Фанни Таърихи точикон

Таърихи сиёсии асрҳои IХ-Х

Қувват гирифтани ашрофи феодалии маҳаллӣ

Шӯришҳои пай дар пайи халқҳои Мовароуннаҳр, ки аз замони мавриди ис-тилои хилофат қарор гирифтани Осиёи Миёна сар карда, ба муқобили ҳукм-ронии арабҳо давом менамуд, пас аз хобонидани шӯриши Муқаннаъ ҳам қатъ нагардид.

Дар соли 806 шӯриши бузурге бо сардории Рофеъ ибни Лайс ба амал омад. Шӯришиён қоиммақоми халифаро дар Самарқанд ба қатл расонида, муддати чанд вақт шаҳрро ба дасти худ гирифтанд. Дар ин шӯриш хусусан аҳолии Фарғона, Хуҷанд, Бухоро, Уструшан, Хоразм, Чағониён ва Хатлон фаъолона ширкат намуданд. Туркҳои бодиянишин ҳам ба кӯмаки шӯришиён омаданд.

Ин шӯриши калони халқ дар соли 810 фурӯ нишонда шуд ва ин ҳам фақат ҳамон вақт ба арабҳо муяссар гардид, ки сардори шӯришиён Рофеъ ибни Лайс дар нозуктарин лаҳзаи мубориза хиёнат карда, ба тарафи душман гузашт.

Дар солҳои минбаъда гоҳ дар Суғд, гоҳ дар Уструшан ва Фарғона шӯришҳои нав ба вуқӯъ меомаданд.[1]

Ин ҳама шӯришҳо гувоҳӣ медоданд, ки қоиммақомҳои халифа Мовароуннаҳр ва Хуросонро фақат бо қувваи аслиҳа дар сари итоат нигоҳ дошта наметавонанд. Идора кардани ин мамлакат танҳо ҳамон вақт ба онҳо мумкин мешуд, ки аъён ва ашрофи маҳаллиро ҳарчи бештар ба корҳои давлатӣ ҷалб намоянд.

Аббосиён бо роҳи беш аз пеш ба умури идораи давлат кашидани намояндагони ашрофи маҳаллӣ ният доштанд, ки ҷидду ҷаҳди онҳоро барои истиқлолият суст намуда, дар мубориза ба муқобили шӯришҳои халқ ба онҳо такя кунанд. Бинобар он аз вақти ҳукмронии халифа Абӯҷаъфар ал-Мансур (754-775) сар карда, дар замони ворисони ӯ халифа Маҳдӣ (775-785) ва ҳорунаррашид (786-809) вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳрро асосан намояндагони ашрофи феодалии маҳаллӣ, дар навбати аввал, вазирони насли Бармакиҳо ва Сомониён идора мекарданд. Вале ин тадбир боиси дар Осиёи Миёна мустаҳкам шудани ҳокимияти хилофат нагардида, баръакс, шароит ва имкониятҳои мусоиди аз таҳти ҳукмронии арабҳо озод шудани ин сарзаминро хеле инкишоф дод.

Дар ҳамин вақт дар Эрон ва Осиёи Миёна неҳзати (зиддиарабӣ, эронпарастии) ба истилоҳ шуубиён бисёр вусъат пайдо намуд.[2] Аз миёнаҳои асри IХ шуубия асоси идеологии неҳзати халқии зидди хилофат мегардад (вай бештар дар муҳити деҳот паҳн гардида буд). Шуубия дар байни доираҳои маърифатноки аҳолии маҳаллӣ, ки бо ҳар васила бартарии мадании худро нисбат ба арабҳо таъкид мекарданд, низ шӯҳрати муайяне дошт. Дар айни замон фаъолияти он гурӯҳҳои ашрофи маҳаллӣ, ки ба иқтидори худ боварӣ дошта, барои комилан ба даст даровардани ҳокимият ва мустақил шудан аз хилофати араб саъй мекарданд, рӯз аз рӯз қувват мегирифт.

ҳорунаррашид дар шахсияти Бармакиҳо беш аз пеш пурқувват шудани таъсири иқтисодӣ ва сиёсии ашрофи ғайриарабро дида ва аз он хавф бурда, амр кард, ки тамоми намояндагони хонаводаи Бармакиҳоро ба қатл расонанд.[3]

Вай бо мақсади ба такягоҳи худ табдил додани рӯҳониёни ислом мавқеи онҳоро хеле баланд бардошт. Ӯ заминҳои зиёдеро ба рӯҳониён тақсим кард. Дар баробари ин вай сиёсати ба тарафи хилофат кашидани аъён ва ашрофи маҳаллиро низ давом дод. Аммо маҳв карда шудани насли Бармакиҳо, ки муддати 50 сол чи дар хилофат ва чи дар байни аҳолии маҳаллӣ нуфуз ва эътибори бузурге доштанд, нисбат ба идора кардани вилоятҳои шарқӣ сиёсати хилофатро тағйир надод. Вилоятҳои шарқӣ ҳамоно монанди аввала бо ёрии намояндагони аъён ва ашрофи заминдори маҳаллӣ идора мешуданд. Мавқеи ин аъёну ашроф махсусан аз соли 821, яъне вақте ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр сулолаҳои маҳаллӣ – аввалан, Тоҳириҳо ва сониян, Сомониён ба сари ҳукумат нишастанд, хеле пурқувват гардид.

Тоҳириён (821–873)

Ниёгони Тоҳириҳо шаҳри Фушанҷи вилояти ҳиротро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Сарсилсилаи ин хонадон ҳокими Фушанҷ Тоҳир ибни ҳусайн буд. Дар вақти қоиммақоми Хуросон будани Маъмун, ки баъдтар ба маснади хилофат расид, Тоҳир дар дарбори ӯ нуфуз ва эътибори калон пайдо намуд. Соли 811, дар ҷанги байни ду бародар, яъне ворисони ҳорунаррашид– Амин ва Маъмун, дар талоши ҳокимият Тоҳир лашкари Маъмунро сардорӣ кард. Ӯ дар соли 813 Бағдодро забт намуда, барои ба тахти хилофат соҳиб шудани Маъмун ба таври ҷиддӣ кӯмак расонд. Пас аз чанд вақт дар Бағдод сардори тамоми қувваи ҳарбии халифа буд ва баъд аз он, дар соли 821 ҳокими Хуросон таъйин гардид[4].

Тоҳир мамлакати Хуросон ва вилоятҳои Осиёи Миёнаро ҳамчун ҳукмрони мустақил идора мекард. Вай дар соли 822 ҳатто фармон дод, ки дар хутбаи намози ҷумъа номи халифаро ёд накунанд. Ин бо Бағдод қатъи алоқа кардани ӯро ифода менамуд. Пас аз чанд рӯзи ин воқеа Тоҳир вафот намуд. Нисбат ба ин марги ногаҳонии Тоҳир чунин фикре мавҷуд аст, ки ӯро ҷосусони халифа заҳр дода куштаанд.

Агарчанде Тоҳир майли тамоман ошкорои мустақилшавӣ дошт, халифа Маъмун ба ҳокими Хуросон писари ӯ Талҳаро (822-828) тасдиқ намуд. Писари дигари Тоҳир – Абдуллоҳ (830-844) дар ҳеҷ сурат худро мутеи хилофат надониста, Хуросонро бо ихтиёри худ идора мекард. Дар замони ӯ қароргоҳи Тоҳириён шаҳри Нишопур гардид. Халифа Мӯътасим (833-842) Абдуллоҳро хеле бад медид, вале барои саркӯбӣ ва мутеъ кардани ӯ ҳеҷ як чора ва имконияте надошт. Кӯшиши ба воситаи заҳр ҳалок сохтани Абдуллоҳ ҳам барор нагирифт.

Тоҳириҳо барои ташкил кардани ҳукумати мутамаркази қавӣ ва ба тартиб андохтани умури зироат тадбирҳои қатъӣ пешбинӣ намуданд. Онҳо та-риқи беҳтар истифода бурдани обро ҷорӣ карда, наҳр ва каналҳои нав сох-танд. Мувофиқи супориши Абдуллоҳ машҳуртарин қонундонҳои мамлакат қоида ва мизони баҳрабарии обро дар корҳои зироат таҳти мутолиа қарор дода, китобе дар ин бора таълиф намуданд, ки муддати дусад сол дар ҳалли мубоҳиса ва моҷарои соҳаи об ва обёрӣ ҳамчун дастуруламал хидмат кард.

Номаи Тоҳир ибни ҳусайн ба писараш Абдуллоҳ маҳфуз мондааст[5]. Дар он ба тариқи панду насиҳат масъалаҳои давлатдорӣ, муносибат бо фуқаро, усулҳои андозгирӣ ва амсоли ин баён ёфтааст. Тоҳир ба писараш маслиҳат медиҳад, ки андозро аз рӯи адлу инсоф бигирад ва аз он на бойҳо ва на наздиконашро озод накунад. Асли маънии ин «мувозибат» дар худи нома равшан ифода шудааст: «Бидон, ки сарват даромаде намеорад, агарчи фузун бошаду дар хазина бимонад, вале баръакс, мефизояд ва зиёдатар мегардад, вақте ки ба зарурати фуқаро, барои адои ҳаққи онҳо ва аз ташвиш озод шуданашон сарф шавад; рафоҳи ҳоли халқ бо ҳамин восита таъмин мегардад, ҳокимонро ин зеб медиҳад, шукуфонии даврон аз ҳамин аст, шӯҳрат ва қудратро ҳамин мебахшад… Дар айни вақт ту ба шарофати ин барои ҷамъоварии миқдори лозимаи андозаи замин имкон меёбӣ ва боигарии ту афзун мешавад ва ин тариқа ту қуввае пайдо мекунӣ, то барои худ қӯшун нигаҳ дорӣ ва ба мардум дасти саховати худро боз намуда, ҳамаро аз худ шод гардонӣ».[6] Тоҳир ин ҷо ҳамчун ҳимоякунандаи манфиати синфи худ баромад карда, дар айни замон чун шахсе, ки ба ҷуз хонахароб кардан ва аз иқтидори пардохти молиёт маҳрум намудан дигар нафъе надоштани зулму истисмори мардумро мефаҳмид, ба назар менамояд. Ӯ маҳз аз рӯи манфиатҳои синфи худ ба истисмори «оқилона» даъват мекунад. Абдуллоҳ ҳам васиятҳои падари худро то андозае дар амал татбиқ намуд.

Абдуллоҳ инчунин кӯшиш намуд он худсариҳоеро, ки дар маҳалҳо заминдорони калон ва маъмурони давлат нисбат ба барзгарон раво медоштанд, то ҳадди имкон маҳдуд гардонад. Ӯ фармони махсус бароварда, аҳволи барзгаронро қадре ба сомон овард. «Худо ризқи моро бо дасти онҳо мерасонад,– гуфта мешуд дар фармони Абдуллоҳ, – ба забони онҳо моро табрик мекунад ва ранҷонидани онҳоро манъ кардааст».

Худ аз худ маълум аст, ки Абдуллоҳ як шахси ҳимоякунандаи манфиати барзгарон набуд; вай фақат манфиати заминдорони калон ва бозургононро дар назар мегирифт. Ӯ «наранҷонидани» зироаткунандагонро танҳо аз ҳамин сабаб талаб мекард, ки бидуни ин ба таври маъмулӣ дохил шудани молиёт ба хазинаи давлат мумкин набуд.

Вазъияти аҳолӣ ва хусусан барзгарон дар замони Тоҳириҳо низ хеле вазнин буд. Онҳо аз тарафи заминдорони калон сахт истисмор шуда, дар ҳамин ҳол маҷбур буданд, ки ба давлат андозҳои аз ҳад зиёд бидиҳанд. Чунончи, дар соли 844 маблағи молиёте, ки аз барзгарон ситонида шуда буд, 48 миллион дирҳамро ташкил мекард. Шӯриши барзгарони Систон қариб ҳеҷ қатъ намешуд.

Тоҳириҳо барои маъмул гардидани дини ислом кӯшиш карда, чунин ният доштанд, ки рӯҳониёни исломро дар бобати сиёсати марказият додани давлат ба такягоҳи худ мубаддал намоянд. Дар аҳди Талҳаи Тоҳирӣ дар Уструшан, ки оини зардуштӣ нисбатан бештар маҳфуз монда буд, низ дини ислом ҷорӣ карда шуд. Абдуллоҳи Тоҳирӣ дар соли 840 ба ташкили мурофиаи ҷиноятӣ бар афшини собиқи Уструшан ҳайдар, ки пас аз қабул кардани дини ислом яке аз сардорони ҳарбии халифа Мӯътасим гардида буд, мусоидат намуд. Афшин ҳайдар дар вақти муҳокима ба он гунаҳкор карда шуд, ки ӯ барои пинҳон доштани асли мақсади худ дини исломро қабул карда, дар амал барои шӯриши Уструшан дар талаби истиқлол ва оини қадима тадорукот медид[7]. ҳангоми мурофиаи суд маълум гардид, ки уструшаниҳо фақат дар зоҳир дини исломро қабул кардаанд, аммо дар амал ба пайравии оини қадимаи худ давом медодаанд.

Давлати Тоҳириҳо ба миқдори зиёди амалдорони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин ҷост, ки Абдуллоҳ кӯшиш мекард назар ба давраи гузашта дониш ва омӯзишро бештар дастраси оммаи васеи аҳолӣ гардонад. Абдуллоҳ низ монанди падари худ шоир буд. Бародарзодаи ӯ Мансур, ки Марв, Омул ва Хоразмро идора мекард, бо асарҳои фалсафии худ шӯҳрат пайдо карда буд. Писари Абдуллоҳ Тоҳири II (844-862) саъй мекард, ки дар ҳар бобат ба падараш тақлид намояд. Умуман, замони ҳукмронии Абдуллоҳ ва Тоҳирро метавон оғози эҳёи маданияти маҳаллӣ номид[8]. Аммо ин протсесс хеле мураккаб ва ихтилофомез буд. Гап дар сари ин аст, ки худи намояндагони сулолаи Тоҳириён, хусусан Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ба маданияти араб ва тамоми зуҳуроти он ихлос доштани худро бо исрор таъкид мекарданд[9]. Дар асри IХ ва ибтидои асри Х дар Эрон ҷамоатҳои зардуштӣ нашъат пайдо карда, маҳз дар ҳамин вақт чунин асарҳои зардуштӣ, аз қабили «Бундаҳишн» ва «Денкарт», инчунин як қатор таълифоти ғайридинӣ ба вуҷуд меоянд[10]. Тоҳириён ҳамаи инро ба эътибор нагирифта наметавонистанд, хусусан, ки аз ҷиҳати сиёсат душмани асосиашон хилофати Аббосӣ буд ва худи онҳо ба ҳамон вилоятҳое такя мекарданд, ки аксари аҳолиашон эронизабон буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҳириён ба шоирон, алалхусус, мӯътақидони шуубия иҷозат медоданд, ки онҳоро бо подшоҳону қаҳрамонони Эрони пеш аз ислом қиёс карда, ситоиш намоянд. Дар дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам мустаъмал буд. Дар Марв китобхонае вуҷуд дошт, ки асарҳои ба забони паҳлавӣ навишташуда нигоҳ дошта мешуд.[11]

Бояд эътироф намуд, ки роли бузургро дар тараққии маданияти маҳаллӣ на Тоҳириҳо, балки Саффориҳо бозиданд.

Саффориён (873–903)

Дар асрҳои IХ–Х, ба мисли давраҳои гузашта, яке аз вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар воҳаҳои зироатии Осиёи Миёна ташкил кардани муҳофизати ин воҳаҳо аз ҳуҷуми ғоратгаронаи бодиянишинон буд. Бо ҳамин мақсад дар ин давра дастаҳои махсуси фидоиёни мусаллаҳ ташкил дода шуда буданд, ки онҳоро ғозӣ — муборизони роҳи дин меномиданд. Ба сафи ғозиён аксаран барзгарон ва пешаварони муфлис дохил мегардиданд. Ин одамоне, ки ҷангро касб карда гирифта буданд, ба ҳамон ҷоҳое фиристода мешуданд, ки бо «кофирон» задухӯрд ба амал меомад.

ҳокимони маҳаллӣ ин фавҷҳои ғозиёнро барои хизмат ба истеҳкомоте, ки дар ҳудуди байни воҳаҳои зироатӣ ва саҳрои бодиянишинон воқеъ гардида буданд, мефиристониданд. Чи навъе олими ҷуғрофидони араб — Мақдисӣ қайд мекунад, ғозиҳо «ҳам такягоҳ ва ҳам як воситаи нооромии» ҳукуматдорони маҳаллӣ буданд, онҳо, аз як тараф, ба тааррузи бодиянишинон зарба дода воҳаҳои зироатиро аз тохтутози душманон муҳофиза намоянд, аз тарафи дигар, дар неҳзати халқии зидди аъёну ашрофи маҳаллӣ фаъолона иштирок мекарданд.

Дар охири асри IХ фавҷҳои мусаллаҳи ғозиён асоси он ҷунбиши бузурги халқиро, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Эрон рӯй дода буд, ташкил намуданд. Ин ҷунбиши халқро бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс ба манфиати худ истифода бурданд[12]. Ин ду бародар дар аввали кор як дастаи роҳзан ташкил доданд, ки дере нагузашта ин даста ба яке аз фавҷҳои ғозиёни тавобеи Систон ҳамроҳ шуд. Истеъдоди ҷанговарӣ ва диловарӣ ба Яъқуб имконият дод, ки дар андак фурсат роҳбарии фавҷро ба дасти худ бигирад. Ин фавҷ ба ҳаёти сиёсии вилоят фаъолона иштирок намуд ва аз шӯриши мардумони воҳаҳои зироатӣ истифода бурда, дар соли 861 ҳокими тоҳириҳоро ронд ва маркази Систон шаҳри Заранҷро забт кард.

Яъқуб ҳукмрони ин вилоят гардида, дар зарфи даҳ соли оянда як қатор вилоятҳои шарқии хилофатро тасарруф кард, ки онҳоро то ин вақт охирин намояндаи силсилаи Тоҳириҳо – Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) идора менамуд.[13] Дар соли 873 Яъқуб ба қувваи ҳарбии Тоҳириҳо шикаст дода, маркази Хуросон шаҳри Нишопурро забт кард. Ба ҳамин тариқ, ҳокимияти Тоҳириҳо дар Осиёи Миёна ва вилоятҳои шарқии Эрони кунунӣ тамоман аз байн рафт.

Агарчанде ҳукумати Бағдод аз ин муваффақиятҳои Яъқуб хеле ба изтироб афтода, барои бештар паҳн нагардидани нуфузи ӯ баъзе чораҳо пешбинӣ карда бошад ҳам, натиҷае набахшид. Аз ин сабаб халифа дар соли 874 ин амри воқеиро эътироф намуда, маҷбур гардид, ки идора кардани тамоми хоки Хуросонро ба Яъқуб супорад.

Яъқуб то охири ҳаёти худ ҳамчун як нафар марди ҷангии содда ва шикас-танафс боқӣ монд, либоси оддии ресмонӣ мепӯшид, ба палос ва қолин аҳамият надода, ба замин менишаст ва дар вақти истироҳат сарашро ба ҷои болишт ба рӯи сипари худ гузошта мехобид. Дар айни ҳол вай бо мароми ҷунбишҳои халқии Осиёи Миёна ягон қадар наздикие надошт.

Дар байни лашкариёни ӯ интизоми сахт ҳукмфармо буд. Худи ӯ намунаи диловарии ҳайратангезеро нишон дода, аз сарбозон ва сардорон низ инро бо қатъият талаб мекард. Дар яке аз ҷангҳо рӯи ӯро бо шамшер зада чунон маъюб карда буданд, ки бист рӯзи тамом ба даҳонаш найча гузошта хӯрок мехӯрд. Пас аз сиҳат шудан боз мисли пештара далерона ба корзор даромад.

Яке аз қисмҳои асосии қӯшуни ӯро сарбозони «фидоӣ» ташкил мекарданд, ки гоҳо онҳоро бо оҳанги кароҳатомез «айёр» ҳам (ба маънии «қаллоб» ва «роҳзан») мегуфтанд. Ин табақаи махсуси «муҷоҳидони роҳи дин» буд, ки сафи худро аз ҳисоби барзгарони безамин ва фирорӣ пурра мекард. Айёрҳо дар ҳаёти сиёсӣ роли муҳим мебозиданд, аз ҷумла, онҳо дар Систон ба муқобили истилогарон бо матонати тамом мубориза бурданд. Зоҳиран ҳамон айёр-ҳоеро, ки дар ҷанг беш аз ҳама диловарӣ нишон медоданд, ба мартабаи баландтар бардошта, ба гурӯҳи сарҳангҳо дохил мекарданд. Дар қатори айёрҳо фарзандони деҳқонон ва заминдорон ҳам буданд, ки онҳоро «озодагон» меномиданд. Ғайр аз ин дар қӯшун дастаҳои махсуси ғуломон ҳам мавҷуд буданд. Аввалҳо дар ихтиёри Саффориён ҳамагӣ 2-3 ҳазор сарбоз буд, аммо дар сол-ҳои 874-75 Яъқуб дар як муҳориба 15 ҳазор аскари савораро ба корзор даро-вард. Қӯшуни саффорӣ мошинҳои ҳарбӣ ва филҳои ҷангӣ дошт. Дар вақти ҳуҷум ба гузоштани дастаи пешоҳанги муҳофиз ва таҷассус аҳамияти калон дода мешуд. Сарбозҳо дар ҳар се моҳ маош мегирифтанд. ҳар вақт дар айёми Наврӯз тафтиши қӯшун ба амал меомад. Аз сарбоз то сардори қӯшун ба амалдори махсус аспу силоҳи худро намоиш медод ва, сипас, пул мегирифт.[14]

Муваффақиятҳои Яъқуб ибни Лайс аҳволи вазнини меҳнаткашонро, ки ӯ бо ёрдами онҳо ба ин дараҷа расида буд, заррае тағйир надод. Яъқуб ғолибан ба заминдорони хурд ва миёнаи феодалӣ такя менамуд. Ӯ дар вилоятҳои забт-кардаи худ тамоми тартиб ва қоидаи мавҷударо бо ҳамон ҳолати пештара боқӣ гузошт, ҳатто миқдори молиётро, ки бар дӯши барзгарон бори гароне буд, кам накард.

Дар соли 876 Яъқуб бо нияти ғасб кардани ҳокимияти хилофат ба Бағдод лашкар кашид, лекин то он ҷо нарасида, 100 км дуртар дар мавзеи Дору-л-Акул аз тарафи қувваи ҳарбии халифа ба шикасти сахт дучор гардида, ақиб нишаст. Чи навъе ки манбаъҳои таърихӣ нишон медиҳанд, яке аз сабабҳои мағлуб шудани Яъқуб ибни Лайс кӯмаки Алӣ ибни Муҳаммади Бурқаиро рад кардани ӯ буд. Алӣ ибни Муҳаммад ба шӯриши зангиёни ғулом дар Ироқ, ки тақрибан 14 сол (869-883) давом намудааст, сардорӣ мекард. Яъқуб ибни Лайс, ки худ тарафдори ғуломдорӣ буд, аз иттиҳод бастан ба ғуломон ор кард ва аз ин сабаб кӯмаки пешниҳодкардаи пешвои шӯришиёнро напазируфт. Пас аз се соли лашкаркашии бемуваффақият ба Бағдод асосгузори сулолаи Саффориён Яъқуб ибни Лайс вафот кард. Лашкариёни ӯ бародараш Амр ибни Лайсро ба тахт нишонданд.

Амр ибни Лайс (879–900) дар баробари ишғол кардани ҷои бародари худ фавран ба халифа муроҷиат намуда, итоати худро бо маркази хилофат изҳор кард. Ин буд, ки аз тарафи халифа мансаби қоиммақоми Хуросон ва идора кардани як миқдор вилоятҳои шарқии Эрон ба ӯ супорида шуд. Лекин дар амал Амр ҳам мисли Тоҳириён истиқлолияти худро аз хилофат нигоҳ медошт. Бар тибқи маълумоти сарчашмаҳо, вай як шахси дар идора кардан соҳибтадбиру доно ва лашкаркаши тавоно буд.

Дар асоси баъзе мадракҳо чунин тахмин кардан мумкин аст, ки Саффориҳо неҳзати мазҳабии шиаҳоро, ки дар байни барзгарон ва пешаварон муваффақият пайдо карда буд, ба дараҷаи хеле зиёд истифода бурдаанд (ҳатто ривояте ҳаст, ки гӯё Яъқуб «Мо ба ҷои Каъба парастиши офтобро ҷорӣ мекунем», гуфта бошад).

Таъсиси давлати Сомониён

Сарсилсилаи хонадони Сомониён – Сомон аслан аз вилояти Балх ё худ атрофи Самарқанд ва ё аз Тирмиз буд.[15] Ба тибқи маълумоте, ӯ дини исломро қабул карда, дар шахсияти ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ, ки намояндаи халифаи араб буд, барои худ пуштибоне пайдо намуд ва аз ин сабаб ба аломати эҳтиром нисбат ба ин мард фарзанди худро Асад ном кард. Асад чор писар дошт: Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс. ҳамаи фарзандони Асад дар аҳди хилофати Маъмун ба корҳои идораи давлат кашида шуда, Нӯҳ ба Самарқанд, Аҳмад ба Фарғона, Яҳё ба Чоч ва Уструшан, Илёс ба ҳирот ҳоким таъин гардида буданд.

Дар зоҳир ин чунин ба назар мерасид, ки гӯё ҳар яке аз чор бародар ҳокими вилояти инъомшудае мебошад ва бевосита ба қоиммақоми Хуросон итоат мекунад. Аммо дар асл ин тавр набуд.

Бародари аз ҳама калон Нӯҳ мақоми махсусе дошт. Дар робитаҳои хориҷӣ ҳамчун сардори хонадон баромад мекард. Муаррихон ба ин ҷиҳат кам аҳамият додаанд. Таҳқиқи сиккаҳо нишон медиҳад,[16] ки дар давраҳои аввал бародарон худро на ҳамчун моликони алоҳида, балки ҳамчун аъзои як хонадон ҳисоб мекарданд, ки дар сари он Нӯҳ қарор гирифта будааст. Бесабаб нест, ки аввалин пулҳои мисии сомониро ба номи ӯ сикка задаанд. Хусусан яке аз ин пулҳо, ки дар мулки Яҳё — Бинкент бароварда шудаанд, ҷолиби диққат аст: дар он на номи соҳиби мулк, балки номи Нӯҳ сабт гардидааст. Бинобар ин чунин хулоса боварибахш аст, ки набераҳои Сомон аз қадамҳои аввал дар сар фикри ваҳдати хонадонро парварида, онро яке аз шартҳои таъсиси сулолаи муқтадире медонистанд, ки истиқлолияти Осиёи Миёнаро аз хилофати Араб ва Тоҳириҳо таъмин карда метавониста бошад.

Пас аз вафоти Нӯҳ додари ӯ Аҳмад сардори ин сулолаи навбунёд гардид. Аҳмад, ки марди нисбатан доно ва тавоно буд, бо мақсади муайян ба «ҷамъ кардани» замини бародаронаш ва собит намудани мавқеи аввалияти худ камар баст. Ӯ дар вақти зиндагиаш ҳукмронии Самарқандро ба писари худ Наср супурд, ки вай баъди вафоти падараш дар соли 864 сарсилсилаи сомонӣ гардид. Соли 875 халифа ҳам Насрро ҳамчун сардори сулола эътироф намуда, зимоми идораи давлатро ба дасти ӯ дод.

Аҳволи Наср бисёр вазнин буд. Хешовандони калонтари ӯ мулки алоҳида талаб мекарданд ва гоҳо, ҳатто зоҳиран бошад ҳам, вайро ҳамчун сардори сулола эътироф кардан намехостанд. Муборизаи Наср бо майлу кӯшишҳои ҷудошавии бародаронаш на ба таври кофӣ қатъӣ буд ва на бароре дошт. Масалан, амаки Наср Муҳаммад ибни Нӯҳ дар овони ҳукмронӣ карданаш дар Чоч, ҷиянашро чун сардори сулола шинохта, ба номи ӯ сиккаҳои мисӣ мебаровард. Вақте ки Чоч ба дасти бародари Наср — Яъқуб расид, ӯ сиккаҳоро ба номи худ баровардан гирифт. Дигар бародари Наср — Асад дар Фарғона ҳукм меронд. Ин ду бародар дар мубориза ба муқобили бародарони дигари худ муттафиқ буданд, бо вуҷуди ин, Асад дар пойтахти Фарғона — Ахсикат ба номи худ пул мебаровард ва Насрро лоақал чун ҳукмрон ёд намекард. Наср ба ҳамаи ин созиш менамуд. Муносибати Наср хусусан бо бародараш Исмоил мураккаб буд. Исмоил фақат дар соли 874 соҳиби мулки калони Бухоро гардид. То ин вақт Бухоро ба Сомониён тааллуқ надошт. ҳангоме ки аҳолии ин шаҳр бар зидди бедодгариҳои ҳоким шӯриш бардошта, ӯро пеш карданд, аъёну ашрофи бухороӣ ба кӯмаки Наср рӯ оварданд. Наср Исмоилро қоиммақоми Бухоро таъин кард.[17] Ва Исмоил бо нируи ақлу заковат, нармиву хушзабонӣ ва макру ҳиял ҳокимияти худро дар Бухоро устувор ва халалнопазир гардонид.

Бухоро дар дасти Наср мулки ба ивази хизмат инъомшуда ба шумор мерафт. Таҳлили матни Наршахӣ ба чунин хулосае имкон дод,[18] ки Исмоил қисмати зиёди даромади Бухороро (қариб 700 ҳазор дирам) мебоист ба Наср бидиҳад ва қисми камтари онро (500 ҳазор дирам) ҳамчун подоши хизмати қоиммақом барои худ нигоҳ дорад. Исмоил ҳокимияти худро дар шаҳр мустаҳкам карда, аз итоат ба Наср сар кашид ва тамоми даромади ин вилояти пурсарватро аз они худ намуд.

Байни бародарон муборизаи дуру дароз сар шуд. То вақтҳои охир муаррихон чунин мепиндоштанд, ки ин муборизаи сиёсии ҳокимиятталабӣ мебошад, аммо сарчашмаҳо ин фикрро тасдиқ накардаанд. Тасвири муфассали муносибати ин ду бародар нишон медиҳад, ки муборизаи онҳо дар заминаи иқтисодӣ қарор гирифта буд ва Исмоил фақат мехост Бухороро бо тамоми ҳуқуқ ва имтиёз дар дасти худ нигаҳ дорад. Сабаби ҳар ду задухӯрде, ки дар миёни бародарон ба вуқӯъ омад, қисмати ба хазинаи Наср тааллуқдоштаи даромади Бухороро азхуд кардани Исмоил буд: задухӯрди якум (соли 886) ба он анҷомид, ки Исмоил аз вазифаи қоиммақоми Бухоро дур карда шуд; задухӯрди дувум (соли 888) ғалабаи Исмоилро таъмин намуд. Вале Исмоил тахтро аз Наср кашида нагирифт, зеро он вақт ӯ чунин даъво надошт. Ӯ фақат барои истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсии Бухоро ва ба мулки хосаи худ табдил додани он мубориза мекард ва дар соли 888 комилан ба ин нияти худ расид. Ниҳоят, дар соли 892, пас аз вафоти Наср, ба тахти салтанат нишаст ва мулки хосаи ӯ Бухоро пойтахти давлати Сомонӣ гардид.

Пас аз барҳам додани низоъҳои байнихудии феодалӣ ва хобонидани исёнҳо дар пеши Исмоили Сомонӣ вазифаи боз ҳам ҷиддитар меистод: акнун ӯ мебоист бехатарии хориҷии давлати ташкилкардаи худро таъмин менамуд. Вазъияти хориҷии мамлакат хеле пуртаҳлука буд. Қабл аз ҳама, иқтидори рӯзафзуни давлати Исмоили Сомонӣ боиси ба вуҷуд омадани нооромӣ ва изтироб дар маркази хилофат мегардид. Инчунин ҳуҷуми пай дар пайи қабилаҳои бодиянишини ҳамсоя ба иқтисодиёти воҳаҳои зироатии мамлакат зарбаҳои ҳалокатовар мерасонид.

Халифаи араб дар мубориза бар зидди Исмоили Сомонӣ ҳокими Хуросон — Амр ибни Лайси Саффориро истифода мебурд. Дар соли 898 халифа ҳоҷиёни аз Осиёи Миёна ба Бағдод омадаро ба қасри худ даъват намуда, дар ҳузури онҳо маншуреро, ки дар вай аз сари ҳукумат дур кардани Исмоил ва ба Амри Саффорӣ супорида шудани ҳукмронии Мовароуннаҳр навишта шуда буд, хонд. Сипас, ӯ ин маншурро бо ҳадяҳои пурқимат ба Амр ирсол намуд. Халифаи араб Амрро ба муқобили Исмоил барангехта, мехост ба ин васила қуввати ин ҳар дуро заиф гардонад ва ҳокимияти хилофатро дар Осиёи Миёна мустаҳкам намояд.

Амр фармони халифаро гирифта, бар зидди Исмоили Сомонӣ лашкар кашид. Исмоил, чунон ки Наршахӣ менависад, «авом ва пешаваронро» мусаллаҳ намуда, бо қувваи зиёде ба муқобили Амр ба Балх ҳаракат кард ва пеши роҳи лашкари ӯро гирифт.

Соли 900 Исмоил дар назди Бухоро Амр ибни Лайсро мағлуб сохт. Ин ғалаба ба Исмоил аз он сабаб муяссар гардид, ки ӯро оммаи халқ – мардуми авом ва пешаварон дастгирӣ карданд.[19] Инро Табарӣ[20], Ибни Мисковайҳ[21] ва боз ҳам равшану возеҳтар Наршахӣ тасдиқ менамоянд. Масалан, Наршахӣ нақл мекунад, ки Исмоил ҳам ашроф, ҳам авом ва ҳам пешаварони бофандаро бо ҷиҳоз ва силоҳ таъмин намуд. Амр, ки назараш ин нируи бузурги фавҷи халқиро нагирифт, ба мағлубият дучор шуд.[22] Ин гуфтаи Наршахиро, яъне мусаллаҳ намудани Исмоил мардуми авом ва пешаварро муаллифи «Таърихи Систон» ҳам қувват медиҳад: «Исмоил ибни Аҳмад дар Мовароуннаҳр ба ҷорчиҳо фармуд эълон кунанд, ки: «Амр омадааст, то Мовароуннаҳрро забт кунад, одамонро ба қатл расонад, молу мулкро ба ғорат барад ва занону кӯдаконро ғулом гардонад!» Чун дарвоқеъ ҳам, ин ҳамин тавр буд, пешаварони Мовароуннаҳр тарафи Исмоилро гирифта, бо суханони «Марг аз асорат беҳ!» ба ҷанги зидди Амр равона шуданд».

Ин буд, ки соли 900 Исмоил дар натиҷаи ба кор бурдани тадбири моҳиронаи ҷангӣ лашкари Амр ибни Лайсро ба муҳосира гирифта, тамоман торумор кард ва ҳокимияти худро дар Хуросон барқарор намуд.

Муваффақиятҳои ҳарбие, ки Исмоили Сомонӣ дар ҷанги зидди бодиянишинон ба даст овард, аз ғалабаи ӯ бар Амр камтар набуд. Бодиянишинон як қатор зарбаҳои ҳалокатовар дида, вақти зиёде аз тохтутози воҳаҳои зироатии Мовароуннаҳр даст кашиданд. Барои он ки воҳаҳои Бухоро аз ҳуҷуми бодиянишинҳо бехатар монад, ҳанӯз қабл аз Исмоил, дар байни воҳаҳои зироатӣ ва саҳрои чодарнишин дар масофаи даҳҳо километр девори баланд кашида буданд. Таъмири ҳарсолаи ин девор ба зиммаи аҳолӣ гузошта шуда буд. Чи навъе ки муаррихони асри Х тасдиқ мекунанд, ин кор барои аҳолӣ ӯҳдадории хеле сахт ҳисоб мешуд. ҳангоме ки Исмоили Сомонӣ ба бодиянишинон зарбаи қатъӣ расонид, аҳолии Бухоро ва атрофи онро аз ин хидмати маҷбурӣ озод намуд. «То вақте ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» -мегуфт ӯ. Наршахӣ менависад, ки дар ҳақиқат ҳам Исмоили Сомонӣ ҳама вақт дар муҳорибаҳо шахсан иштирок менамуд ва ба душман имкон намедод, ки ба вилояти Бухоро даст ёбад.

Исмоили Сомонӣ аз муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият истифода бурда, нахустин бор пас аз истилои араб сарзамини дар натиҷаи задухӯрдҳои дохилӣ парешонгардидаро ба ҳам муттаҳид намуд ва давлати бузурги мустақиле ба вуҷуд овард. Вай дар баробари барҳам додани ҳукумати Саффориён ҳокимияти худро на танҳо дар Мовароуннаҳр ва Хуросон мустаҳкам кард, балки ба як қатор вилоятҳои шарқӣ ва шимолии Эрон соҳиб гардида, истиқлолияти ҳақиқии давлати ташкилкардаи худро нисбат ба хилофати Араб таъмин намуд.

Исмоили Сомонӣ, ки худ як нафар феодали калон буд, бо саъю кӯшиши тамом манфиатҳои аъён ва ашрофи феодалии маҳаллӣ ва гурӯҳҳои бозургонии мамлакатро муҳофизат мекард. Исмоил ба тақозои ҳамин манфиатҳои тоҷирону заминдорони калон чи дар таҳкими амнияти хориҷии мамлакат ва чи дар бобати ба тартиб даровардани идораи дохили он иқдомот ба амал овард. Ин иқдомот ва ҳамчунин дар навбати аввал ба як марказ муттаҳид намудани Хуросон ва Мовароуннаҳр, таъмин намудани истиқлолияти ҳақиқии мамлакат ва сомон кардани муносибати он бо бодиянишинон — ин ҳама ба тараққиёти зироат, пешаварӣ ва тиҷорати Мовароуннаҳр ва Хуросон заминаҳои зарурӣ фароҳам оварданд.

Сохти давлатӣ ва
ташкили дастгоҳи идораи он

Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ ба хубӣ медонист, ки таъмин кардани истиқлолияти Мовароуннаҳр ва аз хилофати Араб озодона нашъунамо ёфтани вай фақат ҳамон вақт мумкин мешавад, ки дар ин мамлакат як ҳукумати марказиятпайдокардае ба вуҷуд ояд. Вай дар роҳи ин мақсад як қатор иқдомот ба амал овард.

Яке аз ин навъ иқдомот ҷорӣ намудани усули мутаносиби идораи давлат буд.[23] Дар аҳди Сосониён дастгоҳи давлатӣ ба даргоҳ (дарбори подшоҳӣ) ва девонҳо (идораҳои марказии ҳарбӣ-гражданӣ) тақсим мегардид.[24] Дар шароити ҳаёти феодалӣ ба ин тақсимот он қадар ҳам риоя карда намешуд: одамони бонуфузи дарбор аксар вақт ба корҳое мудохила мекарданд, ки вазифаи ин ва ё он девон ба шумор мерафт.

Чи навъе ки Наршахӣ қайд мекунад, дар замони салтанати Насри II Сомонӣ (914-943) дар атрофи Регистони Бухоро даҳ бинои олӣ барои девонҳо сохта буданд. Девонҳо аз 10 идораи марказӣ иборат буда, аз рӯи вазифаҳои худ ба соҳаҳои зерин тақсим мешуданд:

Девони вазир — асоситарин идораи марказӣ ҳисоб мешуд ва дар тамоми муассисаҳои маъмурӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлат назорат менамуд. Ба вай сардорони ҳамаи девонҳои дигар итоат мекарданд. Ба мансаби сардори ин девон, яъне ба вазифаи вазирӣ ё ҳоҷиби бузург, одатан яке аз намояндагони се хонавода: Ҷайҳонӣ, Балъамӣ ва Утбӣ таъин мешуданд. Тамоми қувваҳои ҳарбии Сомониён дар ихтиёри ҳоҷиби бузург буд.

Девони муставфӣ ҳамаи корҳои молиявӣ, яъне харҷу дахли мамлакатро пеш мебурд.[25]

Девони амид-ул-мулк ба ҳамаи коғазҳои муҳими давлатӣ маъмур буда, инчунин муносибатҳои дипломатиро бо дигар давлатҳо идора мекард.

Девони соҳиб-уш-шурот гвардияи Сомониёнро дар ихтиёри худ нигоҳ медошт, ба озуқа, моҳона ва нигоҳубини лашкар назорат менамуд.[26]

Девони соҳиб-ул-барид (сардори почта) ба расонидани муросилоти давлатӣ маъмур буд. Аммо коркунони маҳаллии ин девон на фақат вазифаи хатбариро адо мекарданд, балки дар бораи ҳокимон ва маъмурини маҳаллии давлатӣ ва рафтори онҳо хабарҳои махфиро ҳам ба марказ расонида меистоданд, яъне вазифаи маъмурони «маҳкамаи сиёҳ»-ро низ ба ҷо меоварданд. Девони барид бо чунин хусусияти худ аз дигар девонҳо тафовут дошт, ки муассисаҳои маҳаллии вай ба ҳокимҳо итоат нанамуда, бевосита ба идораи марказии худ нигоҳ мекарданд. Бояд қайд кард, ки почта он вақтҳо фақат ба эҳтиёҷоти давлат хидмат менамуд ва барои аҳолӣ дастрас набуд.

Девони мӯҳтасиб ба бозор, тарозу, молҳои фурӯшии барзгарон ва пешаварон назорат мекард. Вай метавонист фурӯши молҳои қалб ва номарғубро боздорад ва ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад. Ин девон тадриҷан ба ахлоқи мардум, масҷидравӣ ва истеъмоли машрубот низ назорат мекардагӣ шуд. Шаҳре набуд, ки мӯҳтасиби худро надошта бошад.

Девони мушриф[27] корҳои давлатӣ, хусусан харҷу дахли хазинаро назорат мекард.

Ғайр аз ин девонҳо боз девони мулкҳои давлатӣ, девони қозӣ ва девони вақф мавҷуд буд. Ал-Хоразмӣ боз як девони дигар: девони умури ҳарбро ном мебарад, ки дар асари Наршахӣ зикр наёфтааст.[28]

Муассисаҳои маҳаллии ҳамаи ин девонҳо, ба истиснои девони барид, аз як тараф, ба ҳокимҳо итоат кунанд, аз тарафи дигар, ба девони марказии худ итоат менамуданд.

ҳокимони вилоятҳо аксаран аз байни аъён ва ашрофи заминдори бонуфуз, маъмулан аз хонаводаи ҳокимони гузаштаи маҳаллӣ таъин мешуданд.

Дар қатори ин ҳокимҳо дар ҳар шаҳр якнафарӣ раис ҳам буд, ки аз байни аъён ва ашрофи маҳаллӣ таъин мегардид.

Дар асри Х, дар аҳди Сомониён рӯҳониёни ислом низ роли калон мебозиданд. Дар Мовароуннаҳр асосан мазҳаби ҳанифия паҳн шуда буд. Саррӯҳонӣ, ки аввалҳо «устод» меномиданд ва баъдтар ба худ лақаби «шайхулислом»-ро гирифт, дар давлати Сомониён мавқеи бузурге дошт.

Аммо усули мутаносиби идораи давлат, ки Сомониён ба вуҷуд оварда буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз марказияти қатъӣ пайдо кардани ин давлат шаҳодат намедиҳад.

Дар зарфи тамоми давраи ҳукумати Сомониён муборизаи ҳокимияти марказӣ бар зидди қасдҳои марказгурези моликони ҷудогонаи феодалӣ қатъ нагардид. На Исмоили Сомонӣ ва на ворисони ӯ, бо вуҷуди муборизаҳои шадиде, ки барои мустаҳкам намудани ҳокимияти мутамарказ мебурданд, усули мамлакатдории марказиятнокро дар бисёр маҳалҳо ва канору гӯшаҳои Осиёи Миёна ҷорӣ карда натавонистанд. ҳарчанд вилоятҳои Хоразм, Чағониён, Хатлон ва ғ. дар ҳайъати давлати Сомонӣ бошанд ҳам, ҳокимони онҳо дар амал мустақилан ҳукмронӣ мекарданд.

Масалан, дар Хатлон дар зарфи қариб дусад сол (асрҳои IХ– Х) намояндагони сулолаи маҳаллии Баниҷуриён[29] ҳукмронӣ карда, тамоми оидоти ин вилояти пурсарватро ба хазинаи худ мегузоштанд, вале ба Сомониён ғайр аз пешкаш чизе намедоданд. Ба ин тариқа, тадбири пешгирифтаи Сомониён, ки ҳокимони вилоят таъйин карда, ба ин васила муқобилиятварзии феодалони маҳаллиро барҳам додан ва онҳоро ба тарафи худ кашидан буд, аксар вақт натиҷаҳои номатлуб медод.

Усули феодалии инъоми мулк, ки дар замони Сомониён хеле авҷ гирифта буд, давлатро аз дарун «пора карда», ҳатто хоки аслии онро ҳам тақсим намуд. Аҳли хонадони сомонӣ ва амалдорони калон, ки ба тариқи инъом шаҳру вилоятҳоро соҳиб мешуданд, кӯшиши соҳибихтиёр шудан доштанд ва аксар вақт мавқеи аз ҳокимияти марказӣ мустақилро ишғол менамуданд.

Таҷрибаи ба умури идораи вилоятҳо таъин намудани намоёнтарин саркардаҳои ҳарбии гвардияи дарбори сомонӣ, ки дар вақтҳои аввал барои дарҳам шикастани муқовимати феодалони маҳаллӣ ва фурӯ нишондани шӯришҳои халқӣ ба кор бурда мешуд, низ оқибатҳои нек набахшид. Саркардагони турк аз норизоиятии феодалони маҳаллӣ ва муборизаҳои синфии дохилӣ истифода намуда, гоҳо худашон бар зидди ҳокимияти марказӣ сар мебардоштанд ва вилоятҳои худро мустақил эълон мекарданд.

Низоъҳои байнихудии феодалӣ
ва суст шудани давлати Сомониён.
Истилои Қарохониён

Баъд аз вафоти Исмоили Сомонӣ (с.907), дар аввалҳои салтанати Аҳмад ибни Исмоил (907-914) якбора дар якчанд вилоятҳо исён сар зад. ҳокимони Самарқанд, Рай ва Систон шӯриш бардоштанд. Пас аз хобонидани ин исёнҳо дере нагузашта дар натиҷаи хеле бад шудани аҳволи деҳқонон ва афзудани андозҳо дар Систон шӯриши халқӣ ба вуҷуд омад. Сомониён фақат бо машаққати зиёде ба пахш кардани ин шӯриш муваффақ шуданд.

Аҳмад ибни Исмоил бо чанд сабаб дар байни гвардияи турк нисбат ба худ муносибати душманона ба вуҷуд овард ва дар вақти шикор аз тарафи ғуломони худ кушта шуд. Дар айёми подшоҳии писари ӯ Насри II (914-943) идора кардани мамлакатро вазир Абӯабдулло Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ ба ӯҳдаи худ гирифт.

Ҷайҳонӣ, ки яке аз одамони бомаърифати замона буд, дар давраи вазо-рати худ, чунон ки муаррих Гардезӣ қайд мекунад, идораи мамлакатро ба тартиб овард. Бо вуҷуди ин, низоъҳои байнихудӣ ва ҷангҳои дохилӣ ҳамоно давом мекарданд. Чунончи, бар тибқи шаҳодати муаллифи араб Ибн ал-Асир, дар охирҳои соли 914 ва аввалҳои соли 915 дар Самарқанд бародарзодаи Насри II — Мансур ибни Исҳоқ исён бардошт. Чанде пас аз ин, саркардаи калони ҳарбӣ ҳусайн ибни Алии Марвазӣ[30] аввал дар ҳирот ва баъд дар Нишопур исён намуда, сарвари ҳаракати қармата (исмоилия) гардид. Аҳмад ибни Саҳл — ном заминдори калон, ки қувваҳои ҳарбии ҳусайни Марвазиро торумор ва худи ӯро асир намуд, ба зудӣ худаш ҳам бар зидди Сомониён сар бардошт ва ин исён фақат пас аз як сол фурӯ нишонда шуд.

Баъд аз марги ҳусайни Марвазӣ ба ҳаракати қармата дар Мовароуннаҳр Муҳаммад ибни Аҳмади Нахшабӣ роҳбарӣ намуд. Нахшабӣ дар ҷараёни фаъолияти худ муваффақиятҳои калон ба даст овард. Вай бисёр амалдорони олимақоми ҳукумати Сомониёнро ба қабул кардани ақидаи қармата моил намуд, ки дар байни онҳо ҳоҷиби бузург, дабири хоси амири сомонӣ, сардори девони муставфӣ ва ҳокими Элок низ буданд. Нахшабӣ ба воситаи ин одамон ба дарбори Насри II Сомонӣ роҳ ёфт.

Дар охирҳои салтанати Насри II ҳаракати қармата хеле қувват гирифт. Худи Насри II ҳам тарафдори таълимоти қармата гардид ва мувофиқи хоҳиши Нахшабӣ розигӣ дод ба ивази дар ҳабсхонаи Бухоро ҳалок шудани ҳусайн ибни Алии Марвазӣ, ки иҷрокунандаи супоришоти махфии Фотимиён буд, ба халифаи Миср 119 ҳазор динор товон диҳад.

ҳамаи ин ба норизоияти ҷиддии рӯҳониёни ислом боис гардид. Рӯҳониён бо ҳамроҳии намояндагони гвардияи турки дарбор ба муқобили Насри II сӯиқасд ташкил намуданд. Онҳо барои расидан ба ин қасди худ хостанд, ки ба муносибати дар ояндаи наздик бар зидди бодиянишинон лашкар кашидани амири сомонӣ базми шабнишинии саркардагони ҳарбиро барпо карда, дар ин базм Насрро ба қатл расонанд ва тамоми пайравони қарматаро бикушанд.

Лекин писари Насри II – Нӯҳ аз ин сӯиқасд хабардор шуд. Бо талаби ӯ Насри II саркардаи сӯиқасдчиёнро бо фиреб ба ҳузури худ оварда, сарашро аз тан ҷудо кунонд ва, сипас, бо ҳамроҳии Нӯҳ ба базми сарлашкарон ҳозир шуд. Дар айни авҷи базму тараб Насри II эълон кард, ки вай аз сӯиқасд воқиф аст ва фармуд, ки сари саркардаи мақтулро ба пеши сарлашкарон ҳаво диҳанд. Ӯ дар худи ҳамон ҷо аз тахти подшоҳӣ даст кашида, писараш Нӯҳро, ки ҳеҷ кас ӯро ба тарафдории ҳаракати қармата айбдор накарда буд, ба ҷои худ таъин кард.

Мувофиқи шаҳодати воқеаномаҳои таърихӣ, Нӯҳ ибни Наср баъди расман ба тахт нишастани худ Нахшабиро ба ҳузураш даъват намуда, амр медиҳад, ки бо фуқаҳои ислом мунозира кунад ва дар пеши умум дурустии ақидаҳои худро исбот намояд. Албатта, фуқаҳои ислом ғолиби мунозира эълон карда шуданд. Нахшабӣ бо гуноҳи ба манфиати худ сарф кардани 40 ҳазор динор аз маблағе, ки ба товони марги ҳусайни Марвазӣ ба Фотимиҳо бояд фиристода мешуд, низ айбдор гардида, бо фармони Нӯҳ дар майдони Бухоро ба дор кашида шуд.

Аҷобаташ дар ин аст, ки пас аз як рӯзи қатл ҷасади ӯ аз дор ғоиб гардид.

Пас аз ин дар сар то сари мамлакат қатлиоми қарматиҳо ва мусодираи молумулки онҳо сар шуд. Аз ҳамон вақт ҳаракати қармата дар Осиёи Миёна фақат ҳамчун ҷараёни махфӣ давом намуд. Вале ташкилоти махфии тарафдорони ин бидъат дар Бухоро хеле фаъолона ва муддати дуру дарозе амал мекард.

Хатибони қарматӣ соли 1045, дар аҳди Қарохониён, яъне пас аз сад соли воқеаи мазкур дастгир гардида, ба қатл расонида шуданд.

Дар давраи ҳукмронии Нӯҳ ибни Наср (943–954) аломатҳои таназзули давлати сомонӣ ба таври равшан падидор мешаванд. Давлат дар солҳои аввали ҳукуматдории Нӯҳ ба душвории сахти молиявӣ рӯ оварда буд. Бар тибқи маълумоте, ҳанӯз дар соли 942 аз аҳолӣ ду карат андоз гирифта шуд. Душвории молиявӣ ба дараҷае расида буд, ки ба сипоҳиён ва ҳатто ба гвардияи амир вақти зиёде моҳона дода нашуд. Ин аҳвол дар байни аскарон норозигии ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Нӯҳ ибни Наср барои лоақал муваққатан паст кардани шиддати норозигӣ вазири худро ба сабабгори ин ҳама душвориҳои молиявӣ айбдор намуда, ба қатли ӯ фармон дод. Албатта, ин тадбир ба беҳтар шудани вазъияти молиявии мамлакат боис нагардид.

Амаки Нӯҳ–Иброҳим ибни Аҳмад аз чунин вазъият истифода бурда, дар моҳи январи соли 947 бо ёрии феодали калони Чағониён — Абӯалии Чағонӣ ҳокимиятро ба даст даровард. Гвардияи дарбори Нӯҳ, ки аз марги Наср инҷониб моҳона намегирифт, Иброҳимро тарафдорӣ намуд. Нӯҳ маҷбур гардид, ки ба Самарқанд баромада равад. Лекин вай дар вақти ба Чағониён баргаштани Абӯалӣ аз сари нав тахтро ба даст оварда, ба чашмони амаки худ ва ду бародари ӯ, ки дар ин исён ширкат доштанд, мил кашида кӯр кард.

Нӯҳ ибни Наср дар солҳои охири ҳукмронии худ асосан ба муборизаи зид-ди шӯриши Абӯалии Чағонӣ машғул гардид. Вай пас аз кӯшиши бемуваф-фақияти бо роҳи ҳарбӣ бартараф намудани шӯриши Абӯалӣ ба баъзе гузашт-ҳо маҷбур шуда, ӯро аввал ҳокими Чағониён ва, сипас (дар с.952), ҳукмрони Хуросон таъин намуд.

Давраи ҳукмронии писари калони Нӯҳ – Абдулмалики I (954-961) бо қув-ват гирифтани нуфузи сиёсии саркардагони ҳарбии гвардияи турк ва ба дасти онҳо гузаштани қариб ҳамаи корҳои идораи давлат тавсиф меёбад.

Дар ин вақт хусусан сардори гвардияи турк ва феодали калон Алптегин ба сифати ҳоҷиби бузург сар мебардорад. Таъсири Алптегин ба дараҷае афзуда буд, ки Абдулмалик бидуни розигии ӯ, ҳатто касеро ба маснади вазорат таъин карда наметавонист. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ (аз соли 954 то соли 959) мансаби вазорат чор маротиба аз даст ба даст гузашта, ниҳоят ба дасти дӯсти Алптегин — Абӯалии Балъамӣ омада қарор гирифт. Чи навъе ки Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» ном воқеаномаи таърихии худ қайд кардааст, Алптегин ва Абӯалӣ аҳд карда буданд, ки ноиби якдигар бошанд ва Абӯалии Балъамӣ бояд ҳеҷ кореро бе маслиҳати Алптегин намекард.

Марги Абдулмалик боиси ошӯбҳои нав дар Бухоро гардид. Аҳолии шӯришкардаи пойтахт қасри амирро оташ зада толон намуданд. Бо исрори Алптегин писари хурдсоли Абдулмалик — Насри III амир эълон карда шуд. Лекин салтанати ӯ бештар аз як рӯз давом накард, зеро дигар саркардагони ҳарбӣ ва феодалони калон ба саъю кӯшиши Алптегин дар бобати мустаҳкам намудани мавқеи худ дар ҳокимият тарафдорӣ накарданд ва Мансур ибни Нӯҳи Сомониро (961-976) ба тахт нишонданд.

Алптегин пас аз якчанд задухӯрде, ки дар байни ӯ ва сарлашкарони сомонӣ дар ноҳияи Марв ва Балх рӯй дод, ба Ғазнин ҳаракат намуда, дар соли 962 ҳокимияти он ҷоро ба дасти худ гирифт. Танҳо пас аз марги Алптегин (с.963) ба Мансур ибни Нӯҳ муяссар гардид, ки ҳокимияти Сомониёнро дар Ғазнин барқарор намояд.

Баъд аз вафоти Мансур дар аҳди писари ӯ Нӯҳи II (976-997) ихтилофоти дарборӣ ва исёнҳои ҳокимону феодалони маҳаллӣ, ки вилоятҳои ҷудогонаи давлати сомонӣ, аз он ҷумла, бисёр маҳалҳои Хуросон ба дасти онҳо гузашта буд, боз ҳам бештар қувват гирифтанд.

Иқтидори давлат ба дараҷае суст гардид, ки вай наметавонист ба андак ҳуҷуми хориҷӣ тоб оварад. Маҳз дар чунин вазъият дар соли 992 давлати Сомонӣ ба аввалин ҳамлаи як қатор қабилаҳои бодиянишини турк дучор афтод. Дар сари онҳо хонҳои аз қабилаи яғмо меистоданд, ки ин сулола бо номи «Қарохониён» машҳур гардидааст. Қарохониҳо дар вақти ба Мовароуннаҳр ҳуҷум овардани худ, ба водии ҳафтруд ва як қисми Туркистони шарқӣ – Кошғар соҳиб гардида буданд. Бузургтарин ва маданитарини қабила дар миёни туркони қарахонӣ қабилаи қорлуқҳо ба шумор мерафт.

Тамоми кӯшишҳои Нӯҳи II дар бобати сафарбар намудани қувваҳои ҳарбии мамлакат бар зидди тааррузи Қарохониҳо натиҷае набахшид. Азбаски туркони қарохонӣ ба дини ислом, ки ба туфайли равобити тиҷоратӣ бо шаҳр-ҳо ва воҳаҳои зироаткори Мовароуннаҳр дар байни онҳо паҳн гардида буд, эътиқод доштанд, ба муқобили ҳуҷуми онҳо бо шиори ғазовот ба по хезондани аҳолӣ имконнопазир буд. Саркардаҳои калони ҳарбӣ аз ҳимояи Нӯҳи II даст кашиданд. Қоиммақоми Хуросон — Абӯалӣ ибни Абулҳасани Симҷурӣ ба тарзи махфӣ бо Буғрохони Қарохонӣ созиш намуда, қӯшуни Хуросонро ба мудофиаи Мовароуннаҳр нафиристод. Лашкаре, ки бар зидди Буғрохон фиристода шуда буд, дар натиҷаи хиёнати сардори худ Фоиқ шикаст хӯрд ва худи Фоиқ ҳамроҳи Буғрохон ба тарафи Бухоро ҳаракат кард. Ин буд, ки қӯ-шуни Қарохониён ба муқовимате дучор нашуда, пойтахти давлати Сомонӣ – Бухороро ба осонӣ забт намуд. Нӯҳи II маҷбур шуд, ки ба Омул фирор кунад.

Фавти ногаҳонии Буғрохон вазъиятро тағйир дод. Қӯшунҳои қарохонӣ ғанимати зиёде ба даст оварда, ба саҳроҳои худ баргаштанд.

Воқеаи соли 992 ноустувории давлати Сомониёнро равшан нишон дод: Абӯалии Симҷурӣ дар Хуросон ва Фоиқ дар Балх бар зидди Нӯҳи II исён намуданд.

Пас аз он ки Нӯҳи II ба Бухоро бозомад, дигар ба қувваҳои худ умед набаста, барои кӯмак ба ҳокими Ғазна — Сабуктегин муроҷиат кард. Сабуктегин аслан аз авлоди гвардияи турки дарбори сомонӣ буда, истеъдоди фавқулоддаи сарлашкарӣ дошт. Вай бо Алптегин алоқаи хешовандӣ пайдо намуда, пас аз вафоти ӯ ҳокими Ғазна гардид ва боз як қатор вилоятҳоро низ ба қаламрави худ дароварда, доираи давлатро хеле вусъат дод. Сабуктегин хоҳиши Нӯҳи II-ро ба камоли майл қабул карда, фавран ба тарафи Мовароуннаҳр равон шуд. Ӯ бо қӯшуни бистҳазорнафара аз дарёи Аму гузашта, аввал ба Кеш (Шаҳрисабз), сипас, ба Нахшаб (Қаршӣ) ворид шуд ва аз он ҷо бо ҳамроҳии Нӯҳ ба муқобили Абӯалӣ ва Фоиқ ҳаракат кард. Баъди якчанд муҳорибаҳо лашкари Абӯалӣ ва Фоиқ торумор гардида, худи онҳо ба Гургон гурехтанд. Ба ивази ин хидмат Нӯҳи II ба Сабуктегин лақаби «Носир-уд-дин в-ад-давла» («ҳомии дин ва давлат») дод. Писари Сабуктегин Маҳмуд, ки дар ҷангҳои зидди исёнкорон фаъолияти калоне нишон дода буд, низ лақаби «сайф-уд-давла» («шамшери давлат»)-ро гирифт ва ба ҷои Абӯалии Симҷурӣ ҳокими Хуросон таъин гардид.

Дар солҳои 995-996 ҳокимони вилоятҳои ҷудогонаи сомонӣ аз нав исён бардоштанд ва туркони қарохонӣ боз ба забт намудани хоки давлати Сомониён қасд намуданд. Ин бор ҳам Нӯҳи II бо мадади Сабуктегин исёнро пахш намуда, аз ҳуҷуми Қарохониён ба Бухоро ҷилавгирӣ карда бошад ҳам, вале бо вуҷуди ин, вилоятҳои шимоли шарқии давлати сомониро, ки дар ҳавзаи дарёи Сир воқеъ буданд, аз даст дод. Пас аз ҳамаи инҳо таъсири Ғазнавиён дар Мовароуннаҳр хеле қувват гирифта, то дараҷае расид, ки Нӯҳи II амалан аз истиқлолияти ҳукмронии худ маҳрум шуд.

Дар соли 997 Нӯҳи II ва Сабуктегин вафот карданд. Писари Нӯҳи II — Мансур ибни Нӯҳ (997-999) тамоман дар таҳти таъсири Маҳмуди Ғазнавӣ буд. ҳокимони Нишопур — Бектузун ва Фоиқ, ки ба қарохониҳо гап дода буданд, аз торафт наздиктар шудани муносибати Мансур ибни Нӯҳ ва Маҳмуд ба ҳарос афтода, ба чашмони Мансур мил кашиданд ва ӯ ба зудӣ дар соли 999 вафот кард. Бо исрори Бектузун ва Фоиқ бародари Мансур — Абдулмалики II ибни Нӯҳ ба тахт нишаст.

Маҳмуди Ғазнавӣ бо баҳонаи гирифтани интиқоми Мансур бо лашкари худ ба дарбори Сомониён ҳаракат кард ва амири сомониро маҷбур намуд, ки қисмати шимолии Афғонистони имрӯзаро ба ихтиёри ӯ бисупорад. Пас аз чанд вақт Маҳмуди Ғазнавӣ ба тамоми Хуросон соҳиб шуд. Дар дасти Абдулмалик ибни Нӯҳи Сомонӣ танҳо Мовароуннаҳр монд.

Вале дере нагузашта дар худи ҳамон соли 999 дар натиҷаи зарбаи нави Қарохониҳо ин такягоҳи охирин низ аз по афтод. Хони Қарохониён Насри Илокхон пойтахти давлати сомонӣ – шаҳри Бухороро забт намуда, Абдулмалик ва дигар намояндагони хонадони салтанатиро ҳабс кард.

ҳилол-ас-Сабӣ, ки аввалин бор ҳикояти ӯро В.Р.Розен аз дастнависе пайдо карда, дастраси умум гардонид, дар ин бора мухтасаран, вале хеле возеҳу равшан нақл намудааст. Шоҳиди воқеа чунин меоварад: «Вақте ки лашкари хон сар даровард, ман дар Бухоро будам. Он вақт хатибони сомонӣ ба минбари масҷидҳои ҷомеъ баромада, мардумро ба ҷиҳод даъват мекарданд ва аз номи Сомониён мегуфтанд: «Охир шумо медонед, ки мо чӣ тавр ба шумо муносибати хуб доштем ва чӣ тавр бо нармӣ муомила мекардем. Инак, акнун душман ба мо таҳдид мекунад, шуморо лозим аст, ки ба мо ёрӣ кунед ва барои мо биҷангед. Барои ба мо мадад расондан ва пуштибонӣ кардан аз Худо баракат бихоҳед». Қисми зиёди аҳолии Бухоро ба мисли (умуман) сокинони Мовароуннаҳр бо худ силоҳ доранд. Мардум инро шунида, ба назди онҳое, ки фақеҳ мехонанд, рафтанд ва хоҳиш карданд, ки дар бобати ҷанг кардан ё накардан ба онҳо фатво диҳанд. Лекин онон ҷангиданро манъ карда, гуфтанд: «Агар Хониён (бо Сомониён) дар роҳи дину мазҳаб низоъ медоштанд, бар зидди онҳо ҷангидан савоб мебуд. Чун ҳоло байни онҳо дар талоши неъмати дунё задухӯрд ба амал омадааст, худро нобуд кардан ва сар ба теғ додани мусулмон гуноҳ аст. Тариқи зиндагии ин мардум (яъне Хониён.– Б. Ғ.) хеле хуб ва эътиқоди онҳо бенуқс аст, (бинобар ин) беҳтар аст (аз ҳама гуна мудохила) худдорӣ кард». Ин буд яке аз сабабҳои асосии ҳокимиятро ғасб кардани Хониён ва фирору нузули Сомониён».[31] В.В. Бартолд дар вақташ дуруст қайд карда буд: «Дар бораи ягон муқовимате, ки дар вақти аз Исфиҷоб ба Самарқанд ва Бухоро ҳаракат кардани Буғрохон ва ҳангоми пойтахти Сомониёнро ишғол намудани ӯ ба амал омада бошад, (дар сарчашмаҳо) чизе гуфта намешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки мардуми аз низову кашмакашҳои доимӣ бисёртар азиятдида ба табаддулоти сулолавӣ хунсардона ва бепарвоёна назар намудааст.[32] Ба ҳамин тариқ, давлати сомонӣ тамоман аз байн рафт.

Чунон ки дар ҷараёни воқеаҳои ин боб мушоҳида карда шуд, пеш аз ҳама, муборизаҳои тунду тези синфӣ ва инчунин муқобилатҳои байни феодалон ва ҳукумати марказӣ, носозиҳои миёни подшоҳони сомонӣ ва саркардаҳои ҳарбии турк, зиддиятҳои байни намояндагони дарбор ва маъмурони девонҳо, ки рӯз то рӯз шадидтар мегардиданд, давлати сомониро заиф намуда, ба дараҷае оварда расонданд, ки дар охирҳои асри Х аз иқтидори он танҳо номе боқӣ монда буд.

Дар чунин як шароите, ки феодалони маҳаллӣ нисбат ба ҳамдигар душманона рафтор намуда, бар зидди иқдомоти ҳукумати марказӣ бо яроқу аслиҳа мубориза мебурданд ва аз итоат саркашӣ мекарданд, албатта, Сомониён барои дафъи ҳуҷуми истилогаронаи хориҷӣ ҳеҷ як қувваеро пеш гузошта наметавонистанд Оммаи халқи Мовароуннаҳр, ки аз андозҳои зиёд ба ҷон омада, борҳо ба муқобили Сомониён шӯриш карда буданд, низ онҳоро ҳимоя накарданд. Гвардияи турк, ки ягона такягоҳи тоҷу тахт ҳисоб меёфт, ақибгоҳи мустаҳкам надошт ва аз ин рӯ, ба дафъ кардани ҳамлаи душман оҷиз буд.

Ин аст, ки Сомониён ба ҳуҷуми хориҷӣ муқовимат карда натавониста, аз майдони сиёсат ва мамлакатдорӣ берун рафтанд.

  1. Rодирова Т., 1965, с. 138–147.

  2. Петрушевский И. П., 1966, с. 248–250.

  3. Barthold W., 1913, Бартольд В.В., 1966 в; Bouvat L., 1912; Sourdet D., 1959, I, р. 127–182.

  4. Барои тафсили воrеа[ои сиёсии а[ди То[ириён ва Саффориён ниг.: Бартольд В.В., 1963 б, с. 265; инчунин ниг.: Spuler В., 1952, в. 59 ва мобаъд.

  5. Шмидт А.Э., 1925, с. 127–137.

  6. Шмидт А.Э., 1925, с. 132–135.

  7. Доир ба ин [одиса[ои аxиб ниг.: Бартольд В.В., 1963 б, с.269; Sadighi G.H., 1938, р.287-305; Herzfeld E., 1948, s.138-152; Wright Е.М., 1948. р.124-131; Spuler В.,1952, s.62-67; Неъматов Н.,1957, с.140-150. Му[имтарин муло[иза[ои доир ба баъзе масъала[ои ба ин [одиса[о алоrамандро дар асари {еннинг метавон дарёфт: Henning W.В.,1965 а.

  8. Spuler В., 1952, 8. 68-69, 231-235.

  9. Bosworth С.Е., 1969 а.

  10. Петрушевский И.П., 1960, с. 36-37; Frye К. N., 1963, р. 238-241.

  11. Bosworth С.Е., 1969 b.

  12. Аз рeи баъзе маълумот Яъrуб мисгар буд. Дар забони араб мисгарро саффор мегe-янд. Номи силсилаи Саффориён низ аз [амин бармеояд. Амр наxxориро касб карда буд.

  13. Му[аммади То[ирb яке аз калонтарин феодалони он замон буд. Мадрак[ое боrb мондаанд, ки мувофиrи ша[одати он[о вай аз замин[ои дар Мозандарон доштааш rариб як миллион дирам фоида ба даст меовардааст (дар сурате, ки даромади умумии Мозандарон 13 миллиону 630 [азор дирамро ташкил мекард). Ниг.: Ибни Исфандиёр, 1320/1941, xилди I, с. 74.

  14. Бартольд В.В., 1963 б, с. 272–280; Bosworth С.Е., 1968.

  15. Семёнов А.А., 1954, с. 3 ва мобаъд.

  16. Давидович И.А., 1954, с. 78–79.

  17. Бартольд В.В., 1963, б с. 281.

  18. Давидович Е.А., 1954, с. 71–77.

  19. Uафуров Б.U., 1958, с. 53–54.

  20. Табарb, III, 2194.

  21. Ибни Мисковай[, р. 10.

  22. Наршахb, нашри Те[рон, с. 105.

  23. Бартольд В.В., 1963 б, с. 285 ва мобаъд.

  24. Усули девон[о [анeз дар Эрони сосонb вуxуд дошт. Дар хилофати араб тарзи идора фаrат [амон ваrт xорb гардид, ки Аббосиён ба сари [окимият омада ва намояндагони аъёну ашрофи заминдори ма[аллb ба кор[ои давлат кашида шуданд (Мец А., 1966, с. 70-73; Spuler В., 1952, s. 337; Sourdel D., II 1960, р. 589-605).

  25. Бартолд тахмин мекунад, ки ин девон, э[тимол, бо «девони хироxи» Аббосиён мувофиrат дошта бошад (Бартольд В.В., 1963 б, с.289). Дар баробари ин, аз мавxу-дияти «девон-ул-хироx» дар идораи Сомониён низ маълумот додаанд. (Bosworth С.Е., 1963, р. 28).

  26. Аз э[тимол дур нест, ки му[имтарин вазифаи ин девон назорати политсиягb бошад (Spuler В., 1952, s. 335-336; Bosworth С.Е., 1963, р. 29).

  27. Аз калимаи арабии «ишроф» («назорат аз xои баланд»). Бинобар ин аrидае [аст, ки ин девон ба воrеънависии дохилb, яъне xосусb машuул будааст (Bosworth С.Е., 1963, р. 29).

  28. Bosworth С.Е., 1963, р. 29, 270. Дар рeйхати Наршахb аз он сабаб девони [арб зикр наёфтааст, ки ин девон xои доимb надошта, бо rувваи асосии лашкар [аракат мекардааст.

  29. Муфассалан ниг.: Fasmer R., 1925; Беленицкий А.М., 1950 а, с. 124–126.

  30. {усайн ибни Алии Марвазb бо хилофати Фотимиён, ки аз тарафи исмоили[о идора мешуд, алоrаманд буд, вале e дар манбаъ[ои таърихb одатан rарматb номида шудааст. Истеъмоли тазодии истило[оти «исмоилb» ва «rарматb» дар сарчашма[о ба сабаб[ои зайл сурат ёфтааст. Дар ваrти xанги зинxи[о ва шeриши rармата дар охири асри IХ ду давлати нисбат ба хилофати Аббосиён хусуматдошта ба вуxуд омад: яке давлати rармата дар Ба[райн ва дигаре хилофати Фотимиён дар Маuриб, ки баъдтар Мисрро [ам забт намуд. Сохти xамъиятb ва идеологияи ин ду давлат гуногун буд, аз xумла, дар масъалаи [окимият байни он[о тафовути xиддb вуxуд дошт. Rармати[о дар ваrти шeриш ва баъдтар [ам, [ангоми тохтутоз[ои худ, ки соли 930 Маккаро забт карда «санги сиё[»-и муrаддасро бо худ бурданд, [амчун бидъатгузорони аз [ама xасур ва xангxe дар тамоми шарr ном бароварданд. Дар аср[ои Х–ХI, ки Фотимиён ва rармати[о якxоя бар зидди хилофати Аббосb мубориза мебурданд, манбаъ[ои ма[камэътиrоди ислом аксар ваrт мубаллиuони исмоилии Мисрро «rарматb» меномиданд. Чун исмоили[о худро тарафдори Алb ва авлоди e ме[исобиданд ва rармати[о [ам таълимоти зо[иран ба шиа монандро пайравb мекарданд, он ваrт[о истило[и «rарматb» маънии умумии «а[ли бидъат», «муборизи

    зидди маз[аби [анафии суннb», инчунин «шиb» ва «рофизb»-ро [ам ифода мекард (муфассалан ниг.: Заходер Б.Н., Бертельс А.Е., 1959, с.52 ва мобаъд; Петрушевский И.П., 1966, с. 280 ва мобаъд).

  31. Розен В., 1888, с. 275.

  32. Бартольд В.В., 1963 б, с. 319–320.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *