Фанни Зоология

Синфи парандаҳо

Парандаҳо ҳайвоноти муҳрадори олиташкил буда, танаи онҳо бо парҳо пӯшида шудааст ва пойҳои пешашон ба болҳо табдил ёфтаанд. Қобилияти дар ҳаво парвоз кардан, гармхунӣ, хусусияти сохти тана ва дигар фаъолияти ҳаётии онҳо имконият додаэст, ки парандагон дар рӯйи Замин ба таври васеъ паҳн шаванд. Намудҳои гуногуни парандаҳо бисёртар дар ҷангалҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд. Дар замони ҳозира зиёда аз 9 ҳазор намуди парандаҳо ба мо маълум мебошанд. Онҳо ба 35-40 қатор ҷудо карда мешаванд. Дар Тоҷикистон 385 намуди парандаҳо вомехӯранд, ки ба 16 қатор тааллуқдоранд.

§18. Муҳити зист ва сохти берунии парандаҳо

Муҳити зист. Аксарияти парандагон дар ҷангалзорҳо зиндагӣ мекунанд. Баъзеи онҳо дар байни шохаҳои дарахтон (думпараст, дурроҷ), дигарон дар танаи дарахтон (эзорсурхак, шонасарак, кукуҳо), сеюмашон дар рӯйи Замин (титав, тазарв, кабк, шутурмурғҳо ва бедона) зиндагӣ мекунанд. Аз рӯйи тарзи хӯрокхӯриашон парандаҳо ба зинаҳои зерини ҷангалӣ тақсим карда мешаванд: фотимачумчуқ, дурроҷ ва думпараст, ки ҳашароти баргхӯр ва кирминаи онҳоро мехӯранд: эзорсурхакҳо ҳашарот ва кирминаи онҳоро, ки дар зери пӯсти дарахт зиндагӣ мекунад, мехӯранд ва кабкҳо, чил, тазарв, бедона алаф, меваҳо ва донаҳои растаниҳои буттагиро мехӯранд.

Фароштурукҳо, достакҳо ва ғайра вақти асосии худро дар фазои кушод парвоз карда мегузаронанд. Онҳо дар вақти парвоз хомӯшакҳо ва дигар ҳашароти майдаро дошта мехӯранд. Баъзе намудҳои парандагон дар ҷойи кушоди дашту биёбонҳо зиндагӣ мекунанд. Парандаи нодир дуғдоғ дар даштҳо вомехӯрад. Дар сарзамини мо дар дашту биёбонҳо, сӯфитурғай, чил, кароғ, боша ва бумҳо вомехӯранд. Дар гирду атрофи заминҳои корам, полизҳо бисёртар парандагони донхӯр: залич, гунҷишки саҳроӣ, ҷавхӯрак,ҷӯр, саъва ва ғайраҳо ҷамъ мешаванд. Дар дашту биёбонҳо аз қатори шутурмурғон, шутурмурғи африқоӣ васеъ паҳн шудааст, ки тухми растаниҳо, ҳашарот ва калтакалосҳоро мехӯрад.

Ҳаёти бисёр парандагон ба ботлоқ, обанборҳо, кӯлҳо, ки он ҷо бисёр растаниҳои обӣ месабзанд, вобаста мебошад. Масалан, лаклаки сафед, хокистарранг, сиёҳ ва турнаҳо соатҳои дароз дар рӯйи об хӯроки худро меёбанд. Мурғобиҳо хӯроки худро дар ҷойҳои кушод ва тунуки об мекобанд.

Бисёр намудҳои парандагон ҳам дар кӯҳҳо, ҷангалҳо ва ҳам дар водиҳо зиндагӣ мекунанд. Уқобҳо, боша, бумҳо, шоҳин аз ин ҷумлаанд. Ин парандаҳо асосан, ширхӯрони хурд, хояндагон ва хазандаҳоро мехӯранд. Ҷойи зисти парандагон натанҳо ба таркиби хӯроки онҳо, инчунин ба ҷойҳои лонасозӣ ва имкониятҳои онҳо вобаста аст.

Сохти берунии парандагон. Бадани парандагон аз сар, гардан, танаи тухмшакл ва пойҳо иборат аст (расми 61). Дар ваҳги парвоз паранда сари худро ба танааш кашида ҷафс мекунад ва пойҳои худро ба ақиб гирифта танааш байзашакл мешавад, ки парвози онро осон мегардонад. Онҳо бо ёрии нӯл хӯрокро дошта, онро майда мекунанд, лона месозанд, худро аз душманонашон муҳофизат мекунанд ва ғайра. Шакл ва андозаи нӯлҳои парандагон гуногун мешавад ва ба тарзи хӯрокхӯрии онҳо вобаста мебошад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image68.jpeg

Дар парандаҳои муосир пайвастшавии устухони пой бо устухони кос нисбат ба хазандаҳо тағйир ёфтааст. Парандаҳо барои бо ду пойи ақиб ҳаракат кардан мутобиқ шудаанд. Шакли пой вобаста ба ҷой ва тарзи зист гуногун аст (расми 62).

Чашмони гирди онҳо ба ғайр аз пилки болоӣ ва поёнӣ боз пардаи мобайнӣ доранд. Ба пушти сар наздик сӯрохиҳои гӯш, ки дар зери пар пинҳонанд, ҷой гирифтаанд. Дар болои сари баъзе намудҳои парандагон (мурғмонандҳо) ҳосилаи гӯштӣ сабзидааст, ки онро тоҷ ё гӯшвор

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image69.jpeg

меноманд. Бадани парандаҳо бо пар пӯшида шудааст, ки ин нишонаи асосии онҳо буда, аз рӯйи он аз тамоми дигар ҳайвонот фарқ мекунанд (расмҳои 63 ва 64). Аз қисми беруни парҳои контурӣ ва зери онҳо парҳои майда ё ки парҳои қу ҷойгиранд. Дар зери онҳо парҳои тибитӣ ҷойгйр шудаанд. Парҳои контурӣ болои ҳам хобида, дар бадани паранда сатҳи якпухт ба вуҷуд оварда, ба он имконияти парвоз карданро медиҳанд. Ин парҳои контуриро парҳои парвозӣ меноманд. Парҳои контуриеро, ки думро пӯшонидаанд, парҳои идоракунанда (рулӣ) меноманд. Парҳои контурие, ки танаи парандаро пӯшонидаанд, нисбатан хурдтар мебошанд. Онҳо танаи парандаро аз шамоп ва борон муҳофизат мекунанд. Парҳои контурӣ аз тири асосӣ ё ки найчаи борик, ки ду тарафи он бодбезаки васеи мулоим дорад, иборат мебошад. Бодбезаки пар аз шабакаи зичи мӯякҳои шохини борики найча ҳосил шудааст ва онҳо ба мӯякҳои тартиби 1-ум ва 2-юм тақсим мешаванд. Мӯякҳои тартиби 1 -ум ба найча ба таври мувозӣ бо ҳам пайваст шудаанд. Аз ҳар як чунин мӯякҳо аз ду тараф мӯякҳои бориктари тартиби 2-юм сар мешавад, ки болои мӯякҳои якум хобидаанд ва ба онҳо бо чангакҳои андозаашон микроскопӣ часпидаанд. Чунин сохт парро чандир, сабук ва қариб ҳавоногузар мекунад (расмҳои 62 ва 63). Парҳои тибитӣ одатан дар зери дигар парҳо ҷойгир шудаанд ва онҳо аз найчаи борик иборат буда, мӯякчаҳои нозук доранд. Ин парҳо дар парандаҳои обӣ бештар тараққӣ кардаанд, ки гармии бадани парандаҳоро нигоҳ медоранд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image70.jpeg Парандагон дар давраи муайян тӯлак мекунанд. Яъне парҳои кӯҳна, ки вазифаи худро иҷро намудаанд, мерезанд ва ба ҷойи онҳо парҳои нав месабзанд. Дар парандагон аз ғадудҳои пӯстӣ фақат ғадуди думғоза, ки дар асоси дум ҷой гирифтааст, инкишоф ёфтааст. Паранда бо нӯлаш ғадуди равғанро фишурда, равғанро гирифта ба пар мемолад, яъне онҳоро равғанин мекунад. Ин равған парро чандир мекунад ва аз таршавӣ нигоҳ медорад. Баъзан паранда чангакҳои бодбезаки парро, ки аз ҳам ҶУДО шудаанд, ба тартиб меоварад. Ба ғайр аз рӯйпӯши пардор, танаи парандагон боз бо пулакчаҳои шохин пӯшида шудаанд. Бо ин пулакчаҳо одатан қисми поёни пойи паранда, устухони севка ва ангуштон пӯшида

шудаанд. Ҳамаи рӯйпӯши тана парҳо, пулакчаҳои шохин, ғилофи нӯл ва чанголҳо аз қабати берунии пӯстӣ ба вуҷуд омадаанд. Пӯсти парандаҳо ба монанди хазандаҳо хушк мебошад. Пӯсти хушкшудаи пойи парандагон ба шакли пулакчамонандаш пулакчаҳои хазандаро ба хотир меорад ва ба ҳам наздик будани синфи парандагон ва хазандаҳоро исбот мекунад.

§19. СКЕЛЕТ ВА МУШАКҲОИ ПАРАНДАҲО

Скелети парандагон вобаста ба мутобиқшавӣ барои парвоз як қатор хусусиятҳои хос дорад. Баъзеи онҳо ковок ва аз ҳаво пур мебошанд, ки ин боиси сабук шудани скелет мегардад. Скелет чор қисм дорад: косаи сар, сутунмуҳра, чанбари пойҳои пеш ва пойҳои ақиб. Сутунмуҳраи парандагон низ аз қисмҳои гардан, сина, камар, чорбанд ва дум иборат мебошад (расми 64). Муҳраҳои гардан шакпи махсуси зинмонанд доранд ва микдори онҳо аз 9 то 25-то мебошанд. Бинобар ин, серҳаракатанд ва сари худро ба ду тараф озодона гардонида метавонанд. Муҳраҳои сина ба ҳамдигар васл шуда, қариб беҳаракат мебошанд. Муҳраҳои камар ва чорбанд низ ба ҳамдигар еахт васл шудаанд, ки барои пойҳо такягоҳи асосӣ ба шумор мераванд. Муҳраҳои думи паранда ба ҳамдигар васл шуда устухони думғозаро ба вуҷуд овардаанд, ки ба он парҳои думи паранда пайваст мебошад. Муҳраҳои сина, қабурғаҳо ва устухони паҳни сина ё ки тӯш қафаси синаи парандаро ташкил мекунанд. Дар аксарияти парандагон қисми поёни тӯш устухони теғаи сина ё ки каъб дорад, ки масоҳати пайвастшавии мушакҳои синаро зиёд мекунад ва дар кам кардани муқовимати ҳаво дар парвоз нақши муҳим дорад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image71.jpeg

Чанбари пойҳои пеши онҳо аз се ҷуфт устухонҳо: охурак, шона ва қулфак иборат мебошад. Скелети бол аз як устухони китф, ду устухони банди даст (соид ва банди даст) ва якчанд устухони панҷа иборат мебошад. Устухони панҷаи пойи пеши онҳо фақат аз 3 ангушти тараққинакарда иборат аст ва ангуштҳо бо ҳам пайваст шуда, як устухонро ташкил мекунанд. Ин боиси устувории болашон гаштааст, ки дар вақги парвоз бори асосӣ ба ин қисми скелет рост меояд. Чанбари пойҳои ақиб аз се ҷуфт устухонҳои кос иборат аст, ки муҳраҳои камар ва чорбанд пайваст шуда, устухони косро ҳосил мекунанд. Аз тарафи устухонҳои кос чуқуричаҳои буғумҳо ҷойгиранд, ки ба онҳо устухони рони пойи ақиб ба таври ҳаракаткунанда пайваст мешавад. Пой аз устухони ғафстари рон, соқи борикударозтар, ки аз ду устухони бо ҳам пайваста иборат аст, севка (устухони дарунаш ковок) ва ангуштон таркиб ёфтааст. Устухони севка фақат ба парандагон хос мебошад, ки ба қисми поёни он устухонҳои кафи пой васл шудаанд. Ин барои аз ҷойи нишаст парвоз кардани паранда мусоидат карда, дар ҳолати нишастан аз зарбаи сахт нигоҳ медорад ва онро нарм мекунад.

Скелети косаи сари парандагон аз рӯйи сохт ва таркиби устухонашон ба скелети косаи сари хазандагон монанд мебошад. Лекин скелети сари парандагон аз рӯйи калон будани ҳаҷми косахонаи мағзи сар ва чуқурии ҷойи чашм фарқ мекунад. Ин ба инкишоф ёфтани мағзи сар ва узви биноии он вобаста мебошад.

Мушакҳои парандагон. Дар парандагон мушакҳои калони ҷуфти сина, ки ба устухони теғаи сина ва китф пайваст шудаанд, аз ҳама инкишофёфтатар ба шумор мераванд. Вазифаи ин мушакҳо аз поён кардани болҳо иборат мебошад, ки аз 5 як ҳиссаи вазни мушакҳои танаи парандаро ташкил медиҳад. Дар зери мушакҳои калони сина мушаки чанбари гардан ё ки зери қулфак ҷойгир шудааст, ки болро боло мебардорад. Мушакҳои пой ва гардан низ нағз инкишоф ёфтаанд. Ба қабурғаҳо ва шохаҳои онҳо мушакҳои байниқабурғавӣ пайваст шудаанд, ки дар нафасгирии паранда аҳамияти муҳим доранд. Ба воситаи буғумҳои пой то нӯги ангуштон пойҳо гузаштаанд, ки вақти дар болои шохчаҳои дарахтон нишастани паранда хизмат мекунанд. Яъне онҳо таранг шуда, ангуштон қат мешаванд ва шохчаро сахт нигоҳ медоранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *