Фанни Таърихи точикон

Муносибатҳои иқтисодии байни Осиёи миёна ва Россия. Тадқиқи Осиёи Оиёна аз тарафи олимони рус

Соли 1781 мутарҷим М. Бекчурин ба сифати сафири ҳукумати Россияи подшоҳӣ ба Бухоро фиристода шуд. Вазифаи асосии сафорат муайян кардани имконоти инкишофи тиҷорати Россияву Бухоро ва ба воситаи Россия кашондани молҳои Бухоро, инчунин ҳалли масъалаҳои сиёсӣ буд.[1] Дар навбати худ бухороиҳо илтимос мекарданд, ки барои озодона тиҷорат кардан дар тамоми хоки Россия ба онҳо иҷозат диҳанд. Умуман, чи навъе ки Е.В.Бунаков хотирнишон мекунад, аз даҳсолаҳои охири асри ХVIII Осиёи Миёна аввалин бор дар сиёсати хориҷии ҳукумати Россия мавқеи ҷиддии мустақилро ишғол менамояд, зимнан мақсаду мароми тиҷорат дар ин ҷо қариб дар навбати аввал гузошта мешуд.[2]140а Аз соли 1796 содироти молҳо аз аморати Бухоро ба Россия аз 379 то 485 ҳазор сӯм, воридот аз 341 то 421 ҳазор сӯм афзоиш ёфт. Вале дар соли 1801 содироти молҳои Бухоро ба Россия ба маблағи 732 ҳазор сӯм расид, дар айни замон қисмати асосии онро (беш аз 545 ҳазор сӯм) маснуоти нахӣ ва пахта, сипас қисмати дигарро (102 ҳазор сӯм) чарм ва бақияи онро пӯсти қарокӯлӣ, решаи ревоҷ ва соири колаҳо ташкил мекарданд. Ба ин тариқа, дар таркиби молҳои содироти Осиёи Миёна нахи пахта, газворҳои нахӣ ва худи пахта мавқеи бартариро дошт ва зимнан 90% ин гурӯҳи колоро ресмон ташкил медод. Дар ин бобат мушоҳидаи полковник Струков хеле ҷолиби диққат аст, ки соли 1810 дар хусуси тиҷорати Россияву Осиёи Миёна навишта буд: «Россия, ки дар истеҳсолоти худ нахи пахта надорад, инчунин зарурати муҳимро ба миқдори зиёде ҳам дар ҳолати пахтаи табиӣ ва ҳам се навъи ришта аз Осиё дарёфт менамояд. Илова бар истифодаи басо муфид дар чароғон онро дар фабрикаҳои рус барои таҳияи матоъҳои гуногуннавъ ба кор мебаранд. Баробари ин, ҳар навъ газворҳои аз Осиё воридшавандаро ҳар ду ҷинси мардуми омӣ бо дилхушии тамом истифода мекунанд, зеро вай нарм ва бадошт аст ва аз ин рӯ, матои зағирпоягиро, ки давлат барои (таъмини) армия ба вай эҳтиёҷи бағоят бузурге дорад, аксаран бо он иваз мекунанд»[3].

Соли 1801 аз Бухоро ба Россия ба маблағи 732 ҳазор сӯм мол содир гардида, моли аз Россия ба Бухоро воридшуда аз ин маблағ якуним баробар камтар буд. Муҳимтарин қисмати молҳои воридотиро червонҳои тилло (40%), моҳут ва дигар матоъҳо (21%), қаламфур, қирмиз, мӯина ва амсоли инҳо ташкил медоданд.

Дар соли 1813 гумоштаи Британия Мириззатулло маҷбур шуд эътироф намояд: «Тиҷорат бо Россия барои Бухоро тиҷорати асосист». ҳар сол аз Россия як корвони иборат аз 4–5 ҳазор шутур меомад ва ҳамин қадар як корвон ба Россия мерафт[4].

Дар нимаи аввали асри ХIХ таназзули хоҷагии феодалии крепостноӣ шиддат ёфта, муносибатҳои капиталистӣ вусъат пайдо мекунанд. Коргоҳҳои хурди косибӣ беш аз пеш ҷои худро ба мануфактураҳои капиталистӣ ва сипас ба истеҳсолоти фабрикии сармоядорон медиҳанд. Аз соли 1804 то соли 1860 миқдори корхонаҳои саноатӣ аз 2402 ба 15. 338 расида, миқдори коргарон мутобиқан аз 95,2 ҳазор то 565,1 ҳазор кас афзуд. Махсусан саноати бофандагӣ, ки дар нимаи дувуми солҳои 20-ум ва нимаи аввали солҳои сивуми асри ХIХ тақрибан 70% саноати маснуот барорандаи русро ташкил мекард, хеле тараққӣ намуд. Фақат дар зарфи 7 сол аз соли 1825 то соли 1832 адади дастгоҳи бофандагӣ ду мартаба зиёд шуд.

Албатта, мо барои тафсил додани инкишофи иқтисодиёти Россия имкон надорем ва ба ин ҳоҷат ҳам нест, зеро ин масъала дар тадқиқоти зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифтааст[5]. Мо ин ҷо фақат дар баъзе ҷиҳатҳои асосии он таваққуф менамоем. Саноати ба тараққӣ рӯниҳодаи Россия ба бозор эҳтиёҷ дошт. Инро бисёр арбобони онвақта ба хубӣ дарк менамуданд. Дар соли 1835 Г.Неболсин ин иддаоро хеле возеҳу равшан баён карда буд: «Аз он вақте ки фурӯши молҳои мануфактурии мо дар байни мардумони Осиёи Миёна ба равнақ даромад, ин тиҷорат барои саноати дохилии мо аҳамияти махсус пайдо намуд…»[6]. Чунон ки В.И.Ленин хотирнишон кардааст: «…капитализм бе пайваста васеъ кардани доираи ҳукмронии худ, бе колонизатсияи мамлакатҳои нав… зиндагӣ ва тараққӣ карда наметавонад». Ва боз: «Барои фабрикантҳо бозор фавран даркор аст ва агар қафомондагии тарафҳои дигари хоҷагии халқ бозорро дар райони кӯҳна тангтар мекарда бошад, дар ин сурат онҳо бозорро дар райони дигар ё дар мамлакатҳои дигар… ҷустуҷӯ хоҳанд кард»[7].

Маҳз ҳамин ва инчунин зарурати ба даст овардани маводи хоми Осиё сабабгори асосии вусъат ёфтани ҳаҷми робитаҳои иқтисодии Россия бо Осиёи Миёна буд. Ба ин ваҷҳ маҳдудиятҳои аз Россия ба кишварҳои Осиё содир кардани тилло, филизоти сиёҳ ва ранга, маснуоти филизӣ (ба истиснои аслиҳа) ва ғалла аз байн бардошта шуданд. Ба тоҷирони ҳар се дараҷа барои савдо кардан бо Осиёи Миёна ва ба шахсони ҳар зумра барои доду гирифти мубодилагӣ иҷозат дода шуд. Ин ва дигар тадбирҳо ба равнақи тиҷорат шароити мусоид фароҳам оварданд. Колоҳои Россия ҳатто ба Афғонистон, Қошғар ва соири ноҳияҳои машриқзамин низ роҳ ёфтанд [8]. Аммо аз хатар эмин набудани роҳҳои корвонгард ба тараққии тиҷорат монеаи сахте гардида буд. Аксар вақт корвони тоҷирон, хусусан онҳое, ки аз Россия роҳӣ мешуданд, ба ҳамла ва ғорати роҳзанон дучор мегардид [9]. Корвонҳоро ҳамроҳӣ кардани дастаи муҳофиз ҳам кӯмак расонида наметавонист. Масалан, корвони пуршумору пурбори тоҷироне, ки солҳои 1824– 1825 ба Бухоро ҳаракат мекард, бо вуҷуди муҳофизаи дастаи мусаллаҳ аз тарафи роҳзанон талаву тороҷ карда шуд [10].

Аз маводи хоми Осиёи Миёна махсусан пахта аҳамияти калоне пайдо карда буд. Саноати бофандагии Россия миқдори торафт бештари онро талаб менамуд. Ин аст, ки кашондани пахта муттасил меафзояд.[11] Дар оғози асри ХIХ аз Осиёи Миёна ҳар сол қариб ҳазор пуд пахта ба Россия кашонда шуд, миқдори он дар соли 1818 ба беш аз 10 ҳазор пуд, дар соли 1836 ба 38,5 ҳазор пуд ва дар соли 1858 ба зиёда аз 180 ҳазор пуд расид, яъне дар давоми ним аср 18 баробар афзоиш ёфт.

Дар навбати худ Осиёи Миёна ҳам аз тиҷорат бо Россия хеле манфиатдор буд. Бисёр маҳсулоти муҳим, аз қабили чӯян, оҳан, мис, маснуоти филизӣ, маҳз аз Россия ворид мегардид. Аз тангаи кисаи шаҳриён сар карда, то тӯп — ҳама аз филизоти рус сохта мешуд.

П.И.Неболсин навишта буд: «Мо ба Осиёи Миёна чунин молҳоро мефиристем, ки дар тамоми Тӯрон чизҳои аз ҳама зарурӣ ва мавриди масрафи умуми аҳолӣ маҳсуб меёбанд. Тилло, нуқра, мис, чӯян, оҳан, ҳар гуна маснуоти филизӣ, пӯст, ранг, шакар, моҳут, чит ва матоъҳои гуногуни пахтагӣ ва абрешимӣ ба он ҷо аз мо мераванд. Осиёи Миёна филизот, чарм, моҳут ва чит барин молҳои моро муҳол аст, ки бо ҳамии нарх аз ягон кишвари дигар гирифта тавонад»[12].

Мувофиқи мадракҳои овардаи ҳамин муаллиф фақат дар зарфи даҳсолаи 1840–1850 танҳо бо роҳи Оренбург аз Россия ба давлатҳои хонии Осиёи Миёна тақрибан 40 ҳазор пуд мис, беш аз 400 ҳазор пуд оҳан, 75 ҳазор пуд чӯян, 25 ҳазор пуд фӯлод, ба миқдори зиёде сиккаҳои тилло ва нуқра кашонда шуданд. Бояд гуфт, ки ин миқдор аз истихроҷи филизоти маҳаллӣ бештар буд. Барои оммаи васеи аҳолии Осиёи Миёна, махсусан, ворид намудани матоъ аҳамияти калон дошт, аз ин рӯ, вай дар байни молҳои ба ин кишвар содиркунандаи Россия ҷои аввалро ишғол менамуд. Умуман, тиҷорати Осиёи Миёнаву Россия, сарфи назар аз баъзе лаҳзаҳои ба мамониат дучор шудан ва ҳатто пас рафтан, беш аз пеш ривоҷ мегирифт.

Дар натиҷаи тавсеаталабии тиҷоратии Англия ва душвориҳое, ки солҳои сивум ва чилум дар соҳаи савдо ба миён омаданд, содироти Россия ба давлати хонӣ хеле паст фаромада, нисбат ба воридот якуним-ду баробар кам гардид. Вале аз охири солҳои 50-ум ва 60-ум тиҷорати Россияву Осиёи Миёна дубора ҷон гирифта, босуръат пеш рафт. Ба сабаби сар задани ҷангҳои дохилӣ дар Америка аз он ҷо ба Россия ворид намудани пахта ниҳоятдараҷа кам шуд ва ин, дар навбати худ, нархи пахтаро дар Россия хеле боло баровард. Дар бораи вусъати онвақтаи муносибатҳои тиҷоратии Россия ва Осиёи Миёна чунин далел гувоҳӣ медиҳад, ки дар Осиёи Миёна маҳз дар ҳамон вақт масоҳати киштзори пахта чандин баробар афзоиш меёбад. Пас аз як соли оғози ҷанги дохилии Америка, яъне соли 1862 аз Осиёи Миёна кашондани пахта қариб се баробар зиёд мешавад.

Чунон ки дар боло таъкид ёфт, ба инкишофи тиҷорати Россияву Осиёи Миёна ҳар ду тараф ҳам манфиатдор буданд. Вале аз он набояд сарфи назар кард, ки дар тиҷорати хориҷии Россия ҳиссаи воридоти Осиёи Миёна ҳатто дар давраи авҷи худ низ фақат 2–3 фоизи ҳаҷми умумии содироти давлати Русро ташкил менамуд, дар сурате, ки қисми асосии молҳои содиротии Осиёи Миёна ба Россия фиристода мешуд. Ин ҳолатро дар воридоти Осиёи Миёна ҳам метавон мушоҳида кард. Қисми зиёди молҳои воридотӣ аз Россия меомад. Давлатҳои Осиёи Миёна хеле пештар аз ҳамроҳ шудан ба Россия таҳти нуфузи иқтисодии давлати Рус қарор гирифта буданд[13].

Манфиатдории ҳам Россия ва ҳам давлатҳои хонии Осиёи Миёнаро нисбат ба инкишофи муносибатҳои тарафайн омилҳо, на ин ки омилҳои сиёсӣ, дар саъю кӯшишҳои аз нимаи дувуми асри ХIХ ба зуҳур омадаи ҳукумати подшоҳӣ дар бобати тамоман ба зери назорати худ даровардани Осиёи Миёна ва ба ин васила аз истилои Англия – хатарноктарин ҳарифи империяи Россия эмин нигоҳ доштани он роли хеле муҳим бозиданд. Инро бояд махсус таъкид кард, зеро баъзе муаллифон[14] ҳангоми таҳқиқи ангезаҳои асосии амалиёти Петербург дар Шарқ ба ҷиҳатҳои иқтисодӣ аҳамияти лозимӣ намедиҳанд.

Муносибатҳои самарабахши тиҷоратии аморати Бухоро, давлати хонии Хева ва Хӯқанд аз як тараф ва Россия, аз тарафи дигар, дар заминаи фаъолияти ҷиддии дипломатии ин кишварҳо беш аз пеш равнақ меёфтанд. Дар зарфи тамоми нимаи аввали асри ХIХ онҳо сафорат ва намояндагиҳои худро мубодила карда, ба ҳалли масъалаҳои аз назари ин ва ё он давлат хеле муҳим муваффақ мегардиданд. Яке аз ҳамин қабил масъалаҳо ҳамоно мубодилаи мол ва тамоми муаммоҳои ба он алоқаманд ба шумор мерафт.

Сафироне, ки аз Осиёи Миёна ба Россия фиристода мешуданд (алалхусус сафирони аморати Бухоро), кӯшиш мекарданд боҷҳои ба молҳои ҳамватанонашон андохташударо кам кунанд, барои ба Осиёи Миёна содир кардани маснуоти мамнӯъ, тилло ва танга (ки ҳар вақт кашондани онҳо манъ мешуд) иҷозат гиранд, онҳо баъзан илтимос менамуданд, ки барои тоҷирони ин ва ё он давлати хонӣ дар ярмаркаҳои Россия ҷой диҳанд ва боисрор дархост мекарданд, ки барои дар шаҳрҳои гуногуни империяи Россия, на ин ки фақат дар маҳалли махсус таъиншуда, хариду фурӯш кардани тоҷирони Осиёи Миёна имкон дода шавад.

ҳукумати подшоҳӣ, дар навбати худ, ба вусъати робитаҳои иқтисодӣ ва беҳтар шудани шароити тиҷорати савдогарони рус ҳавасманд буд ва чунин меангошт, ки ба ин васила нуфузи сиёсии худро дар Осиёи Миёна метавонад ба осонӣ паҳн ва устувор намояд. Вай дар назди сафирони худ, ки ба давлатҳои хонӣ раҳсипор мешуданд, вазифаи тадқиқи ин давлатҳо ва озод кардани раияҳои дар ин сарзамин мисли ғуломон зиндагикунандаи Россияро низ мегузошт.

Мавқеи душманонаи давлати хонии Хева муддати чандин соли нимаи аввали асри ХIХ Петербургро ба ташвиш меандохт. Вай ба мақсади таҳти назорати худ қарор додани тиҷорати Россияву Осиёи Миёна аз мавқеи ҷуғрофии худ истифода бурданӣ мешуд. Хони Хева ба роҳи корвон дастаҳои мусаллаҳ фиристода, аз тоҷирон баноҳақ боҷ меситонд ва дар сурати эътироз карданашон онҳоро ғорат менамуд; аксар вақт баъди қонеъ кардани талаби ин дастаҳо низ корвон аз тороҷ эмин намемонд. Ғайр аз ин, Хева ба бисёр қавму қабилаҳои қазоқ, ки кайҳо тобеияти Россияро қабул карда буданд, даъвои ҳукмронӣ дошт.

Қисса кӯтоҳ, мавзӯи гуфтушунидҳои дипломатӣ хеле бисёр буд. Илова бар ин, ҳар гоҳ ҳукмронони давлатҳои хонӣ барои кофтукови сарватҳои зеризаминӣ аз ҳукумати подшоҳӣ фиристодани инженерон ва техникҳои маъданшиносро хоҳиш менамуданд. ҳамин тариқа, дар охири асри ХVIII амалдори соҳаи маъдан Т.Бурнашев ҳамроҳи А.Безносиков ба Бухоро омад. Д.Телятников бо ҳамон А.Безносиков ва баъдтар Т.Бурнашев ва М.Поспелов ба Тошканд, ки чанд вақт мустақил гардида буд, сафар карданд. Дар вақти сафари охирон кофтуковҳои геологӣ (табиӣ, дар шароити онвақта як дараҷа сатҳӣ) анҷом дода, ба ҳокими Тошканд Юнусхоҷа роҷеъ ба он манбаъҳои табиӣ, ки ӯ умедворӣ дошт, баъзе мадракҳо пешниҳод карда шуд [15].

Дар навбати худ, сафирони Бухоро – девонбегӣ Азимҷон Мӯъминҷонов (солҳои 1815 ва 1819) ва қӯрчибошӣ Мирзо Муҳаммадюсуф (соли 1816) ба Петербург рафтанд. Миссияи дипломатии А.Ф.Негри (солҳои 1820–1821), ки ба ҳайъати он табиатшинос Э.Эверсман, капитани штаби генералӣ Е.Мейендорф ва дигарон дохил буданд, ба аморат ташрифи ҷавобӣ овард. ҳарчанд бастани ягон хел шартномаи танзимкунандаи муносибатҳои Россияву Бухоро (ки ба он ҳамеша ҳукумати подшоҳӣ саъй мекард), муяссар нагардид, сафари А.Негри ба аморат дар инкишофи муносибатҳои байни империяи Россияву Бухоро ва дар бобати бо ҳам шиносо шудани ин ду давлат ба эътибори як марҳалаи наве аҳамият пайдо намуд.

Мубодилаи намояндагони мухталиф дар байни Россия ва давлати хонии Хӯқанд низ дорои чунин аҳамият буд. Аз он чӣ, ки дар таърихи ҳарду давлат нақше гузоштааст, пеш аз ҳама, ба водии Фарғона сафар кардани Ф.Назаров (солҳои 1813–1814) ва Н. Потанинро (солҳои 1829–1830), ки илмро бо маълумоти роҷеъ ба маҳалли номашҳур ғанӣ гардонидаанд, бояд хотирнишон намуд. Дар солҳои 1823–1829 сафирони хони Хӯқанд Муҳаммадалихон – Турсунхоҷа Найзаҳоҷинов ва Хоҷӣ Мирқурбон Мамадқосимов аввал ба Омск ва сипас ба Петербург фиристода шуданд.

Тавсеаталабии Британия дар Осиёи Миёна
ва рақобати Англияву Россия

Инкишофи муносибатҳои мутақобилаи тиҷоративу сиёсии байни Россия ва давлатҳои Осиёи Миёна аз ибтидои асри ХIХ бо мудохилаи қувваи севум ба мушкилот рӯ ниҳод. Ба қадре, ки империяи Британия мавқеи худро дар ҳиндустони забткардааш мустаҳкам намуда, торафт ба тарафи шимол пеш мерафт, ҳукумати подшоҳиро бими аз даст рафтани мавқеъҳои дар Осиёи Миёна пайдо кардааш фаро мегирифт. Мулкҳои мустамликавии Англия дар Осиё бо Бухоро, Хева ё Хӯқанд ҳамҳудуд набуданд, вале ҳукумати Лондон саъй мекард, ки Афғонистонро ба майдони амалиёти таҷовузкоронаи зидди ин давлатҳои хонӣ ва пойгаҳи тавсеаталабии иқтисодии худ табдил диҳад.

Ф.Энгелс таъкид менамояд: «Мавқеи ҷуғрофии Афғонистон ва хислати ба худ хоси мардуми он ба ин мамлакат дар кору бори Осиёи Марказӣ чунон аҳамияти сиёсӣ бахшидааст, ки ба он баҳои барзиёд додан муҳол аст»[16]. Дар зарфи тамоми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба мардуми далери афғон лозим омад, ки баҳри истиқлолияти худ зидди асоратгарони англис сахт мубориза барад. ҳукумат ва буржуазияи Британия ҳамоно дар орзуи вусъат додани мулкҳои мустамликавӣ ва ба даст овардани бозорҳои нав буданд. Ба ин ният онҳо ба Осиёи Миёна ҳар гуна ҷосусонро мефиристоданд. Вазифаи ҷосусиро ҳам мусулмонони дар мактабҳои махсуси мулкҳои британии ҳиндустон таҳсилдида ва ҳам англисҳои гоҳо мақоми баланди идориро ишғолкарда баҷо меоварданд. Аксар вақт ин ҷосусон ба қиёфаи тоҷир, зоир ва сайёҳи кунҷков даромада, амалан ба дасисакориҳои сиёсӣ машғул мешуданд ва барои ба тарафи Англия моил сохтани доираҳои ҳукмрони давлатҳои Осиёи Миёна ба яке инъом ва ба дигаре ваъдаи кӯмаки ҳарбӣ ё сиёсӣ медоданд ва дар айни замон онҳоро муттасил ба муқобили Россия таҳрик менамуданд.

Дар солҳои 1812–1813 ба Осиёи Миёна аз байни мусалмонони ҳинду бо роҳбарии Мириззатулло гурӯҳи ҷосусон фиристода шуд. Ин гурӯҳ маълумоти ҳарбии стратегӣ ва тиҷоратӣ ҷамъ мекард ва инчунин музокироти сиёсӣ ба амал меовард. Дар нимаи аввали солҳои 20-ум фаъолияти миссияи В.Муркрофт ва Ҷ.Требек ба вуқӯъ пайваст, ки ҳадафи асосии он аморати Бухоро буд. Дар ибтидои солҳои 30-юм ҷосуси машҳури британӣ, Александр Борнс ба Осиёи Миёна омада, ба таҳқиқи аморати Бухоро ва масъалаҳои ҳарбию тиҷоратӣ машғул шуд.

Дар нимаи солҳои 20-ум бисёр молҳои англисӣ аз ҳиндустон ба Осиёи Миёна оварда мешавад. Соли 1836 сафири Бухоро хабар дода буд, ки англисҳои «чанд вақт инҷониб барои барқарор кардани муносибатҳои наздики тиҷоратӣ саъйкунанда» ба наздикӣ боз ҷосусони худро ба Бухоро фиристоданд ва фармуданд, ки «қарордоде банданд, то дар асоси он англисҳо тавонанд ба онҳо тамоми колоҳои лозимаро ба тарзи барои бухориён хеле муфид муҳайё созанд»[17].

Ба Петербург ва Оренбург, ки маркази асосии тиҷорати Россия бо Бухоро, Хева ва Хӯқанд ба шумор мерафт, дар хусуси ба давлати хонӣ бо нархи хеле арзон мол овардани соҳибкорони британӣ хабарҳои изтиробовар мерасиданд. Ин молҳо дар вақтҳои аввал ба дараҷае арзон фурӯхта мешуданд, ки ҳатто бар зиёни соҳибонашон буданд. Ин тадбире буд, ки ба воситаи он мехостанд бозори маҳаллиро ба тарафи худ кашида, маснуоти ҳарифро аз он ҷо танг карда бароранд.

Ин амал чунин маъние дошт, ки таҳдиди Англия нисбат ба Россия ба худ ранги воқеӣ гирифта, ба ҷои аз ҳама нозуки он – ба муносибатҳои тиҷоратиаш бо давлатҳои Осиёи Миёна бармехӯрад. Ба ин ваҷҳ губернатори ҳарбии Оренбург В.Перовский қарор дод, ки ба калонтарин давлати Осиёи Миёна – аморати Бухоро барои ошно шудан ба вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии он ҷо шахсони мӯътамади худро фиристонад.

Аз моҳи декабри соли 1833 то моҳи июни соли 1834 П. Демезон ва дар соли 1836 Я. Виткевич бо чунин вазифаи нимрасмӣ ба назди ҳукуматдорони амирӣ азимат намуданд. Я.Виткевич дар натиҷаи ин сафари дур хулосаи андаке таскиндиҳанда баровард. Дар гузоришоти аз гуфтаҳои ӯ тартибдодаи В.Дал изҳор мегардид, ки инкишофи тиҷорати Англияву Бухоро амалан пешомади муҳиме надорад. Дар аморат чизе нест, ки англисҳо бихаранд, кашондани оҳан ва маснуоти филизӣ, ки бухороиён эҳтиёҷ доранд, барои англисҳо кори хеле душвор аст. Аммо Россия дар тиҷорат ба Бухоро ва дигар кишварҳои шарқ нисбат ба ҳарифи худ имконоти бештаре дорад. Я.Виткевич гузоришоти худро бо чунин суханон ба поён мерасонад: «Мо, баръакс, метавонистем доираи тиҷорати худро то худи Мӯлтон вусъат диҳем ва саноатдорони англисро аз тамоми Осиёи Миёна берун кунем. Роҳи мо наздиктар аст, маҳсулот ва молҳои мо бозоргир ва машҳуранд ва мо метавонем аз Осиёи Миёна ашёи зиёде, ки дар байни онҳо пахта ҳамеша ҷои аввалро ишғол менамояд, ворид созем. Кам кас медонад, ки молҳои мо дар саросари Осиёи Миёна, то худи ҳиндустон, назар ба молҳои англисӣ арзиши баланд доранд»[18].

Аммо амалдорони олимақоми ҳукумати подшоҳӣ инро он қадар бо хушҳолӣ истиқбол накарда, мисли пештара бо биму ҳароси зиёде амалиёти ҳарифонро дар кишварҳои ҳамсоя муроқибат мекарданд. Рафти воқеа ҳақ будани онҳоро собит намуд. Соли 1839 империяи Британия ба тахти салтанати Кобул шоҳи лӯхтакмонанд Шуҷоулмулкро нишонда, қисмати муҳимми Афғонистонро ишғол намуд.

Вазъият дар давраи ҷанги якуми Англияву Афғонистон (1838 – 1842) хеле тундутез гардид. Англисҳо ба Осиёи Миёна на фақат ҷосусони зиёдеро мефиристоданд, балки гузаргоҳу роҳҳои ҳудуди ин сарзаминро ҳаматарафа меомӯхтанд. Дар байни доираҳои ҳукмрони Британия масъалаи забти маҳалҳои шимоли ҳиндукуш ва «ҳаракати минбаъда ба сӯи Бухоро»[19] мавриди муҳокима қарор мегирифт. Дар натиҷа ду роҳи ҳаракати қӯшунҳои британӣ – яке ба воситаи Эрон ва дигаре ба воситаи Афғонистон пешбинӣ карда шуд [20].

Дар ин вақт шаҳри ҳирот ба маркази фаъолияти ҷосусии англисҳо табдил ёфт. Ҷосусони британӣ ба Хева, Бухоро, Хӯқанд ва нишемангоҳҳои мардуми кӯчӣ сар медароварданд. Дар Оренбург овозае паҳн шуд, ки англисҳо дар нияти ишғол кардани Бухоро ва Хева мебошанд. Ба Бухоро ҷосусони озмудаи англис Стоддарт ва баъдтар Конолли фиристода шуданд, ки мебоист дар хусуси амалиёти якҷояи зидди русҳо шартнома мебастанд (Конолли пеш аз ин ба Хева ва Хӯқанд рафта буд). Дигар ҷосуси британӣ Д.Аббот дар Хева амал намуда, ин давлатро ба доираи сиёсати Англия кашидан ва ба муқобили Бухоро, ки ба фишори англисҳо эътино надошт, таҳрик кардан мехост. Аббот ҳамчунин доир ба хатти сарҳаддии русҳо маълумот ҷамъ мекард. Оқибат дар сари ин кори ҷосусӣ дастгир гардида, ба Англия ронда шуд. Англисҳо ба ҷои ин ҷосуси шикастхӯрда Р.Шекспир ном шахси дигареро фиристоданд, ки айнан ҳамон вазифаро бояд адо мекард [21].

Намояндагони Лондон дар аморати Бухоро муваффақияти калон ба даст оварда натавонистанд. Стоддарт ва Конолли ҳангоми дар ин мамлакат буданашон ба дараҷаи кофӣ назокати дипломатӣ зоҳир накарданд. Ин буд, ки амир Насруллои худраъй онҳоро аввал ба зиндон андохт ва сипас ба қатл расонид (1842).

ҳукумати подшоҳӣ ба мақсади беасар намудани амалиёти фаъолонаи ҳарифони хатарноки худ ба давлати хонӣ ҳайъати сафорат фиристод. Ин тадбир аз он сабаб ҳам салоҳ буд, ки сафирони Хева Отаниёз Хоҷараис муфтӣ ва аз паси ӯ Эшниёз Мамадниёзов, инчунин сафири Бухоро Муқимбек Саидов ба Россия омада буданд. Аз ин рӯ, ба тариқи ташрифи ҷавобӣ ба ин кишварҳо сафирони давлати рус П.Никифоров, ки баъдтар ӯро Г.Данилевский иваз намуд ва К.Бутенев бо ҳамроҳии шарқшинос Н.Хаников, табиатшинос А.Леман ва дигарон фиристода шуданд.

Дар солҳои 1841–1842 дипломатҳои рус бо ҳукуматдорони давлатҳои хонӣ доир ба масъалаҳои гуногуни тиҷоративу сиёсӣ гуфтушунид карданд. Зоҳиран, ҳама кор мувофиқи дилхоҳи онҳо анҷом меёфт. Хони Хева Раҳимқул, ки пас аз фавти падараш Оллоҳқулихон дар моҳи ноябри соли 1842 ба тахти салтанат нишаста буд, барои мӯҳр гузоштан ба «ӯҳдадоринома»-и пешниҳодкардаи Данилевский ризоият дод. Дар ин санад эълон карда мешуд, ки «соҳибдавлати Хоразм» ҳамеша сулҳу сафо ва дӯстиро бо Россия пос хоҳад дошт, асирон ва амволи ғасбкардаашро пас хоҳад дод; боҷи молҳои тиҷоратии Россия аз 5 фоизи арзиши воқеии онҳо болотар нахоҳад шуд, корвонҳои «транзит» бошанд, тамоман аз боҷ озод хоҳанд буд.

ҳукумати подшоҳӣ дар ҷавоби ин хусуматҳои пешинаро тамоман «ба дасти фаромӯшӣ супурд», ба амният ва ҳимояи тоҷирони Хева замонат дода, барояшон ҳама гуна имтиёзотеро, ки «тоҷирони дигар мамолики Осиё» аз онҳо бархурдор буданд, паҳн намуд[22].

Хабарҳое, ки аз Бухоро мерасиданд, он қадар боиси дилхушӣ набошанд ҳам, навмедкунанда набуданд. Амир Насрулло, ки навакак дар лашкаркашии навбатии худ ба Хӯқанд зафар ёфта буд, аз имзо кардан ба «ӯҳдадориномаи» мушобеҳ сар кашид, вале умуман К.Бутенев ва ҳамроҳони ӯро бо камоли меҳмоннавозӣ пазироӣ карда, ҳатто ба онҳо иҷозат дод, ки ба Самарқанд ва Қаршӣ ташриф баранд. Вай ҳамчунин изҳор намуд, ки сафорати худро дар Петербург бо тамоми ваколати лозима омода хоҳад сохт.

Бо вуҷуди ин, ҳукумати Россия хеле дилсард ва навмед гардид. Ин на фақат аз он сабаб буд, ки намояндаи дар моҳи июни соли 1842 ба Оренбург омадаи амир Насрулло — Худоёрбек Қиличалӣ Гинаков ҳамагӣ фақат унвони қаравулбегӣ (унвони нисбатан паст дар силсилаи мартабаҳои Бухоро) дошт ва намехост қоидаҳои муқаррарии русуми дипломатиро риоят кунад. Бинобар ин дере нагузашта ӯ маҷбур шуд, ки ба ватан баргардад.

ҳукуматдорони подшоҳии рус ба чунин хулосае омаданд, ки сабти ҳуҷҷатии ягон мувофиқат бо ҳукмронони давлатҳои хонӣ фоидае надорад. Дар мукотибаи амалдорони олимақоми Петербург ва дигар маҳалҳо баён ёфтааст, ки ин ҳукмронони мустабидди шарқ «аз тартиботи маъмулӣ бехабаранд» ва ба риоя намудани мувофиқати ҳосилшуда, ҳатто агар ба тариқи лозимӣ сурати расмӣ пайдо карда бошад ҳам, азме надоранд. Ин ақида дар ҳақиқат ҳам, вақте ки соли 1858 сафорати нави рус бо сардории Н.Игнатев ба Хева (ва сипас ба Бухоро) омад, собит гардид.

Норизоятӣ ва ташвишу изтироби Петербург боз аз он ҳолат ҳам қувват мегирифт, ки буржуазияи англис ва ҳукумати вайро тарафдорикунандаи империяи Британия аз нақшаҳои пойдор намудани ҳукмронии иқтисодию сиёсии худ дар Осиёи Миёна тамоман даст накашида буд. Баръакс, дар солҳои 40-ум экспансияи тиҷоратии соҳибкорони англис дар давлатҳои Осиёи Миёна хеле тақвият ёфта, ба фурӯши молҳои Россия душвориҳои ҷиддӣ ба миён овард.

Масалан, П.И.Неболсин пас аз сӯҳбат бо тоҷирони Бухоро навишта буд: «…англисҳо бо қасди тамоман касод кардани молҳои рус дар соли 1841 ва хусусан дар соли 1842 ба Бухоро чунон ба миқдори зиёд маснуоти худро оварда, онҳоро бо чунон нархи арзон (чи навъе ки мегӯянд, ҳатто бар зиёни худ) ба фурӯш гузоштанд, ки тамоми мардум ба ин молҳои нав дарафтода, дигар ба читу чалвору моҳути мо эътиборе надоданд. Англисҳо бо ин васила тоҷирони моро дур карда, пас аз як-ду сол нархи молҳои худро якбора беш аз ду баробар боло бардоштанд»[23].

Капиталистони Лондон, Ливерпул, Манчестер ва дигар шаҳрҳои Англия борҳо ин тавр амал карданд. Ин қабил усулҳо барои азхуд кардани бозорҳои Осиёи Миёна, хусусан вақте ки империяи Британия Синд (1843) ва сипас Панҷобро (1846–1849) ишғол карда, ба ҳудуди шимолии ҳиндустон баромад, пайгирона ба роҳ андохта шуданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс «ҳамлаи тиҷорати Англияро ба Осиёи Дарунӣ» дар нимаи дувуми солҳои чилуми асри ХIХ махсус таъкид кардаанд. Ф.Энгелс хотирнишон менамояд: «Метавон бо ҷуръат тасдиқ намуд, ки то ҷанги Афғонистон ва то ишғоли Синду Панҷоб тиҷорати Англия бо Осиёи Дарунӣ тақрибан ба сифр баробар буд. Акнун кор ранги дигар гирифтааст. Зарурати ҷиддии муттасил вусъат додани тиҷорат – ин Fatғm (қисматест), ки мисли рӯъё Англияи имрӯзаро таъқиб мекунад… ин зарурати ногузир тиҷорати Англияро водор месозад, ки дар як вақт аз ду тараф ба Осиёи Дарунӣ ҳамла оварад: аз тарафи ҳинд ва аз тарафи баҳри Сиёҳ. ҳарчанд ки мо дар бораи ҳаҷми содироти русҳо ба ин қитъаи олам маълумоти хеле кам дорем, ба ҳар ҳол аз рӯи амри воқеии афзоиши содироти англисҳо метавонем ба хулосае оем, ки эҳтимол тиҷорати русҳо дар он ҷо хеле кам гардида бошад»[24].

Ф.Энгелс саҳв накарда буд: маснуоти Британия маснуоти Россияро дар давлатҳои хонӣ хеле тазйиқ намуд. Департаменти тиҷорати хориҷии Россия дар соли 1845 кам шудани содироти молҳои ватаниро ба Осиёи Миёна, ки сабабгори он «ба бозори Бухоро бештар кашонда шудани молҳои нисбатан арзонтари Ост-Индия ва Англия» мебошад, қайд кардааст. Дар ҳисоботи ин департамент барои соли 1847 чунин суханон зикр шудаанд: «Созгории молҳои англисӣ бо бозорҳои Бухоро ва Хева ба фурӯши фоиданоки газворҳои пахтагӣ ва дигар молҳои русӣ мамониат намуд»[25].

Ин ҳуҷуми иқтисодии Британия тоҷирони Россияро низ бисёр ба ташвиш андохт. Яке аз тоҷирон Ф. Пичугин дар соли 1848 шикоят кардааст, ки «англисҳо сармояи худро дареғ надошта… ба Осиёи Миёна наздик мешаванд ва мо дар ин бозорҳо молҳои англисиро бисёр вомехӯрем»[26]. Дар бисёр мақолаҳои газетаву журналҳои онвақтаи Россия ҳамин гуна ташвишҳо иброз гардидаанд. Экспансияи тиҷоратии империяи Британия воқеан ҳам бо иқдомоти ҷиддии сиёсии вай дар ин роҳ тавъам буд.

Дар солҳои 50-ум ин хавф боз ҳам зиёдтар гардид. Мустамликахоҳони британӣ дар мубориза бо Россия барои барқарор намудани ҳукмронии худ дар Осиёи Миёна аз давлати Туркияи усмонӣ ҳам истифода мебурданд. Доираҳои ҳукмрони Туркия низ дар замири дил орзуи дар тамоми «мамлакатҳои исломӣ», аз ҷумла дар Осиёи Миёна мустаҳкам кардани мавқеи худро мепарвариданд. ҳанӯз дар соли 1851 намояндагони Туркия ба мақсади сохтани истеҳкомоти туркҳо дар давлати хонии Хева дохили музокирот шуданд, ки зимнан сохтани истеҳкомоти англисҳо низ дар назар дошта мешуд. Фаъолияти шабакаи ҷосусии Англия ва Туркия алалхусус, ба муносибати ҷанги Қрим хеле вусъат ёфт. Фиристодагони махфии Туркия он вақтҳо баёнияи султони туркро, ки давлатҳои Осиёи Миёнаро ба ҳуҷуми зидди Россия даъват мекард, оварда буданд. Ин гуна воқеаҳо кам содир намешуданд. Англия ва Туркияи иғвододаи вай борҳо саъю кӯшиш намуданд, ки шиори «ғазовоти» иттиҳоди се давлати Осиёи Миёна – аморати Бухоро, давлатҳои хонии Хева ва Хӯқандро ба муқобили Россия амалӣ кунанд. Ба замми ин, хавфе ҳам ба миён омада буд, ки Англия ва Туркия ба иттиҳоди сегона ҳамроҳ шуда, бар зидди Россия ҷанг мекунанд.

Аммо дар амал ба Англия ва империяи Усмония бо вуҷуди даст задан ба макру ҳила ба вуҷуд овардани чунин иттиҳод муяссар нагардид. Англия одатан аҳдшиканона амал мекард. Фиристодагони махфии Англия бо амалдорони олимақоми Бухоро ба дӯстӣ ва садоқат савганд ёд карда, дар айни замон ба амири Афғонистон дар муборизаи зидди мулкҳои ӯзбеку тоҷикнишини таҳти сарпарастии амири Бухоро қароргирифтаи он сӯи дарёи Аму кӯмак мерасониданд. Оқибат дар натиҷаи чунин амалиёт қисми зиёди тоҷикон ва ӯзбеконе, ки аз қадим дар соҳили чапи дарёи Аму (ноҳияҳои шимолии Афронистони кунунӣ) зиндагӣ мекарданд, ба таври сунъӣ аз бародарони ҳамхуни дар Осиёи Миёна будаи худ ҷудо шуда монданд.

Инро ҳам қайд накардан мумкин нест, ки дар Лондон хаёли мудохилаи мусаллаҳонаи зидди давлатҳои хониро тамоман аз сар дур накарда буданд. Чунончи, соли 1858 ҳангоми дар парламенти Англия муҳокима шудани масъалаи вусъат додани экспансияи тиҷоратӣ дар Осиёи Миёна яке аз намояндагони парламент таъкид намуд, ки ҳамин омил «имкони ба ин мамлакат фиристодани қувваҳои мусаллаҳро бештар мегардонад»[27].

Вале мустамликадорон ба амалӣ намудани ин қасду ниятҳои худ муваффақ шуда натавонистанд.

Тадқиқи илмии давлатҳои Осиёи Миёна

Чунон ки гуфта шуд, ҳукуматдорони подшоҳӣ аз натиҷаҳои умумии музокироти намояндагиҳои дипломатии худ дар Бухоро, Хева ва Хӯқанд қонеъ нагардида буданд. Кӯшишҳои истифода бурдани робитаҳои иқтисодӣ барои аз ҷиҳати сиёсӣ барқарор кардани нуфузи томи Петербург дар Осиёи Миёна бо сабабҳои гуногун бароре накард. Вале мо наметавонем дар баҳо додан ба муносибатҳои сиёсии империяи Россия бо давлатҳои Осиёи Миёна аз чунин мавқеи маҳдуд ва махсус наздик шавем. ҳатто агарчи сафари дипломатҳо на ҳамеша боиси расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи онҳо мегардид, лекин одатан ба афзоиши беш аз пеши мубодилаи молҳо дар байни давлатҳои номбурда таъсире мекард.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мусофирати сафирон, намояндагиҳо, тоҷирон ва сайёҳони ҷудогонаи рус ба Осиёи Миёна аз дигар ҷиҳат аҳамияти хеле калон дошт. Аксари касоне, ки ба ин тарафҳо сафар мекарданд, одамони фозил ва донишманд буданд ва баъзеи онҳо забонҳои шарқро медонистанд[28]. Дар байни онҳо мутахассисони дараҷаи аввали география ва геология, геодезия ва астрономия, табиатшиносон, шарқшиносон ва забоншиносони пуртаҷриба ҳам буданд.

Дар таҳқиқи натиҷаҳои саёҳат ва таҳлили маводу иттилооти гуногуне, ки тоҷирони Россия ва Осиёи Миёна меоварданд, гули сарисабади илму фанни ватанӣ, аз он ҷумла шарқшиносон ва ҷуғрофидонони маъруфи асри Х1Х-и рус иштирок менамуданд.

Инак, мӯъҷизае ба амал омад: дар зарфи камтар аз 50 соли асри ХIХ Осиёи Миёна аз сарзамини ношинос (tӯққa incognita) ба кишваре табдил ёфт, ки илм дар бораи он бисёр маълумоти дақиқ ба даст овард.

Ба қавли чуғрофидони машҳури рус И.В.Мушкетов, экспедитсияҳои нимаи аввали асри ХIХ дар тадқиқи ҷуғрофии Осиёи Миёна аҳамияти калонеро молик мебошанд: «…Онҳо материалҳои комилан илмӣ медиҳанд, ки ҳоҷат ба тафсир нест; илова бар мадракҳои каму беш дақиқи нақшабардорӣ, хизмати асосии ин тадқиқот иборат аз он аст, ки онҳо моро бо хусусиятҳои табииву таърихии ҳавзаи Туркистон шинос менамояд»[29].

Дар вақти ин сафару саёҳатҳо роҷеъ ба халқҳои Осиёи Миёна, таърих ва маданияти онҳо низ мадракҳои фаровон ва гуногун (агарчи қисми зиёди онҳо он қадар мураттаб набуданд) ҷамъоварӣ карда шуданд. Мумкин аст гуфт, ки таҳқиқи этнографии мардумони Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХIХ шурӯъ гардида буд. Аз мадракҳои дар нашрияҳои мухталиф ва каммашҳур пароканда ва ё дар ҷузвдонҳои архив нигоҳ дошташуда дар бораи тарзи зиндагӣ, маданияти моддӣ ва баъзе ҷиҳатҳои маданияти маънавии халқҳои Осиёи Миёна: тоҷикон, ӯзбекон, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва қарақалпоқҳо метавон тасаввур пайдо намуд. Афсӯс, ки қисми муҳими ин мадракҳо дар тадқиқоти этнографии муосир хеле кам ё ҳатто тамоман истифода нашудаанд.

Омӯзиши забони халқҳои Осиёи Миёна бо эҳтиёҷоти амалӣ алоқаманд буд. Дар айни замон ба тадқиқи илмии ин забонҳо низ ибтидо гузошта шуд. Дар қисмати забони тоҷикӣ чунин хидматро яке аз шарқшиносони намоёни рус В.В.Григорйев адо кардааст.

Дар ҳисоботи сайёҳон ёдгориҳои ҷудогонаи санъати меъмории Осиёи Миёна бисёр зикр шуда ва ё мухтасаран тасвир ёфта, лавҳаи баъзе аз онҳо сабт гардидаанд, инчунин тавсифи биноҳои иқоматӣ оварда мешавад. Аз ин қабил навиштаҷоти кӯтоҳ метавон маълумоти пурарзиш барои таърихи санъати меъмории Осиёи Миёна ба даст овард.

Қариб ҳар як сайёҳ вазъу тартиби идории давлатҳои хониро каму беш батафсил баён карда, тавсифи ин ва ё он ҷиҳати ҳаёти иқтисодии онҳоро низ овардааст. Асари Н.В.Хаников «Тавсифи давлати хонии Бухоро» (1843) аз беҳтарин таълифотест, ки дар ин мавзӯъ ба вуҷуд омадаанд. Вақте ки Н.В.Хаников ба Осиёи Миёна сафар кард, синни ӯ ҳанӯз ба 22 нарасида буд. Ӯ баъди хатми литсейи Сарскоселск аз тариқи худомӯзӣ шарқшинос гардид. Истеъдоди фитрӣ, кунҷковӣ ва мушоҳидакорӣ ба ҷавони донишдӯст имкон доданд, асаре таълиф намояд, ки бо хусусиятҳои барозандаи худ – тасвири ҳамаҷониба ва амиқи аморати Бухоро – касро то кунун ба ваҷд меорад.

Дар китоби Н.В.Хаников ва асарҳои дигар муаллифон доир ба таърихи маҳалҳо, шаҳрҳо ва давлатҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна мадракҳои муҳим зикр ёфтаанд. Дар айни замон, сайёҳон аз ин сарзамин дастнависи асарҳои гуногуни таърихӣ ва адабии ба забонҳои арабӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълифёфтаро низ бо худ мебурданд, ки баъдтар чанде аз онҳо нашр гардид. Масалан, дастнависи «Таърихи Муқимхонӣ», ки сафорати рус соли 1821 аз Бухоро бурда буд, интихобан (матни аслӣ, тарҷумаи фаронсавӣ) бо шарҳи О.И.Сенковский ба табъ расонида шуд. Ба қавли В.В.Бартолд, ин асар дар нашри яке аз «саромадони шарқшиносии рус» профессор Сенковский барои европоиён муддати дарозе ҳамчун ягона манбаи таҳқиқи аморати Бухоро хизмат намуд[30]. Дар соли 1834 академик Х.Д.Френ барои кӯмаки сайёҳони рус феҳристи асарҳои муаллифони шарқро, «ки ба ҷустуҷӯи дастнависи аслӣ ва ё нусхаҳои он машғул шудан лозим меомад», интишор дод. Ин феҳрист, ки чанд бор нашр гардид, дар ҷамъоварии дастнависҳои шарқӣ роли муҳим бозид. Донишманди ҷавон Н.В.Хаников низ аз Бухоро дастнависҳои зиёдеро пайдо карда, ба Россия бурд. Соли 1858 дар ҳайъати намояндагии дипломатии Н.П.Игнатйев шарқшиноси машҳури рус П.И.Лерх ба Хева ва Бухоро омада, маҷмӯи тамоми дастнависҳоро ҷамъ намуд. Дар як вақт сиккаҳои гуногуни зарби Осиёи Миёна низ бурда мешуданд.

Тадқиқи таърих ва маданияти Осиёи Миёна яке аз муҳимтарин равияҳои шарқшиносии рус гардид. Намояндаи маъруфи ин равия академик Х.Д.Френ мадракҳои пурарзиши сиккашиносиро таҳқиқ ва нашр намуд, матни туркии асари Абулғозӣ «Шаҷараи туркон ва муғулон»-ро ба табъ расонид. И.Н.Березин «Шайбонинома» ва Н.И.Илминский «Бобурнома»-ро чоп карданд. В.В.Григорйев, В.В.Веляминов-Зернов, Я.В.Хаников бисёр манбаъҳои пурбаҳои русӣ ва маҳаллиро роҷеъ ба таърихи Осиёи Миёна бо шарҳу тафсири худ интишор намуданд. В.В.Веляминов-Зернов, В.В.Григорев, В.Г.Тизенгаузен ва дигарон муддати зиёде ба таҳқиқи сиккаҳои Осиёи Миёна машғул шуданд. Тавассути асарҳои ин олимон нахустин бор тарҳи давраҳои ҷудогонаи таърихи асримиёнагӣ ва нави Осиёи Миёна дар пеши назар ҷилвагар гардид. Н.Я.Бичурин (Иакинф) дар омӯзиши таърихи бостони Осиёи Миёна саҳми бебаҳое гузошт. Хулласи калом, дар нимаи аввал ва миёнаҳои асри ХIХ як зумра донишмандони рус дар соҳаи таҳқиқи таърихи Осиёи Миёна корҳои пурсамаре анҷом доданд[31]. Тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо, туркманҳо ҳамеша ин олимони забардасти русро, ки на фақат дар гузоштани асоси тадқиқи илмии Осиёи Миёна, балки дар устувор намудани дӯстии халқҳои Осиёи Миёна ва халқи рус иқдомоти шоистае кардаанд, бо ҳисси эҳтиром ва сипосгузорӣ ёд мекунанд.

* * *

Даврае, ки мо мавриди тадқиқ қарор додаем, яке аз сахттарин давраҳои таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар ҳамин давра байни давлатҳои мухталиф тақсим шудани халқи тоҷик анҷом меёбад. Бо таъсиси давлати Афғонистон қисми зиёди тоҷикон, ки аслан дар хоки Афғонистони кунунӣ иқомат доштанд, ба таври сунъӣ аз тоҷикони сокини Осиёи Миёна ҷудо карда шуданд [32]. Аксарияти тоҷикони Осиёи Миёна дар шаҳрҳои гуногуни аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд, дар водии Фарғона, воҳаи Бухоро ва ғ., дар мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии сарзамини Тоҷикистони ҳозира (Қаротегин, Дарвоз, Вахон, Шуғнон ва ғ.), миқдори ками онҳо дар шаҳрҳои хонияи Хева ва давлатҳои хонии қазоқ (Авлиёато, Чимкент ва ғ.), дар Туркистон – дар давлати хоҷагони Қошғар (Қошғар, Хутан ва ғ.) сукунат доштанд. Дар шимоли ҳиндустон ва Хуросони ба Эрон гузашта низ бисёр маҳалҳои тоҷикнишин мавҷуд буданд.

ҳамин тариқа, дар миёнаҳои асри ХIХ вилоятҳое, ки тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна маскун буданд, ба ҳар мамлакат ва давлатҳои хонӣ пароканда гардиданд.

Ба сабаби сар задани бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Миёна шароити иҷтимоӣ боз ҳам бадтар шуд.[33] Дар миёна ва чоряки севуми асри ХVIII бӯҳрон ба нуқтаи баланди худ расид. ҳарчанд баъзе тадбирҳои марказиятдиҳӣ ва як андоза беҳтар кардани вазъи обёрӣ, ки дар ибтидо ва нимаи аввали асри ХIХ дар се давлат – аморати Бухоро, давлатҳои хонии Хӯқанд ва Хева ба амал омад, қадре зуҳуроти шадиди ин бӯҳронро фурӯ нишонда бошад ҳам, онро тамоман аз байн бурда наметавонист.

Нуфузи ниҳоят зиёди дар байни оммаи забун ва гумроҳ пайдокардаи рӯҳониёни ислом, хусусан шайхони дарвешӣ ба завол ёфтан ва пӯсидани низоми феодалӣ мусоидат мекард. Чунон ки И.С.Брагинский ҳаққонӣ гуфтааст: «…вазъи фавқулоддаи сахти хоҷагӣ ва маданӣ ва ҳоли табоҳи оммаи заҳматкаш дар миёнаи асри ХIХ на фақат зуҳури аз қаър заволёбии муддати асрҳо дар Осиёи Миёна давомдошта мебошад, балки дар айни замон зуҳури ба худ хоси зиддиятҳои байни қувваҳои истеҳсолкунандаи бо вуҷуди ҳар гуна душвориҳо пешрафта ва муносибатҳои истеҳсолии ишкелзанандаи давраи таназзули феодализм аст, ки ба харобшавии қувваҳои истеҳсолкунанда оварда мерасонид»[34].

Асри ХVIII дар Осиёи Миёна давраи дар натиҷаи бӯҳрони сахти иҷтимоӣ ва хоҷагӣ ақиб рафтани қувваҳои истеҳсолкунанда мебошад. Дар асри ХIХ ба ҷунбуҷӯш даромадани тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мушоҳида мешавад, ки дар ин бобат робитаҳои иқтисодии Осиёи Миёнаву Россия роли муҳим бозидаанд. Дараҷаи баланди тараққиёти касбу ҳунар, алалхусус дар шаҳрҳо, инчунин равнақи тиҷорат нишон медиҳад, ки дар системаи форматсияи феодалии Осиёи Миёнаи асри ХIХ истеҳсоли мол ва гардиши пул мавқеи калонеро ишғол менамуд [35]. Дар айни замон қисми асосии аҳолии давлатҳои Осиёи Миёна, махсусан аҳолии кӯчӣ ва муқимии деҳот ҳамоно дар шароити хоҷагии соф натуралӣ ва ё нимнатуралӣ зиндагӣ мекард. Тамоми системаи истеҳсолот ва муносибатҳои иҷтимоӣ асосан феодалӣ буд. Баъзе падидаҳои муносибати буржуазӣ (чунин тамоюлот ба назар мерасид) дар ин шароит ягон қадар ҳам инкишоф ёфта наметавонист. Дар боло роҷеъ ба комёбиҳои соҳаи истеҳсолот ва тиҷорат сухан ронда шуд. Аммо бино ба гуфтаҳои Ф.Энгелс, ки комилан ба Осиёи Миёна ҳам татбиқшаванда аст: «ҳамаи ин муваффақиятҳои истеҳсолоту муомилот, дар воқеъ, аз рӯи мафҳуми имрӯза характери хеле маҳдуд доштанд. Истеҳсолот дар ҳамон шакли карахти сирф устохонаи ҳунармандӣ боқӣ монда, бинобарин, худаш ҳам хусусияти феодалиашро ҳанӯз нигоҳ медошт…» муваффақиятҳои тиҷорат низ маҳдуд буданд[36]. Масалан, дар Осиёи Миёна тамоюли пайдоиши бозорҳои вилоятӣ ба зуҳур меояд, вале ин ҳам ба куллӣ сурат намеёбад.

В.И.Ленин хотирнишон карда буд: «Фақат дар давраи нави таърихи рус (тахминан аз асри 17) ҳамаи ингуна вилоятҳо, қаламравҳо ва княжествоҳо ҳақиқатан ба сурати воқеӣ дар як воҳид пайваста шуданд… Сабаби он ин буд, ки мубодила дар байни вилоятҳо рӯз ба рӯз қувват мегирифт, муомилаи молӣ ҳам оҳиста-оҳиста меафзуд, бозорҳои хурд-хурди маҳаллӣ дар як бозори умумии Россия ба ҳам меомаданд. Азбаски роҳбарон ва соҳибони ин протсесс капиталистони савдогар буданд, эҷоди ин алоқаҳои миллӣ танҳо эҷоди алоқаҳои буржуазӣ буд, на чизи дигар»[37].

Дар миёнаҳои асри ХIХ ин протсесс дар Осиёи Миёна аз ташкили бозорҳои маҳаллӣ ва қисман вилоятӣ дуртар нарафт. Дар чунин шароите, ки хоҷагии натуралӣ бартарӣ дошт ва парокандагии иқтисодию сиёсӣ ҳукмфармоӣ мекард, ба вуҷуд омадани бозори умумӣ дар Осиёи Миёна аз имкон берун буд; давлатҳои хонӣ мавҷудияти худро ҳамчун давлати феодалӣ нигоҳ медоштанд. Вазъияти давлатҳои хонии Осиёи Миёнаро дар нимаи аввали асри ХIХ метавон бо гуфтаҳои Ф.Энгелс тавсиф намуд: «Вале дар ҳама ҷо, ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот, миқдори чунин унсурони аҳолӣ, ки пеш аз ҳама барҳам додани ҷангҳои бемаънии пайдарпай, бас кардани низоъу нифоқи байни феодалон ва ҷангҳои муттасили дохилӣ, ки ҳатто дар мавридҳои ба мамлакат ворид шудани душмани аҷнабӣ ҳам қатъ намегардид, хотима ёфтани ин ҳолати дар зарфи тамоми давраи асри миёна ҳамеша давом кардаи харобиовариҳои доимӣ ва комилан бемақсадро талаб менамуданд, зиёдтар мешуд»[38].

  1. Ниг.: Бекчурин М., 1916.

  2. 140а Бунаков Е.В., 1941, с. 6–8.

  3. Рожкова М.К., 1949, с. 41.

  4. Соколов Ю.А., 1957, с. 198 ([амон xо ва с. 208 номбари мол[о).

  5. Хромов А., 1946; 1950; Лященко П.И., 1947; Пажитнов К.А., 1958; Халфин Н.А., 1960, 1974; Очерк[о…, 1969 ва бисёр диг.

  6. Неболсин Г.П., 1835, II, с. 176.

  7. Ленин В.И. Асар[о, x. 3, с. 616, 613–614.

  8. Бобохоxаев М.А., 1965.

  9. Ниг.: Масалан, тасвири uорати корвони соли 1803 – Гавердовский Г., 1823.

  10. Ниг.: Рожкова М.К., 1949, с. 46–48; Кайдалов Е., 1828; Халфин Н.А.,1974, с. 176-198.

  11. Дар дастуроте, ки ба мутарxим П.И.Демезон дар соли 1833 [ангоми бо миссияи дипломатb ба Бухоро сафар карданаш дода шуда буд, аз xумла фа[мидани он ки «оё имкони зиёд кардани» исте[соли пахта [аст ё не ва агар бошад, то чb андоза» тавсия мешуд (Чабров Г.Н., 1957, с. III).

  12. Небольсин П.И., 1865, с. 22-23.

  13. Маълумоти солиёнаи нисбатан муфассал доир ба тиxорати Россияву Осиёи Миёна дар нашрияи Вазорати молия, ки [ар сол бо унвони «Тиxорати хориxии давлатb дар навъ[ои гуногуни он» мебаромад, оварда шудааст. {амчунин бисёр таълифоти пурарзиш низ мавxуданд: Мейендорф Е.Ф., 1826 (нашри франсавb, нашри русb–1975); Небольсин П.И., 1835; Ханыков П.И., 1843; 1851; Семёнов А., 1859, Небольсин П.И., 1856, Кушева Е.Н., 1934; Бунаков Е.В., 1941; Рожкова М.К., 1949, 1963, Му[аммадxонов А.Р., Неъматов Т., 1957, Аминов А.М., 1959; Михалева Г.А., 1965; Халфин Н.А., 1965, 1974 ва u.

  14. Ниг.: масалан, Рожкова М.К., 1963; {идоятов Г.А., 1969.

  15. Доир ба нашри маълумоти [ангоми ин сафар xамъшуда ниг.: «Сибирский Вестник», r. 4, 1818, с. 111–180, инчунин «Вестник Русского географического общества за 1851», r. 1, СПб, 1851, VI, с. 1–44.

  16. Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 14, с. 77.

  17. Иrтибос аз Рожкова М.К., 1949, с. 221. Инчунин ниг.: Жуковский С.В., 1915, с. 109.

  18. Ар. АФ СССР, Ленинград, ф. 56, оп. I, д. 19, в. 30–37.

  19. Rawlinson H., 1875, с. 157/

  20. Wolf J., 1846, с. 346-348.

  21. Дар ин бора ниг.: Халфин Н.А., 1958.

  22. Ар. внеш. полит. России, саридораи архиви Санкт Петербург, П-10, д. 1841-2: инчунин ниг. «Сборник материалов для завоевания Туркестанского края», т. IV, Тошканд, с. 106–107.

  23. Небольсин П.И., 1865, с. 216.

  24. Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 9, с. 12–13.

  25. Рожкова М.К., 1949, с. 311.

  26. {амон асар, с. 314.

  27. Муфассалан ниг.: (илова бар асар[ои дар боло иrтибосшуда): Терентьев М.А., 1875; Грулёв М., 1909; Кастельская 3.Д., 1934; Попов А.Л., 1940 а, 1940 б; ШтейнбергЕ.Л., 1950; Халфин Н.А., 1959, 1965, 1974; Му[аммадxонов А.Р., НеъматовТ., 1957 ва u.

  28. Бе[тарин шар[и иxмолии саё[ат ва экспедитсия[ои рус[о ба Осиёи Миёна дар сол[ои 1715–1886 таълифоти зерин аст: Жуковский С.В., 1915; Маслова О.В., 1955, 1956, 1962, 1971.

  29. Мушкетов И.В., 1915, с. 126. Барои тафсили муваффаrият[ои наrшабардории Осиёи Миёна –ниг.: Федчина В.Н., 1967, е. 78–103.

  30. Бартольд В.В., 1977, с. 430.

  31. {анeз асари мукаммале, ки са[ми дар та[rиrи Осиёи Миёна гузоштаи илми русро дар нимаи аввал ва миёна[ои асри ХIХ бо xузъиёташ нишон медода бошад, ба вуxуд наомадааст: Баёни мухтасараи нисбатан боэътибор – Бартольд В.В., 1925; Крачковский И.Ю., 1958.

  32. Мо дар боло роxеъ ба кeшиш[ои амирони Афuонистон барои истило намудани замин[ои со[или чапи дарёи Аму, ки пештар ба давлат[ои Осиёи Миёна тааллуr доштанд, сухан ронда будем. Амалиёти xиддии ишuолгарии феодалони афuон дар сол[ои 50-уми асри ХIХ, пас аз он ки мулк[ои вилояти Балх ба сифати музофоти Туркистони Афuон ба [айъати давлати Афuонистон [амро[ карда шуданд, шурeъ гардид. Бо вуxуди муrовимати далеронаи тоxикон ва eзбекон [укумати Афuонистон аз он сабаб ба ин истило муваффаr шуд, ки дар ин xо парокандагии феодалb [укмфармо буд, [окимони ма[аллb бо [ам хусумат варзида, xангу пархош мекарданд, аморати Бухоро, ки ин мулк[о пештар тобеи он буданд, худ дар натиxаи низоъ[ои феодалb заиф гардида, ба ин мулк[о кeмаки xиддии [арбb расонида наметавонист.

  33. Брагинский И.С., Раxабов С.А., Ромодин В.А., 1953, с. 23–26.

  34. Брагинский И.С., 1955, с. 434.

  35. Ин бар хилофи аrидаи баъзе муаллифон (масалан, ниг.: Неъматов Н.Н., 1959, с. 71–73) ба калонтарин ша[р[ои Осиёи Миёна, мисли Бухоро низ комилан тааллуr дорад.

  36. Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 21, с. 407.

  37. Ленин В.И. Асар[о, x. 1, с. 163–164.

  38. Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 21, с. 409.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *