Фанни Зоология

Пайдоиши ширхурон

Нахустдарандагон ва дарандагон

Пайдоиши ширхӯрон. Аз рӯйи сохти берунӣ ва дохилиашон дар байни ширхӯрон ва хазандагон монандии зиёде мушоҳида карда мешавад. Хусусан, аломатҳои умумии давраҳои аввали инкишофи ҷанин зоҳир мешаванд, ки ҳамаи ин аз хешигии байни ин ду гурӯҳи ҳайвонҳои муҳрадор шаҳодат медиҳад ва аз хазандагони қадим пайдо шудани ширхӯронро исбот мекунад. Ин ақидаро бозёфтҳои скелети калтакалосҳои дарандадандон тасдиқ мекунанд (ба §16 нигаред). Ин калтакалосҳо ба ширхӯрон аломатҳои монандӣ доштанд. Ба ғайр аз ин, дар замони ҳозира шурхӯроне мавҷуданд, ки аз рӯйи сохташон ба хазандагон наздик мебошанд. Ба онҳо нахустдарандагон ё ки ширхӯрони тухмзой мансуб мебошанд.

Ширхӯрон ба монанди парандагон аз хазандагони қадимӣ ба вуҷуд омадаанд. Хусусияти асосии ширхӯрон ин зиндазойӣ ва насли худро бо шир таъмин кардан мебошад. Лекин дар намояндаҳои гуногуни ҳозираи синфи ширхӯрон хусусиятҳои номбурда як хел инкишоф наёфтааст. Аз ҳамин сабаб ба ду зерсинф — нахустдарандагон ва дарандагон ҷудо мешаванд. Онҳо дар навбати худ ба халтадорон ва ҳамроҳакдорон тақсим мешаванд.

Зерсинфи тухмзойҳо ё ки нахустдарандагон. Ба ин гурӯҳи ширхӯрон ширхӯрони тухмзой, ки фақат дар Австралия ва ҷазираҳои гирду атрофи он боқӣ мондаанд, мансубанд. Дар ин ҳайвонҳо аломатҳои содае, ки дар хазандаҳо будаанд, нигоҳ дошта шудаанд. Яъне маҷрои узви ихроҷ ва узви ҷинсӣ ба сӯрохии умумӣ — мақъад кушода мешавад, ҳарорати баданашон доимӣ меистад (аз 24°С то ба 34°С мерасад).

Аз ширхӯрони замони ҳозира ба тухмзойҳо мурғобинӯл ва ду намуди ехидна мансуб мебошанд.

Мурғобинӯл ҳайвони комилан ба худ хос буда, андозаи он қариб ба бОсм баробар аст (расми 105). Зиндагии нимобиро аз сар мегузаронад. Дар соҳилҳои дарёҳо зиндагӣ мекунад. Баданаш бо пашми зичи ҷигариранг пӯшида шудааст. Дар қисми пеши тана нӯли шохини паҳн дорад, ки тавассути он аз об ҳайвоноти бемуҳраро дошта мехӯрад. Нӯлаш ба нӯли мурғобӣ монанд аст. Номи ин ҳайвон низ аз ҳамин гирифта шудааст. Хӯроки худро мурғобинӯл бо узви ломиса, ки дар шакли риштаҳои асаб дар зери пӯсти нӯл ҷойгир шудааст, меёбад. Дар байни ангушти пойҳо парда ба вуҷуд омадааст, ки барои шино кардан мувофиқ аст. Мурғобинӯл қисми зиёди ҳаёти худро дар ғори хурд, ки одатан дар соҳили дарё мекобад, мегузаронад. Дар фасли баҳор ҷинси модина тухм гузошта, онро 10 шабонарӯз пахш мекунад. Аз тухм насли урён ва нобино мебарояд, ки минбаъд онҳоро бо шир таъмин мекунад. Ғадудҳои шири мурғобинӯли модина нӯги пистон надорад, бинобар ин, шир бо роҳи ширбарор ба рӯйи пашми тана ҷорӣ шуда мебарояд ва мурғобинӯлҳои навзод ширро аз рӯйи пашми танаи модар мелесанд. Ехиднаҳо зоҳиран ба хорпушти хорҳояш хеле дароз монанд мебошанд. Онҳо дар муҳити хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Мӯрчаҳо ва ҳашаротро мехӯранд. Танаашон бо хорҳо ё ки пашмҳои сахту дурушти қилмонанд пӯшида шудааст. Ехидна низ 1-то тухм мегузорад, лекин тухми худро пахш карда хоб намеравад. Вай тухми худро дар халтае, ки дар қисми шиками ҷинси модина аз ҳисоби чин задани пӯст ба вуҷуд омадааст, нигоҳ медорад. Ехиднаҳои аз тухм баромада низ шири ба сатҳи (рӯйи) шикам ҷоришударо мелесанд. Ҳарорати бадани ширхӯрони тухмзой дар ҳудуди 25-30°С тағйир ёфта меистад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image104.jpeg Зерсинфи ҳайвонҳои ҳақиқӣ, қатори халтадорон. Халтадорон ширхӯроне мебошанд, ки наслҳояшон хеле майдаҷусса, заиф ва нотавон таваллуд мешаванд. Инкишофи минбаъдаи насли онҳо дар халтаи махсус, ки дар қисми шикам ҷойгир аст, мегузарад. Дар онҳо ҳамроҳак пайдо нашудааст ё ки суст инкишоф ёфтааст. Бинобар ин, насли сустинкишофёфта тавлид мекунанд. Ба халтадорон кенгуру, санҷоби халтадор, хирси халтадор, гурги халтадор ва ғайраҳо мансуб мебошанд (расми 106). Халтадорон дар Австралия ва ҷазираҳои гирду атрофи он васеъ паҳн шудаанд. Ҳамагӣ 270 намуди онҳо ба мо маълум мебошад. Дар байни ойҳо кенгуру ҷонвари аз ҳама бештар паҳншудадст. Кенгуру,

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image105.jpeg

одатан, дар ҷойҳои кушод, ки растаниҳо бисёранд, зиндагӣ мекунад. Пойҳои пешаш кӯтоҳбуда, пойҳои ақибаш хеле боқувват ва хуб инкишоф ёфтаанд. Бинобар ин, кенгуру бо ду пойи ақибаш ҷаҳида-ҷаҳида ҳаракат мекунад. Кенгуру ҳайвони алафхӯр аст. Узвҳои босира ва сомеаи ӯ хуб инкишоф ёфтааст. Кенгуруи модина, ки 2м қаддорад, бачаи дарозиаш ба Зсм баробар бударо мезояд. Бинобар ин, вай бачаи инкишофёфтаашро дар халтаи худ гирифта мегардад. Дар халта ғадуди шир ва нӯги пистон ҷойгир шудааст. Бачаи навзод, ки дар халта ҷойгир шудааст, бо даҳони худ нӯги пистонро ёфта мегирад ва нӯги пистон дар даҳонаш варам карда, вай дар он мустаҳкам овезон мешавад. Тавассути кашишхӯрии мушакҳои махсус дар даҳони бачаи навзод шир пош мехӯрад. Кенгурубача қадре калон шуда аз халта мебарояд ва чун модараш озодона хӯрок истеъмол мекунад. Вале дар лаҳзаҳои таҳдиди хатар ҳарчанд дар халта боз бачаи дигари навзод мавҷуд бошад ҳам, ба халтаи модар пинҳон шуда шир мехӯрад.

§33. Қатори ҳашаротхурон ва дастболон

Қатори ҳашаротхурон. Ҳашаротхӯрон яке аз қаторҳои ширхӯрони ҳамроҳакдори қадим ва одӣ ба шумор мераванд. Мағзи сарашон хурдандоза буда, нимкураҳо ҷӯякчаҳо надоранд. Рефлекси шартӣ тез ҳосил намешавад. Ҳарорати баданашон на ҳама вақт доимӣ аст. Дандонҳояшон (пеш, ашк ва курсӣ) қариб аз ҳамдигар фарқнамекунанд. Аъзои босираашон суст инкишоф ёфтааст, лекин узви шомма, ки дар қисми фук ва хартумчаи онҳо ҷойгир аст, хуб инкишоф ёфтааст. Аз рӯйи ин аломатҳо онҳоро фавран аниқкардан мумкин аст. Онҳо асосан ҳашаротро мехӯранд ва ба соҳаи кишоварзӣ фоидаи калон мерасонанд. Номи қатор низ аз ҳамин хусусияташон бармеояд. Ҳашаротхӯрон ба ҷуз қитъаҳои Австралия ва Амрикои Ҷанубӣ дар рӯйи Замин васеъ паҳн шудаанд. Намояндаҳои маъмулу паҳншудатарини онҳо хорпуштакҳо, кӯрмушҳо, заминковакҳо ва амсоли инҳо ба ҳисоб мераванд (расми 107).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image106.jpeg Дар Тоҷикистон 7 намуди ҳашаротхӯрон паҳн шудаанд. Ба онҳо хорпушти гӯшдароз ва дарозхор, бӯрдандони бухороӣ ва сафеддандонакҳои пакана, хурд, думсафед ва помирӣ мансубанд. Дар ҷумҳурии мо заминковакҳои бӯрдандон ва сафеддандонакҳо дар даштҳо, киштзор, боғу полизҳо васеъ паҳн шудаанд. Онҳо ҷисман майда буда, ба муш монандӣ доранд ва бисёр серҳаракат буда, дар тамоми фаслҳои сол фаъол мебошанд. Дар як шабонарӯз нисбат ба вазнашон то 2 маротиба зиёд хӯрок мехӯранд. Онҳо ҳашаротҳои зараррасонро аз зери баргҳо, тарқишҳо, зери хок, ки ба парандаҳо дастрас намебошанд, ёфта мехӯранд. Бинобар ин, онҳо дар пешбурди соҳаи кишоварзӣ фоидаи хеле калон мерасонанд. Боиси таассуф аст, ки миқдори ҳашарот- хӯрон дар Тоҷикистон сол аз сол кам шуда истодааст. Аз ин рӯ 4 намуди онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд ва онҳоро мо бояд ҳаматарафа муҳофизат кунем.

Қатори дастболон — ширхӯрони болдор. Дастболон ягона ширхӯрҳое мебошанд, ки барои фаъолона парвоз намудан мувофиқат пайдо кардаанд.

Пойи пеши онҳо ба бол табдил ёфтааст. Байни устухонҳои дарозу борики пойҳои пеш, паҳлуи бадан, пойҳои ақиб ва думи онҳо пардаи

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image107.jpeg

нарми пӯстмонанд мавҷуд аст. Ангушти аввали пойҳои пеш озод аст ва онҳо ҳангоми дар болои дарахт ва девори маскани худ устувор истодан вазифаи доштанро иҷро мекунанд. Сохти боли онҳо аз боли парандагон фарқ мекунад. Пардаболҳои байни ангуштони дарози пойҳои пеш, ақиб ва дум дар вақти парвоз тавассути васеъшавии ангуштон таранг кашида мешаванд ва ҳаҷми (масоҳати) бол меафзояд. Болзанон парвоз кардани дастболон чун дар парандагон боиси инкишофёбии пурзӯри мушакҳои сина гаштааст ва дар қафаси синаи онҳо устухони тӯш ба вуҷуд омадааст (расми 108). Дандонҳои онҳо ба монанди ҳашаротхӯрон якхела буда, аз ҳамдигар қариб фарқ намекунанд.

Узви босира дар дастболон суст инкишоф ёфтааст, лекин онҳо ҳашаротро шабона дар ҳаво пайдо карда, бо даҳонашон моҳирона медоранд ва аз байни монеаҳое, ки дар роҳи онҳо пайдо мешаванд, бар нахӯрда озодона мегузаранд. Онҳо қобилияти дар торикӣ муайян кардани самти ҳаракати худро доранд. Онҳо садоҳои мавҷашон хеле кӯтоҳ мебароранд, ки инсон шунида наметавонад. Бииобар ин, онҳо мавҷҳои фиристодаи худро бо узви сомеаи ҳассоси худ дарк ва қабул карда метавонанд. Ин қобилияти ҳайвонот эхолокатсия номида мешавад. Дастболон меваҳои растаниҳо ва ҳашаротро мехӯранд, лекин баъзе намудҳои тропикии онҳо хуни ҳайвоноти гармхунро мемаканд. Дастболони Тоҷикистон ҳашаротхӯранд. Дар дунё 100 намуди дастболон зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон бисёр намудҳои дастболон, бахусус кӯршабпаракҳо васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дастболони хурдҷусса мебошанд. Дар ҷумҳурии мо 18 намуди онҳо зиндагӣ мекунанд. Ба онҳо кӯршабпараки зард, муқаррарӣ, азимҷусса, наълбинии калон, хурд, шомаки гӯшдароз, хаффошак ва ғайраҳо мансубанд. Дар фасли зимистон онҳо ба дигар мамлакатҳо парвоз мекунанд ё ба хоби зимистона мераванд. Дар солҳои охир микдори бисёр намудҳои онҳо кам шуда истодааст. Аз ин рӯ, 14 намуди нодир ва камёфти онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд ва онҳоро бояд ҳаматарафа муҳофизат кунем.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *