Фанни Адабиёт

Вазъияти илму фарҳанг ва адабиёт дар замони истилои араб.

Илмҳои шаръӣ

Илмҳои шаръӣ тақсим мешавад ба улуми марбут ба Қуръон монанди илми қироати Қуръон ва илми тафсири Қуръон ва фурўи онҳо улуми марбут ба ҳадис ва фурўи он, илми фиқҳ ва фурўи он, илми калом. Илми қироати Қуръон аз сувари назми Каломуллоҳ аз ҳайси вуҷуди иҳтилофоти мутавотира баҳс мекунад ва мурод аз он таҳсили малакаи забти ихтилофот ва фоидаи он, сиёнати Каломуллоҳ аз таҳрифу тағйир аст. Ихтилофоте, ки дар қироати Қуръон вуҷуд дорад, ношӣ аз ихтилофи ривоёти саҳоба аст дар баъзе алфоз ва кайфиёти ҳуруф ва адои онҳо, ки айнан аз онон ба «тобиъин» ва аз тобиъин ба дигар қуррои Қуръон интиқол ёфт, то саранҷом дар қарни дувуми ҳиҷрӣ қироати ҳафт тан аз қориён ба номи «қурро-ус-сабъа» аз миёни онҳо бар дигарон пешӣ ҷуст ва мақбули ҳамаи муслимин афтод ва сипас то авохири ҳамон қарн ва авоили қарни савум се қироати дигар ҳам бар онҳо афзуда шуд ва салот бо он қироатҳо низ ҷоиз дониста шуд. Баъдҳо то қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ бархе аз қурро, ки дорои қироатҳои шоз буданд, пайдо шуданд, ки шеваи баъзе аз онҳо низ дар миёни муслимин ривоҷ ёфт ва ихтилофи қироат, маҷмўан, бар ҷаҳордаҳ ривоят қарор гирифт. Илми қироати Қуръон дорои фуруъест монанди илми махориҷи ҳуруф ва алфоз, илми расмулкитоба фи-л-масоҳиф, илми одоби китобат-ул-масоҳиф ва ғайра.

Илми тафсири Қуръон дар бораи ҳақиқати маъонии оёти Қуръон ба муқтазои қавоиди луғавӣ ва сарфиву наҳви ва балоғ, асбоби нузули оёт ва тартиби нузул ва тавзеҳи ишороту муҷмалот ва тамйиз додани носих ва мансух ва муҳкам аз муташобеҳ ва шарҳи қасасу ҳикоёти Қуръон ва назоири ин маъонӣ баҳс мекунад. Ѓараз аз он маърифати маъонӣ ва ҳақоиқи қуръонӣ ва фоидаи он ҳусули пудраҳ дар истинботи аҳкоми шаръӣ бар ваҷҳи саҳеҳ ва мавзўи он Каломуллоҳ аст.

Дар оғози кори Ислом барои араб ишколи муҳиме дар фаҳми Қуръон вуҷуд надошт, вале бо нашри он ба ривоҷ дар миёни милали ғайриараб албатта аз ҷиҳати мухталифи луғавӣ ва сарфиву наҳвӣ ва ғайра ҳоҷати тавзеҳу тафсири Қуръон ба миён омад. Дар бидояти ҳол барои тавзеҳу тафсири Қуръон мунҳасиран аз ахбору ривоёти саҳоба ва тобеъин истифода мешуд, вале ба тадриҷ илми тафсир тавсиа ёфт ва аносири адабиву таърихӣ ва тавҷеҳоти мухталифи фиқҳӣ ва назоири ин матолиб ҳам дар ин амр мутадовил гардид ва баъд аз зуҳури фиқҳҳои мухталиф аз мутафаккирини исломӣ монанди мутакаллимин ва ҳукамову урафо бинобар салиқаи дардаста аз онҳо тавзеҳи оёти қуръонӣ аз марҳалаи тафсир ба марҳалаи таъвил ворид шуд ва дар натиҷа тафсир анвои мухталифе пайдо кард, монанди тафсири омма, тафсири хоса, тафсир ба шеваи ҳукамо, тафсир ба салиқаи урафо ва ҷуз онҳо.

Таърихи тафсири Қуръон бисёр қадим аст ва куҳантарин тафсири мавҷуд мансуб аст ба Ибни Аббос (Ҳибр-ул-умма Абдуллоҳ ибн Аббос ибн Абдулмуталлиб, ваф. 68ҳ. — 688м.), ки мусалламан маҷмўаи ривоётест аз ў дар шарҳу тавзеҳи маъонии Қуръон. Вале то поёни қарни савум ва оғози қарни ҷаҳоруми ҳиҷрӣ муҳимтарин тафсири Қуръон ва ҷомеътарини онҳо «Ҷомеъ-ул-баён»-и маъруф ба «Тафсири кабир», таълифи гаронбаҳои Муҳаммад ибни Ҷоири Табарӣ (ваф. 31 Оҳ. — 923м.) аст, ки дар миёни муслимин ҳам аз оғози интишор мақбулияти бисёр ёфт ва ба ҳамин сабаб, ҳанўз чанд гоҳе аз таълифи он нагузашта, ба фармони подшоҳи Сомонӣ Мансур ибни Нўҳ ба порсӣ тарҷума шуд ва он тарҷума машҳур аст ва ба табъ расида ва дар бораи он ба ҳангом сухан хоҳад рафт.

Илми ҳадис мутаваҷҷеҳ ба ҷамъу тадвин ва ривояти ақволу суннатҳо ва аҳволи пайғомбари Ислом аст, ки табъан дар шинохти аҳком ва вазоифи шаръӣ ва таъиини сармашқҳои кирдору гуфтор ва андешаи мусалмонон аҳамияти бисёр ва мартабаи аъло дорад. Ин илм худ ба ду илм — «Ривоят-ул-ҳадис» ва «Дироят-ул-ҳадис» муншааб мешавад ва ҳар ду дорои фурўи мутааддиданд. Дар оғози кори муслимин танҳо ба ҳифзу нақли аҳодис басанда мекарданд, лекин батадриҷ таваҷҷўҳ ба забти онҳо дар миён омад, хоса аз даврае, ки ҷаъли аҳодис ва омехтани ҳадисҳои дурўғин ба ҳадисҳои ростин маъмул шуд ва аз ин роҳ бими мушкилоте барои ислом мерафт. Ба ҳамин сабаб аз авосити қарни дувуми ҳиҷрӣ ба баъд иддае аз кибори муҳаддисин шурўъ ба тадвини аҳодис карданд, ки акнун аз миёни қадимтарини онҳо «Муватто»-и Молик ибни Анас (ваф. 179ҳ. -796м.) дар даст аст. Аммо муҳимтарин таълифот дар илми ҳадис аз авосити қарни савуми ҳиҷрӣ ба баъд ба василаи уламои бузурги эронӣ падид омад, монанди «Ҷомеъ-ул-саҳеҳ» аз Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (ваф. 256ҳ. — 870м.) ва китоби «Саҳеҳ» аз Абулҳасани Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ (ваф. 261ҳ. — 875м.) ва китоби «Сунан»-и Ибни Моҷаи Қазвинӣ (ваф. 273ҳ. — 887м.) ва китоби «Сунан» аз Ибни Довуд (ваф. 275ҳ. — 889м.) ва китоби «Сунан» аз ат-Тирмизӣ (ваф. 279ҳ. — 893м.) ва китоби «Сунан»-и ан-Насрӣ (ваф. ЗОЗҳ. — 916м.). Аз миёни бузургони мазҳаби ташаййўъ низ муҳаддисоне дар ин аҳд будаанд, лекин чунонки медонем, муҳимтарин кутуб, яъне аркони арбаъаи шиъа дар ахбору аҳодиси имомия дар қарни ҷаҳорум таълиф шуд.

Илми фиқҳ аз фурўи амалии аҳкоми шаръ баҳс мекунад ва мақсуд аз он таҳсили иқтидор бар иҷрои аъмоли шаръист. Мабнои ин илм бар истинботи аҳком аст аз китобу суннат ва ба сабаби ҳамин истинбот маҳалли иҷтиҳод аст ва натиҷаи иҷтиҳод ихтилофи фуқаҳо ва эҷоди дастаҳои ҷадид аст дар миёни муслимин, ки пеш аз ин зимни зикри фирқаро ва мазоҳиби мухталифи муслимин бад-инҳо ишора шудааст ва дар он ишора дидаем, ки чанд тан аз бузургтарин фуқаҳои аввалияи аҳди суннат ва ҷамоат дар се қарни аввал аз навоҳии мухталифи Эрони Қадим бархостаанд, мисли Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит муассиси фирқаи ҳанафия ва Абусулаймон Довуди Исфаҳонӣ, муассиси фирқаи Довудия ва Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, муассиси фирқаи Табария.

Бар рўи ҳам бояд донист, ки се қарни аввали ҳиҷрӣ аз ҳамаи қурун ва адвори дигари исломӣ бештар мустаъиди зуҳури ма­зоҳиби мхҳталифи фиқҳӣ ва давраи иҷтиҳод ва судури орои гуно-гун нисбат ба каифияти истихроҷи аҳкоми фиқҳӣ аз китобу суннат ё раъю қиёс буда ва ба ҳамин нисбат ҳам кутуби бисёр дар ин се қарн навишта шудааст ва ҳар як аз соҳибони мазоҳиб ва шогирдону пайравони онон таълифоти гаронбаҳо падид овардаанд, ки баъзе аз онҳо ҳанўз ҳам дар даст аст.

Илмҳои ақлӣ

Мурод аз улуми ақлия (зеҳния, ҳикамия) ё «улуми авоил» тамо­ми улумест, ки бо тааққул ва истидлол сару кор дошта бошад ва онҳо иборатанд аз ҳамаи анвои ҳикмату усул ва фурўъи ҳар як аз ҷаҳор илм: «илоҳӣ» ва «табии» ва «риёзӣ» ва «ахлоқ» ё ҳикмати амалӣ ва муқаддимаи онҳо, яъне илми мантиқ, ки худ ба як муқаддима ва ҳашт боб тақсим мешавад.

То поёни аҳди уммавӣ, ки сиёдати сиёсӣ ва иҷтимоии ислом бо то­зиён буд, иштиғол ба улум муяссар нагардид, зеро ақвоми араб ба хўи биёбонӣ ва ҷаҳлу нодонии худ аз мазоёи илм ва фавоиди он ха­баре надоштанд. Иштиғол ба дониш танҳо кори милале аст, ки дар мароҳили тамаддун пеш рафта ва истеъдоди пайҷўии асрори хилқат ва розҳои табиатро ёфта бошанд. Ва онгаҳе дар як қарну анде аз оғози аҳди ислом тозиён саргарми лашкаркашиҳо ва пирўзиҳои худ буданд ва фурсати таваҷҷўҳ ба корҳои маънавӣ ва илми барои онон ҳосил набуд ва аз ин рўи то авосити қарни дувуми ҳиҷрӣ натанҳо коре дар роҳи ошноӣ бо улум накарданд, балки ба иддае аз марокизи илмӣ ва ба китобхонаҳои милали мағлуб садамоте ҳам расониданд. Марокизи илмии пеш аз ислом ва муқорини футуҳоти муслимин ҳамагӣ мутааллиқ ба миллатҳое буд, ки аз дер боз дар дунболи илал ва асбоби хоси таърихӣ ва бар асари пешрафтҳои маданӣ ва ё гоҳ бар асари баъзе ҷараёноти мазҳабӣ монанди нашри маслиҳат, ба улуми ақлӣ саргарм шуда ва дар онҳо тараққиёте ҳосил карда буданд. Ҳангоме ки дини ислом интишор дода мешуд, чанд маркази умда аз Миср то Ҳинд саргарми фаъолиятҳои илмӣ буд, монанди маркази маъруфи Искандария ва марокизи илмии Бизонс ва Измир ва шаҳрҳое аз савоҳили улёи Фурот мисли Руҳо ва Ҳансарин ва Ҳаррон дар ҳавзаи императории Руми шарқӣ ва марокизи муҳими илми дар шоҳаншоҳии Сосонӣ мисли Насибин ва Тайсафун ва Селевкия ва Гундишопур ва Решҳар (Ревордшир) ва Марв ва ҷуз онҳо. Дар ин марокиз ба иҳтилофи забонҳои юнониву суриёнӣ ва паҳдавиву наботи ва ҳиндӣ ба унвони забонҳои илмӣ мутадовил ва мавриди ис­тифода буд ва дар тамоми онҳо улуми мухталифи ақлӣ, хоса ҳикмати табиӣ ва риёзӣ ва тамоми шуъаби онҳо ва мантиқи Арастуӣ роиҷ буд ва дар онҳо ҳам аз иттилооти қадимаи маҳаллӣ ва ҳам аз осори илмии уламои юнонӣ истифода мешуд. Баъзе аз ин марокиз дар улуми хосе шўҳрати фаровон дошта ва маркази таҳсилот будаанд. Масалан, Ҳаррон як маркази бузурги улуми риёзӣ буд ва шарҳи Гундишопур бо бемористони маъруфаш шўҳрати фаровоне дар тиб ва табииёт дошт ва Марв як маркази бузурги улуми риёзӣ дар Хуросон ва маҳалли талоқии иттилооти пешрафтаи эронӣён ва ҳиндувон дар ҳайъату нуҷум ва риёзиёт буда ва, чунонки медонем, дар пеш рафти улуми риёзӣ дар давраи исломии Эрон асари бисёр нерўманде доштааст. Ҳамаи ин марокиз чӣ дар овони шуюъи ислом ва чӣ дар даврае, ки хулафои рошидин ва умавиён саргарми футуҳоти худ дар атрофу акнофи олам будаанд, масоъии худро дар роҳи дониш идома медода ва таваҷҷўҳе ба вайронгариҳои фотеҳони ҷадид надоштаанд, забони илмиашон ҳамчунон юнониву суриёнӣ ва паҳлавиву ҳиндӣ ва набатӣ буд ва муштағилон ба кори илм дар он марокизи адёни қадим худро ба ҳамон шеваи собиқ идома медоданд.

Илмҳои адабӣ.

Ин даста аз улум нозиранд бар кайфияти баёни маъонӣ ба сувари мухталифи онҳо аз қабили китобат ва хитобат ва иншову шеър, ки худ ба улуми хутба, улуми мутааллиқ ба алфоз (илми махоричи ҳуруф, илми луғат, илми иштиқоқ ва илми сарф) ва улуми мутаал­лиқ ба мураккабот (наҳв, маъонӣ, баён, бадеъ, арўз, қавофӣ, қарз-уш-шеър, илми иншо, илми муҳозара, илми давовин, илми таърих) тақсим мешаванд. Дар оғози давраи исломӣ «адаб» бад-ин вусъат, ки гуфтаам, набуд, вале батадриҷ бар асари ошноии мусалмонон бо тамаддунҳои гуногун ва донишҳои мухталиф ва низ тавсиаи улум ва услубҳои фикрӣ ва ҳамчунин ҳоҷати миллатҳои ғайриараб ба фаро гирифтани забони тозӣ ва қавоиди он тавсиаи фаровоне хосил кард ва аз ҷумлаи фунуни муҳими роиҷ дар миёни мусалмонон гардид. Аз авомиле, ки дар ин тавсиа таъсири мустақим дошта, яке нақди кутуби адабу таърих ва қасасу достонҳои миллии Эрон ва ҳикаму амсол ва аҳлоқ ва назоири онҳо аз паҳлавӣ ба арабӣ, дигар вуруди иддаи зиёде аз муфрадот ва мураккаботи алфози суриёнӣ ва юнониву эронӣ ба забони арабӣ аз роҳи тарҷумаи кутуб ва тадвини улум ва дигар ошноии мусалмонон бо улуми адабии юнониву суриёнӣ ва паҳлавӣ ва каифияти кор дар онҳо буд. Ин илал ва назоири онҳо мояи он шуд, ки адабӣ арабӣ, ки дар оғози амр сода ва дур аз сурати илмӣ буд, қадам дар тариқи тараққӣ ва такомул ниҳад ва адабӣёти муҳими исломи падид ояд ва чун саҳму асари эронӣён дар ин амр мусаллам аст, ногузирем, ки ҳатто ба ихтисор ҳам бошад, дар бораи онҳо сухане гўем.

Мабдаи улуми адабӣи арабӣ «илм-ур-ривоя» аст, ки мавзўи он ҳамаи матолиби марбут ба фарҳанги араб, аам аз ашъору амсол ва ҳикоёту таворих ва ансобу ахбор буд ва касе, ки ба ҳифзу ривояти ин матолиб мепардоҳт, «ровӣ» ё «ровия» номида мешуд. Ровиён ба сабаби иттилооти васъе, ки аз афкору осори араби ҷоҳилӣ ва садри ислом доштанд, маншаи ҳар гуна фоидае дар масоили мутанаввеи марбут ба адабӣ арабӣ будаанд ва ба ҳамин сабаб дар оғози аҳди Аббосӣ, ки давраи тадвини қавоиди забону адаби арабӣ буд, базли таваҷҷўҳи хоса нисбат ба ин гурўҳ, оғоз шуд ва хулафо амволи фаровон дар роҳи ташвиқу тарғиби онон сарф карданд ва ҳамин амр боиси афзоиши ровиён ва зуҳури иддаи муътанобиҳе аз афроди касир-ул-иттилоъ дар миёни онон шуд, ки ғолиби онон эронӣ ва аз маволӣ будаанд, монанди Ҳаммод ибни Шопури Даиламӣ (ваф. 155ҳ.- 773м.) гирдоварандаи муаллақоти сабъ ва Халаф ибни Хайёни Фарғонии маъруф ба «Халаф-ул-аҳмар» (ваф. 180. — 797м.) ва Абўамру аш-Шайбонӣ аз маволии Бани Шайбон (ваф. 206ҳ,. -819м), ки дар илми луғат ва шинохтани ашъори мансуб ба қабоили мухталифи араб машҳур буд ва Абўубайд Қосим ибни Саломи Ҳиравӣ (ваф. 224ҳ. — 837м.) ва Абўҳотами Сиистонӣ (ваф. 255ҳ,. -869м.) ва ҷуз онон. Таълифоти ин ровиён дар масоили мухталифи адабӣ ва гирдовариҳои онон аз ахбору амсол ва ашъору ансоби арабӣ сармояи аслии уламои адаб дар таҳқиқоту таълифоти адабии онон гардид.

Дар се қарни аввали ҳиҷрӣ мусалмонони эронӣ ба сабаби ҳоҷате, ки ба омўхтани забони арабӣ доштанд, дар кашфу тадвини қавоиди он кўшиши бисёр карданд, чунонки бояд гуфт, нахустин тадвинкунандагони дастури забони арабӣ онон будаанд. Нахустин марокизи таҳқиқ дар забони арабӣ Басра ва Куфа ду шаҳри қадими эронӣ буд, ки дар он замон ба шаҳри нимарабӣ ва нимэронӣ табдил шуда ва маҳалли талоқии бодиянишинони араб ва шаҳрнишинон ва беҳтарин маҳалли ҷамъоварии иттилоъ аз забони асили арабӣ будааст. Дар ин ду маркази таҳқиқ дар сарфу наҳви арабӣ иддае аз машоҳири ула­мои эронӣ саргарми кор буданд, мисли Сибавейҳи Форсӣ (ваф. 183ҳ. — 800м.) соҳиби аввалин китоби бузург ва ҷомеъ дар илми наҳв, ки ба «Ал-китоб» мавсум аст ва шогирди ў Аҳфаши Хоразмӣ (ҳар ду мансуб ба маркази адабии Басра) ва Кисоии Форсӣ (ваф. 189ҳ, — 806м.) ва шогирди ў Фарро (ҳар ду мансуб ба маркази адабӣи Куфа) ва иддаи қобили таваҷҷўҳи дигаре, ки феълан аз зикри номашон сарфи назар мекунем.

Дар илми луғат ва улуми балоға низ дар ин се қарн кўшишҳое шудааст ва уламои бузурге мисли Халил ибни Аҳмад (муаллифи «Китоб-ул-аин» дар луғат) ва Абўубайда Муаммар ибни Мусанно, соҳиби китоби «Маҷоз-ул-Қуръон» ва Абуҳотами Сиистони, соҳиби «Китоб-ул-фасоҳа» зуҳур карданд.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *