Фанни Таърихи точикон

Ҳаёти халқи тоҷик дар давлати Шайбониён (асри ХVI)

Истилои давлати Темуриён

Сиёсати дохилии Шайбонихон

Дар охирҳои асри ХV ва ибтидои асри ХVI ӯзбекҳои бодянишин бо сардории Муҳаммад Шайбонихон Мовароуннаҳри марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – «Шайбонӣ» машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ӯ- Абулхайрхон дар нимаи аввали асри ХV давлати пуриқтидори бодиявӣ ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи ӯ аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар паҳноҳои бекарони дашту саҳрое, ки домони он аз поини дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, ҳаёт ба сар мебурданд. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудовардаи Абулхайрхон мабдаи иқтисодӣ надошт ва бо зӯри силоҳ арзи вуҷуд мекард. Ин буд, ки вай пояҳои худро устувор карда натавониста, ба зудӣ пас аз фавти Абулхайрхон аз по афтод[1]. Шайбонихон хост, таҷрибаи бобояшро такрор намояд, вале кораш барор нагирифт. Ҷангу талошҳо бо дигар Чингизиёни ҷоҳталаб ва ихтиёрхоҳ гоҳ ба фоида ва гоҳ ба зарари ӯ анҷом меёфт. ҳарчанд ки баъзан бо ғаниматҳои хеле хуб зафар меёфт, вале ин барои таъмини имтиёзи сиёсии ӯ кофӣ набуд.

Шайбонихон дар ин муборизаҳо борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд. Ӯ дар яке аз ҷангҳо мағлуб шуда, ду сол дар Бухоро зист ва, аз рӯи шаҳодати сарчашмаҳо, ҷиддан машғули андӯхтани илму дониш гардид.

Душмани ашаддии Темуриён дар қисмати шимоли мамлакат моғулҳо[2]* ба шумор мерафтанд, ки Тошкандро маркази худ ихтиёр карда буданд. Онҳо чандин бор ҳатто ба ноҳияҳои Мовароуннаҳри марказӣ ҳамла намуда, молҳоро толон ва аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муқобили муғулҳо истифода карданӣ шуданд. Лекин Шайбонихон иттифоқчии бад баромад: ӯ фақат аз паи манфиати худ шуда, аксаран хилофи ваъдаи худ амал мекард, гоҳ тарафи Темуриёнро мегирифт, гоҳ тарафи моғулҳоро, ҳар замон ба мулкҳои ину он ҳуҷумҳои ғоратгарона менамуд. Ниҳоят, ӯ чунин шаҳрҳои истеҳкомӣ, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба таҳти тасарруфи худ дароварда, ҳамқавмони худро даъват кард ва дастаи қавии аскарӣ ташкил дода, бо моғулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурӯъ намуд. Аввал ӯ пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна — шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Вақте ки волии Бухоро бо қӯшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира бархоста, ба муқобили ӯ шитофт ва дар роҳ ин қувваи аскариро торумор намуда, ба сӯи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рӯз нагузашта, аъёну ашроф ва рӯҳониён шаҳрро ба ӯ таслим намуданд.

Дар чунин лаҳзаи пурмасъулият ҳам, ки мамлакатро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, ашрофи Самарқанд ва шаҳзодагони темурӣ тамоман саргарми нифоқу низоъҳои байнихудӣ буданд. Гурӯҳе саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна — Султон Алиро тарафдорӣ мекарданд, гурӯҳи дигар хешованди вай – Бобурро ба Самарқанд даъват намуда, таслими шаҳрро ба ӯ ваъда медоданд. ҳангоми Самарқандро муҳосира кардани Шайбонихон ин низоъҳо боз ҳам қувват гирифт. Баъзе намояндагони хеле бонуфузи рӯҳониён ҳисси навмедӣ ва кайфияти мағлубиятро падид меоварданд. Султон Алӣ дар ҳама ҷо хиёнатро гумон бурда, аз дигарон пештар бо як гурӯҳ рикобдорони худ ба қароргоҳи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарқанд аз ин воқиф гардида, бо тӯҳфаву инъомҳои зиёде ба ҳузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Ба ин тариқа, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон даромад.

Аммо ин муваффақияти аввалин, ки ба зудӣ ва осонӣ ба даст омада буд, бақое наёфт. Як қисми ашрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буд. Агарчанде ки ӯ нахустин сӯиқасдро фош намуда, гунаҳкорон ва ҳатто гумонбарҳоро аз дами теғ гузаронид, ба ҳар ҳол дасти муқобилони ӯ боло шуд. Акнун ҳарифи асосии Шайбонихон шаҳзодаи ҷавони темурӣ, аоосгузори ояндаи давлати Темуриёни ҳинд — Бобур гардид. Қароргоҳи Шайбонихон дар ҳаволии Самарқанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинҳонӣ бо Бобур мукотиба доштанд, ба рӯи ӯ дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ӯро подшоҳ эълон намуданд. Дере нагузашта дар баъзе шаҳрҳо ва истеҳкомоти дигар низ пирӯзӣ насиби тарафдорони Темуриён гардид. Вале дар муҳорибаи кушоди соҳили Зарафшон, ки дар моҳи апрели соли 1501 ба вуқӯъ омад, Бобур шикаст хӯрд ва ба Самарқанд ақиб иишаст. Худи ӯ дар ёддоштҳояш аз тарафи Шайбонихон моҳҳои дароз муҳосира шудани Самарқандро ба тариқи хеле муфассал тасвир намудааст.[3] Аз гуфтаҳои Бобур маълум мешавад, ки халқ, аҳолии оддии шаҳр, пешаварону косибон аввалҳо дар муҳофизати шаҳр бисёр фаъолона иштирок доштаанд, ҷасорат ва қаҳрамонӣ нишон дода, нақшҳои ҳуҷуми фикркардаи Шайбонихонро вайрон мекардаанд. Аммо сокинони шаҳр манфиатҳои сулолавии Бобурро, чунон ки ӯ соддалавҳона гумон мебурд, ҳимоя намекарданд. Самарқандиҳо якнун таҷрибаи калон ва талхе доштанд: хиёнат ва сӯиқасдҳои аъёну ашроф, аз даст ба даст гузаштани шаҳр боиси ғорат, қатлу куштор ва қаҳтиву гуруснагӣ мегардид. Лекин ин бор манфиати шаҳриён ва Бобур мувофиқ афтод.

Бо вуҷуди ин, нигоҳ доштани Самарқанд муяссар нагардид. Шаҳриён яроқу аслиҳа надоштанд. Дар шаҳри муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармоӣ мекард. «Вақти гандумпаз расида буд, вале касе ҳосили нав намеовард. Рӯзҳои муҳосира тӯл кашид, мардум ба маҳрумиятҳои зиёде дучор гардиданд; кор ба ҷое расид, ки бенавоён ва мӯҳтоҷон гӯшти сагу харро мехӯрдагӣ шуданд. Чун еми асп камёб шуд, одамон ба ҷои он барги дарахтро медоданд»[4].

Бобур барои кӯмак ба ҳокимони гуногун муроҷиат намуд, вале имдоде нарасид. Ӯ чунин хислати Темуриёнро, ки манфиати умум барояшон бегона буд, хеле аниқ ва дақиқ хотирнишон намудааст: «Мо ба кӯмак ва пуштибонии моликони ҳамсоя ва атрофу акноф умед баста будем, лекин ҳар яки онҳо нақшаҳои худро дошт[5]. Хусусан, кӯтоҳандешии сардори Темуриёни Хуросон — Султон ҳусайн, ки на фақат дасти ёрӣ дароз накард, балки ҳатто ба Шайбонихон чоплусӣ намуд, ӯро дар ҳайрат гузошт.

Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наёварда, ба ҳар сӯ фирор мекарданд. Ниҳоят, худи Бобур ҳам роҳи гурезро пеш гирифт. Шаҳри пойтахтии Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин ҳодиса дар соли 1501 рӯй дод.

Ба Шайбонихон аз ҳама бештар сокинони шаҳри Қарокӯл муқовимат карданд. Баҳорони соли 1501 дар ин ҷо шӯрише ба амал омад, ки амалан хусусияти синфӣ дошт. Ба сари шаҳр намояндаи халқро, зоҳиран, сардори шӯришро нишонданд. Номи ӯ маълум нест, дар манбаъҳои онвақта ӯро таҳқиромезона «гадо» ва «ҷоҳил» номидаанд.

Шайбонихон худ бо қӯшуни зиёде ба ҷанги зидди Қарокӯл рафт. Шаҳрро гирифта, сардори шӯришгаронро ба қатл расонид. Вале пас аз шаҳрро тарк кардани Шайбонихон мардум боз шӯриш бардошт. Феодалон дар ин лаҳза ташаббусро ба дасти худ гирифтанд, онҳо ният доштанд, ки ин шӯришро ба манфиати Темуриён истифода баранд. Онҳо аз ҳокимони ҳамсояи темурӣ мадад хостанд. Шайбонихон дубора ба Қарокӯл қӯшуни сершуморе фиристод. Муҳорибаи ниҳоятдараҷа шадид ба амал омад, фуқарои шаҳр диловарӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанде нишон доданд. Дар охири охирон Шайбониён шаҳрро ишғол намуда, онро ба кушторгоҳи ҳақиқӣ мубаддал карданд. Сипас ба мақсади тарсонидани чашми мардум бо амри Шайбонихон аз сари қарокӯлиҳои мақтул дар Бухоро калламанора сохта шуд[6].

Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин намудани ақибгоҳи худ чораҳои лозима дида, пас ба истилои мулкҳои ҷанубии Темуриён камар баст. Дар ин ҷо ҳам ҳамон вазъияти парокандагии қувваҳои ин хонадон ба истилокорон мадад расонид. ҳокимони вилоятҳои мухталиф ин дафъа ҳам нахостанд ба ҳам муттаҳид шаванд. ҳисси нобоварӣ ба якдигар, иғво, сӯиқасд ва хиёнати ошкоро заминаҳои мусоиди истилоро фароҳам овард. Шайбонихон аз чунин вазъият ба хубӣ истифода бурда, ба яке ваъдаи подош медод, ба дигаре сиёсат мекард ва худ ба василаи тохтутозҳои бемалол, тороҷ ва ғорати мардум оҷизӣ ва нотавонии Темуриёнро нишои медод ва дар байни онҳо кайфияти мағлубиятро ҷорӣ менамуд.

Дар вилояти хеле калоне, ки марказаш ҳисор буд, Хусравшоҳ ҳукмронӣ мекард. Чун замоне ӯ ба дараҷае иқтидор пайдо намуда, ба худраъйӣ ва сарватмандӣ шӯҳрат ёфта буд, шаҳзодагони темурӣ дар ин лаҳзаи душвор барои кӯмак ва пуштибонӣ ба вай рӯ оварданд. Вале ӯ нисбат ба вазъияти мавҷуда нодонӣ ва нофаҳмии тамом зоҳир намуд: ба ҷои муттаҳид шудан бо Темуриён ва ё лоақал кӯмак расондан ба онҳо, ки борҳо илтимосаш карда буданд, аз тарси даъвоҳои онҳо роҳи макру фиребро пеш гирифт ва дар натиҷа комилан дар ҳолати ҷудоӣ ва танҳоӣ монда, аз аввалин хабари ҳаракати қӯшуни Шайбонихон ба ҳисор буздилона фирор кард. Қаламрави ӯ, ки ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон, қисмати шимолии Афғонистон ва ҷануби Ӯзбекистонро фаро мегирифт, ба осонӣ ба таҳти тасарруфи Шайбонихон даромад. Дере нагузашта, соли 1505 Хоразм ҳам аз тарафи қӯшуни Шайбониён ишғол карда шуд.

Навбати забти пойтахти дигари Темуриён – ҳирот расид. Султон ҳусайн фақат акнун то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатари таҳдидкардаистодаро дарк намуда, бо қувваи асосии худ ба муқобили Шайбонихон равона шуд. Вале ӯ, ки пир ва бемор буд, дар роҳ вафот намуд. Дар байни асилзодагони темурӣ низоъу нифоқ ба амал омад. Дар натиҷа, якбора ду писари Султон ҳусайнро ба тахт нишонданд, ки онҳоро ду гурӯҳи ашрофи соҳибнуфуз пуштибонӣ мекарданд. Шайбонихон аз ин дигар шароити мувофиқро орзу ҳам карда наметавонист. Ин буд, ки Бобур навиштааст: «Ин амрест ғариб: ҳеҷ гоҳ касе нашунидааст, ки дар як мулк ду подшоҳ якҷоя ҳукмронӣ кунанд»[7].

То ҷамъ кардани қӯшун, то тамом шудани баҳсу мунозираи наздикони ду подшоҳ, ки ба як қарор омада наметавонистанд, Шайбонихон Балхро забт намуда, ба хок яксон кард ва зуд ба тарафи ҳирот раҳсипор гардид. Ӯ дар наздикии шаҳр қӯшуни ба ҷанг хуб омоданашудаи темуриро мағлуб намуд[8].

Бисёр амирону амалдорон аз майдони ҷанг ва баъзеҳо аз шаҳр гурезон шуданд. ҳар ду подшоҳ ҳам–яке ба ғарб ва дигаре ба шарқ фирор карданд. Рӯҳониёни олимақом ва аъёну ашроф бо ҳам машварат намуда, ба Шайбонихон хати таслим ва итоат фиристоданд. Аҷобат дар ин ҷост, ки ин номаро муаррихи маъруф, нигорандаи асари калони таърихии «ҳабиб-ус-сияр» — Хондамир иншо намудааст. Фақат аҳолии шаҳр андаке муқовимат нишон доданд. Онҳо ногаҳон ҳамла карда, қариб сесад нафар ӯзбекро, ки дар атрофи ҳирот машғули яғмогарӣ буданд, нобуд сохтанд.

Дар айни замон, Шайбониён ба вакилони ашрофу рӯҳониён шарту шароити супурдани ҳиротро пешниҳод карданд: мардуми авом ва пешаварон мебоист ба тариқи товон маблағи калоне мепардохтанд, аз аъёну ашроф ба сифати инъом ва бахшиш пули зиёде ситонда мешуд. Аммо мусодара асосан ба молу мулки сулолаи мағлуб ва ашрофи наздики он дахл мекард.

Дар як муддати кӯтоҳ шаҳру вилоятҳои боқимонда то худи Астаробод забт карда шуд. Дар тамоми шаҳрҳои калони давлати собиқаи темурӣ – Самарқанд, Бухоро, Марв, Сарахс, Балх, ҳирот, Машҳад, Нишопур, Тӯс, Нимрӯз ва Астаробод пулҳои нуқраро ба номи фотеҳи нав сикка заданд. Шайбонихон ҳам ба ин аҳамияти бузурги сиёсӣ медод, зеро ин амр маънии расман ба сари тахти подшоҳӣ омадани ӯро дошт.

Шайбонихон нияти истилои давлати Темуриён ва тасарруфи сарзамини бузургеро дар дил парварида, ба хубӣ ангошта буд ва дар ҳусули ин мақсад фақат муваффақиятҳои ҷангӣ кофӣ нест. Ӯ намояндагони хонадони Темуриёнро бераҳмона таъқиб ва маҳв намуда, аз қадамҳои аввал барои ба тарафи худ кашидани феодалону рӯҳониёни бонуфуз саъй кард. Зоҳиран, ин усул ба ӯ бештар аз силоҳи ҷангӣ зафар ва пирӯзӣ овард. На фақат худи ӯ, балки наздиконаш ҳам мефаҳмиданд, ки танҳо ҳокимият дигар мешавад, аммо муқаррароти зиндагӣ ба ҳар ҳол мисли пештара боқӣ мемонад. Дар ин бобат ҳикояти Зайниддини Восифӣ, ки шоҳиди ҳиротро гирифтани Шайбонихон буд, хеле ҷолиби диққат аст. Як амири ӯзбек ӯ ва ҳамроҳашро деҳқон пиндошта, ба онҳо фаҳмонданӣ мешавад, ки фақат хоҷае бо хоҷаи дигар иваз шудаасту халос. Хоҷаҳои нав барои зудтар барқарор шудани хоҷагӣ саъй мекунанд, зеро акнун замин ва деҳқонон ба онҳо «тааллуқ гирифт» ва «тарбияву нигоҳубин»-и деҳқонони дигар дар ӯҳдаи онҳост[9].

Сиёсати дохилии Шайбонихон пас аз истилои давлати темурӣ тамоман ба манфиати синфи ҳукмрон, синфи феодалоне, ки аннун ба таркиби он ашрофи тоифаҳои бодиянишини ӯзбек ҳам дохил шуда буд, хизмат мекард. ҳатто тадбироти, зоҳиран, мусбати ӯ ҳам манфиати синфи ҳокимро ифода менамуд.

Худи Шайбонихон, муқаррабони ӯ, амирони тоифа ва атто наздиктарин сипоҳиёнаш аз ҳисоби мусодираи молу мулки Темуриён, феодалони ашрофӣ ва рӯҳонии тарафдори онон ва ҳамаи касоне, ки ба суиқасди зидди Шайбониён гумон бурда мешуданд, хеле сарватманд гардиданд. Шайбонихон тамоми давлатро ба мулкҳо тақсим карда, ихтиёри онҳоро ба дасти хешовандон ва амирони номии худ супорид.

Ҷиҳати иқтисодии ин мулкҳои инъомӣ аз он иборат буд, ки мудохилот на ба хазинаи Шайбонихан, балки тамоман ё қисман ба дасти мулкдорони шаҳру вилоятҳо медаромад. Истилогарон зуд ҳис карданд, ки сарвати ғораткарда ва ҷабран ситонидаро дуру дароз беҳаракат нигоҳ доштан хуб нест. Ба ин мулоҳиза онҳо ба харидани замин, иморатҳои шаҳр ва устохонаҳо сар карданд. Онҳо ҳамчунин дар ҳар вазъият моликияти аз ҳама устувор будани чизҳои харидаро фаҳмиданд. Бинобар ин аксар вақт моли ҷабран ситонидаи худро ҳамчун моли харида ба расмият медароварданд. Аҷобаташ ин ки гоҳо заминҳои зӯран кашидагирифтаро пас гашта додан ҳам лозим меомад[10].

Мусодира ва харид дар як муддати кӯтоҳ боиси ба дасти Шайбониён ва ашрофи ӯзбек гузаштани заминҳои зиёд, бисёр иморатҳои шаҳр, осиёбҳо ва дигар ҷойҳои сердаромад гардид. ҳамин як мисол кофист: ҳанӯз дар солҳои 20-уми асри ХVI келини (зани писари) Шайбонихон барои вақфи мадраса бештар аз 40 дӯкони косибӣ, тимча, 8 осиёб, устохонаи коғазрезӣ, анборҳо, ҳавлиҳо, тақрибан 150 қитъаи замин, пурра ё қисман 6 деҳа ва ғ. дода тавонист.[11]

ҳамин тариқа, Шайбониён ва ашрофи тоифаҳои бодиянишини ӯзбек ва калонтарин феодалони заминдор ба шахсони манфиатбари касбу ҳунар ва тиҷорати шаҳр табдил ёфтанд. Манфиатҳои иқтисодии онҳо аз манфиатҳои феодалони ашрофӣ ва рӯҳонии ирсии Осиёи Миёна, ки дар замони Шайбониён заминҳои меросӣ ва сарватҳои шаҳрии пешинаи худро нигоҳ дошта буданд, қариб ҳеҷ фарқ намекард.

Ислоҳоти пулие, ки Шайбонихон дар соли 1507 ба амал овард[12], аз кӯшишҳои ӯ дар бобати ба тарафи худ ҷалб кардани табақаҳои ҳокими давлати истилокардааш ва ба ин васила васеъ намудани базаи синфии худ гувоҳӣ медиҳад.

Касбу ҳунар, тиҷорат ва муомилоти пулӣ аз муҳимтарин моддаҳои оидоти давлатӣ ва мадохили соҳибони мулк ба шумор мерафт. Охирин намояндагони сулолаи Темуриён аз ин модда ба таври хеле васеъ ва беибо истифода мекарданд, ба дараҷае ки муомилоти пулӣ аз манфиати тиҷорат дур гардида, ба инкишофи мӯътадили он халал мерасонид ва ин вазъият ба соҳаи пешаварӣ ҳам таъсир накарда намемонд. Ин бар зарари манфиати на фақат пешаварон ва майдасавдогарон, балки тамоми синфи ҳоким ҳам буд, чунки дар ҷамъияти феодалии Осиёи Миёна феодал дар айни замон тоҷир ҳам ба шумор мерафт, ӯ на танҳо соҳиби замини шаҳру қишлоқ буд, балки коргоҳҳои мухталифи ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ ҳам дошт ва, аз ин рӯ, дар тиҷорати дохилишаҳрӣ ширкат менамуд ва дар тиҷорати байнивилоятӣ ва байналхалқӣ симои асосӣ ҳисоб мешуд[13].

Ислоҳоти Шайбонихон дар тамоми давлат муомилоти ягонаи куллиро ташкил карда, онро аз ҳар гуна тағйирот раҳо намуд. Вай вазн, ҳаҷм ва навъи сиккаҳои нуқрагию мисӣ ва муносибати байни онҳоро муайян кард. Ин сиккаҳо дар ҳамаи шаҳрҳо ва дар ҳамаи вилоятҳо қувваи баробар доштанд, соҳибони мулкҳо наметавонистанд ба муомилоти баробари онҳо монеае ба вуҷуд оваранд, қурби онҳоро мувофиқи табъи худ баланд ё паст кунанд.

Табиист, ки чунин ислоҳот дар тамоми мамлакат таъсироти бузурги сиёсӣ ба амал овард ва бартарии чорабиниҳои фотеҳи навро иисбат ба фаъолияти молиявии намояндагони охирини Темуриён нишон дод. Бесабаб набуд, ки фармони ислоҳот фавран пас аз суқути ҳирот – дувумин пойтахти Темуриён эълон карда шуд. Дар қатори дигар чорабиниҳои нисбатан ҷузъии Шайбонихон, ки барои мӯътадил гардонидани ҳаёти дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ халалдоршуда нигаронида шуда буданд, ислоҳоти соли 1507 мебоист дафъатан ба ҳамаи табақаҳои синфи ҳукмрон нишон медод, ки аз ивазшавии сулола онҳо на ин ки зарар диданд, балки бурд карданд, зеро Шайбонихон манфиати онҳоро мефаҳмад ва ҳимоя мекунад.

Муборизаи байни Шайбониён ва Бобур

Дар сарзамини паҳновари давлати Шайбониён чанд сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид ва ба ин восита ҳаёти хоҷагии мамлакат қадре рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт – ҳам аз шимоли шарқӣ ва ҳам аз ҷануби ғарбӣ ин оромӣ халалдор карда шуд. Бодиянишинони қазоқ, ки замоне аз Шайбонихон сахт шикаст хӯрда буданд, бо муғулҳо як шуда, дар наздикии дарёи Сир ба салтанати Шайбониён зарбаи ҳалокатовар расониданд. Дар худи ҳамин вақт подшоҳи Эрон — Исмоили 1 аз ғарб ба тарафи Хуросон лашкар кашид. Вай дар сари роҳи худ яке аз паси дигаре шаҳрҳоро ишғол карда, фотеҳона ба сӯи ҳирот ҳаракат намуд.

Исмоили 1 аслан аз хонаводаи сӯфияи шаҳри Ардабил буд. Чун аз байни шайхони ин хонадон, хусусан, Сафиуддини Исҳоқ ба «порсоӣ» ном бароварда буд, тамоми авлоди ӯ ва аъзои тариқати дарвешия ба худ номи «сафавӣ»-ро гирифта, пас аз қадам гузоштан ба арсаи сиёсат бо унвони сулолаи «Сафавиён» шӯҳрат ёфтанд. Дар асри ХV пуштибони асосии ин сулола тоифаҳои бодиянишини турк буданд, ки дар хиттаи Озарбойҷони Эрон зиндагонӣ мекарданд. Ононро ба озарӣ «қизилбош»–«сурхсар» меномиданд, зеро сарбозони бодиянишин ба хотири 12 имоми шиа саллаи 12 — рахи арғувонидоштаро ба сари худ мебастанд. Ин тоифаҳо ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ тобеи шайхони сафавӣ буданд. Шайхони сафавӣ дар сеяки охири асри ХV аввал ба кишварҳои ғайриисломӣ тохтутозҳои ғоратгарона карда, баъдтар ба муборизаи зидди баъзе ҳукмронони мусулмон низ шурӯъ намуданд. Вале аз байни онҳо фақат ба Исмоили 1 муяссар гардид, ки пирӯзӣ ба даст оварад: ӯ Табрезро забт карда, онро пойтахти худ қарор дод ва дар соли 1501 унвони шаҳаншоҳи «Эрон»-ро ба худ гирифт. Қизилбошҳо бо сардории Исмоили Сафавӣ аз низоъҳои байнихудии хонадонҳои мухталиф истифода намуда, дар як муддати кӯтоҳ тамоми қисматҳои ғарбии Эронро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.

Ду давлат – Шайбониён ва Сафавиён дар ҳамсоягии якдигар воқеъ гардиданд. Вале дар байни онҳо аз сулҳу сафо асаре набуд. Сарони ин ду салтанат ба мақсадҳои сиёсии худ ранги мазҳабӣ медоданд: Шайбонихон дар қаламрави худ ба муқобили шиаҳо мубориза мебурд, дар сурате ки Исмоил ва қизилбошҳо шиаҳои мутаассиб буданд.

Шайбонихон барои муқовимат кардан бо шоҳ Исмоил қалъаи Марвро такягоҳ интихоб намуда, қӯшуни худро ба он ҷо ақиб кашид ва фавран аз қувваҳои ҳарбии ҳамқавмонаш кӯмак хоста, худ ба мустаҳкам кардани истеҳкомоти шаҳр машғул гардид. Шоҳ Исмоил аз ин кор воқиф шуда, ба зудӣ худро ба Марв расонид ва бо қувваи зиёде онро муҳосира намуд. Азбаски қалъаи Марвро бо ҷанг фатҳ кардан хеле душвор буд, шоҳ Исмоил фиребе ба кор бурда, қувваи худро аз муҳосира гирифт ва чунон вонамуд кард, ки гӯё ақибнишинӣ мекунад. Шайбонихон ин бор саҳви барои сарлашкари корозмуда афвнопазире содир намуд: ӯ ба ин ҳилаи шоҳ Исмоил фирефта шуда, аз қалъа берун баромад ва бо андак қуввае вайро таъқиб кард, дар натиҷа ба иҳотаи душман афтода, тамоми сарбозонашро талаф дод ва худ дар майдони ҷанг кушта шуд. Исмоил аз косахонаи зарандудаи сари Муҳаммад Шайбонихон барои худ ҷоми шароб сохт.

Шоҳ Исмоил ба муқобили Шайбониён на фақат бо силоҳ мубориза бурд, балки тамоми тадбироти дипломатии худро ба кор андохт. Ӯ бозмондагони хонадони темуриро бо ҳар роҳ ташвиқ менамуд, ки барои мулки падару бобоёни худ талош кунанд. Дар ҳоле ки намояндагони бонуфузи сулолаи Шайбониён ба ҳалли масъалаи вориси тахти салтанат саргарм буданд, Темуриён Фарғонаро ишғол намуданд. Бобур, ки то ин вақт мавқеи худро дар Кобул мустаҳкам карда буд, фавран бо роҳи Қундуз ба сӯи ҳисор ҳаракат кард. Муҳорибаи ҳалкунандаи Пули Сангин дар дарёи Вахш (дар он ҷое, ки ҳоло стансияи электрикии обии Норак сохта шудааст) бо ғалабаи Бобур анҷом ёфт. Тамоми ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр бидуни ҷанг ба таҳти тасарруфи ӯ даромаданд. Худи султонҳои шайбонӣ ҳам аз муқовимат даст кашида, шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Қаршӣ ва ғ.-ро ба ихтиёри Бобур вогузоштанд.

Ғалабаи ба осонӣ дастдода Бобурро рӯҳбаланд ва дар айни замон як дараҷа фориғбол ҳам намуд. Мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо, Бобур ва наздикони ӯ, ҳатто сарбозонаш ҳам ба базму зиёфат ва айшу ишрат машғул шуданд. Ин ҳама маблағи зиёдеро талаб мекард ва Бобур барои пайдо кардани он аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонид. Як мисоли нисбат ба вазъи худ хеле бепарвоёна муносибат кардани Бобур дар зарби сикка ҳилаву найранг ба кор бурдан ва меъёри муомилоти пулии муқарраркардаи Шайбонихонро вайрон кардани ӯст. Аз ин амали Бобур тамоми табақаҳои ба харидуфурӯш сарукордоштаи ҷамъият зарар кашиданд. Қӯшуни чандинҳазорнафараи Бобур, ки таъминоти он аз ҳисоби аҳолӣ муқаррар гардида буд, тамоми буду бозёфти мардумро ба ғорат бурд. Вале Бобур, ки аз талхиҳои рӯзгори гузаштаи худ сабақ гирифта буд, ба кам кардани сарбозони худ ҷуръат намекард. Махсусан, дастаҳои қизилбош, ки шоҳ Исмоил ба кӯмаки Бобур фиристода буд, боиси норизоиятии аҳолӣ мегардиданд. Кайфияти шиапарастии Бобур ва инро бебокона намоиш додани ӯ ба онҳо ҳеҷ маъқул набуд.

Табақаҳои васеи Бухоро ва Самарқаяд ба сари кор омадани Бобур ва пирӯзиҳои ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда буданд. Вале ним сол ҳам нагузашта, вай аз чунин пушту паноҳи муқтадир маҳрум гардид ва чашми умед фақат ба қӯшуни гуногунхаёли худ дӯхта монд. Аммо ҳамин пуштибони ягона ҳам ба дарди ӯ барнахӯрд. Баҳорони соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон, ҷавони хеле ғаюр ва шуҷоъ — Убайдулло султон ба дигар намояндагони хонадони шайбонӣ аз ваҷҳи сар кардани ҷанги нав баҳри Мовароуннаҳр чизе нагуфта, худ бо қӯшуни начандон калон ба Бухоро ҳамлавар шуд. Ва ба ҳайрати ҳамзамонони худ, дар набарди шадид бар қӯшуни миқдоран чандин мартаба афзунтари Бобур ғалабаи қатъӣ ба даст овард.[14]

Бобур ба ҳисор фирор намуд. Тирамоҳи ҳамон сол, вақте ки қӯшуни пуршумори қизилбош ба ёрии ӯ расид, барои дубора ба даст даровардани Мовароуннаҳр охирин кӯшиши худро ба кор бурд. Қувваҳои аскарии ӯ дар хоки Мовароуннаҳр чун мӯру малах ҳаракат мекарданд, гӯё ки ба ин сарзамин офати табиӣ рӯ оварда бошад. Онҳо ба ҳар ҷое, ки по мегузоштанд, сокинонашро аз дами теғ мегузарониданд. Хусусан, қатли оми аҳолии Қаршӣ ба худ манзараи даҳшатангезеро гирифта буд. Ниҳоят, дар назди Ғиждувон ба Шайбониён муяссар гардид, ки қизилбошҳоро комилан торумор намоянд.[15]

Қатлу куштори ваҳшиёнаи мардуми Қаршӣ ҳатто норозигӣ ва эътирози муаррихони тамоюли сафавиро низ ба вуҷуд овард. Ба замми ин, боз овозае паҳн шуд, ки қизилбошҳо тамоми аҳолии Самарқандро низ қир карданианд. ҳамаи ин сабаб шуд, ки аҳолии маҳаллӣ ба атрофи Шайбониён муттаҳид гардида, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷӯҳ ва нисбат ба Бобур ҳисси нафрат пайдо кунанд.

Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХVI

Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна: Тошканд, Фарғона, ҳисор ва ғ.-ро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Вале сарзамини Осиёи Миёна тамоман ба харобӣ рӯ ниҳода буд. ҳуҷуми қизилбошҳо, истибдод ва ғорати муғулҳо, қатли омҳо ба зиндагонии мардум ва ҳаёти хоҷагии мамлакат таъсири ҳалокатбор расониданд. Зимистони қаҳратуни соли 1512/13 ин аҳволро боз ҳам вазнинтар гардонид. Нарху наво баланд рафта, дар як қатор маҳалҳо қаҳтию гуруснагӣ рӯй дод. Дар сарчашмаҳо, махсусан, аҳволи табоҳи мардуми вилоятҳои ҳисор ва Самарқанд батафсил баён ёфтааст.

Муғулҳо вилояти ҳисорро ба куллӣ хароб намуда, тамоми ғалла ва чорвои аҳолиро тороҷ карданд, ки дар натиҷа гуруснагии даҳшатангезе рӯй дода, бисёр мардум аз гуруснагӣ ҳалок гардиданд[16]. Аҳволи халқ дар Самарқанд ва атрофи он беҳтар аз ин набуд. Шоир ва нависандаи машҳур — Зайниддини Восифӣ, ки он вақтҳо дар Самарқанд зиндагӣ ба сар мебурд, аз зимистони сард ва қаҳтии соли 1512/13 чунин нақл менамояд: «Дар ин сол дар Самарқанд қаҳтӣ ва гаронӣ ба дараҷае расид, ки халоиқ ба ҷуз қурси моҳу офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фақир шабҳо ба ҷои хӯшаи гандум, дар хаёли худ аз хирмани Парвин хӯша мечиданд». Восифӣ дар яке аз шеърҳояш ин қаҳтӣ ва гуруснагиро тасвир намуда, нисбат ба мардуми азияткашида хайрхоҳию ҳамдардӣ ва нисбат ба давлатмандони ҳарису бераҳм нафрат ва кароҳат иброз доштааст. Чунончи, ӯ дар бораи давлатмандон мегӯяд:

Гандум зи ҳар кӣ кас талабад, орд мекунанд

Аз зарби мушт рустаи дандони вай тамом[17].

Дар тимсоли зоғи ҳарису фориғбол худи Шайбонӣ тасвир ёфтааст:

Эй бод, агар ба ҷониби саҳро гузар кунӣ,

Аз ман калоғро бубарӣ тӯҳфаву салом.

В-он гаҳ бигӯ, ки қоқ чаро мекунӣ зи ҳирс,

Нонҳои хешро, ки шавад сабз бар давом.

Эй тойири хуҷиста, зи нонҳои хештан

Якчанд нон бидеҳ ба фақирон ба расми вом [18].

Аҳволи дигар вилоятҳои Осиёи Миёна аз ин беҳтар набуд. Онҳо низ ба майдони ҷангу ҷидолҳои хунин табдил ёфта, шоҳиди зуд-зуд иваз шудани ҳокимон мегардиданд. Шаҳрҳояшон борҳо ба муҳосира афтода, ҳар бор аз тарафи ҳокимони тарсу ба душман таслим мешуданд.

Вазъи хоҷагии пулӣ низ боиси афзудани гаронӣ мегардид. ҳанӯз Бобур бо мақсади ба даст овардани нафъи бештаре дар кори пул дасисаҳои зиёде намуд. Шайбониён ба ҷои он ки оқибатҳои суиистифодаи Бобурро барҳам диҳанд, кардаҳои ӯро намунаи ибрат қарор доданд. Дар натиҷа, тангаҳои нуқра аз саҳнаи тиҷорат берун рафта, ба ивази онҳо дар бозор қариб тамоман тангаҳои мис ҳукмфармо гардиданд. Вале дере нагузашта қурби ин тангаҳо низ шикаста, бозори онҳо торафт касод мешуд.

ҳангоми тавсифи вазъияти ҳаёти хоҷагии онвақта инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки тоифаҳои бодиянишини ба сарзамини Осиёи Миёна омадаи ӯзбек беҳтарин яйлоқҳоро ишғол намуда, на фақат бодиянишинҳои маҳаллӣ, балки аҳолии муқимиро ҳам танг карда бароварданд. Ақидае мавҷуд аст, ки, умуман, дар асри ХVI масоҳати заминҳои кишт хеле кам гардидааст.[19]

Мувофиқи одати Шайбониён, шахси аз ҳама калонсоли хонадон бояд сардори давлат мешуд. Ба ҳамин сабаб, пас аз он ки дар соли 1512 ҳамаи муддаиёни салтанат аз Осиёи Миёна ронда шуданд, ба сари ҳокимият на ин ки Убайдуллохон – обрӯмандтарин намояндаи хонадони шайбонӣ, балки Кӯчкунчихон омад, ки обрӯву эътибори казоӣ надошт, дар ҳукуматдорӣ шахси беҳунаре буд ва аксар вақти худро дар тоату ибодат мегузаронид. Баъди ӯ писараш — Абӯсаидхон ҳукмрон гардид ва фақат пас аз ин Убайдуллохон (1533–1539) имкони ба тахт нишастанро пайдо намуд.

ҳанӯз дар аҳди Шайбонихон давлат ба амлок, яъне мулкҳои хоса тақсим шуда буд. Акнун ин тақсимот боз ҳам расмитар гардида, мулкҳо тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони салтанатӣ гузаштанд. Соҳибони амлок дар умури дохилии қаламрави худ истиқлолияти комил доштанд, онҳо акнун метавонистанд мулкро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Амлок фақат дар натиҷаи нифоқи байнихудӣ гоҳо аз даст ба даст мегузашт. Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Балх, ҳисор ва амсоли инҳо амлоки калонтарин маҳсуб меёфтанд. Соҳибони ин мулкҳо дар вақтҳои гуногун ҳукмрони мамлакат ҳам гардидаанд, аз ҳама бештар ин маснад (дар нимаи аввали асри ХVI) ба ҳокимони Самарқанд насиб шудааст. Аз соли 1560 Бухоро мустақиман пойтахти давлати Шайбониён гардид.

Се чоряки аввали аср давлати Шайбониён як давлати хоси амлокӣ буд, ки онро яке аз соҳибони мулк, сарфи назар аз иқтидор ва эътибори худ, бо номи хон ва хоқон идора менамуд. Ӯ фақат имтиёзҳои зоҳирӣ дошт: ба вай унвонҳои олӣ медоданд, хутбаро ба номи вай мехонданд ва дар сиккаҳо номашро сабт мекарданд.[20] Ин қоида то солҳои чилуми асри ХVI давом намуд, баъдтар баъзе амлокдорон гоҳо сиккаҳоро ҳатто аз номи худ мебаровардагӣ шуданд, ки ин маънии на фақат исман, балки амалан ҳам соҳибихтиёр гардидани онҳоро дошт.

Дар аҳди се ҳукмрони аввал (Кӯчкунчихон, Абӯсаидхон ва Убайдуллохон) вазъи дохили давлат нисбатан собит ва барои барқарор намудану ба ҳадди эътидол даровардани хоҷагӣ шароити муайяне мавҷуд буд. ҳукмронҳо ва соҳибони мулкҳо ҳатто дар пешбурди кори ҳамон ҷанбаҳои ҳаёти хоҷагӣ, ки бо манфиати синфи феодалҳо ва, албатта, худашон алоқае дошт, баъзе тадбирҳои муҳим пешбинӣ мекарданд. Дар ин бобат, хусусан, ислоҳоти пулие, ки дар замони ҳукмронии Кӯчкунчихон гузаронида шуда буд, ҷолиби диққат мебошад. Чи навъе ки қайд карда шуд, муомилоти пулӣ дар натиҷаи ҷангҳои харобкунандаи хоҷагии мамлакат ва найрангҳои Бобуру Шайбониён дар сикказанӣ ба вазъи бӯҳронӣ афтода буд. Ин ҳолат, умуман, ба кори тиҷорат таъсири бад расонида, манфиатҳои синфи феодалонро халалдор месохт ва ниҳоят даромадҳои худи Шайбониёнро аз тиҷорат ва муомилоти пулӣ кам мекард. Инак, зарурати ислоҳоти пулӣ ба миён омад, аммо дар шароити сохти амлокии давлат ва соҳибихтиёрии комили соҳибони мулк ба амал овардани ислоҳот амри маҳол буд. Охир кор ба ҷое расид, ки Кӯчкунчихон дар Самарқанд ва Убайдуллохон дар Бухоро, ҳар яке дар мулки худ, сиёсати мустақилонаи пулӣ ҷорӣ намуданд. Бештар аз даҳ сол лозим омад, ки муомилоти пулӣ дар миқёси тамоми давлат ба тартиб дароварда шавад.[21]

Боз як ҷиҳати муҳимми ин давра юришҳои Шайбониён ба Хуросон буд[22]. Ин юришҳо бештар дар аҳди Убайдуллохон ба вуқӯъ пайваст, зеро вай ҳамеша дар замири худ нияти барқарор кардани ҳудуди аввалаи давлати Шайбониёнро мепарварид. Ғайр аз ин, Шайбониён маҳз худро вориси қонунии Темуриён меҳисобиданд.[23]

Онҳо дар вақти лашкаркашиҳои худ ба забт намудани шаҳрҳои калон саъй мекарданд, дар навбати аввал диққати онҳоро ҳирот ба худ мекашид. Дар воқеъ, онҳо се дафъа ҳиротро ишғол карданд, вале ҳар бор ба нигоҳ доштани он муваффақ шуда наметавонистанд. Соли 1532 Шайбониён ҳиротро муҳосира карданд, вале барояшон ишғоли он муяссар нашуд. Бо вуҷуди ин, тамоми шаҳрҳои калон то Астаробод ба таҳти тасарруфи онҳо даромад. Охирин юриши Убайдуллохон дар солҳои 1535–1537 сурат гирифт. Пас аз муҳосираи панҷмоҳа ҳиротро забт карда, зиёда аз як сол дар дасти худ нигоҳ дошт. Ӯ ба мақсади мустаҳкам кардани ин ғалабаи худ хост, ки ба ҳукмрони давлати сафавӣ зарбаи сахт ворид оварад. Лекин султонҳои шайбонӣ, мисли ҳарвақта, ӯро дастгирӣ накарда, ба сӯи мулкҳои худ ақиб нишастанро авло донистанд. Барои мустақилона тасмим гирифтан ҳатто қудрати чунин ҳукмрони соҳибэътибор, мисли Убайдуллохон, ки он вақт дар сари салтанат қарор дошт, намерасид.

Юришҳои хуросонии Шайбониён аслан қасди ғоратро надошт, ҳарчанд ки иштирокчиёни ин юришҳо барои афзудани сарвати худ аз онҳо истифода мебурданд. Илова бар ин, чунон ки дуруст қайд шудааст,[24] онҳо ба таври объективона шиддати ҷангу низоъҳои байнихудии Шайбониёнро бозмедоштанд. Ин буд, ки давлати Шайбониён дар ин давра бо он ҳама худсарӣ ва худкомиҳои соҳибони мулк ба арсаи ҷангу ҷидолҳои доимии байнихудӣ мубаддал нагардид. Албатта, лашкаркашиҳои чандинкарата ба сӯи Хуросон, тадорукот ва таҷҳизоти юришҳо, бар иловаи хироҷу молиёт, ҳамчун бори гароне ба дӯши аҳолии Осиёи Миёна меафтод. Бо вуҷуди ин, авзои ин давра нисбатан оромтар ва шароити хоҷагидорӣ мусоидтар буд.

Низоъҳои феодалон. Абдуллохони II
ва «ҷамъ кардани мулкҳои хоса»

Аз солҳои чилуми асри ХVI ҷангу низоъҳои феодалӣ як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Оташи нифоқ аввал дар байни амлокдорони калон фурӯзон шуда, баъд амлокдорони хурдро низ фаро гирифт: яке ғами муҳофизати мулки худро мехӯрд, дигаре дар садади тасарруфи мулки нав буд.

Ба тасвир ва тавсифи ин ҳама ҷангҳои сершумори феодалон, гурӯҳсозӣ ва гурӯҳбозиҳои султонҳо ҳоҷате нест.[25] Фақат ҳаминро хотирнишон мекунем: султонҳои шайбонӣ аксар вақт ҳатто дар масъалаи вориси тахт ҳам мувофиқат ҳосил карда наметавонистанд ва сардори давлат ҳамчун амлокдори муқаррарӣ дар ҷангҳои байни феодалон иштирок менамуд. Гоҳо чунин воқеъ мегардид, ки баъзе султонҳо на фақат сардори давлатро эътироф намекарданд, на фақат бо ӯ ва тарафдоронаш меҷангиданд, балки ҳатто ба худ рутбаву унвонҳои олиро нисбат дода, хутбаро ба номи худ мехононданд ва дар сиккаҳо номи худро сабт мекунонданд. Гоҳо чунин ҳодисае ҳам рӯй медод, ки ҳар як тарафи муқобил подшоҳи худро эълон мекард ва ба ин тариқа дар мамлакат як навъ дуҳокимиятӣ ба вуҷуд меомад. Яке аз ҳамин қабил рӯйдодҳо бо номи ҳокими ҳисор — Темур Аҳмад алоқаманд аст. Чунон ки тазаккур ёфт, ҳисор аз калонтарин мулкҳои хосаи давлати Шайбониён буд. Дар вақте ки ҳокими Тошканд — Наврӯз Аҳмадхон ба тахти салтанат нишаст, ҷангҳои байнихудӣ хеле авҷ гирифт. Дар ин маврид сардори давлат на ин ки роли оштидиҳандаро бозид, балки худаш ташаббускори сар задани низову нифоқ гардид. Оқибат ду гурӯҳи асосии мухолифи якдигар ба вуҷуд омад: хонадони амлокдорони тошкандӣ бо сардории хоқон — Наврӯз Аҳмадхон ва гурӯҳе, ки дар сари он Абдулло султони ҷавон меистод. Дар чандин муҳосира ва муҳорибаҳо Наврӯз Аҳмадхон бар Абдулло ғолиб омада, ӯро ба ақибнишинӣ маҷбур кард ва ҳатто мулки падараш – вилояти Миёнколро, ки дар байни Бухоро ва Самарқанд воқеъ буд, бо маркази он шаҳри Кармина забт намуд.[26]

Пас аз фавти Наврӯз Аҳмадхон, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, волии Балх ва амаки Абдулло — султон Пирмуҳаммадхон тахти салтанатро соҳиб шуд. Аммо мадракҳои сиккашиносӣ ба тавсифи ҳаводиси сиёсии он замон тағйироти ҷолибе медароваранд.[27] Маълум мешавад, ки ду гурӯҳи мухолифи собиқа ба таври худ ду хоқонро ба маснади ҳукумати олӣ менишонанд: хонадони амлокдорони тошкандӣ ҳокими ҳисор — Темур Аҳмадро сардори давлат хонда, сиккаро бо номи ӯ мезананд, гурӯҳи Абдулло султон бошад, узви хонадони ӯ амакаш — Пирмуҳаммадро сардори давлат эълон мекунанд ва охири охирон пирӯзӣ насиби ин гурӯҳ мегардад.

Дар воқеъ, ин аввалин ғалабаи калони сиёсии Абдулло султон буд. Пас аз ин ӯ боз як қатор муваффақияти ҳарбӣ ва сиёсӣ ба даст овард. Дар навбати аввал амлоки хонадони худи — Миёнколро бозгардонид, сипас писарони Наврӯз Аҳмадхонро аз Самарқанд ронда, дар соли 1557 Бухороро тасарруф намуд. Дере нагузашта, Абдулло аз нифоқи Балх (писари Пирмуҳаммадхон дар вақти набудани падараш ин шаҳрро ғасб кард) истифода бурда, падарашро аз Кармина ба Бухоро хонд ва дар соли 1560 ӯро сардори давлат эълон намуд,[28] ҳарчанд ки амакаш Пирмуҳаммадхон зинда буд ва Балхро дубора ба даст даровард ва мебоист то охири умр дар маснади хоқонӣ мемонд. Аммо ӯ дигар пир шуда, мубталои ташвишҳои хонавода гардида буд ва, аз ин рӯ, барои дубора баргардонидани тахти салтанат ҳатто кӯшише ҳам зоҳир накард. Падари Абдулло — Искандар фақат исман ҳукмрон буд, амалан зимоми ҳокимиятро Абдулло дар дасти худ нигоҳ медошт. Ягона душмани ашадии сиёсии вай хонадони амлокдорони Тошканд маҳсуб меёфт.

Абдулло, ки акнун ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз истиқлолияташро маҳдуд намекард, собитқадамона ва бо ҷидду ҷаҳди тамом ба кори минбаъдаи «ҷамъ кардани мулкҳои хоса» иқдом намуд. Соли 1573 Балх, соли 1574 ҳисор, соли 1578 Самарқанд ва ниҳоят соли 1582 Тошкандро ба таҳти тасарруфи худ даровард. Соли 1583, пас аз фавти падар, Абдулло (ки бо номи «Абдуллохони II» маъруф гардидааст) бар хилофи русуми мавҷуда, ки мебоист фарзанди калонии хонадон ба тахт менишаст, ҳукмрони мамлакат эълон карда шуд. Акнун ӯ амалан ва расман ба тамоми ҳуқуқи ҳукмрони мутлақи салтанат соҳиб гардид. Ӯ дар байни хоқонҳои шайбонӣ ягона касе буд, ки дар муборизаи зидди худсарии соҳибони мулк муваффақ шуда, давлати то як андоза мутамарказ ба вуҷуд оварда тавонист.

Вале Абдуллохони II бо ин ҳама қаноат накарда, орзуи ба қаламрави худ баргардонидани ҳамаи он мулкҳоеро, ки замоне сарсилсилаи ин хонадон — Муҳаммад Шайбонихон фатҳ карда буд, дар дил мепарварид. Дар ҳақиқат ҳам, бар хилофи пешгузаштагони бетолеаш, ӯ дар ин роҳ пирӯзиҳои намоён ба даст овард. Яке аз сабабҳои ин муваффақият, албатта, ҳокимияти номаҳдуди ӯ буд, ягон иқдоми вай ба нозу нуз ва қарори дигар аъзои хонадони салтанатӣ вобастагӣ надошт.

Дар соли 1584 Абдуллохони II Бадахшонро забт кард. Соли 1588 ҳирот ва пас бисёр шаҳрҳои дигари Хуросон ба тасарруфи ӯ даромаданд. Фатҳи Хоразм қувват ва вақти зиёдеро талаб намуд: ӯро лозим омад се мартаба ба он ҷониб лашкар кашад, то ки ниҳоят соли 1595 каму беш дар он ҷо ҳокимияти худро барқарор созад.

Ба анҷом расидани ҷангҳои байнихудӣ ва ба дараҷаи муайян марказият ёфтани давлат барои ба ҳолати муқаррарӣ даровардани ҳаёти хоҷагӣ баъзе заминаҳои мусоид фароҳам намуд. Абдуллохони II, зоҳиран, ходими барҷастаи давлат буд. Дар нақлу ривоятҳои халқӣ таъмиру бинокориҳои зиёде, аз қабили сохтмони иншоотҳо, роҳҳо, сардобаҳо, пулҳо, корвонсаройҳо, тимҳои тиҷорат ва амсоли инҳо ба номи ӯ марбут гардидаанд. Ин нақлу ривоятҳо асоси воқеӣ доранд.

Дар сарчашмаҳо баъзе корҳои обёрӣ ёдоварӣ мешаванд, ки бо амри ӯ анҷом ёфтаанд. Чунончи, дарғоти Нурато барои пешгирии сел, таъмири каналҳои ноҳияи Саврон, обанбори канори дарёи Кушка, пули дар наздикии Ғиждувон будаи Зарафшон, ки, аз афташ, ба мақсади бардоштани об ва ба ҷӯйборҳо тақсим намудани он низ хизмат мекард, аз ҳамин қабиланд[29].

Абдуллохони II ба масъалаи тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ диққати махсус медод. Инро ободонии роҳҳои корвонгард ва, умуман, беҳтар намудани шароити тиҷорат, ки дар аҳди ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд, собит менамоянд. Дар ин бобат ислоҳоти пулии ӯ, вазифа ва натиҷаҳои объективии он хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошанд.[30]

Ҷангу низоъҳои муттасили феодалие, ки тақрибан муддати панҷоҳ сол дар сарзамини Осиёи Миёна давом карданд, барои тиҷорат ва гардиши пул вазъияти хеле номусоид ба миён оварданд. ҳокимони мустабид ва худсари мулкҳои хоса дар масъалаи пул ҳам сиёсати мустақилонаи худро ҷорӣ кардан мехостанд, то ки аз ин моддаи даромад низ ҳар чӣ зиёдтар фоида ба даст оранд. Онҳо ҳамаи муқаррароти муомилаҳои давлатиро вайрон карданд. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки дар натиҷаи ба дараҷаи лозима набудани истихроҷи маъдан ва аз хориҷа ворид нашудани он эҳтиёҷ ба маводи нуқра дар мамлакат торафт бештар ба миён меомад. Дар чунин шароит аз тарафи ҳокимони мулкҳои хоса густохона сикка задан ва ба гардиш андохтани пулҳои нуқра боиси он гардид, ки захираи онҳо дар муомилоти тиҷоратӣ тадриҷан кам шудан гирифт. Пулҳои нуқра бо ду роҳ нопадид мегардид: як қисми онҳо «барои рӯзи нек» пинҳон карда мешуд, қисми дигари онҳо аз пайи фоидае ба хориҷа мерафт. Ин тариқа коҳиш ёфтани нуқра дар ҳолати эҳтиёҷи зиёда ба он таносуби байни мису нуқраро дар хариду фурӯш тағйир дода, сабабгори аз ҳам ба дараҷаи зиёд тафовут кардани арзиши бозорӣ ва расмии давлатии сиккаҳои нуқра гардид.

Бӯҳрони муомилоти пулӣ ба андозае тунду тез гардида буд, ки мудохилаи ҷиддиро талаб мекард. Ин вазъиятро маҳз ислоҳоти пулии Абдуллохони II бартараф намуд. Дар манбаъҳои хаттӣ аз ин хусус маълумоти бевосита мавҷуд нест. Фақат дар «Абдуллонома»-и ҳофизи Таниш ба таври мубҳам гуфта шудааст, ки Абдуллохони II бо диққат назорат мекард, то дар зарробхона сиккаҳои тиллоро бо омезиши филизи паст вайрон насозанд. Дар ҳақиқат ҳам, Абдуллохони II зарби сиккаҳои тиллои асилро ба роҳ гузошт. Вале қисмати муҳимми ислоҳоти ӯ ба зарб ва гардиши сиккаҳои нуқра алоқаманд аст. Барои амалӣ шудани ин тадбироти ӯ марказият ёфтани давлат, ки дар натиҷаи он бисёр зарробхонаҳои амлоки хоса баста шуданд, мусоидат намуд. Акнун пулҳое, ки асосан дар Бухоро бароварда мешуданд, аз «садди мулкӣ» берун омада, дар саросари давлат баробар ба гардиш даромаданд. Нархи бозорӣ ва расмии пули нуқра бо ҳам мувофиқат пайдо намуд. Ба ин васила коҳиши нуқра дафъатан боздошта шуд. Ислоҳоти пулӣ ҳам ба манфиати тиҷорат ва ҳам ба манфиати давлат гардид. Пас аз ин даромади зарби сикка асосан ба хазинаи Абдуллохони II рехтан гирифт.

  1. Муфассалан ниг.: Семёнов А. А., 1954, б; А[мадов Б. А., 1965 а.

  2. * Бо истило[и «муuул[о» як дониста нашавад, зеро ин халrест, ки дар а. 16 дар баъзе но[ия[ои Осиёи Миёна зиндагb мекард ва дар адабиёти uарбу русb бо номи «моголы» маш[ур буд (мутарxим).

  3. Бобур, 1958, с. 106 ва давомаш.

  4. {амон xо, с. 109.

  5. {амон xо.

  6. Мукминова Р. Г., 1950, с. 13–14.

  7. Бобур, 1958, с. 212.

  8. Барои тафсили забти {ирот ва воrеа[ои минбаъда ниг.: Болдырев А. Н.,1957, с. 59 ва давомаш.

  9. Болдырев А. Н., 1957, с. 66.

  10. Мукминова Р. Г., 1966, с. 26 ва давомаш.

  11. {амон асар, с. 41 ва давомаш.

  12. Давидович Е. А., 1954, с. 85 ва давомаш.

  13. Иванов П. П., 1954, с. 42–43. Давидович Е. А., 1961 а, с. 40–42.

  14. Манбаъ[ои форсb ин мар[илаи муборизаи байни Шайбониён ва Бобурро таври дигар тасвир менамоянд, вале бояд ба муосирон ва шо[идони воrеа бештар бовар кард (Семёнов А. А., 1954г., с. 127–131). Катибаи Бобур ба [амин давраи [аёти e тааллуr дорад (ниг.: Мухторов А., 1960).

  15. Xузъиёти ин воrеа[о дар [ар манбаъ ба таври гуногун баён ёфтааст (Семёнов А. А., 1954 г., с. 131–136; Болдырев А. Н., 1957, с. 115–121),

  16. Семёнов А. А., 1954 г., с. 139.

  17. Иrтибос аз Айнb С. Восифb ва хулосаи «Бадоеъ-ул-ваrоеъ», с. 181.

  18. Восифb,- 1961, с.- 92.

  19. Абдура[имов М. А., 1966, с. 260.

  20. Дар назари муосирон хутба ва сикка чунон аломат[ои му[имми [окимияти олb ба шумор мерафтанд, ки дар сарчашма[ои хаттb [ангоми баёни воrеаи ба сари [окимият омадани касе ин ду ла[за [атман таъкид карда мешуд.

  21. Давидович Е. А., 1951 а, с. 106–120.

  22. Тафсили онро ниг.: Давидович Е. А., 1953 а, с. 97–106.

  23. Миклухо-Маклай Н. Д., 1952, с. 11 ва давомаш.

  24. ИТН, П, 1, 1964, с. 372.

  25. Тафсили онро ниг. Вельяминов – Зернов В. В., 1859; Вяткин В. Л., 1927.

  26. Вельяминов – Зернов В. В., 1859, с. 379–386.

  27. Давидович Е. А., 1952, с. 27–36.

  28. Чунин русуми варосати тахти салтанатро шо[иди воrеа[ои он замон {офизи Таниш дар асари худ «Абдуллонома» наrл намудааст. В. В. Вельяминов – Зернов (1859, с. 392–395) дуруст rайд мекунад, ки баёноти муаррихи аср[ои баъдина Му[аммадюсуфи Муншb тамоман uалат буда, аз та[рифот иборат аст. Барои таrвияти ин фикри В. В. Вельяминов–Зернов бояд илова кард, ки мадрак[ои зиёди дар давоми асри гузашта xамъшудаи сиккашиносb (ниг. хулосаи ахбори охирин: Lowick N.М., 1966) наrли {офизи Танишро, фаrат бо rадре возе[у равшантар сохтани баъзе маълумоти e комилан тасдиr менамоянд.

  29. Бартольд В. В., 1965 а, с. 153, 200, 226; Чехович Д., 1954, а, с. 106.

  30. Давидович Е. А., 1951 а, с. 120–141.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *