Фанни Зоология

Узвҳои дарунии тана ва системаи асаби парандагон

Ковокии танаи парандаҳоро қафаси сина ва коси васеъ ташкил медиҳанд, ки дар ин ковокӣ узвҳои дарунӣ ҷойгир шудаанд. Сохти узвҳои ҳозимаи парандагон ба қисмҳо ва узвҳои ҳозимаи ҳайвонҳои дигари муҳрадор монанд аст (расми 65). Ба ин узвҳо ковокии даҳон, гулӯ, сурхрӯда, меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва ғайраҳо дохил мешаванд. Лекин бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд. Устухонҳои нӯли боло ва поён нӯлро ташкил медиҳанд, ки вобаста ба таркиби хӯрок шаклан гуногунмешаванд (расми 62). Парандаҳо тӯъмаи нисбатан хурди ғизоро резаву майда накарда, нахойида фурӯ мебаранд, лекин тӯъмаи калонро пора карда мехӯранд. Дар парандагон сурхрӯда хеле калон мешавад ва онро то охир аз хӯрок пур карда метавонанд. Дар бисёр парандагон (кабӯтар, мурғҳо) қисми поёни сурхрӯда васеъ шудааст, ки он ҷиғилдон ном дорад ва вазифаи муваққатан захира кардани хӯрокро иҷро мекунад. Дар ҷиғилдон хӯрок аз таъсири шираи ғадуд нарм шуда, ба тағйироти кимиёвӣ дучор мегардад. Меъдаи парандагон (расми 66) аз ду қисм — серғадуд ва сермушак иборат аст. Дар қисми аввал, ки шираи меъда ҷудо мегардад, аз таъсири он хӯрок нарм мешавад ва қисми дуюм деворҳои мушакӣ дошта, хӯрокро майда ва ҳазм мекунад. Ба рӯдаи борик маҷрои ғадуди меъда, ҷигар ва пуфаки талха кушода мешавад. Рӯдаи ғафс кӯтоҳ аст ва ба мақъад кушода мешавад, бинобар ин, парандагон тез-тез ахпоти худро хориҷ мекунанд. Ин вазни танаи онҳоро кам мекунад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image72.jpeg C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image73.jpeg Ҳазми хӯроки онҳо тез-тез ба амал меояд, ки ин ҳолат ба ҳарорати баланд ва микдори зиёди энергия эҳтиёҷдоштани онҳо вобаста мебошад. Дар парандаҳое, ки меваи тар мехӯранд (фотимачумчуқ, майна, дурроҷ), хӯрокдар 8-10 дақиқа ва дар чуғз ва бумҳо маводи хӯрока (мушҳо) дар 4 соат ҳазм мешавад.

Системаи нафасгирӣ. Узвҳои нафасгирӣ дар парандагон ба монанди хазандагон аз роҳҳои нафасгирӣ ва шуш иборат аст (расми67). Фарқи шуши парандаҳо аз хазандаҳо дар он аст, ки моддаҳои исфанҷмонанд (пуфакчаҳо) бисёр доранд ва дар онҳо шохаҳои майда найчашакл ҷойгир шудаанд. Девори ин найчаҳо бо мӯйрагҳои хун пӯшида шудаанд. Аз ин маълум мешавад, ки сатҳи нафасгирии шуши парандаҳо нисбат ба хазандаҳо зиёдтар аст.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image74.jpeg Баъзе шохаҳои калони найчаи нафасгирӣ ба найчаҳои майда ҷудо нашуда аз шуш мегузаранд ва дар ҷойҳои гуногуни тана васеъ шуда ба халтаҳои ҳаво табдил меёбанд (расмҳои 65 ва 67). Халтаҳои ҳаво дар байни узвҳо ҷойгир мешаванд ва шохаҳои онҳо ба устухонҳои найчашкл ва мушакҳои зери пӯст дохил мешаванд. Ҳаҷми умумии халтаҳои ҳаво нисбат ба ҳаҷми шуш 10 маротиба зиёдтар аст. Халтаҳои ҳаво вазни хоси парандаро кам карда, узвҳои дохилиро аз гармшавии зиёд дар вақги парвоз муҳофизат мекунанд. Вазифаи асосии онҳо иштирок дар раванди нафасгирӣ мебошад.

Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ дар парандаҳо аз ҳисоби ҳаракати қафаси сина ба амал меояд.

Ҳавои сероксиген аз шуши паранда ду маротиба: вақти нафасгирӣ ва нафасбарорӣ мегузарад. Яъне парандаҳо як маротиба нафас мегиранд ва ду маротиба нафас мебароранд. Бори аввал ҳавои шуш ва бори дуюм ҳавои халтаҳои ҳавоӣ истифода бурда мешаванд. Ин тарзи нафасгирӣ дар парандаҳо, ки ба микдори зиёди оксиген ва энергия эҳтиёҷдоранд, мусоидат мекунад. Дар шуш оксиген ба хун ҷаббида шуда, аз хун гази карбон тавассути шуш хориҷ карда мешавад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image75.jpeg Узвҳои гардиши хун. Бар хилофи хазандагон дили парандагон чорхонагӣ мебошад (расми 68). Дил аз ду даҳлез ва ду меъдачаи дил

иборат аст. Тарафи рост ва чапи дил ба ҳамдигар алоқа надоранд. Бинобар ин, хуни шарёнӣ ва варидӣ ба ҳам омехта намешаванд ва аз ин рӯ мубодилаи моддаҳо дар парандаҳо тез мегузарад. Ба тамоми узвҳои тана хуни шарёнӣ ва ба шуш хуни варидӣ дохил мешавад. Дар парандагон ду доираи гардиши хун — калон (тамоми танаро) ва хурд, ки(дил ва шушро) фаро мегирад, дида мешавад. (расми 68, 69)

Дили парандагон қавӣ аст ва бо суръати тез мезанад. Чунончи, дили кабӯтар дар ҳолати оромӣ 165 маротиба ва дар вақти парвоз то 550 маротиба кашиш мехӯрад. Аз ҳамин сабаб хуне, ки дил ба рагҳои хун мепартояд, фаврӣ боз ба дил гашта меояд (расми 69).

Мубодилаи моддаҳо. Дараҷаи мубодилаи моддаҳо дар парандаҳо нисбат ба хазандагон баландтар аст. Ин ба ташаккули нафасгирӣ, гардиши хун ва тез будани ҳазми хӯрок вобаста мебошад. Дар ҷараёни оксидшавии моддаҳои мураккаби органикӣ дар ҳуҷайраҳои бадани парандагон энергияи бисёр ҷудо мешавад, ки он барои гарм кардани бадан, кашишхӯрии мушакҳо ва дигар фаъолияти физиологии организмашон истифода бурда мешавад. Дараҷаи баланди мубодилаи моддаҳо, пӯшиши бадан бо пар, ки ба муҳити беруна хориҷшавии гармиро камтар мекунанд, ҳарорати доимии бадани парандагонро таъмин менамоянд (одатан ҳарорати бадани парандагон то 40-43°С мешавад).

Системаи асаб. Системаи асаби парандагон аз хазандагон ва дигар муҳрадорон аз рӯйи бисёртар инкишоф ёфтани мағзи сарашон фарқ мекунад. Аз ҳама бештар нимкураҳои мағзи пеш, мағзи миёна ва мағзча инкишоф ёфтаанд (расмҳои 70 ва 71). Аз сабаби ба дараҷаи баланд инкишоф ёфтани нимкураҳои мағзи сар, рафтори парандагон хеле мураккаб шудааст. Онҳо ҷойи лонасозиро интихоб мекунанд, лона месозанд, лонаро посбонӣ мекунанд, чӯҷа мебароранд ва онҳоро тарбия карда, аз як ҷой ба ҷойи дигар мекӯчанд ва ғайра. Дар онҳо рефлексҳои шартӣ тез ҳосил мешаванд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image76.jpeg

Узви ихроҷи парандагон. Ин вазифаро як ҷуфт гурдаҳо иҷро мекунанд. Боқимондаи маҳсулоти мубодилаи моддаҳо, ки барои организми паранда зарур нестанд, дар гурдаҳо аз хун полида ме- шаванд. Ин моддаҳодар шакпи пешоб тавассути найчаҳои пошобгузар ба пуфаки пешоб ва баъд ба мақъад гузаронида мешаванд. Аз мақьад бо ахлот якҷоя ба берун партофта мешаванд (расми 72).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image77.jpeg

§21. Афзойиш ва инкишофи парандаҳо

Узвҳои афзойиш. Ба монанди дигар ҳайвонҳои муҳрадор, дар ковокии танаи парандагон низ ғадудҳои ҷинсӣ ҷойгир шудаанд. Ин узвҳоро дар ҷинсҳои нарина наслдонҳо ва модина-тухмдонҳо ташкил медиҳанд (расми 72). Наслдонҳо як ҷуфтанд ва шаклашон лубиёмонанд мешавад. Дар вақти афзойиш ҳаҷми онҳо якчанд маротиба калон мешавад. Тухмдонҳо ҷуфтанд, лекин фақат тухмдони тарафи чап фаъолият мекунад. Тухмдони тарафи рост одатан инкишоф наёфтааст, ки ин мусоидат ба камшавии вазни паранда ба шумор меравад. Тухмҳо дар тухмдонҳо дар як вақт инкишоф намеёбанд. Тухмҳои инкишофёфта ба найчаи тухмгузар, ки девораш аз ғадудҳо ғанӣ аст, мегузарад ва бордор мешавад. Тухме, ки аз найчаи тухмгузар мегузарад, бо қабати сафеда ва ғайра пӯшида мешавад. Парандагон, одатан, дар мавсими баҳор ба афзойиш шуруъ мекунанд. Дар давраи афзойиш баъзе парандагон (гунҷишкшаклони майда) ҷуфти мавсимӣ, дигарашон (лаклакҳо, кулангҳо ва ғайра) ҷуфти доимӣ ва қисми дигар селаро ташкил мекунанд, ки аз як ҷинси нарина ва якчанд модина иборат аст. Барои ҷалб кардани ҷинсҳои модина фардҳои нарина нағмасаройӣ мекунанд ва байни ҳамдигар задухӯрдҳоро ба вуҷуд меоранд.

Сохти тухм. Қисми асосии тухмро зардии курашакл, ки бо қабати махсус пӯшида шудааст, ташкил медиҳад. Дар қисми болоии зардӣ таначаи ҷанин ҷой гирифтааст. Ҷанин ба доғи сафедранг монанд аст, ки аз ҳуҷайраҳои дар вақти тақсимшавии ҳуҷайратухм ҳосилшуда ва қисми фаъоли ситоплазма иборат мебошад. Зардӣ аз ду тараф бо нахҳои махсуси аз сафедаи ғализ иборатбуда нигоҳ дошта мешавад. Ин нахҳо зардиро дар мобайни тухм нигоҳ медоранд. Қисми поёни зардӣ вазнинтар аст. Бинобар ин, тухм дар кадом ҳолате, ки бошад, дар натиҷаи тоб хӯрдани нахҳо тавассути ба поён тоб хӯрдани қисми вазнини зардӣ, ҷанин ҳамеша дар сатҳи болоии тухм ҷойгир мешавад. Ин ҳолат ҷанинро ба ҳарорати бадани паранда, ки тухмро пахш мекунад, наздик месозад. Зардӣ аз моддаҳои ғизоии бисёр ва об, ки барои инкишофи ҷанин заруранд, таркиб ёфтааст (расми 73). Зардиро қабати ғафси сафеда иҳота кардааст ва бо ду қабати пардаи зери пӯст, ки ба тарафи кунди тухм (пунак) давом

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image78.jpeg

карда, ковокии ҳаворо ҳосил менамояд, пӯшонда шудааст. Қабати зардӣ тухмро аз таъсироти гуногун муҳофизат мекунад ва манбаи асосии об барои ҷанин ба шумор меравад. Тухм аз берун бо қабати оҳакӣ ё ки пӯстлох пӯшида шудааст, ки вазифаи ҳимояи тухмро адо мекунад. Қисми кунди тухм сӯрохчаҳои майда дорад, ки нафасгирии ҷанинро таъмин мекунанд. Пӯсти оҳакии тухм дар вақти инкишофи ҷанин қисман барои ҳосилшавии скелеташ истифода бурда мешавад. Дар зери пӯсти оҳакӣ пардаи тунук ҷойгир шудааст, ки тухмро аз дохилшавии микробҳо нигоҳ медорад. Тухми парандагон аз рӯйи шакл ва рангашон гуногун мешавад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image79.jpeg Ҷанин дар тухм. Дар ҳарорати баланд (қариб +39°С) аз намии муайян инкишоф меёбад. Ин шароит барои тухм аз тарафи паранда дар вақти пахш кардани тухм фароҳам мешавад. Ҷанини парандаҳо тез инкишоф меёбад (расми 74). Дар рӯзи 2 — 3-юми пахшкунии тухм мабдаъҳои узвҳои

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image80.jpeg гардиши хун, системаи асаб, босира ва рӯдаҳо ба вуҷуд меоянд, ки ин дар авлоди гузаштаи парандагон мавҷуд будани ғалсамаро исбот мекунад (расми 75). Пойҳои пеш ва ақиб ба ҳамдигар монанд буда, думи нисбатан дароз ба назар аён аст. Дар рӯзи 5 — ум ҷанин аз рӯйи намуди беруна ба паранда хеле монанд мешавад. Дар давраи охирини инкишофёбӣ ҷанин тамоми ҳаҷми тухмро ишғол мекунад ва нӯли худро ба қисми кунди тухм, ки ҳаво дорад, ҷойгир менамояд ва бори аввал нафас гирифта, бо нӯли худ пӯсти тухмро шикаста ба берун мебарояд.

Роҳҳои инкишофи чӯҷаҳо. Дар як қисми парандагон, масалан, кабӯтарҳо, майна, мусича, гунҷишкон ва ғайра аз тухм чӯҷаҳои заиф, яъне нобино, бепар, камҳаракат мебароянд. Волидайн онҳоро

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image81.jpeg мехӯронанд, гарм ва муҳофизат мекунанд. Дар рӯзҳои аввал кабӯтар чӯҷаҳои худро бо шири махсус, ки аз ҷиғилдон ҷудо мекунад, таъмин менамояд. Парандаҳое, ки аз тухми онҳо чӯҷаҳои нотавон ва заиф мебароянд, парандаҳои лонани- шин (чӯҷарасон) номида мешаванд (расми 76). Дар қисми дигари парандаҳо, ба монанди кабк- монандҳо, мурғобиҳо, мурғҳои хонагӣ ва дигарон, чӯҷаҳояшон аз тухм бо пар пӯшида, тавоно ва бино мебароянд. Баъди муддати кӯтоҳ аз қафои модарашон мегарданд ва мустақилона хӯрок мехӯранд. Ин қабил парандаҳо лонатарк (чӯҷабарор) ном гирифтаанд.

Лонасозии парандагон. Ҳаёти парандагон ба монанди дигар ҳайвонот вобаста ба мавсими сол тағйир меёбад. Баҳорон лона месозанд ва тухм гузошта чӯҷа мебароранд. Одатан, парандаҳо ҷуфт шуда, дар қитъаи муайян, ки хӯрок фаровон аст, лона месозанд. Баъзе парандаҳо барои атрофи лонаи худро аз дигар фардҳо ва намудҳо муҳофизат намудан, посбонӣ мекунанд. Бисёр намуди парандаҳо, масалан, фароштуруки соҳилӣ, зоғ, шӯрнӯл, моҳихӯрак ва ғайра гурӯҳ шуда лона месозанд. Ин ба фаровон будани хӯрок вобаста аст.

Лона, ҷойи лонагузорӣ ва сохти он гуногун мешавад (расми 77). Масалан, мурғмонандҳо лонаи чуқур намесозанд, яъне лонаи онҳо аз барг ва чӯбчаҳои хушк иборат мебошад. Лонаҳои зоғ, шӯрнӯл, акка мураккаб аст. Акка болои лонаи худро пӯшонда, дохилашро бо лой мустаҳкам мекунад. Момоҷурғотӣ ва дигар парандагон аз растаниҳо лонаи чуқур бо деворҳои мустаҳкам месозанд. Лонаи фотимачумчуқ ва наматак доирашакл буда, ба монанди лонаи достак дарозрӯя мешавад. Баъзе намудҳои фотимачумчуқ, эзорсурхак, шонасарак ва ғайра дар ковокии дарахтони хушк ва пиршуда лона мегузоранд. Дар байни парандаҳо фақат куку лона намесозад. Кукуи модина 10-12-то тухми худро яктогӣ дар лонаи парандаҳои ҳашаротхӯр мегузорад ва ин парандаҳо чӯҷаи кукуро ба воя мерасонанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image82.jpeg

Баровардани чӯҷаҳо. Тухмро одатан як ҷинс ё ки баъзан хар ду ҷинс бо навбат пахш мекунанд, ки муҳпати он ба ҳаҷм ва миқцори тухмҳо вобаста аст. Ин ҳолат дар парандаҳои хурд 12 шабонарӯз ва мурғҳо то 21 рӯз давом мекунад.

Ҳаёти баъдилонагии чӯҷаҳо. Баъди ба парвоз сар кардан бисёр парандагон оҳиста — оҳиста тӯлак мекунанд. Дар мурғобиҳо ва ғозҳо парҳои парвоз зуд мерезанд. Бисёр парандаҳои ҷавон ба ҷойҳои хӯроки фаровондошта парвоз карда мераванд, то ки барои зимистонгузаронӣ микдори зиёди чарбуро захира кунанд.

Кӯчиши парандагон. Бисёр парандагон баробари саршавии тирамоҳ

ва камшавии хӯрок ба ҷойҳои гарм парвоз карда мераванд. Аввалин шуда аз ҷумҳуриамон булбулҳо, заргулдор, достак ва фароштурукҳо кӯч мебанданд. Баъдтар баробари сардшавии ҳаво ғозҳо, мурғобӣ ва турнаҳо мераванд. Аввали баҳор ин парандаҳо боз парвоз карда меоянд. Ба ҷойи зимистонгузаронӣ ва лонагузорӣ парандаҳо бо роҳи муайян парвози роҳи дуру дарозро тай мекунанд, ки онҳоро парандаҳои кӯчӣ (сафарӣ) меноманд. Лаклаки сафед барои зимистонгузаронӣ ба масофаи хеле дур ба Африқои Ҷанубӣ парвоз карда меравад (расми 78). Парандаҳои боқимонда ба намудҳои муқимӣ ва мавсимӣ мансуб мебошанд.

Парандаҳои муқимӣ ва мавсимӣ (муҳоҷир). Парандаҳои муқимӣ дар тамоми фаслҳои сол дар ҷойи муайян зиндагӣ мекунанд. Масалан, гунҷишки хонагӣ, мусича, майна, фохта, қумрӣ ва ғайра.

Парандаҳои мавсимй ё ки муҳоҷир ҷойи зимистонгузаронӣ ва роҳи муайяни парвозро надоранд. Онҳо баъди лонасозӣ ба ҷойҳои дур парвоз карда мераванд. Ба онҳо фотимачумчуқ, булбул, заргулдор, эзорсурхак ва ғайра мисол шуда метавонанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image83.jpeg

Усулҳои омӯзиши кӯчи парандаҳо. Ҷойи зимистонгузаронӣ, роҳи парвози парандаҳо бо усули ҳалқабандӣ омӯхта мешаванд. Ба пойи паранда ҳалқаи сабуки алюминий, ки дар он рақам ва маркази ҳалқабандӣ навишта шудааст, баста мешавад. Агар парандаи ҳалқадорро дар дигар мамлакатҳо олимон даст гиранд, ба унвони ҳамон маркази ҳалқа басташуда хабар медиҳанд. Аз рӯйи ин маълумот ҷойи зимистонгузаронии парандаҳо ва роҳи кӯчи онҳо маълум карда мешавад. Маълум карда шудааст, ки бисёр намудҳои парандаҳои Тоҷикистон дар Африқои Ҷанубӣ ва Ҳиндустон зимистонро мегузаронанд.

Сабабҳои кӯчи парандаҳо. Олимон муайян кардаанд, ки кӯчи парандагон ба тағйирёбии мавсими шароити зиндагӣ ва камшавии хӯрок вобаста мебошад. Ҳазорҳо сол пеш иқлим дигар шуд ва фаслҳои сол муқаррар шуданд. Барои чӯҷабарорӣ парандаҳои ноҳияҳои шимолӣ ва иқлимашон муътадил ба ҷойҳои гарм парвоз мекунанд. Одатан, дар аввали баҳор ба ҷойи сукунати худ парвоз кардани парандагон ба зуҳуроти ғаризавии таносул ё ки афзойишкунӣ вобаста мебошад. Кӯчи тирамоҳӣ ба кам шудани хӯрок, кӯтоҳ шудани рӯз ва сардшавии ҳаво вобаста мебошад, ки ин тағйироти мавсимӣ гӯё бонгест барои парвоз карда рафтан аз маҳалли бехӯрок. Ҳамин тариқ, кӯчи мавсимӣ амалиёти ғаризавии (инстинктии) парандагон мебошад, ки дардавоми миллионҳо сол бо таъсири омилҳои мавсимии сол ба вуҷуд омадааст.

Роҳҳои самтёбии парандаҳо ҳангоми парвоз. Бисёр парандагон самти парвози худро аз рӯйи офтоб, ситораҳо ва қисман ҳофизаи чашм (биноӣ) муайян карда метавонанд. Бинобар ин, одатан, парандагон шабона парвоз мекунанд, лекин рӯзона хӯрок мехӯранд ва дам мегиранд. Аз эҳтимол дур нест, ки парандагон майдони магнитии Заминро ҳам дарк мекунанд ва барои самтёбӣ истифода мебаранд. Ин масъалаи кӯчи парандагон то ҳол пурра омӯхта нашудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *