Фанни Зоология

Афзойиш ва инкишофи моҳиҳо

Узвҳои афзойиш. Аксарияти намудҳои моҳиҳо ҳайвони ҷудоҷинса мебошанд ва як ҷуфт ғадуди ҷинсӣ доранд. Дар вақти чок кардани моҳии нарина дар ковокии тана як ҷуфт наслдони дарози сафедтобро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ковокии танаи моҳии модина як ҷуфт тухмдонҳои дарозрӯя ҷойгир шудаанд. Тухмдон ва наслдонҳо тавассути найчаҳо чун қоида бо сӯрохии мустақил ба берун кушода мешаванд. Дар давраи афзойиш дар тухмдонҳо ҳуҷайратухмҳо (тухмаки моҳӣ, икра) ва дар наслдонҳо моеи сафеди ғализ-нутфа ҳосил мешавад.

Тухмгузорӣ. Дар баробари болиғ шудани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ дар моҳиҳо ғаризаи (инстинкт) афзойишкунӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин вақт онҳо ба ҷойҳое сафар мекунанд, ки барои инкишофи наслашон мувофиқтар мебошад. Баъзе намуди моҳиҳо барои афзойиш дар канори пастоби обанборе, ки зиндагӣ мекунанд, ҷамъ мешаванд. Намудҳои дигарашон бошанд, аз баҳрҳо ба дарёҳо, ё баръакс, баъзеашон

(мормоҳиҳо — угорҳо) аз дарё ба баҳрҳо кӯч мебанданд. Масалан, кетаи Шарқи Дур (расми 15) ва озодмоҳй барои афзойиш аз уқёнуси Ором то ба резишгоҳи дарёҳои Шарқи Дур масофаи 2000 км роҳро тай мекунанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image19.jpeg

Мормоҳии аврупоӣ (угор) аз муҳити дарё ва кӯлҳо барои афзойиши насли худ ба ҷониби баҳр роҳ пеш мегирад.

Дар он ҷойе, ки онҳо ба афзойиш оғоз мекунанд, моҳии модина тухм мегузорад ва сипас ба болои он моҳии нарина моеи махсуси нутфадорро мерезад. Ҳуҷайратухмҳо бордор мешаванд. Афзойиши моҳиҳо — тухмгузорӣ (нерест) ном дорад.

Инкишофи ҷанини моҳиҳо. Баъди бордоршавии тухмҳуҷайра ҷанини бисёрҳуҷайра инкишоф меёбад.

Кирминаи инкишофёфтаистода ва аз пардаи тухмҳуҷайра озодшуда сараввал аз ҳисоби моддаи ғизоии тухмҳуҷайра — халтаи зард зиндагӣ мекунад. Баъди ба охир расидани он ғизо кирмина ҳайвонҳои микроскопӣ — обсабзҳо, инфузорияҳо, дафния ва сиклопҳоро мехӯрад. Баъдтар кирмина ба моҳии болиғ монанд мешавад, ки онро майдамоҳӣ меноманд (расми 16). Кирминаҳо ва майдамоҳиҳо душманони бисёр доранд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image20.jpeg

Миқдори зиёди кирминаҳо дар шароити номусоиди муҳити зист нобуд мешаванд. Ба ғайр аз ин, тухмҳуҷайраҳои ба қаъри об гузошташуда баъзан бордор нашуда мемонанд ва дигар ҳайвонҳо онҳоро тӯъмаи худ месозанд. Аз ҳамин сабаб дар моҳиҳо хосиятҳои сернаслӣ ва ғамхорӣ барои насл ба вуҷуд омадааст. Масалан, аломоҳии дарёӣ то млн ва равғанмоҳӣ бошад, то 10 млн тухм мегузоранд. Баъзе моҳиҳо ба микдори кам тухм мегузоранд, вале барои насли худ ғамхории калон зоҳир мекунанд. Масалан, хормоҳии сехораи модина 60-70 тухми худро дар лонаи лӯндашакл, ки аз обсабзҳо сохта шудааст, мегузорад (расми17). Мормоҳии наринабошад, лонаро токалон шудани кирминаҳо муҳофизат мекунад. Ғамхорӣ барои насл дар тиляпия ном моҳии африқоӣ хеле аҷиб аст. Ҷинси наринаи ин моҳӣ тухмро дар даҳони худ нигоҳ медорад. Моҳичаҳо низ аз таҳциди душман ба тезӣ дар даҳони ин моҳӣ пинҳон мешаванд. Аспакмоҳии баҳрии нарина тухми худро дар C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image21.jpeg халтаи рӯйи шикамаш гирифта мегардад (расми18а).

Моҳиҳои зиндазой. Баъзе намуди моҳиҳотухм намегузоранд. Онҳо кирминаи дар батни худашон инкишофёфтаро тавлид мекунанд (расми 18). Ба ин гурӯҳи моҳиҳо баъзе намуди наҳангҳо, суфрамоҳиҳо ва моҳиҳои аквариумӣ (гуппӣ, шамшердум) дохил мешаванд.

Инкишофи кирмина дар найчаҳои тухмгузари ҷинси модина аз ҳисоби моддаҳои ғизоии дар тухм захирашуда мегузарад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image22.jpeg

§7. Гурӯҳҳои таснифотии моҳиҳо

Фарқи моҳиҳо аз рӯйи аломатҳои таснифотӣ ва биологӣ.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image23.jpeg Намудҳои гуногуни моҳиҳо аз рӯйи як қатор аломатҳояшон ба ҳамдигар монанд мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ба ҳамдигар муносибатҳои авлодӣ доранд. Он аломатҳое, ки намудҳои гуногунро ба ҳамдигар наздик мекунанд, аломатҳои таснифотӣ номида мешаванд. Аломатҳое, ки намудҳои гуногунро аз рӯйи рафтор, тарзи зиндагӣ, афзойиш ба ҳамдигар наздик мекунанд, аломатҳои биологӣ ном доранд.

Масалан, суфрамоҳиҳо ва наҳангҳо ба ҳамдигар муносибати авлодӣ доранд. Яъне онҳо ба чунин аломатҳои умумискелети тағоякӣ, сӯрохиҳои мустақили ғалсама ва ғайра соҳиб мебошанд (расми 19).

Вобаста ба муносибатҳои авлодӣ ва соХтоф моҳиҳои замони ҳозира ба ду синфи мустақил — моҳиҳои тағоякдор ва устухондор ҷудо мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *