, ки каме тамошо кунаму гандум хӯраму шикамамро нағзакак сер кунам?
  • Барои чӣ намебарам, мебарам! — гуфтааст Рӯбоҳ. Хурӯс аз сари девор фаромада ҳамроҳи Рӯбоҳ рафтааст. Рафта истода будаанд, ки як Мурғ аз пеш баромадаасту «қуд-қуд-куд!» — гӯён, парида, ба шохи дарахт нишаста, «Эй Рӯбоҳи шайтоне! — гуфтааст. — Хурӯсро фиреб карда, хӯрданӣ бурда истодаӣ?!». Рӯбоҳ дам назадаасту Хурўс гуфтааст:

-Эй Мург, ин тавр нагӯ, Рӯбоҳ пир шудааст, тавба кардааст, дигар ягон ҷондорро озор намедиҳад. Вай боғе дорад мисли бӯстон, токзору мевазор, арзану гандум пухта, рехта хоб кардааст, мо ба боғи вай меравем.

  • Рӯбоҳ ҳамин гап рост аст? — пурсидааст Мурғ.
  • Албатта, рост — ҷавоб додааст Рӯбоҳ. — Наход, ки ту ба гапи хешат бовар накунӣ?

Мурғ фикр кардаасту гуфтааст:

  • Маро ҳамроҳ намебаред?
  • Чаро намебарем, мебарем, — гуфтаанд Рӯбоҳу Хурӯс. Ҳар се рафта истода будаанд, ки як Бедона фиррӣ карда, аз пешашон паридааст. Паридаасту ба сари як теппача нишаста гуфтааст:

-Э-э-э Рӯбоҳи шайтоне, Хурӯсу Мургро фиреб карда, хӯрданӣ бурда истодааст. Хурӯсу Рӯбоҳ чизе нагуфтаанду Мурғ гуфтааст:

-Эй Бедона, ин тавр нагӯй, Рӯбоҳ пир шудааст, тавба кардааст, ки дигар ягон ҷондорро азобу озор намедиҳад. Вай боғе дорад мисли бӯстон, токзору мевазор, арзану гандум пухта, рехта хобидааст. Мо ҳоло ба боғи вай меравем.

-Эй Рӯбоҳ, ҳамин гап рост аст? — пурсидааст Бедона.

  • Албатта, рост, — гуфтааст Рӯбоҳ, — наход, ки ту ба гапи ошноҳоят бовар накунӣ?”!

Бедона фикр кардаасту гуфтааст:

  • Маро ҳамроҳ намебаред? Ман ҳам тамошо кунаму як боракак серӣ арзан хӯрам.
  • Магар намебарем, биё ҳамроҳи мо! — гуфтаанд Рӯбоҳу Хурӯсу Мург.
    Чорта шуда рафтан гирифтанд, хеле роҳ рафтанд, баъд Рӯбоҳ гуфтааст:
  • Мани пир монда шудам, як вақтҳо дар ҳамин наздикӣ як хонача доштам,
    равем камтар дам гирем. Хурӯсу Мурғу Бедона розӣ шуда, аз пушти Рӯбоҳ рафтанд.

Рӯбоҳ онҳоро ба лаби гор оварда гуфтааст:

  • Канӣ марҳамат. Дароетон меҳмонони азиз.
  • Аввал шумо дароед, шумо аз мо калонтаред, — гуфтааст хурӯс.
  • Не-не! — гуфтааст Рӯбоҳ. — Ин хонаи ман, шумоён меҳмонед, аввал шумо дароетон. Хурӯсу Мургу Бедона ба гор даромаданд, Рӯбоҳ дар даҳани гор нишастаасту ба Хурӯс гуфтааст:

Канӣ Хурӯс ягон ҳикоя гӯй, гӯш кунем.

  • Ман ҳикояро намедонам, шумо гӯед, ки солхӯрдаю дунёдида ҳастеду бисёр чиз медонед, — гуфтааст Хурӯс,
  • Ҳикояро, ки надонӣ, — гуфтааст Рӯбоҳ, — барои чӣ хар саҳар «ку-ку» гӯён одамонро бедор мекунӣ”! Барои ин кори носавобат, ту медонӣ чӣ ҷазо мебини!

Ҷазо? — пурсидааст Хурӯс тарсидаю ларзида.

  • Ҷазои ту мурдан! — гуфтааст рӯбоҳ, Сонӣ Рӯбоҳ ба Мурғ рӯ оварда гуфтааст:
  • Эй мург, ягон ҳикоя гӯй, гӯш кунем.
  • Ман ҳикояро аз куҷо медонам? — тарсону ларзон гуфтааст Мурғ, — шумо гӯед, ки зираку донишманд ҳастед.
  • Ҳикояро, ки надонӣ, — гуфтааст Рӯбоҳ, — барои чӣ ҳар вақт, ки тухм мезоӣ, тамоми овозатро сар дода «куд-қуд-қуд»-кунон гӯши одамонро кар мекунӣ?!

-. Ҷазои ман ҳам мурдан будааст- аз ҷонаш умедашро канда, гуфтааст Мурғ.

  • Ҳа, мурдан, — ҷавоб додааст Рӯбоҳ. Баъд Рӯбоҳ ба тарафи Бедона рӯй
    оварда гуфтааст:
  • Туҳам айбдор ҳастӣ Бедона!
  • Не! — гуфтааст Бедона, — ман як ҷуфт шоҳид дорам, онҳо тасдиқ мекунанд, ки ман бегуноҳ ҳастам.

Рӯбоҳ фикр кардааст, ки ин раваду боз як ҷуфт Бедона гирифта орад, сайдаш панҷто мешавад, ду-се рӯз кайф карда хӯрда мегардад. Ҳамин хел фикр кардаасту:

  • Рав, як ҷуфт гувоҳатро биёр! — гуфта Бедонаро сар додааст.

Бедона фиррӣ карда, аз ғор парида рафтаасту дар беша мардеро дидааст, ки Саги тозӣ пеш-пеш шикор карда гаштааст. Бедона пеши тозӣ рафта нишастааст. Тозӣ ӯро мегирам гуфтааст, ки парида он тарафтар нишастааст.
«Тозӣ тохта омада боз мегирам гуфтааст, ки парида боз он тарафтар нишастааст. Ҳамин хел карда, Бедона Сагро ба лаби ғор овардааст. Тозӣ бӯй гирифта фаҳмидааст, ки дар гор ҷондоре ҳаст. Вай ба гор зада даромадааст ва Рӯбоҳро дошта, баровардааст.

  • Ана ҷуфти гувоҳам ҳаминҳо! — гуфтааст Бедона шодикунон.
  • Ташаккур, Бедонаҷон, ҷони моро аз ин маккор халос кардӣ, — гуфта Хурӯсу Мург баромада ба деҳа рафтанд.

Тозӣ бошад, Рӯбоҳро ин тараф кашола кардааст, он тараф кашола кардааст. Ҳамин хел вай кашола карда — кашола карда, Рӯбоҳро ба ҷазо расонидааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *