Фанни Таърихи точикон

Давлати Кушон

Давраи аввали давлати Кушон

Дар Осиёи Миёна ва инчунин дар ноҳияҳои ҷануби он – то худи хоки шимолу ғарби Покистон бисёр вақт тангаҳое ёфт мешаванд, ки дар онҳо аз миён боло сурати марде тасвир шудаасту он мард дар сар пешонабанди подшоҳӣ – диадема дорад. Мӯи сари мард мавҷ зада, хеле дароз шудаанду ҳатто гӯшҳояшро панаҳ кардаанд. Сурати аз миён болои мард ба доирае гирифта шудааст, ки аз доначаҳои арзанмонанди пайваста таркиб ёфтааст. Дар қафои танга сурати саворае менамояд, ки ба тарафи рост рафта истодааст. Дар миёни савор горити дароз (ғилофи камон) ҳамоил мебошад. Дар пушти сари савор олиҳаи зафар – Ника дар парвоз аст. Маълум, ки асп қадам мезанад, зеро пои чапи пешашро бардошта истодааст. Савор болои зин озодона нишаста, ба тарафи нигаранда тоб хӯрдааст, ба ин сабаб тамоми танаш аз пеш баръало намоён буда, фақат сарашро андак гардондааст ва танҳо як бари рӯяш менамояд. Гарчанде танга ниҳоят хурд бошад ҳам, тамоми ҷузъиёти мӯйсару сару-либоси савор равшан намоён мебошад ва аз онҳо маълум, ки савор худи ҳамон подшоҳест, ки дар рӯи танга тасвир шудааст. Дар атрофи танга ба юнонӣ иборае сабт гардидааст, ки аз чор калима иборат мебошад. Маънои калимаи якум «ҳоким» аст ва дар ин маврид ҳамон калимаи юнонӣ истифода шудааст, ки аз калимаи «тиран» бармеояд ва дар он давра ин истилоҳро нисбат ба ҳукмроне кор мефармуданд, ки мустақил набуд, яъне ҳокими олӣ набуд.

Калимаи дувумро аксар вақт «Герай» мехонанд ва онро номи хоси юнонӣ мегӯянд, ки аз номи олиҳаи Юнон — Гера пайдо шудааст. Баъзан дар адабиёт ин номро ба тарзи дигар ҳам мехонанд (масалан, «Миай» ҳам мехонанд). Хондани калимаи севум ҷои баҳс надорад ва он ҳамоно «кушон» аст, калимаи чорумро аз афти кор, «санаб» хондан даркор. Ба ақидаи Е.А.Давидович, умуман хати рӯи танга бояд ин хел хонда шавад: «ҳокими Герай кушони Санаб». Ба ақидаи муҳаққиқи ин тангаҳо нумизмат А.Н.Зограф, тангаҳои мазкур ба тангаҳои Евкратид шабоҳат доранд ва гуфтан мумкин, ки дар миёнаҳои асри I пеш аз милод сикка зада шудаанд[1].

Ганҷинаи тангаҳои калони нуқраи Герай дар маркази райони Вахш ёфт шуд, ки он дар илм аввалин ганҷинаи маълуми ин подшоҳ мебошад[2]. Ғайр аз ин Б.А.Литвинский чор дона тангаи хурди нуқраи Герайро аз димнаи Кушониён–Теппаи Шоҳ ва як донаи онро дар Тирмиз ва як донаи дигарро аз Кайқубодшоҳ ёфт. Дар баробари дигар бозёфтҳо ин бозёфтҳо ба мо ҳақ медиҳанд иддао намоем, ки тангаҳои Герай дар Бохтар ва, эҳтимол, дар Бохтари шимолӣ сикка зада мешуданд.

Маъхазҳои хаттӣ дар бораи касе, ки ин тангаҳоро сикка задааст, яъне дар бораи «ҳокими Герай» ягон маълумот намедиҳанд, ягона чизи маълуми ин подшоҳ калимаи «кушон» аст. Ва аз ҳамин калима равшан, ки шоҳи мазкур ба кадом сулола мансуб буд.

Доир ба ин масъала Е.А.Давидович навиштааст, ки калимаи «кушон» пеш аз номи сулолаву давлат пайдо шуда, аз тарафи дигар халқҳо эътироф шудани онро ҷудо аз маълумоти роҷеъ ба йуҷиҳо дида баромадан кори ғалат аст.

Аслашро гирем, дар маъхазҳои дар бораи панҷ қабила (ё қавми) йуҷиҳо маълумоти бевосита нест. Дар Хан-шу ва Хоу Хан-шу панҷ си-хоу (ябғу) зикр шудаанд. Ин ду маъхаз дар бораи панҷ си-хоу маълумот диҳад ҳам, маълумоти онҳо ба як андоза муфассал нест ва ҳатто ба назар гуногун ҳам менамояд, вале ҳар ду маъхаз баробар ба як андоза таҳрик менамоянд, ки ба ин муносибат ду масъалаи зеринро, ҳар якеро алоҳида-алоҳида, ба эътибор гирифтан зарур мебошад: 1) масъалаи нисбати панҷ мулку пойтахтҳои онҳо ва мақоми онҳо дар давлати Йуҷиҳои Кабир, 2) масъалаи этимологияи истилоҳи си-хоу ва минбаъд дигар шудани мазмуни он.

Чжан Сян, ки тахминан дар солҳои 130-125 пеш аз милод (баъзе муҳаққиқон санаи аниқтареро пеш ниҳодаанд, вале ин санаҳои аниқ якчандто аст) ба мулки Йуҷиҳои Кабир сафар карда будааст, чунин вазъиятро ба қалам медиҳад; Йуҷиҳои Кабир вилояти Дахя (ҷануби Аму)-ро тасарруф намуда, худ дар шимоли Аму маскан гирифтанд ва дар ҳамон ноҳия кӯчманчигӣ мекарданд. Ҷиҳати муҳими ин маълумот ҳамин аст, ки ҳангоми баёни сарҳади давлати Йуҷиҳои Кабир Дахя сарҳадди ҷанубии давлат номида шудааст.

Панҷ мулк на дар ноҳияҳои кӯчманчигӣ зикр шудаасту на дар худи Дахя. Албатта, набудани зикри онҳо исботи набудани онҳо нест. Чжан Сян Дахяро бо чашмони худ дидааст ва маълумоти муфассали вай («Онҳо шоҳу волиёни кабир надоранд, вале дар ҳар як шаҳру деҳоти мустаҳками худ ҳокимеро ба тахт шинондаанд») ба нуктаи вуҷуд доштани панҷ ва ё камтар аз он мулк зинҳор мувофиқат намекунад. Он вазъияте, ки Чжан Сян тасвир кардааст, мо шартан марҳилаи якуми таърихи йуҷиҳо меномем, ки баъди аз тарафи онҳо тасарруф шудани ноҳияҳои ҳар ду соҳили Аму сар шуда буд.

Дар маъхази дигар Хан-шу, ки тақрибан солҳои 80-уми солшумории мо таълиф шуда, воқеаҳои то соли 25-уми солшумории моро дар бар мегирад, тамоман вазъияти дигар тасвир шудааст: подшоҳи мамлакати Йуҷиҳои Кабир қароргоҳе дорад, ки дар яке аз шаҳрҳои воқеъ дар шимоли дарё ҷой гирифтааст; сарҳадди ҷанубии мамлакат Дахя не, балки вилояти Гибин мебошад; худи йуҷиҳо дар аввал ҳамчун давлати кӯчманчӣ ташаккул ёфта буданд; панҷ си-хоу ҳаст, ки ба Йуҷиҳои Кабир итоат мекунанд. Пас, маълум мешавад, ки дар бобати ба маданият ва иқтисодиёти маҳаллӣ (ва эҳтимол, қисман ба ҳаёти муқимӣ) марбут шудани истилогарони кӯчманчӣ ва аниқтар ташаккул ёфтани худи давлати Йуҷиҳои Кабир хеле тағйирот ба амал омада будааст. Дар шаҳр вуҷуд доштани қароргоҳи подшоҳ, муқаррар шудани сарҳадди давлатӣ ва ба он дохил карда шудани Дахя, ки дар аввал фақат ба ном тасарруф шуда буд, ниҳоят умумию сатҳӣ бошад ҳам, ба ҳар ҳол зикри вуҷуд доштани шоҳони Йуҷиҳои Кабир ва панҷ мулки алоҳида, ки аз тарафи си-хуоҳои (ябғуҳои) ғайримустақил идора карда мешуданд – ҳамаи ин маълумотҳо фикри болоиро тасдиқ мекунанд. Маълум не, ки ин гуна вазъият кай оғоз ёфта буд ва чӣ қадар давом дошт, фақат ҳамин маълум, ки ин гуна вазъият пеш аз соли 25-уми солшумории мо вуҷуд дошт ва он дар таърихи йуҷиҳо марҳилаи наве мебошад, ки мо онро марҳилаи дувум меномем. Ба ақидаи Е.А.Давидович, ҷулуси Герай ба марҳилаи дувум, яъне ба асри I пеш аз милод ё худ ба ибтидои асри I солшумории мо тааллуқ дорад[3].

Пас аз ин маъхазҳо хабар медиҳанд: «Баъди он ки сад сол ё андак бештар аз ин мурур кард, Гуйшуан Киотсзюкю дигар чор мулкро тасхир намуд ва худро подшоҳи Гуйшуан хонд. Зидди Анси ба ҷанг баромад. Гаофуро ишғол кард. Пуду ва Гибинро торумор намуд ва замини онҳоро забт кард. Киотсзюкю 80 сол умр дид. Баъд аз сари вай писараш Янгаочжен ба тахт нишасту ҳиндустонро мутеъ намуд ва идораи онро ба яке аз сарлашкарони худ супурд. Аз ҳамон вақт сар карда, йуҷиҳо тавонотарин ва бойтарин хонавода шуданд. Мамлакатҳои ҳамсоя онро подшоҳи Гуйшуан меномиданд, вале дарбори Хитой мисли пештара онро Йуҷии Кабир меномид»[4].

Гуйшуан (аниқтараш Kiwӯi-sian)[5] транскрипсияи хитоии калимаи «кушон» мебошад, ки аз рӯи тангаҳо маълум аст. Инак, Герай аввалин ҳокими оли Кушон дар ҳамон даврае будааст, ки ин сулола акнун боло мерафт. Мумкин аст вай аз ниёгони (падар ё бобои) ҳоким Киотсзюкю буд, ки дар тангаҳо номбар шудааст.

Тангаҳои кушонӣ дар хоки Осиёи Миёна, Афғонистон, ҳиндустон бисёр ёфт шудаанд. Онҳо муҳимтарин сарчашмаи тадқиқи таърихи давлати Кушон мебошанд. Катибаҳои ҳиндӣ, ки номи шоҳони Кушонро ифода мекунанд, низ хеле муҳиманд. Ғайр аз маъхазҳои хитоӣ дар баъзе маъхазҳои таърихии ҳиндустон ва Тибет дар бораи фаъолияти шоҳони Кушон камубеш маълумот ба назар мерасанд. Вале ҳамаи ин маълумот порча-порчаи ба ҳам новобаста буда, онҳоро ба ҳам муқоиса кардан душвор аст ва аксари онҳо ба ҳамдигар хилоф мебошанд.

Масъалаи хронологияи Кушон

Масъалаи хронологияи Кушон, ки олимон сад сол боз бо ҷӯшу хурӯш муҳокима мекунанд, ҳоло ҳам масъалаи дандоншикан аст. Ба назари аввал кор осон менамояд – катибаҳоеро, ки дар ҳиндустону Покистон ёфт шудаанду номи шоҳони Кушонро ифода менамоянд, ибтидои оли Кушон ҳисоб кардан даркору халос. Вале гап дар ин ки дар аксари ин катибаҳо сол ҳасту вале ишорате нест, ки он сол ба кадом эра нисбат дорад. Эҳтимол, санаи катибаҳо аз рӯи ду ва ё якчанд эра омада бошанд. Аниқ маълум, ки дар ҳиндустон якчанд эра дар як вақт баробар истифода мешуд, масалан, эрае, ки аз нирвонаи Буддо сар мешуд, эраи Викрам – Vikқamaditya Samvat (с.57 то м) эраи Сака – Saka-kâla (соли 78 м) ва ғ. Аз рӯи тахмини олимон дар ҳиндустони Қадим солшуморӣ аз рӯи эраҳои аҷнабӣ: ҳам селевкӣ[6], ҳам портӣ ва ғ. ба амал оварда мешуд. Ғайр аз ин тахмин ҳаст, ки дар замони Кушониён санаи воқеаҳоро мувофиқи бисёр санаҳои дигар, масалан, санаи ба Бохтар дохил шудани йуҷиҳо, санаи ибтидои аҳди ин ё он ҳоким ва ғ. ҳисоб карданашон мумкин буд. Душвории кор боз ҳамин, ки дар ҳиндустони Қадим одате буд, ки рақамҳои садӣ ё ҳазории солҳоро наменавиштанду фақат рақамҳои даҳӣ ва якиро менавиштанд.

Муҳаққиқи англис Э. Томас соли 1874 таклиф карда буд, ки барои муқаррар намудани эраи яке аз машҳуртарин шоҳони Кушон – Канишка эраи селевкиро (с. 312 пеш аз милод) ба асос гирифта, ба он рақамҳои садӣ, дар ин маврид, рақами «се» (садӣ)-ро илова кардан даркор. Дар ин сурат, агар бозёфтҳои навтарини хаттиро ба назар гирем, аҳди Канишка бояд дар соли 9 пеш аз милод сар шавад. Мутахассиси машҳури археология ва нумизматикаи ҳиндустон А. Каннингэм дар байни эраи Викрам ва эраи Селевк ва ғ. мекалавид. Д. Фергюссон ақидае пеш ниҳод, ки аҳди Канишка аз эраи Сака – соли 78 пеш аз милод сар мешавад. Баъдтар А.Каннингэм ҳам ба ин розӣ шуд. Минбаъд ин сана дар адабиёт хеле маъмул гардид. Яке аз эпиграфистҳо ва муҳаққиқи мӯътабари забонҳои хутану сакоиҳо С.Конов, ки тамоми маъхазҳои ин масъаларо бодиққат аз назар гузарондааст, ба як қарори қатъӣ ҳеч омада натавонист. Вай чун ибтидои аҳди Канишка солҳои 128/129, 130, 134, 138 пеш аз милодро пеш ниҳодааст. Вай нишондодҳои астрономии катибаҳоро ба назар гирифта, ҳаракат кард, ки (бо ёрии астрономҳо) ин санаҳоро муайян кунад, вале ба як хулоса омада натавонист. Дар охири охирон гуфт, ки аҳди Канишка тақрибан соли 200 пеш аз милод сар шудааст. Худи ҳамин калавишҳо ва ҷустуҷӯйҳои чунин як муҳаққиқи номдор нишон медиҳад, ки ҳалли ин масъала чӣ қадар душвор аст. Ғайр аз санаҳои мазкур бисёр дигар санаҳо ҳам пешниҳод шудаанд. Масалан, Р.Гиршман таклиф кард, ки ибтидои аҳди Канишка соли 144 пеш аз милод ҳисоб карда шавад[7].

Соли 1902 мақолаҳои муҳаққиқи ҳинд Д.Р.Бҳандаркор нашр шуданд. Ӯ катибаҳои ҳиндии бо Кушониён алоқамандро истифода бурда, дар заминаи таърихи ҳиндустон фактҳои таърихии Кушониёнро таҳлил намуд ва ба хулосаи хориқулоддае омад. Моҳияти тарзи исботи вай чунин аст. Ба қавли вай, (ки инъикоси дараҷаи инкишофи ҳамонвақтаи илм буд), тартиби ба тахт нишастани шоҳони Кушон чунин буд: Куджула Кадфиз, Куджула Кара Кадфиз, подшоҳи беноме ва Вима Кадфиз. Катибаи Панҷтараро, ки санааш соли 192 эраи номаълум асту аҳди яке аз шоҳони беноми Кушон мебошад, Д.Р.Бҳандаркор ба Куджула Кадфиз вобаста мекунад. Вай шартан шуморид, ки ин подшоҳи беном 3 сол пеш аз Куджула Кадфиз, яъне соли 123 эраи номаълум ҳукм рондааст. Д.Р.Бҳандаркор фарз кард, ки ҳар яке аз он чор шоҳи мазкур бистсолӣ подшоҳӣ кардаанд, ҷамъ 80 сол мешавад ва дар ин сурат аҳди Вима Кадфиз бояд соли 200 эраи номаълум ба поён расад. Дар катибаҳои дар ҳамон вақтҳо маълум, ки дар онҳо номҳои Канишка, Хувишка, Васудева буданд, санаи аз соли 5 то соли 98 эраи номаълум зикр шудааст. Ба ақидаи муҳаққиқ ин сана айнан ҳамон санаи матлуб асту фақат садиҳои он нест, пас аҳди ин шоҳон соли 205 эраи номаълум сар шуда, соли 298 эраи номаълум ба охир расидааст. Вай таклиф карда буд, ки ибтидои ин эра ибтидои эраи сана ҳисоб карда шавад (ки он ҳам аз рӯи дигар маъхазҳо муайян карда мешавад) ва он соли 78 милодӣ мебошад. Дар натиҷаи ҳисобу китоби оддӣ чунин мебарояд, ки соли 205 эраи номаълум (яъне катибаи аввалини дар он вақт маълум) соли 283 милодӣ аст, ки он оғози аҳди Канишка мебошад. Бҳандаркор, инчунин, исбот карданӣ мешуд, ки маҳз ба шарти қабул шудани чунин тартиби хронологӣ таърихи Кушониён ба чорчӯбаи таърихи ҳиндустон айнан «мувофиқ» меояд[8].

Суст будани бисёр нуктаҳои ин фарзияро ба осонӣ дидан мумкин. Он тартибе, ки Бҳандаркор шоҳонро ба тахт мешинонад, хато будааст. Маҳз бистсолӣ ҳукм рондани ҳар як подшоҳ низ ҳеҷ як асос надорад (дар омади гап, аз рӯи маъхазҳои хитоӣ Куджула Кадфиз хеле тӯлонӣ ҳукмронӣ карданаш мумкин).

ҳозир маълумоти зиёд гирд омадааст. Дар катибае, ки алҳол маълум аст, аз соли 200 то соли 299 эраи номаълум фосилае ҷой дорад. Дар катибаи соли 187 (ё 184) Вима Кадфиз[9] номбар мешавад. Мувофиқи маълумоти нумизматӣ Кадфиз баъди Канишка ба тахт нишастааст, вале катибае, ки дар он номи Канишка аст, бо санаи соли якум (?) сар мешавад, баъд катибаи соли дувум меояд ва, ҳамин тавр, то соли 23 давом мекунад. Аз ин рӯ, санаи аҳди шоҳон ин тавр мешавад: Васишка солҳои 24-48; Хувишка солҳои 28-60; Канишка солҳои 11-41; Васудева солҳои 64 (ё 67) -98 уми эраи номаълум.[10] ҳама гап дар сари ҳамин, ки муаллифони катибаи Канишка ва дигар шоҳони минбаъда маҳз эраро дар назар доштанд.

Яке аз мумаййизони мӯътабари ин масъала, профессори голландӣ хонума Лохвизен де Леев тамоми материалҳои мавҷударо хеле дақиқона таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки «дар савияи ҳозираи дониш бояд эътироф намуд, ки соли якуми аҳди Канишка ба соли 200-уми эраи кӯҳна ё айнан баробар аст ё худ чанд сол сонитар мебошад». Дар асоси ақидаи «мувофиқат»-и эраҳо вай соли 199 пеш аз милодро сароғоз ҳисоб кард. Дар ин сурат ибтидои аҳди Канишка соли 78 милодӣ мешавад[11].

Баъзе дигар олимон ҳам дар асоси ин ё он маълумот ба ақидае омадаанд, ки соли 78 милодӣ ибтидои аҳди Канишка аст.[12]

Таҳлили ниҳоят дақиқкоронаи палеографии олими покистонӣ А.Донӣ[13] имкон медиҳад хулосае бароварда шавад, ки палеографияи катибаҳо ба «мувофиқат»-и эраҳо хилоф нест, балки онро тасдиқ мекунад.

Ин далели хеле мӯътабар бошад ҳам, вале ҳалкунанда не, зеро палеографияи ҳиндӣ ба он дараҷа кор карда нашудааст, ки дар асоси он роҷеъ ба даҳсолаҳо бо итминон ҳукм баровардан мумкин бошад.

Чи тавре дар боло гуфтем, дар масъалаи муайян кардани ибтидои аҳди Канишка дигар фикру ақидаҳо ҳам ҳастанд: соли 101 милодӣ (Нарайн), соли 128/29 милодӣ (Д.Маршалл), соли 144 милодӣ (Р.Гиршман), қарибии соли 200 (охирин ақидаи С.Конов), соли 235/36 (Р. Гёбл), соли 248 (Р.Маҷумдар).

Ба қарибӣ олими советӣ Е.В.Зеймал ба фоидаи фарзияи Бҳандаркор далелҳои хеле муфассал овард, ки мувофиқи онҳо тамоми санаҳои аҳди шоҳони кушонӣ ҳаддалимкон сонитар мешаванд.

Ғайр аз катибаҳое, ки дар ҳиндустону Покистон ёфт шудаанд, вай материалҳои нумизматиро низ истифода бурдааст. Ҷадвали хронологияи нисбӣ, ки Е.В.Зеймал онро дар асоси ақидаҳои Бҳандаркор таҷдид намудааст, чунин аст (дар қавсайн рақамҳои садие оварда шудаанд, ки дар худи катиба нестанд) [14]:

Номи ҳокимон Соли катиба Соли милодӣ

Куджула Кадфиз қарибии 100–160 178–238

Вима Кадфиз қарибии 160–200 238–278

Канишкаи I қарибии (2)00–(2)23 278–301

Васишка қарибии (2)24–(2)28 302–306

Хувишка қарибии (2)28–(2)60 306–338

Канишкаи II қарибии (2)41 319

Васудева қарибии (2)64–(2)98 342–376

Маълум, ки санаи ибтидои аҳди Куджула Кадфиз аз рӯи ақидаи Бҳандаркор гирифта шудааст. Соли 160 бошад, мутлақо шартист ва ба интихоби он шояд дарозии умри ин шоҳ таъсир расонда бошад, ки дар маъхазҳои хаттӣ қайд гардидааст.

Ягона асосе, ки мувофиқи он муддати аҳди Вима Кадфиз муайян карда шуд, дар навиштаҷоти соли 184/187 зикр гардидани вай мебошад. Сабаби соли 160 будани ибтидои аҳди вай соли (мутлақо шартии) поёни аҳди пеш гузаштаи вай Куджула Кадфиз аст. Поёни аҳди Вима Кадфиз барои ҳамин соли 200 шудааст, ки аз соли 200 ё 201 (яъне соли 278 милодӣ) аҳди Канишкаи I сар мешавад. Асоси ин сана фақат фарзияи Бҳандаркор дар бораи «мувофиқат»-и ҳамаи ин санаҳо мебошад (баъди илова намудани садиҳои зикрнашуда).

Ба ҳамин тариқ, схемаи Е.В.Зеймал таҷдидкардаи Бҳандаркор хеле бамантиқу бамаврид намояд ҳам, нуқси асосии он, яъне ба исбот нарасидани «мувофиқат»-и санаҳо (сарфи назар ба далелҳои палеографии А.Донӣ) бартараф нашудааст[15]. Иддаои соли 78 (эраи сакоӣ) будани оғози хронологияи Кушониён ҳам баҳснок мебошад.

Е.В.Зеймал ба тарафдории фарзияи Бҳандаркор боз чанд далелҳои муҳими иловагӣ овард. Вай дар баъзе ашхос ва ҷузъиёти тангаҳои кушонӣ тимсоли тангаҳои римиро дидааст. Масалан, дар тангаҳои кушонии Хувишка тимсоли тангаҳои давраҳои чоряки дувуми асри III ва даҳаи аввали асри IV-уми римиро мебинад. Азбаски ин хусусияти сиккаи Кушониён фақат баъди дар сиккаи римиҳо қабул шудан метавонист маъмул гардад, ба ин сабаб тангаҳои кушонии Хувишка бояд ба нимаи аввали асри IV ё IV/V ба давраҳои сонитар мансуб бошанд. Е.В.Зеймал ана ҳамин ҷиҳатро далели дурустии ақидае мешуморад, ки оғози эраи номаълум соли 78 мебошад ва дар ин сурат Хувишка бояд солҳои 306-338 эраи нав ҳ(78 + 228) –(78 + 260)] ҳукмронӣ кунад. Дигар далели нумизматӣ, ки ба он Е.В.Зеймал такя мекунад, таърихи сиккаи Кушону Сосониён ва санаи заволи империяи Кушониён (солҳои 70-80-уми асри IV) мебошад, ки В.Г.Луконин пешниҳод кардааст (ин тангаҳо мисли тангаҳои Васудеваанд, аз ин рӯ, пас аз вай баромадаанд). Дар ин бобат, инчунин маъхазҳои эронӣ, хитоӣ ва ҳиндӣ мавриди истифода ва тафсир қарор гирифтаанд.[16]

Фарзияи Бҳандаркор-Зеймал бо ин ҳама диққатҷалбкунандагии худ танҳо фарзия асту бас. Худи ҳамон як материалҳои нумизматӣ аз тарафи Р.Гёбл чунон тавзеҳ ёфтаанд, ки схемаи хронологии ӯро ба исбот мерасонанд, ҳол он ки санаҳои он аз схемаи дар боло зикркардаи мо қариб ним аср «калонтаранд»[17].

Гарчанде таърихи давлати Кушон дар сарзамини беканоре ҷараён ёфта, бо таърихи ханнҳои Хитой, Сосониёни Эрон ва давлатҳои ҳиндустон робитаи зич дошта бошад ҳам, дар санаи воқеаҳои онҳо ягон мувофиқати баҳснопазир ба назар намерасад. Як мисол меоварем.

Мувофиқи сарчашмаи хитоӣ 5 январи соли 230 ба Хитой ҳайъати сафорати Po-t’iao шоҳи йуҷиҳо омадааст. ҳанӯз Э.Шаванн эътироф карда буд, ки эҳтимол, ин талаффузи хитоии номи Васудева бошад, вале аз имкон берун мешумурд, ки ин ҳамон подшоҳи Кушон — Васудева мебошад, ки пас аз Канишка ва Хувишка ҳукмронӣ кардааст.

Ба фикри Карлгрен, ба хитоӣ ин ном бояд *Pғâd’iӯғ талаффуз карда шавад. Одатан ҳарфи аввали р-и хитоӣ, ки дар номҳои хориҷӣ меояд, садои р ё ӣ-ро ифода мекунад. Дар ин маврид бошад, барои ифодаи ҳарфи υ истифода шудааст. П.Пело илоҷи корро дар ҳамин медид, ки ба матн тағйирот даровардан даркору Ӣғâd’iӯғ хондан лозим. Вай ҳам эътироф мекард, ки ин ном бо Васудева алоқаманд аст, вале дар ин ақидааш устувор набуд ва дар ин шакке нест. Э.Пуллейблэнк чунин тағйиротро имконнопазир медонист ва ба чунин ақидае майл дошт, ки ин одам ба ҳар ҳол, ҳамон Васудева аст, гарчанде дар ин иддаои худ исрор намеварзад ва масъалае мегузорад, ки ин одам маҳз кадом Васудева бошад, зеро аз эҳтимол дур нест, ки ин ном дар байни авлоди шоҳони Кушон серистеъмол буд ва мумкин чандин кас чунин ном доштанд [18].

Барои ҳалли ин масъалаи бениҳоят мураккаб муҳаққиқон ғайр аз материалҳои номбурда дигар мадракаву маълумот– бозёфтҳои якҷояи тангаҳои кушону римӣ дар хазинаҳо ва аз табақоти археологӣ, маълумоти сиккаи маҳаллии ҳиндӣ (ва шарқитуркистонӣ), материалҳои археологии осоре, ки дар онҳо танга ё катибаи кушонӣ ёфт шудаанд, асарҳои санъат, шаҳодати номукаммали маъхазҳои ҳиндӣ ва тибетӣ ва ғ.-ро низ мавриди истифода қарор додаанд. Вале ҳамаи инҳо ҳам имкон намедиҳанд, ки як хулосаи аниқ бароварда шавад.

Солҳои 1913 ва 1960 дар Лондон дар масъалаи муайян намудани санаи аҳди Канишка симпозиум гузаронда шуд. Ин масъала дар Конференсияи байналхалқии роҷеъ ба таърих, археология ва маданияти Осиёи Марказӣ дар давраи Кушониён (Душанбе, 1968) хеле муфассал ва амиқ муҳокима карда шуд. Ва боз муҳаққиқон ба як қарори қатъӣ омада натавонистанд[19].

Ба фикри мо, миқдори материалҳои мавҷуда алҳол имкон намедиҳад, ки масъалаи дурустӣ ё нодурустии ин ё он схема, ҳатто ба таври пешакӣ ҳал карда шавад, барои ҳар як схема далелу бурҳони қотеъ ёфтан мумкин, ки мувофиқи он ибтидои аҳди Канишка ба ҳар як соли давраи аз нимаи дувуми асри III эраи нав рост омаданаш мумкин аст. Бинобар ин, шаҳодати бисёр катибаҳои ҳиндӣ, маъхазҳои хитоӣ ва ғарбиро, ки роҷеъ ба ин ё он воқеаи давлати Кушон аст, муаррихони ҳозиразамон ба аҳди ин ё он шоҳ мулҳақ намуда, ба қавли хеле муносиби олими ҳинд Б.Н.Пурӣ, «онҳоро дар ҷазираҳои мутаҳаррики хронологияи Кушониён баста монданӣ мешаванд». Асари худи Б.Н.Пурӣ [20], ки маҷмӯи хеле муфиди материалҳо мебошад, дар айни ҳол равшан нишон медиҳад, ки барои ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи Кушон дар дасти илм алҳол меъёрҳои объективӣ нестанд.

Забти сарзаминҳо

«ҳокими Гуйшуан Киотсзюкю» (ба қавли П.Пелйо, ин ном дар қадим K’iəғdz ‘iəғ kiəp талаффуз карда мешудааст), ки дар маъхазҳои Хитой зикр шудааст, ҳамон Куджула Кадфиз мебошад, ки дар тангаҳои Кушониён номаш ба назар мерасад (ду қисми аввали номи хитоӣ «Кудзула» ва қисми охираш «Кадфиз»-ро ифода мекунад)[21]. Инак, мо медонем, ки вай бо Анси, яъне Порт ҷангида буд. Сипас, ривоят мешавад, ки ин ҳоким Гаофу (ё Каофу), яъне Кобулро тасхир кардааст. Вале дар бораи ин мулк мо ҳаминро медонем, ки он пеш тобеи Анси будааст ва йуҷиҳо (Кушониён) фақат аввал Ансиро шикаст додаанду баъд Гаофуро ишғол кардаанд[22] (Дар ин асос ба хулосае омадан мумкин, ки Кушониён дар ин давраи мавҷудияти худ бо худи Порт не, балки бо ҳокимони номустақили Порти шарқӣ задухӯрд карда, онҳоро торумор намудаанд). Баъд ба Пуду зарба зада шуд, ки дар қадим ӣ’ғok-d’ât талаффуз карда мешуд ва ба қавли И.Маркварт, эҳтимол, этноними пактиё мебошад (Геродот, IV, 44; VII, 67; Гекатей, фиқраи 178).[23]

Масъалаи Гибин хеле мураккаб аст. Дар бобати муқаррар кардани ҷои он мо ҳамфикри олими Италия Л.Петеч мебошем, ки вай Гибинро дар қисми шимолу ғарбии ҳиндустон – дар ноҳияҳои Қандаҳор ва Панҷоби ғарбӣ ҷой додааст[24].

Ба ҳамин тариқ, аллакай дар аҳди Куджула Кадфиз, ки онро ғолибан Кадфизи I меноманд, хоки давлати Кушон хеле васеъ шуд. Масоҳати давлат аз ҳудуди Бохтар берун рафта, бисёр дигар ноҳияҳо ва халқҳоро дар бар гирифт.

Дар бораи аҳди Кадфизи I баъзе маълумотҳоро аз тангаҳо гирифтан мумкин[25]. Як силсила тангаҳо ба даст омаданд, ки дар рӯи онҳо расми яке аз охирин ҳокимони Юнону Бохтар — Гермей ва номи он сабт шудааст. Дар пушти танга ҳайкали Геракл тасвир шуда, чунин хат ҳаст: «Куджула Кадфиз, Ябғуи кушон, қавиимон». Ба ақидаи баъзе мухаққиқон (масалан, Д.Саркор, А.Симонетта, В.М.Массон) тангаҳои мазкур инъикоси авзое мебошад, ки дар айни ба кӯҳистони Афғонистони марказӣ ҳаракат кардани Кадфизи I ба вуҷуд омада буд ва Кадфизи I дар ин давра маҷбур буд, ки муваққатан сарвар будани подшоҳчаи Юнону Бохтар — Гермейро эътироф намояд ва ба ҳамин сабаб дар тангаҳое, ки ҳар дуи онҳо сикка заданд, дар рӯяш расми Гермей ҳаст.[26] Вале дигар ақида ҳам ҳаст, ки ин сиккаи якҷояи Гермей ва Кадфизи I не, балки сиккаи худи Кадфизи I аст, ки тақлидан ба тангаҳои қадима баровардаасту фақат номи худро илова намудааст. Ба фикри В.В.Тарн, сабаб ҳамин, ки кадоме аз ниёгони Кадфизи I домод ё почои Гермей будааст ва ин тангаҳои якҷоя варосаттарошии Кадфизи I-ро ифода мекардаанд. Вале ин қаробати Гермей ва Кадфизи I исбот нашудааст. Дигар олимон (Рапсон, Бахофер, Нарайн) низ ба ин тахмин зид не, балки онҳо нуктаҳои ба ҳақиқат наздиктари ин тахминро тарафдорӣ мекунанд, яъне Кадфизи I маҳз барои ҳамин дар сиккаи Гермей номи худро илова намуда, онро давом дод, ки ин тангаҳо дар маҳалҳо аз ҳама маъмултар буданд.[27]

Хулоса, барои муайян кардани шароити сиккаи ин тангаҳо алҳол имкон нест.

Тадқиқи дигар тангаҳо, ки онҳоро худи Кадфизи I баровардааст, нишон медиҳад, ки унвони вай аз ябғу («сарвар») сар карда, то «подшоҳи аъзам» ва ҳатто то «шаҳаншоҳ» тадриҷан дигар шудааст.[28]

Аз афти кор, васеъ шудани масоҳати давлат ва пурзӯр шудани ҳокимият боиси зӯр шудани ғурури Кадфизи I гардиданд. Дар ҳақиқат ҳам, дар муддати ниҳояти тӯлонии ҳукмронии худ вай аз як ҳокимчаи вилояти хурдакак ба шаҳаншоҳе мубаддал шуд, ки ба вай мамлакатҳову халқҳои бисёр итоат мекарданд.

Ғайр аз маъхазҳои хаттӣ бисёр тангаҳое, ки дар шимолу ғарби ҳиндустон ёфт шуданд, шаҳодат медиҳанд, ки як қисми ин ноҳияро Кадфизи I ба мулки худ ҳамроҳ карда буд. Фақат дар димнаи Таксила (Сиркап) 2500 танга ёфт шуд. Дар Осиёи Миёна бошад, ин гуна тангаҳо кам вомехӯранд. Дар Тоҷикистон ин хел тангаҳо дар Шаҳринав, Душанбе, Қабодиён[29], Хоруғ ва дар дигар ҷойҳо ёфт шудаанд.

Тангаҳои Кадфизи I фақат аз мис будаанд. Ба фикри Е.В.Зеймал, қадимтарини ин тангаҳо ҳамон тангаҳое мебошанд, ки тақлидан ба тангаҳои Гермей бароварда шудаанд. Дар байни тангаҳои Кадфизи I тангаҳое ҳастанд, ки ба тангаҳои қадими императории Рим шабоҳат доранд.[30]

Боз як гурӯҳи тангаҳо ҳастанд, ки дар онҳо номи подшоҳ несту фақат унвони вай – «шаҳаншоҳ, наҷотбахши аъзам» («сотер мегас») сабт гардидааст. Ин тангаҳо ҳам дар Осиёи Миёна хеле кам ёфт шудаанд; онҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ба назар мерасанд. Дар асоси якчанд маълумотҳо баъзе олимон (М.Е.Массон, Г.А.Пугаченкова, А.К.Нарайн) тахмин мекунанд, ки ин тангаҳои беномро Кадфизи I баровардааст.[31] Ин фарзия хеле ҷолиби диққат бошад ҳам, бисёр муаммоҳои печдарпечи нумизматӣ дорад. А.Симонетта тахмин мекунад, ки подшоҳи ин тангаҳоро сикказада баробари Кадфизи II ҳукм меронду баъд Кадфизи II он подшоҳро дур кард.[32] Борҳо чунин ақида ҳам изҳор гардид, ки тангаҳои ин подшоҳи беномро якчанд подшоҳ баровардаанд, ки тақрибан дар як вақт ҳукмронӣ мекардаанд. Ба фикри Е.В.Зеймал, қадимтарини ин силсила тангаҳо ба давраи Кадфизи I мансуб буда, тангаҳои давраҳои сонитар андаке пеш аз тангаҳои Кадфизи II ё баробари онҳо бароварда шудаанд.[33] Ниҳоят, чунин ақида ҳам ҳаст, ки «сотер мегас» ба доираи ҳокимони олии давлати Кушон тааллуқ надошт, балки аз онҳо мартабааш пасттар буд [34].

Солномаи Хитой пас аз Киотсзюкю (яъне Кадфизи I) писари вай Янгаочженро (талаффузи қадимаи вай Iäm-kâғ-t iӯn) [35] зикр кардааст. Аз рӯи мадракаи тангаҳо ин одам Вима Кадфиз аст, ки унвони болохонадоре дошт – «шаҳаншоҳ, подшоҳи олам, наҷотбахш». Аз рӯи хатту мадракаи тангаҳо ва маълумоти солнома бисёр ноҳияҳои шимоли ҳиндустонро забт кардани ин подшоҳ ба ҳақиқат хилоф нест. Дар Матхура ҳайкали сангине ёфт шуд ва одатан, тахмин мекунанд, ки катибаи ин ҳайкал номи Вима Кадфизро ифода мекунад[36]. Дар Ладак бошад, дар маҳалли Калатсе (Кhalatsӯ) – катибае бо зикри номи вай ва санаи соли 187-ум (эрааш номаълум) ёфт шудааст. Ба фикри баъзе олимон, Кадфизи II тамоми шимоли ҳиндустон, аз ҷумла Кашмирро ҳам забт карда будааст (дар омади гап, Кашмирро забт кардани Кадфизи II боиси шубҳа мебошад)[37].

Ислоҳоти пулии Кадфизи II

Кадфизи II дар сиёсати пул ислоҳоте ба амал оварда, тангаҳои тиллоро ба муомилот андохт. Одатан, чунин ақида маъмул буд, ки вазни тангаҳои тиллоии Кадфизи II дар асоси меъёри вазни тангаҳои римӣ – «динариус ауреус» муқаррар шуда буд, вале гуфтан лозим, ки дар байни тангаҳои Кадфизи II динорҳои дучанда, динорҳои муқаррарӣ, нимдинориҳо ва чорякидинориҳо ҳам буданд (вазни як динор қариб 8 г). Аз охири асри ХIХ масъалае муҳокима мешуд, ки ин меъёри вазн ба меъёри вазни тангаҳои тиллоии римӣ, ки Август сикка мезаду вазни онҳо ҳам 8 г буд, чи қадар робита дорад. Дар саҳифаҳои адабиёти хориҷӣ ва русӣ дар ин асос борҳо даъво мешуд, ки вазни тангаҳои тиллоии худро Кадфизи II аз вазни тангаҳои Август гирифтааст ва зиёда аз ин, тангаҳои тиллоии Кадфизи II дар замоне баромадаанд, ки ба давраи аҳди Август хеле наздик мебошанд. Вале ҳаминаш маълум, ки Август соли 14 пеш аз милод мурдаасту тангаҳои аз ҳама сервазнтари вай хеле пештар – аз солҳои 19 пеш аз милод сикка зада мешуданд. Баъд аз сари Август вазни тангаҳои тиллоии римӣ тадриҷан кам шуда, пас аз ислоҳоти соли 64 милодӣ 7,3 г муқаррар карда шуд. Лохвизен де Леев дар ин асос ба хулосае омад, ки Кадфизи II тангаҳои худро пеш аз ин ислоҳот, яъне пеш аз соли 64 милодӣ сикка мезадааст[38].

Вале ба қарибӣ Д.Макдоуэлл нишон дод, ки ин масъала саҳли мумтанеъ аст. Аввалан, дар Рим тангаҳои сервазни тиллоӣ баъди сари Август ҳам сикка зада мешуданд ва ин кор то худи соли 97 милодӣ давом кард. Сониян, тангаҳои тиллоии вазнашон қариб ҳаштграммӣ дар аҳди Август фақат аз соли 19 то соли 12 милодӣ бароварда мешуданд ва зимнан, баъдтар онҳо аз муомилот баромаданду дигар дар хазинаҳои мансуби нимаи якуми асри I милодӣ дучор намешаванд. Дар он вақт дар Рим фақат тангаҳое роиҷ буданд, ки вазни онҳо аз вазни тангаҳои Кадфизи II кам буд. Илова бар ин, (ҳар кадом схемаи хронологиро кор фармоем ҳам) мутлақо имкон надорад, ки аҳди Кадфизи II ба охири асри I пеш аз милод бурда шавад.

На фақат мулоҳизаи мазкури Д.Макдоуэлл, балки чунин хулосаи вай ҳам ҷолиби диққат аст, ки навигариҳои Кадфизи II дар ин соҳа айнан нусхабардории қонуну қоидаҳои Рим набуд ва буда ҳам наметавонист. ҳам дар Рим ва ҳам дар Кушон ин тангаҳои тиллоӣ сарвати андак набуд. Зотан, ин тангаҳо ба сабаби гуногунии вазни худ ба ҷои ҳамдигар роҳ намерафтанд, вале тоҷироне, ки бо муомилоти моли бисёр машғул буданд, ин тангаҳоро дар тиҷорати байналхалқӣ кор мефармуданд, зеро дар ин хели тиҷорат масъалаи муовиза душвор нест. Ба ақидаи ин муҳаққиқ, тангаҳои тиллоии Рим ва Кушон на он гуна тангаҳое буданд, ки «дар як ва ҳатто дар кишварҳои ҳамҷавор паҳлу ба паҳлу гардиш карда тавонанд»[39].

Вале сарфи назар аз ин, мо ба маълумоти фаровони роҷеъ ба равобити ти-ҷоратии империяи Риму ҳиндустон, аз ҷумла, давлати Кушон, ба бозёфтҳои сершумори тангаҳои Рим дар хоки ҳиндустон[40], ба таъсири баҳснопазири усули сикказании римӣ ба тарзи сикказании кушонӣ чашм пӯшида наметавонем [41]. Вале ҳамаи ин касро ба андешае водор менамояд, ки сабаби дар муомилоти пулии Кушониён роиҷ шудани тангаҳои тилло эҳтиёҷоти тиҷорати байналхалқӣ буд ва дар бобати муқаррар шудани вазни тангаҳои тиллоии Кушониён таъсири меъёри тангаҳои Рим бошад ҳам, аммо гуфтан мумкин, дар ин бобат нусхабардорӣ ҷой надошт.

Е.В.Зеймал таъкид кардааст, ки дар як давлати бекарони муқтадир муттаҳид шудани мулкҳои парешону пароканда ва ба туфайли ҳамин хеле афзудани имконияти иқтисодиёти мамлакат яке аз заминаҳои асосии ислоҳоти мазкур гардиданд, ки дар айни он аз тангаҳои нуқра даст кашида, тангаҳои тиллоро ҷорӣ намуданд[42]. Ба фикри мо, ин даъвои Е.В.Зеймал, бешубҳа, дуруст аст.

«Маълум ки шоҳони давлати Кушониёни Кабир аз сикка задани тангаҳои нуқра тамоман даст кашида буданд,– менависад Е.А.Давидович,– вале ин масъала тадқиқоти махсусро тақозо дорад, аммо дар ин масъала ҳатман ду ҷиҳатро ба эътибор гирифтан лозим – аввал, тамом шудани нуқра дар конҳои нуқра ва сонӣ, барои эҳтиёҷи сиккахонаҳо ба қадри кофӣ ҷамъ нашудани нуқра. Аз афти кор, аз ҳама дурусташ ҳамин, ки таъсири ҳар ду омил ба назар гирифта шавад ва аҳамияти он омилҳо бо давраҳои гуногуни таърихӣ – бо шароити тағйирёбандаи сиёсӣ (давраҳои омадани йуҷиҳо, давраҳои вуҷуди панҷ мулки тобеъ, давраҳои вуҷуд доштани панҷ мулки мустақил, давлати Кушониёни Кабир; васеъ шудани ҳудуди мамлакат) ва иқтисодӣ (ҳатман равнақ ёфтани истеҳсолоти молӣ, ки хеле зиёд шудани миқдори пулро талаб мекард) вобаста карда шавад.

Баъди суқути давлати Юнону Бохтар дар муддати мадид ислоҳоти пулии Кадфизи II як дигаргунии сифатие мебошад, ки ба туфайли, умуман, инкишоф ёфтан ва дигар гаштани шароити сиёсию иқтисодӣ ва ҷузъан равнақ ёфтан ва пеш рафтани сикказанӣ ва муомилоти пулӣ, ба амал омада буд»[43].

Канишка ва равнақи давлати Кушон

Машҳуртарин шоҳи Кушон — Канишка мебошад. Таҳлили номи вай дар илм боиси мубоҳисаву мунозираи дурударозе гардид. Г.Бейли изҳори андеша кард, ки қисми аввали ин ном аз калимаи «kan» («хурд, ҷавон») баромадааст ва маънои тамоми калима «ҷавонтарин» ё «хурдтарин» аст[44]. В.Б.ҳеннинг ҳам ба ин фикр розӣ, вале бар хилофи Г.Бейли, вай ба суффикс маънои дигар дод[45]. В.В.Иванов таклиф кард, ки суффикс тахорӣ ва худи калима калимаи муштараки форсу тахорӣ шумурда шавад[46].

Агар маънои номи Канишка то ба ҳол аниқ муайян нашуда бошад, масъалаи муайян намудани санаи аҳди вай аз он ҳам мушкилтар аст. Зарофати фарзияву тахминҳои сершумор ҷои маълумоти аниқро гирифта наметавонад. Санаҳои ниҳоят мухталиф аз соли 78 сар карда, то соли 278 милодӣ пешниҳод шудаанд. Дар вақтҳои охир нумизматҳои ҳам советӣ ва ҳам хориҷӣ санаҳои сонитари (ё нисбатан сонитари) ибтидои аҳди Канишкаро дурусттар мегӯянд, вале дар омади гап, ин ақидаи онҳо боиси эътирози сахти муқобилони онҳо гардидааст. Аз афти кор, бозёфтҳои нав, алалхусус бозёфтҳои археологӣ ин масъаларо равшан хоҳанд кард, вале алҳол ин масъала ба кӯчаи равшанӣ ё муайянӣ наздик ҳам нашудааст. Инак, баробари санаи Канишка, санаҳои аҳди дигар шоҳони Кушон ҳам аз «асре ба асре чорхез мекунанд».

Мувофиқи маълумоти мавҷуда аҳди Канишка камаш 23 сол давом доштааст. Дар аҳди вай вусъат ва тамаркузи минбаъдаи мулкҳои ҳиндустонии Кушон ба вуқӯъ пайваст: Панҷоб, Кашмир, Синд, Уттор Прадеш (дар шарқ то худи Банорас) дар таҳти ҳокимияти вай буд. Пойтахти давлат шаҳри Пурушапура (Пишовури ҳозира) қарор ёфт[47].

Сарзамини давлати Кушон дар аҳди Канишка бо як худи шимоли ҳиндустон маҳдуд нашуда, қариб тамоми Афғонистон, бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна ва Туркистони шарқиро дар бар мегирифт.

Сюан-Сзан навишта буд: «Пештар, замоне ки Канишка подшоҳӣ мекард, шӯҳрати вай дар давлатҳои ҳамсоя паҳн шуд ва иқтидори ҳарбии ӯро ҳама эътироф менамуданд. Шоҳзодагоне, ки дар кишварҳои ғарбтари Хитой буданд, ба Канишка итоат доштанд ва ба ин подшоҳ гаравиҳои худро мефиристонданд»[48].

Дар катибаи соли 262-уми милодии шоҳи Сосониён — Шопури I дар «Каъбаи Зардушт» гуфта мешавад, ки тӯли Кушоншаҳр то Пишовур (?), Кош (Қошғар ё Кеш – Шаҳрисабз), Суғд ва ҳудуди Чоч буд[49]. Ёдгориҳои археологӣ ва бозёфти тангаҳо имкон медиҳанд бо камоли итминон гӯем, ки ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистони ҳозира (аз ҷумла, Помир) ва Ӯзбекистон, инчунин водии Зарафшон, бешак, дар ҳайъати давлати Канишка буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар давраи авҷи тараққиёти давлати Кушон Фарғона ҳам дар ҳайъати он, ё худ дар зери таъсири он буд, ин нуктаро дар ҳаққи ноҳияҳои маҷрои мобайни дарёи Сир ҳам гуфтан мумкин аст. Дар ин бобат дар бораи Хоразм ягон гапи аниқ задан мумкин не: иддаои мавҷуд будани «Хоразми кушонӣ», ки дар адабиёт бисёр ба назар мерасад, алҳол асоси мустаҳкам надорад.[50]

Дар бобати Туркистони шарқӣ бошад, ҳатто сарчашмаҳои ғаразомези хитоӣ эътироф менамоянд, ки ин мамлакат муддате дар ҳайъати давлати йуҷиҳо, яъне Кушониён буд. Аввал Кушониён ва Хитои ханнҳо робитаи дӯстӣ доштаанд. Вале баъдтар дарбори ханнҳо бо роҳи хиёнат ҳайъати сафорати Кушониёнро ба ҳабс мегирад. Дар натиҷа ҷангҳои бисёре мешавад. Дар ниҳояти кор, дар ибтидои асри II эраи нав ба Кушониён муяссар шуд ба тахти Сулэ (Қошғар) волии худро бардоранд[51] ва ҳокимони ин мамлакат аз йуҷиҳо «метарсиданд»[52].

Дар натиҷаи мавҳумии хронологияи Кушониён алҳол маълум не, ки ин ҷангҳои Кушону Хитой дар аҳди Канишка шудаанд ё дар аҳди ниёгони вай.[53] Маъхазҳои ҳиндӣ, ҳам ишғоли Тарим ном вилояти Туркистони шарқӣ ва ҳам ғалаба дар ғарб бар портҳоро бо номи Канишка алоқаманд кардаанд.[54]

ҳамаи ин далолат ба он дорад, ки Канишка тавонист на фақат хоки давлати худро вусъат диҳад, балки, аз афти кор, ба калонтарин давлатҳои ҳамсоя зарбаҳои сахт занад.

Ривоятҳои буддоӣ номи Канишкаро бо дини буддоӣ сахт вобаста кардаанд. Мувофиқи ин ривоят Канишка ба дини буддоӣ гузашта, пайрави маҳкамэътиқоди ин дин шуд. Вай бинову иншоотҳои сершумори дини буддоӣ – ступаҳо, виҳорҳо ва ғайра сохт. Ривоят ҳаст, ки Анҷумани Севуми буддоӣ маҳз бо ташаббуси ӯ ҷамъ шудааст.

Албатта, дар ин ривоятҳои буддоӣ иғроқу муҳобот бисёр аст, вале баъзе нуктаҳои он дар маъхазҳо ҳам зикр шудааст. Масалан, Берунӣ хабар медиҳад, ки Канишка дар Пишовур Каникчайтя ном маъбаде сохта будааст.[55]

Бешак, асоси ҳама ривоят ягон ҳодисаву воқеаи реалӣ аст. Дар ин бобат, чунин факт ҷолиби диққат мебошад; яке аз ниёгони Канишка шоҳи Кушон Вима Кадфиз дар тангаҳои худ фақат як худои ҳиндуҳо–Шиваро тасвир мекард. Вале дар тангаҳои Канишка ва вориси вай Хувишка расми ин худо бошад ҳам, дар байни расмҳои сӣ худои дигар ҷои назарногире доранд.[56] Дар байни ин худоҳо расми Буддо ва катибаи «Буддо» ва «Буддо Шакямуни» ҳастанд.

Дар тангаҳои Канишка дигар худоҳо, масалан, худоҳои антиқӣ ҳам тасвир шудаанд. Дар байни ин худоҳо худоҳои кеши зардуштия – худои ғалаба ва бод Вэрэтрагна, Анаҳитои машҳур, худои офтоб ва ғалаба Митра, рамзи сарват ва ҳукми подшоҳӣ Фарро барин худоҳо ба назар мерасанд. Вале олимон ба як ақида наомадаанд, ки ин серхудоӣ инъикоси авзои ҳақиқии дини Кушониён аст ё сабаби он мақсади сиёсӣ мебошад, яъне бо ҳамин роҳ табақаҳои гуногуни давлати беканори Кушонро дилгарм карданӣ буданд. Маҳз дар аҳди Канишка бори аввал дар тангаҳо ба забони бохтарӣ (на юнонӣ) навиштаҷоте пайдо шуд, ки бо намуди кушонии хатти юнонӣ иҷро шуда буд. Ин навигарии Канишка хеле бамаврид баромад, ки минбаъд ҳам дар тангаҳои кушонӣ истифода мешуд.

Хулоса, дар аҳди Канишка дар соҳаи маданияти маънавӣ дигаргуниҳои калон ба вуқӯъ омад, дар баробари хеле озод будани дигар динҳо дини буддоӣ эътибори бештаре пайдо карда, ба он худи подшоҳ ҳам мӯътақид мешавад, забони бохтарӣ аҳамияти бештаре пайдо карда, аз афти кор, ба забони расмӣ (ё худ ба яке аз забонҳои расмӣ) мубаддал мегардад.

Дар аҳди Канишка танга бисёр бароварда мешуд. ҳунармандӣ ва тиҷорат равнақ меёбад. Давлати Кушон ба авҷи иқтидори худ мерасад. Вале дар айни ҳол, таъсири дигар қувваҳои марказгурез зӯр мешавад, яъне бениҳоят гуногун будани мулкҳои ҳайъати давлати Кушон, муқобилати баъзе ҳокимон ва сиёсати таҷовузкоронаи давлати Сосониён, ки дар рӯи харобаҳои давлати Порт дар Эрон ба вуҷуд омада (соли 226 эраи мо), акнун қувват мегирифт, амнияти давлати Кушонро халалдор мекарданд.

Таназзули давлати Кушон. Кушониён ва Сосониён

Мувофиқи катибаҳои ҳиндӣ баъди Канишка ба тахт Васишка нишаст, вале тангае бо номи ӯ нест, тангаҳое ҳастанд, ки дар онҳо Хоэрко (аслан Хоэшко, зеро дар хатти бохтарӣ овози «ш» бо «р» ифода мешуд) зикр шудааст ва ӯро аз рӯи дар катиба чи гуна талаффуз шуданаш Хувишка[57] мегӯянд. Вай зиёда аз сӣ сол ҳукмронӣ кардааст. Аз ҷумлаи дигар шахсоне, ки тӯлонӣ дар сари идораи давлат нишаста буданд, Васудеваро ном бурдан лозим. Дар аҳди Васудева аз расмҳои худоҳои бисёри рӯи тангаҳо боз фақат расми Шива мемонад. Зимнан, чи тавре Е.В.Зеймал ҳам ба ин ишорат кардааст, дар тангаҳои Васудева (чунончи, дар тангаҳои Вима Кадфиз) расми Шива чунон кашида шудааст, ки ба навъҳои сонитари тасвироти вай хос буда, ба ҳамон фирқаи шиваизм мансуб аст, ки дигар хел динҳоро бо таассуби тамом мутлақо эътироф намекард.[58]

Дар боло хотирнишон намудем, ки давлати Сосониёни Эрон қувват мегирифт. Шоҳи Сосониён Шопури I (солҳои 242-272 э. н.) солҳои 40-уми асри III э. н. ба шарқ лашкар мекашад. Дар катибаи худ Шопур ва ворисони ӯ худро «шоҳони Сакистон, Туристон ва ҳиндустон то каронаи дарё» номидаанд.[59]

Ба фикри В.Г.Луконин, ба Шопури I, дарвоқеъ, муяссар шудааст, ки аз афти кор, танҳо ноҳияҳои дурдасти собиқ давлати Порт, аз ҷумлаи Марв ва Сиистонро ба худ тобеъ намояд.

Дар боло катибаи соли 262-уми «Каъбаи Зардушт»-ро роҷеъ ба Кушоншаҳр зикр карда будем. Дар ин катиба пеш аз рӯйхати ноҳияҳо (аз ҷумлаи онҳо Кушоншаҳр) Шопури I мегӯяд, ки «ҳукмам равост» ва баъди рӯйхат бошад, илова мекунад: «ҳамаи онҳо боҷ медоданд ва итоат доштанд». Ақидае ҳаст, ки эҳтимол Кушоншаҳр худаш дар ҳайъати давлати Сосониён набошаду фақат боҷдеҳи он бошад[60], вале одатан, чунин мешуморанд, ки Кушоншаҳр дар ҳайъати давлати Сосониён буд[61]. Кушоншаҳр чӣ қадар дар ҳайъати давлати Сосониён буд?

Ин алҳол муаммои ҳалношуданӣ мебошад (шояд, ки ин ба шоҳони сосонӣ итоат доштани ҳокимони Кушон бошад). Хабари сарчашмаҳо ба якдигар мувофиқат надоранд ва ҳатто хилофи ҳамдигаранд. Аз як тараф, муаррихи араб Табарӣ менависад, ки нахуст аз Сосониён Ардашери I Марв, Балх, Хоразмро «то ҳудуди ақсои Хуросон»[62] забт кардааст. Одатан ин хабарро дуруст мешуморанд ва танҳо баъзе олимон ба он шак доранд[63]. Агар фарз кунем, ки хабари Табарӣ дуруст аст ва асли маънои навиштаҷоти «Каъбаи Зардушт» ҳамон мебошад, пас ба ин нуктаҳо як шаҳодате, ки аз маъхазҳои монавия бармеояд, хилоф мешавад.

Асосгузори мазҳаби монавия Монӣ дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри III ба шарқ Маар Уммо ном воизеро фиристода буд. Ин воиз аз Хуросон гузашта, ба ҳудуди Кушон расид, баъдтар ривоят ҳаст, ки ба Замба (Замм–шаҳр ва убургоҳест дар Амударё дар қарибии Каркии ҳозира) омадааст. Аз афти кор, охирин маҳалли саёҳати Маар Уммо–шаҳри Варучан (дар қарибии Балх) дар зери ҳокимияти шоҳони Кушон ё худ шояд дар зери ҳокимияти олии давлати Сосониён буд ё ба он итоат дошт.[64]

Хулоса, ба Сосониён ба ҳар ҳол муяссар шудааст, ки ба Кушониён зарбаи сахт зананд ва қисми бисёри мулкҳои онҳоро кашида гиранд. Вале кай?

Масъалаи санаи аз давлати Сосониён шикаст хӯрдани давлати Кушон бе ҳалли масъалаи муайян намудани санаи сосонукушонӣ ва кушонусосонӣ ном тангаҳо ҳал карда намешавад. Ба тадқиқи ин масъала А.Каннингэм, Э.ҳерсфелд, А.Бивар, В.Г.Луконин, Р.Гёбл барин муаррихон ва нумизматҳо машғул шудаанд. Як қисми ин тангаҳо мисли тангаҳои сосонӣ сикка зада мешуданд. Дар ин тангаҳо бо забони форсии миёна хат ҳаст. Ин тангаҳоро зарробхонаҳои Марв ва ҳирот мебароварданд. Дигар хел тангаҳо мисли тангаҳои давраҳои охири давлатии Кушон бароварда мешуду дар онҳо номи Васудева буд. Хати ин тангаҳо ҳам ба забони форсии миёна, вале он бо ҳуруфоти кушонӣ навишта шудааст ва зимнан, дар баъзеи онҳо калимаи «Бахло» (яъне Балх) ҳаст. Ба тахмини Э.ҳерсфелд, ҳамаи тангаҳое, ки ба тангаҳои Кушониён шабоҳат доранд, дар Балх[65] сикка зада мешуданд, ҳатто ҳамон тангаҳо, ки дар онҳо номи шаҳр нест, низ аз Балх мебаромаданд. Вале Бивар ин иддаоро ҳаққонӣ зери шак монда, ақидае изҳор намуд, ки зарробхонаи асосӣ дар қарибиҳои Кобул воқеъ буд[66].

Дар яке аз тангаҳо чунин катибае ҳаст: «Мӯъмини Маздак, подшоҳи ҳурмузд, шаҳаншоҳи аъзам» ва илова бар ин номи зарробхонаи Марв зикр шудааст. Дар дигар тангаҳо номҳои Ардашер, Пирӯз, Вароҳран ба назар мерасад. Пештар баъзе олимон, аз ҷумла, Э.ҳерсфелд тахмин доштанд, ки фарз кардем ҳурмузди тангаҳои кушонусосонӣ ин ҳамон шаҳаншоҳи Эрон ҳурмузди II (солҳои 302–309) аст ва ғайраву ва ҳоказо. Дар натиҷаи таҳлили муфассали таърихӣ В.Г.Луконин ба чунин хулоса омад, ки ин тавр бевосита айният додан ғалат аст. Вай исбот мекунад, ки тангаҳои кушонусосонӣ (ва ҳам сосонукушонӣ)-ро шоҳзодагони Эрон (ки баъзе аз онҳо умуман шаҳаншоҳи Эрон нашудаанд) аз миёнаҳои асри IV то миёнаи асри У-уми милодӣ мебароварданд.[67]

Қабули ин нукта ба андозае тақвияти ақидаи санаҳои сонитари аҳди шоҳони Кушон ва заволи давлати Кушон аст, яъне ин сана на асри III, балки асри IV мешавад. Вале далелҳое ҳастанд, ки фарзияи В.Г.Луконинро рад мекунанд. Алҳол хулосаи қатъӣ баровардан мумкин нест. Заволи давлати Кушон кори якбора набуд, балки амале буд, ки дар муддати тӯлонӣ, бо таъсири сабабҳои берунӣ ва дохилӣ ба вуқӯъ мепайваст.

Мо муносибати Кушониён ва давлати Сосониёнро дида баромадем. Вале давлати Кушон маҷбур буд, ки зидди чандин самт мубориза барад ва дар дохили худи Кушониён ҳам ким-чи хел ҷойивазкунии қувваҳо ба амал меомадааст. Аз ҷумла, дар ин бора солномаи хитоӣ далолат мекунад: «…Шоҳи диловари йуҷиҳо Сидоло бо лашкари худ аз кӯҳҳои баланд гузашта, ба ҳиндустони шимолӣ ҳамла кард ва панҷ давлатро, ки шимолтари Гантоло (яъне Қандаҳор) воқеъ буданд, забт намуд».[68] «Шоҳ Сидоло» номи хитоии Кидара ном ҳокими Кушониён аст, ки дар нимаи дувум ё аниқтараш дар охири асри IV дар қисми зиёди давлати пештараи Кушон ҳукми худро ҷорӣ карда буд. Дар айни ҳол, як қисми Осиёи Миёнаро қабилаҳои навомадаи хиёниҳо забт карданд. Ниҳоят ҳокимият ба дасти ҳайтолиён гузашт. Ҷангҳои доимии асрҳои IV–V аҳволи Осиёи Миёнаро ниҳоят табоҳ карданд.

  1. Зограф А. Н., 1937, Давидович Е. А., 1976, с. 72.

  2. Давидович Е. А.. 1976, с. 71.

  3. Давидович Е. А., 1976, с. 59-60.

  4. Бичурин, II, с. 227-228. Тарxумаи Э.Шаванн (Chavannes Е., 1907, р. 190-192) ва [ам тарxумаи Э.Пуллейблэнк (Pulleyblank E.G., 1961-1968, р. 1) бо тарxумаи Бичурин амалан як аст.

  5. Pulleyblank E.G., 1962, р. 118.

  6. Cunningham A., 1883; Sircar D.C., 1965, р. 219–235; «The Age of Imperial Unity», 1951, р. 154–158.

  7. Тафсир[ои бе[таринро ниг.: Van Lohuzen-de Leeuw J.E., 1949; р. 1-72; Ghirshman R. 1957, р. 690-722; Rosenfield J.M., 1967, р. 253-258; Narain А. К., 1968. Тафсилоти муфассалтарро ниг.: Зеймаль Е. В., 1968 а.

  8. Bhandarkor D. K., 1902, р. 269-302, 385-386.

  9. Зотан аrидае [аст, ки дар хондани ин ном са[в рафтааст, ин одам на Вима Кадфиз, балки ягон волии Кушониён аст (Sircar D.C, 1963, р.139). Ба аrидаи Рапсон, ин номи [окими ма[аллии кe[истон мебошад.

  10. Maricq А., 1958, р. 380-393; Rosenfield J.M., 1967, 1968 а, р.264–273; Зеймаль Е.В., 1968 а, с.18-23, 32–47 (рeйхати муфассали катиба[о).

  11. Van Lohuizen-de Leeuw J.E., 1949, р. 63–65, 1–72, 302–387, xадвали А., В.

  12. Sircar D.C. 1960, р. 185–188.

  13. Dani A.H., 1968, р. 1–3.

  14. Зеймаль Е. В., 1964, с. 40–46; 1965, с. 4–6; 1968 б.

  15. Яке аз эпиграфист[ои маш[ури [озира Д. Саркор ({индустон) аrидаи дар эраи Канишка навишта нашудани сади[о ва, умуман, аrидаи «мувофиrат»-и эра[оро rатъиян инкор мекунад (Sircar D.C., 1960, р. 249–250; ниг.: низ Mukherjee B.N., 1967, р. 107, 110, 117).

  16. Зеймаль Е. В., 1968 б; Луконин В. Г., 1967, с. 16–40.

  17. Ниг.: Göl R., 1964, s. 7; 1967.

  18. Pelliot Р., 1934, р. 40; Harmatta J., 1965; Pulleyblank E.G., 1966–1968, р. 121.

  19. Ниг.: «Центральная Азия в кушанскую эпоху», 1974; «Центральная Азия в кушанскую эпоху», т. II, 1975.

  20. Puri B.N., 1965.

  21. Pelliot Р., 1934, р. 39. Чунин шаклро Б. Карлгрен [ам пешни[од кардааст (ниг.: Konow S., 1933, р. 27–28).

  22. Бичурин, II, с. 228.

  23. Petech L., 1950, р. 69. Муrоиса шавад: Массон В. М. ва Ромодин В. А., 1964, с. 68.

  24. Petech L., 1950, р. 69–70.

  25. Cunningham А., 1892, р. 6–8, 25–28 ва дигар мадракаву маrолаву тадrиrот роxеъ ба танга[ои Кушониён.

  26. Sircar D.C., 1938; Simonetta A.M., 1958, р. 171; Массон В.М., Ромодин В.А., 1964, с. 158–159.

  27. Таrn W., 1951, р. 503–507; Narain A.K., 1968, р. 160–162; Rozenfield J.M., 1967, р. 12–13.

  28. Marquart J., 1901, s. 208–209.

  29. Зеймаль Е. В., 1960, с. 115–116.

  30. Göbl R., Зеймаль Е. В., 1965, с. 6–7. Дар байни нумизмат[о аrидаи ягонае нест, ки тимсоли сурати (сари марде дар аверс) баъзе танга[ои Кадфиз ба кадом танга[ои римb – танга[ои Август, ё Тиберий, ё Клавдий ва u. алоrаманд аст. Ба фикри Розенфелд, сурат[ои рeи танга[ои Кушониён чунон мав[уму умумb мебошанд, ки он[оро бо ин ё он оригинали римb аниr муrоиса кардан мумкин нест (Rosenfield J.M., 1967, р. 13)

  31. Массон М. Е., 1950; Пугаченкова Г. А., 1966 а; ба фикри А. К. Нарайн (Narain A.K., 1968, р. 8) ин танга[оро Кадфизи I дар нимаи дувуми а[ди худ баровардааст.

  32. Simonetta А., 1958, р. 171.

  33. Зеймаль Е. В., 1957, с. 7

  34. Göbl R., 1968, р. 5–6.

  35. Pelliot P. 1934, р. 34.

  36. Vogel J., 1930, р. 22, II. Вале якчанд олимон ба ин зид [астанд (Rosenfield J.M., 1967, р. 144-145).

  37. Ghirshman R., 1946, р. 142. Муrоиса кунед: Petech L.,1950, р. 75.

  38. Van Lohuizen-de Leeuw J.E., 1949, р. 365.

  39. Mac Dowall D.W., 1960, р. 63–68.

  40. Wheeler M., 1955, р. 141–202; Margabandho C., 1955, р. 316–322.

  41. Göbl R., 1960, р. 76.

  42. Зеймаль Е. В., 1967, с. 61.

  43. Давидович Е. А., 1976, с. 76–77.

  44. Bailey Н. W.,1968.

  45. Henning W. В., 1965, s. 83–84.

  46. Иванов В. В., 1965.

  47. Синха Н.К., Банорxb А.X., 1954, с.81; Sircar D.С., 1953, р.141. Баъзе олимон дар асоси та[лили катибаи Канишка баъзе мар[ала[ои тасхири {индустон ва вусъати хоки давлати eро муайян карданианд (Puri В. N.. 1965, р. 37 ва харита).

  48. Si-Yu-Ki, p. 173.

  49. Sprengling M., 1953, Р. 7, 14; Луконин В. Г., 1967, с. 16, 1964 а, с. 30-31.

  50. Дар бораи мубоҳиса оид ба ин масъала ниг.: Толстов С. П.,1948 б, с. 151; Ставиский Б.Я., 1961, с. 111-112; Массон В. М., 1966 в ва дигарон.

  51. Тафсилоти ин масъаларо ниг.: Васильев Л.С., 1955.

  52. Бичурин II, с. 232; Chavannes Е., 1907, р. 205.

  53. Pulleyblank Е., 1906-1968, р. 117-121.

  54. Ghirshman R., 1946, р. 145-146.

  55. Берунb, 1963, с.360.

  56. Зеймаль Е. В., с. 40-41.

  57. Дар бораи давраи [укмронии Хувишка маълумот кам аст, бинобар ин даъвои Б.Н.Пурb – «а[ди Хувишка, э[тимол, давраи аз [ама мутараrrии таърихи Кушон мебошад» (Puri В. N., 1965, р. 16), ягон асоси реалb надорад.

  58. Зеймаль Е.В., 1965, с. 14. Дар бораи авзои шиваизм дар давраи Кушониён ниг.: Puri В. N., 1965, р. 138–139.

  59. Луконин В. Г., 1969, с. 34–37.

  60. Дар [амон xо, с. 31.

  61. ИТН, I, с. 367; Лившиц В. А., 1969, с. 56.

  62. Nöldeke Th., 1879, s. 17–18.

  63. Луконин В. Г., 1969 а, саҳ. 22–27.

  64. Матн[ои Монb роxеъ ба ин саё[ат аз тарафи В.В.{еннинг (1944, р. 85–90, 1950, р.94) тадrиr шудаанд.

  65. Нerzfeld Е., 1931, р. 11.

  66. Bivar А. Д. Н, 1956, р. 17.

  67. Луконин В. Г., 1967.

  68. Бичурин, II, саҳ.264.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *