Фанни Таърихи точикон

Вазъи сиёсии Хисори Шодмон дар асри XVII

Дар асри XVII Ҳисори Шодмон тобеи Балх буд, ҳудуди он то Бадахшон ва империяи Темуриёни Ҳинд тӯл мекашид. Ҳокимон мулкҳои тобеи Ҳисор ба валиаҳд итоат мекарданд.

Маълумоти мазкур гувоҳи он аст, ки Ҳисор дар солҳои ҳукумронии Давлатбий шояд мулки мустақил бошад. Вагарна Нодирмуҳаммадхон аз Балх метавонист ба воситаи Тирмиз ба Бухоро ояд.

Дар асри XVIIва нимаи аввали асри XVIII дар Ҳисори Шодмон норозигии оммаи халқ ниҳоят зиёд шуд. Сабабҳо асосии он зулму ситами тоқатшикан ва истисмори бераҳмона, ҷангҳои дохилӣ ва ҳамлаи давлатҳои ҳамсоя ва фақру гуруснагӣ буд . Дар дохили аморати Бухоро Ҳисор яке аз вилоятҳои саркаш буд, мисоли равшани муборизаи халқи ин диёр воқеаҳои соли 1703 мебошад. Дар ин сол қиёми калонтарин ва зафармандонае дар мулки Ҳисор рӯй дод. Сабабҳои он ҷанги байни ду феодал гардид. Лашкари Бухоро бо сардории Муҳаммадраҳимбий юз ба муқобили Уктан ном ҳокими яке аз қалъаҳои вилояти Ҳисор ҷанг сар кард. Вале лашкари Бухоро музаффарият ба даст наоварда, ақибнишинӣ намуд,аз низоъҳои хунини байни феодалон ба танг омада, аҳолии Ҳисор ба даст сангу калтак гирифта ба ҷанг бархестанд.

Шуришчиён аз хони аморати Бухоро талаб намуданд, ки онҳоро аз зери зулми золимон ҳимоят намоянд. Қиёми халқи ҷабрдида имконият дод, ки мулки Ҳисори Шодмон тақрибан дар давоми 50 сол ҳамчун мулки мустақил арзӣ вуҷуд намояд.

Дар асри XVII тобеияти Ҳисор ба Балх доимӣ набуд, як замон Ҳисор ба Бухоро майл пайдо кард. Инро мо воқеаҳои зерин тасаввур карда метавонем. Вақти ба сари ҳокимияти Бухоро омадани Абдулазизхон бародари ӯ Субҳонқулихон дар Балх менишаст. Хон ба ҷои ӯ Муҳаммад Султонро фиристод, вале ин шоҳзода Балхро гирифта натавониста маҷбур мешавад, ки ба Ҳисор ақибнишини намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *