Фанни Таърихи точикон

Суқути хонадони тоҷикии Бармакӣ

Қудрат, шукӯҳ ва сарвати афсонавии оли Бармак тадриҷан ҳусни рақобат ва ҳасодати бузургони арабро барангехт. Ва ин боиси душмании онҳо бо Бармакиён шуд. Ин шахсони бадандеш Бармакиёнро назди халифа Ҳоруннарашид сиёҳ мекарданд. Саранҷоми ин душманиҳо муассир афтод ва халифаро нисбат ба хонадони Бармакиён бадгумон сохт. Дар ҳамин замон достони Ҷаъфар ва Аббоса низ пеш омад, ки бар хашми Ҳорун биафзуд ва ӯро барои нобуд сохтани ин хонадони олимартаба маҷбур сохт.

Дар охири моҳи муҳаррами соли 187 ҳиҷри халифа Ҳоруннарашид Масрур ном ғуломро бо идае аз навкарон барои овардани Ҷаъфар ибни Яҳё фиристод. Чун Ҷаъфарро ба назди халифа оварданд халифа фармон дод то сари Ҷаъфарро аз танаш ҷудо кунанд. Ҳамчунин халифа фармон дод, то Яҳё ва Фазл ва дигар Бармакиёнро ба зиндон афкананд, амвол ва дороӣ онҳоро мусодира кунанд.

Бад-ин гуна оли Бармак пеш аз солҳои хизматгузори қурбони хашм ва ҳасодати халифа ва наздикони ӯ қарор гирифт. Бо суқути ин хонадон роҳи нуфузи шахсони нолоиқ чун Фазл ибни Рабеъа боло гирифт. Дар натиҷа нуфузи онҳо заъф ва фасоди дастгоҳи идории давлати Аббосиёнро фаро гирифт. Ба гуфтаи Масъудӣ “Пас аз Бармакиён корҳо махил шуд ва мардум бетадбири ва заъфи сиёсати Ҳорунро ошкоро дидаанд”. Он тавре, ки гуфтаанд баъдҳо Ҳорун низ аз кардаи худ пушаймон шуд ва аз барандозии ин хонадон изҳори таассуф кард. Марги Муҳаммад ва модари Фазл дар соли 177 ҳиҷри буд. Муҳаммади Бармакӣ яке аз фарзандони Яҳё буд дар зиндон даргузаш. Ҳорун дар маросими дафни ӯ ширкат кард ва каме пас аз ӯ модараш дар зиндони шаҳри Риққа аз дунё гузашт. Ҳорун аз марги модари Муҳаммад биёр афсӯс хурд ва бо дастури ӯ дар дайри Мосирҷис барояш оромгоҳи боҳашамат сохтанд. То замони Масъуди Ғазнавӣ ба номи Қабри Бармакиён боқӣ монда буд.

Баъди ин ҳодиса сарвари ин хонадон Яҳёи Бармакӣ дар соли 190 ҳиҷри ва дар синни 64-солагӣ аз дунё даргузашт. Яҳё дар ҳоле аз дунё гузашт, ки се тан аз фарзандонаш ҳанӯз дар зиндон буданд. Вай пеш аз маргаш ба халифа Ҳоруннарашид номае бо чунин мазмун менависад: Дар рӯзи растохез, ки бо якдигар мерасем маълум хоҳад шуд ситампеша кист? Хушиҳо ва лазатҳои зиндагии ин дунё тамом мешавад ва рӯзгори ғам ва андӯҳ низ ба поён мерасад. Эй халифа ту ки дар хоби ғалат ҳасти аз марг барҳазар бош. Ҳорун аз хондани ин нома ба гиря афтода ва гуфт. Ба Худо қасам Яҳё намурда, балки бо марги ӯ мардонагӣ ва бузургворӣ аз дунё рафт.

Марги Фазл фарзанди барумандӣ Яҳё дар соли 193 ҳиҷри дар шаҳри Риққа ба вуқуъ афтод. Фазл дар синни 25-солагӣ аз дунё гузашт. Ва ӯро дар канори қабри падараш ба хок супурданд. Шоирон марсияҳои зиёд барои ӯ гуфтанд. Аз ҷумлаи ин шоирон Рақошӣ буд.

Муаррихон дар хусуси хашм гирифтани Ҳорун нисбат ба Бармакиёнро, ки боиси нобудии онон шуд, ихтилофи назар доранд. Гуруҳе бар он боваранд, ки Яҳё ибни Абдуллоҳ сабаб шуд. Зеро халифа ӯро ба Ҷаъфар супурд, то дар қасри худ зиндони кунад, аммо Ҷаъфар ӯро озод кар ва [1]халифа нисбат ба Ҷаъфар хашм гирифт.

[2]Бархе дигар муаррихон чун Ибни Халдун омили нобудии Бармакиёнро дар дастгоҳи хилофат медонад. Ба гуфтаи ӯ суқути Бармакиён аз он рӯ буд, ки онҳо умури давлатдориро бозичаи дасти худ карда буданд.

Ба гуфтаи соҳиби “Ал-фахрӣ” вақте Ҳорун рафту омади анбӯҳи одамонро ба дарбори Яҳё ва дигар бармакиён мебинад, дар дилаш ҳарос меафтад ва мегуяд “ Яҳё чунон худсар шудааст, ки гуё хилофат аз они уст ва ман аз хилофат бештар аз унвон чизи дигаре надорам”

Муаррихи машҳури исломӣ Табарӣ ин воқеъаи суқути хонадони Бармакиёнро муфассалтар байён мекунад.

Ва мар Яҳё ибни Холидро чаҳор писар буд: Фазл ва Ҷаъфар Мӯсо ва Муҳаммад. Ва ин Фазл ва Ҷаъфар вазирон буданд, халифиёни падар, ки падарашон пир шуда буд. Ва гоҳ Фазл халифагӣ мекард ва гоҳ Ҷаъфар, чунон, ки Рашид мехост. Ва Мӯсову Муҳаммад вазир набуданд, чи амир буданд. Ва мар эшонро фарзандон буд. Ва Яҳёро низ писарони амм буданд ҳама амирон. Ва ҳама Оли Бармак ба сояи Яҳё андар бузург буданд. Ва Ҳорунаррашид аз ҳама Ҷаъфарро дӯсттар медошт. Ва Фазл ҳамшира буд бо Рашид. Модари Фазл Рашидро шир дода буд. Ва Фазл бо Рашид ба шароб менишаст. Ва Рашид шароб ба маҷлиси занон хӯрдӣ ва бо канизакону муғанниён ба як ҷо хӯрдӣ. Ва Фазл ба сахтӣ андар будӣ ба чашм нигоҳ доштан аз канизакон. Пас Фазл хештанро бикашид ва аз шароб тавба кард.[3]

Яҳё чун пир шуд, истиғфор кард ва аз Рашид дархост, ки ман заиф шудам, дастурӣ деҳ, то ба Макка шавам ва муҷовир бинишинам. Рашид иҷобат накар ва гуфт: “Фазл ва Ҷаъфар – писарони ту ҳар ду вазоратро шоянд. Ҳар кадом хоҳӣ, халифат кун, то ту андар оӣ ва саломат кунӣ ва боз гардӣ, то ӯ ба ҷойи ту бинишинад пеши ман ва ҳарчи бибояд гуфтан, бигӯяд аз ҳар коре ва ман ӯро бифармоям, он гоҳ бар ту арза кунам ва ба тадбири ту корҳо биронад”. Ва Рашидро майл сӯи Ҷаъфар буд. Ва Яҳё Фазлро баргузид. Ҷаъфар дабир тару некӯҳадистар ва некӯрӯйтар буд. Валекин Фазл ба сол меҳтар буд ва кордидатар буд ва озмоиш ва бо тадбиртар.[4]

Яҳё ӯро баргӯзид ва ангуштарии амиралмӯъминин бад – ӯ дод. Ӯро вазорат халифа кард. Ва Рашидро дил ба Ҷаъфар буд, валеки хомӯш буд ва чиз нагуфт. Ду сол Фазл халифатии падар ҳамекард бар вазирӣ. Пас Рашид он вазорат Ҷаъфарро дод ва ӯро бифармуд, ки ангуштарӣ аз Фазл биситон ва ба халифатии падар кор ҳамекун. Ва Ҷаъфар ду сол он кор ҳамекард. Ва боз Рашид ангуштарӣ аз Ҷаъфар биситад ва ба Яҳё боз фиристод ва гуфт: “Ту беҳ донӣ. Ҳар киро хоҳӣ аз ин писарон деҳ, ки ту эшонро беҳ шиноси ва ман нахоҳам, ки бар кароҳияти ту якеро диҳам, ки бувад, ки туро хуш нашояд”. Ва Яҳё ангуштарӣ касро надод ва худ корҳо ҳамеронд то он вақт, ки кор ба ӯ бигашт. Ва ҳаргиз кас нагӯяд, ки андар ҷаҳон аз мулки Аҷам ва хулафои ислом вазирӣ бо малике бад – он расид, ки Яҳё расид бар аҳли байти ӯ бо Рашид. Ва эшонро ду-се гуна иттифоқи айб афтод:[5]

1. Нахустин яке аз дарозии кор, ки чун мардеро ба коре муддате дароз шавад, ӯро душман бисёр шавад, ки ҳеҷ кас ҳама ҷаҳонро хушнуд натавонад дошт. Ва Яҳё ҳамедонист, ки аз рӯзгори дароз чунин ояд, ки он истиғфор ҳамехост аз баҳри он ки бибуд ва наёфт.

2. Ва дигар омадани айб аз он омад (бар) Баромика, ки марде буд ба Раққа аз аҳли байти илм, чунон ки оммаро панд додӣ ва илм гуфтӣ ва порсову некмар буд, номи ӯ Муҳаммад ибни ал – Лайс ва куният – Абӯррабеъ. Ва бо илмаш низ дабир буд. Ӯ аз Яҳё биёзурд. Ва руқъа бардошт бар Рашид, гуфт: “Ё амиралмӯъминин, Худойро азза ва ҷалла ба растохез чӣ гӯӣ ва чӣ орӣ, ки Яҳё ибни Холидро ва фарзандон ва аҳли байти ӯро бар гардани мусалмонон бар гумошти ва кори мусалмонон бад – ӯ супурдӣ. Ва ӯ зиндиқ аст ва мазҳаби занодиқи дорад аз пинҳон. Ва фарзандони ӯ ва аҳли байти ӯ ҳама бад ин мазҳабанд. Ва ӯро дин нест ва на эшонро”. Ва аз ҳадиси он воқеъа огоҳ шуд ва хомӯш.

Пас як рӯз Рашид ӯро бипурсид ва гуфт: “ Ё Яҳё, андар Муҳаммад ибни ал – Лайс чӣ гӯӣ? Чӣ мардест?”Яҳё гуфт: “ Ё амиралмӯминин, бадмунофиқ, баддин. Ва мардумон ба ҳадиси вай фирефта шудаанд. Ва ӯро дин нест. Ва бадгӯӣ аст ва бад забон”.[6]

Ва ӯро ҳам аз ин гуна бигуфт, то дили Рашид бар Муҳаммад ибни Лайс бад кард. Ва Рашид ӯро боз дошт. Аз руқъа ан дардили Рашид буд ва аз ҳар касе мазҳаби Баромика ҳамепурсид ва диёнат. Ва ҳар, ки аз ӯ озурда буд ва мазҳаби эшон ҳамеҷуст ва айби эшон ҳамегуфт, то андар дили Рашид гирд омад.

3. Се дигар айби Яҳё он буд, ки он Яҳё ибни Абдуллоҳ ал – Ҳасанайн, ки ба Рашид бар хост ба Табаристон ва Рашид Фазл ибни Яҳёро бифиристод, то ӯро биёварад, чун ӯро боз дошт, бар кас эмин набуд, ӯро ба Ҷаъфар фиристод ва гӯфт: “ Инро устувор дор”. Пас Ҷаъфар ӯро ҳамедошт. Шабе ӯро гуфт: “ Ё Ҷаъфар, бо фазлу бузургии ту маро хоҳӣ куштан ва донӣ, ки ман фарзанди киям ва бо ман ғадр карданд ва маро зинҳор доданд ва биёварданд, вафо накарданд”. Ҷаъфар гуфт: “ Даст боздоштам, ҳар куҷо хоҳӣ, бирав. Агар Рашид аз ман пурсад, худ он чи бояд гуфтан, бигуям”. Яҳё бирафт ва бигурехт.[7]

Фазл ҳоҷиби Рашид буд, аз он чиз огоҳ шуд, Рашидро бигуфт. Рашид баррасид, як рӯз бар нон хӯрдан мар Ҷаъфарро гуфт: “ Кори Яҳё чист?” Гуфт: Ё амиралмӯъминин, ҳамчунон аст андар зиндону сахтӣ”. Гуфт: “ Ба ҷону сари ман?”. Ҷаъфар хомӯш гашт, пас гуфт: “ Ё амиралмӯъминин, ба ҷону сари ту савганд нахӯрам. Ва Яҳё марде некӯ донистам ва аз вай чизе наёяд ва на кас ба назди вай гирд ояд. Ва қаробати ту буд. Дилам бисӯхт, даст аз ӯ боздоштам”. Рашид ӯро нанамуд, ки маро андӯҳ омад ва гуфт: “ Ё Ҷаъфар, сахт некӯ овардӣ ва ба дили ман ҳамчунин буд ва ман ҳамчунин хостам кардан. Дили ман ба дили ту рост аст”. Ва хомӯш буд ва он андар дил гирифт.[8]

4. Чаҳорум он буд, ки Рашидро хоҳаре буд – Аббоса бинти Маҳдӣ номи вай ва аз бародараш Ҳодӣ меҳтар буд ба сол. Ва чун Ҳодӣ бо Рашид ҳаме ҷафо кардӣ, ин Аббоса ӯро гуфтӣ: “ Макун, ки ин бародараст ва аз паси ту вали аҳд аст ва надонӣ, ки корҳо чӣ гуна бувад”. Ва ӯро панд додӣ. Чун Рашид бинишаст, ин хоҳарро бузург доштӣ ва дӯст доштӣ ва розҳои хеш ӯро гуфтӣ ва бо ӯ шароб хӯрдӣ ва аз ӯ наздиктар кас набуди ба вай. Ва Ҷаъфарро бо ин хоҳару канизакон ба маҷлиси шароб бинишонд. Ва Ҷаъфарро гарон омад ва Аббоса ба маҷлис андар нишастан, тарсид, ки аз чашми ӯ ё аз забони ӯ ғалате биояд. Ва Ҷаъфар хештанро аз маҷлис бозкашид. Ва Рашид надонист, ки Ҷаъфар ҳаме гаронӣ ояд ӯро, гуфто: “ Ё Ҷаъфар, ман Аббосаро ба ту диҳам ба занӣ бад -он шарт, ки ту хоҳӣ ва ӯро ҷуз андар маҷлиси ман набини ва андоми ту бар андоми ӯ наёяд ва ҳеҷ чизе, ки миёни зану шӯй бувад, миёни ту ва ӯ набувад, лекин аз баҳри он, то ба маҷлис андар густох дороӣ ва бинишинӣ”. Ҷаъфар гуфт: “ Ҳарчи амиралмӯминин бибинад, ман фармон бардорам”. Рашид Аббосаро ба занӣ бад – ӯ дод. Ва чк ҷой ба маҷлиси Рашид ҳамебудӣ ва аз дур ҳадис карданд.[9]

Ва Аббоса некӯтарин касе буд андар сарои Рашид аз занони озоду банда ва Ҷаъфар низ некӯ буд. Чун эшон ҳар ду бо як дигар раъйи гирд омадан буд ва гирд омаданд аз пинҳонии Рашид. Ва Аббоса бор гирифт аз Ҷаъфар ва писаре биёвард. Ва он писар аз пинҳон ба дасти ду канизак бо хостаи бисёр ба Макка фиристод, то ӯро он ҷо бидоранд. Чун соле бибуд, Аббоса бо яке канизаки хеш ҷанг афтод. Аббоса ӯро бизад ва савганд хӯрд, ки бикушамаш. Канизак бирафт ва Рашидро аз он кӯдак, ки Аббоса оварда буд, аз Ҷаъфар, хабар кард. Рашид гуфт: “ Ин суханро пеши кас магӯй”. Ва он канизакро аз Аббоса биситод ва ба миёни канизакони хеш фиристод.

Ва он суханро андар дил пинҳон дошт. Рашид ҳилат кард, то хабари Абдуллоҳ ал – Ҳасанайнро биёфт ва дуруст шуд ӯро, ки сӯи Хуросон шуд. Алӣ Исо ибни Моҳонро ба Хуросон фиристод ва гуфт: “ Яҳёро талаб кун”. Ва дили Рашид ба Баромика бигашт ва Ҷаъфарро ву Яҳёро гарон гирифт. Ва Яҳё аз Рашид ҳар рӯзе гаронӣ медид сухан гуфтан наметавонист аз бахшидан. Рашид сабр кард. Пас Алӣ ибни Исо Яҳёро ба Хуросон биёфт ба хона андар пинҳон, бигирифт ва бо дасти устувори хеш сӯи Рашид фиристодаш ба Раққа. Ва Рашид ӯро бикуш ва аз вай эмин шуд ва он вақт ба кори Баромика пардохт. Ва он сол нияти Ҳаҷ кард Яҳё ва Баромикаро бо хештан баурд. Ва чун ҳаҷ бикард, писари Аббосаро пеш хост ва ӯро дид сахт некӯ монанд ҳам ба Аббоса ва ҳам ба Ҷаъфар, хост, ки бикушадаш. Пас гуфт: “ Инро чӣ гуноҳ аст?”. Чун бозгашт ва ба анбор омад, он ҷо манзиле аст сӯи Раққа, онро Ақар хонанд – ва се рӯз он ҷо буд. Рӯзи саввум Фазл ва Ҷаъфару Мӯсоро писарони Яҳёро бихонд ва хилъат афкандашон ва бинавохт. Якеро низ бихонд ва бинавохт, то ҳама дилҳо хуш гашт ва ҳама эмин шуданд. Ҷаъфар бозгашт ва Рашид ба саройпардаи канизакон шуд ва бинишаст. Чун замоне шуд, кас фиристод ба Ҷаъфар, то бингарад, ки ба маҷлис нишастааст.[10]

Ва Ҷаъфар нишаста буд. Ва мар Ҷаъфарро дил нохуш буд ва метарсид ва маҷлис сохт ба нохуши ва бинишаст ба танҳои. Ва ӯро муғннӣ буд нобино ва ӯро Бӯзаккор мегуфтанд. Ҷаъфар Бӯзаккорро гуфт: “ Маро имшаб дил метарсад ва сахт нохушам”. Бӯзаккор гуфт: “ Айюҳо – л – амир, туро ва аҳли байти туро чандон бирр накард, ки имрӯз. Имшаб туро хуш мебояд будан”. Ҷаъфар гуфт: “ Эй Бӯзаккор маро дилам метарсад ва сахт андешанокам”. Гуфт: “ Ин васваса аст, аз дил берун кун ва шод бош имшаб”. Пас вақти намози шом расул омад аз Рашид ба Ҷаъфар. Ба намози хуфтан ҳамчунон ва бад – он шаб андар Рашид се бор сӯи Ҷаъфар расул фиристод бо нуқлу бухур. Чун нисфи шаб шуд, Рашид аз саропардаи занон ба саропардаи хеш бозомад. Ва Масрури ходимро бихонд ва гуфт: “ Бирав ҳам, акнун Ҷаъфар ибни Яҳёро ба хонаи хеш ору сараш бардор ва ба ман ор”.

Чун Масрур андар омад, Бӯзаккор байте шеър ҳамегуфт ва ин он байт аст. Шер:

Фа ло табъад фа куллу фатан саяътӣ.

Алайҳи – л – мавту ятруқу ав юғадӣ[11].

Масрур бар сари Ҷаъфар биистод. Ва чун Ҷаъфар ӯро бидид, битарсид. Масрур гуфт: “ Амиралмӯъминин туро ҳамехонад”. Гуфт: “ Куҷо аст амиралмӯъминин?”. Гуфт: “ Ба маҷлиси занон буд, боз ҷои хеш омадааст”. Ҷаъфар гуфт: “ Маро чандон замон деҳ, ки ба сарой пардаи занон андар шавам ва васият кунам”. Масрур гуфт: “ Он ҷо метавонӣ шудан, валекин ҳар васияте, ки ҳаст, бикун”. Ҷаъфар ҳам он ҷо васият бикард. Ва Масрур ӯро ба хаймаи хеш овард ва шамшер бикашид. Ҷаъфар гуфт: “Чӣ фармудааст?”. Гуфт: “ Фармудааст, ки сарат пеши вай барам”. Гуфт : “ Зинҳор, ки ӯ ба мастӣ гуфтааст ва ӯ аз он боз пушаймон бувад. Бояд, ки як бори дигар баррасӣ”. Ва ӯро савганд дод ва аз ҳақҳо ва дӯстиҳои гузашта ёд кард.

Масрур пеши Рашид рафт. Бар мусалло нишаста буд, Масрурро чашм ҳамедошт, гуфт: “ Ҳай сари Ҷаъфар ку?”. Гуфт: “ Эй амиралмӯъминин, Ҷаъфарро овардам”. Гуфт: “ Ҷаъфарро нахостам, сарашро хостам”. Масрур бозгашт ва сарашро бар гирифт ва пеши рашид овард. Гуфи: “ Акнун сару танаш нигоҳ дор, то аз ту хоҳам ва ҳам акнун Яҳёро ва ҳар се писарашро – Фазлу Муҳаммад ва Мӯсо ва бародарашро – Муҳаммад ибни Холид ба хаймаи хеш ору дар банд кун ва ҳама хоста, ки бо эшон ёбӣ биситон”. Масрур ҳамчунон кард. Ва чун рӯз шуд, Рашид сари Ҷаъфар ба Бағдод фиристод, то бар дор карданд. Дигар рӯз сӯи Раққа шуд. Яҳёро ва бародарашро ва се писарашро боздошт андар азоб ва сахтӣ ва ҳама хоста ҳояшон бигирифт. Яҳё андар зиндон бимурд.[12] Он гаҳ бародари яҳёро Муҳаммад ибни Холидро даст боздошт ва ӯро накушт, зеро, ки ӯ хушнуд буд ва донист, ки аз ӯ ҳеҷ фузуле наёяд ва аз Оли Бармак аз ӯ беҳтар набуд. Ва дигаронро ҳамедошт ва хостаҳошон ҳамегирифт. Ва вакилон ва касҳошон биёварданд ва аз эшон кас нараст. Он гаҳ бифармуд, то Фазлрову Муҳаммад ва Мӯсоро – писарони Яҳёро биёварданд ва пеши ӯ гулӯ бибуриданд ва Яҳёро ва ҳама байти ӯро, ки бо ӯ гирд омада буданд, ҳамаро бикушт. Ва аз Оли Баромика кас намонд, магар Муҳаммад ибни Холид. Ва Фазлу Ҷаъфарро писарони хурд буданд, эшонро накушт. Ва сари Ҷаъфар бар дор ҳамебуд ба Бағдод то он сол, ки Рашид ба Хуросон шуд. Ва чун аз Раққа ба Бағдод омад, он сар бар ҳарба бидид, Синдиро гуфт: “ Ин сар бисӯз”. Синдӣ он сарро бар он дор бисӯхт. Ва мардумон бад – ин Рашидро маломат карданд “ Агар ҳадиси хоҳараш андар миён набудӣ, ҳар чӣ кардӣ, раво будӣ. Чун ҳадиси хоҳараш дар миён буд, ҳарчи кард, ҳама расвоии хеш кард. Ва агар сабр кардӣ, он сухан кас надонистӣ, мардумони замонаи ӯ донистӣ”. Пас чун бар хештан шунъат кард ва уқубати эшон аз ҳад андар гузашт ва исроф кард, то аз ин хабар мардумони ҳама ҷаҳон бад – он замона огоҳ шуданд ва андар кутубҳо навиштанд. Ва замона ба замона мардумон ба мардумон ҳар як дигарро огоҳ ҳамекунанд аз ин ахбори Баромика то ба рӯзи растохез.[13] Ва ҳар киро бигӯянд, ки Баромика ҳалок шуданд, бипурсанд, ки сабаби ҳалок шудани эшон чӣ буд, хабари Аббоса – хоҳари Рашид бигӯянд. Ва то рӯзи растохез мардумон он хабар ҳамехонанд ва бидонанд, ки ин тадбир на аз они мулук будааст. Ва аз он чизҳо, ки ба Рашид айб карданд андар ин кори Баромика, яке он буд ва дигар он, ки чун эшон ҳалок шуд ва ҳама корҳои Рашид музтариб шуд ва фитнаҳо бархост ва ҳар шаҳре берун омад ва Рашид аз нигоҳ доштани мамлакат оҷиз шуд ва аз куштани Яҳё ва Оли Баромика пушаймон шуд.

Алӣ ибни Исо бисёр бар Хуросон ситам карда буд. Ва Хуросонро бишӯрид ва Рашид бар Хуросон боист рафтан. Ва аз Ироқ бирафт бо панҷоҳ ҳазор мард ва Муҳаммадал – Аминро ба Бағдод бинишонд ва баҳре мамлакат бад – ӯ супурд аз ҳадди Мағриб то ақабаи Ҳулвон, ки ҳадди Ироқ аст. Ва Рашид Маъмун бо хештан бурд то Машриқ, то Машриқ – насиби он мамлакат бад – ӯ супорад. Чун аз ақабаи Ҳулвон баромад ва аз ҳадди мамлакати Амин берун омад, ба нахустин мамлакат аз Кирмоншоҳон фуруд омад бо ҳама сипоҳ. Ва як моҳ он ҷо буд. Ва сипоҳ он ҷо гирд кард. Эшонро хутба кард ва дигар бора байъати Маъмун бар он ҳама сипоҳ нав кард. Ва Маъмунро бо сӣ ҳазор мард пеш аз хештан ба Хуросон фиристод ва гуфт: “ Ба Марв бинишин, то миёни мамлакат бошӣ”. Аз дари Ҳулвон то Кӯҳистон ва Ҳамадону Рай ва Гургону Табаристон ва Қумис ва Хуросону Мовароуннаҳр ва то Туркистону Чинистон ҳама бад – ӯ супурд. Ва худ аз паси Маъмун бо бист ҳазор мард бирафт ва низ бо Маъмун гирд наёмад ва бо сипоҳ ба Рай омад. Ва аз он ҷо ба Тӯс шуд ва ҳам ба Тӯс бимурд.[14]

Он рӯз ба Кирмоншоҳон хутба кард, ки ин корҳо бишӯрид ба Машриқу Мағриб. Ва ҳар чӣ ба Мағриб буд рост шуд ва они Машриқ бимондааст. Ва мардумони Машриқу Хуросон боқувватанд ва гарданкаш. Аз баҳри он ба тани худ омадам, то эшонро биёзмоям, ки маро эмине набуд, ки ин кор бад – ӯ супурдаме ва эмин будӣ, ки ӯ битавонад кардан ва бо он низ Яҳё ибни Холид ва аҳли байти ӯ пеши ман бишуданд ва корҳо ҳама бишӯрид ва мамлакат чунон шуд. Пас мардумон ин суханро аз Рашид написандиданд ва гуфтанд: “ Ин пушаймони ва ҳоҷати ӯ бад – эшон бар мардумон падид набоист кардан”. Ва шоирон андар маросии Баромика беш аз он гуфтанд аз паси эшон, ки ба зиндагонии эшон мадоеҳ гуфтанд. Ва он шаб, ки Ҷаъфарро бикуштанд, шаби шанбе буд аз аввали моҳи сафари соли саду ҳаштоду ҳафт.


2 Саид Аҳмадризо. Таърихи хилофати Аббосӣ аз оғоз то поёни оли Буйя. Теҳрон 1388 ҳиҷри

[3] Таърихи Табарӣ. Ҷ. 2, с. 1536.

[4] Ҳақназаров А. Таърихи боҳамойӣ ва ташаккули халқи тоҷик. – Душанбе; “Ирфон”, — 2013.

[5] Ҳамон ҷо с. 1537

[6] Таърихномаи Табарӣ. Тарҷ. Балъамӣ. Тавзеҳоти Муҳаммади Равшан. Дар панҷ ҷилд. – Теҳрон:Нашриёти Суруш. – 1380/ 2001.

[7] Турсунов Н. Таърихи Тоҷикон. – Хуҷанд. – 2001.

[8] Ҳамон ҷо, с. 1538

[9] Ҳамон ҷо, с. 1538.

[10] الدرة السنية في اخبار الدولة العباسية تاليف ابوبكر بن عبد الله بن ايبك الدواداري بيروت 1413ه 1992م

[11] “ Дурӣ маҷӯй, ки марг ба ҳар ҷавон шабона ё ба бомдод хоҳад омад”.

[12] Таърихи Табарӣ. Ҷ. с. 1539

[13] Ҳамон ҷо, с. 1540.

[14] Ҳамон ҷо, с. 1541.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *