Фанни Зоология

Ҷамоаи табии

— Робитаи мутақобилаи организмҳо ба ҳамаи шумо маълум аст. Дар табиат растаниҳо вобаста ба шароити маҳал за иқлим паҳн шуда, гурӯҳҳои табиӣ ё ки ҷамоаи растаниҳоро ташкил мекунанд

Тамоми ҳайвоноти ваҳшӣ низ ҷойи зисти худро худашон озодона интихоб карда наметавонанд. Агар дар табиат ба ҷамоаи растаниҳо назар афканем, боварй ҳосил мекунем, ки ба ҳар якҷамоаи растаниҳо комплекси муайяни намудҳои ҳайвонот хос мебошад. Ҳамин тариқ, мо акнун оид ба ҷамоаи табиии растанӣ ба ҳайвонот сухан ронда метавонем. Лекин растанӣ ва ҳайвоноти ҳар як ҷамоаи табиӣ ба микроорганизмҳо низ робитаи зич доранд. Ҷамоаи табиӣ маҷмӯи растанӣ, ҳайвонот, микрооганизмҳоест, ки ба шароити ҳаётӣ дар ҳудуди муайян мутобиқ шудаанд, ба якдигар ва муҳити атроф таъсир мерасонанд. Дар ҳар як ҷамоаи табиӣ доимо гардиши моддаҳо амал мёкунад ва нигоҳ дошта мешавад. Дар табиат ҷамоаҳои табиии гуногунро ҷудо кардан мумкин аст, масалан, қитъаҳо, уқёнусҳо, бешазор. марғзор, тайга, дашт, обанбор, кӯл ва ғайра. Ҷамоаҳои табиии калон аз якчанд ҷамоаи табиии хурдтар ташкил ёфтаанд.

Ҷамоаҳои табиӣ биосеноз номида мешавад, ки робитаи байни тамоми организмҳоро дар як миқёси муайяни табиат ифода мекунад.

Аз гарафи инсон ҷамоаҳои сунъӣ (биосенозҳои сунъӣ) бунёд карда мешаванд, масалан, полизҳои назди ҳавлӣ, боғҳо, киштзорҳо, ҳавзҳо, обанборҳо, аквариумҳо ва ғайра.

Ба ҳар як ҷамоаи табиӣ робитаи гуногуни хӯрокӣ, оид ба маҳалли зист ва ғайра хос мебошад.

Дар ҷамоаи табиӣ шакли асосии робитаи организмҳоро робитаи хӯрокворӣ ташкил медиҳад. Заминаи асосӣ дар ҳар як ҷамоаи табиӣ, ки захираи энергияро ба вуҷуд меорад, растаниҳо мебошанд. Танҳо растаниҳо қобилияти нерӯи Офтобро истифода бурда, аз моддаҳои ғайриузвӣ моддаҳои узвӣ ҳосил карданро доранд. Моддаҳои узвиро ҳайвоноти растанихӯр мехӯранд. Онҳоро, дар навбати аввал, ҳайвоноти гӯштхӯр — дарандаҳо мехӯранд. Ҳамин тавр, дар ҷамоаи табиӣ робитаи хӯрок, силсилаи хӯрок ба вуҷуд меояд: растаниҳо — ҳайвоноти растанихӯр -ҳайвоноти гӯштхӯр (дарандагон). Баъзан ин силсила мураккаб мешавад: дарандагони зинаи аввалро метавонанд дарандагони дигар ва онҳоро сеюмин бихӯранд. Масалан, кирмакҳои ҳашарот растаниҳоро мехӯранд, кирмакҳоро ҳашароти даранда мехӯранд, ки онҳо дар навбати худ хӯроки парандагони ҳашаротхӯр мебошанд ва онҳоро парандагони даранда мехӯранд.

Ниҳоят, ба ҳайати ҷамоа боз организмҳои гуногуне дохил мешаванд, ки партовҳоро мехӯранд: растаниҳои хушкида ё қисмҳои онҳо (поя, шохча, барг), инчунин ҷасади ҳайвоноти мурда ё наҷосати онҳоро истеъмол мекунанд. Онҳо хӯроки баъзе ҳайвонот — гамбускҳои гӯрковак, кирми лойхӯрак мебошанд. Вале дар раванди пӯсидани моддаҳои узвӣ замбӯруғҳо ва бактерияҳо нақши асосиро мебозанд. Маҳз онҳо таҷзияи моддаҳои узвиро то моддаҳои минералӣ бурда мерасонанд, ки онҳоро растаниҳо бори дигар ҳамчун ғизо истифода бурда метавонанд. Ҳамин тариқ, дар ҷамоаи табиӣ гардиши моддаҳо ба амал меояд.

Дар ҷамоаи табиӣ ғайр аз робитаи хӯрокӣ робитаҳои дигар ҳам мавҷуданд. Чунончи, растаниҳо дар ҳар кадом маҳал иқпими махсус, микроиқпимро ба вуҷуд меоранд. Омилҳои гуногуни табиати ғайризинда — ҳарорат, фишор, рӯшноӣ, ҳаракати ҳаво ё об — дар зери растаниҳо аз омилҳои барои маҳали мазкур умумӣ хеле фарқдоранд. Тағйироти ин омилҳо дар зери растаниҳо ҳамеша нисбат ба маҳали кушод он қадар пасту баланд намешавад. Чунончи, дар бешазор рӯзона ҳамеша ҳаво салқинтар ва соя буда, шабона, баръакс, нисбат ба ҳавои кушод гармтар аст. Ҳатто дар марғзор, ки танҳо алаф пӯшонидааст, ҳарорат ва фишор дар сатҳи хок нисбат ба хоки берастанӣ дигар хел мешавад.

Ниҳоят, танҳо мавҷудияти наботот хокро аз энергия — хока шудан ва шусташавӣ муҳофизат мекунад.

Табиист, ки микроиқлим ба таркиби намуд ва фаъолияти ҳаёти ҳайвоноте, ки дар ҷамоаи мазкур зиндагӣ мекунанд, таъсир мерасонад. Ҳар як намуди ҳайвонот барои ҷойи зисти худ натанҳо маҳалли дорои хӯрокии зарурӣ, балки шароити басо мувофиқи ҳарорат, равшанӣ ва сохтани лонаро интихоб мекунад.

Вале ҳайвонот ҳам дар ҷамоаи табиӣ ба растаниҳо таъсир мерасонанд. Пеш аз ҳама бисёр растаниҳои гулдорро ҳашарот, баъзан ҳатто ягон намуди муайяни ҳашарот гардолуд мекунанд ва дар сурати набудани онҳо растаниҳо афзоиш ёфта наметавонанд. Тухми баъзе растаниҳоро низ ҳайвонот паҳн мекунанд. Ниҳоят, фаъолияти кобандаи ин ҳайвоноти гуногун, пеш аз ҳама кирми лойхӯрак моддаҳои ғизоиро дар хок зиёд карда, қобилияти ҳосилхезии хокро баланд мебардорад.

Ҷамоаҳои табии. Таъсири инсон ба онҳо. Муҳофизати онҳо

Ба шумо маълум аст, ки дар табиат ҷамоаҳои табиӣ дар шаклҳои мухталиф вуҷуд доранд. Онҳо доимо ба ҳамдигар таъсири мутақобила дошта, аз рӯйи таркиб, масоҳат ва пайдоиши худ фарқ мекунанд. Баъзе аз онҳо (боғ, киштзор, обанбор ва ғайра) аз тарафи инсон бунёд карда мешаванд, ки онҳоро агросеноз меноманд. Маъмултарин ҷамоаҳои табиӣ кӯл, ҳавз, обанбор, боғ, ҷангал, беша, марғзор, дашт, биёбон ва ғайра ба шумор мераванд.

Обанбор — ҷамоаи табиӣ. Аз байни ҷамоаҳои табиӣ бо робитаи организмҳо (биосеноз) дар обанбори оби ширин шинос мешавем. Дар ин ҷо мисли дигар ҷамоаҳои табиӣ ҳамаи организмҳо (растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо) нобаробар паҳн шудаанд. Дар қисми соҳилӣ ё тунукоби обанбор организмҳо гуногунранг ва бой мебошанд. Яъне дар ин ҷой растаниҳои мухталиф месабзанд ва шароити зиндагӣ мусоидтар мебошад: нури Офтоб обро бештар гарм мекунад, оксиген зиёдтар буда, хӯрокфаровон аст. Бинобар ин, намудҳои зиёди ҳайвонот дар ин қисми обанбор зиндагӣ мекунанд. Масалан, аз парандаҳои наздиобӣ куланги хокистарранг, лаклаки сафед ва сиёҳ муддати дароз бо пойҳои дарози худ дар ҷойҳои тӯли об истода, тӯъмаи худ — қурбоққа, мори обӣ ва дигар ҳайвоноти обиро бо нӯли дарози худ шикор мекунанд. Дар гирду атрофи обанбор сӯзанакҳои гуногун парвоз карда, ҳашаротро дошта мехӯранд. Сӯзанакҳо тухми худро дар болои растаниҳои обӣ мегузоранд ва кирминаи онҳо дар об зиндагӣ мекунад. Вай камҳаракат ва даранда аст. Дар қабаги об микроорганизмҳои гуногун, обсабзҳои якҳуҷайра, ғалсамапойҳо, тезгазак мехӯранд, онҳоро дар навбати худ моҳичаҳо ва кирминаи обхокиҳо, кафлесакҳо мехӯранд. Кафлесакҳо хӯроки бисёр моҳиҳои даранда (аломоҳӣ, шӯртан, зағорамоҳӣ) мебошанд.

Дар ҷойҳои чуқури об микдор ва намудҳои ҳайвонҳо кам мебошанд, чунки ба ин ҷой нури Офтоб кам мерасад, ҳарорати об пасттар буда, оксиген ва хӯрокворӣ кам аст. Дар қаъри об ҳайвонот ва набототи якҳуҷайра зиндагӣ мекунанд. Дар зери сангҳо планарияи сафед ва дар пояи растаниҳои обӣ тӯқумшуллуки ҳавзиро мушоҳида кардаи мумкин аст. Тӯқумшулуқи ҳавзӣ баъзан ба рӯйи об баромада, ҳавои тозаро нафас мегирад ва захира мекунад. Дар қаъри об гамбускҳои обӣ, обсофкунак, обдӯстак ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Онҳо даранда буда, кирминаи ҳашарот, кирмҳо, кафлесакҳо ва моҳичаҳоро мехӯранд. Силсилаи хӯрок дар ин обанбор ҳамин тавр сохта шудааст.

Беша — ҷамоам табиӣ. Ҳамаи шумо борҳо дар ҷангалу беша будед. Дар канори беша намудҳои гуногуни калтакалосҳо- калтакалоси чобук, луччашмаки лойӣ, баҳтур ва ғайраро мушоҳида кардаед, ки онҳо дар байни алафҳо нопадид мешаванд. Хоктӯдаҳоро вохӯрдан мумкин аст, ки онҳо аз мавҷуд будани хокканакҳо, кӯрмушҳо ва дигар хояндагон шаҳодат медиҳанд. Дар байни дарахтон роҳ паймуда, бо торҳои тортанаки салибдор вомехӯрем. Шумо мӯрчахонаи баландро вомехӯред, ки мӯрчаҳои зиёд дар болои он гаштугузор мекунанд. Дар баробари фаро расидани торикӣ парандаҳои дарандаи шабона — чуғзҳо ва бумҳо ба шикор мебароянд. Дар марғзори офтобӣ растаниҳои шукуфонро мебинем, ки дар болои гули онҳо занбӯру оруи асал парвоз карда, шаҳци гулро ҷамъ мекунанд. Дар болои барги дарахтон парвонаҳо, ширинча ва дигар ҳашаротро пай мебарем, ки онҳоро парандаҳои ҳашаротхӯр дошта мехӯранд.

Ҳамин тариқ, маълум шуд, ки ҷамоаҳои гуногуни табиӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва организмҳои ба худ хос доранд.

Таъсири фаъолияти инсон ба ҷамоаи табиӣ. Ҷамоаҳои табиии ташаккулёфта пеш аз пайдо шудани инсон дар тӯли садҳо ва ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд. Лекин миқцори организмҳои гуногун дар ин ҷамоаҳо аз таъсири фалокатҳои табиӣ (обхезӣ, заминҷунбӣ, вулканҳо ва ғайра) ва тағйирёбии иқлим куллан тағйир ёфт.

Бояд зикр кард, ки дар баробари ба вуҷуд омадани инсон ва ташаккули илму техника дар солҳои охир вазъият дар рӯйи Замин хеле тағйир ёфт. Фаъолияти инсон ҳамчун омили асосӣ (антропогенӣ) ва таъсири он ба ҷамоаи табиӣ дар мадци аввал гузошта шуд.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ, ки шумораи одамон кам буд, таъсири онҳо ба табиат назаррас набуд. Вале баробари афзудани шумораи одамон дар рӯйи Замин таъсири инсон низ меафзуд. Ба вуҷуд омадани кишоварзӣ ба табиат таъсири хеле калон расонд. Одамон дашту биёбон ва водиҳои дарёҳоро босуръат барои ба вуҷуд овардани заминҳои нави киштбоб аз худ намуданд. Ҳамаи ин ба тағйирёбии растанӣ ва ҳайвонҳои қитъаҳои азхудшуда оварда расонд. Баъзе намудҳои ҳайвонот ба шароити нав мутобиқ шуда натавониста, тамоман несту нобуд шудаанд.

Истифодаи маводи гуногуни кимиёвӣ барои мубориза бар зидди ҳайвонҳои зараррасон низ ба табиати зинда таъсироти калон мерасонад, зеро боқимондаҳои моддаҳои заҳрнок тавассути об шуста шуда, ба ҷойҳои дигар мераванд ва ҳайвонҳои фоиданокро нобуд месозанд.

Роҳсозӣ ва сохтмони саноатӣ, иншооти дигар натанҳо бевосита ба масоҳати ишғолкардаи онҳо, балки ба маҳалли атроф таъсир мерасонанд. Масалан, ҳангоми бунёди иншооти обӣ, дар навбати аввал сарбандҳо дар дарёҳо, низоми об ва дар навбати худ ҷамоаи табиии об ҳам комилан тағйир меёбад. Дар вақги обёрикунӣ — хушкондани ботлоқ ва шӯрзамин ҳам дар ҷамоаи табиӣ таъсири зиёд мушоҳида мешавад: аз сабаби паст шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ таркиби растаниҳо ва баробари он ҳайвонот низ тағйир меёбад.

Дар натиҷаи фаъолияти инсон дар Замин ҷамоаи табиии дастнорасида қариб боқӣ намондааст. Ҳоло дар тамоми мамлакатҳо тадбирҳои гуногун андешида мешаванд.

Муҳофизати ҷамоаи табиӣ. Дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба муҳофизати ҷамоаи табиӣ аз тарафи давлат аҳамияти хеле калон дода мешавад. Дар Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки табиат ва сарватҳои диёри худро муҳофизат кунад». Дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Русия «Қонун оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот» дар соли 1980 қабул карда шуд. Мувофиқи ин қонун олами ҳайвоноти ҳар як мамлакат моликияти давлатӣ — сарвати халқ ҳисоб мешавад.

Бо мақсади муҳофизат кардани ҳайвоноти нодир ва нестшудаистодаи Тоҷикистон соли 1988 «Китоби сурхи Тоҷикистон» нашр карда шуд. Ба ин китоб 57 намуди ҳайвоноти бесутунмуҳра ва 96 намуди ҳайвонҳои сутумуҳрадор дохил карда шудаанд, ки шикори онҳо қатъиян манъ карда шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *