Фанни Таърихи точикон

Маданият дар давлати Темур ва Темуриён

Бинокорӣ ва меъморӣ

Аз асри ХV ба замони мо миқдори зиёди ёдгориҳои мӯҳташами меъморӣ боқӣ мондааст, вале ин фақат як қисмати камест аз он чи ки дар он даврони таърих ба вуҷуд омада буд. Темур ва Темуриён сохтмони биноҳоро беш аз пеш вусъат медоданд ва феодалони сарватманд дар ин кор ба онҳо тақлид ва пайравӣ менамуданд. Хусусан дар ду пойтахти давлати темурӣ – Самарқанд ва ҳирот бинокорӣ ба авҷи худ расида буд. Аммо бисёр шаҳрҳои дигар ҳам дар давоми асри ХV бо иморатҳои зебову муҷаллал ороста гардиданд.[1]

Аз қасрҳои сершумори онвақтаи Осиёи Миёна танҳо як қисми пештоқи Оқсарои Шаҳрисабз, ки бо амри Темур бино ёфта буд, маҳфуз мондааст.[2] Бо вуҷуди ин, аз таърифу тавсифи пурваҷди ҳамзамонон ва тасвири муфассали онҳо дар бораи истеъдод ва маҳорати меъморон, ороишгарон ва боғбонони гулдаст тасаввуроти комил ҳосил мегардад. Темур, авлоди ӯ ва дарбориёнаш бо майлу ҳаваси тамом боғҳои қасрдори берунишаҳрӣ месохтанд. Ин боғҳо бо растаҳои сабзу гулгаштҳои хуррам ба қитъаҳои мутаносиб тақсим гардида, дар онҳо гулу буттаҳо ва дарахтони сара бо завқу салиқаи баланд шинонда мешуданд, ҳавзу истахрҳои пуроб ва ҷӯйҳои шилдирросии бо буттагулҳо пӯшидашуда ҳавои боғро серун ва форам мекарданд ва ин манзараи фараҳбахш саҳнаи сайргоҳи дилфиреберо ба назар ҷилвагар месохт; дар дарунтари боғ кӯшки бошукӯҳе бино гардида, бо тамоми василаҳои зинатии замон зебу оро меёфт.[3]

Дар бораи осори меъмории гражданӣ ҳам асосан ба воситаи сарчашмаҳои хаттӣ метавон огоҳ шуд. Он вақтҳо сохтмони ин навъ биноҳо ба миқёси васеъ анҷом меёфт. Масалан, дар Самарқанд, чунон ки зикр гардид, бо фармоиши Темур яке аз хиёбонҳо ба бозорҷои умрону обод табдил дода шуд. Клавихо ҳатто аз дидани сохтмони нотамоми ин бозори хиёбонии тоқу равоқдор ва панҷаракоришуда ба ваҷд омада, онро хеле таърифу тавсиф намудааст. Шоҳрух ҳам дар ҳирот ҳамин гуна як бозоре сохт. Дар ду тарафи хиёбони чорсӯ, ки ин бозор воқеъ гардида буд, биноҳои дутабақаи дӯконҳо сохта шуда, болои хиёбонро саросар гунбазҳои панҷаранок пӯшонида буданд, дар маҳалли якдигарро бурида гузаштани ду хиёбони сарпӯшида бинои гунбазноки Чорсӯ сохта шуда буд, ки вай низ дӯконҳо дошт.[4]

Мадраса, масҷид ва мақбараҳои то замони мо расидаи он давра дар бораи комёбиҳои муҳандисӣ, лоиҳакашию биносозӣ ва ороишгарии меъморони асри ХV тасаввуроти пурра ва вуҷуд меоваранд. Аввалҳо баъзе корҳои марбут ба такмили усули кӯҳнаи сохтани бомҳои гунбазнок, вале баъдтар татбиқи васеи усули нав аз муҳимтарин муваффақиятҳои бинокорони онвақта ба шумор мерафт. Асли моҳияти усули нав аз ин иборат буд, ки акнун гунбаз на бар деворҳои бино, балки ба равоқ ва дигар қисмҳои бино устувор карда мешуд, ки ин ба хеле кам шудани қутри гунбаз имкон медод. Ин чунин маънӣ дошт, ки биноҳои калону васеъро ҳам гунбазпӯш кардан мумкин буд. Аз рӯи ин усули нави гунбазсозӣ дар биноҳои на фақат мураббаъ, балки дарозрӯя ҳам имкони гунбаз ниҳодан фароҳам меомад.

Дар ороишоти ёдгориҳои меъмории он давр майлҳои ҳашаматхоҳӣ ва таҷаммулписандӣ тазоҳуроти равшани худро пайдо намудаанд. Василаҳои ороишгарӣ хеле гуногун ва мукаммал буданд. Дар ин бобат низ комёбиҳои пешинзамон ва бозёфтҳои тоза ба ҳам омехта, мавриди истифода қарор мегирифтанд. Дар асри ХV хотамкории маҷмӯии хеле гарон ва заҳматталаб, ки он вақтҳо ба дараҷаи беназири такомули худ расида буд, ба таври васеъ ба кор бурда мешуд. Тасвирҳои нафиси наботӣ ва ҳандасӣ, интихоби рангҳои асил (аксаран гаммаи рангҳои кабуду сафеду нилобӣ), тарҳи аҷиби луоби нилгун, ки дар замини ялтаросии он тахайюлоти беинтиҳои мусаввир нақшҳои зебое меофарад, аз хусусиятҳои барҷастаи хотамкории он замон ба шумор меравад. Барои ороиши деворҳои дарунӣ усули кундал, ки аз омезиши андудаи тилло бо ягон хел ранг (бештар ранги кабуд) иборат аст, истифода мешуд. Таносуби зарандуд ва ранг гуногун буд: баъзан заминашро зарандуд намуда, бар он шаклҳои барҷастаи рангӣ мекашиданд ва ё, баръакс, ба заминаш ранг молида, дар рӯи он шаклҳои барҷастаи тиллоӣ месохтанд. Дар ҳар ҳолат нақшу нигори аҷиб ва ҷолибе ба вуҷуд меомад ва бесабаб нест, ки мутахассисон ин навъи ороишро ба парчаи зардӯзӣ монанд кардаанд.

Дар ороиши бино мармари суфта ё бо катибаву тасвири кандакорӣ ва ё бо нақшҳои нафиси тиллоӣ зинатдодашуда ба таври васеъ истифода бурда мешуд.

Дар ин асар тамоми усул ва василаҳои ороиши ин асрро тасвир ва тавсиф кардан аз имкон берун аст. Фақат бояд хотирнишон намуд, ки андешаву хаёлоти ороишгарӣ бетағйир намемонданд. Барои охири асри ХIV ва ибтидои асри ХV майли бо нақшу нигор тамоман фаро гирифтани деворҳо хос аст. Баъдҳо усули чидани хиштро бештар ва ба таври васеъ истифода намуда, дар заминаи он аз хиштҳои сирдор катиба ва нақшҳои оддӣ месохтагӣ мешаванд.[5]

Майли таҷаммул ва ҳашаматписандиро дар бинокорӣ ва меъмории он замон, беш аз ҳама, масҷиди Бибихонум, ки солҳои 1399-1404 дар Самарқанд сохта шудааст, дар худ муҷассам менамояд. Як вақтҳо дарвозаи калони тоқдори он ба ҳавлии васее кушода мешуд, ки гирдогирди онро қатори долону айвонҳо иҳота карда, гунбазҳои онҳо болои 400 сутуни мармарӣ устувор буданд. Дар пешгоҳи саҳни ҳавлӣ бинои асосии масҷид: равоқ ва як хонаи барҳавои гунбазӣ воқеъ гардида, бар болои он боз як гунбази пурнақшу нигори баланде сохта шуда буд. ҳоло аз ин масҷид фақат як харобае боқӣ монда бошад ҳам, вай аз шукӯҳ ва азамати пешинаи он ба хубӣ шаҳодат медиҳад.[6]

Мақбараҳои асри ХV аз назаргоҳи меъморӣ гуногуннавъ ва басо диққатангезанд. Мақбараи начандон калон, вале аз ҷиҳати ороиш хеле зебои Шоҳизинда (Ширинбег-ака ва Туман-ака),[7] мақбараҳои Рухобод, Қутби Чаҳордаҳум,[8] ниҳоят, Гӯри Мир аз муҳимтарин ёдгориҳои давраи темурӣ ба шумор мераванд. Аз ин миён Гӯри Мир (1403–1404), ки Темур ва авлоди ӯ дафн шудаанд, хеле ҷолиб аст.[9] Сохт ва тарҳи он бисёр оддист. Танаи ҳаштгӯша, устувонаи мавзун ва гунбади чиндори бо хиштчаҳои нилобиранг рӯкашшуда асоси ин мақбараи машҳурро ташкил намудааст. Ороишоти даруни толори чаҳоргӯшаи тоқчаноки он бо салобати мутантани худ касро дар ҳайрат мегузорад. Санги мармар, ақиқи сабзранг ва оби тилло бо андаке хиратобии умумии рангҳо фақат эҳсоси оромии сукунат ва дурӣ аз дунёи равшанро тақвият менамоянд.

Яке аз беҳтарин ёдгориҳои Улуғбек мадрасаи ӯст, ки дар регистони Самарқанд воқеъ гардидааст.[10] Дар чор тарафи ҳавлии даруни чорравоқа қатори манзилҳои дуошёна, дар гӯшаҳои он чор манораи мавзун ва дар даромадгоҳи асосӣ пештоқи боҳашамате сохта шуда буд. ҳоло чор гунбази болои дарсхона, як манора ва ошёнаи дувуми манзилҳои ин мадраса вуҷуд надоранд. Аммо бо он чи ки акнун ин ёдгории куҳан арзи андом мекунад, боз ҳам дар пеши назари бинанда як асари олии ҳунари меъмориро муҷассам сохта, бо тарҳи зебо, шаклҳои мутаносиб ва нақшу нигори гуногуну дилнишин, вале бисёр босалобати худ таассуроти фаромӯшношуданӣ ба вуҷуд меоварад.

Дар асри ХV боз як навъи мақбара маъмул мегардад, ки ба тарзи иншооти мураккаби чандхонагӣ сохта мешуд. Яке аз ҳамин қабил мақбараҳо Ишратхонаи наздикии Самарқанд мебошад. Толори марказии равоқчадори он андаке тарҳи салибмонанде дорад. Аз ду тарафи ин толор мутаносибан биноҳои дигар: аз як тараф, масҷид, ва аз тарафи дигар, миёнсарои сехонагӣ воқеъ гардидаанд. Маҷмӯи иморати мақбара бо хоначаҳои дуошёнаи идорӣ ба худ шакли тамом гирифта, дар ин асари меъморӣ усули нави қуббасозӣ намунаи барҷастаи татбиқи худро пайдо намудааст. Техникаи нави нигориши кундал ҳам дар ин бино хеле пурра ва моҳирона истифода шудааст. Ба зебу зинати ниҳоятдараҷа фаровони андарун нақшу нигори хеле содаи қисмати беруни бино муқобил воқеъ гардидааст. Маҳз қисмати беруни бино барои беҳтар дарк намудани тамоми ин ёдгории меъморӣ кӯмак мерасонад, зеро ҳангоми аз назар гузаронидани он диққати кас на ба ҷузъиёт, балки ба ҳалли умумии композитсионӣ кашида мешавад ва ба ин восита то чӣ андоза сабук ва муназзам будани сохтмони ин иморати мӯҳташам аёнтар мегардад.[11]

Бинои расадхонаи Улуғбек, ки дар доманаи баландии Чӯпонатои Самарқанд сохта шудааст, аз нодиртарин ёдгориҳо ба шумор меравад.[12] Аз ин бино фақат як теппача ва тӯдаи партовҳои сохтмон боқӣ мондаасту бас. Аммо бо кӯшиши бостоншиносон тарҳи табақаи поини таҳкурсии иморат маълум шуд. Муқаррар гардид, ки бино мудаввар буда, 30 метр баландӣ доштааст ва тавассути чӯбҳои кандакорӣ, сафолҳои сирдори нақшин ва сангҳои мармар ороиш ёфтааст. Ғайр аз ин, аз сарчашмаҳои хаттӣ маълум мешавад, ки расадхона се ошёна доштааст. Бақияҳои олоти асосии расадхона – асбоби дуқӯшаи зовиясанҷ, ки барои мушоҳидаи Офтоб, Моҳ ва зимнан, дигар сайёраҳо кор фармуда мешуд, маҳфуз мондааст. Як нӯги асбоби зовиясанҷ дар чуқурии 11 метр даруни хандақи дар шах кандашуда ва нӯги дигари азбайнрафтаи он тахминан дар баландии 30 метр воқеъ гардида будааст. Ин асбоб ба шакли ду қавси мувозӣ сохта шуда, ба шашяки доираи радиусаш беш аз 40 метр баробар меомад. Қавсҳо самти дақиқи ба меридиан мутобиқ доштанд. Онҳо бо тахтаҳои мармари сайқалёфта рӯкаш гардида буданд. Нури офтоб аз ду равзанаи хурд ба дарун роҳ ёфта, бар ду қавси зовиясанҷ, ки дар рӯи онҳо нишонаҳои дараҷа, дақиқа ва сония сабт шуда буданд, нақши худро мегузошт.[13]

Аз бинокориҳои ҳироти асри ХV хусусан маҷмӯи иморати Мусалло, ки аз масҷид, мадраса ва мақбара иборат аст, шоёни таваҷҷӯҳ мебошад. ҳоло аз ин ёдгории меъморӣ қисмати хеле каме боқӣ мондааст. Манораҳои сеҷузъаи бисёр мавзун ва мақбараи хеле ҷолиби Гавҳаршод, ки яке аз гӯшаҳои мадрасаро ишғол намуда, қисми таркибии он ба шумор мерафт, аз ҳашамат ва азамати он гувоҳӣ медиҳанд.[14]

Санъати наққошӣ ва миниётур

Чунон ки манбаъҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, иморатҳои бошукӯҳ, алалхусус, қасрҳои Темур ва Темуриён аксаран бо тасвирҳои тамоми рӯи деворҳо зинат меёфтанд. Сюжети онҳоро манзараҳои ҷангу муҳосираи шаҳрҳо, базму зиёфат, русуми пазироӣ ва саҳнаҳои муқаррарии зиндагӣ ташкил менамуданд. Чунин василаи ороишро, махсусан, Темур ташвиқ мекард. Дар рӯи девори қасрҳои сарсилсилаи темурӣ тамоми қиссаҳои базму разми ӯ тасвири худро пайдо карда буданд.

Аз рӯи гувоҳии муосирон, суратҳои худи Темур, фарзандону наберагон ва дарбориёни ӯ, ҳатто маликаҳои хонадони темурӣ ҷузъҳои ҳатмии он сюжетҳои мураккаби тасвироти рӯи девори иморатҳои онзамона ҳисоб меёфтанд. Қитъаҳои боқимондаи чанде аз мақбараҳои Шоҳизиндаи Самарқанд дар бораи он санъати бошукӯҳ тасаввури умумӣ ва тақрибӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар ин қитъаҳо фақат ҷӯйҳо, дарахтон, буттаҳо, гулҳо ва дар заминаи наботот ҳавосилҳои паранда тасвир ёфтаанд.[15]

Асри ХV ба олами тамаддун нусхаҳои хаттии олӣ, ки аз коғазу ҷилд то китобату тасвирот – ҳама намунаи санъаткории беназирест, ҳадя намуд.[16] Дар бисёр шаҳрҳои давлати бузурги темурӣ хаттотҳо ва наққошони забардаст зиндагӣ карда, асарҳои хеле зебо ва мӯҳташам меофариданд. Аммо маркази асосии ривоҷу равнақи ин ҳунарҳо ба ҳар ҳол ҳирот ба шумор мерафт. Дар бобати ҷамъ намудани одамони ҳунарвар ва шӯҳратманд ҳеҷ як шаҳр наметавонист бо ҳирот баробар шавад. Дар нимаи аввали асри ХV дар ин ҷо бародари Улуғбек — Бойсунқар ҳамчун донишманд, қадршинос ва ҳомии маданият ном бароварда, чунон ки дар боло гуфта шуд, китобхонае ташкил кард, ки вай на фақат махзани китобҳои нодир буд, балки вазифаи коргоҳи аҳли ҳунарро ҳам адо менамуд. Дар он ҷо беҳтарин миниётурсозҳо, хаттотҳо ва саҳҳофҳо кор мекарданд (як худи хаттотҳо чил нафар буданд). Ғайр аз ин, дар ҳирот китобхона – коргоҳи дарбории Шоҳрух низ мавҷуд буд, ки намунаҳои хеле хуби осори хаттотӣ ва миниётурӣ ба вуҷуд меовард.

Дар нимаи дувуми аср Алишер Навоӣ ва Султон ҳусайн Бойқаро, ки ҳамчунин донандагони қадри ин соҳаҳои ҳунар ҳисоб мешуданд, ҳунармандони мустаидро ҳимоят карда, онҳоро ба дарбор ҷалб менамуданд.

Хусусияти миниётури шарқ, хоҳ барои ороиши китоб хизмат кунад ва хоҳ ба таври ҷудогона (қитъа) сохта шуда бошад, ин аст, ки вай ҳаҷм ва сояравшан, умқ ва дурӣ надорад. Чизҳои ба назари бинанда дар фосилаҳои гуногун воқеъшуда ба тариқи амудӣ, аз паст ба боло: чизҳои наздик дар поён ва чизҳои дур дар боло ҷой дода мешуданд.

ҳаҷми чизҳои дуру наздик таносубан аз ҳам фарқ намекард, яъне чизи дур назар ба чизи наздик ҳаҷман хурд намешуд. Вале ин ҷиҳатҳои миниётурро на ҳамчун нуқсон, балки ҳамчун хусусияти хоси ин навъи эҷодиёти тасвирӣ донистаанд. Нафосати тасвир, обуранги фаровон, ба василаи рангомезӣ ва сохти композитсионии сурат ифода кардани ҳолати рӯҳӣ ва эҳсосот аз ҷиҳатҳои пурарзиши миниётур ҳисоб меёфт. Дар сарчашмаҳои хаттӣ номи бисёр миниётурсозони асри ХV, ки санъаткорони забардасти замони худ буданд, зикр шудааст. Лекин ба сабаби он ки миниётурсозон, одатан, дар асарҳояшон имзо намегузоштанд, таҳқиқи эҷодиёти аксари онҳо бо ниҳояти душворӣ анҷом меёбад.

Дар нусхаи «Шоҳнома»-и соли 1429/30 дар китобхонаи Бойсунқар китобатшуда бист миниётуре, ки чанд нафар ҳунармандон сохтаанд, мавҷуд аст. Муҳаққиқон онҳоро аз беҳтарин намунаҳои марҳалаи аввали равнақи мактаби миниётурсозии аҳди темурӣ ба қалам додаанд. Нафисию мавзунӣ, балки зарифии сурат, равшании ранг ва қисматбандии махсус, ҳатто дар мавзӯъҳои «расмӣ» ҳам ҷиҳати фарқкунандаи ин миниётурҳоро ташкил менамоянд.

Мактаби миниётурсозии ҳирот дар нимаи дувуми асри ХV ба тавассути як идда ҳунармандони моҳир ба авҷи тараққиёти худ расид. Дар байни ин ҳунармандон Камолиддини Беҳзод (тав. байни солҳои 1450-1460 — ваф. соли 1536/37) мақоми хосае ишғол намудааст.

Рассоми бузурги он замон — Мираки Наққош аз қобилияти фавқулоддаи писарбачаи ятим — Камолиддин огоҳ шуда, ӯро тарбият ва сарпарастӣ намуд (мутаассифона, эҷодиёти Мираки Наққош ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст, зеро фақат ду миниётури имзогузоштаи ӯ маълум асту бас). Дар камолоти Беҳзод Алишер Навоӣ низ ҳамчун ғамхор ва мададгор хидмати шоиста намуда, барои ба муҳити одамони истеъдоднок ва маданӣ роҳ ёфтани ӯ имконият фароҳам овард. Дар ташаккули идеалҳои эстетикӣ ва тараққиёти эҷодиёти Беҳзод маҳз ҳамин муҳит таъсири басо муфид ва самарбахш расонид.

Барои миниётурҳои марҳалаи аввали эҷодиёти Беҳзод бештар рангҳои банур ва тазод, қисматбандии динамикӣ, серсуратӣ ва пур кардани ҷо хос аст. Чунончи, миниётурҳои барои «Зафарнома»-и Яздӣ сохтаи ӯ аз ҳамин қабиланд. Дар маркази диққати рассом шиддати муҳориба ва ҷӯшу хурӯши меҳнат қарор гирифтааст. Тасвири майдони муҳорибаи ду қӯшун ба тасвири манзараи мушобеҳ дар нусхаи «Шоҳнома»-и соли 1429/30 ҳеҷ монандие надорад. Дар ин ҷо ду қӯшуни баробар баҳамназдикшаванда не, балки тӯфони разм ба назар мерасад. Дар ин ҷо ҳар як чеҳраи тасвиршуда фардист, задубархӯрди ҷанговарон ногаҳонӣ, пуршиддат ва хеле гуногун аст. Миниётури сохтмони масҷиди ҷомеи Самарқанд аз ҷиҳати мазмун тамоман фарқ мекунад. Вале дар ин ҷо ҳам шиддати ҳаракат баръало ҳис карда мешавад. Дуредгарону кандакорон дам нагирифта кор мекунанд, назораткунанда коргурезеро ҷазо медиҳад, аробаи пур аз санги мармар омада истодааст.

Одамони бисёре тасвир шудаанд, вале ҳама дар қиёфа ва ҳолати гуногунанд: яке серҳаракат, дигаре оромтар, аммо ҳама дар якҷоягӣ ба ташвишу тараддуди кори сохтмон комилан мувофиқат доранд.

Баъзе муҳаққиқон бо имони комил ва баъзе муҳаққиқон бо андак шакку шубҳа якчанд миниётурҳоро, ки дар махзанҳои гуногуни мамлакати мо маҳфуз мебошанд, ба қалами Беҳзод нисбат медиҳанд[17]. Масалан, ба ақидаи санъатшиноси советӣ О.И.Галеркина, якчанд миниётурҳое, ки дар Китобхонаи оммавии давлатии ба номи Салтиков-Шедрини шаҳри Ленинград маҳфуз мебошанд, асарҳои Беҳзод гуфтан мумкин аст[18]. О.Ф.Акимушкин, А.А.Иванов, М.М.Ашрафӣ дар ин бобат хеле бо мулоҳиза изҳори ақида мекунанд ва чунин мешуморанд, ки баъзе аз ин миниётурҳо, бешакку шубҳа, ба қалами шогирдони Беҳзод тааллуқ дорад ва мувофиқи услуби худи Беҳзод кашида шудаанд. Ба ин миниётурҳо композитсияи шинаму мутаносиб, назокату латофати ҳар як печутоби хат, таъсири мукаммалу дилошӯби ранг хос аст, ки ин фақат ба устодони забардаст муяссар мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқони миниётурҳои форсӣ, миниётурҳои аслии Беҳзод соҳиби чунон композитсияи мукаммал мебошанд, ки дар асоси қонуну қоидаҳои аниқу дақиқи математикӣ тартиб ёфтаанд ва одамон дар расм чунон ҷой мегиранд, ки аксар вақт гӯё як доирае пайдо мешавад.

Дар баъзе расмҳои худ Беҳзод ин услуби худро ошкоро ба қалам медиҳад, дар баъзе расмҳояш бошад, баръакс, ба рӯи ин услуби худ парда мекашад ва онро ноаён истифода мебарад. Беҳзод ба қоидаву қонунҳои маълуму муқаррарии расмкашӣ эҷодкорона муносибат мекард, ӯ қоидаву қонунҳоро аз нав месохт, тағйир медод, дигар мекард, маҳз чунин муносибати эҷодкоронаи Беҳзод ва дар айни ҳол, идроки ниҳоят нозуку латифи тобиши ранг ва намуди тарҳ миниётурҳои ӯро ин қадар беҳамтову беамсол кардаанд.

Мактаби миниётуркашии асри ХVI Табриз аз эҷодиёти Беҳзод фаровон баҳра бардоштааст. Соли 1522 шоҳ Исмоили Сафавӣ Беҳзодро ба Табрез бурда, сардори китобхона таъин мекунад, ки вазифаи вай роҳбарӣ ба миниётуркашони дарбор буд. Дар давраҳои аввал услуби миниётуркашии мактаби Табрез дар асоси услуби композитсиясозӣ ва рангубордиҳии равияи ҳирот инкишоф меёфт.

Ба ин ҷиҳати масъала, масалан, рассоми асри ХVI Содиқбеки Афшор низ ишорат намуда навишта буд, ки анъанаи маҳаллӣ бо услуби Беҳзод зич омезиш ёфта буд.[19]

Муҳаққиқон инчунин қайд кардаанд, ки таъсири мактаби ҳирот дар миниётурҳои асри ХVI Бухоро низ ба назар мерасад.

Дар охири асри ХV эҷодиёти Беҳзод бештар ба тафаккур ва эҳсосоти қалбӣ наздик мешавад ва аксаран ба тасвири манзараҳои табиат рӯ меоварад. Чунин кайфияти санъаткори бузург дар миниётурҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Хусрави Деҳлавӣ акс ёфтааст. Мавзӯи ишқи маъсум ва ноком дар осори Беҳзод ифодаи хеле таъсирбахш ва шоиронаи худро пайдо намудааст.

Беҳзод суратгари мумтоз ҳам буд. Дар офаридаҳои ӯ баъзе шахсони таърихӣ аз ҷиҳати қиёфа ба ҳамзамононаш монанд шудаанд. Масалан, дар яке аз миниётурҳо Искандари Мақдунӣ ба худ қиёфаи Султон ҳусайн Бойқароро гирифтааст. ҳамчунин миниётурҳое ҳастанд, ки саҳнаҳои зиндагии дарбориёнро инъикос мекунанд ва дар ин байн сурати Султон ҳусайн ва ё яке аз дарбориён низ ба назар мерасад.

Аммо суратҳои алоҳидаи Султон ҳусайн ва Муҳаммади Шайбонихон аз шоҳкориҳои Беҳзод дар ин навъи санъати рассомӣ ба шумор мераванд.

Беҳзод дар санъат равияи тоза ба вуҷуд оварда, устоди як мактаби махсуси наққошии замон гардид. Ӯ шогирдони бисёре дошт. Яке аз наққошони машҳури он аср — Қосим Алӣ низ, мутобиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, аз шогирдони вай ҳисоб мешуд.

Муосирон чунин мешумурданд, ки тафовути асарҳои ин ду устоди санъатро фақат донишманди зарофатбин метавонад дарк намояд. Мутаассифона, аз миниётурҳое, ки бидуни шубҳа, ба қалами Қосим Алӣ тааллуқ доранд, ягонто ҳам то замони мо нарасидаанд.

Мактаби миниётурсозии ҳирот дар охири асри ХV ва ибтидои асри ХVI усулан ҳалли қисматбандии (назар ба нимаи аввали асри ХV) камтағйирёфтаро ба амал татбиқ намуд. Дар айни замон, ба ақидаи санъатшиносон, дар миниётурҳои он тамоюли реалистӣ беш аз пеш афзуда, майлу кӯшиши фардикунонӣ ва ҳатто ифода намудани ҳолати рӯҳии персонажҳо тақвият меёбад, тасвири табиат мураккабтар мегардад.

Маҳорат ва ҳунари санъаткорон ба дараҷаи баланди такомули худ мерасад. Асарҳои моҳирона офаридаи миниётурсозони забардасти асри ХV яке аз қуллаҳои маданияти бадеии шарқ ҳисоб меёбад.

Илму адаб дар нимаи дувуми асрҳои ХIV-ХV

Яке аз олимони маъруфи замони Темур, ки борҳо дар мубоҳисаҳои илмии дарбори ӯ ширкат намудааст, Саъдуддин Масъуд ибни Умари Тафтозонӣ (1332-1389) мебошад. Саъдуддини Тафтозонӣ то охири умри худ дар Ғиждувон, Ҷом, Хоразм, Туркистон, Самарқанд, ҳирот ва Сарахс ба дарсгӯӣ машғул шуда, доир ба сарфу наҳв, фиқҳ ва илми баён рисолаҳои зиёде таълиф намудааст, ки ҳанӯз аз вақти дар қайди ҳаёт будани ӯ ба қатори китобҳои дарсӣ дохил гардидаанд.

Муаррихи барҷастаи он давр Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Арабшоҳ (1392-1450) дар Димишқ таваллуд ёфта, аз синни ҳаштсолагӣ дар Самарқанд иқомат намудааст. Асари асосии ӯ «Аҷоиб-ул-мақдур фӣ навоиби Темур» ном китобест, ки дар он хусусиятҳои манфии Темур ниҳоятдараҷа сахт ва нисбат ба он замон хеле ҷасурона мазаммат мешавад.

Дигар аз муаррихони маъруф Низомиддини Шомӣ соли 1404 бо унвони «Зафарномаи Темурӣ» китобе навишт. Шарафиддин Алии Яздӣ (ваф. 1454) дар соли 1425 бо номи «Зафарнома» асари машҳури худро таълиф намуд, ки он ҳам ба аҳди Темур бахшида шудааст.

Дар асри ХIV адабиёти бадеӣ низ тараққӣ карда, адибони барҷастае ба вуҷуд омаданд, ки дар байни онҳо классикони машҳури назми форсу тоҷик Шамсиддин Муҳаммад ҳофизи Шерозӣ (ваф.1389) ва Камоли Хуҷандӣ (ваф. тахминан 1400) мавқеи бузургеро ишғол мекунанд. Дар асарҳои онҳо бештар ғояҳои тараққихоҳонаи замона мунъакис гардидаанд.

ҳофиз дар айёми кӯдакӣ хеле барвақт аз падар ятим монд. Модараш, ки имконияти хонондани фарзандашро надошт, ӯро ба тарбияти шахсе гузошт. Лекин ҳофиз ба зудӣ хонаводаи ин шахсро тарк намуда, ба нонвое шогирд шуд.

Чанд гоҳ дар мадраса ҳам таҳсил карда, як қадар маълумот ба даст овард. Баъдҳо вай зиндагонии дарвешона ба сар бурда, муттасил ба касби дониш машғул гардид ва дере нагузашта ҳамчун шоир шӯҳрат ёфт.

Шеърҳои ҳофиз ҳанӯз дар айёми ҳаёти ӯ дар байни оммаи халқ хеле паҳн шуда, тадриҷан як қисмати онҳо ба фолклор низ дохил гардидаанд. ҳоло ҳам ҳофиз дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон аз маҳбубтарин шоирон ба шумор меравад, мардум ашъори дилнавози ӯро бо шавқу завқ мехонанд. Роли ҳофиз дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бағоят бузург мебошад. Вай шоирест, ки навъи лирика, яъне ғазалро ба дараҷаи олии такомул расонида, ба он мазмунҳои тоза дохил кардааст. Ба ғазалиёти ҳофиз дар баробари мавзӯи ишқ ва май, зебоӣ ва хушгилӣ, фикру андешаҳои ирфонӣ ҷиҳати эътироз нисбат ба беадолатиҳои иҷтимоӣ низ хос мебошад. ҳофиз дар шароити асри миёна то ба дараҷаи мубориза барои шаъну шараф ва қадру қимати инсон расид. Вай аксар вақт ҳамаи он чизеро, ки дар тафаккури ӯ пайдо мешуд, изҳор карда наметавонист. Шоир, ки бо шароит ва муҳити тираи давр муросо намекард, ғолибан ба худ ниқоби риндӣ кашиданро афзалтар медонист. Бо вуҷуди ин, мазмуни асосии назми ҳофизро на шодиву хушҳолии лоқайдона ва на васфи зебоӣ барои худи зебоӣ, чи навъе ки шарқшиносони буржуазӣ вонамуд карданӣ мешаванд ва на андешаҳои сарбастаи тасаввуф, балки ҳисси норизогӣ нисбат ба беинсофиҳои иҷтимоии замона фароҳам овардааст.

Шеърҳои ошиқонаи ҳофиз эҳсоси баланд ва шавқу рағбати бепоёни одамиро иброз намуда, дурӯғу риёро мазаммат ва писандидатарин хислатҳои инсонро талқин мекунанд. Ба тариқи намуна ин ғазали ҳофизро, ки пур аз маҷозу кинояҳои ҳадафзан мебошад, меоварем:

Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам,

Мӯҳтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам.

Чун сабо маҷмӯаи гулро ба оби лутф шуст,

Каҷдилам хон, гар назар бар сафҳаи дафтар кунам.

Лола соғаргиру наргис масту бар мо номи фисқ,

Доварӣ дорам басе, ё Раб, киро довар кунам?

Ишқ дурдонасту ман ғаввосу дарё майкада,

Сар фурӯ бурдам дар ин ҷо, то куҷо сар баркунам?

Гарчи гардолуди фақрам, шарм бод аз ҳимматам,

Гар ба оби чашмаи хуршед доман тар кунам.

Ман, ки дорам дар гадоӣ ганҷи султонӣ ба даст,

Кай тамаъ дар гардиши гардуни дунпарвар кунам!

Ошиқонро гар ба оташ меписандад лутфи дӯст,

Тангчашмам гар назар бар чашмаи Кавсар кунам.

Аҳду паймони фалакро нест чандон эътибор,

Аҳд бо паймона бандам, шарт бо соғар кунам…

Бо вуҷуди бенавоӣ рӯ сияҳ бодам, чу маҳ,

Гар қабули файзи хуршеди баландахтар кунам!

Ман, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,

Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?!

Шеваи риндӣ на лоиқ буд васфамро, вале

Чун дарафтодам, чаро андешаи дигар кунам?…[20]

Муосирони ҳофиз мазмуни тасаввуфии ашъорашро ба назар гирифта, ӯро ҳанӯз дар вақти зиндагиаш «Лисон-ул-ғайб» номида буданд. Баъзе рӯҳониёни мутаассиб пас аз марги ҳофиз шеърҳояшро соф аз нуқтаи назари динию тасаввуфӣ маънидод карданӣ шуданд[21]. Масалан, онҳо иддао мекарданд, ки образҳои ғазалиёти ӯ гӯё аслан маънии маҷозӣ доранд: «ёр» ишора ба Худост ва ғайра.

Гётеи заковатманд ишорати ҳофизро ҳамчун ифодаи эътирози зидди зӯҳду риё дарк намуд. Ӯ дар «Девони ғарбию шарқӣ»-и худ китоби махсуси шеърҳояшро бо унвони «ҳофизнома» ба шоири бузурги форсу тоҷик бахшид.[22]

Маҷозу кинояҳо дар ашъори ҳофиз барои ифодаи ғояҳои инсондӯстии ин шоири бузург хизмат менамуд.

Камоли Хуҷандӣ. Айёми кӯдакии худро дар Хуҷанд гузаронида ва давраи таҳсилашро дар Самарқанд ба итмом расонида, сипас ба Табрез рафт ва дар дарбори ҳокими он ҷо қарор гирифт. Вақте ки хони Олтин Ӯрда- Тӯхтамишхон Табрезро забт намуд, Камол ба асирӣ афтода, ба Сарой (пойтахти Олтин Ӯрда) бурда шуд. Ӯ пас аз чанд соли маҳбусӣ ба Табрез баргашта, тахминан дар соли 1400 вафот кард.

Камоли Хуҷандӣ низ яке аз барҷастатарин устодони назм мебошад. Ғазалҳои ӯ хеле равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ғазалҳои ҳофизро, ки Камол бо вай робитаи дӯстӣ доштааст, ба хотир меоранд. Ғазали зерин ғаму ҳасрати шоирро дар ёди ватан хеле хуб ифода намуда, бо як силсила ғазалҳои халқии тоҷик, ки ҳамчун шеърҳои «ғарибӣ» маъруфанд, пайваст мешавад:

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб.

Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!

Чун ту дар ғурбат наафтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?

Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб.

ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист –

ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб?

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,

Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб! [23]

Дигар аз шоирони он замон Носири Бухороист (ваф.1378), ки аз ҷиҳати услуб ва мазмуни эҷодиёти худ ба ҳофиз ва Камол наздикӣ дорад.

Дар ашъори бузургтарин шоирони асри ХIV, ғолибан дар ғазал онҳо бар хилофи қасидасароиҳои расмӣ, кайфияти эътирозомези халқ, ки дар шӯру ошӯбҳои он ба таври равшан ифода меёфт, дар шакли ба худ хос мунъакис мегардид. Қимат ва арзандагии махсуси ин ғазалҳо ва сабабҳои дар байни халқи тоҷик шӯҳрат пайдо кардани онҳо дар ҳамин аст.

Илму адаб махсусан дар аҳди салтанати Улуғбек равнақу ривоҷ пайдо намуд. Мо дар боло роҷеъ ба фаъолияти ҳамаҷонибаи эҷодии Улуғбек сухан рондем. Ӯ, дар ҳақиқат ҳам, тавонист барҷастатарин намояндагони афкори илми нуҷум ва ҳандасаи замонро ба Самарқанд ҷамъ намояд.

Дар соли 1428 Улуғбек сохтмони бинои расадхонаи бузургеро ба итмом расонда, онро бо асбобу олоти мукаммал муҷаҳҳаз сохт.

Ин расадхона дар тараққиёти илми нуҷуми он давра роли бағоят муҳиме бозӣ кард. Дар ин расадхона нахустин бор вазъияти як қатор ситораҳоро муқаррар карда, тавассути он дар соли 1437 ҷадвалҳои нуҷумие, ки аҳамияти умумиҷаҳонии илмӣ касб намудаанд, тартиб дода шуданд. Бояд қайд кард, ки ин ҷадвалҳо аслан ба забони тоҷикӣ тартиб ёфта, баъдҳо ба забони арабӣ тарҷума гардидаанд. Дар онҳо вазъияти беш аз ҳазор ситораи ба чашм аён ва мавқеи тақрибан ҳамаи шаҳрҳои шарқи исломӣ нишон дода шудааст.

Ҷадвалҳои нуҷумии Улуғбек, чи дар шарқ ва чи дар ғарб, дар зарфи чандин аср ҳамчун китоби дарсии доир ба таҳқиқи авзои кавокиб хидмат намуданд. Аҳамияти ин ҷадвалҳо боз дар ҳамин ҷост, ки онҳо барои омӯхтани вазъияти илми нуҷум дар миёнаҳои асри ХV манбаи пурқимате мебошанд.

Улуғбек на фақат ба тараққиёти илму фан, балки дар айни замон ба пешрафти адабиёт ва санъат низ хеле аҳамият медод.

Дар ин вақт Самарқанд ва ҳирот марказҳои бузурги маданияти шарқ гардида буданд. ҳирот, ки ҳанӯз аз замони Шоҳрух ба пешравӣ оғоз карда буд, дар нимаи дувуми асри ХV, яъне дар айёми ҳукмронии Султон ҳусайн Бойқаро (1469–1506) ба калонтарин маркази илму маданият табдил ёфт. Аз тамоми гӯшаву канорҳои Мовароуннаҳр ва Эрон ходимони илму санъат ба ҳирот ҷамъ омадан гирифтанд. Ба ин ҷиҳат, дар ҳирот илмҳои тиб, ҳуқуқ, ахлоқ, инчунин адабиёт ва санъат низ тараққӣ карданд.

Бузургтарин намояндаи адабиёти ин давра шоир ва донишманди маъруф Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492) мебошад. Ҷомӣ дар деҳаи Ҷом, наздикии Нишопур, таваллуд ёфта, таҳсили худро дар ҳирот ба анҷом расонид ва баъдҳо фаъолияти илмӣ ва адабиашро асосан дар ҳамин ҷо давом дод. Ӯ якчанд дафъа ба Самарқанд низ сафар кардааст. Аз он қасидае, ки Ҷомӣ дар соли 1487 оид ба шарҳи ҳоли худ навиштааст, чунин маълум мешавад, ки вай илми шеър ва қофия, сарфу наҳв, мантиқ, ҳикмати шарқ ва Юнон, табииёт, риёзиёт ва илми ҳайъатро омӯхта, баландтарин дараҷаи дониши замонаро азхуд карда будааст. «Баҳористон» ном асари ӯ, ки дар равияи «Гулистон»-и Саъдӣ таълиф ёфтааст, аз беҳтарин намунаҳои насри асри ХV маҳсуб мегардад. Ҷомӣ дар асарҳои худ ҳамаи навъҳои адабиро моҳирона такмил дод ва бо ҳамин ба тараққиёти минбаъдаи адабиёти тоҷик таъсири хосае расонидааст.

Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми таърихи адабиёти асри миёнаи тоҷик аз сермаҳсултарин шоирон мебошад. Муаллифи тазкираи «Миръот-ул-хаёл» Шерхони Лудӣ чунин навиштааст: «Ҷомӣ наваду нӯҳ китоб тасниф намуд, ки ҳамаи онҳо дар Эрон, Тӯрон ва ҳиндустон назди аҳли дониш мақбул афтод ва ҳеҷ кас ангушти эътироз бар ину он натавонист ниҳод».

Аз асоситарин асарҳои манзуми Ҷомӣ «ҳафт авранг» мебошад, ки аз ҳафт достони бузурги мисли достонҳои «Хамса»-и машҳури Низомӣ фароҳам омадааст (аз ҳафт маснавӣ сетоаш: «Тӯҳфат-ул-аҳрор», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хирадномаи Искандарӣ» назира ба достонҳои «Хамса»-и Низомист). Дар бештарини асарҳои ӯ ғояҳои инсониятпарварона тараннум гардида, истибдоди ашрофи ҳукмрон танқид ва мазаммат карда мешавад. Вале эҷодиёти Ҷомӣ аз мухолифатҳои фикрӣ холӣ набуда, дар қатори ғояҳои нисбат ба он замон тараққихоҳона ба асарҳои ӯ ғояҳои динию тасаввуфӣ низ роҳ ёфтаанд.

Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ном яке аз достонҳои «ҳафт авранг» дар пайравии Форобӣ ва Низомӣ кишвари хаёлиеро тасвир намудааст, ки сокинони он ҳама дар мусовот зиндагӣ карда, дар байни онон аз дорову нодор ва аз золиму мазлум асаре дида намешавад.[24]

Дар аҳди салтанати Темуриён, ки давраи ташаккули адабиёти бадеии ӯзбекизабон низ мебошад, протсесси таъсири мутақобили адабиётҳои ӯзбек ва тоҷик беш аз пеш қувват мегирад. Фаъолияти даҳои адабиёти ӯзбек — Мир Алишер Навоӣ (1441-1501) маҳз ба ҳамин давра тааллуқ дорад.

Навоӣ соли 1441 дар хонадони шахси соҳибмаърифате ба дунё меояд. Дар байни наздикони ӯ шоирон, мусиқичиён ва хаттотон ҳам буданд.

Ӯ аз хурдсолӣ нисбат ба шеър майлу рағбат пайдо карда, ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър гуфтан оғоз намуд ва аз синни понздаҳсолагӣ ба шоирӣ шӯҳрат ёфт.

Пас аз ба тахти ҳирот нишастани Султон ҳусайн Бойқаро (1469) Навоӣ мақоми ходими давлатро соҳиб гардид. Ӯ бо унвони амир олитарин мансаби давлатиро ишғол намуд. Навоӣ қариб тамоми умри худро дар ҳирот гузаронид.

Дар ташаккули даҳои Навоӣ муносибати дӯстона ва алоқаи эҷодии ӯ бо Ҷомии бузургвор роли калоне бозидааст. Навоӣ худро шогирди Ҷомӣ ҳисоб мекард. «…Мулоқоти Навоӣ ва Ҷомӣ,– менависад Е.Э.Бертелс,– дар воқеъ, дӯстиеро ба миён овард, ки то охири умри Ҷомӣ давом намуд. Решаи ин дӯстӣ, албатта, на фақат бар ҷиҳатҳои фардии хислатҳои ин ду марди бузург, балки дар заминаи умумияти ҷаҳонбинӣ, мувофиқати комили ақидаву назарҳои онҳо ба мақсад ва вазифаҳои адабиёт қарор гирифтааст».[25]

Дар солҳои 1483–1485 Алишер Навоӣ ба забони ӯзбекӣ «Хамса»-и худро эҷод менамояд, ки ин ҳам мисли «ҳафт авранг»-и Ҷомӣ назираест ба силсилаи достонҳои шоири бузурги асри ХII Низомии Ганҷавӣ.

Бисёр сухансароёни забардаст ба равияи Низомӣ «Хамса» навишта, дар офаридани ин навъ асарҳо анъанаи шоистаеро ба вуҷуд овардаанд.

Навоӣ дар ин силсилаи маснавиёти худ бисёр фаслҳоро ба танқиди зулму тааддӣ, ҳирсу оз ва ҷоҳталабӣ бахшидааст.

Вақте ки соли 1492 Абдурраҳмони Ҷомӣ вафот намуд, Навоӣ ва дӯстони ӯ як соли тамом азодорӣ карданд. Навоӣ барои абадӣ гардонидани хотираи дӯсти бузургвори худ «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» ном асаре навишта, яке аз таълифоти Ҷомиро ба ӯзбекии қадим тарҷума кард.

Дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ тимсоли дурахшони дӯстии ду халқи бародар – ӯзбекон ва тоҷикон аст, ки таърихи он ба қадимтарин замонҳо рафта мерасад.

Навоӣ дар охири умри худ (ваф.1501) маснавии «Лисон-ут-тайр» ва асари пандомӯзи «Маҳбуб-ул-қулуб»-ро, ки ба бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти ҷамъиятии онрӯза дахл мекунад, инчунин асарҳои зиёди дигарро таълиф намудааст.

Алишер Навоӣ яке аз бузургтарин шоирони асримиёнагии шарқ ва дар айни замон олим ва мутафаккири забардаст, мусиқидон ва наққоши моҳир, инчунин арбоби намоёни сиёсист.

«Навоӣ марди бузург аст. Истеъдоди гуногунҷанбааш ӯро ба қатори нобиғаҳои ҷаҳон мегузорад. Офаридаҳои ӯ кайҳост, ки дастраси тамоми инсоният гардидаанд. Роли онҳо махсусан дар инкишофи адабиёти туркизабон бағоят калон аст.

Бузургтарин шоири озари асри ХVI Фузулӣ, шоирони туркман Андалеб, Махдумқулӣ, Мулло Нафас ва дигарон аз офаридаҳои Навоӣ илҳом гирифта, дар бисёр бобатҳо ба ӯ пайравӣ намудаанд. Навоӣ дар миёни шоирони Туркия низ шӯҳрати зиёде дорад.

Хизмати Навоӣ дар адабиёти ӯзбек аз ин иборат аст, ки ӯ ин адабиётро ба арсаи ҷаҳон баровард. Навоӣ бо офаридаҳояш барои халқи ӯзбек имконияти ба забони модарӣ тараққӣ додани маданияти худро фароҳам сохт.

Қувваи истеъдоди Навоӣ дар он аст, ки офаридаҳои ӯ асрҳоро паймуда, ба ёди мардум ҷой гирифтанд ва имрӯз ҳам ба онҳо рӯҳ ва илҳом мебахшанд».[26]

Дар ин давра адабиётшиносӣ низ бисёр тараққӣ карда, дар бораи қофия, вазн, мувашшаҳ, муаммо ва ғ. асарҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Масалан, Ҷомӣ бо унвони «Муаммои сағир» ва «Муаммои кабир», «Рисолаи қофия»; Камолиддин ҳусайнӣ бо номи «Рисола фил-муаммо»; Сайфӣ бо номи «Арӯз» асарҳо таълиф намуданд.

Дар соли 1486 яке аз муқаррабони дарбори Султон ҳусайн Бойқаро Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки аксар вақт аз сӯҳбатҳои Ҷомӣ ва Навоӣ баҳраманд мегардид, асари машҳури худ — «Тазкират-уш-шуаро»-ро ба вуҷуд овард. Ин асар дар бораи беш аз сад нафар шоир маълумот медиҳад.

Аҳамияти мактаби адабии ҳирот ниҳоятдараҷа бузург аст. Махсусан бояд таъкид кард, ки ба якдигар наздик шудани адабиёти ду халқи ҳамсоя–тоҷикон ва ӯзбекон маҳз аз ҳамин давра сар карда торафт қувват мегирад.

Дар ин ҷо баъзе хулосаҳои илми советиро доир ба давраи савуми тараққиёти назми классикӣ, ки асрҳои ХIII–ХV, яъне давраи пас аз истилои муғулро дарбар мегирад, иҷмолан баён мекунем. Аз солҳои 50-уми асри ХIII ба зулму истибдоди тоқатшикан нигоҳ накарда, дар марказҳои мадании баҷомонда ҳаёти адабӣ дубора ба равнақ даромад. Тадриҷан ҳамон гуногунии жанрҳо, ки ба давраи якум (асрҳои IХ–ХI) хос буд, хусусияти асосии адабиёти ин давраро ташкил дод ва равияи оппозитсионии гуманистӣ, ки дар давраи дувум (асри ХI–ибтидои ХIII) пайдо шуда буд, дар ин давра боз ҳам қувват гирифт.

Таҷдиди анъана нисбат ба асарҳои ҷамъбасткунандаи «адабиётшиносӣ» (мисли тазкираҳои Авфӣ, Давлатшоҳ ва ғ.) зарурат ба миён овард. Мадеҳагӯӣ ба насри таърихии пуртумтароқ, ки ба ситоиши Темур ва ворисони ӯ бахшида мешуд, роҳ ёфт. Қасидаҳои мадҳия низ аз нав равнақ гирифтанд (Хусрави Деҳлавӣ ва диг.). Назирагӯӣ ҳам ба воситаи «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ, «ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, «Хамса»-и Навоӣ (ба забони ӯзбекии қадим) умри дубораи худро шурӯъ намуд. Дигаргунӣ дар назми тасаввуфӣ аз он иборат буд, ки шеърҳои шаклан (аз ҷиҳати луғат ва воситаҳои тасвир) сӯфиёна, вале аз ҷиҳати мазмун хеле гуногун ба вуҷуд омаданд.

Комёбии басо пурарзиши назми ин давра ғазалиёти ҳофиз ва Камол буданд. Ҷомӣ бо эҷодиёти худ адабиёти ин давраро ҷамъбаст намуд. Ӯ тамоми навъҳои адабиро инкишоф дод, синтези тамоми таҷрибаҳои адабиро ба вуҷуд овард ва консепсияи бадеии инсони комилро кор карда баромад. Аммо дар назми асри ХV унсурҳои тақлид низ беш аз пеш роҳ ёфта, диққати асосӣ ба ороиши зоҳирии шеър, шаклпарастӣ ва суханбозӣ равона карда шуд.

Тараққии адабиёти бадеӣ дар асри ХV ба пешрафти дигар санъатҳои алоқаманд таъсир накарда наметавонист. Хусусан дар миёнаҳои асри ХV санъати мусиқӣ ва рақс хеле ривоҷ гирифт. Дар ин давра на фақат мусиқачиён, балки бастакорони хубе ҳам ба камол расиданд.

Пешрафти санъати мусиқӣ то дараҷае расида буд, ки дар ин соҳа асарҳои назариявӣ ба вуҷуд омаданд. Яке аз ин қабил асарҳо «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомист, ки дар бораи омӯхтани санъати мусиқии асри ХV аз муҳимтарин сарчашмаҳо ҳисоб мешавад.

Дар ин давра инчунин оид ба илми ахлоқ бисёр асарҳо таълиф ёфтанд. Ҷалолиддини Давонӣ (1426-1502) соли 1467 бо номи «Ахлоқи Ҷалолӣ» китобе навишт. Дар соли 1494 ҳусайн Воизи Кошифӣ дар масъалаи ахлоқ ва тарбия «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-ро офарид, ки аз чил боб иборат буда, ба шоҳзода Мӯҳсин бахшида шудааст. Ғайр аз ин, ӯ китоби машҳури «Калила ва Димна»-ро бо номи «Анвори Суҳайлӣ» аз нав таҳрир намуд.

Комёбиҳои соҳаи таърихнависӣ низ дар ин давра кам набуданд. Яке аз асарҳои муҳими ин фан «Зубдат-ут-таворих»-и ҳофизи Абрӯ (ваф. 1430) мебошад, ки нақли воқеаҳои таърихиро то соли 1427 расонидааст. Абдураззоқи Самарқандӣ, ки давомдиҳандаи корҳои вай аст, бо унвони «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн» китобе навишт, ки аз вақти таваллуди Абӯсаиди ҳулокуӣ то Абӯсаиди Темурӣ, яъне воқеаҳои таърихии байни солҳои 1304 ва 1469-ро дарбар мегирад.

Муинниддин Муҳаммади Исфизорӣ дар соли 1491 бо номи «Равзат-ул-ҷаннот фӣ авсофи мадинат-ул-ҳирот» асаре ба вуҷуд оварда, на фақат таърихи шаҳри ҳирот, балки таърихи тамоми вилоятҳои давлати Султон ҳусайнро тасвир намудааст.

Муҳимтарин асари таърихии давраи Темуриён китоби «Равзат-ус-сафо» мебошад. Муаллифи ин китоб Муҳаммад ибни Ховандшоҳ (ваф. 1498), ки дар таърих бо номи «Мирхонд» шӯҳрат дорад, аслан аз вилояти Балх буда, давраи минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҳирот гузаронидааст. Ӯ яке аз иштироккунандагони фаъоли ҳаёти мадании ҳирот ва аз ҳамкорони наздики Ҷомӣ ва Навоӣ ба шумор меравад. «Равзат-ус-сафо» иборат аз ҳафт ҷилд аст, ки таърихи мамлакатҳои исломӣ, аз ҷумла, Эрон ва Осиёи Миёна, хусусан давраи Темуриёнро то охирҳои салтанати Султон ҳусайн Бойқаро дарбар мегирад. Охири ин китоб, яъне ҷилди ҳафтуми он, ки нотамом монда буд, аз тарафи бародарзодаи муаллиф — Хондамир ба итмом расонида шуд.

Албатта, ин ҳама комёбиҳои маданӣ ба мо асосе намедиҳанд, ки вазъияти давлати Султон ҳусайнро зиёда ситоиш кунем. Чӣ навъе ки дар боло қайд гардид, худи султон ва маъмурони ӯ халқи меҳнатиро бераҳмона ғорат мекарданд. Тамоми харҷи бинокориҳои шаҳри ҳирот чун бори гарон бар дӯши оммаи заҳматкаш ҳамл мешуд. Ин аст, ки мо дар осори бисёр нависандагони он замон шикоят аз зулму истибдоди давраи темурӣ ва айёми ҳукмронии Султон ҳусайнро мушоҳида мекунем.

  1. Доир ба санъати меъмории давраи Темуриён тадrиrот ва нашрия[ои зиёде мавxуданд, ки мо аз ин xумла асар[ои умумb ва xамъбастии зеринро rайд мекунем: Булатов М. С., 1969; Денике Б. П., 1939; Засыпкин Б. Н., 1928; 1948; 1961; «Таърихи Самарrанд», xилди I, 1969; Массон М. Е., 1948; 1950 в; 1957 а; Пугаченкова Г. А., 1951; 1957; 1958 6; 1965; 1968; Пугаченкова Г. А., Ремпель Л. И., 1958; Ремпель Л. И., 1961. Оид ба сарзамини Тоxикистон, аз xумла, ниг.: Веймарн Б. В., 1947.

  2. Массон М. Е., Пугаченкова Г. А., 1953.

  3. Пугаченкова Г. А., 1951.

  4. Беленицкий А. М., 1946, с. 181-183.

  5. Ин тарзи ороиш аз тарафи Б. П. Денике (1939) ва Л. И. Ремпель (1963) муфассалан тавсиф ёфтааст.

  6. Роxеъ ба масxиди Бибихонум ниг: Массон М. Е., 1929: Ратия Ш. Е., 1950; Пугаченкова Г. А., 1953.

  7. Булатова В. А., 1965; Немцева Н. Б. ва Шваб Ю., 1968

  8. Пугаченкова Г. А., 1962.

  9. Массон М. Е., 1929 а; Масxиди Гeри Мир, 1905; Пелтнев И. Е., 1968; Семенов А. А., 1948, 1949; Шишкин В. А., 1946.

  10. Веймарн Б., 1946; Массон М. Е., 1929 б, 1950 в.

  11. Массон М Е., Пугаченкова Г. А. ва диг, 1958

  12. Доир ба ёдгори[ои Чeпонато ниг.: Uуломов Я. U., 1948.

  13. Роxеъ ба [африёти расадхона ниг.; Вяткин В. Л., 1962; Массон М.Е., 1941 Шишкин В А., 1953, 1965; Uуломов Я.U. ва Буряков Ю.Ф., 1968. Таxдиди бинои азбайнрафтаи расадхона мавриди ба[су мунозира rарор гирифтааст, ниг.: Нильсен В. А., 1953; Пугаченкова Г. А., 1969.

  14. Пугаченкова Г. А., 1963, с. 147–157

  15. Денике Б. П., 1939, с. 200–208; Ремпель Л.Н., 1961, с. 318–325, 332– 337; Бородина И. Ф., 1965

  16. Адабиёти ин со[а хеле зиёд аст. Ин xо фаrат баъзе асар[ои характери умумидоштаро ном мебарем: Денике Б.П., 1938, с. 68-120; Семёнов А.А., 1940; 1946 б; Пугаченкова Г.А.; Ремпель Л.И., 1965; «Персидские миниатюры», 1968, с. 6-17; 3(с. 6-7; Stchoukine I., 1954; Ettinhausen R., 1960; Grау В., 1961 ([амон xо фе[ристи муфассал).

  17. Акимушкин О Ф., Иванов А. А., 1968, с. 17; Ашрафb М. М., 1974. с. 22

  18. Galerkina О., 1970

  19. Садиг-бек Афшар, 1963, с. 6.

  20. {офиз, 1893, с. 284–285.

  21. Дар баъзе байт[ои {офиз ба риштаи назм кашида шудани оят[ои xудогонаи Rуръон шояд ба чунин иддао асос гардида бошад.

  22. Брагинский И., 1966, с. 220–253.

  23. Камоли Хуxандb, 1955, с. 14.

  24. Роxеъ ба он ниг.: Айнb С., 1948; Бертельс Е. Э., 1965 а; Xомb, 1965. Нашри осори Xомb ва тарxумаи он[о: Xомb, 1964; Абдурра[мони Xомb, 1964.

  25. Бертельс Е. Э., 1965 а, с. 124.

  26. Кор-оглы Х. Р., 1968, с.63. Осори Алишер Навоb иборат аз 15 xилд дар Тошканд нашр шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *