Фанни Зоология

Таълимоти Ч. Дарвин дар бораи инкишофи таърихии олами органикӣ

Ташаккули тасаввурот оид ба инкишофи таърихии олами ҳайвонот. Одамон аз қадим кӯшиш менамуданд, ки оид ба пайдоиши растаниҳову ҳайвонот маълумот дошта бошанд. Дар бораи инкишофи табиат солҳои тӯлонӣ ақидаҳои гуногун ҳукмрон буданд. Рӯҳониён даъво мекарданд, ки тамоми растанӣ ва ҳайвонҳо офарида шудаанд ва онҳо ҳеҷ вақт тағйир намеёбанд, аммо дар илм олимон далелҳои зиёде ҷамъ кардаанд, ки онҳо гувоҳи тағйирёбанда будани табиати зинда мебошанд. Дар вақти кофтуковҳо дар қабатҳои гуногуни Замин ҳайвонҳои сангшуда, устухонҳои ҷудогона ва скелети бутуни ҳайвонҳоро ёфтаанд, ки аз ҳайвонҳои ҳозира ба куллӣ фарқмекунанд. Боқимондаи баъзе ҳайвонҳои дар ин кофтуковҳо ёфтшуда нишон медоданд, ки ин намудҳо дар байни гурӯҳҳои гуногуни таснифоти ҳайвонҳо мавқеи мобайниро ишғол мекунанд. Масалан, дар стегосефала ҳам аломатҳои моҳиҳо ва ҳам обхокиҳо мавҷуд буданд. Ба омӯзиши ҳайвонҳои мурдарафтаи қадима илме машғул аст, ки онро палеонтология меноманд. Палеонтология аз калимаи юнонии «палеос» гирифта шуда, маънояш қадим аст. Дар вақти муқоисаи сохти ҳайвонҳои гуногун аломатҳои монандии байни онҳо маълум карда шуд, ки ин далели хешу табор будани онҳо мебошад. Масалан, монандӣ дар сохти скелет, узвҳои ковокии бадан дар хазандаҳо, парандаҳо ва ширхӯрон, хешигӣ ва пайдоиши онҳоро аз як решаи умумӣ мефаҳмонанд.

Ҳамин тариқ, далелҳое, ки илми морфологияи қиёсӣ низ ба даст овардааст, шоҳиди инкишофи таърихии олами ҳайвонот мебошанд. Морфология аз калимаи юнонии «морфе»-шакл гирифта шуда, маънояш шакли берунӣ мебошад. Дар тағйир ёфтани тафаккури олимон дар бораи табиати зинда илме, ки инкишофи ҷанинро меомӯзад, нақши муҳим дорад. Ин илм эмбриология ном дошта, аз калимаи юнонии «эмбрис» — ҷанин гирифта шудааст. Дар давраҳои аввали инкишофашон ҷанини ҳайвонҳои хордадори аз ҷиҳати таснифоти хешовандӣ наздикнабуда ва ҳатто ҷанини

инсон ба ҳамдигар хеле монанд мебошанд. Ин ҳодиса ба ҳамдигар муносибати хешӣ доштан ва пайдоиши онҳоро аз як авлоди пешгузаштаи умумӣ исбот мекунад. Дар асоси далелҳои палентологй, морфологияи қиёсӣ, ҷаниншиносӣ ва дигар илмҳо бисёр олимони пешгузашта фарзияи мухталифи инкишофи таърихии олами ҳайвонотро пеижиҳод кардаанд. Аммо онҳо бисёр масъалаҳоро чун намудҳои растаниҳо ва ҳайвонот чӣ тавр пайдо шудаанд, барои чӣ онҳо ин қадар гуногуншакланд ва ғайраро азҷиҳати илмӣ шарҳдода натавонистанд. Ба ин маа .алаҳофақат биологи англис Чарлз Дарвин дар китоби худ «Пайдоиши I жмудҳо бо роҳи интихоби табиӣ», ки соли 1859 нашр шуда буд, ҷавоби ипми дод.

Сабабҳои асосии инкишофи таи.рихии олами ҳ.тилонот.11. Дарнин дар вақти омӯхта! I ва муқои( :а кардани ҳпйвг и 1Ҳои I у| югу| I б; и агйир[ жзирии онҳо диққати махсус медиҳад. У мушоҳид.1 мекунад, ки наслҳои ҳар як ҷуфги ҳайвон аз руйи ба1.зв аломатҳои сохт, фаьолияти ҳаётиашон ҳам аз волидлйнаш ва ҳам аз ҳамдигар тафовут доранд. Дар байни фардҳои фоғимачумчуқё ягон намуди парандаи дигар дар дарозии бол, болҳои дум, андозаи нул ва ғайраҳо тафовут дида мешавад. Дар табиат ду ҳайвони пурра ба ҳамдигар монандро ёфтан хеле мушкил аст. Тағйирпазирӣ хосияти умумии ҳамаи организмҳои зинда мебошад. Ба ғайр аз ин Ч. Дарвин дуюмин хосияти муҳими организмҳои зинда — ирсиятро, яъне аз насл ба насл гузаштани аломатҳоро нишон дод. Масалан, аз тухми мурғ чӯҷае мебарояд, ки ба вай аломатҳои ҳамон мурғ хос аст. Дар асоси мушоҳидаҳои бисёр Ч. Дарвин ба хупосае омад, ки дар табиат интихобу тагиирпазирӣ мавҷуд буда, онҳо ба меросй мегузаранд. Масалан, ҳайвонҳои даранда пеш аз ҳама ҳамон фардҳои алафхӯреро нест мекунанд, ки онҳо суст ва касалӣ мебошанд. Дар раванди интихоби табиӣ ҳамон фардҳое зинда мемонанд, ки онҳо қобилияти хуби давидан доранд ва ба шароити муҳит зобовар мебошанд. Пеш аз ҳама ҳамон фардҳое боқӣ мемонанд, ки ранги баданашон ба ранги муҳити зисташон бештар монанд аст. Аз тарафи дигар ҳайвонҳои алафхӯр ба интихоб дар байни дарандаҳо таъсир мерасонанд (дарандае, ки сайдро дошта наметавонад, |урусна мемонад). Агар ин ё он намуд тез афзоиш кунад ва масоҳати калонро ишғол кунад, интихоб метавонад якчанд самт дошта бошад. Бо мурури замон аз як намуд ду ё якчанд намуд ҳосил мешавад. Масалан, арзанхӯраки дарахти арча ва дарахти санавбар аз як намуди паранда найдо шудаанд, чунки пешгузаштагони онҳо дар вақти паҳншавӣ дар шароити мухталиф афтидаанд.

Дар ҷангали санавбар ҳамон фардҳое зинда мемонанд, ки нӯли пурқувват доштаанд, баръакс дар ҷангали дарахти арча фардҳои нӯли майдадошта зинда мемонанд. Тафовут дар нӯли ин ду паранда ба он вобаста буд, ки аз чалғӯзаи санавбар гирифтани тухм нисбат ба чалғӯзаи дарахти арча мушкилтар аст. Намудҳои гуногуни ҳайвонотдар шароити нкхелаи зиндагӣ низ пайдо мешаванд. Масалан, дар ҷазираҳои уқёнусҳо, ки доимо щамоли сахт мевазад, ҳашароте зиндагӣ мекунанд, ки аз як Нпмуди ҳашарот пайдо шудаанд, аммо баъзе аз онҳо боли нағз мраққикарда доранд, дигарашон бол надоранд. Дар муҳити зист зинда

мондани ҳайвонҳои аз ҳама хуб мутобиқшударо Ч. Дарвин интихоби табии номид. Дар асоси далелҳои фаровон Ч. Дарвин исбот кард, ки ҳамаи гуногуншакпии намудҳодартабиат ва ҳамаи мутобиқшавиҳои ҳайвонот ба шароити зиндагӣ натиҷаи интихоби табиӣ мебошад. Ба ғайр аз ин Ч. Дарвин исбот кард, ки мутобқшавӣ хосияти нисби дорад ва он гарави пурраи зинда мондани ин ё он намуди ҳайвон дар шароити табиӣ шуда наметавонад. Масалан, малахи боғии сабз дар байни алафҳои сабз барои душманаш ноаён аст, вале агар ҳамин малах дар хоки сиёҳтоб бошад, тӯъмаи ҳашаротхӯр мешавад.

Ба вуҷуд овардани зотҳои ҳайвоноти хонаги. Интихоби суъни. Инсон зотҳои сершумори ҳайвоноти хонагиро ба вуҷуд овардааст: чорвои калон ва майда, асп, саг, харгӯш, мурғ, мурғобӣ, кабӯтар. Зотҳои моҳиён — моҳиҳои ҳавзу аквариум низ ба вуҷуд оварда шудаанд.

Инсон ҳар боре, ки дар х,айвоноти хонагии худ ягон хосияти ба худ фоиданокро эҳсос мекард, ё ба қавли Дарвин мегуфт, онро интихоб мекард. Насли онро, агар вай ҳамон аломатҳои фоиданокро медошт, муҳофизат мекард. Чунончи, аз байни сагҳо саги аз ҳама пойдарозу тездавро интихоб карда, зоти сагҳои бодпо — саги тозиро ба вуҷуд оварданд ва сагҳои аз ҳама пойкӯтоҳро интихоб карда, зоти саги посбонро ба вуҷуд оварданд. Дар вақти ба вуҷуд овардани зоти сершири чорвои калони шохдор, ҳайвонро аз рӯйи аломатҳои қобилияти ширдиҳиашон интихоб мекунанд ва ба ҷуссаи он диққат намедиҳанд. Дар раванди ба вуҷуд овардани зотҳои сергӯшт ҳайвонҳои аз ҳама калонро, ҳатто агар онҳо шири кам диҳанд ҳам, интихоб мекунанд. Чунин интихобро Дарвин интихоби сунъӣ номид, зеро онро инсон иҷро мекунад.

Инсон интихоби сунъиро истифода карда, дар давраи кутоҳи таърихи зотҳои нави ҳайвоноти хонагиро ба вуҷуд меоварад. Чунончи, саг қариб 15 ҳазор сол пеш хонагӣ карда шуда буд. Ҳоло садҳо зоти саг ба вуҷуд оварда шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *