Афсонахои точики

Афсонаи МУЗАФФАР

МУЗАФФАР

Дар замони қадим як подшоҳ зиндагӣ мекард. Вай фарзанд
надошт. Як вақт занаш писар зоиду вале ба зудӣ худаш вафот
кард. Подшоҳ бафироқизанаш бисёргам хӯрда, рӯи писарашро,
«ба марги занам сабаб шуд» гуфта, дидан намехост.

Вай бачаро ба тарбияи доя дода, фармуд, ки ӯро дар

таҳхона нигоҳ дошта ба ҳеҷ кас нишон надихад, ҳатто ба берун
хам набарорад

Бачаро Музаффар ном карданд. Музаффар солҳо дар
таҳхона нури офтобро намедид. Ӯро аз панҷсолагиаш ба
хононлан сар карданд. Вай ба хондан истеъдоди калон нишон
дода, лар понздаҳсолагиаш ҳамаи илмҳои муаллимаш ёд
додагиро нағз аз худ кард.

Муаллим ба подшоҳ мунтазам дар бораи ақли расо ва
зеҳни тези Музаффар хабар дода меистод, вале подшоҳ ӯро
дидан намехосту ба муаллим мефармуд, ки писарашро боз ҳам
нағзтар хононад.

Дар охир муаллим ҳамаи чизи медонистагиашро ба
Музаффар ёд дода, рохи аз ин таҳхона баровардани ӯро
чустучӯ кард.

Як рӯзи тобистон, вакте ки шӯълаи офтоб сӯзон буд,
муаллим аз гумбази таҳхона як хиштро гирифт. Нури офтоб ба
хонаи нимторик даромад. Музаффар роҳи дурахшони нурро
дида. ҳайрон шуд ва шитобон аз ҷояш хеста, нурро дошта
гирифтанӣ шуд. Вай ҳар чӣ қадаре ки кӯшиш мекард, чизе ба
дасташ намеомад.

Хамин дам муаллим ба назди вай даромада, гуфт:

  • Вақти аз ин хонаи торик ба офтобрӯя баромадани ту
    расидааст. Ту бояд дунёи равшан, одаму олам, паррандаҳои
    осмон. аспони даванда ва рамаҳои чаррандаро бинӣ.

Музаффар берун баромада, богҳои сабз, осмони кабуд.
обҳои равонро дида, зор-зор гиря кард, ки ҳамин қадар
илмҳоро аз худ карда, дар бораи олами равшану зинда чизе
намедонистааст.

Дардили ӯ хоҳиши ҳамон лаҳза хонаи тагизаминӣ ва шаҳри
падарашро монда, ба ягон ҷой баромада рафтан пайдо шуд.

Вале муаллим Музаффарро аз роҳаш нигоҳ дошта, ба
подшоҳ шитофту вокеаи шудагиро гуфта дод ва аклу фа
писари навраси ӯро боз як бори дигар таъриф кард.

Подшоҳ фармон до;

  • Тамоми халкро аз ҳафтсола то ҳафтодсола, ҷамъ
    маълумӣ кунед, ку ман писари донишмандам Музаффаі
    вориси худ эълон менамоям.

Аз касри подшоҳ то таҳхона аз гилем пояндоз андох!
бо тантанаю суруду мусика Музаффарро ба назди пада)
бурданд. Подшоҳ писарашро дар паҳлӯи худ шинонд.

Аз ҳамин вақт сар карда, Музаффар дар қасри падара
зиндагонӣ мекардагӣ шуд.

Як пагоҳӣ Музаффар дид, ки ҳамаи одамони шаҳр ба
тараф рафта истодаанд. Вай хақиқати вокеаро фаҳмида!
шуда, ба пеши падараш рафта пурсид.

  • Писарам, имрӯз рӯзи ҷумъа, — гуфт подшоҳ, — дар ин рӯ!
    хар кас ба бозор рафта чизҳои даркориашро харида меравад.

Музаффар илтимос кард, ки рухсат диҳад, ба каторй
мардум ба бозор рафта чизҳои даркориашро харида биёяд.

Падараш розӣ шуд.

Музаффар кисаҳояшро аз тилло пур карда, ҳамроҳи як
хизматгор ба бозор рафт.

Вай бисёр ин тарафу он тараф гашта, ягон чизи ба худаш
даркориро наёфт ва хаставу монда шуда гашта омаданӣ шуд,
Ногаҳон як марди аспсаворро дида монд, ки аспи логару
баднаморо этак карда меомад. Асп ба Музаффар маъкул шуд.
Музаффар нархи онро пурсид. Мардак ҳазор тилло талаб кард.
Музаффар ҳамаи тиллоҳои худро дода, аспро вирифта омад.

Подшоҳ хариди писарашро дида ханда карда, гуфт:

  • Чӣ, аспи ман кам-мӣ? Ин аспи логар ба ту чӣ даркор
    буд?

Музаффар чизе нагуфта, аспашро ба саисҳона бурда,
баста, ба аспбонон фармуд, ки нагзакак нигохубин кунанд.

Подшоҳ зани дигар гирифта буд. Моиндар Музаффарро,
аз рӯзи ба каср оварда шуданаш бад дид. Вай хар рӯз «харидхои
беҳудаи Музаффар туро хонахароб мекунад» гуфта ба гӯши
подшох мехонд. Вале подшоҳ писарашро коҳиш намедод.

Зани подшоҳ роҳи дигари аз писари ӯгаяш халос шуданро
ҷустучӯ намуд. Бо амри ӯ дар хонае, ки Музаффар истиқомат
дошт аз пойгаҳ то миён чуқурӣ кофтанд. Зан ба таги чукурӣ
алмоси зиёде партофта, рӯяшро бо шолчаи тунук пӯшид.

«Музаффаразсайру гардиш баргашта,бачуқурӣ- баболои
алмосҳо меафтаду мемурад, ман ба болояш хок мепартоям, ҳеҷ
асараш намемонад»-мегуфт худ ба худ моиндар. Музаффар аз
сайру саёхат баргашта, ба хонаи худ рафтанӣ шуд, вале аспаш
ба хотираш омада ба саисхона рафт.

Асп тамоман лойолуд буд. Вай сарашро хам карда,
андӯҳгинона ба рӯи соҳибаш нигоҳ мекард.

  • Оҳ, аспи ман, ба ту чӣ шуд? — пурсид Музаффар.
  • Музаффар — моиндарат ба касди нест кардани ту
    афтодааст. — гуфт асп, — ба ман гӯш кун, вакте ки ба хонаат
    рафтӣ, аз остона то ҷои нишастагии моиндарат парида гузар.
    Вай мепурсад, ки чаро ту парида гузаштӣ? Ту гӯй, ки ба назари
    ман сайдеам, ки шумо шикор карданӣ ҳастед!

Музаффар суханони аспро шунида, бисёр хафа шуд. Вай
бо димоги сӯхта ба хонааш омад ва аз рӯи гуфтаи асп амал
карда, аз остона ба пеши моиндараш парида гузашт.

  • Барои чӣ ин хел кардӣ? — пурсид занак рӯяшро турш

карда.

  • Ба назарам ман г
    ҳастед!-чавоб дод ӯ.
    Занак фаҳмид, ки Музаффар фиреби ӯро фаҳмидааст.

сайдеам, ки шумо шикор карданӣ

Музаффар бошад, бовар кард, ки аспи ғамхораш дуруст гуфта
будааст.

Рӯзи дигар моиндар гуфтугӯи Музаффарро бо аспаш
шунида, фаҳмид, ки асп ӯро пешакӣ огоҳ кардааст ва дар касли
нобуд кардани асп афтод.

Вай худро ба касалӣ андохт. Подшоҳ табибҳои бисёре
оваронд, вале ҳеҷ кадоми онҳо ба дарди ӯ даво карда
натавонистанд. Охир як рӯз зан ба подшоҳ гуфт, ки факат
гӯшти аспи Музаффар ўро аз касалӣ халос карда метавонад.

Музаффар ҳар вакт аз сайру саёҳат баргашта аввал аз
аспаш хабар мегирифт. Ҳамон рӯз вай ба саисхона даромад,
ки аспаш тамоман лойолуд асту сарашро хам карда, гамгин
истодааст.

  • Аспи вафодорам, ба ту чӣ шуд?-пурсид вай аз асп.
  • Музаффар! — гуфт асп. — Моиндарат фармудааст, ки маро
    кушанд.-Асп ғамгин шудани Музаффарро дида, суханашро
    давом дод: — Ғам нахӯр ба ман гӯш кун: пагоҳӣ, вакте ки кассоб
    маро куштанӣ мешавад, ман аз саисхона баромада истода як
    бор шиҳа мекашам, дар нисфи роҳ бори дуюм шиҳа мекашам.
    Ва вақте ки қассоб кордашро тез мекунад, бори сеюм шиҳа
    мекашам. Агар ту шиҳаи маро шунида, ба ёрии ман шитоб,
    кунӣ, ҳар ду халос мешавам, аммо агар расида набиёй, аввал
    ман ҳалок мешаваму баъд ту.

Музаффар пагоҳии барвақт китоб гирифта, ба пеши
муаллимаш рафт. Аммо хушаш ба шунидани шиҳаи асп банд
буд. Як вақт шиҳаи асп ба гӯшаш расид. Музаффар ба ёрии ӯ
шитофтанӣ шуд, вале муаллимаш ӯро нигоҳ дошт. Боз як бор
шиҳаи асп баланд шуд, ин дафъа ҳам муаллимаш ба рафтан
иҷозат надод.

Аммо вақте асп бори сеюм шиҳа кашид, Музаффар дигар

тоқат накарда аз муаллимаш ҳам напурсиду аз хона тохта
баромада, ба ёрии асп шитофт. Омад, ки аспаш бо пойҳои
бастагӣ хобидаасту кассоб дар назди вай истода корд тез
мекунад.

Қассоб ва шарикони ӯ Музаффарро дида, ба ҳар тараф
гурехта рафтанд. Музаффар пурсид, ки ҳозир вай чӣ кор
кунад.

  • Аввал пои маро кушо, сонӣ аз ёлам гирифта, ба пеши
    падарат раву барои се бор давр зада баромадани гирди шаҳр
    рухсат гир. Вакте ки иҷозат дод, ба ман зину лаҷом зада, савор
    шав. Он тарафашро ба худи ман вогузор.

Музаффар пойҳои аспро кушод, аз ёлаш гирифта ба пеши
падараш бурла, гуфт:

  • Палар! Иҷозат деҳ, ман бори охир ба аспам савор шуда,
    гирди шахрро давр зада бароям, баъд чӣ кунӣ, кардан гир!

Падараш не гуфта натавонист.

Музаффараспро тоза шуст, зин зад, савор шуд. Асп бодвор
пари рафт. Дере нагузашта онҳо аз назар ғоиб гардиданд.

Аспи вафодор Музаффарро ба як кӯҳи баланд бурда
фароварду гуфт:

  • Эй Музаффар, ман дар ин ҷо туро монда меравам, агар
    ман бо ту бошам маро зуд меёбанд. Як кабза ёли маро канда
    гир ва ҳар вакт ки ба ту даркор шавам, ё ки ба ту ягон ҳодисаи
    хатарноке таҳдид кунад, як тори онро дуд андоз, ҳамон замон
    ҳозир мешавам.

Музаффар танҳо монда пиёда рафтан гирифт. Вай аз кӯҳи
баланд гузашта, як рамаи гусфандро дид. Ба пеши чӯпонон ки
дар назди гулҳан нишаста буданд, омада боадаб вохӯрдӣ кард.
Чӯпонон ӯро ба сари дастурхонашон таклиф карда пурсиданд,
ки вай аз куҷост ва ба куҷо меравад. Музаффар саргузашташро

як ба як гуфт. Баъд аз ин ҳамроҳи чӯпонон зиста, рафта-рафта
як ҷавони тануманду пуркувват ва зебо шуд.

Пасазчандвактидигарвай карор дод, ки сафарашро давом
дода, бахташро ҷустуҷӯ кунад. Вай либоси чӯпонӣ пӯшида, 6
ӯпонон хайрухуш намуда, баромада рафт.

Рафт, рафт ва чанд вақт роҳ гашта, ба канори як дарёі
калон расид. Дар лаби дарё як киштии бузург ба сафар тайёр
шуда меистод. Музаффар ба киштӣ савор шуд. Киштӣ ҳаракат
кард. Якбора дар об талотуме пайдо шуд. Одамони дар киштӣ
будагӣ гиряю» нола бардошта, ибодат кардан гирифтанд,
Музаффар вокеаро фаҳмиданӣ шуда, аз онҳо пурсид. Маълум
шуд, ки дар ин дарё як наҳанги бисёр калон зиндагонӣ карда.
киштиҳоро дам мекашидааст.

  • Акнун мо ҳалок шудем! — фарёд мекарданд одамон.

Музаффар камоне дошт, ки дар он зеҳи маҳкаме кашида
шуда буд. Вай камонашро тайёр карда, моҳиро интизор шуда
истод. Ногаҳон сари моҳӣ намоён шуд. Музаффар ҳамон лаҳза
тир кушода, як чашмашро кӯр кард. Тири дуюми ӯ чашми
дигари моҳиро аз кор баровард. Моҳии кӯр ба киштӣ ҳамла
кард. Доду нолаи одамон боз ҳам баландтар шуд. Он дам
Музаффар пай дар пай ҳамаи тирҳояшро холӣ карда, моҳиро!
кушт.

Одамони наҷотёфта ашки хурсандӣ рехта, Музаффарро
огўш мекарданд. Вакте ки ба канор баромаданд, ҳама ба
якдигар навбат надода, Музаффарро ба меҳмонӣ ҷег заданд.
Музаффар бошад, ҷавоб дод, ки ҳоло фурсати меҳмоншавӣ
надорад.

Музаффар ба роҳи худ рафт. Чанд вақт роҳ рафта, охир ба
як шаҳри зебо расид. Ин шаҳр Корф ном дошт. Аз канори шахр!
як дарё мегузашт. Музаффар ба лаби ҷӯй рафта, сандуқеро дид.

Вай сандукро ба об тела дода, худаш ба даруни он даромад.

Об сандукро ба обмӯрии боғи подшоҳ гирифта овард.
Сандуқ пеши обро баст.

Боғбон дид, ки об баста шудааст, чӣ гап шуда бошад
гуфта баромада сандукро дид. Вай сандукро кашида гирифт.
Музаффар аз сандуқ берун шуда, бо богбон вохӯрдӣ кард ва
барои ташвиши додагиаш аз ӯ бахшиш пурсид.

Ҷавон ба пирамарди боғбон маъкул шуд. Вай ӯро ба
хонааш бурд. Музаффар дар хонаи ӯ бимонд.

Вай ёрдамчии боғбон шуд ва рафта-рафта касби ӯро нағз
ёд гирифт.

Полшоҳ се духтар дошт. Духтари хурдӣ Маликадунё,
духтари миёна Фотимадунё ва духтари калони Гулсум ном
дош. Ҳамаи онҳо чун моҳи шаби чордаҳ зебо ва ҷун сарви
боғ хушкомат буданд, чашмонашон чун олу, дандонашон чун
садаф. зулфони парешонашон чун сунбул, чеҳраи латифашон
чун барги садбарги бог тару тоза ва зебову дилрабо буданд.

Музаффар бо амри устодаш — пирамарди богбон ҳар рӯз бо
хафсалаи зиёд барои духтарони подшоҳ аз гулҳои навшукуфта
се гулдаста тайёр мекард.

Музаффар либосҳои дарида пӯшида дар сараш шикамбаи
гӯсфанаро чаппа карда кашида буд. Яке аз гулдастахои бо
камоли хунармандӣ бастаи ӯ ба Маликадунё маъкул шуд.

Чанд рӯз гузашт. Як пагоҳӣ Музаффар дар боғи подшоҳ
истода буд. Вай «ҳеҷ кас нест» гуфта, шикамбаро аз сараш
гирифт.

Ана ҳамин вақт аз паси дарахтон ӯро Маликадунё дид.
Духтар Музаффарро пеш аз ин ҳам бисёр медид, вале вай
хамеша ба назараш як кали хунук метофт.

Дар лили Малика оташи ишқ фурӯзон шуд. Вай рӯз аз

рӯз харобу рангпарида мешуд, вале ба ҳеҷ кас сирри дил:
намекушод.

Рӯзҳо пайдарҳам гузашта мерафтанд. Музаффар аз тах
дил меҳнат мекард, пирамард аз ӯ розӣ буд.

Як вақтесе хохарон як ҷо нишаста, дарбораи шавхарсу:
ронданд. Хоҳарон гуфтанд, ки падарашон дар бораи оя
онҳо парвое надорад ва карор доданд, ки инро ба ӯ хотиррасо!
кунанд. Рӯзи дигар ҳар кадомашон ба рӯи лаганд яктогӣ харбу»
монда, ба пеши падарашон рафтанд. Гулсум харбузаи пухт:
гузаштагӣ, Фотимадунё пухтагӣ ва Маликадунё харбузаи ни»
пухтаро гирифт. Онҳо ба пеши падарашон даромада, таъзим
карда, харбузаҳоро ба пешаш гузоштанд.

Подшоҳ аз ҳар кадом харбуза як қаламӣ бурида, хӯрданӣ
шуд, аммо вазири кӯҳансоли доно ӯро нигоҳ дошта гуфт:

  • Эй подшоҳи аъзам, ин харбузаҳоро барои хӯрда
    наовардаанд.
  • Набошад барои чӣ? — пурсид подшоҳ.
  • Харбузаи пухта гузаштагӣ, — гуфт вазир, — нишонаи он
    аст, ки Гулсум арӯсӣ шудааст. Харбузаи пухтагӣ аломати он
    аст, ки айёми хуши духтарии Фотимадунё ҳам ба охир расида
    истодааст. Харбузаи нимхоми Маликадунё овардагӣ нишонаи
    он аст, ки вай бо вуҷуди ҳанӯз ҷавон буданаш, ихтиёри шавҳар
    дорад.

Подшоҳ оҳи сарде кашида гуфт:

  • Илоҷе нест. онҳоро шавҳар додан зарур аст! Вай фармуд.
    ки халкро ҷамъ кунанд. Духтарон дар рӯи ҳавлии болохонаи
    каср истода, ҳар кадомашон себеро дар даст нигоҳ медоштанд,
    Себхоро ба каси дилхоҳашон додани онҳо лозим буд.

Ҷавонон бо навбат аз бари айвон мегузаштанд. Гулсум
писари вазир, Фотима писари қозикалонро интихоб кард.
Маликадунё бошад ба касе себ надод.

Е

Ҳамаи чавонон гузаштанд. Факат кали боғбон дар хонааш
нишаста, зар бораи ба назди қаср омадан фикр ҳам намекард.
Охир ӯро хам мачбур карданд, ки аз бари айвони каср гузарад.
Маликадунё ба вай себашро дод.

Подшоҳ аз шарм сарашро ба замин хам намуд. Ҳамаи
дарбориён рафтори духтари хурдии подшохро масхара
мекарданд.

Позшнох ба домодҳои калонаш боғу рамаҳо бахшида. ба
домози аз хама хурдӣ бошад, факат ҷувозхонаи кӯхнаро дод.
Дар як тарафи ҷувозхона аз чигит равган мекашиданд, дар
тарафи лигар богбони кал бо занаш зиндагӣ мекард.

Рӯзжо. ҳафтаҳо, моҳҳо мегузаштанд, вале ҳеҷ кас аз ҳоли
Музаффару зани ӯ хабар намегирифтанд.

Як вакт домодҳои подшоҳ ба шикор баромаданӣ шуданд.
Музаффар ба занаш фармуд, ки ба пеши падараш рафта, як
корд, як асп ва тиру камон талабида ояд.

  • Ман ҳам бо домодҳои калонӣ ба шикор меравам, — гуфт ӯ
    ба занаш. Мглика пеши падараш омада, таъзим карду илтимоси
    шавхарашро расонид.
  • Гум шавед аз назарам! — фарёд кард подшоҳ. Аммо вазири
    пири доно таскин дода ғуфт:
  • Гурги кушта шударо пӯсташ мемонад. Иҷозат диҳед,
    равад, шояд чизе биёрад.

Полшоҳ ба гапи вазир даромада, ба домоди калаш як
кораи ламаш гаштагӣ, як аспи логар ва камони кӯҳна такдим
карда. иҷозат дод, ки ба шикор равад.

Кали боғбон ба аспи лоғар зин зада, ба шаҳр даромад.
Мардум ӯро масхара мекарданд, бачагон аз қафояш давида,
хандакунон санг мепартофтанд. Музаффар ба ҳамаи ин
аҳамият надода, ба роҳаш мерафт. Вай аз шаҳр баромада, ба

болои кӯҳи баланде баромад. Дар он ҷо аспро ба дарахт!
як тори ёли аспи дӯстдоштаи хулро дуд андохт. Тори ёл
ҳамоно асп ҳозир шуд. Ба асп зину афзоли зебое задагӣ
рӯи зин пӯшоки гаронбаҳо бастагӣ буд. Музаффар ли
гаронбаҳоро пӯшида, ба асп савор шуду аз паси домі
калонӣ рафт.

Вай ба онҳо расида салом доду баъд гузашта
Домодҳои калонӣ ӯро нашинохтанд.

  • Ин ҷавони зебои либосҳои пурқиммат пӯшида!
    бошад? — мепурсиданд онҳо аз якдигар.

Музаффар дар роҳаш на хайвонеро вохӯрду на парра!
ро. Вай ҳамин хел ба як кӯхи баланд расид. Сарашро бард;
дар куллаи кӯҳ мӯйсафедеро дид.

  • Эй ҷавонмард, дар ин ҷо ба ту чӣ даркор аст? -п
    мӯйсафед.
  • Ман шикоркунӣ омадам! — ҷавоб дод Музаффар.
  • Ин хел бошад, ин ҷо баро! — гуфт мӯйсафед. Муза
    аспро маҳмеззад ва дар як лаҳза ба қуллаи кӯҳ баромад. Ва
    мӯйсафед бо адаб салом дода, вохӯрдӣ кард, дар бораи б:
    нагирифтани шикораш шикоят намуд.
  • Ана, иноҳуҳоро шикор кун! — гуфт мӯйсафед ба Муза
    навозишкорона табассум карда.

Музаффар бо чолокӣ чор оҳуро зада ғалтонду ба кан;
пўсташон сар кард.

  • Гӯшти инҳо талх асту шикамбаашон бомазза! —
    мӯйсафед маънидор табассум карда.

Ҳамин вакт домодҳои калонӣ ҳам омада монданд.
ба қуллаи кӯҳ баромада натавонистанд.

  • Чашматонро пӯшед!-фарёд кард ба онҳо мӯйсафед.
    мисли Музаффар ба куллаи кӯҳ баромада бо мўйсафед вох!

болои кӯҳи баланде баромад. Дар он ҷо аспро ба дарахт.
як тори ёли аспи дӯстдоштаи худро дуд андохт. Тори ёл
ҳамоно асп ҳозир шуд. Ба асп зину афзоли зебое задагӣ ва
рӯи зин пӯшоки гаронбаҳо бастагӣ буд. Музаффар либ
гаронбаҳоро пӯшида, ба асп савор шуду аз паси дом
калонӣ рафт.

Вай ба онҳо расида салом доду баъд гузашта
Домодҳои калонӣ ӯро нашинохтанд.

  • Ин ҷавони зебои либосхои пуркиммат пӯшидагӣ
    бошад? — мепурсиданд онҳо аз якдигар.

Музаффар дар роҳаш на ҳайвонеро вохӯрду на парран;
ро. Вай ҳамин хел ба як кӯҳи баланд расид. Сарашро бардо!
дар қуллаи кӯҳ мӯйсафедеро дид.

  • Эй ҷавонмард, дар ин ҷо ба ту чӣ даркор аст? — пура
    сафед.
  • Ман шикоркунӣ омадам! — ҷавоб дод Музаффар.
  • Ин хел бошад, ин ҷо баро! — гуфт мӯйсафед. Музаф
    аспро маҳмез зад ва дар як лаҳза ба куллаи кӯҳ баромад. Вай
    мӯйсафед бо адаб салом дода, вохӯрдӣ кард, дар бораи барӣ
    нагирифтани шикораш шикоят намуд.
  • Ана, иноҳуҳоро шикор кун! — гуфт мӯйсафед ба Музаф
    навозишкорона табассум карда.

Музаффар бо чолокӣ чор оҳуро зада галтонду ба канда!
пӯсташон сар кард.

  • Гӯшти инҳо талх асту шикамбаашон бомазза! — гуф
    мӯйсафед маънидор табассум карда.

Ҳамин вақт домодҳои калонӣ ҳам омада монданд. Он
ба қуллаи кӯҳ баромада натавонистанд.

  • Чашматонро пӯшед!-фарёд кард ба онҳо мӯйсафед. Онҳӣ
    мисли Музаффар ба куллаи кӯҳ баромада бо мӯйсафед вохӯр,

карданд. Музаффар ба сӯи онҳо нигоҳ кард, вале чизе нагуфт.
Домодҳои калонӣ оҳуҳои пӯсткандаро дида ҷавонмарди
ношиносро илтимос карданд, ки акаллан ягонтаашонро ба
онҳо фурӯшад.

  • Гӯшти хар чорашро гиред, — гуфт Музаффа|
    фақат шикамба ва калаю почаашро монед мешавад.

Домодҳои калонӣ хурсандона гӯштҳоро гирифта, хайру-
хуш карда рафтанд.

Музаффар шикамбаву каллаю почаро ба хӯрҷинаш андохт,
хӯрҷинро бар рӯи зин партофт ва ба мӯйсафед ташаккур гуфт,
ба асп савор шуду зуд аз домодҳои калонӣ гузашта рафт.

Домодхои калонӣ аз пушти ӯ нигоҳ карда, «аҷабо, ин
ҷавони ношинос кӣ бошад», гуфта ҳайрон шуда монданд. Онҳо
ба аспи ӯ. зину абзори он ва пӯшокҳои гаронбаҳои чавон ҳасад
-мебурзанд

Музаффар ба пеши аспи логар расида, хӯрҷинро гирифта,
ба болои он партофт ва либосҳои пештараашро пӯшида, бо
аспи лӯстлоштаи вафодори худ хайрухуш карда, ба хонааш
рафт. Хӯрчин шикоф буд ва ахлоти шикамбаҳо аз хӯрҷин ба
поён мерехт. Музаффар ба шаҳр даромад, одамон аз пушти ӯ
ботамасхур фарёд мекарданд,

  • Домоди подшоҳ аз шикор ахлот оварда истодааст!

Музаффар ба хонааш расида, ба занаш фармуд, ки хеста
каллашӯрбо пазад. Баъд зан гапи шавҳарашро гирифта, ба таги
коса камакак ахлоти шикамба партофта, аз болояш нон реза
кард ва косаро бо оби шӯрбо пур кард, каллаю почаи оҳуро
дар рӯи як нон ҷудо монда, ба падараш бурд.

Домодҳои калонӣ аз гӯшти оҳу шӯрбоҳои равғйнин
пазонда. бо ду дасти адаб ба подшоҳ бурда доданд, онҳо
шикорашонро таъриф намуда, дёр-бораи-аз сайёд харидаи
гӯшти оҳу хомӯш монданд. | таб

-ба ман

Подшоҳ домодҳои дӯстдорашро бо рӯи кушод пешвоз
гирифт, аввал шӯрбои домоди калониро чашида дид, шӯрбо ба
назараш талх намуд. Подшоҳ шӯрбои домоди миёнаро чашида
дид ва ӯ ҳам бемазза ва талх буд. Дили подшоҳ ҳатто беҳузур
шуда, фармуд, ки шӯрбоҳояшонро ба ягон ҷои дуртаре бурда
партоянд.

Дар ин вақт Маликадунё каллашӯрбои пухтагиашро
оварда, аз падараш илтимос кард. ки нону намаки ӯро ҳам
чашида бинад. Подшоҳ гуфт:

  • Таоми домодҳои дӯстдоштаам чудо талх буданд. Таоми
    туазонҳо ҳам талхтар будагист. Хӯроки оварлагиатро гирифта
    рав, намехӯрам!
  • Эй хокими бузург! — гуфт вазири лоно ба подшоҳ. — Аз
    хӯрок рӯй гардондан нағз не, нону намаки хар касро хурмат
    кардан даркор. Қошуқ гиред, мазаашро чашида бинеду баъд
    гардонда фиристед.

Подшоҳ хеҷ вакт гапи вазири зонои худро намегардонд.
Вай кошукро гирифта, шӯрбои Маликадунёро чашида дид. Як
кошук хӯрд, ду қошуқ хӯрд, се кошук хӯрд, шӯрбо маъкул шуда
монд. Подшоҳ аз хӯрдан боз истола, гуфт:

  • Духтарам, шӯрбои ту ба маи мазза дод, лекин чӣ хел ба
    даруни коса ин ахлот афтодааст?
  • Падари азиз, — гуфт Маликадунё, — охир мо бо мол дар як
    ҷой зиндагӣ мекунем! Хонаи мо аз саргин пур аст, тавре шуда
    ба дег афтода мондааст-дия.

Подшоҳ шарм дошт ва фармуд, ки ба домоди калаш ҳам
хонаи беҳтар диҳанд, аммо аз хонаи домодҳои калонӣ нағзтар
набошад,

Дар ҳамсоягии шаҳри Корф мамлакати Тороҷподшоҳ
воқеъ шуда буд. Тороҷподшоҳ яке ба Маликадунё хостгор
фиристонда, ҷавоби рад гирифта буд.

шуда истодааст, аз хиргоҳаш берун шуда, ба тарафи баҳодури
фирӯзманд тир андохт. Тир дасти рости ӯро шикоф кард.
Подшоҳи Корф ҷароҳатдор шудани баҳодури далерро дида, зуд
ба назди ӯ асп давонда омад ва дасти ӯро бо рӯймоли шоҳиаш
баста монд. Баҳодур аз нав ба ҷанг даромад.

Ҷанг бо галабаи ҷанговарони Корф ба охир расид. Аммо
дар охири ҷанг баҳодури ношинос ғоиб шуда рафт. Вай вакти
шом ба пеши занаш омада хоб кард.

Маликадунё намедонист, ки ҷавони ин кадар бошарафона
ҷанг кардагӣ шавҳари ӯ буд. Вай ногоҳ дар банди дасти
шавҳараш рӯймоли хунолуди подшохро дида монда, фаҳмид,
ки он баҳодуре, ки Тороҷподшоҳро мағлуб кард, шавҳари
худаш будааст.

Маликадунё ҳайрону хурсанд шуда, ба пеши хоҳаронаш
рафта воқеаро гуфт. Хоҳаронаш бовар накарда ӯро мазок,
намуданд.

Подшоҳ ба муносибати ғалаба ҷашн ташкил карда,
тамоми халкро, аз ҳафт то ҳафтодсола даъват кард. Вай дар
байни ҳозирон наҷотдиҳандаи шаҳр—баҳодури далерро
ҷустуҷӯ мекард, аммо ӯ дар байни мардум набу;

Факат дар охири ҷашн шавҳари Маликадунё ба қаср омад.
Вай ба китфаш ҷомаи зарбофти қимматбаҳое партофта буд, са-
ри ҷингиламӯяшро тӯппии Маликадунё духтагӣ зиннат медод,
дар дасти росташ рӯймоли шоҳӣ печондагӣ. Подшоҳ ба чашми
худ бовар намекард, ҳеҷ бовар ҳам накарда наметавонист.
ки як кали сараш калахш бастагӣ домоди бадмедидагиаш
хамон баҳодуре буд, ки шаҳри Корфро шӯҳратманд гардонд.
Вале рӯймоли шоҳии дирўз ба дасти ҷавонмарди фирӯзманд.
бастагиаш шубҳаи ӯро бартараф кард. Подшоҳ ноилоҷ
эътироф намуд, ки духтари хурдиаш хато накардааст ва ӯ ба

ин муносибат аз нав тӯи пурдабдабаю хурсандибахше барпо
кард.

Шумо ин ҷо будеду мо ҳам расидем, як себу як пои мурғча
болои токча, касе зуд хезад, гирифта мехӯрад!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *