Фанни Зоология

Синфи ширхурон

Ширхӯрон ҳайвонҳои мураккабсохтор ва олиташкиланд. Бадани ширхӯрон бо мӯйина пӯшида шуда, ғадудҳои шир, суфраи гӯш, дандонҳои гуногун доранд. Гармхунӣ, зиндазойӣ, насли худро бо шир таъмин намудан, сохти мураккаби системаи асаб ва қобилияти идора карда тавонистани ҳарорати бадан ба ширхӯрон имконият медиҳад, ки дар муҳитҳои гуногуни макони зисти рӯйи Замин, қабати хок, об ва ҳаво васеъ паҳн шаванд. Андозаи танаи онҳо хеле гуногун аст. Аз 3,5 — 4см (сафеддандонаки пакана)то ЗЗм (кити кабуд) ва вазнашон аз 1,5 т. то 150 т. мешавад. 150 -160 млн сол қабл аз хазандаҳои қадим ба вуҷуд омадаанд.

Дар замони ҳозира қариб4500 намуди ширхӯрон маълум мебошанд, ки аз онҳо 85 намудашон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Муҳити зисти ширхӯрон. Муҳити зисти ширхӯрон хеле гуногун мебошад. Онҳоро дар ҷангалзорҳо, байни буттазор, дар дашту биёбонҳои кушод, қабати хок, дарё, баҳр ва уқёнусҳо вохӯрдан мумкин аст. Баъзе намуди ширхӯрон, масалан, кӯршабпаракҳо қисми зиёди фаъолияти ҳаёташонро дар муҳити фазо мегузаронанд. Ба ширхӯрони ҷангалӣ санҷоб, муши ҷангалӣ, савсор, хирс, хуки ёбоӣ ва ғайраҳо мансуб мебошанд. Баъзе намудҳои онҳо, ба монанди санҷобҳо қисми зиёди ҳаёти худро дар болои дарахтон мегузаронанд. Қисми дигарашон, аз қабили гавазни холгул, гавазн, хирс, хуки ёбой (гуроз) ва амсоли инҳо дар зери дарахтҳо зиндагӣ мекунанд. Дар ҷойҳои кушоди дашту биёбонҳо ҳайвонҳои растанихӯр кулан (хари ёбоӣ), юрмон, мири мушон, товушқон, суғур ва ғайра зиндагӣ мекунанд (расми 93). Аз намояндаҳои ширхӯрони даранда дар даштҳо гург, рӯбоҳ, шағол, кафтор ва ғайра вомехӯранд. Қисме аз ин ҳайвонот дар кӯхдоманҳо ва суффакӯҳҳо зиндагӣ доранд. Намудҳои ками ширхӯрони Тоҷикистон як қисми ҳаёти худро дар зери Замин мегузаронанд. Ба инҳо юрмон, калламуш, муш, ҷайра, хорпуштак ва ғайра мансубанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image94.jpeg

Ба ширхӯрони тамоман обӣ кит ва делфинҳо(рамузҳо) дохил мешаванд, ки онҳо ба хушкӣ комилан намебароянд. Морж ва тюлен қисми бештари ҳаёти худро дар муҳити обӣ мегузаронанд. Баъзе намудҳои ширхӯрон, ба монанди қундуз, саги обӣ, каламуши обӣ дар обанборҳо зиндагӣ карда, дар ин ҷой хӯроки худро меёбанд ва аз душманонашон худро муҳофизат мекунанд.

Сохти берунии ширхӯрон. Аксарияти ширхӯрон ҳайвони чорпой мебошанд. Пойҳо дар ширхӯрон низ ба ҳамон қисмҳо тақсим мешаванд, ки дар обхокиҳо ва хазандагон мавҷуд буданд. Лекин пойҳо дар ширхӯрон на дар паҳлу, чун хазандагон, балки дар зери тана ҷойгир шудаанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image95.jpeg

Бадани бисёр ширхӯрон бо қабати мӯйина ё пашм пӯшида шудааст. Қабати мӯйина аз қилҳои дароз ва мӯйҳои кӯтоҳу зич ё тибит иборат аст (расми 94). Қилҳои дароз қабати тибитро аз ифлосшавӣ нигоҳ медоранд. Дар баъзе ширхӯрон (кӯрмушҳо) қабати пашмӣ фақат аз тибит, дар оҳуҳо бошад, аз қилҳои нисбатан сахт иборат мебошад.

Ширхӯрон дар фаслҳои муайяни сол тӯлак мекунанд, яъне қабати пашмини худ ва ранги онро иваз менамоянд. Дар фасли зимистон қабати пашмӣ нисбат ба баҳор аз тибит бойтар аст. Пӯсти ширхӯрон сохти мураккаб дорад (расми 95) ва ба ҷуз қабати пашмӣ боз пулакчаҳои шохин ҳосил мекунад. Чунончи, пулакчаҳои шохин дар калламушҳо ва қундузҳо дар қисми думашон ҷойгир шудаанд. Қабати пашмӣ ба монанди шохин таркиб ёфтааст. Ин аломат ба хазандаҳо ва парандагон алоқаи хешӣ доштани синфи ширхӯронро исбот мекунад. Дар ширхӯрон шоху чангол, нохун ва сумҳо низ аз моддаи шохин таркиб ёфтаанд.

Пӯсти ширхӯрон аз пӯсти хазандагон ва парандагон бо доштани ғадудҳои равған ва арақбарор фарқмекунад. Ба воситаи арақнамакҳои зиёдатӣ ва дурдаи пешоб аз бадан берун бароварда мешаванд. Дар бисёр ширхӯрон ғадуди бӯйбарор инкишоф ёфтааст. Бӯйе, ки аз бадани ширхӯрон хориҷ мешавад, барои муҳофизат аз душман, ёфтани фардҳо ва ҷинсҳои намуди худ мусоидат мекунад. Дар бисёр намояндагон (қундуз ва калламуши обӣ) дар қисми шикам ғадудҳои шир ҷойгир шудаанд. Дар онҳо маҳсули серғизои шир барои наслашон ҳосил мешавад. Номи синф аз рӯйи ҳамин хусусият гирифта шудааст. Микдори ғадудҳои шир гуногун буда, ба шумораи наслҳои тавлидшаванда вобаста мебошад.

Узвҳои ҳиссиёти ширхӯрон. Баръакси хазандагон ширхӯрон суфраи гӯш доранд. Тавассути суфраи гӯш мавҷи садо ҷамъ шуда, самти паҳншавии он муайян карда мешавад. Чашми ин ҳайвонҳо аз пилки болою поёнӣ ва мижгонҳо иборат аст, ки чашмро аз таъсироти беруна муҳофизат мекунад. Дар бисёр қисмҳои тана, одатан, дар сар, шикам, пойҳо пашмҳои дарозу сахт ё қилҳо ҷойгиранд. Қилҳои дар гирду атрофи даҳон ҷойгиршударо «мӯйлабҳо» меноманд ва вазифаи узви ломисаро иҷро мекунанд. Онҳо тавассути қилҳои дарози баданашон ҳамаи таъсироти берунаро ҳис мекунанд. Узвҳои сомеа, шомма ва лаззат дар ширхӯрон нисбат ба дигар муҳрадорон хубтар инкишоф ёфтааст.

§29. СКЕЛЕТ, МУШАКҲО ВА СИСТЕМАИ АСАБИ ШИРХУРОН

Ширхӯрҳо муҳраҳои миён ва боқимондаҳои қабурғагӣ доранд (расми 96). Дандонҳои ширхӯрон бар хилофи хазандагон реша доранд ва дар чуқурчаҳои алоҳидаи устухонӣ ҷойгир шудаанд. Онҳо, одатан, ба дандонҳои пеш, ашк, курсӣ ва нимкурсӣ тақсим мешаванд. Дар баъзе намудҳо дандонҳои пеш хуб икишоф ёфтаанд. Дар саг, савсор, шер ва дигар дарандаҳо дандонҳои пеш заифтар буда, баръакс дандони ашк хеле хуб инкишоф ёфтааст. Шакл, андоза ва миқдори дандонҳо хеле гуногун мешаванд ва онҳо аҳамияти таснифотӣ доранд. Аз рӯйи сохти дандонҳо намуди ҳайвон, тарзи хӯрокхӯрӣ, қатор ва дигар хусусиятҳои он муайян карда мешавад.

Мушакҳо. Дар ширхӯрон сохти мушак мураккаб буда, онҳо ҳаракати гуногуни баданро таъмин мекунанд (расми 97). Онҳо дар идоракунииҳарорати бадан ва муносибати байниҳамдигарӣ иштирок карда, ҳаракатҳои имову ишоравиро (маймунҳо, парандагон) низ таъмин мекунанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image96.jpeg C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image97.jpeg C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image98.jpeg Системаи асаб. Дар ширхӯрон ба монанди дигар сутунмуҳрадорон системаи асаб аз мағзи сар, ҳароммағз ва торҳои асаб, ки аз он мебароянд, иборат аст. Аз панҷ қисми мағзи сар (расми 100) аз ҳама бештар майнаи пеш (нимкураҳои калон) ва қишри он, ки аз якчанд қабат ҳуҷайраҳои асаб иборат мебошанд, инкишоф ёфтааст. Қишр ҳамаи нимкураҳоро пӯшондааст, ки он дар аксарияти ширхӯрон чинҳо ва ҷӯякҳоро ба вуҷуд овардааст. Мураккабии рафтори ширхӯрон ба миқцори чинҳо вобастагӣ дорад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image99.jpeg

Масалан, харгӯшҳо, ки рафторашон мураккаб нест, қишри нимкураҳои мағзи сарашон қариб суфта аст (расми 99). Дар саг ва маймун миқцори ҷӯякҳо зиёдтар аст, бинобар ин, рафтори ин ҳайвонот мураккабтар мебошад.

§30. Системай УЗВҲОИ КОВОКИИ ТАНАИ ШИРХУРОН

Ковокии танаи ширхӯрон тавассути мушаки гунбазшакл, ки диафрагма ном дорад, ба ду қисм, сина ва шикам ҷудо мешавад. Дар қисми сина дил, шуш ва дар қисми шикам меъда, рӯда, ҷигар, гурда ва ғайраҳо ҷойгир шудаанд (расми 101).

Узвҳои ҳозимаи ширхӯрон. Айнан ба монанди хазандагон аст. Хӯрок аз ковокии даҳон ба гулӯ гузашта, тавассути сурхрӯда ба меъда

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image100.jpeg

ва сипас ба рӯдаҳо меғузарад. Дар муддати ҳаракати хӯрок дар узвҳои ҳозима ба ои шираи ҳозима, ки ғадудҳои ҳозима ҷудо мекунанд таъсир мерасонад (расми 102).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image101.jpeg

Ширхӯрон, одатан, хӯрокро бо дандон газида, сипас онро мехоянд. Дар ин вақт хӯрок аз таъсири луобҳои ғадуди даҳон тар шуда, баъд пайвастагиҳои мураккаб аз ҳабили крахмал ба қанд ва моддаҳои содатар таҷзия мешаванд. Яъне ҳазмшавии хӯрок аз ковокии даҳон оғоз мешавад. Ғадудҳои даҳон дар гов ва оҳу, ки хӯроки набототиро (растанигӣ) мехӯранд, хуб инкишоф ёфтааст. Гов дар як шабонарӯз то 50 литр луоби даҳон ҷудо мекунад.

Луоби даҳон ҳангоми кавша кардан ҷудо мешавад. Маълум аст, ки гов, бузу гӯсфанд баъди чарида сер шудан, кавша мекунанд, ки он ба ҳазмшавии алафи хӯрдашуда мусоидат мекунад. Меъдаи бисёр ширхӯрон якхонагӣ аст.

Дар деворҳои меъда ғадудҳое ҷойгир шудаанд, ки аз худ шираи ҳозима ҷудо мекунанд. Меъдаи бисёрхонагӣ ба ҷуфтсумон ё ки ширхӯрони кавшакунанда хос мебошад. Рӯдаҳо аз рӯдаи борик, ғафс ва рост иборатанд. Дар бисёр ширхӯрони растанихӯр кӯррӯда нағз инкишоф нфтааст, ки он дар байни рӯдаи борик ва ғафс ҷойгир шудааст. Дар рудаи ширхӯрон ба монанди хазандагон хӯрок ба таъсири шираи ҳозима, ки девори рӯдаҳо, ҷигар ва ғадуди зери меъда аз худ ҷудо мекунанд, дучор мешавад. Боқимондаи хӯроки ҳазмшуда аз рӯдаи рост тавзссути мақъад ба берун хориҷ карда мешавад.

Узвҳои нафаскашӣ. Вазифаи узви нафаскаширо якҷуфт шуш иҷро мекунад. Онҳо аз рӯйи ба шохаҳои бисёр тақсимшавии нойи нафасгирй, ки дар нӯгашон пуфакчаҳои зиёди шушро доранд, фарқ мекунанд. Пуфакчаҳо бо мӯйрагҳо ё рагҳои хеле борики хун иҳога шудаанд, ки барои аз ҳавои нафасгирифта бисёртар қабул кардани оксиген имконият медиҳанд. Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ аз ҳисоби кашишхӯрии мушакҳои байниқабурғавӣ ва диафрагма ба вуҷуд меояд (расми 101,102,103).

Дар гулӯи ширхӯрон садопардаҳо хуб инкишоф ёфтаанд. Бинобар ин, онҳо овозҳои гуногун мебароранд ва ба воситаи овозашон ҳамдигарро меёбанд, аз ҷойи мавҷудияти худ ва таҳдиди хатар хабар медиҳанд, бо ҳамдигар муносибат мекунанд ва ғайрй.

Узвҳои гардиши хун. Ба монанди парандагон дили ширхӯрон низ аз 4 хона иборат аст: ду даҳлез ва ду меъдачаи дил. Ба монанди дигар ҳайвоноти муҳрадор хун ба бадан тавассути ду доираи гардиши хун (гардиши калон ва хурд) ҷорӣ мешавад. Дар хонаҳои чапи дил хуни шарёнӣ ва росташ варидӣ ҳаракат мекунад, ки онҳо аз рӯйи микдори оксигени таркибашон фарқ мекунанд. Хуни шарёнӣ аз оксиген ғанӣ аст ва ранги сурх дорад, хуни варидӣ бошад, тиратар аст (расми 103).

Дили ширхӯрон қобилияти зуд аз оксиген таъмин кардани бофтаҳои бадан ва аз боқимондаҳои нодаркори мубодилаи моддаҳо тоза карданро дорад.

Узвҳои ихроҷ. Ба монанди дигар ҳайвоноти муҳрадор оби зиёдатӣ ва боқимондаи нолозими мубодилаи моддаҳо, ки дар он ҳал шудаанд, тавассути гурдаҳо ва қисман ғадудҳои арақбарор хориҷ карда мешаванд. Гурдаҳо як ҷуфт буда, шакли лӯбиёро доранд ва дар ду паҳлуи муҳраҳои миён ҷойгир шудаанд. Пешоби дар гурдаҳо ҳосилшуда тавассути найчаҳои пешобгузар дар пуфаки пешоб ҷамъ мешавад ва бо найчаи пешоббарор ба берун хориҷ карда мешавад (расми 103).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image102.jpeg

Мубодилаи моддаҳо. Мураккабшавии сохти узвҳои ҳозима, нафасгирӣ, гардиши хун ба дараҷаи хубу олӣ гузаштани мубодилаи моддаҳоро дар ширхӯрон таъмин мекунад. Аз ҳисоби ба дараҷаи баланд гузаштани мубодилаи моддаҳо рӯйпӯши пашмини бадан дар баъзе намудҳо қабати ғафси равғани зери пӯст ҳарорати баланд ва доимии бадани ширхӯронро нигоҳ медорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

  1. Агар дар бораи таснифи минбаъдаи синфи ширхурон ва қаторҳои онҳо маълумот илова карда шавад, бисëр хуб мешуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *