Фанни Зоология

Давраҳои асосии инкишофи хордадорон

Хусусиятҳои монанд ва тафовути хордадорони дараҷаи паст ва ҳалқакирмҳо. Шумо медонед, ки ҳайвоноти хордадори дараҷаи паст — нештаршакл аст ва онро ба зертипи бекосаисарони типи хордадорон мансуб медонанд. Вай хусусиятҳои ба ҳапқакирмҳо монандро дорад. Нештаршакл ҳам аз рӯйи узви ихроҷаш ба он монандӣ дорад ва монанди ҳалқакирмҳо мағзи сар надорад. Системаи гардиши хуни сарбастааш ва надоштани дил ба системаи гардиши хуни ҳалқакирмҳо монанд аст. Мушакҳои нештаршакл ба шакли тасма ҷой гирифта, бо деворҳои кундаланг ба бандҳо тақсим шудааст, ки ин ҳама аз монандии вай ба ҳалқакирмҳо шаҳодат медиҳанд. Ин хусусиятҳои монандӣ робитаи хешии байни хордадорони дараҷаи паст ва ҳалқакирмҳоро нишон медиҳад. Вале дар онҳо тафовутҳои асоси мавҷуданд. Дар нештаршаклҳо скелети дарунӣ — хорда пайдо мешавад. Системаи асаби нештаршаклҳо ба шакли найча бар қади бадан болои хорда тӯл кашидааст ва ҳоло он ки вай дар ҳалқакирмҳо ба шакли занҷирча аз тарафи шиками бадан мегузарад. Системаи нафаскашии нешгаршакл (ғалсамаҳои гулӯ) нисбат ба ҳалқакирмҳо мукаммалтар аст. Ин тафовут аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳатто хордадорони дараҷаи паст аз ҷиҳати сохти бадан нисбат ба ҳалқакирмҳо дар савияи баланд мебошанд.

Пайдоиши хордадорон. Ҳайвоноти қадими баҳрие, ки ба ҳалқакирмҳо хеле монанданд, қариб 500млн сол қабл ба ҳайвоноти хордадор ибтидо гузоштанд. Як гурӯҳи хордадорон ба ҳаёти реги қаъри баҳр гузашта, то замони мо боқи монданд. Онҳо нештаршаклҳо мебошанд, ки ба зертипи ҳайвоноти бекосаисар тааллуқ доранд. Гурӯҳи дигар бошад, тарзи зиндагии дарандаву фаъол мегузаронанд. Дар ҷараёни эволютсия афзудани серҳаракатӣ ба такомули скелети дарунии ҳайвоноти ин гурӯҳ мусоидат намуд. Тири асосии тахтапушт- хорда аввал ба сутунмуҳраи тағояки ва баъд устухонӣ табдил ёфт, ки аз муҳраҳо иборат аст. Сутунмуҳрадорон ҳамин тавр дар Замин пайдо шудаанд.

Пайдоиши бандпойҳо. Бандпойҳои қадим — триллобитҳо кирмҳои баҳрии серқилчаро ба хотир меоваранд, вале бар хилофи онҳо дар ҳар як ҳалқаи (банди) бадан якҷуфтӣ пой доштанд, ки ба пойи бандпойҳо монанд буд. Онҳо байни бандпойҳои ҳозира ва ҳалқакирмҳои қадим мавқеи мобайниро ишғол мекунанд.

Аз нав барқарор кардани пайдарҳамии инкишофи таърихии ҳайвоноти сутунмуҳрадор нисбаган осон аст, чунки боқимондаҳои онҳо дар қабатҳои гуногуни замин боқӣ мондааст.

Дар байни хордадорони қадим ҳайвонҳои дорои болҳои шиноварии ҷуфт пайдо шудаанд. Онҳо дарандаҳои чусту чолок буданд. Вобаста ба тарзи зиндагии дарандавор дар онҳо дандонҳои тез инкишоф ёфтанд. Онҳо туъмаро ҷуста ва таъқиб карда, ҳаракати босуръату мураккаб мекарданд. Дар натиҷаи интихоби табиӣ узви ҳис ва системаи марказии асаби онҳо ба дараҷаи баланд инкишоф ёфтанд. Аввалин моҳиёне, ки зоҳиран ба наҳангҳои ҳозира монанд буданд, ҳамин тавр пайдо шудаанд.

Пайдоиши обхокиҳо ба ду ҷиҳати муҳимтарин алоқаманд аст: ба ной табдил ёфтани болҳои шиноварии ҷуфт ба вуҷуд омадани нафаскашӣ ба воситаи шуш ва ду доираи гардиши хун. Ин хусусияти нави обхокиҳо дар натиҷаи мубориза барои ҳаёт, интихоби табиӣ ба вуҷуд омада, ба мутобиқшавии онҳо ба тарзи ҳаёти хушкӣ мусоидат намуданд.

Мутобиқати минбаъдаи обхокиҳо ба ҳаёти хушкӣ (барҳам хӯрдани нафаскашӣ ба воситаи пӯст, бордории дарунӣ ва тухмгузорӣ дар хушкӣ) боиси пайдоиши хазандагони аввалин шудаанд. Дар давраи инкишофи худ хазандагон хеле сершумор ва мухталиф буданд, вале аксарияти онҳо дар мубориза барои ҳаёт бо ҳайвоноти хунгарм — парандагон ва ширхӯрҳо тоқат карда натавониста, ба ҳалокат расиданд.

Хусусияти муҳимтарини парандагон ва ширхӯрҳо хунгармии онҳост. Парандагон ва ширхӯрон ба туфайли ҳарорати доимии бадан дар шароити ниҳоят гуногун, аз ҷумла дар шароити хеле қаҳратун, ки на обхокиҳо ва на хазандагон зиста метавонанд, зиндагӣ карда метавонанд.

Хусусияти дигари хеле муҳими парандагон ва ширхӯрон ғамхорӣ дар ҳақи насл аст, ки миқцори намудро нигоҳ медорад.

Ҳамин тариқ, эволютсияи хордадорон низ марҳала ба марҳала таҳти таъсири омилҳои он — тағйирпазирӣ, ирсият ва интихоби табиӣ ба амал меояд.

Хешии инсон бо ҳайвонот. Сохти бадани инсон умуман монанди тамоми сутунмуҳрадорон аст. Сохти бадани ширхӯрон махсусан ба инсон монанд аст. Муддати дароз тахмин мекарданд, ки ин монандӣ тасодуфист. Мувофиқи таълимоти дин байни инсон ва ҳайвонот хеҷ як робитае набояд бошад.

Ч. Дарвин дар китоби «Пайдоиши инсон» бо далелҳои бисёр исбот кард, ки инсон дар натиҷаи инкишофи эволютсионии ширхӯрон пайдо шудааст. Илм аз он вақг инҷониб бо далелҳои хеле зиёди аз ҳайвон пайдо шудани инсон ғанӣ гардид. Инсонро акнун ҳайвон номидан мумкин нест, вале ӯ аз ҷиҳати пайдоиши худ бо олами ҳайвонот ба андозаи зиёд алоқаманд аст. Шумо дар синфи IX сохт ва фаъолияти ҳаёти бадани инсонро омӯхта, ба он борҳо бовар ҳосил хоҳед кард.

Ҳамин тариқ, инкишофи дуру дарози олами органикӣ дар Замин боиси пайдоиши инсон гардид. Азбаски ӯ дорои ақл ва қобилияти меҳнат буд, табиати зинда ва ғайризиндаро ба худ тобеъ карда тавонист. Муносибати мутақобила байни одамон ва инкишофи ҷамъияти инсонӣ на ба қонунҳои биологӣ, балки ба қонунҳои иҷтимоӣ тобеъ аст, ки шумо бо онҳо ҳангоми омӯхтани таърих ва ҷамъиятшиносӣ шинос хоҳед шуд.

Шаҷараи олами ҳайвонот. Муносибати хешии байни ҳайвонотро ба намуди нақша тасвир кардан мумкин аст, ки шаҷараи ҳайвонот ном дорад. Дар нақша номи гурӯҳҳои ҳайвонот ҳар қадар, ки поёнтар ҷой гирифта бошанд, ҳамон қадар онҳо сохти одитар доранд ва ҳамон қадар қадимтаранд ва баръакс болотар ҷой гирифта бошанд, ҳар қадар сохти намояндагони онҳо мураккабтар аст ва ҳамон қадар онҳо дар инкишофи таърихӣ ҷавонтаранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *