Фанни Таърихи точикон

Махсусиятхои таърихи сиёсии Хисори Шодмон дар асрхои ХIX ва оғози асри XX

Муҳаммадамини Ҳисорӣ баробари марди ҷасур ва сипоҳӣ будан,бо хунхорӣ ном бароварда буд. Касони зиёд аз ӯ тарсида ва норизо гашта, аз вилоят фирор намуданд. Ҳатто баъзе ноҳияҳо аз тасарруфи беки мазкур баромада ба тобеияти Бухоро гузаштанд. Бар абас рафтани нақшаи хони Бухоро нисбати Ӯротеппава иштироки ҳокими Ҳисор дар он корзор, норозигии мардуми вилояти мазкур аз муҳаммадаминбӣ. Хони Бухороро водор намуд, ки нақшаи чандинсолаи худро амалӣ гардонад. Муҳаммадраҳимхон ба сӯи Ҳисор ду маротиба лашкар кашида, солҳои 1757-1758, баъди ҷанги шадид мулки мазкурро забт кард. Ҳокими он муҳаммад амини юз асир афтод, вале назди хони бухоро сар фуруд наовард. Муҳаммадраҳим ӯро ба қатл ҳукм кард. Асирроба сари бозори Ҳисор бурда, ба дор овехт.

Дар Ҳисор истеҳкомоти нав сохта шуд. Чун Ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои хони Бухоро аҳамияти калон доштанд ва феодалони ин маҳалҳо саркаш буданд, Муҳаммадраҳимхон амаки худ Дониёлбиро Ҳокими Ҳисор ва вилоятҳои Куҳистон таъин намуд. Бо ин ғалабааш Муҳаммадраҳимхон дар Ҳисор, Қубодиён, Қундуз ба якборагӣ дастболо гардид. Мулки Балхва тавобеоти он — Кӯлоб ва Бадахшон тобеи мулки Ҳисор, яъне Дониёлбӣ шуданд.

Амир Ҳайдар (1800-1826) ба тахти Бухоро нишастан ҳамоно ба қарор омад, ки ҳокимони вилоятҳо мебояд иваз карда шаванд. Бо ин мақсад ӯ баъзро ба осонӣ иваз намуд, барои иваз намудани баъзеи дигар лашкар кашид. Беки Ҳисор Алабердии Тоз нисбат ба аморати Бухоро сиёсати мустақилона мегузаронид.

Ин вазъият барои амир Ҳайдар баҳона шуд ва ӯ ба Ҳисор юриш намуд. Амир ғалаба ба даст овард ва Алабердии Тозро ба қатл расонид. Дар Ҳисор нуфузи қабилаи юз зиёд буд, инро амир ба инобат гирифта , бо мақсади такягоҳ пайдо кардани амир Ҳайдар Саидбий юзро дар ин ҷо ҳоким гузошт. Барои тобеияти Ҳисорро ба Бухоро мустаҳкам кардан, амир Ҳайдар духтари Саидбийро ба никоҳи худ даровард ва ҳокими мазкур ба рутбаи атолиқӣ сазовор гашт, ӯ муддати тӯлонӣ дар ин мулк ҳукм ронд.

Ба ҷои Саидбий атолиқ писараш Сӯфибий девонбегӣ юз беки Ҳисор шуд. Ӯ ба амир Насрулло тағо мешуд, бинобар он ҳоким ба ҳуқуқҳои калон соҳиб мешавад, панҷсад нафар лашкари Ҳисор якҷоя бо лашкари амир Насрулло , соли 1842 дар ишғоли Ҳӯқанд иштирок кард.Ҳукумронии Саидбий ва писари ӯ Сӯфибий юз дар Ҳисор қариб тақрибан ним аср давом кард.

Баъди Сӯфибий девонбегӣ писари дигари Саидбий атолиқи юз абдулкаримбий парвоначи ҳокими Ҳисор шуд. Ҳокимият дар ин мулк меросӣ гашта, аз як насл ба насли дигар мегузашт, Абдулкаримбий ба обрӯю эътибори калон молик гашт.

Дар замони ҳукумронии Абдулкаримбий парвоначӣ муносибати мулки Ҳисор бо ҳокимони Кӯлоб, Балҷувон ва Дарвоз тезу тунд шуданд. Беки Балҷувону Кӯлоб Каттабек ба сӯи Ҳисор лашкар кашида, мағлуб мешавад ва асир меафтад. Аз тарафи ромитиҳо Каттабек қатл шуд, писари ӯ Мизробшоҳ барои қасос гирифтан ба шоҳи Дарвоз Исмоилхон иттифоқ баста, ба сӯи Душанбе ҳаракат карданд. Баъд аз ишғоли ин шаҳр бо фармон Мизробшоҳ ва Исмоилхон Душанберо оташ заданд.

Ба ҷои Мизробшоҳ бародари хурдиаш Сарабек ҳокими Кӯлобу Балҷувон шуд. Ҳокими Ҳисор кӯшиш намуд, ки бо ӯ муносибати дӯстона барқарор намояд. Сарабек ин таклифро қабул кард, Абдулкаримбий ва Сарабек байни худ иттифоқ бастанд ва якҷоя ба муқобили шоҳи Дарвоз лашкар кашиданд.Иттифоқчиён лашкари Дарвозро дар Обигарм мағлуб карданд, ин ғалаба кинаи деринаи Ҳисору Кӯлобро аз байн бурд ва Ҳисор худро нисбати Бухоро мустақил шумурд.

Академик В.В.Бартолд паҳлуҳои гуногуни таърихи Ҳисори Шодмонро чуқур омӯхта, доир ба таърихи ин давра ва асрҳои баъдина ба хулоса омадааст, ки вилояти Ҳисор дар давоми асрҳо таърихи мустақили сиёсии худро доро будааст.

Мо бо масъулияти том гуфта метавонем, ки таърихи мулки Ҳисор бо воқеаҳои зикрёфта, ки дар асри XVI ҷараён доштанд, маҳдуд намегардад. Ҳар як аср таърихи худро дорост ва он таҳқиқоти ҳамаҷониба ва алоҳида мехоҳад, ин кори пуршарафи таҳқиқотчиёни ҳозира ва оянда аст.

Солҳои 1504-1505 Шайбонихон, асосгузори сулолаи Шайбониҳо вилояти Ҳисорро ба тасарруфаш даровард, дар ин истило султонҳои шайбонӣ Маҳдӣ Султон ва бародараш Ҳамза Султон ширкат варзиданд. Онҳо пештар дар вақти ба шоҳзодаҳои темурӣ, аз ҷумла бо Бобур Мирзо хизмат карданашон дар Ҳисор иқомат доштанд. Барҳақ сарзамини мазкур ба онҳо бағоят мақбул шуда буд ва инак Шайбонихон ин вилоятро ба эшон инъом кард. Бародарон баъди якчанд сол дар мубориза Бобур Мирзо дар тангии Пули Сангин ҳалок гардиданд, вале Ҳисор ба авлод, писару набераҳои онҳо боқӣ монд.

Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва Балх калонтарин шаҳрҳо дар дохили давлат ба шумор мерафтанд. Аз ҷумла ҳокимони ин қаламравҳо ҳоқон — сарвари ин сулоларо интихоб менамуданд, бинобар он дар тӯли қарни XVI ҳар кадоме аз ин чор шаҳр пойтахти давлат шуда буд. Вале Ҳисор мулки калон ба шумор мерафт, танҳо якчанд шаҳри нисбатан калон дар қарни XVI тангаи нуқрагин сикка мезаданд ва Ҳисор аз ҷумлаи онҳо буд. Муаррихони ин давра Бобур Мирзо, Ҳофизи Таниши Бухорӣ, Хондамир ва дигарон қайд карда гузаштаанд, ки Қундуз, Бағлон, Тирмиз, Қубодиён, Хаталон, Бадахшон зери ҳокимияти Ҳисор буд. Миёнаи асри XVI ҳокими Ҳисор Темур Аҳмадхон дар худи маркази воқеоти сиёсӣ қарор дошт ва ҳатто барои сарвари давлат шудан даъво кард. Ин воқеа чунин буд: Пеш аз ин ҳокими қаламрави Тошканд, сарвари давлат қабул мешуд. Вай бо мақсади васеъ намудани қаламраваш Самарқанд, мавзеи байни Самарқанд ва Бухороро ишғол намояд. Баъди вафоти Баракхон, ки бо номи Наврӯз Аҳмадхон сардории давлатро дар ӯҳда дошт, соли 1556 қаламравҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба як гурӯҳ ҷавонмарди боғайрат Абдуллохон сарвар гардид.

Асоси гурӯҳи дигарро Тошканд ва Ҳисор ташкил намуданд. Инҳо ҳокими Ҳисор Темур Аҳмадхонро сарвари давлат эълон карданд. Дар Тошканд тӯли якчанд сол аз номи Темур Аҳмадхон тангаи нуқрвгин сикка заданд, ин гурӯҳ аввалҳо пурқувваттар буд. Пурқувватии ин гурӯҳ дар он буд, ки Темур Аҳмадхон расан барои тоҷ бештар ҳуқуқ дошт, зеро ӯ ба насли калонсоли Шайбониён мансуб буд. Шайбониён бошанд, чунин таомул доштанд, ки сарвари давлат одами калонсоли авлодашон эълон карда шаванд. Ин қоида душманони Темур Аҳмадхонро музтариб месохт, аммо ин қоида борҳо вайрон карда шуд.

Барои комилан дарк намудани воқеа мебояд ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намоем, ки ӯ таърихи ин давр, аз ҷумла таърихи Ҳисорро мансуб ба замони Султон Темур Аҳмадхонро чунин тасвир кардааст: “ Султонҳои шайбонӣ аксар вақт ҳатто дар масъалаи вориси тахт ҳам мувофиқат ҳосил карда наметавонистанд ва сардори давлат ҳамчун амлокдори муқарарӣ дар ҷангҳои феодалон иштирок менамуд. Гоҳо чунин воқеа мегардид, ки баъзе султонҳо на фақат бо ӯ ва тарафдоронаш меҷангиданд, балки ҳатто ба худ рутбаву унвонҳои олиро нисбат дода, хутбаро ба номи худ мехонданд ва дар сиккаҳо номи худро сабт мекунонданд. Яке аз ҳамин қабил рӯйдодҳо бо номи ҳокими Ҳисор Султон Темур Аҳмадхон алоқаманд аст.

Чунон ки тазаккур ёфт, Ҳисор аз калонтарин мулкҳои хосаи давлати Шайбониён ба ҳисоб мерафт. Дар мубориза барои ҳокимияти марказӣ ҳокими Ҳисор шикаст хурд. Вале бидуни ин шикастхури вилояти Ҳисор маҳз дар ҳамин замон чун мулкҳои дигари Мовароуннаҳр як муддат аз забткориҳои замони феодали эмин гашта, нисбатан ҳаёти осударо аз сар мегузаронид. Шоҳиди ин нукта сафари Шайх Ҳусайни Хоразмӣ ба ин мулк, сохтмони бинои мазор, ҳаммом ва дигар иморатҳои замонавӣ мебошад.

Аз давраҳои қадим то охири солҳои ҳукумронии бекҳои Ҳисор дар ин мулк мактабу мадрасаҳо амал намуда, мардони зиёди соҳибилм ҳаёт ба сар мебурданд. Дар ин бобат мутолиаи китоби адиб Собири Шоҳонӣ “ Қалъаи Ҳисор” ва “Бозгашти булбул” дар бораи Ҳисори Шодмон маълумоти ҷолибу хонданӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ, Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар сафарномаи худ “Таърихи ҳумоюн” дар бораи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳудудии Ҳисори Шодмон ва мавзеъҳои тобеи он маълумоти пурарзиш овардааст, ки он то ҳол аҳамияти худро гум накарда, барои омӯзиши миқёси аморати Бухорои шариф, аз ҷумла мавзеи кӯҳистони он ҳамчун манбаи боэътимод хидмат хоҳад кард. Дар бахши таърихи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии Ҳисори Шодмон дар солҳои 20-уми асри XX паҳлӯҳои муҳиму таҳқиқталаби онҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додаанд.

Шумон дар асрҳои VIII-X номи шаҳр ва дар айни замон номи як вилояти калони Тахористон будааст. Ин вилоят дар ҷануб то Қубодиёну Вахш, дар ғарб то Ахарун, дар шимол тақрибан то ағбаи Анзоб ва дар шарқ бошад то дарёи Кофарниҳон, ки начандон дуртар аз қалъаи Шумон воқеъ аст, тӯл мекашид.

Бино ба маълумоти академик Аҳрор Мухторов яке аз равшанфикрони Ҳисор Сулаймонхоҷаи Ҳисорӣ марди донишманде буд, ки берун аз ватани худ обрӯю эътибори зиёд дошт. Дар ибтидои асри XX дар шаҳри Кобул ӯ вазифаи муҳтасиббоширо бар уҳда доштааст. Дар пойтахти Афғонистон, дар ҳузури подшоҳи ин мамлакат ва ашрофони он чунон шӯҳрат пайдо карда будааст, ки ӯро аз Кобул ба шаҳри Мазори Шариф равон намуда, ду вазифаи ниҳоят баланд ва масъулро ба зимааш гузоштаанд. Ин, албатта, ба марди донишманд будани ӯ далолат мекунад.

Мардуми Ҳисори Шодмон дар охирҳои асри XIX аз зулми дастнишондеҳи манғити амири Бухоро дар вазъи бад қарор доштанд. Бо фармони амири Бухоро Раҳмонқули парвоначӣ , ки масъули ҷамъоварии закот буд, на фақат закот ҷамъ мекард, балки ба мавзуоти сиёсии Ҳисори Шодмон низ назорати қатъи мебурд. Аммо чун Остонақули қӯшбегӣ аз ҷониби амир волии Ҳисори Шодмон таъин гардид, акнун пеш бурдани корҳои сиёсӣ ба гардани Остонақул гузошта шуда буд. Дар ин овон Остонақул ба Ҳисор ҳамчун волӣ омад ва акнун корҳои сиёсиро дар ин ҷо ӯ пеш мебурд.

Дар охирҳои асри XIX мардуми Ҳисори Шодмон аз зулми писари амир Тӯраҷон ба танг омада мехостанд, ки исён бардошта, писари амирро аз ин ҷо ронда, пулу чизҳое, ки ӯ аз мардум ба зӯрӣ кашида гирифта буд, мусодира карда, дар байни худ тақсим кунанд.

Соли 1939 Эрмитажи давлатии Ленинград зери роҳбарии аъзо- корреспонденти АИ ИҶШС А.Я. Якубовский ба экспедитсияи ба водии Зарафшони Тоҷикистон фиристода , роҳбарӣ мекунад. Вале ковишҳои бостонии Ҳисори Шодмон асосан дар нимаи дуюми асри XX оғоз меёбад. Дар гузаштаи начандон дур ба таҳқиқи Ҳисори Шодмон олимони номдори Шуравӣ ва Тоҷикистон машғул буданд, ки номи аксарияти онҳоро дар боло зикр кардем. Дар байни он муҳаққиқоне, ки дар омӯзиши худ ба таъриху тамаддуни Ҳисори Шодмон таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд, олимони таърихнигор аз Чин, сарзамини Араб, Миср , Гурҷистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷон, Россия, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва давлатҳои дигар ҳастанд.

Муҳаққиқон ба омӯзишу таҳқиқи таърихи сиёсии Ҳисори Шодмон дар асрҳои XIX-XX низ майлу рағбати бештар доштанд. Ин сарзамини куҳанбунёд то солҳои 70-уми асри XX борҳо ҳамчун давлати мустақил арзи ҳастӣ кардааст. Гарчанде ба таърихи ин музофот таҳқиқотҳои махсус бахшида шуда бошад ҳам, вале ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб дар ин ҷода кам нестанд.

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои молию пулӣ хироҷи натурави аз рӯйи ҳиссаи ҳосил муқарар карда мешуд. Деҳқонон барои сари вақт адо кардани хироҷ маҷбур буданд, баъди ғундоштани ҳосил ғаллаашонро ба бозор бурда фурушанд. Вале тобистону тирамоҳ ғалладона арзон буд ва қисми зиёди онро амалдорони амир харида, дар анборҳои давлатӣ захира мекарданд. Баҳорон, дар мавсими киштукор, захираи ғаллаи бисёр деҳқонон тамом мешуд ва онҳо ҳатто барои кишт тухмӣ намеёфтанд.

Ҳарчанд ҷаҳони мутамаддини имрӯза оғози дигаргуниҳои сиёсиву фарҳангии худро аз қарни XVI, яъне замони “эҳё” медонад, ин мабдаи таърихӣ барои Руссия аз асри XVIII шурӯъ гардида, ба Эрону Варорӯди асри XIX оғози таҳаввулоти сарнавиштсоз буд. Ҳар ду кишвар дастхӯши бозиҳои сиёсӣ гардида, аз ҷониби истисмори Англия ва Руссия балъида шуданд. Дар радифи дигар музофоти Варорӯд дар қарни XIX Ҳисор низ фарозу нишеби зиёдеро паси сар кард, ки дар ин гуфтор аҳамияти ҳаводиси ин аср тазаккур дода мешавад.

Ҳокимони Ҳисор ҳар замоне, ки қудрати марказиро заъиф медиданд, даъвои истиқлолият мекарданд.

Вориси Сӯфӣ девонбегӣ писараш Абдулкарим парвоначӣ тақрибан байни солҳои 1840-1869 дар Ҳисор ҳукумат рондааст. Дар ин солҳо авзои сиёсии тамоми Варорӯд ба ҳам хӯрда, на танҳо миёни се қудрати бузург аморати Бухоро, Хӯқанд ва Хева, балки байни бештари шаҳру ноҳияҳои минтақа ҷангу хунрези идома дошт. Масалан амир Насруллоҳ 32 маротиба ба Шаҳрисабз ҳамла оварда, онро тасарруф кард ва мардуми онро бо ҳазорон бало гирифтор кард. Ин ҳолатро дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла Ҳисор низ метавон мушоҳида кард.

Ҳисор тобеъияти худро нисбат ба Бухоро нигоҳ дошта, вале бекҳои Кӯлоб, Балҷувон ва Дарвоз бинобар тобеъ шудан ба Хӯқанд муддате аз аморати Бухоро ҷудо гардиданд. Дар гузаштаи начандон дур ин мулкҳо дар итоати Ҳисор буданд, эҳтимол ба ҳамин сабаб аст, ки дар замони ҳукумати Абдулкарим павоначӣ робитаи Ҳисор бо бекҳои мазкур тира гардид.

Дар ин солҳо мулки Ҳисор ниммустақилии худро давом медод. Бо ҳамин мақсадҳо амир Музаффар дар Қаршӣ ва Шаҳрисабз қувваи зиёдеро ҷамъ намуда, дар охири соли 1866 — аввалҳои соли 1867 ба Бойсун ва Деҳнав ҳучум кард. Бо гуфтаи Б. Ғафуров, дар муқобили ӯ дастаҳои ихтиёрии мулкҳои маҳалии ниммустақил бо сардори беки Ҳисор қарор гирифта буданд. Ҳаракати лашкари амир ба водии Ҳисор ва воқеъаҳои рухдода аз тарафи Б. Ғафуров чунин тасвир шудааст:

Тӯпҳои ҳарду тараф ҳам хеле заиф буд. Ҳисориҳо ҳамагӣ 4 тӯп ( 2 тӯпи чӯяни ва ду тӯпи мисӣ) доштанд, дар онҳо аслиҳаи оташишони ҳозиразамон ба миқдори кофӣ набуд. Бинобар ин дастаҳо аксар вақт ба ҷанги тан ба тан мегузаштанд. Қӯшуни Бухоро дар натиҷаи ҳарбу зарби сахт ( хусусан дар мавзеи Амоқсой) ҳисориҳоро ақиб нишонда, дар қалъаи Деҳнав ба муҳосира гирифт ва сипас шабехун зада, қалъаро ишғол намуд. Сарбозони амир ба қатли оми даҳшатангезе шурӯъ карда, ҳар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд.

Амир Музаффар ҷойгоҳи сиёсӣ ва аҳамияти иқтисодии Ҳисорро ба эътибор гирифта, писари худ Абдулмӯъминро ҳокими Ҳисор таъин менамояд ва ҳукумати ӯ дар Ҳисор 15-сол (1871-1886) идома меёбад. Академик Бобоҷон Ғафуров бо такя бар гузориши яке аз низомиёни баландпояи рус Стеткевич менависад, ки Регар ва Қаратоғ ду мулки маъмури Ҳисор пас аз тобеъ гаштани онҳо ба аморати Бухоро аз чаманзору боғистони сарсабзу хуррам ба харобазор мубаддал гардиданд. Як афсари баландрутбаи рус Лилиентал, ки соли 1889 аз Ҳисор дидан кардааст, менависад, ки мардумони Ҳисор рӯзгорони қудратмандии Абдулмӯъминро бо даҳшат ёдовар мешаванд ва мегуянд, ки ӯ сабабгор шуд, то бештари заминҳоро мардумон раҳо кардаанд, саканаи деҳот коҳиш ёфт, мардумони маҳаллӣ ӯро харобсозандаи ин кишвар номидаанд . Ин ёддошт ҳамчун намуна ва ё муште аз харвор гӯёи авзои иқтисодиву рӯзгори мардуми ин хитта дар замони ҳукумати фарзанди амир бар Ҳисори зарнисор мебошад.

Охирин ва маъруфтарин ҳокими Ҳисор дар асри XIX Остонақул қӯшбегӣ мебошад, ки дар бораи ӯ маълумоти нисбатан бештаре мавҷуд аст. Ҳукумати Остонақул ба навиштаи Сомӣ, ки бо ӯ ҳамнишастӣ доштааст, ғайр аз Ҳисори Шодмон “то ақсои мамолики Дарвозу Қаротегину Кӯлоб” паҳн гардида буд. Падари ӯ вазири амир Насруллоҳ буда, Остонақул то беки Ҳисор таъин гаштан, дар вазифаҳои баланди дарбории Бухоро фаъолият намудааст. Вай солҳои тӯлонӣ ва агар дақиқтар гӯем солҳои 1886-1906 дар ин вазифа кору фаъолият намудааст. Соли 1887 амир ба ӯ рутбаи атолиқро арзонӣ дошт, ки бо генерали рӯзҳои мо баробар мебошад. Номи Остонақул пас аз шӯриши Восеъ, ки солҳои 80-уми асри XIX тамоми аморатро ноором сохта буд, машҳуртар гардид.

Барои саркӯб намудани ин ошӯб Остонақул ва сипоҳиёни ӯ нақши ҳалкунанда бозидаанд, ки дар ин бора муаррихон зиёд навиштаанд. Зиндагонии кишоварзону рустоиён дар давраи Остонақул беҳтар нашуд ва бо ҳар баҳонае ғорати мардум зиёд мешуд.

Мувофиқи ахбори сайёҳони рус бекии Ҳисор дар асри XIX аз мулкҳои Регар, Қаратоғ, Душанбе, Ҳисор, Куктош, Ёвон, Сари Осиё, Ғозималик, Хонақоҳ, Варзоб, Янгибозор, Файзобод, Норак, Лақай, Ромит,Арал иборат буд. Деҳнав, Қаратоғ ва Регар аз калонтарин мулкҳои Ҳисор ба шумор мерафтанд.Мувофиқи як маълумот ҳудуди бекии Ҳисор дар охири асри XIX 16858 км муррабаро ташкил дода, нуфузи он тақрибан 200- ҳазор нафар буд. Аз лиҳози этникӣ дар бештари ин мулкҳо тоҷикон зиндагӣ мекарданд, дар баъзе аз онҳо тоҷикону ӯзбакҳо якҷо зиста, дар баъзе мулкҳо намоядагони туркнажоди лақай, дурман, марқа, барлос ҳаёти кӯчиву нимкӯчӣ мегузарониданд.

Мансабдорони давлатӣ, аз ҷумла қозӣ, муфтӣ ва раиси Ҳисорро ҳам амир мустақиман таъйин менамуд. Вазифаи раис дар бекии Ҳисор назорат аз болои иҷрои дастуроти динӣ ва ҳудуди шариъат буда, манбаъи даромади ӯ аз ҳисоби ҷаримаҳо пур мегашт. Теъдоди артиш ё сипоҳиёни беки Ҳисор аз 500-нафар бештар набуд. Дар амлоки беки Ҳисор аз 100 то 200 нафар навкарон хидмат мекарданд. Теъдоди навкарон дар маҳалҳо вобаста буд ба вазъи амлок ва рӯҳияи мардумони он.

Муаррихони дарбории тоҷик аз рӯи суннати дерини таърихнависӣ дар бораи аҳволи раияти Ҳисор ва ранҷу маҳрумияти он камтар навиштаанд, вале сайёҳону маъмурони низомии Руссия дар гузоришу мақолоти худ доир ба ситаму ҷафо ва ришваситонии беҳадду ҳудуди амалдорони давлатӣ хабар додаанд. Ҳамин тавр, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳисори Шодмон дар асри XIX-умро баррасӣ карда, метавон ба натиҷае расид, ки ҷангҳои хонаводагии амирони Варорӯд авзои минтақаро ноором сохта, заминҳои ишғоли сареъи онро аз ҷониби артиши рус фароҳам овард. Аммо омадани русҳо , бар хилофи он чӣ, ки то кунун мо навиштаем, ҳеҷ дардеро дармон набахшид ва ситамро дуҷониба сохт. Ҳокимони Ҳисор пас аз ишғоли русҳо низ бештар дар фикри сарватдӯздиву ғорати раъият буданд, аз ин рӯ, бо ивазшавии онҳо аҳволи мардумон боз ҳам вазнинтар мегашт. Ва чун “ситам номаи азли шоҳон бувад”, бо ворид шудани ҷаҳон ба қарни XX аморати Бухоро ва Ҳисори Шодмон низ ин мавҷ берун намонданд ва тӯфони рӯзгор ин дафъа чунон вазид, ки аз қадами он бисоти ҳукумати амирону бекҳо барои ҳамеша барчида шуд ва дунёи кӯҳан “зеру забар шуд”, вале хунбаҳои қурбониёни дусадсолаи хонадони фосиди манғитро боз ҳам мардумони ранҷидаву беҳимоят пардохтанд.

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар натиҷаи ривоҷу равнақи тиҷорат бо Руссия андозу хироҷи бозор ба хазина даромади калон медод. Дар ҳуҷҷати даромади асоси бозорҳои Ҳисор қайд карда шудааст. Ҳар сол аз бозор ба миқдори зерин андозу хироҷ рӯёнда мешуд: аз бозори Душанбе 20- ҳазор, аз бозори Ҳисор 10- ҳазор, аз бозори Регар 5-ҳазор, аз бозори Қаратоғ 5-ҳазор, аз бозори Кофарниҳон 2-ҳазор танга. Давлат аз бозорҳои номбурда ҳар сол 42- ҳазор танга даромад мегирифт. Аз дигар бозорҳои хурд бошанд соле 13- ҳазор танга рӯёнда мешуданд.Дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои молию пулӣ хироҷи натуравӣ аз рӯйи ҳиссаи ҳосил муқарар карда мешуд.

Муваффақияти амир аз болои писари худ имкония дод, ки Ҳисорро аз нав ба тобеияти Бухоро баргардонад. Ба ҳисориён боварии амир намонда буд, ӯ дар ин мулк чор ҳазор сарбозро бо 11 адад тӯп ҷойгир намуд. Амир писараш Абдулмӯъминхонро ба сифати ҳокими Ҳисор таъин намуд, вале доираи ҳукмронии ӯ маҳдуд гашта буд. Акнун ба Абдулмӯъмин танҳо Ҳисор тобеъ буда, бекигариҳои Кӯлоб, Дарвоз, Балҷувон, ҳар кадом баробарҳуқуқ гаштанд ва бевосита ба амир итоат мекарданд. Соли 1885, баъд аз вафоти амир Музаффар, ба тахти Бухоро писари ӯ Абдулаҳадхон нишаст. Азбаски ҳокимияти Бухоро ба Абдулмӯъминхон нарасид, ӯ зидди бародараш амал намуд, бинобар ин ӯ аз Ҳисор азл гашта, ҳокими Бойсун таъин шуд.

Ба ҷои Абдулмӯъминхон дар Ҳисор шахси маъруфи аморати Бухоро Остонақул қушбегӣ писари Аббосбӣ ҳоким таъин шуд. Ӯ бист сол ин вазифаро бар ӯҳда дошт, тобеияти Кӯлоб, Дарвоз ва Қаротегинро ба Ҳисор аз нав барқарор гашт. Илова бар он, ин шахс ягона ҳокиме буд, ки ҳаққи ҳукми қатл бароварданро аз амир гирифта буд. Дар навбати худ Остонақул қушбегӣ яке аз сарватмандтарин касон дар аморати Бухоро ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар Истамбул, Маккаву Мадина бошишгоҳҳо бино кардааст, ки ҳоҷиён ҳаегоми сафар ба тавофи Каъба аз ҳаҷ озоре наёфта, бо хотири шод баргарданд. Рамаҳои ҳокими Ҳисор то ҳудуди генерал-губернатории Туркистон ба чаро бурда мешуд. Худи ӯ дар ҳайати сафорати амир ва ба сифати сафири амири Бухоро борҳо ба Русия сафар карда, сазовори ордени императори Русия гардидааст.

Баъди вафоти Остонақул қӯшбегӣ писари ӯ, ки Шоҳимардон ном дошт, ба ҷои падар нишаст. Ӯро навозишкорона Иноқҷон меномиданд. Чунки сазовори унвони <<иноқ>> гашта буд. Дар соли ба сари ҳокимият омаданаш ӯ 23-сола буд. Баъди як соли ҳукмронӣ, соли 1907(8-октябр) дар зилзилаи Қаратоғ Иноқҷон ҳалок шуд. Баъд аз вафоташ, ҷои ӯро Абдулмӯъмини ҷуҷқа ишғол кард.

Мувофиқи маълумоти М. Ҳамроев баъд аз Абдулмӯмини ҷӯҷқа ҳокими Ҳисор Мирмурод таъин шудааст. Ин ду нафар номбурдагон ҳамагӣ 4-сол ( аз тирамоҳи соли 1907 то соли 1911) ҳукмронӣ кардаанд. Сабабҳои бо тезӣ иваз шудани ҳокимони Ҳисор маълум нест.

Соли 1911 Авлёқул парвоначӣ ҳокими Ҳисор таъин шуд. Ӯ аз Қаротеги ба Ҳисор омадааст. Дар <<Таърихи нофеъӣ>> Авлиёқулбеки девонбегӣ номбар шудааст, ки дар ҳавлии ин шахс, дар шаҳри Бухоро баъд аз гурехтани амир Олимхон, мактаби саноатӣ кушода шудааст. Авлиёқулбек ҳам ҳокими Ҳисору ҳам мулкҳои куҳистонии Бухорои Шарқӣ башумор мерафт. Ҳукмронии ин шахс ҳамагӣ чор сол идома ёфт(1911-1915).

Соли 1915 Хоҷақулибекбий девонбегӣ ҳокими Ҳисор таъин шуд. Вале баъди ду соли ҳукмрони ӯ дар ин мулк бемории вабо рухдода касони зиёде, аз ҷумла беки Ҳисор, вафот кард. Авлиёқул соли 1917 бори дуввум ҳокими Ҳисор гашт.

Ҳукмронии Авлиёқул дар Ҳисор то соли 1920 давом кард. Ҳангоми ба Ҳисор гурахта омадани амир Олимхон (1910-1920) тирамоҳи соли 1920, Авлиёқул аз вазифаи ҳокими азл мешавад.

Ду сабаб амирро ба ин кор водор намуд. Аввал ин ки, ба қавли Бобои Абдуҳалим, Авлиёқул Донёл ном писар дошт. Ба ӯ духтари Алимардон ном арбоби ёвониро номзад карда буданд. Амир ба номзад будани духтар нигоҳ накарда, ӯро гирифта ба Афғонистон ҳамроҳи худ мебарад.

Авлиёқул бо писараш, ки дар рикоби амир буданд, аз ӯ баргардонидани духтарро талаб намуданд. Вале мурод ҳосил нашуда, онҳоба Бухоро бармегарданд. Дар<<Таърихи нофеъӣ>>бозгашти Авлиёқул ва қисмати ояндаи ӯ чунин тасвир ёфтааст; <<Авлиёқулбек, ҳокими Ҳисор аз калонтарини ҳокимони амирони Бухоро буд. Бо ҳамроҳии амир Олимхон дар замонӣ инқилоби Ҳисор гурехта рафта буд, боз гашта ба Бухоро омада маъмури хизмати ҳукумати Шуро шуда, баъд аз муддате барои ислоҳи босмачиён ба вилояти Ҳисор рафта, ба дасти босмачиён гирифтор шуда, дар таърихи 1341 ҳиҷри (1922-1923) ба қатл расид >>.

Сабаби дигари аз амир рӯ гардонидани Авлиёқул ин ранҷиши шахсӣ буд. Ӯ аз Олимхон, ки арӯсшавандаашро зӯран ба Афғонистон бурда, ба писари бек Донёл бар нагардонид, қасос гирифтанӣ буд. Бо ин мақсад( шояд ) ӯ ба муборизаи яроқнок шарик гашт.

Сабаби дигари аз тарафи Олимхон азл намудани Авлиёқул аз ҳокимии Ҳисор, ин вобаста буд ба муносибати амир бо Мирзои Урганҷӣ, ки Низомаддин девонбегӣ бо ин ном маъруф буд. Дар солҳои душвори 1917-1920 дар Аморати Бухоро Мирзои мазкур ба Олимхон хизматҳои самимона кардааст. Дар лаҳзаи гурехтании амир аз Бухоро ва омадани ӯ ба Ҳисор Мирзои Урганҷӣ ҳамрои амир набуд. Ба қавли С. Айнӣ, ӯ аз Бойсун ба амир мактуб ирсол намуд, ки то Миршоди мулк аз шумост, бояд аз роҳ баргардед. Ин мактубро амир дар роҳи Қурғонтеппа хонда дар ҳақиқат ба хоки Афғонистон нагузашта, ба Ҳисор баргашт.

Дар <<Таърихи нофеъӣ>> омадааст, ки Мирзои Урганҷӣ ин мактубро ба амир аз Ҳисор фиристода буд ва Олимхонро баргардонида ба Ҳисору Душанбе овард.

Вақте, ки Олимхон вориди Ҳисор гашт, Мирзои Урганҷӣ, ки дар Бойсун аз асп уфтода маиб шуда буд, вафот мекунад. Амир ба қарор меояд, ки барои қадршиносӣ, нисбат ба Мирзои марҳум писари ӯ Холдорбекро ҳокими Ҳисор таъин кунад.

Гуфтан душвор аст, ки Холдорбек охирин ҳокими Ҳисор буд. Ӯ амалан ҳукм наронда, танҳо ба ярлиғи Олимхон сазовор гашт. Чунки ҳамроҳи амир моҳи феврали соли 1921 ба Афғонистон гузашта рафт.

Баъд аз ишғоли Осиёи Миёна аз тарафи русҳо ва тобеъияти аморат ба Русия, бе рухсати ин давлат амири Бухоро ҳуқуқ надошт, ки бо дигар давлатҳо муносибат дошта бошад. Ҳатто валиаҳдро подшоҳи рус таъин мекард.

Амирони Бухоро танҳо дар идора кардани мулкҳои зери даст нисбатан соҳибихтиёр буданд. Вале дар идоракунии мулк таъсири Русия ҳис карда мешуд. Муҳимтарин оқибати бо русҳо созиш кардан ин барҳам хӯрдани ҷангҳои байни худӣ ва байниқабилавӣ ба мақсади талоши мулкҳои ҳамсоя буд. Дар ин ришта Ҳисор истисно нашуд. Дар чаҳоряки охири асри XIX ва чаҳоряки аввали асри XX дар ҳудуди Ҳисори Шодмон, баъди воқеаи солҳои 70-уми асри XIX ҳеҷ хел хунрезии ҷиддӣ барои соҳиб шудан ба мансаби ҳокимӣ нашудааст. Танҳо дар як муддати кӯтоҳ, аз соли 1906, яъне аз соли вафоти ҳокими тавонои ин мулк Остонақул қушбегӣ, то соли 1921 (моҳи феврал ) ҳафт нафар ҳоким иваз шуда сабаби боз ҳам бадшавии вазъи зиндагии мардум гардид. Чунки ҳар кадоми номбаршудагон ва худи амир, ки якчанд моҳи охирини худро дар Ҳисор гузаронид, саросемавор кӯшиш мекарданд, ки бештар сарват ҷамъ намоянд. Онҳо парвои зиндагии халқ надоштад. Мо ҳолати душвори мардуми водии Ҳисорро аз нақли русҳо, шоҳидони онвақтаи ин мулк тасаввур карда метавонем. Ҳар кадоми онҳо бо мақсадҳои гуногун ба Ҳисору мулкҳои атрофи он сафар карда, ба як хулоса омадаанд ва вазъияти душвори мардумро хоисона иншо ва тасвир кардаад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *