Фанни Зоология

Пайдоиши парандагон

Хусусиятҳои монандии парандаҳо ва хазандаҳо. Пӯсти парандагон ба монанди хазандаҳо хушк аст ва ғадуд надорад. Пойҳои парандагон бо пулакчаҳои шохин пӯшида шудаанд. Пари онҳо ба монанди пулакчаҳои хазандагон аз моддаи шохӣ иборат аст. Ба монанди хазандагон маҷрои рӯдаҳо, роҳи пешоб ва узвҳои афзойиш (ҷинсӣ) ба мақъад кушода мешаванд. Аз ҳама бештар сохти тухм ва ҷанини хазандаҳо ва парандаҳо бо ҳам монандӣ доранд (расми 75). Чӯҷаи парандаи тропикӣ гоасин дар боли худ чангол дорад, ки ба воситаи он дарболои шохаҳои дарахт худро нигоҳдошта метавонад (расми 79). Ин монандиҳо ба дараҷаи хешигарӣ ва аз як авлоди пешина ба вуҷуд омадани ин ду синфро исбот мекунанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image84.jpeg

Нахустпарандагон. Ақидаҳои аз хазандаҳои қадим пайдо шудани парандаҳоро бозёфти боқимондаҳои парандаҳои қадим, ки дар қабати Замин — дар ангишт ва сангҳо нақш бастаанд, исбот мекунад (расми 80). Нақшҳои парандаҳои қадим дар қабати ангиштсанг солҳои 1861 ва 1877 дар Германия ёфт шуда буданд. Аз рӯйи ин нақшҳо олимон қиёфаи ин ҳайвонҳоро муайян карданд ва онҳоро (археоптерикс) нахустпарандагон ном доданд. Онҳо аз рӯйи андоза ба кабӯтар баробар буданд ва танаашон бо парҳо пӯшида шуда буд. Нахустпарандагон болҳои ҳақиқӣ, устухони соқи пой (севка) доштанд ва дар пояшон 3-то дар пеш ва якто дар ақиб чанголҳо мавҷуд буданд. Лекин аз рӯйи дарозии дум, мавҷуд будани дандонҳои майда дар ҷоғашон, аз ҳаво пур будани устухонҳо ва дигар аломатҳо ба хазандаҳо монанд мебошанд. Сохти болҳо, дум, дар устухони қафаси сина мавҷуд набудани теғаи сина ё устухони каъб аз он гувоҳӣ медоданд, ки онҳо дар болои дарахтон зиндагӣ мекардаанд ва хуб парвоз карда наметавонистаанд. Олимон тахмин мекунанд, ки нахустпарандаҳо 180 млн сол қабл аз хазандагони майда, ки дар болои дарахт умр ба сар мебурданд, ба вуҷуд омадаанд (расми 81).

§24. Гуногунии парандаҳо вобаста

БА ОМИЛҲОИ МУҲИТИ ЗИСТ

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image85.jpeg Парандаҳои ҷангал. Парандаҳои ҷангал ба монанди эзорсурхак, фотимачумчуқ, гунҷишкмонандҳо, титав, тазарв, дурроҷ ва парандаҳои даранда, одатан, боли кӯтоҳ ва думу чанголҳои боқувват доранд. Ин хусусиятҳои сохти бадан ба онҳо имконият медиҳанд, ки дар байни дарахтон ва шохҳои онҳо озодона парвоз кунанд. Вобаста ба тарзи хӯрокхӯрӣ ва таркиби хӯрок дар бисёр намудҳои парандагони ҷангалӣ нӯл, пойҳо ва дигар узвҳо махсусиятҳои худро доранд. Масалан, фотимачумчуқ, момоҷурғотӣ, думпараст, шонасарак, наматак ва ғайра, ки ҳашарот мехӯранд, барои аз қабати чуқури пӯсти дарахт гирифтани ҳашарот ва кирминаи онҳо нӯлҳояшон борику дароз шудааст. Ба воситаи чанголи боқувваташон дар болои шохи дарахт дар ҳамаи ҳолатҳо худро устувор нигоҳ медоранд.

Дар намудҳои гуногуни эзорсурхак барои зиндагӣ дар муҳити ҷангалзор хосиятҳо ба вуҷуд омадаанд. Яъне нӯли онҳо боқувват буда, шакли зоғнӯлро дорад ва бо он пӯсти дарахти аз ҳашарот сироятёфтаро мекафонад ва сӯрох мекунад (расми 82). Ба воситаи чунин нӯл чалғӯзаи дарахтони сӯзанбаргро дар фасли тирамоҳ, ки ҳашарот кам мешаванд, шикаста, мағзи онро мехӯрад.

Барои аз чуқурии пӯсти дарахт гирифтани ҳашарот ва кирминаи он забони дарози эзорсурхак, ки қисми охираш дандондор аст, ёрӣ мерасонад. Пойҳояшон боқувватанд, чорто ангушт-дуто ба пеш ва дутои дигар ба ақиб нигаронида шудаанд. Ин сохти ҷойгиршавии ангуштон барои дар танаи дарахт устувор нишастан ва дар ҳамаи ҳолатҳо барои ҳаракат кардан имконият медиҳад. Онҳо думи боқувват доранд ва ин сохти дум ҳамчун узви такя дар пояи дарахт хизмат мекунад. Парандаҳои калони ҷангалӣ ба монанди мурғмонандҳо, титав, дурроҷ, мурғи ҳилол, тазарв, ғурғурак, кабк ва ғайра нӯли кӯтоҳу тези боқувват ва пойи устувор бо чанголҳои кӯтоҳ доранд. Бо чунин нӯлҳо онҳо меваҳо, чалғӯза ва наврустаҳои сабзи дарахтонро мехӯранд. Ба воситаи пойҳои боқувваташон заминро мекобанд, аз он ҷо кирмҳо, ҳашарот ва тухми растаниҳоро ёфта мехӯранд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image86.jpeg

Парандаҳои дашт ва биёбон. Парандаҳои ҷойи кушод, одатан, гардану пойи дарозу боқувватдоранд. Ин барои аздурдидани душмани худ ва бо пойи боқувват гурехтан ва пинҳон шудан ба ин парандаҳо имконият медиҳад. Ба чунин гурӯҳи экологии парандагон шутурмурғ, дуғдоғ, турна, куланг ва ғайраҳо дохил мешаванд (расми 83). Дар байни ин парандаҳо шутурмурғи африқоӣ калонтарин мебошад. Андозаи баданаш то 2,75м ва вазнаш то 75кг мешавад. Онҳо парвоз намекунанд, барои он ки усутухони теғаи сина надоранд ва болҳояшон заиф мебошанд. Шутурмурғон барои тез давидан мутобиқ шудаанд, яъне ангушти пойҳояшон дуто аст ва бо суръати то 60 — 70км дар як соат давида метавонанд. Онҳо гурӯҳ — гурӯҳ шуда зиндагӣ мекунанд. Тухми растаниҳо, ҳашарот ва калтакалосҳоро мехӯранд. Чун ҳайвоноти биёбонӣ онҳо низ обро кам истеъмол мекунанд.

Парандаҳои фазои кушод. Ба ин гурӯҳи экологӣ фароштурукҳо, достакҳо дохил мешаванд, ки онҳо бо парвози тез ва чобукашон фарқ мекунанд (расми 84). Дар онҳо бол дароз ва борик аст, мушакҳои синагӣ инкишофёфта буда, думи қайчимонандашон вазифаи рулро иҷро мекунад. Ин парандаҳо нӯл ва пойи кӯтоҳ доранд. Даҳони кушодашон барои доштани ҳашарот ҳангоми парвоз дар ҳаво мусоидат мекунад. Фароштурукҳо парвозкунон об мехӯранд, оббозӣ мекунанд ва ҳашаротро медоранд. Онҳо аз сабаби пойи кӯтоҳ ва боли дароз доштан дар замин нағз роҳ гашта наметавонанд, бинобар ин, ба замин кам мешинанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image87.jpeg

Парандаҳои ботлоқ, обанборҳо ва соҳили онҳо. Бисёр намудҳои ин гурӯҳ, ба монанди лаклакҳо, қозҳо, кулангҳо нӯл, пойҳо ва гардани дароз доранд, ки барои хӯрокхӯрии ин парандагон мусоидат мекунад (расми 91). Дар ин парандаҳо ғадуди думғоза нағз инкишоф ёфта, аз худаш моддаи равғанӣ ҷудо мекунад ва парҳои онҳоро аз таршавӣ нигоҳ медорад.

Ба ин гурӯҳи экологӣ ғозҳо, мурғобиҳо, қуҳо мансубанд, ки онҳо дар обанборҳои хурд зиндагӣ мекунанд. Нӯли онҳо паҳну пойҳояшон кӯтоҳ буда, байни ангуштҳо парда барои шиноварӣ доранд. Ҳамаи мурғобиҳо шиновари хуб мебошанд. Ба ин нисбатан паҳн будани қисми поёнии тана, мутаносибан ақибтар ҷойгир шудани пой ва дигар хосиятҳои сохти бадан мусоидат мекунад. Мурғобиҳо дар рӯйи замин нағз ҳаракат карда наметавонанд. Парҳои тибитӣ ва равғани дар зери пӯст инкишофёфта бадани онҳоро аз хунукӣ муҳофизат мекунанд.

Парандаҳои дарандаи рӯзона. Чанголҳои онҳо дароз, тез ва чангакмонанд буда, ба воситаи онҳо тӯъмаро медоранд. Иӯли кӯтоҳ ва боқувват доранд. Нӯги нӯлашон чангакшакл буда, ба поён қат шудааст. Ба воситаи нӯли чангакшакли худ тӯъмаи худро бо осонӣ пора мекунанд. Аксарияти онҳо тез парвоз мекунанд, тӯъмаи худро вақти парвоз дошта мегиранд.

Парандагони даранда дар муҳитҳои гуногун — ҷангал, кӯҳҳо ва водиҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо парандаҳо, хазандаҳо ва ширхӯрони майдаро мехӯранд. Дар болои дарахтон ва ҷойҳои дастнораси кӯҳҳо ва теппаҳо лона месозанд. Аксарияти парандаҳои дарандаи калони рӯзона ҷуфт- ҷуфт шуда зиндагй мекунанд. Ин парандаҳо лонанишин мебошанд. Ба парандаҳои дарандаи рӯзона уқоб, шоҳин, боша, қирғӣ, каргас, калхот, лочин, боз, ғаҷир ва ғайра мансубанд (расми 85). Баъзе намудҳои парандаҳои дарандаи рӯзона, масалан, каргасҳо ё ки калмурғҳо ҳайвонҳои мурдаро мехӯранд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image88.jpeg

Парандаҳои дарандаи шабона. Ба ин гурӯҳ чуғзҳо (чуғз) ва бумҳо мансубанд (расми 86). Ин парандаҳо сайди худро шабона шикор мекунанд, бинобар ин ба муҳити зисти шабона мутобиқ шудаанд. Онҳо низ нӯли қатшуда ва чанголҳои тез доранд. Чашмони тез ва мардумаки чашми пуррабозшаванда ба онҳо имконият медиҳад, ки тӯъмаи худро дар торикӣ бинанд. Узви шунавоии хеле ҳассос доранд. Бар хилофи парандаҳои дарандаи рӯзона болу пари парандаҳои шабона нарм мебошад, бинобар ин, онҳо шабона беовоз парвоз мекунанд ва сайди худро ба осонӣ медоранд. Ин парандаҳо асосан ҳайвоноти мушмонандро мехӯранд. Рӯзона дар ҷойҳои торик пинҳон мешаванд.

§25. Муҳофизат ва ҷалб намудани парандаҳо.

Парандаҳои шикорӣ

Аҳамияти парандаҳо дар табиат ва ҳаёти одам. Бисёр намудҳои парандаҳо ҳашароти зараррасон ва барангезандаҳои касалиҳои одам ва ҳайвонотро нобуд мекунанд. Фотимачумчуқ дар як рӯз 400 маротиба барои чӯҷаи худ хӯрок меоварад. Миқцори ҳашароти зараррасонро на танҳо парандаҳои ҳашаротхӯр, балки парандаҳои донхӯр, гунҷишкон, дурроҷ ва ғайра дар давраи парвариши чӯҷаҳояшон хеле кам мекунанд. Парандаҳои даранда- боша, чуғз, шоҳин, бумҳо бисёртар хояндагону мушмонандҳоро, ки сироятгари касалиҳои гуногун ва зараррасони хоҷагии халқ ва кишоварзӣ мебошанд, нест мекунанд. Саргини парандаҳоро ҳамчун поруи сифатнок ва пари онҳоро низ истифода мебаранд.

Парандаҳои шикорӣ. Дар ҷумҳурии мо ва берун аз марзи он бисёр намудҳои парандагон аз тарафи инсон шикор карда мешаванд, ки онҳо аҳамияти саноатӣ доранд (расми 90). Асосан парандагони мурғмонанд — кабк, титав, тазарв, мурғобӣ, бедона ва қозҳоро шикор мекунанд.

Муҳофизат ва ҷалб кардани парандаҳо. Парандаҳо дар нест кардани ҳашароти зараровар ёрдамчии аввалини инсон мебошанд. Бинобар ин, ҳар як инсон бояд барои парандаҳои диёри худ ғамхор бошад ва онҳоро муҳофизат кунад, барояшон дар болои дарахтон лонаҳои сунъӣ созад. Дар лонаҳои сунъӣ майна, фотимачумчуқ, достак, заргулдор, пашшахӯрак ва амсоли инҳо зиндагӣ мекунанд. Дар фасли зимистон барои парандагони муқимӣ, ки миқцори хӯрок хеле кам мешавад, додани хӯрок (боқимондаи хӯроки инсон, нонрезаҳо, тухми растаниҳо, ғалладона ва ғайра) аҳамияти калон дорад. Барои танзими миқцори парандаҳои шикоршаванда, шикори онҳо дар як мавсими муайян иҷозат дода мешавад. Дар вақги афзойиши парандаҳо шикор қатъиян манъ карда мешавад. Дар ҷойҳое, ки намудҳои камшумор зиндагӣ мекунанд, мамнӯъгоҳҳои Дашти Ҷум, Зоркӯл, Ромит ва Бешаи палангон мавҷуданд, кидар минтақаи онҳо ҳамаи ҳайвонҳо, аз он ҷумла парандагон дар асоси қонун ҳимоя карда мешаванд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image89.jpeg

§26. Парандаҳои хонаги

Намудҳои парандаҳои хонагӣ. Ба парандаҳои хонагӣ мурғ, мурғобӣ, қоз, мурғи марҷон, товус, тӯтӣ ва ғайра мансуб мебошанд. Бисёрии онҳоро одамон бо мақсади гирифтани гӯшт, тухм, пар парвариш мекунанд. Мурғҳо бештар дар хоҷагӣ аҳамият доранд, зеро онҳо ҳарчихӯр ва беоранд, яъне дар ҳамаи шароитҳо зиндагӣ карда метавонанд. Баъзе намудҳои парандагонро инсон ҳамчун воситаи зебоӣ, оройишӣ ва варзишӣ аз давраҳои қадим истифода мебарад.

Мурғи хонагӣ. Мурғони хонагӣ 4500 сол муқаддам аз тарафи сокинони Ҳиндустон аз мурғони ёбоии банкивӣ ром карда шуда буданд, ки онҳо то ҳозир дар ҷангалзорҳои Ҳиндустон, Бирма ва Малайзия зиндагӣ мекунанд.

Минбаъд аз онҳо зотҳои нав рӯёнда шудаанд. Маҳсулнокии онҳо нисбат ба авлоди ёбоиашон якчанд маротиба афзун аст. Масалан, микдори тухм аз 8 -12 то 200 дона дар як сол расид. Вазнашон бошад, аз 800 г. (мурғи банкивӣ) то ба 4 — 5кг мерасад. Ба мурғони хонагӣ мурғи сафеди русӣ, леггорнӣ, юрловӣ, қоз, мурғобӣ, мурғи марҷон ва ғайра мансубанд (расми 88).

Мурғҳоро аз рӯйи зоташон ба сергӯшт, сертухм ва умумӣ (сергӯшту сертухм) ҷудо мекунанд. Дар Тоҷикистон ва берун аз марзи он бештар мурғҳои сертухм ва сергӯшту сертухм парвариш карда мешаванд. Ба мурғони сертухм мурғи сафеди русӣ, ки дар натиҷаи ҷуфткунии мурғи амрикоӣ ва англисӣ бо мурғи таҳҷойии русӣ ба вуҷуд оварда шудааст, мансуб мебошад. Мурғи сафеди русӣ аз мурғи леггорнӣ калонтар аст, тухми калон мезояд ва дар шароитҳои гуногун зиндагӣ карда метавонад. Дар як сол аз 165 то 200 дона тухм мезояд. Аз зоти мурғҳои сертухм — мурғи юрловӣ, якуми май ва загорскӣ бештар паҳн шудаанд. Вазни ин мурғҳо то 4кг мешавад ва дар як сол аз 85 то 210 дона тухм мезоянд.

Барои бо гӯшту тухм мунтазам таъмин кардани аҳолӣ фабрикаҳои мурғпарварӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 300 ҳазор сар мурғро парвариш мекунанд. Ҳар як фабрикаи мурғпарварӣ барои

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image90.jpeg

гирифтани тухм ё гӯшт махсус гардонида шудааст. Дар ҳар як фабрика сехҳои мокиёну хурӯс, волидайн, сехи чӯҷабарорӣ, сехи саноатии мурғони тухмзой ва дар фабрикаи истеҳсоли гӯшти мурғ бошад, сехҳои фарбеҳ кардани чӯҷаҳо мавҷуданд. Ба мурғҳо ва чӯҷаҳо аз рӯйи меъёр ва низоми муайян хӯрокҳои серғизо, витаминдор, алафҳои тару тоза, намакҳои калсийдошта ва амсоли инҳо дода мешаванд. Дар инкубатор ҳамаи шароитҳо барои чӯҷабарорӣ мавҷуданд.

Мурғобии хонагӣ, қоз ва мурғи марҷон. Мурғобии хонагӣ аз ёбоӣ ба вуҷуд омадааст. Мурғобиҳо, одатан, дар ҷойҳое, ки дарё, ҳавзҳо ва обанборҳо мавҷуданд, парвариш карда мешаванд. Тухми мурғобӣ хуштамъ нест, бинобар ин, онҳоро барои гӯшташон парвариш мекунанд.

Дар Тоҷикистон ва берун аз марзи он мурғобиҳои москвагӣ, украинӣ ва пекинӣ паҳн шудаанд. Мурғобй зуд калон мешавад. Дар 2-моҳагӣ вазнаш то ба 2,6кг мерасад. Мурғобии пекинӣ дар як сол то 120 дона тухм мезояд.

Қозҳои (ғоз ҳам мегӯянд) хонагӣ аз қозҳои хокистарранги ёбоӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар замони ҳозира бештар қозҳои зоти холмогорӣ ва қозҳои уралӣ паҳн шудаанд.

Мурғи марҷони хонагӣ. Ватани мурғи марҷон Мексика мебошад. Мурғи марҷон аз қатори мурғшаклони калони ёбоӣ ба вуҷуд оварда шуда буд. Он дар асри XVI ба Аврупо ва баъдтар ба Тоҷикистон оварда шуд. Тоҷикон онро мурғи марҷон меноманд. Зоти аз ҳама калони мурғи марҷон мурғи марҷони зард ба шумор меравад, ки хурӯсаш то 16кг ва мокиён то 9кг вазн дорад. Ба ғайр аз ин, боз зоти мурғи марҷони қафқози шимолӣ ва мурғи марҷони сафед парвариш карда мешаванд, ки аз рӯйи маҳсулнокӣ, пуртоқатӣ ва осон парвариш шуданашон аз дигар зотҳо бартарии калон доранд.

§27. Қаторҳои асосии парандаҳо

Қатори гунҷишкшаклон. Ба синфи парандаҳо зиёда аз 40 қатор мансубанд, ки намудҳои парандаҳои ба ҳамдигар монанд ва муносибатҳои авлодидоштаро дар бар мегиранд. Қатори гунҷишкшаклон қатори аз ҳама калонтарин ба шумор меравад. Ин қатор зиёда аз 5 ҳазор намуди гуногунро дар бар мегирад, ки аз онҳо 292 намудашон дар ҳудуди мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн шудаанд. Ба ин қатор зоғ, акка, гунҷишкҳо, сангобдавак, майна, зоғча, суфитурғай, фароштурук, фотимачумчуқва амсоли инҳо дохил мешаванд.

Қатори қозмонандҳо. Нисбатан сернамуд буда, аз рӯйи сохти баданашон ба шароити обӣ мутобиқшудаанд. Онҳо парандагони лонатарк мебошанд. Ба ин қатор мурғобиҳо, қозҳо, қози хокистарранг ва қӯи фарёдкаш дохил мешаванд.

Қатори пингвинҳо. Қатори пингвинҳо аз рӯйи сохти тана комилан махсусанд. Болҳои онҳо тангбару кӯтоҳ ва белшакл мебошанд, устухони теғаи сина надоранд ва устухонашон аз мағз пур аст, бинобар ин, онҳо парвоз карда наметавонанд. Онҳо ба шароити обӣ мутобиқ шудаанд ва хеле чобукона шино мекунанд. Пингвинҳо асосан дар Антарктика зиндагӣ мекунанд. Моҳиҳо, нармбаданҳо ва буғумпойҳоро мехӯранд.

Пингвинҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда лона месозанд. Аз ҳама намояндаи калонтарин шоҳпингвин мебошад, ки қадаш то 120 см ва вазнаш то 45кг мешавад (расми 89).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image91.jpeg

Қатори мурғмонандҳо. Аз руйи сохти танаашон фарқ мекунанд. Онҳо боли кӯтоҳу мудаввар доранд, бинобар ин, вазнин парвоз мекунанд.

Нӯлашон калон ва пурқувват мебошад. Пояшон чор ангушт дорад, Ин қатор рябчик, титав, дурроҷ (глухар) тазарв, чил, кабк, кабки ҳилол, бедона, мурғони хонагӣ ва ғайраро дар бар мегирад (расми 90).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image92.jpeg

Қатори парандаҳои дарандаи рӯзона ва шабона. Уқоб, шоҳин, калхот, боша, қирғӣ, лошахӯр, мурғи ҳумо, бургут, чугз, буми сафед, буми сиёҳ, буми гӯшдор ба ин қатор мансубанд. Ин парандаҳо даранда буда, бо хусусиятҳои ба худ хосашон фарқ мекунанд, ки шумо ба онҳо дар боби гузашта шинос шудед (расми 85-86).

Қатори пойдарозон. Лаклакҳо, турнаҳо ва шутурмурғон хеле диққатҷалбкунанда буда, пой, нӯл ва гардани дароз доранд. Бо хосиятҳои ба худ хоси онҳо шумо аллакай шинос шудед.

Қатори кабӯтармонандҳо, эзорсурхакҳо, достакмонандҳо ва кукуҳо аз ҳама намояндаҳои паҳншудатарин мебошанд. Кабӯтари хонагӣ ва

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image93.jpeg

ёбоӣ, харкафтар (шоҳкафтар), мусича, фохта ва қумрӣ аз ин қабиланд. Онҳо дону тухми растаниҳои гуногунро мехӯранд. Пагоҳӣ ва бегоҳӣ парвоз мекунанд. Дар вақти лонасозӣ ҷуфт шуда зиндагӣ мекунанд. Дар дигар ҳолатҳо селаро ташкил мекунанд. Ба қатори эзорсурхакҳо эзорсурхаки калон ва хурди ало, сабз ва сиёҳ дохил мешаванд. Онҳо ба муҳити зисти ҷангалӣ мутобиқати хос пайдо намудаанд.

Аз қатори достакҳо достаки сиёҳ ва миёнсафед паҳн шудаанд. Онҳо аз рӯйи намуди беруна ба фароштурукҳо монанд мебошанд, ки ин монандӣ барои дар муҳити зисти якхела зиндагӣ кардани онҳо вобастагӣ дорад. Аз қатори кукумонандҳо кукуи муқаррарӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст. Ба куку хосияти муфтхӯрии лонагӣ хос мебошад, ки ин аз сабаби ҳашаротхӯр будани ин, яъне худаш ва чӯҷаҳояшро бо ҳашарот таъмин карда натавонистанаш ба вуҷуд омадааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *