Фанни Зоология

Синфи обхокиҳо

Обхокиҳо ҳайвоноти сутунмуҳрадор мебошанд, ки ҳам ба муҳити ҳаёти обӣ ва ҳам рӯйи замин мутобиқат пайдо намудаанд. Ба аксарияти онҳо ба се қисм (сар, тана ва пой) ҷудо шудани тана ва мавҷуд будани ду ҷуфт пойҳои панҷангушта хос мебошад. Ҳайвоноти болйғ дар рӯйи Замин тавассути шуш аз оксигени ҳаво ва дар муҳити обӣ ба воситаи пӯст ва аз оксигени дар об ҳалшуда нафас мегиранд. Дар давраи кирминагӣ (кафлесакӣ), ки дар муҳити обӣ мегузарад, тавассути ғалсама нафас мегиранд. Дили сехонагӣ ва ду доираи гардиши хун доранд. Ҳарорати баданашон доимӣ нест ва ба ҳарорати муҳит вобаста аст. Дар

замони ҳозира 4565 намуди обхокиҳо ба мо маълум мебошанд, ки онҳо ба ду зерсинф (муҳратунукҳо ва муҳракамонҳо) ва 3 қатор — думдорон, бепойҳо ва бедумон ҷудо карда мешаванд. Ба 25-30 оила ҷудо мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон се намуди обхокиҳо — қурбоққаи ҳавзӣ, ғуки сабз ва ғуки ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд.

§10. Муҳити зист, хусусиятҳои берунй,

СКЕЛЕТ ВА МУШАКҲОИ ОБХОКИҲО

Муҳити зисти обхокиҳо. Обхокиҳо, одатан, дар обанборҳо ва кӯлҳои оби ширин ва гирду атрофи онҳо зиндагӣ мекунанд. Дар ин муҳити зист бештар қурбоққаи ҳавзӣ ва кӯлӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳайвонҳои бесутунмуҳраи гуногунро мехӯранд. Дар вақти тахдиди хатар худро ба об партофта аз душманон пинҳон мешаванд. Дар ҷӯйҳо ва кӯлҳои хурди даштҳо, ҷангалҳои паҳнбарг жерлянкаҳо вомехӯранд. Аввалҳои баҳор ва тобистон дар обанборҳои хурди ҷоринашаванда тритонҳо зиндагӣ мекунанд (расми 29).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image33.jpeg

Дар дигар фаслҳои сол онҳоро дар ҷангалҳои омехта, боғҳо ва дарахтзорҳо вохӯрдан мумкин аст. Дар обанборҳо тритонҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона фаъол мебошанд. Дар хушкӣ онҳо рӯзона дар паноҳгоҳҳои гуногун пинҳон мешаванд. Баъзе намуди обхокиҳо масалан, қурбоққаҳои алафӣ ва фукборик ва ғукҳои муқаррарӣ, сабз ва хокистарранг аз обанбору кӯлҳо дуртар зиндагӣ мекунанд.

Рӯзона онҳо ба ҳар хел таркишҳои замин пинҳон мешаванд ва фақат шабона ба шикор мебароянд. Лекин дар давраи афзойиш дар обанборҳо

зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи обхокиҳо дар фасли гарми сол фаъол мебошанд. Баробари то 4°С паст фаромадани ҳарорати муҳити зист, онҳо ба хоби зимистона мераванд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image34.jpeg Сохти берунии обхокиҳо. Танаи обхокиҳо кӯтоҳ, паҳн, бедум (қурбоққа, ғукҳо ва жерлянкаҳо) ё ки дароз ва думдор (тритонҳо) мешавад. Дар пӯсти луч ва тунуки обхокиҳо ғадудҳои бисёр ҷойгир шудаанд, ки аз худашон луобҳои махсус ҷудо мекунанд. Тавассути луоби ғадудҳо дар болои пӯсташон пардаи моеи луобӣ ба вуҷуд меояд, ки дар он оксигени ҳаво ҳал мешавад ва нафасгирии пӯстӣ ба амал меояд (расми 30).

Баъзе ғадудҳои пӯстӣ аз худашон луоби махсус ҷудо мекунанд, ки пӯстро аз бактерияҳо ва замбӯруғҳои зараровар муҳофизат мекунанд. Дар баъзе намудҳои обхокиҳо, масалан, ғукҳо ва тритонҳо дар пӯсташон ғадудҳои заҳрбарор ҷойгир шудаанд, ки онҳоро аз душманони табииашон муҳофизат мекунанд.

Дар сари обхокиҳо як ҷуфт чашми барҷаста ва як ҷуфт сӯрохии бинӣ дида мешавад, ки онҳо дар қисми болои сар ҷойгир шудаанд. Бинобар ин онҳо аз об сари худро каме берун бароварда озодона нафас мегиранд ва гирду атрофро хуб дида метавонанд. Чашми обхокиҳо аз чашми моҳиҳо бо доштани пилкҳои пардамонанди ҳаракаткунандаи чашм (болоӣ ва поёнӣ) фарқ мекунад. Пилкҳо чашмро аз ифлосшавӣ ҳифз карда, доиман намнок нигоҳ медоранд.

Дар қафои чашми қурбоққаҳо, ғукҳо ва дигар обхокиҳои бедум пардаи нақорагии гӯш ҷойгир шудааст, ки ковокии гӯши миёнаро аз муҳити беруна ҷудо мекунад (расми 31).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image35.jpeg Бисёр обхокиҳо ду ҷуфт пой доранд. Дар обхокиҳои бедум пойҳои ақиб нисбатан боқувват ва дарозтар мебошанд, ки тавассути онҳо ҷаҳида роҳ мегарданд. Дар байни панҷаҳои пойи ақиб пардаҳои шиноварӣ ба вуҷуд омадаанд, ки бо он шино мекунанд (расми 31).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image36.jpeg Хусусиятҳои скелети обхокиҳо. Скелети обхокиҳо аз скелети сар, тана ва пойҳо иборат аст. Скелети сар нисбат ба скелети сари моҳиҳо аз миқцори ками устухонҳо таркиб ёфта, сутунмуҳраи обхокиҳо нисбат ба сутунмуҳраи моҳиҳо аз сабаби ҳайвони нимхушкӣ буданашон ба қисмҳои бисёр ҷудо шудааст. Яъне аз қисмҳои гардан, тана, чорбанд ва дум иборат мебошад (расми 32).

Қисми гардан дар обхокиҳо аз як муҳра иборат буда, ба косахонаи сар пайваст шудааст. Миқдори муҳраҳои тана гуногун аст. Дар баъзе намудҳои тритонҳо бо муҳраҳои тана қабурғаҳои сустинкишофёфта пайваст шудаанд.

Қисми чорбанд дар бисёр обхокиҳо аз як муҳра иборат аст. Қисми дум дар бедумон камтар аст, яъне муҳраҳо ба якдигар часпида як устухонро ба вуҷуд овардаанд. Дар обхокиҳои думдор қисми дум аз якчанд муҳраҳо таркиб ёфтааст.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image37.jpeg Пойҳои ҷуфт. Пойҳои ҷуфти обхокиҳо аз болҳои ҷуфти моҳиҳо тамоман фарқ мекунанд. Пойҳои обхокиҳо аз фишангҳои бисёраъзо ва мушакҳои ҳақиқӣ иборатанд ва пеши сина вазифаҳои мураккабро иҷро мекунанд.

Скелети пойҳои пеш аз устухонҳои бозу, соиду панҷа ва пойи ақиб аз устухонҳои рон, соқва кафи пой таркиб ёфтааст. Барои пойҳои пеш чанбари китф, ки аз устухонҳои ҷуфти калидак, белча (шона) иборат аст, ҳамчун такя хизмат мекунад (расмҳои 32 ва 33).

Ба чанбари пойҳои пеш устухони тӯш пайваст шудааст. Барои пойҳои ақиб чанбари қисми тағояки тӯш устухонҳои кос, ки бо устухони дум пайваст (расми 33) аст, ҳамчун такягоҳ хизмат мекунад.

Мушакҳои обхокиҳо. Системаи мушакҳои обхокиҳо нисбат ба моҳиҳо мураккабтар аст. Бедумон мушакҳои пойи тараққикарда доранд, ки тавассути онҳо ба устухонҳо пайваст шуда, ҳаракатро таъмин мекунанд. Дар обхокиҳои думдор бошад, аз ҳама бештар мушакҳои дум тараққӣ кардаанд.

§11. Узвҳои ковокии тана ва системаи асаби обхокиҳо

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image38.jpeg Системаи ҳозимаи обхокиҳо ба сохти ҳозимаи моҳиҳо монанд аст. Вай низ аз ковокии даҳон, гулӯ, сурхрӯда, меъда ва рӯда иборат аст (расмҳои 34 ва 35). Гулӯи обхокиҳо сӯрохиҳои ғалсама надорад. Дар онҳо меъда бештар тараққӣ кардааст, аз рӯдаҳо рӯдаи борик ва ғафс нағз инкишоф ёфтааст. Ба қисми пеши рӯдаи борик, рӯдаи дувоздаҳангушта, маҷрои ғадудҳои ҷигар бо талха ва ғадуди зери меъда кушода мешаванд. Дар рӯдаи борик ҳазмшавии охирин ба амал омада, маводи ғизоӣ ба хун ҷаббида мешавад. Рӯдаи ғафс ба рӯдаи рост кушода мешавад ва ба қисми васеъшудаи он, ки

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image39.jpeg мақъад ном дорад, мепайван- дад. Ба пуфаки пешоб, найчаҳои пешобгузар ва найчаҳои тухмгузар (дар ҷинсҳои модина) мепайван- дад (расмҳои 34 ва 35).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image40.jpeg Системаи нафасгирӣ.

Бисёр обхокиҳо тавассути шуш ва пӯст нафас мегиранд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image41.jpeg Шуш ба халтаи дарозрӯя монанд буда, дар деворҳои ёзандааш мӯйрагҳои шохрон- даи хун ҷойгир шудаанд. Ҳаво ба шуш тавассути боло бардоштан ва поён фаровар- дани мушаки ҷоғи поён (манаҳ) дохил мешавад ва берун мебарояд. Дар баробари поён кардани мушаки ковокии даҳон ҳаҷми он калон шуда, аз сӯрохии бинӣ ҳаво дохил мешавад. Вақте ки мушаки ҷоғи поён боло бардошта мешавад, сӯрохии бинӣ маҳкам шуда, ҳаво тавассути нойи нафасгирӣ ба шуш тела дода мешавад. Дар шушҳо мубодилаи газҳо ба амал меояд: оксигени ҳаво ба мӯйрагҳои шуш дохил мешавад, гази дуоксиди карбон аз хун ба ҳаво мегузарад ва берун бароварда мешавад (расми 36а).

Шуши обхокиҳо суст тараққӣ кардааст ва мукаммал нест, яъне сатҳи дохилиашон, ки ба ҳаво наздик аст, кам мебошад (расми 366). Мубодилаи иловагии газҳо тавассути пӯсти тар мегузарад. Нафасгирии пӯстӣ дар обхокиҳо ҳангоми дар қаъри об будан (хоби зимистона ва таҳдиди хагар) аҳамияти калон дорад.

Нафасгирии шушй ва пӯстӣ дар обхокиҳо гуногун тараққӣ кардааст.

Намояндаҳое, ки дар об қисми зиёди ҳаёти худро мегузаронанд, шушҳои суст тараққикарда доранд. Нафасгирии пӯстӣ дар онҳо бартарӣ дорад. Дар обхокиҳое, ки аз обанборҳо дуртарзиндагӣ мекунанд, баръакс шуш хуб инкишоф ёфта, нафасгирии пӯстӣ суст аст. Кирминаҳои обхокиҳо бошад, фақат тавассути ғалсамаҳо нафас мегиранд.

Дар баъзе обхокиҳо ғалсамаҳо то охири умрашон боқӣ мемонанд.

Системаи ихроҷ. Ин вазифаро дар обхокиҳо як ҷуфт гурдаҳои дарозрӯяи сурхи сиёҳтоб, ки дар ду тарафи сутунмуҳра ҷойгир шудаанд, иҷро мекунанд. Аз ҳар як гурда найчаи пешобгузар баромада ба мақьад ва пуфаки пешоб кушода мешавад. Маводи барои организм зарур набуда аз хун тавассути гурдаҳо ҷудо гардида, бо найчаи пешобгузар дар пуфаки пешоб ҷамъ мешавад. Баъди пур шудани пуфаки пешоб он ба мақьад ва аз он ба берун партофта мешавад (расми 37).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image42.jpeg

Мубодилаи моддаҳо. Суст инкишоф ёфтани шуш, гардиши хун бо хуни омехта имконияти ба организм дохилшавии оксигенро махдуд мекунад. Аз ин сабаб, раванди оксидшавӣ дар бофтаҳо суст мегузарад ва нерӯи биологӣ ҳам дар системаи узвҳо кам ҳосил мешавад. Бинобар ин, ҳарорати бадани обхокиҳо доимӣ нест ва ба ҳарорати муҳити зист вобаста мебошад. Обхокиҳо ба ҳайвоноти сардхун мансуб мебошанд.

Системаи гардиши хун. Аз сабаби ба вуҷуд омадани шуш системаи гардиши хуни обхокиҳо нисбат ба моҳиҳо сохти мураккабтар дорад (расми 38). Дили обхокиҳо сехонагӣ аст: ду даҳлез ва меъдачаи дил. Хун аз тамоми узвҳо дар рагҳои варидӣ (венаҳо) ҷамъ шуда, ба даҳлези рости дил мерезад, ки дар он микдори дуоксиди карбон ва маводи ғизоӣ зиёд мебошад. Ба даҳлези чапи дил аз шуш хуни аз оксиген бой мерезад.

Дар баробари кашиш хӯрдани даҳлезҳои дил хун ба меъдачаи дил тела дода мешавад. Аз тарафи чапи меъдачаи дил шоҳраг мебарояд ва ба шохаҳо тақсим шуда, хунро ба тамоми узвҳо мебарорад, ки ин доираи

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image43.jpeg

калони гардиши хун номида мешавад. Хуни варидӣ, ки миқдори кам оксиген дорад ва аз дуоксиди карбон бой аст, аз тарафи рости меъдачаи дил тавассути шарёни шуш ба шушҳо ва пӯст меравад ва дар шушу пӯст аз оксиген бой шуда, ба даҳлези чапи дил мерезад, ки ин гардиши хурди хун номида мешавад. Ҳамин тариқдар обхокиҳо гардиши хун чун моҳиҳо якто набуда, балки ду даври гардиши хун — калон ва хурд ба вуҷуд омадааст.

Системаи асаб. Дар обхокиҳо низ ба монанди моҳиҳо системаи асаб аз мағзи сар, ҳароммағз ва торҳои асаби аз он баромада иборат аст. Мағзи сар айнан аз ҳамон қисмҳо таркиб ёфтааст. Лекин дар обхокиҳо майнаи пеш нағз инкишоф ёфтааст ва баръакси моҳиҳо мағзча, ки вазифаи мувозинатро иҷро мекард ва ба ҳайвоноти хушкигард он қадар зарур нест, инкишоф наёфтааст (расми 39). ■>

Дар рафтори обхокиҳо рефлексҳои ғайришартӣ бартарӣ доранд, рефлексҳои шартӣ дар баробари дуру дароз ба ҳам пайвастани барангезандаҳои ғайришартӣ ва шартӣ ба амал меоянд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image44.jpeg

§12. Афзойиш, инкишоф ва пайдоиши обхокиҳо

Узвҳои афзойиши обхокиҳо. Обхокиҳо ҳайвонҳои ҷудоҷинса мебошанд. Узвҳои афзойиши обхокиҳо ва моҳиҳо аз рӯйи сохт айнан ба ҳамдигар монанданд. Тухмдони ҷинси модина ва наслдони нарина дар ковокии тана ҷойгир шудаанд (расми 37).

Вақт, ҷойи афзойиш ва инкишоф. Баъди хоби зимистона, аввали баҳор аксарияти намудҳои обхокиҳо дар обҳои ширини ҳавзҳову кӯлҳо ҷамъ мешаванд. Дар ин вақт одатан қурбоққаҳои нарина бо садои баланд овоз мебароранд. Онҳо дар давраи афзойиш ҷуфт — ҷуфт зиндагӣ мекунанд. Ҷинсҳои модина ба об тухм (икра) мегузоранд, ки ба тухми моҳӣ хеле монанд аст. Баъзе намудҳояшон (қурбоққаи сиёҳтоб, ғукҳо, қурбоққаи ҳавзӣ) тухми худро дар ҷойҳои на он қадар чуқур ва гарми соҳили обанборҳо ва кӯлҳо мегузоранд. Қурбоққаҳои сабз тухми худро дар ҷойҳои чуқуртар байни обсабзҳо мегузоранд.

Дар қурбоққаҳо тухмҳо (икраҳо) дар шакли лӯндаҳои калон ба ҳамдигар мечаспанд, тухми ғукҳо бошад, шакпи банди дарозро дорад. Тритонҳо тухми худро дар шакли тоқа дар болои баргу пояи растаниҳои обӣ мегузоранд.

Бордоршавии тухм дар аксарияти обхокиҳо берунӣ аст. Ҷинси нарина ба об моеъро хориҷ мекунад, ки дар он нутфаҳо ҷойгир шудаанд. Бордоршавии тухм дар об мегузарад. Баъди бордоршавӣ дар тухм ҷанин инкишоф меёбад. Тухми обхокиҳо бо пардаи ғафси шаффоф пӯшида шудааст, ки дар дохили он тухм аён аст. Қабати парда тухмро аз таъсироти беруна ва ба ҳамдигар наздикшавӣ нигоҳ дошта, дохилшавии оксигенро таъмин мекунад. Ба ғайр аз ин, пардаи тухм ҳамчун булӯр (линза) барои ҷамъ шудани гармии нури офтоб дар тухми инкишофёфтаистода мусоидат мекунад.

Инкишофи обхокиҳо. Ҳарорати паст инкишофи ҷанинро боз медорад. Баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, тухм якчанд маротиба тақсим шуда ба ҷанини бисёрҳуҷайра табдил меёбад. Баъди як ҳафта дар қурбоққаҳо ва ғукҳо ва 2 — 3 ҳафта дар тритонҳо аз тухми инкишофёфта кирмина ё кафлесак мебарояд (расми 40). Аз рӯйи намуди берунй ва тарзи зиндагӣ кафлесак на ба волидайни худ, балки ба моҳиҳо монанд мебошад. Вай зоҳиран моҳичаи думкалонро ба хотир меорад. Обхокиҳо ба монанди моҳиҳо тавассути ғалсамаҳои берунӣ ва баъдтар дохилӣ нафас мегиранд, дар ду тарафи баданашон хати паҳлуӣ ҷойгир шудааст. Дилашон чун моҳиҳо аз ду хона иборат аст. Хун дар як доираи гардиш ҷорӣ мешавад.

Минбаъд дар кафлесак даҳон ва ҷоғҳои шохин пайдо мешавад, ки обсабзҳо, содатаринҳо ва дигар организмҳои хурди обиро мехӯрад. Дар давоми сабзиш ва инкишоф дар кирминаи обхокиҳо тағйироти калон ба вуҷуд меоянд: аввал пойҳои ақиб, баъдтар пойҳои пеш, нафасгирии ғалсамагӣ ба шушӣ иваз мешавад (кирминаҳодар ин давра тез — тез ба рӯйи об мебароянд), дилашон ба 3 — хонагӣ табдил меёбад, доираи гардиши хуни дуюм ба вуҷуд меояд. Тағйирот дар намуди зоҳирӣ низ ба вуҷуд меоянд. Масалан, дар кирминаи қурбоққаҳо ва ғукҳо (кафлесакҳо) оҳиста — оҳиста дум нест мешавад, шакли сар ва тана тағйир ёфта, пойҳои ҷуфт ба вуҷуд меоянд. Аз вақти гузоштани тухм то табдилёбии кирмина ба ҳайвони болиғ 2-3 моҳ мегузарад. Қурбоққа дар соли сеюми ҳаёт қобилияти афзойишро пайдо мекунад.

Пайдоиши обхокиҳо. Алоқаи наздики обхокиҳо бо об ва дар давраи аввали инкишофашон ба моҳиҳо монанд будани кирминаи онҳо далели пайдоиши ин ҳайвонот аз моҳиҳо мебошад. Бозёфтҳои ҷасади обхокиҳои мурдарафта, ки ба тритонҳо монанд мебошанд, ба ин гувоҳй медиҳад. Пӯсти онҳо пулакча доштанд ва устухони косаи сарашон ба косаи сари моҳиҳои панҷабол хеле монанд буд (расми 41) а-б.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image46.jpeg

Обхокиҳои қадим аз рӯйи бисёр аломатҳояшон ба моҳиҳо монандӣ доштанд. Махсусан, аломатҳои монандӣ дар байни обхокиҳо ва моҳиҳои панҷаболи қадим мушоҳида карда мешавад. Дар ҳар дуи ин ҳайвон то охири ҳаёташон хорда нигоҳ дошта мешавад, дар устухони косахонаи сар якто сӯрохии пешона буд ва пӯсташон пулакча дошт.

Обхокиҳои қадим аз моҳиҳои панҷаболи қадим ЗбОмлн сол қабл пайдо шуда буданд. Дар он даврае, ки моҳиҳои панҷабол дар ҳавзҳои оби ширин зиндагӣ мекарданд, иқлими рӯйи Замин хеле гарм буд. Бисёр ҳавзҳо хурд шуда, дар онҳо об гармтар ва оксигени оби онҳо торафт камтар мешуд. Дар ин муҳити зист фақат ҳамон моҳиҳои панҷабол боқӣ монданд, ки қобилияти аз оксигени ҳаво нафас гирифтанро пайдо карда буданд. Баъзе ҳавзҳо хушк мешуданд, бинобар ин, моҳиҳои панҷабол аз як ҳавз ба ҳавзи дигар мегузаштанд. Баъзе аз онҳо дар хушкӣ мемонданд ва дар ин ҷо барои худ хӯрок ва паноҳгоҳро меёфтанд, ки онҳо аввалин ҳайвоноти сутунмуҳрадори хушкӣ буданд. Ин обхокиҳои қадим (стегосефалаҳо) ба обхокиҳои замони ҳозира ибтидо гузоштанд.

Дар замони ҳозира дар рӯйи замин зиёда аз 4565 намуди обхокиҳо зиндагӣ мёкунанд, ки онҳо аз рӯйи сохти зоҳириашон хеле гуногун мешаванд. Обхокиҳои ҳозира аз 3 қатор: бедумҳо, думдорон ва бепоён иборатанд.

Қатори обхокиҳои бедум. Ба ин қатор обхокиҳое мансубанд, ки дар давраи болиғӣ дум надоранд ва тавассути пойҳои ақиб ҷаҳида ҳаракат мекунанд (расми 42а). Дар ҷаҳон 4000 намуд, дар собиқ мамлакатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ 23 намуди онҳо маълум мебошанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image47.jpeg

Обхокиҳои бедум тортанакшаклон, мӯрчаҳо, харчангшаклон, кирмҳо, нармбаданҳо ва ҳашаротҳои гуногуни зараррасонро мехӯранд. Тӯъмаи худро фаъолона бо ёрии чашми худ дар об ва хушкӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Онҳо ҳашаротҳои паридаистодаро тавассути забони часпаки худ, ки дар даҳон аз қисми пеш пайваста шудааст ва дар вақти аз даҳон берун баромадан ду карат дароз мешавад, дошта мегиранд (расми 426).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image48.jpeg

Дар ҳудуди мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар қурбоққаҳои сабзи алафӣ, фуктез, ҳавзӣ, кӯлӣ, дарахтӣ, ғуки сабз вомехӯрданд (расми 426).

Дар Тоҷикистон фақат се намуди обхокиҳо-қурбоққаи ҳавзӣ, ғуки сабз ва ғуки ҷанубӣ, ки ба қатори бедумон мансубанд, зиндагӣ мекунанд.

Қурбоққаи ҳавзӣ. Дар тамоми водиҳои ноҳияҳои ҷумҳуриамон дар обанборҳо, ҳавзҳо, кӯлҳо, ҷӯйҳо, заминҳои шолӣ ва ғайра васеъ паҳн шудаанд. Онҳо нисбат ба ғукҳо хурдтар буда, аз рӯйи дурушт набудани пӯсташон, овозбарорӣ ва ба об бештар эҳтиёҷ доштанашон фарқ мекунанд. Онҳо дар баландкӯҳҳо дучор намешаванд. Аввали баҳор дар обанбору ҳавзҳо ҷамъ шуда, ба афзойиш сар мекунанд. Қурбоққаҳои ҳавзӣ хӯроки бисёр ҳайвоноти муҳрадор, хазандаҳо, парандаҳо ва ширхӯрон мебошанд. Онҳо миқцори зиёди ҳашароти зараррасонро хӯрда, фоидаи калон мерасонанд.

Ғуки сабз. Дар тамоми водиҳои доманакӯҳҳо ва баландкӯҳҳои Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд. Онҳо ба монанди қурбоққаҳо дар як ҷой ғун намешаванд. Зимистонро дар ҳолати танҳоӣ дар ковокиҳои замин, зери сангу кундаҳо мегузаронанд. Аввалҳои баҳор (моҳи март) аз хоби зимистона мехезанд ва бо овози форами худ аз омадани баҳор хабар медиҳанд. Ғуки сабзро аз қурбоққаи ҳавзӣ аз рӯйи пӯсти дурушти доначадораш фарқ кардан осон аст. Пӯсти ғук моеи тез ва бадбӯйе хориҷ мекунад, ки ба чашм ё даҳон расад, боиси ангезиш мешавад. Агар чунин ҳодиса рӯй диҳад, ҷойи осебдидаро зуд бо оби хунук шустан лозим аст. Ривояте, ки гӯё ихроҷоти пӯсти ғук боиси пайдоиши озах дар пӯсти инсон мешавад, ҳеҷ асос надорад.

Ғукҳо шабона фаъол буда, рӯзона дар паноҳгоҳҳои гуногун пинҳон мешаванд. Пойҳои ақиби ғук нисбат ба пойҳои ақиби қурбоққа кӯтоҳанд, бинобар ин ғук нағз ҷаҳида наметавонад.

Ғукҳо ба туфайли инкишофи хуби шуш ва пӯсти хушки қабати шохинашон дуртар аз обанборҳо зиндагӣ карда метавонанд ва танҳо дар давраи афзойиш ба об медароянд. Онҳо дар полизу киштзор, гулбоғу ҷангалзор маскан гирифта, зараррасонҳои гуногуни растаниҳои кишоварзиро нобуд мекунанд ва ба инсон фоидаи калон мерасонанд.

Қурбоққаи дарахтӣ, Дар ноҳияҳои ҷануби қисми аврупоӣ, дар Қафқоз ва Шарқи Дур қурбоққаҳои майдаи дарахтӣ, ки дарозиашон 4-5 см аст, мавҷуданд. Онҳоро дидан қариб ғайриимкон аст, зеро онҳо дар болои дарахтон зиндагӣ мекунанд. Онҳо хеле баланд садо мебароранд. Ба замин баҳорон барои тухмгузорӣ ва тирамоҳ барои зимистонгузаронӣ мефароянд.

Қатори обхокиҳои думдор. Ба ин қатор обхокиҳое дохил мешаванд, ки думи дароз ва пойҳои кӯтоҳ доранд. Дар тамоми рӯйи замин 400 намуди онҳо паҳн шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дучор намешаванд.

Аз ҳама бештар тритонҳо ва саламандраҳо паҳн шудаанд (расми 43).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image49.jpeg

Аввалҳои баҳор ба қади тахтапушти тритон шонаи пасту баланд инкишоф меёбад, ки барои беҳтар намудани нафаскашӣ тавассути пӯст зарур аст. Т ритонҳо дар фасли тобистон ба хушкӣ мебароянд ва дар гирду атрофи обанборҳо, дар зери кундаҳои дарахтон, зери сангҳо ва дигар холигиҳои замин пинҳон шуда зиндагӣ мекунанд. Дар давраи зиндагии рӯйизаминӣ шонаи тритонҳо нағз инкишоф намеёбад. Думдорони болиғтавассути шуш, пӯст ва пардаи луобии даҳон нафас мегиранд. Дар намояндаҳои обӣ ин вазифаро шуш ва ғалсамаҳои берунӣ иҷро мекунанд. Ҷинси модина то 600 — 700 дона тухм мегузорад, ки инкишофи он то 2 — 3 моҳ давом мекунад. Кирминаи думдорон ба кирминаи моҳӣ монанд аст.

. Қатори обхокиҳои бепой. Ба ин қатор обхокиҳои нисбатан сода манеубанд. Як оилаи обхокиҳои бепойро ҳалқакирмшаклҳо ташкил мекунанд. Зиёда аз 165 намуди онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар мамлакатҳои тропикии Африқо, ҷануби Амрико, Осиё ва ҷазираҳои уқёнусҳои Ҳинд ва Ором паҳн шудаанд. Аксарияти намудҳои онҳо дарзери хок то чуқурии 30 — 60 см зиндагӣ мекунанд. Ба зиндагии зеризаминӣ мутобиқ шудаанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image50.jpeg Бинобар ин, онҳо шакли дарозрӯяи кирммонанд доранд, пойҳои ҷуфт пардаи гӯш, чашм ва дум надоранд.

Танаашон доирашакл буда, аз к^сми болоӣ ва шикам камтар паҳн аст. Пӯсти луч ва ғадудҳои заҳрнок доранд. Аз тарафи қафо тана ба ҳалқаҳои барқад тақсим шудааст, ки ба кирми ҳалқагӣ шабоҳат дорад (расми 44). Намояндаи паҳншудаи ин қатор мормоҳии сейлонӣ ва кирми ҳалқашакл (червяга) мебошанд. Андозаи танааш ба 30 — 40см мерасад. Хӯрокро чун кирмҳои лойхӯрак тавассути узви шомма ва лаззат дар зери хок ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳайвонҳои бесутунмуҳра — кирмҳо, нармбаданҳо, ҳашарот ва кирминаҳои онҳоро мехӯранд.

Аҳамият ва муҳофизати обхокиҳо. Обхокиҳо дар давраи болиғӣ хӯроки ҳайвониро мехӯранд. Бинобар ин, онҳо ҳашароти зараррасони растаниҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин барангезандаҳои касалиҳои гуногуни одам ва ҳайвонотро несту нобуд карда, фоидаи хеле калон мерасонанд. Ғукҳо махсусан хеле фоиданоканд. Онҳо ҳайвоноти шабшикор мебошанд. Бинобар ин, дар полизу боғҳо маскан гирифта, нармбаданҳо ва дигар ҳашароти шабона зараррасонро мехӯранд, ки ба парандаҳо дастрас нестанд. Аз моеи заҳрноке, ки пӯсти ғукҳо ҷудо мекунад, дар соҳаи тиб истифода мебаранд.

Қурбоққаҳои ҳавзӣ кирминаву зочаҳои пашшаи хунмак ва дигар хашароти зараррасони обиро хӯрда фоида мерасонанд.

Қурбоққаҳоро ҳамчун ҳайвони лабораторӣ дар тамоми пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои дунё дар ҷараёни дарси лабораторӣ ва таҷрибаҳои илмӣ пурра истифода мебаранд. Дар бисёр мамлакатҳои Осиё ва Аврупо қурбоққаҳоро ҳамчун маҳсулоти хӯрокии болаззат истифода мебаранд.

Дар бисёр мамлакатҳои дунё микдори обхокиҳо, хусусан ғуку қурбоққаҳо рӯз аз рӯз кам мешавад. Бинобар ин, онҳоро бояд муҳофизат кард. Барои муҳофизати онҳо мо бояд обанборҳо ва кӯлҳои майдаро ифлос ва нест накунем, чунки онҳо ҷойи асосии афзойиши қурбоққаҳо мебошанд. Зиёда аз 41 намуди обхокиҳо ба «Китоби сурхи байналхалқӣ» дохил шудаанд.

57

доранд. Инкишофи кирминаашон дар об мегузарад. Онҳо тавассути ғалсама нафас мегиранд. Ҳашаротро хӯрда, фоидаи калон мерасонанд. Барои дигар хдйвонҳо ҳамчун хӯрок ба шумор мераванд.

Расми зеринро аз назар гузаронед. Номҳои намудҳои обхокиҳоро муайян карда, аз рӯйи таснифоташон ҷойгир кунед ва ба дафтаратон нависед.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image51.jpeg

Оё шумо медонед?

Дар соли 1973 дар Австрия қурбоққаеро пайдо намуданд, ки тухмҳо, кафлесакҳо ва қурбоққаҳои ҷавон, одатан, дар меъдаи вай инкишоф меёбанд. Ба ин маълумот бисёр олимон розӣ нашуданд ва бовар кардан намехостанд, ки меъда дар як вақт вазифаи хӯрокҳазмкунӣ (бо ёрии кислотаи хлорид ва шираи ҳозима) ва инчунин вазифаи халтаи нигохдорандаи наслро иҷро кунад.

Дар соли 1984 боз дигар намуди қурбоққаҳое ёфт шуданд, ки насли онҳо низ дар меъда инкишоф меёфтанд. Ин муамморо олимон баъди мушоҳидаҳои он қурбоққаҳо муайян намуданд. Яке аз қурбоққаҳои мушоҳидашаванда кафлесакро пеш аз муҳлати муайяншуда мезояд. Аз даҳони ин қурбоққаҳо луоби риштамонанд ба чашм аён мешуданд. Бо ин луоб ба девори меъдаи қурбоққа таъсир расонданд, ки ба зудӣ ихроҷи шираи меъда қатъ гардид. Аз ин маълум шуд, ки ҷудошавии шираи меъдаи қурбоққа бо таъсири моддаҳои махсусе, ки дар инкишофёбии кафлесакҳо ҳосил мешавад, ҳамоно қатъ мегардад. Дар тӯли 1,5 моҳ қурбоққамодар хӯрок намехӯрад ва фақат аз ҳисоби моддаҳои захиравии бадани худаш зиндагӣ мекунад.

Олимон хосиятҳои моддаҳои махсусро, ки кафлесакҳо ҷудо мекунанд, омӯхта истодаанд. Ҳосил кардани чунин моддаҳо дар оянда барои муолиҷаи захми меъда имконият медиҳад.

Дар қисми ҷанубӣ ва марказии Амрико курбоққаҳои дарахтӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз рӯйи ранги баланди огоҳкунандаи тана ва заҳри қотил доштанашон фарқмекунанд. Шикорчиёни маҳаллӣ заҳри ин қурбоққаҳоро барои заҳролуда кардани нӯги тири камони худ истифода мебаранд. Заҳре, ки аз филобатес ном як қурбоққа гирифта мешавад, то ҳазор одамро ба марг расонда метавонад.

Дар Амрикои Ҷанубӣ қурбоққа-буққа (лягушка бык) зиндагй мекунад, ки вай чун буққаи хонагӣ муу-муу гӯён овоз мебарорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *