Фанни Зоология

Афзойиш ва инкишофи ширхурон

Узвҳои афзойиш. Чун дигар муҳрадорон ширхӯрон ҷудоҷинса мебошанд. Дар узви ҷинсии модина (тухмдонҳо) тухмҳуҷайраҳо ва дар узви ҷинсии нарина (наслдонҳо) нутфа инкишоф меёбад. Тухмҳуҷайра дар бисёр ширхӯрон хурд буда (то 0,2 мм), онро бо микроскоп дидан мумкин аст. Бордоршавии тухмҳуҷайра дар ширхӯрон, хазандагон ва парандагон дарунӣ аст ва дар найи тухмгузар ба вуҷуд меояд.

Инкишофи ҷанин, Тухмҳуҷайраи бордоршуда дар аксарияти ширхӯрон бо найчаи тухмгузар ба узви махсус, ки бачадон ном дорад, мегузарад (расми 105). Дар бачадон ҳуҷайратухми бордоршуда ба ҷанини бисёрҳуҷайра табдил меёбад. Ҷанин бо ҷилдаш ба девори бачадон мечаспад ва бо девори бачадон якҷоя сабзида ҷойи сукунати кӯдак ё ки ҳамроҳак ба вуҷуд меояд. Аз ҳамин сабаб ширхӯронеро, ки дар онҳо ҳамроҳакхуб сабзида ба вуҷуд меояд, ҳамроҳакдорон меноманд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image103.jpeg

Бо ин хусусиятҳои худ тарзи зиндазойии ширхӯрон аз зиндэзойии моҳиҳо ва хазандаҳо, ки инкишофи ҷанинашон аз ҳисоби захираи моддаҳои ғизоии дар тухм ҷамъшуда ба вуҷуд меояд, ба куллӣ фарқ мекунад. Дар бачадон ҷанин барои худаш ҳарорати заруриро пайдо карда, худро аз омилҳои ноқулайи муҳити беруна муҳофизат мекунад. Дар давраи аввали инкишофи ҷанини ширхӯрон ибтидои сӯрохиҳои ғалсамаи моҳиҳо ба вуҷуд меояд. Аз рӯйи ин ва баъзе хусусиятҳои дигар ҷанини ширхӯрон ба ҷанини моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо монанд мебошад. Давраи ҳомиладорӣ аз давраи бордоршавии тухмҳуҷайра то таваллуд шудан аз якчанд ҳафта то 2 сол давом мекунад. Масалан: харгӯш 3 моҳ, саг 4-5 моҳ, шер 6-7 моҳ, маймун 8-9 моҳ, заррофа 16 моҳ ва фил 2 сол. Фил дар 5 сол 1 бача мезояд. Ба балоғатрасии муҳрадорон ба вазни тана вобастагӣдорад. Ширхӯрони калонҷусса нисбатан дертарболиғмешаванд. Мушҳо дар 2 — 3-моҳагӣ ва филҳо дар 20-солагӣ қобилияти насл доданро пайдо мекунанд. Муҳлати инкишофи ҷанин дар бачадони ширхӯрон вобаста ба андозаи тана гуногун аст. Ширхӯроне, ки лона ва дигар паноҳгоҳҳо намесозанд, одатан, насли онҳо бино, танаашон бо пашм пӯшида ва қобилияти ҳаракатдошта тавлид мешаванд. Масалан, гавазн, заргӯш ва ғайра, ки дар ҷойи кушод зиндагӣ мекунанд, баробари тавлидшавӣ бо пойҳои худ ҳаракат мекунанд. Ширхӯроне, ки лона месозанд ва ғорҳо мекобанд (санҷоб, муш ва ғайра), бачаҳои нобино, нотавон, лучбадан тавлид мекунанд. Масалан, бачаи санҷоб баъди 30 рӯз чашми худро мекушояд ва аз хонаи худ баъди 40 рӯз берун мебарояд.

Клонҳо. Аз лиҳози генетикӣ организми якхела мебошанд, ки бо роҳи табиӣ ба вуҷуд меоянд. Клонҳо дар байни растаниҳо ва ҳайвонҳое, ки қобилияти бо роҳи ғайриҷинсӣ афзойиш карданро доранд, ба вуҷуд меоянд. Масалан, тақсимшавии амёбаҳо ва актинияҳо. Аксарияти ҳайвонҳои дараҷаи олй ба гайр аз дугоникҳои яктухма клон ҳосил намекунанд.

Дар солҳои охир мутахассисон усулҳои дар шароити лабораторӣ ҳосил кардани клонҳоро кор кардрбаромаданд. Барои ҳосил кардани клонҳо ҳуҷайраи бофтаҳосилкунанда (тана) дар муҳити махсуси ғизоӣ парвариш карда мешавад. Бори аввал дар соли 1997 олимон нусхаи гӯсфанди Доллоро бо усули клонҳо на аз ҳуҷайраи ҷинсӣ, балки аз ҳуҷайраи танаи модар ба вуҷуд оварда буданд. Бо усули клонҳо ба вуҷуд овардани растаниҳо ва ҳайвонот дар соҳаи кишоварзӣ аҳамияти калон дорад, лекин дар ҷомеаи инсонӣ қобили қабул нест. Ин усулро одамони тамоми дунё рад кардаанд.

Ғамхорӣ барои насл. Дар ширхӯрон ғаризаи (инстинкт) ғамхорӣ барои насл хеле хуб инкишоф ёфтааст. Ҷинсҳои модина насли худро бо шир таъмин мекунанд, онҳоро бо ҳарорати баданашон гарм нигоҳ медоранд ва аз душманон муҳофизат карда, инчунин хӯрокёбиро ба онҳо

меомузонанд. Дар бисёр ширхурон барои тарбияи наслашон ҳар ду ҷинс иштирок мекунанд. Хирс бачаҳои худро то 2-солагй тарбия мекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *