Фанни Таърихи точикон

Заминдории феодалӣ. Аҳволи оммаи халқ дар Аморати Бухоро

Усули заминдории феодалӣ дар охири асри ХVIII-нимаи аввали асри ХIХ, умуман ҳамон тавре ки дар замонҳои гузашта буд, боқӣ монд.[1] Вале бо вуҷуди ин, баъзе тафовутҳо дар истилоҳот ва сохти заминҳои хусусӣ ба миён омаданд, ки он ҳам дар ҳар маҳал гуногун буда, дар давоми ҳамин давраи мавриди баҳс низ ба дигаргунӣ дучор мешуданд. Ин масъала хеле мураккаб аст ва ба миқдори зиёди тадқиқот нигоҳ накарда, бисёр ҷиҳатҳои он мӯҳтоҷи омӯзиш мебошад.[2]

Дар ҳаёти иҷтимоии ин давр усули танхоҳ –тариқи хизматона ба шахсони ҷудогона инъом намудани қитъаи замин, як ва ё якчанд деҳ ва ҳатто вилояти тамом, ки даромади он комилан дар ихтиёри танхоҳдор буд, мавқеи муҳим дошт. Баъзан соҳиби танхоҳ ғайр аз молиёте, ки ба фоидаи худ ҷамъ мекард, музде ба маблағи муайян аз хазинаи амир низ дарёфт менамуд. Танхоҳ метавонист, на ин ки тамоми даромади солонаи замин, балки як ҳиссаи онро ташкил намояд. Дар баъзе мавридҳо ин ба худ бидуни инъоми замин як навъ шакли нафақаи пулиро мегирифт.

Усули танхоҳ аз оғози ҳукмронии сулолаи Манғития ба таври васеъ ҷорӣ гардид. Ба қавли Ф. Ефремов (солҳои 70-уми асри ХVIII) «ба оқсаққолони калон ивази мавоҷиби пулӣ ва ғалла замин дода мешавад, ки аз он мадохили бузурге ба даст медароранд».[3]

Амир Насрулло ҳамчун падари худ дар ҷойҳое, ки исёни қабилаҳои ҷудогона ва шӯриши халқҳо рӯй медод, «аксари умарои элдор ва номварро ба замин нишонид».[4] Дар яке аз фармонҳои амир ҳайдар дар бораи таъин кардани ҳокими вилояти Нурато ва ҳам дар хусуси он ки ӯ бояд хироҷи ҷамъоваришавандаро ба эҳтиёҷоти қӯшун сарф намояд, сухан меравад.[5] Аммо дар бораи ба хазинаи давлат супурдани қисми боқимондаи хироҷ чизе гуфта нашудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки вай ҳамчун як навъ танхоҳ ба ҳоким инъом шуда бошад.

Аксар вақт минтақаҳои на чандон калон ба тариқи танхоҳ ба шахсони гуногуни соҳибмансаб, аз он ҷумла, ба сипоҳиён инъом карда мешуданд. Миқдори танхоҳдорон дар чоряки аввали асри ХIХ фақат дар аморати Бухоро аз 12 то 36 ҳазор нафар ба шумор мерафт. Агар танхоҳдор ба ҷои дигар кӯчад, танхоҳи нав дода мешуд. ҳаҷми танхоҳ ба рутбаи шахс алоқаманд буд: соҳибони рутбаи поинтари ҳарбӣ аз 3 то 5 гектар замин мегирифтанд, аммо шахсони олирутба, аз қабили саркардаҳо як деҳаи тамомро бо садҳо гектар замин, осиёб ва дигар дороиҳояш ба даст медароварданд.[6] Агар писар мансаби падарро ишғол намояд, ба танхоҳи ӯ низ соҳиб мешуд. Гоҳо пас аз марги танхоҳдор замини инъомии ӯ ба ворисони бепарастормондааш низ тақдим мегардид. Аз баъзе санадҳо бармеояд, ки он вақтҳо тамоюли меросӣ гардонидани усули танхоҳ вуҷуд доштааст.

Дар мулкҳои кӯҳистонии Бухорои Шарқӣ танхоҳ дорои хусусиятҳои ба худ хосе буд. Дар ин ҷо на замин, балки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба танхоҳ дода мешуд. Шахсони поинрутба чанд хоҷагиро, вале бӣ, додхо ва соири амалдорони баландрутба ҳар яке чанд деҳаро бо садҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сифати «танхоҳ» инъом мегирифтанд. Онҳо ҳар сол ба ҳиссаи маълуми ҳосилоти деҳқонӣ соҳиб гардида, дар айни замон, аҳолии деҳаҳои зердасти худро ба корҳои хоҷагии шахсии худ низ ҷалб менамуданд ва ба ҳар роҳе, ки метаво-нистанд, истисмор мекарданд. Аз ин сабаб ба танхоҳи гузаштани хоҷагиашон ба деҳқонон ниҳоятдараҷа рӯзҳои сахтеро пеш меовард.

Таассуби динӣ, ки аз замони ҳукмронии Шоҳмурод сар карда, хеле қувват гирифта буд, ба вусъат ёфтани заминҳои вақф роҳ кушод. Дар заминҳои вақф кор кардан низ барои деҳқонон пурмашаққат буд. Зеро онҳо дар заминҳои вақф тамоми сол аз субҳ то шом кор карда, танҳо аз чор ва ё аз панҷ як ҳиссаи ҳосилотро мегирифтанд ва бештар ба мутаваллиҳо вобаста шуда, озодии худро аз даст медоданд. Ба таври васеъ ҷорӣ гардидани усули танхоҳ ва ба фоидаи танхоҳдор ҷамъоварӣ шудани молиёт, ҳамчунин вусъат ёфтани заминҳои вақф ба даромади хазинаи давлати хонӣ таъсир накарда наметавонист. Ин буд, ки амир Насрулло усули ярғу – мусодираро ба роҳ андохт.[7]

Дар Бухоро ҳаҷм ва миқдори андозҳо торафт меафзуд. Дар аҳди амир Музаффар (1860–1885) кор ба дараҷае расид, ки на фақат аз замини зироат, балки аз замини нокорам низ хироҷ меситониданд ва дар ин маврид чунин баҳонаеро пеш меоварданд, ки гӯё ки ин замин ба сабаби камҳавсалагии деҳқон нокишта мондааст.[8]

Аз боғу токзор, кишти юнучқа, полиз ва обчакорӣ андозе ба номи «танобона» ситонида мешуд. Дар ибтидои асри ХIХ амирони Бухоро ба ҳар таноб замин маблағе муқаррар намуда, хостанд ин навъ андозро ба хироҷи расмии замин табдил диҳанд. Дар номаи амир ҳайдар соли 1807–1808 чунин гуфта шудааст: «…аз ҳар таноб ба маблағи як тилло танобона гиред. Агар (соҳиби он) ба додани як тилло розӣ нашавад, он гоҳ ба тариқи мол сеяки ҳосилро ситонед[9]. Соли 1860 дар вилояти Самарқанд тақрибан сеяки хироҷ бо пул пардохта шуд.[10] Дар хонии Хӯқанд дар миёна ва нимаи дувуми аср танобона қариб тамоман ба шакли пул рӯёнда мешуд, ки ба ин ваҷҳ онро «танобпулӣ» мегуфтанд. Дар ин ҷо аз токзор назар ба обчакорӣ дувуним баробар зиёдтар андоз ситонда мешуд.

Дар маҳалҳои гуногуни аморати Бухоро ҳаҷми хироҷ як хел набуд. Баъзан вай ҳаҷми муайянеро дошт: масалан, аз ҳар таноб замини кишт як тангаву севуним килограммро ташкил мекард. Дар мавриди дигар як танга дар баҳор ва дар тирамоҳ як тангаву 6,5–7 кг ғалла ситонда мешуд. Тарзи дигари пардохтани танобона ҳиссаи ҳосилот ба шумор мерафт: чунончи, 2/5, 1/3, 1/5, 1/6, 1/8 қисмати ҳосилро хироҷ ташкил менамуд. Вале ҳокимон аксаран ҳаҷми хироҷро то нисфи ҳосил мерасониданд. Масалан, дар солҳои 1842–1843 хироҷи замин дар давлати хонии Хӯқанд, ки одатан ба ҳаҷми сеяки ҳосил рӯёнда мешуд, то нисфи ҳосил афзун гардид. Яке аз ҳокимони Тошканд андози заминҳои зироатро 2,5 баробар ва дар баъзе маҳалҳо 3–4 баробар зиёд кард. Дар ҳудуди асрҳои ХIХ ва ХХ тамоюли то 40% ҳосил афзудани ҳаҷми хироҷ дар аморати Бухоро низ мушоҳида мешавад »[11]

Рӯидани ҳосили фаровон боиси хушнудии деҳқон намегардид, зеро дар натиҷаи ин ҳаҷми андоз ҳам меафзуд: масалан, аз даҳ ботман ҳосили гандум деҳқон мебоист чор ботманашро ва аз ҷав ҳатто панҷ ботманашро ба хироҷ диҳад. Соҳиби замин пас аз даравидани ҳосил ғалларо кӯфта, ба хирман мерехт. Ҷамъкунандагони хироҷ ба сари хирман омада, як қисми ғалларо барои имоми масҷиди маҳалла ҷудо мекарданд. Агар хироҷ аз панҷ як ҳиссаи ҳосилро ташкил диҳад, бақияи ғалларо ба панҷ ҳисса тақсим карда, аз ҳиссаи деҳқон (ё заминдор) миқдори муайянро барои саркор, мироб, оқсаққол ва мирзо мегузоштанд. Мабодо деҳқон то омадани ҷамъкунандагони хироҷ ба хирман даст расонида бошад, тамоми ҳосилро мусодира карда, худи деҳконро сахт ҷазо медоданд. Аксар вақт ҷамъоварии хироҷро ба ягон шахс ба орият мефурӯхтанд ва он шахс аз деҳқон маблағи боз ҳам зиёдтареро «фишурда» мегирифт[12].

Дар аморати Бухоро вақти даравро на ин ки худи деҳқон, балки амлокдор (қаламрави бекҳо ба амлокҳо тақсим мешуд) муқаррар менамуд – вай дар ҳама ҷо дар як вақт шурӯъ мегардид. Ба пухта рехтани донаҳои гандум касе парво надошт. Агар дарав баробар дар як вақт сар шавад, ба ҳифзи ҳосил назорат кардан барои амлокдор осонтар буд. Бандҳои гандумпояро дар майдони дарав ғарам карда мемонданд. Амлокдор ба воситаи ходимонаш – доруғаҳо хурдагирона назорат мекард, то ки деҳқон ягон мушт ғалларо ба хонааш набарад.

Доруға баъди аз назар гузаронидани ғарамҳо барои кӯфтан иҷозат медод. Ғаллаи кӯфта ва боддодашуда «нишон зада мешуд»: «таки хирман ва чанд ҷои болои онро аз паҳлӯҳояш гил мемолиданд ва доруға дар нӯки он бо аломатҳои худ як пора кулӯх мегузошт. Ғалла муддати дароз дар хирмангоҳ мехобид, деҳқонҳо гуруснагӣ мекашиданд, аммо дар ҳамин вақт амлоқдор ва муқаррабонаш ҳосили замини худро бо нархҳои хеле гарон ба фурӯш мерасониданд. Ниҳоят, пас аз гирифтани пешкаш, амлокдор бо аҳли рикобаш ба сари хирман меомад. Миқдори ғалларо бо тахмини худ ошкоран аз будаш зиёд муайян мекард ва хироҷро ҳам ба қиёси тахмини амлокдор муқаррар менамуданд. Гоҳо чунин ҳодиса ҳам рӯй медод, ки деҳқон ва ё оқсаққол ба тахминан аз будаш зиёд муайян кардани ҳосил муқобилат мекарданд. Он гоҳ эътирозкунандагонро мезаданд ва ҳатто ба зиндон мепартофтанд. Амлокдор ҳосили замини касони соҳибнуфуз ва сарватмандро ба ивази ришва аз будаш хеле кам нишон медод. Албатта, ҳам дар аморати Бухоро ва ҳам дар давлатҳои хонии Хӯқанд ва Хева ҳар рутба амалдорон низ деҳқононро ғорат карда, насибаи худро мерӯёниданд».[13] Мақоми амлокдори Бухоро ё саркори Хӯқанд бағоят сердаромад буд. «Мадохили» ҳарсолаи саркорони Хӯқанд дар нимаи дувуми асри ХIХ 10–15 ҳазор сӯмро ташкил менамуд.

Вақте ки андозҳо ба шакли пул ситонда мешуданд, амир нархи маҳсулоти зироатро муқаррар менамуд. Усулан, вай мебоист ба нархи бозор баробар меомад, вале амалан онро хеле баланд мебардоштанд.

«Дар натиҷаи ин гуна андозғундорӣ деҳқононе, ки дар асл дар вақти андозандозӣ тороҷ дида буданд, дар вақти пардохтани пули андоз тамоман хонавайрон шуданд ва маҷбур гардиданд, ки баъзеҳошон заминҳошонро бо нархи арзон ба бойҳо фурӯхта, баъзеҳошон ҳайвоноти корӣ ва асбоби хонаашонро фурӯхта пули андозро диҳанд. ҳатто баъзе деҳқонон маҷбур шуданд, ки писару духтарҳошонро ба бойҳо фурӯхта, «қарзи ҳукумат»-ро адо намоянд, ё ин ки духтарҳошонро бо номи «духтархона» ва писарҳошонро бо номи «ғуломбача» ба ҳукумат ба ҷои андоз баҳо карда диҳанд».[14]

Аҳволи корандагони замин боз ҳам бадтар буд. Онҳо, одатан, бояд то сеяки ҳосилро мепардохтанд, вале чунин расм гардида буд, ки барои корандагон фақат аз панҷ як ҳисса ҳосил боқӣ мемонд (ҳиссаи ҳосиле, ки коранда мегирифт, ҳамчунин вобаста ба он буд, ки ӯ бо чорво ва олоти худ кор кард ва ё аз они хӯҷаинро истифода намуд). Ба замми ин, ҳиссаи коранда аз қисмати баъди адои хироҷ мондан ҳосил муайян карда мешуд. Соли 1843 дар ноҳияи Бухоро Идрисбой ном шахс аз мулки Мулло Фозилҷон қитъаи заминеро ба иҷора гирифт. Дар аҳднома чунин гуфта шуда буд: «…ба ӯҳда мегирам, ки ин заминро пору дода, шудгор карда, хуб кишт мекунам, боғоту дарахтонро парварида, сабзу хуррам нигаҳ медорам. Аз тамоми ҳосилоте, ки аз 14 таноб замини зикршуда мерӯяд, нисфаш аз они ман ва нисфи дигар аз они Фозилҷони номбурда хоҳад буд. Гуфту фармони Мулло Фозилҷонро бечунучаро ба ҷо меорам ва ҳар вақт, ки саҳлангорӣ карда, дар ин замин кор накунам, бигузор замини зикршударо аз ман пас бигиранд…».[15] ҳамчунин ду дафъа ситонидани хироҷ ба таомул даромада буд: бори аввал аз тамоми ҳосилот ва бори дувум аз ҳиссаи корандаи замин, ки маҷбур буд ҳамаи супоришоти соҳиби заминро бегуфтугӯ иҷро намояд. Хусусан, вақте ки корандагон дар ихтиёри иҷорагирони замин кор мекарданд, ҳоли боз ҳам табоҳтаре ба сари онҳо меомад: иҷорагирони қитъаҳои калони замин аз онҳо ба фоидаи худ ҳиссаи иловагии ҳосилро «фишурда» мегирифтанд. Иҷорагири замин на фақат деҳқонони ҷудогона, балки як гурӯҳ деҳқононе ҳам буданд, ки заминро шарикона (пайкол) киштукор мекарданд. Ин тариқа ширкатҳо аз он сабаб ба вуҷуд омада буданд, ки аксари деҳқонон ҷуфти гов ва олоти кишоварзӣ надоштанд. ҳиссаи пайкол дар байни ширкаткунандагони он аз рӯи саҳми молӣ тақсим карда мешуд. Дар натиҷа узви бенавотари пайкол, ки арақи ҷабин рехта кор мекард, қути лоямутеро соҳиб мегардид.

Дар қатори деҳқонон, безамин мардикорон ҳам буданд, ки мавриди истисмори сахт қарор гирифта, музди ночизе ба даст меоварданд.

Деҳқонон бисёр андозҳои иловагӣ низ мепардохтанд. Монанди «миробона» (барои обёрии замин), «алафпулӣ» (барои юнучқазор), «қӯшпулӣ» (барои ҷуфти гов), «яксарӣ» (барои ҳар сари чорво, аз қабили асп, хар ва барзагов), инчунин барои чидани ҳезум, гузаштан аз пул ва ғайра андозҳои нав пайдо шуда, аҳволи гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи мамлакатро боз бештар вазнин мегардонид. Чунон ки А.А.Семёнов дуруст қайд мекунад, «…боре, ки ба дӯши деҳқони азиятдидаи Бухоро гузошта мешуд, дарвоқеъ ҳам тоқатфарсо буд»[16]

Барои аҳолии кӯчӣ ва нимкӯчӣ молиёти аз ҳама миёншикан «закот» ба шумор мерафт. Ин навъ молиёт аслан мебоист аз чил як қисми чорворо ташкил медод. Аммо амалан тамоман таври дигар буд. Ба қавли яке аз шоҳидон, ҷамъ кардани закот «… дар Хӯқанд бо чунон сӯиистеъмолҳо сурат мегирифт, қирғизҳои он ҷо ҳар сол қариб аз бист як қисмати чорвои худро медоданд»[17].

Дар миёнаҳои асри ХIХ закотро бештар ба шакли пул мегирифтагӣ шуданд. Сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар давлати хонии Хӯқанд ҷамъ кардани закот ба як навъ азимати низомии омилони хироҷ ба нишемангоҳи қирғизҳо табдил ёфта буд. Қирғизҳо ҳар гоҳ ба муқобили ҷамъкунандагони закот сар мебардоштанд. Дар ин сурат дастаҳои калонтари низомӣ фирис-тода, ғайр аз закот «амонпулӣ» ҳам меситонданд.[18]

Ба деҳқонон лозим меомад, ки маҷбуриятҳои гуногунро низ адо намоянд. Яке аз маҷбуриятҳои хеле вазнин ҳашар буд. Ин истилоҳ дар он замон корҳои маҷбуриеро, ки деҳқонон бояд иҷро мекарданд, ифода менамуд. Сохтан ва таъмир кардани каналҳо, иншоотҳо, роҳҳо, инчунин киштукор ва ниҳолшинонӣ дар заминҳои амир ё хон аз ҳамин қабил корҳо ба шумор мерафт. Гоҳо дар як ҳашар то 10 ҳазор кас иштирок мекард. Деҳқонон вазифадор буданд, ки ба ҳашар бо хару асп, ароба ва асбобу абзори худ ҳозир шаванд. Дар хонии Хӯқанд муқаррар гардида буд, ки ҳар як деҳқон бояд се рӯз дар ҳашар ширкат менамуд, хӯроки одамон ва хошоки чорворо хон ба зиммаи худ мегирифт. Албатта, харҷи хон аҳёнан риоят мешуд. Ба ҳар ҳол, бисёр далелҳои воқеа мавҷуданд, ки дар мулки Шаҳрисабз деҳқонон ҳангоми ҳашар аз ҳисоби худ хӯрок мехӯрданд ва дар Қаротегин муддати ҳашар то 15 рӯз мекашид. ҳашар ҳам як воситаи фоидаи иловагӣ ба даст овардани амалдорони амир гардида буд. Инро устод С. Айнӣ дар тасвири ҳашари канали тумани Шофирком хеле хуб нишон додааст[19].

Ба замми ин хироҷу маҷбуриятҳои маъмул боз бисёр андозҳои дигар низ мавҷуд буданд. Онҳо махсусан дар давраи амалиёти ҳарбӣ вусъати зиёда пайдо мекарданд. Яке аз ҳамин қабил андозҳои фавқулодда ҷул буд, ки пардохтани он барои аҳолӣ хеле гарон меафтод. Як муаллифи мӯътабари рус дар дар бораи хонии Хӯқанд дар овони ҳамроҳ шудан ба Россия чунин навиштааст: «…дар вақти ҷанг ва ё бо майли хон ё худ бекҳо фуқаро ба додани боҷу хироҷҳои аз ҳад зиёд маҷбур карда мешаванд, дар ин вақтҳо аз маврид истифода бурда дуздӣ мекунанд ва барои ҳамин ҳам аз мардум ба ҳаҷми зиёдтар (молиёт) меситонанд, оқсаққоли деҳ ё маҳалла медуздад, ҷамъкунандаи хироҷ медуздад, бек медуздад, хазинадори хон медуздад, хон фақат бо ҳамин қаноат мекунад, ки миқдори таъинкардаи ӯ пурра ҷамъ оварда ва супурда шавад»[20].

Дигар аз андозҳои аз ҳама гаронтарин «чӯбпулӣ» буд. Вай ҳатто аз янтоқ ҳам гирифта мешуд. Аҳолии хонии Хӯқанд бе иҷозати амалдор ҳатто хори дар саҳро рӯидаро ҳам наметавонист ҷамъ кунад.

Дар мулкҳои кӯҳистонии Бухорои Шарқӣ аҳолиро маҷбур мекарданд, ки барои ҳокимон ва амалдорон ҳезум тайёр созанд.

Дар Хӯқанд давлат ҳатто аз ақди никоҳ ва тақсими мерос ё хоҷагӣ низ андоз мегирифт (дар вилоятҳои дигар ин навъ андозро ба қозӣ медоданд). Аз осиёб ва ҷувоз, ҳамчунин дар сари пул ва гузаргоҳҳо барои бор ва чорво «боҷ» ситонда мешуд. Аҳолии шаҳру деҳот дар вақти чизеро фурӯхтан ғайр аз «закот» (аз чил як ҳиссаи нархи мол) андози иловагии бозор «тагиҷой»-ро ҳам мепардохтанд. Умуман ва дар мавридҳои махсус ба фоидаи ҳукумати маҳаллӣ андоз ҷамъ карда мешуд, зимнан ба ҳамаи намояндагони ҳукумат пул додан лозим меомад. ҳамчунин барои рӯҳониён ва масҷидҳо андозҳои гуногун вуҷуд доштанд, хусусан «даҳяк» ё «ушр» ба андоздиҳандагон гарон меафтод[21].

Дар яке аз манбаъҳои хаттии Хӯқанд чунин хабар дода мешавад: «Дар Хӯқанд аз қадимулайём одате ба таомул даромада буд, ки мутобиқи он уламо, қозиҳо, сипоҳиён ва навкарон аз додани хироҷ ва андози танобона аз боғи ангур, кишти юнучқа ва дарахтзорашон озод буданд». Вале, азбаски танобона андози муайян буд, дар соли фаровонҳосилӣ ҳиссаи аз ҳадди эътидол изофан ҳосил гирифта мешуд[22].

Ҷамъоварии андозро аксар вақт ба иҷорадорон вомегузоштанд. Ба қавли А.К.Гейнс дар давлати хонии Хӯқанд, ки ҷабру ситам, бедодгарӣ ва худсарӣ ҳукмфармо буд, «…ин тариқа ҷамъ кардани андоз барои мавриди истисмори бетартибона, боздоштанашаванда ва аз назорат берун қарор гирифтани халқ баҳонае мегардид [23]. Ин ҳодисаро ба аморати Бухоро ва давлати хонии Хева ҳам нисбат додан мумкин аст [24].

Зикри тамоми хироҷу молиёт ва маҷбуриятҳои махсусе, ки дар вилоятҳои мухталифи Осиёи Миёна маъмул гардида буданд, дар ин баёни мухтасари мо ғунҷоиш нахоҳанд ёфт. Хироҷу молиётҳои иловагӣ ва маҷбуриятҳои гуногуни меҳнатӣ, алалхусус, дар Бухорои Шарқӣ ҳадду ҳисоб надоштанд.

Чунин буд аҳволи гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи деҳот. Аммо вазъи зиндагии шаҳриён аз ин беҳтар набуд. Аз дасти ҳукмронони ҳарису озманд на фақат аҳолии оддии шаҳр, балки табақаҳои давлатманд ва боиститоат, аз ҷумла, тоҷирон ҳам азият мекашиданд. Мувофиқи суханони яке аз шахсони бомаърифати Хуҷанд, ки соли 1824 гуфтааст, фақат ононе, ки дар хидмати амир ё ҳоким мартабаҳои баландро соҳиб шудаанд ва ҳам ҷамъкунандагони андоз аз ҳоли худ қонеанд[25]. Чунон ки муҳаққиқи бо вазъияти Осиёи Миёна ба хубӣ шиноси рус дар миёнаҳои асри ХIХ навиштааст: «…худи халқ дар ниҳояти қашшоқӣ ва мазлумӣ зиндагӣ ба сар мебарад», аммо давлатмандон «дороии худро аз соҳибонашон (ҳокимон–Б.Ғ.) пинҳон мекунанд, ки ба ҳирси онҳо нарасанд, то дар ноомади кор мавриди ғорати онҳо қарор нагиранд, зеро ин соҳибон… аслан бедодгаранд, аз чизе андеша намекунанд, худсарона ва бевиҷдонона ба дороии тобеонашон ихтиёрдорӣ менамоянд» [26]. Худи ҳаёти одамӣ ҳам, ба таъбири шоири файласуф Абдулқодири Бедил «бар сари мижгон чу ашк истода» буд, зеро зулму истибдод ва бедодгарӣ ҳадду ҳисоб надошт ва мумкин буд, ки ҳар касе бидуни таҳқиқ ва ҳукм ба қатл расонида шавад.

Ба болои ин ҳама сахтиву талхиҳои рӯзгор хурофот ва таассуб ҳукмфармоӣ мекард. Чунончи, дар давлати хонии Хӯқанд ҳангоми сохтмони канал об қитъаеро рахна карда, ба роҳи дигар ҷорӣ шуд. Амалдорони хон, ки ба кори сохтмон назорат мекарданд, аз байни коргарон ҳамаи касони «Тӯхтасин» номдоштаро даъват карда, фармуданд, ки онҳоро зинда ба замин гӯронанд, то роҳи ҷараёни об боздошта шавад [27].

«Дар вақти баҳо додан ба вазнинии андозҳо,– гуфтааст К.Маркс,– чандон маблағи муқаррарии онро не, балки тарзи ситондан ва харҷ кардани андозҳоро бояд дар назар гирифт. Тарзи ситондани андозҳо дар ҳиндустон нафратовар аст ва агар ба тариқи мисол хироҷи заминро гирем, дар натиҷаи тарзи мавҷуда, аз эҳтимол дур нест, ки маҳсулот аз ҷамъоварӣ дида бештар нобуд мегардад. Он чӣ оид ба харҷи андозҳои ғундошташуда бошад, гуфтан кофист, ки ягон ҳиссаи он дар шакли биноҳои судманди ҷамъиятӣ, ки назар ба ҳар ҷои дигар, барои кишварҳои Осиё заруранд, ба халқ барнамегардад»…[28] Ин суханони пурарзиш барои Осиёи Миёна низ комилан мутобиқат доранд. Даромади солонаи замин, хироҷу молиёти ҷамъшуда ҳама тамоман барои афзудани сарвати синфи феодалон, барои таъминоти дастгоҳи идораи давлат, ки олати истисмор ва ғорати мардум буд, барои қувваҳои аскарӣ, ки ҳамчун олоти фурӯ нишондани норизоятии оммаи халқ хизмат мекард, сарф мешуд.

  1. Дар ин хусус ниг.: Брагинский И.С, Раxабов С.А., Ромодин В.А., 1953, с. 25.

  2. Тавсифи зерин бештар ба далел[ои санаду васиrа[о (матбeъ ва номатбeъ), материал[ои архив, иттилооти пештар ва баъди ба Россия [амро[ шудани Осиёи Миёна додаи сайё[он ва rайд[ои этнографb (аз худи мо ва этнограф[о) асос ёфтааст. Дар илми советb ба омeзиши ин масъала Бартолд В.В. ва хусусан Семёнов А.А. (1929, 1954 а) ибтидо гузоштанд. Ин масъала дар асар[ое, ки хусусияти xамъбастb ва умумb доранд, [амчунин дар тадrиr[ои махсус бор[о мавриди баррасb rарор гирифтааст, аз xумла ниг.: Абдура[имов М.А., 1961; Ба[ромов З., 1957; Искандаров Б.И., 1960, 1962; Юлдошев М.Ю., 1959; Кисляков Н.А., 1940, 1954, 1967; Мирзоев К.М., 1954; Му[синова К.3., 1969; Мухторов А., 1964; Плоских В.М., 1968; Ра[имов М., 1957; Сухарева О.А., Бекxонова М.А., 1955; Троицкая А.Л., 1969; Усенбоев К., 1961; {амроев М., 1959; Чехович О.Д., 1961; Очерк[ои этнографb, 1969; Юсуфов Ш.Т., 1964 ва u.

  3. Ефремов Ф., 1950, с. 18, 27.

  4. А[мади Дониш, 1967, с. 39.

  5. Ин [уxxат дар китоби Абдура[имов М.А., 1961, с.100, ([уxxати 690) оварда шудааст.

  6. {уxxат[о, 1954, с. 209-217. Инчунин ниг.: Вяткин В.Л., 1928, с. 17.

  7. Айнb С., 1966, с. 40

  8. А[мади Дониш, 1967, с. 87.

  9. Абдура[имов М.А., 1961, с. 45, 95 ([уxxати 483). {амчунин барои сол[ои 20-ум низ сабт гардидааст — ниг.: Краткое описание, 1823, с. 7. Аз рeи гуфта[ои Радлов В. В, ки [амро[и reшун[ои рус будааст, дар ваrти истилои [укумати подшо[b танобонаро фаrат ба шакли пул меситонидаанд (Радлов В.В., 880, с. 92).

  10. Бунаков Е.В., 1960, с. 98.

  11. Ниг.: Айнb С., 1960, с. 182; инчунин Чехович О.Д., 1961; Мe[синова К.З., 1969.

  12. Семёнов А.А., 1929, с. 12-25; Семёнов А.А., 1960, с. 999-1000; Абдура[имов М.А., 1961.

  13. Дар бекии Reрuонтеппа (дар ибтидои асри ХХ) бек аз [ар ботман (16 пуд) барои худ як пуд, мироб аз [ар як хирман якуним пуд, доруuа аз хирман чор пуд, амлокдор аз [ар ботман як пуд мегирифтанд (Гавеский П., 1919–1923, с. 65)

  14. Айнb С., 1960., с. 88.

  15. {уxxат[о, 1954, с. 192-193 ([уxxати 42).

  16. Семёнов А.А.,1960, с. 1000. Uайр аз андоз[ои зикршуда бисёр хироxу маxбурият[ои дигар низ вуxуд доштанд — хуxxат[о ба ин ша[одат меди[анд — ниг.: Ягонb А. I, 1968, с. 29-30.

  17. Обозрение…, 1849, с. 209.

  18. Плоских В.М., 1968, с. 107-111.

  19. Айнb С., 1960, с. 77–78.

  20. Хорошхин А.П., 1876, с. 45.

  21. {укумат дар амал оидоти ин навъ андозро ба маrсад[ои гуногун харx менамуд. Ниг.: Иванов П.П., 1940, с. 28, 98–99.

  22. Набиев Р. Н., 1961, с. 38–39; инчунин ниг.: Ягонb А.А., 1968, с. 16 (№ 36). Дар бораи чунин расм дар хонии Хева. Ниг.: Иванов П.П., 1940, с. 28.

  23. Гейнс А.К., 1898, с. 720–721. Дар бораи ба иxора додани xамъоварии андоз инчунин ниг. Обозрение., 1849, с. 208, 216.

  24. Роxеъ ба зулми феодалb дар хонии Хева – ниг.: Кун А.Л., 1873 а,1873 б; Иванов П. П., 1937 б, 1940, с. 26–29, 51–121; Юлдошев М.Ю., 1959,1966; {уxxат[о, 1967, с. 25–55, 79–296.

  25. Набиев Р.Н., 1961, с. 40.

  26. Иrтибос аз Халфин Н.А., 1960, с. 24.

  27. Набиев Р.Н., 1961, с. 41. Дар бораи rурбонb кардани одамон [ангоми каналсозb ва пайдоиши ин одати хурофb ниг.: Богомолова К.А., 1952, с. 112–115.

  28. Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 12, с. 531–532.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *