Фанни Зоология

Қатори хартумдорон

Ба ин қатор аз ҳайвоноти ҳозира филҳо-фили ҳиндустонӣ ва африқоӣ мансубанд (расми 120). Филҳо аз ҳайвоноти азимҷуссаи хушкигард ба шумор мераванд. Танаи азимҷуссаи онҳо бо пӯсти ғафс ва қариб бемӯйина пӯшида шудааст.

Филҳо аз дигар ҳайвонот бо хартум фарқ мекунанд. Хартум вазифаи

доштану хӯрдани хӯрок, об, муҳофизаткунӣ ва дар баланд шудани ҳарорати ҳаво ба худ об пошиданро иҷро мекунад. Дар нӯги хартум барҷастагиҳои нозук ва ҳассос ҷойгир шудаанд, ки тавассути онҳо ҷисмҳои хӯрдандозаро аз рӯйи замин чинда гирифта метавонад. Хартум дар филҳо аз сабаби кӯтоҳ будани гардан, сари хеле калон ва пойҳои сутунмонанди калон доштан ба вуҷуд омадааст. Аз дандони филҳо як ҷуфт дандони калони шаклдигаркарда — дандони ҷоғи болоӣ (дар филҳои ҳиндустонӣ фақат дар ҷинсҳои нарина дида мешавад) ба берун сабзида мебароянд. Ин дандонҳо дандонҳои «бивнӣ» ном доранд. Дар филҳо дандонҳои ашк мавҷуд нестанд. Хӯроки растанигиро онҳо бо чор дандони курсӣ хойида майда мекунанд. Дар зери пӯсти кафи пой ва байни ангуштони филҳо болиштаки сахту чандир ва ёзанда ҷойгир шудааст, ки дар вақти роҳгардӣ сатҳи кафи пояшон васеъ шуда, сатҳи такяро зиёд мекунад. Нӯги ангушташон сумчаҳо дорад. Бинобар ин, филҳо беовоз роҳ мегарданд ва дар заминҳои нарм ва ботлоқ ба осонӣ гаштугузор карда метавонанд. Фили африқоӣ аз рӯйи калон будани суфраи гӯш ва андозаи танааш фарқ мекунад. Ҷинси модинааш дар чор сол як маротиба 1 — 2 бача мезояд. Дар синни 12 — 20-солагӣ ба балоғат мерасад. Фили ҳиндустонӣ нисбатан хурдтар аст ва дар синни 8 -12 — солагӣ ба балоғат мерасад. Дар замони ҳозира миқцори филҳо хеле кам шудааст. Онҳоро инсон дар корҳои хоҷагии худ пурмаҳсул истифода мебарад.

image119.jpeg

Аломатҳои умумии қатор. Ин қатор ширхӯрони мураккаб ва олиташкилро дар бар мегирад. Онҳо аввалин ширхӯрони дарахтгард мебошанд, ки пойҳои панҷангуштаи қапанда доранд. Бештар аз 200 намуди онҳо маълум аст.

Қатори приматҳо («прима» — маънои «нахустин, олӣ»- ро дорад). Ба ин қатор намудҳои гуногуни маймунҳо — мартишка, павиан, горилла, шимпанзе, орангутан ва амсоли инҳо мансубанд (расми 121). Аз рӯйи сохти беруниашон маймунҳо ба одам монандӣ доранд. Чашмҳои онҳо ба пеш нигаронида шудаанд. Дар ангуштони онҳо (ба ғайр аз баъзе намудҳо) ба ҷойи чангол нохуни ҳамвор инкишоф ёфтааст, мағзи сар, хусусан нимкураҳо нағз инкишоф ёфтааст, бинобар ин, қисми зиёди скелети косахонаи сарро сарпӯши мағзи сар ишғол мекунад. Дар пойҳои пеш ангушти якум (нарангушт) зидди дигар ангуштҳо ҷойгир шудааст. Дар маймунҳо ба монанди одам ду ғадуди шир дар қисми сина боқӣ мондааст. Маймунҳо шакп ва рангро хуб фарқ мекунанд. Онҳо ҳам ғизои растанигӣ ва ҳам ҳайвонотро мехӯранд. Бачаи бино мезоянд, лекин мустақилона роҳ гашта наметавонанд. Модар ӯро бо як дасташ ҳамроҳи худаш гирифта мегардад.

Маймунҳо рӯзона фаъоланд. Рама шуда зиндагӣ мекунанд. Маймунҳо аз рӯйи баъзе аломатҳои фарқкунандаашон ба якчанд оила тақсим мешаванд.

Оилаи мартишкамонандҳо. Аз ҳама қатори сернамуд ба шумор меравад. Ба он мартишка, макакаҳо ва павианҳои гуногун дохил мешаванд (расми 121). Онҳо рамароташкил мекунанд, дар болои дарахт ва замин нағз ҳаракат мекунанд. Хӯроки растанигиро мехӯранд. Макакаҳо рӯй ё рухсораи кампашм доранд. Дар болои дарахт ва замин зиндагӣ мекунанд. Дар онҳо имову ишора (мимика), ҳаракатҳои қош ва лабҳо нағз инкишоф ёфтааст. Павианҳо бо калонҷуссагӣ ва дарозии фукашон фарқ мекунанд.

Оилаи маймунҳои одамшакл. Ба ин намуди маймунҳои ҳозира шимпанзе, горилла, орангутан ва гиббонҳо мансубанд. Онҳо маймунҳои

image120.jpeg

олиташкил буда, бо рафтори мураккаби худ ва монандиашон ба одам фарк, мекунанд. Рӯяшон васеъ ва луч аст, суфраи гӯшҳояшон хурд, симояшон нағз тараққӣ кардааст, дум надоранд. Онҳо асосан хӯроки растанигиро мехӯранд. Рамаи худро ташкил мекунанд. Дар замин бо чор пой мегарданд, ба кафи пой ва даст такя карда озодона мешинанд. Шабро дар болои дарахт, дар лонае, ки аз шохҳои дарахтон месозанд, мегузаронанд. Ҷинсҳои модина дар як сол 1 маротиба 1 — 2 бача мезоянд. Барои насл ҳарду ҷинс ғамхорӣ мекунанд. Маймунҳои одамшакл баъзе олотҳои содаро истифода бурда метавонанд. Ба қатори приматҳо оилаи одамон низ дохил мешаванд, ки як намуди одами ҳозира — «одами хирадманд»-ро дар бар мегирад.

§40. ГУРӮҚҲОИ ЭКОЛОГИИ ШИРХӮРОН

Ҳайвонҳои ҷангалӣ. Ҷангал ҷойи зисти бисёр намудҳои ширхӯрон ба шумор меравад. Дар ин шароит онҳо хӯрок ва паноҳгоҳи худро меёбанд. Ба сокинони хоси муҳити ҷангал санҷоб, самур, гавазн, оҳуи бухороӣ, мири мушон ва ғайраҳо мансубанд. Санҷоб қисми зиёди ҳаёти худро дар болои дарахтон мегузаронад. Вай тухми растаниҳои сӯзанбарг, чормағз ва ғилофакмеваҳоро мехӯрад. Дар ковокиҳои танаи дарахтон ё лонаи худ, ки аз шохчаҳои дарахтон месозад, зиндагӣ мекунад.

Самур. Ҳаёти нимдарахтӣ ва нимхушкиро аз сар мегузаронад. Хӯрокро асосан дар замин ёфта мехӯрад. Меваҳои ҷангалӣ ва мушмонандҳоро мехӯрад. Дар ковокии дарахтон зиндагӣ мекунад.

Лос. Гавазн. Ширхӯри калони рӯйизаминй аст. Баргу шохҳои растаниҳо ва алафҳои ҷангалиро мехӯрад. Вазнаш то бООкг мерасад. Дар ҷангалзорҳои мамлакатҳои Шимол паҳн шудааст. Ҷинсҳои наринаашон шохҳои шохронда доранд, ки ҳар сол як маротиба онро нав мекунанд. Онҳо тоқа ва гурӯҳ — гурӯҳ зиндагӣ мекунанд. Дар ҷангалзорҳои кӯҳии Тоҷикистон оҳуи бухороӣ ё холгавазн зиндагӣ мекунад, ки яке аз калонтарин ҷуфтсуми ваҳшии ҷумҳурии мо ба шумор меравад. Дарозии баданаш 150-180см ва вазнаш то 200кг мерасад. Онҳо хӯрокро дар рӯйи замин дарёфт мекунанд. Насли худро дар ғорҳои худашон мезоянд ва парвариш мекунанд.

Ҳайвоноти сокини фазои кушод (марғзор, дашт ва биёбон). Чунин ҳайвонот дар шароити васеъ ва кушоди табиӣ, ки паноҳгоҳҳои табиӣ надоранд, зиндагӣ мекунанд. Намояндагони хоси ин гурӯҳи экологӣ гӯрхар, ғизол, ҷейран ё киик ва ғайра ба шумор мераванд. Қисми зиёди ҳаёти онҳо дар чарогоҳҳо мегузарад.

Ширхӯрони кобанда ё ки зеризаминӣ. Онҳо қариб тамоми ҳаёти худро дар ғорҳои зеризаминиашон мегузаронанд. Намояндаи асосии ин гурӯҳ кӯрмуши муқаррарӣ ба шумор меравад. Пойҳои пеши кӯрмушҳо кобанда ва боқувват аст, узви биноии онҳо хеле хурд буда, гӯшҳояшон аз ҳисоби мушакҳои гирдигӯшӣ баста мебошанд. Суфраи гӯш надоранд. Пашми танаашон кӯтоҳ, зич ва суфта аст. Онҳо тавассути узвҳои ломиса ва ҳис ҳаракат мекунанд. Хоки кандаи худро тавассути фуки худ ба берун тела дода мебароранд. Ҳамаи ин хусусиятҳо ба зиндагии зеризаминии онҳо мусоидат мекунанд. Онҳо дар ғорҳои худ ҳаракат карда, ҳар гуна кирмҳо, ҳашарот ва кирмакҳои онҳоро хӯрда фоидаи калон мерасонанд.

Ширхӯрони нимобӣ ва обӣ. Ба ширхӯрони нимобӣ қундуз, каламуши обӣ, муши обӣ ва ғайра мансубанд. Қундузҳо хояндаҳои калон буда, дар обанборҳо ва дарёҳои ҷангалӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо растаниҳо, шоху поя ва навдаҳои дарахтони бед, сафедор ва ғайраро истеъмол мекунанд. Қундузҳо дар ғорхонаҳои кандаи худ зиндагӣ мекунанд, ки як канори (гӯшаи) онҳо ба лаби об ва дигараш ба чайлаҳои худашон, ки аз шохҳо месозанд, кушода мешаванд. Калламуши обӣ реша, поя, шохҳои дарахтон ва нармбаданҳову ҳашаротро мехӯрад. Баъзан аз қамишҳо ва алафҳо барои худ чайлахона месозад.

Муши обӣ дар соҳили дарёҳо ва обанборҳои обашон сустҷоришаванда зиндагӣ мекунад. Онҳо ҳаёти махфиёна доранд. Нармбаданҳо, ҳашарот ва кирминаи онҳо, растаниҳо ва баъзан моҳиҳоро мехӯранд. Онҳо дар ғорҳои худ, ки ба қаъри об роҳдорад, зиндагӣ мекунанд.

Аз сабаби зиндагии нимобиро аз сар гузаронидан, дар байни ангуштон пардаи шиноварӣ ба вуҷуд омадааст. Дар вақти ба об ғӯта задан сӯрохии бинӣ ва гӯшашон маҳкам мешавад. Мӯйинаи танаашон зич аст, бинобар ин, об ё намиро ба худ намегиранд.

§41. ҲОДИСАҲОИ МАВСИМИ ДАР ҲАЁТИ ШИРХУРОН

Давраи афзойиш, тавлидшавии насл. Ҳаётгузаронии ширхӯрон низ чун дигар ҳайвонот дар фаслҳои сол доиман тағйир меёбад. Аввали баҳор ё аввали тобистон онҳо афзойиш мекунанд. Аз ин ҷиҳат, инҳо ҳаёти махфиёнаро аз сар мегузаронанд. Масалан, рӯбоҳ, ки одатан дар ҷойи кушод ҳаёт мегузаронад, дар давраи афзойиш ва пайдошавии насли худ дар байни буттазорҳо, алафзори зич барои худ ғор кофта, бача мезояд ва онҳоро ба таври пинҳонӣ парвариш мекунад.

Гургҳо ҳам бачаҳои худро дар ҷойҳои ноаёни байни буттазорҳо, ҷарҳо, ғорҳои чуқур таваллуд карда, ба воя мерасонанд. Баъзе ҳайвонҳои кӯчанда дар давраи афзойишашон муқимӣ мешаванд. Баъди ба воя расондани насли худ, яъне ба зиндагии мустақилона гузаштани наслашон ҳайвонҳо муҳити зисти аз ваҷҳи хӯрок беҳтарро ҷустуҷӯ мекунанд.

Тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ. Аксарияти ширхӯрон пешакӣ ба зимистон тайёрӣ мебинанд. Яъне, онҳотӯлак мекунанд, ба миқцори зиёд хӯрок мехӯранд ва дар бадани худ равғанро захира мекунанд. Дар давраи тӯлаккунӣ зичии пашми бадан зиёд ва рангаш дигаргун мешавад. Масалан, заргӯш ранги зарди хокистарранги худро дигар карда, ранги сафедро ба худ мегирад, ки ин вайро дар муҳити барф ноаён мекунад. Тайёрӣ ба зимистон одатан ба кӯч бастан ё ки сафарӣ шудани ҳайвонот алоқа дорад. Масалан, оҳуи шимолӣ аз тундра ба ҷангалҳо ва тайга сафар мекунад, то ки аз зери барф хӯроки худро ба осонӣ ёфта хӯрад.

Бисёр ширхӯрони растанихӯр — хук, буз ва гусфанди кӯҳӣ, гавзан ва ғайра тобистон ба баландкӯҳ, марғзорҳои сералаф мебароянд ва дар фасли зимистон баръакс ба поёнтари водиҳо, ки ғафсии қабати барф камтар аст, мекӯчанд.

Ширхӯрони дашту биёбонҳо низ агар дар фасли баҳор дар қисми шимоли маҳалли сукунати худ маскан гиранд, дар фасли зимистон онҳо ба қисми ҷанубӣ, яъне ҷойҳои камбарф сафар мекунанд.

Ширхӯрони алафхӯри калон дар фасли зимистон гурӯҳҳо ва рамаҳои калонро ба вуҷуд меоранд. Гургҳо низ гурӯҳҳои калонро таъсис медиҳанд. Дар фасли зимистон бисёр ширхӯрони баҳрӣ ва кӯршабпаракҳо низ дар як ҷой ҷамъ шуда зимистонро мегузаронанд. Хирсҳо ва дигар дарандаҳо ғорҳо ва хонаҳои зимистонаи худро барои хоби зимистона тайёр мекунанд

Захиракунии хӯрок. Ин ҳодиса дар байни ширхӯрон, хусусан, хояндагон мушоҳида карда мешавад. Қундузҳо дар фасли зимистон шохчаҳо, поя, реша ва дигар қисмҳои растаниҳоро дар назди худ ҷамъ мекунанд. Ҳар як оилаи қундузи обӣ то 20м3 хӯрокро барои зимистонгузаронӣ захира мекунад. Мушҳои ҷангалӣ ғалладона ва тухми растаниҳоро дар лонаи худ, дар ковокии дарахтони ба рӯйи замин афтода ғун мекунанд. Санҷобҳо чормағз ва меваҳои ғилофакдори онҳоро дар ковокии танаи дарахтон ҷамъ меоваранд. Муши обӣ дар ғори худ нармбаданҳои дупалларо захира мекунад.

Хоби зимистона. Дар баробари кам шудани хӯрокворӣ ва бад шудани шароити хӯрокхӯрӣ баъзе намуди ҳайвонот (кӯршабпарак, хорпушт, мири мушон, юрмон ва ғайра) ба хоби зимистона мераванд. Дар вақги хоби зимистона дар ширхӯрон ҳарорати бадан паст ва тапиши дил ва ҳаракати узвҳои нафасгирӣ суст мешавад. Ҳамаи фаъолиятҳои физиологии онҳо аз ҳисоби захираи чарбуи дар баданашон ҷамъшуда давом мекунад.

Тағйирёбии шумораи фардҳои ширхӯрон. Дар табиат шароитҳои муҳити зисти ҳайвонот доимӣ набуда, ҳамеша тағййр ёфта меистад. Маслан, ба таври табиӣ такрорёбии камҳосилии сӯзанбарг ба камшавии шумораи санҷоб сабаб мешавад. Дар солҳои камҳосилӣ санҷобҳо маҷбур мешаванд, ки гулсангҳо, пӯсти дарахтон, занбӯруғҳо, тут ва ғайраҳоро хӯранд. Бисёр санҷобҳо дар фасли камхӯрокӣ аз гуруснагӣ нобуд мешаванд. Миқцори санҷобҳои нав тавлидшуда ба тезӣ кам мешавад. Дар соли серҳосилӣ ҳар як санҷоби модина то 10 — 15 бача мезояд ва онҳоро ба воя мерасонад. Дар соли камҳосилӣ бошад, фақат 4 — то мезояд.

Тағйирёбии миқцори фардҳои ҳайвонот натанҳо ба хӯрок, балки ба дигар омилҳо, ба монанди касалиҳои сирояткунанда ва зиёд шудани боришот вобастагии калон дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *