Фанни Таърихи точикон

Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Аморати Бухоро

Қувваҳои истеҳсолкунанда

Масоҳати аморати Бухоро 180 ҳазор километри мураббаъро ташкил мекард.[1] Маҳалҳои ин сарзамин аз ҷиҳати ҷойгиршавии аҳолӣ яксон набуданд: водиҳои Зарафшон ва Қашқадарё сернуфуз ва Бухорои Шарқӣ нисбатан камнуфус ба шумор мерафтанд. Албатта, дар ин қисмати аморат водиҳое ҳам буданд, ки нуфуси хеле зиёд доштанд.

Ба сабаби набудани маълумотҳои статистикӣ муқаррар кардани миқдори саҳеҳи аҳолӣ имконпазир намегардад. Мувофиқи тахмини Е.Ф.Мейендорф (с. 1820) дар аморати Бухоро дувуним миллион кас мезистааст. Ба тахмини Н.В.Хаников (с. 1841) теъдоди аҳолии ин мамлакат ду-дувуним миллион нафар аст.[2] Мо барои охири асри ХIХ маълумоте (ҳамчунин тахминӣ) дар даст дорем, ки тибқи он нуфузи аморат якуним – ду миллион кас будааст.[3] Шояд миқдори аҳолии аморати Бухороро 2 миллион кас тахмин кардан дуруст бошад. Қисмати асосии аҳолӣ аз ӯзбекон ва тоҷикон (маҷмӯан 80%) иборат буда, аз паси онҳо туркманҳо (10% аҳолӣ), арабҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигарон ба шумор мерафтанд. Агарчи ҳудуди нисбатан бештар ва ё асосан иқомат доштани тоҷикон дар шаҳру деҳоти аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд мавчуд буд, дар бисёр ноҳияҳо онҳо якҷоя бо ӯзбекон мезистанд, чунон ки дар миёни сокинони бисёр деҳаву шаҳрҳои ӯзбекнишин тоҷикон ҳам буданд, дар аксари маҳалҳои тоҷикнишин ӯзбекон низ зиндагонӣ мекарданд.[4]

Ин ду халқи бо ҳам алоқаи хеле наздикдоштаро робитаҳои хешовандӣ, маданӣ ва иқтисодӣ муттаҳид месохтанд.

Таносуби аҳолии муқимиву бодиянишин ва шаҳру деҳотро фақат ба тахмин метавон муқаррар кард. Зоҳиран, дар ибтидои асри ХIХ 40% аҳолиро одамони кӯчӣ ва нимкӯчнишин ташкил медоданд,[5] аммо дар охири аср миқдори онҳо 35% гардид ва худи кӯчиҳо аз 15% бештар набуданд. Аз ин бармеояд, ки на фақат камшавии вазни нисбии ин қисмати аҳолӣ, балки тақсими нави дохилии он бо афзудани фоизи одамони нимкӯчнишин ба амал меомад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар шаҳрҳо фақат даҳяки аҳолӣ, ҳатто аз ин ҳам камтар зиндагонӣ мекарданд, яъне нуфузи деҳот назар ба шаҳр бартарии мутлақро соҳиб буд.[6]

Дар нимаи дувуми асри ХVIII ва хусусан дар нимаи аввали асри ХIХ дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд корҳои бузурги обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии водии Фарғона дар ҳамин вақт ба вуҷуд омаданд. Бо номи қ ӯ ш п у л ӣ андози махсус ҷорӣ гардид, ки маблағҳои ба ин восита ҷамъовардаро аввалҳо барои кандани каналҳои нав истифода мебурданд ва баъдтар барои эҳтиёҷоти дигар низ сарф мекардагӣ шуданд. Каналу ҷӯйборҳоро на фақат ҳукумат, балки феодалони калон ҳам месохтанд, ки сонитар аз ҳисоби истисмори деҳқонони дар заминҳои обӣ зироаткунанда сарвати худро меафзуданд. ҳангоми кандан ва тоза кардани каналҳои давлатӣ мардуми гирду атрофро маҷбуран ба ҳашар ҷалб менамуданд. Таъмири иншооти гидротехникӣ низ ба ҳамин минвол анҷом меёфт, фақат барои нигоҳ доштани дарғоти Чӯпонато баҳору тирамоҳ панҷҳазоркасӣ ба кори маҷбурӣ бурда мешуд.[7]

Дар қатори заминҳои обӣ киштзорҳои лалмӣ ҳам, ки одатан дар баландиҳо, нишебиҳо ва доманаи кӯҳҳо воқеъ мегардиданд, бисёр буданд. Дар заминҳои обӣ усули киштгардони се-панҷқитъавӣ (майдони ришқа ба киштгардон намедаромад) татбиқ карда мешуд. Олоти меҳнат хеле содда буд. Бо омоч шудгор мекарданд. Ду навъи омоч ба кор бурда мешуд: омочи калон барои шудгори мазрааҳои саҳро, ки онро барзагов мекашид ва омочи хурд барои шудгори полиз, ки онро ба хар мебастанд. Ба воситаи омоч замин чунон шудгор карда мешуд, ки барои хокгардон эҳтиёҷе намемонд.[8] Сипас, бо мола ва сихмола хоки замини шудгоршударо майда ва ҳамвор мекарданд. К а л а н д аз муҳимтарин ва қулайтарин олатҳои зироат маҳсуб меёфт ва бесабаб нест, ки то имрӯз дар Осиёи Миёна хеле васеъ ба кор бурда мешавад. Якчанд навъи бел вуҷуд дошт, вале доираи истифодаи он назар ба каланд маҳдудтар буд. Бо дос дарав мекарданд ва ин олати меҳнат ҳам чанд хел мешуд. Деҳқонони камбағалтар ҳосили даравкардаи худро дастӣ бо кӯба ё тӯхмоқи вазнин мекӯфтанд. Барои бод кардани хирман бел ё панҷшохаи чӯбиро ба кор мебурданд. Дар боғдорӣ аз каҷкорд истифода мекарданд. Дар кӯҳистон чигина ва дар водӣ хелҳои гуногуни аробаи дучарха вазифаи нақлиётро адо менамуд.

Барои пурзӯр кардани замин ба киштзор пору ва хоки теппаҳоро мепошиданд, ки дар таркиби худ бисёртар селитра дошт. Албатта, ин корро ҳам фақат заминдорони бою бадавлат карда метавонистанд. Онҳо ба ҳар гектар замини кишт аз се то шаш ҳазор пуд пору, то дувоздаҳ ҳазор пуд хок мерехтанд. Гоҳо ба ҷои пору ахлоти кӯҳнаи пӯсидаро низ истифода мекарданд.

Роҷеъ ба сохт ва таркиби майдонҳои кишти заминҳои обӣ дар давраи ба Россия ҳамроҳшавӣ мадракҳои сершуморе мавҷуданд. Чунончи, дар ноҳияи Хуҷанд 60% заминро киштзори ғалла (аз он нисфаш гандум, баъд ҷуворӣ ва шолӣ, камтар ҷав ва арзан) ташкил менамуд. Тақрибан 14% майдон аз боғу токзор иборат буд. Пахтаи ҷойдорӣ 11,5%, ришқа 6,4%, обчакорӣ 4,6% майдонро ишғол менамуд. Умуман чунин тақсими зироат аксаран хоси водиҳост, аммо бояд таъкид кард, ки дар ин бобат байни ноҳияҳои ҷудогона тафриқаҳои калон вуҷуд доштанд. Дар маҳалҳои ба шаҳр наздик бештар боғдорӣ ва обчакорӣ равнақ меёфт. Дар боғҳо ангур, себ, нок, анор, зардолу, бодом, анҷир, тут ва ғайра парварида мешуданд, ки бо навъҳои олии худ шӯҳрат пайдо карда буданд.[9] Дар баъзе ноҳияҳо мавқеи асосиро зироатҳои саноатӣ ишғол менамуданд, ки муҳимтарини онҳо пахта, тамоку, зағирпоя ва растаниҳои рангӣ буданд.

Дар асарҳои тадқиқии таърихшиносӣ аксар вақт таъкид мешавад, ки техникаи хоҷагии қишлоқ хеле содда ва ибтидоӣ буд. Бешак, ин дуруст аст. Аммо дар ин маврид набояд ба кӯтоҳназарӣ роҳ дод ва ин баҳоро умуман ба хоҷагии кишлоқ раво донист. Мутолиаи дақиқи мадракҳо нишон медиҳад, ки таҷриба ва малакаи дар зарфи ҳазорон сол ҳосилшуда бар абас нарафтааст. Дар Осиёи Миёна тарзҳои ниҳоят оқилонаи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар ҳамон дараҷаи тараққиёти техникаи хоҷагии қишлоқ ва муносибати обу замин ба вуҷуд омада, дар амал ҷорӣ гардида буданд. Усули зироати обии ба шароити хоку иқлими ноҳияҳои гуногун мувофиқ, ки дар он бисёр омилҳо аз пешбинии халқии обу ҳавои сол сар карда, то савияи боздошти оби зеризаминӣ ба назар гирифта мешуданд, таҳия гардида буд. Деҳқон меҳнати хеле зиёде сарф намуда, заминро барои зироат омода месохт. Барои равшантар гардидани ин матлаб ба тариқи мисол дар парвариши пахта таваққуф мекунем: Пахта дар замине кишт карда мешуд, ки пештар дар он ҷо ғалла, хусусан ҷойҷуворӣ ва ҳамчунин зироати лӯбиёӣ парвариш ёфта бошад. Пас аз ҷамъоварии зироати пешина заминро шудгор карда, то охирҳои тирамоҳ дам медоданд, ё худ чунон ки мегӯянд «офтоб мехӯронданд». Сонӣ, яхоб медоданд, ки ин усул то ҳол маъмул аст. Мақсад аз ин дар вақти фаровонии об пешакӣ заминро бо об сер кардан буд. Дар аввали баҳор пору пошида, дафъаи якум шудгор мекарданд, аз паси он об мемонданд. Баъди даҳ рӯз дувумбора аз қаду бар такроран шудгор карда, бо каланд хокро нарм менамуданд. Сонӣ, мола мекарданд. Пунбадонаро 4–5 рӯз дар дегҳои калон тар карда монда, баъд ба замин мепошиданд ва бо мола ба рӯяш хок мекашиданд, ё худ аксар вақт ҷӯякҳо сохта пунбадонаро ба пуштаҳои он мешинонданд. Дар ҳавои гарм пас аз 10 рӯз он аз зери хок неш зада мебаромад. Баъди 10 рӯзи дигар киштзорро каланд мекарданд. Пас аз чанд вақт деҳқони пахтакор заминро дафъаи дувум каланд мекард, вале ин бор андаке чуқуртар. Баъд чеканка мекарданд.

Киштзори пахтаро хишова карда, аз алафҳои бегона тоза менамуданд ва сафолакҳои дар натиҷаи обёрӣ ба вуҷудомадаро бо каланд нарм мегардонданд. Аз рӯи ҳисоби як мутахассиси пуртаҷриба тақрибан чил амали заҳматталабро анҷом додан лозим меомад, то ба чидани пахта шурӯъ намоянд.

А.Ф.Миддендорф дар бораи деҳқонони Фарғона навишта буд: «Қобилияти корӣ ва ҳунари бузурги бо меҳнати сахт ба худ мутеъ сохтани табиат ва ба воҳаҳои биҳиштосо табдил намудани биёбонҳои ҳомун дар ин мардум бурдбории махсусеро парваридааст…».[10]

Дар овони бачагӣ ва ҷавонӣ ман бо рафиқони ҳамсолам дар ин корҳо иштирок доштам. На фақат парвариши пахта, балки дарави дастии ғалла ва бисёр корҳои дигари зироат хеле душвор ва пурмашаққат буд. Ҷавонони рустоии имрӯзаи тоҷик ва ӯзбек ягон қадар тасаввуре надоранд, ки бобоёнашон як луқма нони худро бо чӣ миқдор арақи ҷабин ба даст меоварданд. Дар айни замон, дар миёни ҳамқишлоқиёни ман устодони моҳири хоҷагии қишлоқ, агрономҳои модарзоди таҷрибаи садҳо наслҳоро азхудкарда низ буданд. Онҳо аз хурдтарин нишона ва аломате метавонистанд обу ҳавои соли ояндаро пешгӯӣ кунанд ва медонистанд, ки барои кишт, обмонӣ ва дигар корҳои зироат кадом вақт беҳтар ва мувофиқтар аст. Дар байни онҳо боғбонони гулдаст ҳам буданд, ки усулҳои гуногуни пайванд ва парвариши олитарин навъҳои дарахтони меваро медонистанд. Бояд гуфт, ки боғдорӣ ҳам шуғли осон набуд. Масалан, ба анор дар як сол аз 6 то 10 бор об додан лозим меомад. Дар ноҳияҳои кӯҳистон канал сохтан душвор буд, муддати кӯтоҳи расиши растанӣ ва замини санглох корро боз ҳам мураккабтар менамуд. Яке аз сайёҳони рус дар ҳайрат афтода буд, ки мардуми кӯҳистон аз майдонҳои худ бемуҳобот миллионҳо адад санг ҷамъ мекарданд.

Дар баробари мавҷуд будани анъанаи ғании зироаткории Осиёи Миёна набояд аз он чашм пӯшид, ки дониши илмии ҳозиразамон, аз ҷумла, илми агрохимия ба ин сарзамин роҳ намеёфт, техникаи хоҷагии қишлоқ ба дараҷаи ибтидоӣ буд ва истифодаи обу замин бо усулҳои аз даҳан мондаи феодалӣ сурат мегирифт. Бинобар ин, ба меҳнати хеле зиёд ва маҳорати деҳқонон нигоҳ накарда, самараи хоҷагии қишлоқ ночиз буд.

Чорводорӣ тақрибан дар тамоми вилоятҳои аморати Бухоро тараққӣ мекард. Вай хусусияти возеҳи экстенсивӣ дошт. Мардуми водинишин аз чорводорӣ дида бештар ба зироаткорӣ машғул буданд. Ба истиснои одамони давлатманд, ҳар як хоҷагӣ 1–2 сар чорво дошт, он ҳам аксаран аз гову барзагов ва хеле кам аз бузу гӯсфанд иборат буд. Дар хоҷагии тоҷикони кӯҳистон ва Помир чорводорӣ мавқеи дараҷаи аввалро ишғол менамуд ва аз ҷиҳати аҳамияти худ бо зироаткорӣ, ки бо он робитаи узвӣ дошт, комилан ҳамвазн буд: бе пору ҳосил хеле кам мерӯид, бе чорво корҳои хоҷагии кишлоқ анҷом намеёфт, вай ба мардум хӯрок ва пӯшок муҳайё мекард. Аз ин ҷиҳат ҳам гов дар ҷои аввал меистод ва гӯсфанду буз мутобиқан ҷойҳои дуввум ва севумро ишғол менамуд. Чун дар фасли зимистони дуру дарози кӯҳистон омода сохтани хӯроки чорво ба сари ҳар охур бо душвориҳои зиёде муяссар мегардид, миқдори рамаҳо маҳдуд буд.

Чорводории тоифаҳои нимкӯчнишин ва алалхусус кӯчӣ хусусияти дигар дошт. Рамаҳо ва ҳамроҳи онҳо аҳолӣ, ё худ як қисми он, гоҳо фақат чӯпонҳо аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар мегузаштанд. Давраи дар чарогоҳ нигоҳ доштани чорво хеле мураккаб ва тӯлонӣ буд. Чаронидани рама маҳорати калон, донистани чорво ва чарогоҳ ҷасорат ва мардонагиро талаб мекард. Бе сабаб нест, ки дар бораи туркҳои қарлуқ ҳамчун гӯсфандпарварони моҳири шӯҳратёфта дар байни халқ мегуфтанд: «Қарлуқ забони гӯсфандро медонад» ё ки «Қарлуқ модари гӯсфанд аст». Қунғродҳо дар шутурпарварӣ ва лақайҳо дар асппарварӣ машҳур буданд. Қирғизҳоро басазо чорводорони мумтоз медонистанд. Аммо миқдори чорвои онҳо бисёр набуд. ҳар як хонадони қирғизҳои ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 1,8 сарӣ гов, 3,1 сарӣ асп ва 12,8 сарӣ гӯсфанд дошт. Чорвои қисми асосии аҳолӣ амалан аз ин ҳам камтар буд, зеро давлатмандон чандин ҳазорсарӣ чорворо соҳибӣ мекарданд (масалан, дар байни қарлуқҳо касоне буданд, ки ҳар яке 20–25 ҳазор сар гӯсфанд дошт). Миқдори гову гӯсфанди чорводорони камбағал ба дараҷае кам буд, ки барои то охири сол таъмин кардани хӯроки хонаводаашон намерасид. Ҷут, яъне дар натиҷаи ях бастани чарогоҳ ва аз ҳад зиёд боридани барф саросар талаф шудани чорво, боз як балои даҳшатангезе буд.[11]

Аҳолии шаҳр дар баробари касбу ҳунар ва тиҷорат ба заминкорӣ ҳам машғул мешуд. В.В.Радлов дар бораи Самарқанд аз рӯи таассуроти соли 1868 ҳатто навишта буд: «Самарқандиҳо ба саноат кам шуғл доранд, дар ин ҷо ҳамагӣ чанд фабрикаи бофандагӣ ҳасту халос, машғулияти асосии аҳолӣ боғдорӣ, истеҳсоли абрешим ва пахта аст»[12]. Дар навбати худ дар деҳот истеҳсолоти ҳунармандӣ тараққӣ карда буд. Чунончи, Т.С.Бурнашев соли 1795 хабар дода буд, ки аҳолии деҳоти Бухоро «мисли шаҳриён» ба касби бофандагӣ машғуланд ва онҳо низ на дар бинои махсус, балки дар хонаи худ кор мекунанд. Андаке пештар соли 1781 М.Бекчурин навишта буд, ки дар Бухоро «…фабрикаҳои номӣ вуҷуд надоранд, фақат фабрикаҳои хурди матоъҳои абрешим ва пахтагии одамони соҳибихтиёр мавҷуданд, аксаран дар хонаҳои худ читу хомсуф мебофтаанд…»[13].

Мувофиқи ахбори сайёҳон, касбу ҳунари деҳот ба дараҷаи кофӣ ривоҷ ёфта буд.[14] Аммо дараҷаи тараққиёт ва такомулоти техникии касбу ҳунари шаҳр баландтар буд.

Сайёҳони асри ХIХ аксар вақт савияи пасти инкишофи истеҳсолоти ҳунармандиро таъкид кардаанд. Ин ҳолат аз он ваҷҳ рӯй додааст, ки мушоҳидони онвақта ба воқеияти Осиёи Миёна ба воситаи маншури саноати фабрикию заводии рус (ва ё Европаи Ғарбӣ) назар афкандаанд. Лекин дарвоқеъ, истеҳсолоти ҳунармандӣ, чунон ки аз ахбори онҳо, санадҳо ва мадракҳои этнографӣ маълум мешавад, ба дараҷаи баланди тараққиёт расида буд. Пеш аз ҳама, Бухоро, Тошканд, Қаршӣ, Самарқанд, Шаҳрисабз, Хӯқанд, Хуҷанд ва Ӯротеппа барин шаҳрҳои калон маркази касбу ҳунар ба шумор мерафтанд.

Аз рӯи ҳисоби О.А.Сухарева дар Бухоро 75-90 ҳазор кас, яъне бештар аз сеяки тамоми аҳолии шаҳрнишини аморат зиндагонӣ мекард. Бар тибқи мушоҳидаи Н.В.Хаников дар соли 1841 тоҷикон «нуфуси асосии шаҳри Бухороро ташкил медоданд».[15] Мувофиқи ҳисоби тахминии Е. Мейендорф дар соли 1820 онҳо ба миқдори аз чор се ҳиссаи теъдоди умумии аҳолии пойтахти аморат буданд.[16] Ин сайёҳ асосан ба касбу ҳунар машғул шудани тоҷиконро хотирнишон карда, ба сифати корбарӣ ва ҳамчунин ба тараққиёти умумӣ, пеш аз ҳама тараққиёти мадании онҳо баҳои баланде додааст. Чунон ки мегӯяд: «Тоҷикон коргар ва меҳнатдӯстанд ва ба пешаҳои гуногун қобилияти зиёде доранд: онҳо ҳам тоҷир, ҳам ҳунарманд ва ҳам деҳқонанд ҳаёти бодиянишинӣ барояшон ягон фараҳмандӣ намебахшад. Аксари онҳо хонда ва навишта метавонанд ва ба истиснои рӯҳониён, қисмати маданитари аҳолии Бухороро ташкил мекунанд.[17]

Истеҳсолоти ҳунармандӣ дар ҳаёти иқтисодии аморат роли муҳим мебозид. Аксари аҳолии шаҳр аз косибону ҳунармандон иборат буд. Дар Бухоро тақрибан 10-15 ҳазор пешаварон мезистанд, ки бо хонаводаи худ қариб чоряки аҳолии шаҳрро ташкил медоданд.

Касбу ҳунар ихтисосҳои зиёдеро фаро мегирифт. О.А.Сухарева, ки касбу ҳунари Бухорои асри Х1Х-ибтидои асри ХХ-ро тадқиқ карда буд, мадракҳои хеле ҷолиб ҷамъ намудааст. Ҷузъиёти масъаларо ба рисолаи ӯ ҳавола карда,[18] фақат тақсиму гурӯҳбандиҳои зеринро хотирнишон менамоем. Қариб сад пешаи ҷудогона вуҷуд дошт, ки дар соҳаҳои зерин гирд омада будааст: 1) сохту пардохти фулузот; 2) коркарди лиф; 3) бинокорӣ; 4) даббоғӣ; 5) либосдузӣ; 6) таббохӣ; 7) дигар касбу кор ва машғулиятҳои тайёр кардани ашёи рӯзгор. ҳар як соҳа дар навбати худ ба бисёр гурӯҳу навъҳои касб ҷудо мешуд. Чунончи, сохту пардохти фулузот ба панҷ гурӯҳ тақсим гардида буд: 1) оҳангарӣ; 2) дегрезӣ; 3) мисгарӣ; 4) рехтагарӣ; 5) заргарӣ.

Дар айни замон, худи як гурӯҳи оҳангарӣ чунин пешаваронро дар бар мегирифт: а) челонгар; б) наългар; в) қуфлсоз; г) кордгар; ғ) сӯзангар; д) мехчагар.

Ин қабил тақсиму гурӯҳбандиҳои зиёде дар дигар соҳаҳои касбу ҳунар низ вуҷуд дошт.

Мадракҳои архивӣ ва этнографии роҷеъ ба касбу ҳунарҳои мардуми Хуҷанд ва Ӯротеппаи асри ХIХ – ибтидои асри ХХ мавриди мутолиа ва баррасии мутахассисон қарор гирифтаанд.[19] Аз ҳамроҳ шудан ба Россия дере нагузашта аҳолии шаҳри Хуҷанд ба 20 ҳазор нафар наздик расид. Пешаварон бо хонаводаҳои худ қисми муҳимми аҳолии шаҳр, зоҳиран, чунон ки дар шаҳри Бухоро мушоҳида мешуд, тахминан чоряки аҳолии шаҳрро ташкил мекарданд. Зиёда аз 100 навъи истеҳсолоти ҳунармандӣ вуҷуд дошт. Аз он байн касби бофандагӣ равнақи бештаре пайдо карда буд. Хуҷанд дар қатори Бухоро ва Хӯқанд яке аз муҳимтарин марказҳои истеҳсолоти бофандагии Осиёи Миёна ҳисоб меёфт.[20] Ин хусусияти иқтисодиёти Хуҷанд хеле барвақт ба зуҳур омада буд. Ба ҳар ҳол дар мақолаи беимзои «Роҷеъ ба вазъияти кунунии баъзе вилоят ва шаҳрҳои Осиёи Миёна» (с. 1826) гуфта мешавад, ки «аҳолии Хӯқанд ва Хуҷанд» ба Россия (ба Петропавловск) бисёр пахта, абрешим, маҳсулот ва матоъҳои абрешимӣ ва пахтагӣ, аз ҷумла, ҷома меоранд.[21] Кулолӣ дар истеҳсолоти ҳунармандии Хуҷанд назар ба Бухоро мавқеи муҳимтаре дошт.

Дар шаҳри Ӯротеппа аз 1041 дӯкони косибон 187-тоаш дар деҳаҳои калон воқеъ гардида, ҳамаи боқимондааш дар шаҳр ҷой гирифта буд. Ин шаҳр бо истеҳсоли лавозимоти пашмӣ, корд ва устура (поку) шӯҳрат пайдо карда, маснуоти он на фақат эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ мегардонид, балки ба берун ҳам содир карда мешуд.[22].

Дар Тошканд, ки аз ҷиҳати нуфус ба Бухоро наздик мешуд, машғулияти асосии аҳолӣ аз зироат ва тиҷорат иборат буд. Вазни нисбии касбу ҳунар назар ба Бухоро камтар буд, вале ба ҳар ҳол маҳсулоти гуногун таҳия мегардид. Беш аз ҳама касби бофандагӣ ва истеҳсолоти чӯянрезӣ ривоҷ дошт.[23]

Таҷҳизоти техникии истеҳсолоти ҳунармандӣ нисбатан паст ва ниҳоятдараҷа кӯҳнаву анъанавӣ буд. Касодии техника ҷиҳатҳои хоси тарзи истеҳсолоти феодалист. Чунон ки В.И.Ленин ишора карда буд: «Қонуни усулҳои истеҳсолоти пеш аз капитализм ба андозаи пештара, дар асоси пештара такрор кардани протсесси истеҳсолот аст…» хоҷагии натуралии деҳқонон, истеҳсолоти касбии саноатчиён аз ҳамин қабил аст.[24]

Истеҳсолоти бофандагӣ бештар тараққӣ карда буд ва дар он ҷо як дараҷа механиконии меҳнат (чархи поякӣ, дастгоҳи бофандагӣ) ба кор бурда мешуд.[25] Бе сабаб нест, ки маҳз истеҳсоли матоъ соҳаи асосии саноати феодалӣ гардид, ки бо бозоргирии маҳсулот ва баъдтар бо вусъати ҳаҷми коргоҳҳои худ тафовут мекард.[26] ҳунармандони Осиёи Миёна дар тайёр кардани маснуоти заргарӣ, кулолӣ, ҳаккокӣ ва ғайра маҳорати комил пайдо карда буданд.

Маводи хомро барои истеҳсолоти ҳунармандӣ аз хоҷагии қишлоқ ва ҳам аз истихроҷи маъдан ба даст меоварданд. Мушоҳидони рус аксар вақт ба вазъи истихроҷи маъдан тамоман баҳои манфӣ медоданд (Е.Ф.Мейендорф, Хорунжий Н.И.Потанин, П.И.Неболсин ва диг.). Бисёр фулузот, аз ҷумла, оҳан, тилло, нуқра ва ғ. дар ҳақиқат аз Россия кашонда мешуд. Бо вуҷуди ин, дар Осиёи Миёна истихроҷи маъдан кам набуд, вале ба сабаби ҳанӯз дар ҳолати ибтидоӣ воқеъ гардидани тариқи истихроҷ ва хеле афзун будани талабот эҳтиёҷи кишварро тамоман рафъ карда наметавонист. Миқдори зиёди тилло дар Бухорои Шарқӣ бо усули заршӯӣ ҳосил карда мешуд.[27] Дар кӯҳҳои ҳисор, Помир (дар Ванҷ) ва дигар маҳалҳо маъдани оҳан, дар Кӯҳи Танг, кӯҳсори Фарғона ва Варзоб сурб (қӯрғошим) истихроҷ мекарданд. Дар Фарғона ҳамчунин кони нуқра мавҷуд буд. Дар ҳама ҷо намак ҳосил карда мешуд, онро ҳам ба шакли дурда (масалан, дар ноҳияи Қамишқӯрғон, райони ҳозираи Ашт, дар ҷануби Тоҷикистон) ва ҳам ба шакли намаксанг (конҳои машҳури намаки рангини кӯҳҳои Ғузор, намаки кӯҳи Хоҷамӯъмини наздики Кӯлоб ва ғ.) ба даст меоварданд. Барои тайёр кардани борут аз шӯра (селитра) ва гӯгирд, ки дар маҳалҳои гуногун конҳои худро доштанд, истифода бурда мешуд. Дар кӯҳистони Бадахшон ва Фарғона ҳар гуна ҷавоҳирот ва сангҳои қиматбаҳо, аз қабили лаълу ёқут, фирӯза, санги лоҷувард ва амсоли инҳо ба даст оварда мешуданд.

Ҷамъбасти ҳамаи мадракҳои мавҷудаи роҷеъ ба саноати маъдан [28] пешрафти муайянеро дар истихроҷи сарвати зеризаминии асри ХIХ мавриди тадқиқ нишон медиҳад.

Дар ин пешрафт, ғайр аз сабабҳои умумӣ, дар ҷустуҷӯи конҳо иштирок намудани инженерҳои маъданшиноси рус, ки бо даъвати ҳукмронони давлатҳои хонӣ ба Осиёи Миёна омада буданд,[29] ҳамчунин ҳамон русҳое, ки хоҳу нохоҳ дар ин сарзамин иқомат доштанд, низ роли муайяне бозид.

Тадқиқи сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки ноҳияҳои ҷудогонаи кори пурмаҳсули саноати маъдан ба ташаккул шурӯъ намуданд. Фарғона бо кӯҳҳои атрофи худ, ки конҳои тилло, нуқра, сурб, оҳан, мис, нафт, ҳамчунин намак ва сангҳои қиматбаҳо доштанд, яке аз ҳамин қабил ноҳияҳо ба шумор мерафт.[30] Дигар аз чунин ноҳияҳо дар самти муқобил, интиҳои ғарбии Осиёи Миёна ҷазираи Чилкон буд.[31]

Ҷамъиятҳои пешаварон (сехҳо) – коргоҳҳои пешаварон ба вуҷуд омада буданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс дар «Идеологияи немис» ба ҷамъиятҳои пешаварони асри миёнаи Европаи ғарбӣ, аз ҷумла, чунин тавсифот додаанд: «Тақсими меҳнат дар шаҳрҳо байни ҷамъиятҳои пешаварони ҷудогона ҳоло (комилан) ибтидоӣ буд, вай дар дохили худи ҷамъиятҳо ҳам байни коргарони ҷудогона тамоман гузаронида намешуд. ҳар як коргар мебоист чанд корро бидонад, аз ӯҳдаи ҳар коре, ки бо асбобу абзораш кардан лозим бошад, баромада тавонад; маҳдудияти тиҷорат ва робитаи сусти байни ҳамдигарии шаҳрҳои ҷудогона, бенавоии аҳолӣ ва камии талабот ба тақсими минбаъдаи меҳнат мамониат мекарданд, бинобар ин ҳар касе, ки усто шудан мехост, мебоист касби худро ба ҳадди аъло аз худ мекард»[32].

Ин тавсифотро комилан ба Осиёи Миёна ҳам нисбат додан мумкин аст. Ин имкон медиҳад, ки моҳияти ҷамъиятҳои пешаварони осиёимиёнагӣ, бо вуҷуди тафовуташон аз ҷамъиятҳои Европаи ғарбӣ, ҳамчунин хусусияти маҳдудии тахассусҳои косибону ҳунармандон амиқтар дарк карда шавад. Дар доираи ҷамъияти пешаварон чанд навъи ячейкаи ибтидоӣ вуҷуд дошт. Оддитарини он ҳавзаи лифбофон буд, ки дар он мавқеи асосиро шакли ҷамоатӣ-хонаводагии ташкили истеҳсолот ишғол менамуд, аммо ҷамъият набуд. Дар дигар соҳаҳо усули дуузва (усто–шогирд) ё худ сеузваи ташкили кор (усто-халифа, усто шогирд) мавҷуд буд. Шогирд аввалҳо фақат хӯрок мегирифт, баъдтар андак музд ҳам мегирифтагӣ шуд. Аслан усули шогирдӣ яке аз тарзҳои истисмор ба шумор мерафт. Пайдоиши усули сеузва (аксаран дар истеҳсолоти бештар ривоҷёфта – бофандагӣ, кафшдӯзӣ, чӯянрезӣ) аз вусъати зиёди истеҳсолоти молӣ шаҳодат медод. Дараҷаи боз ҳам баландтари тараққиёти он аз мавҷудияти нахустин падидаҳои коргоҳи парокандаи саноатӣ ва афзоиши миқдори мардикорон низ аён мегардад. Дар давлати хонии Хӯқанд, дар арафаи ҳамроҳ шудан ба Россия, қӯрхонаи давлатӣ бо милтиқхона ва тӯпхонааш вуҷуд дошт. Устоҳои яроқсоз музд ва хӯрокворӣ (нон, гӯшт, чой ва ғайра) мегирифтанд, баъзан аз андози замин ҳам озод мешуданд[33], шояд ин яке аз шаклҳои (иловагии) музди меҳнати онҳо буд.

Дар бораи коргоҳи парокандаи саноатӣ як силсила маълумот дар даст дорем. Чунончи, П.И.Пашино (с. 1866) навишта буд, ки дар истеҳсолоти бофандагӣ, масалан, як хӯҷаин «…ба хонаводаҳои шиносаш– ба яке тоза кардани пахта, ба дигаре нахресӣ, ба севумӣ бофандагӣ, ба чорумӣ рангрезӣ ва амсоли инро тақсим карда медиҳад, ки дар ин сурат ба вай на сохтани бинои коргоҳ, на харидани дастгоҳ ва на додани музди вақти бекорнишинии коргар лозим намеояд». Ва боз: «…дар ин ҷо ҳам, мисли Россияи мо, қисмати зиёди заҳмат ба зиммаи занон ва наврасон меафтад, ки онҳо бо тоза кардани пахта, ресидани нах, ба найча печонидани ресмон ва ғайра машғуланд.»[34] Ба қавли П.И.Неболсин «агар дар Бухоро ягон чизи фабрикамонанд вуҷуд дошта бошад, пас ин муассисаҳоест, ки ба матоъ гулҳои қолабӣ мепартоянд, ҳам ба бофандагон калоба ва ҳам ба хайётаҳо барои дӯхтан ҷомаҳои буридаро тақсим карда медиҳанд».[35]

Миқдори муассисаҳои калон аз миёнаҳои асри ХVIII хеле афзуд. Николай Григорйеви юнонӣ, ки муддати зиёде дар Бухоро зистааст, доир ба миёнаҳои ин аср чунин хотирнишон менамояд: «Фабрикаи мануфактурӣ фақат якест, ки моли ҳамон Раҳимбек (Раҳимбӣ –Б.Ғ.) мебошад ва он ҳам на он қадар калон буда, шоҳиворӣ ва махмал истеҳсол мекунад…».[36]

Дар солҳои 60-уми асри ХIХ вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Гурӯҳи соҳибони давлатманди коргоҳҳои ҳунармандӣ пайдо шуданд, ки сарвати зиёдеро ба дасти худ ҷамъ намуданд. Қисмати косибони оддӣ тамоман дигар буд. «Коргари бофанда,– менависад А.Д.Гребенкин,– аз соатҳои 3–4 то нисфи шаб ва то намози шом нах ба нах кори худро иҷро мекунад. Рӯзе на бештар аз як соат дам мегирад».[37]

Муносибатҳои иҷтимоӣ дар истеҳсолоти ҳунармандӣ ҳамоно феодалӣ буд. Чунон ки дар боло гуфта шуд, шогирд ҳамеша мавриди истисмор қарор мегирифт ва аз он ки шогирд аксар вақт писар ва ё хеши хӯҷаин буду дар хонаи вай мехӯрду мезист, ҳолаш беҳтар намешуд. Халифа ҳангоми даромадан ба кор аз хӯҷаин маблағи зиёд бунак мегирифт ва дар сурати тарк кардани кор мебоист онро баргардонад.[38] Азбаски ин дар амал аз имкон берун буд, халифа то охир побанди хӯҷаин шуда мемонд. Умуман сармояи фоидахӯрӣ мавқеи калонро ишғол мекард. Судхӯрҳо аз ҳазор танга ҳар моҳ бист танга мегирифтанд ва дар як сол ситонидани қариб 25%, яъне 250 сӯм фоида амри табиӣ ҳисоб меёфт. Аксаран ҳаққи қарз аз ин ҳам зиёдатар мешуд.

Чи навъе ки С. Айнӣ шаҳодат медиҳад, «дар он вақтҳо дар деҳот судхӯрони заминдор ба деҳқонони камбағал ҳар сад тангаро ҳар моҳе то ба даҳ танга ба фоида мемонданд».[39] Бисёр воқеъ мешуд, ки қарздор дар вақташ ҳаққи қарз ва ё тамоми қарзро адо карда наметавонист ва судхӯр ба ивази он бо зӯр духтарони ӯро мегирифт.[40] Ин буд, ки мардум нисбат ба судхӯрон нафрат мепарвариданд.[41]

Чунон ки К.Маркс хотирнишон менамояд, сармояи фоидахӯрӣ истеҳсолотро «ба ҳолати фалокатбор расонида, ба ҷои ин ки қувваҳои истеҳсолкунандаро тараққӣ диҳад, онҳоро фалаҷ мекунад, дар айни замон шароити ночизи ҷамъиятиеро абадӣ мегардонад, ки дар он ҳосилнокии ҷамъиятии меҳнат, мисли истеҳсолоти капиталистӣ, аз ҳисоби худи меҳнат намеафзояд».[42]

Косибону ҳунармандон дар системаи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии давраи мавриди тадқиқи мо муқобили феодалон қарор гирифта буданд. Дар айни замон, муборизаи синфӣ дар дохили табақаи ҳунармандон ҳам давом мекард ва шаклҳои шадидтаре, аз қабили корпартоии шогирдону халифаҳоро ба худ мегирифт.

Пешаварон дар шаҳрҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгир мешуданд, чунон ки аҳли ҳар касб бо ҳамкасбони худ дар як маҳалла сокин мегардид. Масалан, дар шаҳри Бухоро бофандагон ду маҳалро маскан намуда, оҳангарону челонгарон низ дар ду маҳалла ва рехтагарон дар як маҳалла ҷой гирифта буданд. Дар шаҳри Хуҷанд бофандагон дар маҳаллаҳои Раззоқ ва Сари Баланди қисми шарқии Қалъаи Нав ва оҳангарон дар се маҳал иқомат мекарданд. Пешаварони Тошканд ҳам аз рӯи касбу ҳирфаашон маҳалли сукунати худро муқаррар карда буданд.[43]

Чи навъе ки Ф.Энгелс дар хусуси шаҳрҳои асримиёнагӣ навишта буд, «дар паси он деворҳову хандақҳо касбу ҳунари асрҳои миёна инкишоф меёфт,– дуруст аст, ки вай бо рӯҳи сехии бюргерӣ хеле оғушта ва маҳдуд буд,– сармояҳои нахустин ҷамъ мешуданд, эҳтиёҷи бо ҳам ва дигарон хариду фурӯш кардани шаҳрҳо ба вуҷуд меомад…»[44]

Тиҷорат

Н.В.Хаников таъкид мекунад, ки Бухоро, Самарқанд ва Қаршӣ марказҳои асосии тиҷорати аморати Бухоро маҳсуб меёфтанд.[45] Ба радифи ин марказҳо Шаҳрисабз ва дар Бухорои Шарқӣ ҳисор ва Кӯлобро низ бояд дохил намуд. Дар давлати хонии Хӯқанд калонтарин марказҳои тиҷорат Хӯқанд, Тошканд, Марғилон, Андиҷон, Намангон, Ӯш, Ӯротеппа ба шумор мерафтанд.

Он вақт протсесси аз саноат ҷудо шудани тиҷорат ҳоло ба анҷом нарасида буд: дӯкон дар як вақт вазифаҳои ҳам фурӯшгоҳ ва ҳам коргоҳи косибонро адо мекард,[46] зеро дар Осиёи Миёна низ, монанди кишварҳои асримиёнагии Европа «косибону ҳунармандон он вақтҳо дар айни ҳол тоҷир ҳам буданд».[47]

Дар шаҳрҳо тиҷорат дар бозорҳои махсус сурат мегирифт. Бозор масоҳати калонеро ишғол менамуд. Бозори асосии шаҳри Тошканд, ба қавли А.П.Хорошхин «…бисёр калон ва оригиналист. Фақат дар рӯзи дарози тобис-тон метавон тамоми гӯшаву канори онро паймуд». Бозори Хӯқанд ҳам «…хеле калон ва покиза аст, мисли бозори Тошканд ҷо-ҷо тим дорад».[48] Бозори Ӯротеппа низ қариб тамоман пӯшида буд,[49] бозори Хуҷанд ҳам ҳамчунин. О.А.Сухарева дуруст қайд мекунад, ки «хусусияти хоси тарҳи шаҳрҳои Осиёи Миёна аз ин иборат буд, ки дар чорсӯи хиёбонҳои асосӣ марказҳои савдо воқеъ гардида, дар ин ҷо тими дарози гунбаздор сохта мешуд ва аз байни он кӯча мегузашт ва дар ду тарафи он андаруни тим дӯконҳо саф мекашиданд. Маркази савдои Самарқанд ва Шаҳрисабз ин гуна тим дошт; дар Бухоро панҷ тим мавҷуд буд, ки ин аз равнақи тиҷорати Бухоро ва ободии бозорҳои шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Чунин иморатҳои бозорро дар Самарқанду Шаҳрисабз «чорсу», дар Бухоро «тоқ» мегӯянд».[50] Маркази шаҳри Бухороро тамоман бозорҳо ишғол карда буданд, дар майдони Регистон ва дигар майдонҳо низ дӯконҳо вуҷуд доштанд, ҳатто дар назди дарвозаҳои шаҳр ҳам бозор мавҷуд буд. Дӯконҳо на он қадар калон буда, бо ҳам зич ҷо мегирифтанд, растаҳои бозор ҳар яке ба моли муайяне тахсис ёфта буд. Илова бар ин, корвонсаройҳои бисёре буданд (дар солҳои 40-уми асри ХIХ миқдори онҳо ба 38 мерасид ва пасонтар боз ҳам зиёдтар гардид). Дар корвонсарой тоҷирони мусофир ва маҳаллӣ иқомат мекарданд, дар он ҷо анбор, дӯкон, устохона, саисхона ва ғайра мавҷуд буд. Як қисми корвонсаройҳо ба хонҳо тааллуқ дошт, қисми дигар моли вақф ба шумор мерафт ва қисми боқимонда аз они шахсони ҷудогона буд.[51] Корвонсаройҳо дар ташкили тиҷорат роли хеле муҳим бозӣ мекарданд. Гуфтан кофист, ки мувофиқи маълумоти Н. В. Хаников (с. 1841) ба Бухоро ҳар сол иборат аз 12–15 ҳазор шутур корвон меомад[52] ва он ҳама борҳо, одамон, аспу аробаҳо асосан дар корвонсаройҳо ҷой мегирифтанд.

Дар миёнаи солҳои 60-ум бозори асосии шаҳри Тошканд 16 корвонсарой ва тақрибан 2400 дӯкон дошт (дар сурате, ки дар шаҳр ҳамагӣ 4584 дӯкон мавҷуд буд). Бозор тахминан сӣ растаи махсусро дар бар мегирифт[53]. Дар шаҳрҳои дигар миқдори корвонсаройҳо камтар буд. Чунончи, дар шаҳри Хӯқанд соли 1841 шаш корвонсарой вуҷуд дошт, ки «дар дутоаш сокинони шаҳр тиҷорат мекарданд ва боқимондааш хизмати корвонҳои муттасил ояндаву равандаро баҷо меовард».[54]

Дар солҳои 70-ум шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 5 корвонсарой дошт.[55] Миқдори он дар шаҳри Ӯротеппа сето буд. Дар хусуси ин корвонсаройҳои Ӯротеппа М.С.Бекчурин хотиррасон мекунад, ки ҳамаи онҳо моли шахсони ҷудогона мебошанд. Дар яке 28 дӯкон мавҷуд буда, моликияти хусусии савдогарони кӯтарафурӯши маҳаллӣ ба шумор мерафт. Ду корвонсарои дигар чун маскани тоҷирони мусофир хизмат мекарданд, зимнан, дар яке аз онҳо судхӯрони ҳиндуи сокини Ӯротеппа иқомат доштанд.[56]

Дар Самарқанде, ки нуфусаш дар асри ХIХ аз Бухоро ду-дувуним баробар кам буд[57], дар давраи ҳамроҳ шудан ба Россия, ки он вақт аҳолиаш тахминан ба сӣ ҳазор расид, бештар аз 2400 дӯкон (ҳамроҳи 712 дӯкони корвонсаройҳо) дошт.[58]

Дар марказҳои бузурги тиҷоративу ҳунармандӣ савдои дохилишаҳрӣ равнақ меёфт, зеро аҳолии сершумори шаҳрҳоро бо маснуоти гуногуни пешаварон таъмин кардан лозим меомад.[59] Дар айни замон, як қисми муҳими молҳо барои рафъи эҳтиёҷоти деҳқонон ба деҳот фиристода, дар навбати худ, аз он ҷо барои истеҳсолоти ҳунармандӣ маводи хом оварда мешуд. Шаҳр бо чунин деҳкадаҳои атрофи худ ноҳияи микроиқтисодиро ташкил мекард.[60]

Дар қария ва деҳкадаҳои калон ба истилоҳ «даври бозор» вуҷуд дошт. Масалан, дар Бухоро бозори Когон рӯзи сешанбе, бозори Баҳоуддин рӯзи чоршанбе ва ғ., дар Самарқанд бозори Ҷамбой рӯзи якшанбе, бозори Меҳнат рӯзи душанбе ва ғ. барпо мегардид. Албатта, анвои молҳо ва хусусияти харидуфурӯш дар ин ҷо дигар буд. Чунон ки В.В.Радлов мегӯяд: «дар ин бозорҳо савдо фақат эҳтиёҷи деҳқононро қонеъ мегардонад, ки онҳо маҳсули меҳнати худро мефурӯшанду чизҳои барояшон заруриро харид мекунанд».[61]

Дар қатори ин савдои дохилии шаҳру деҳот, ҳамчунин савдои нисбатан калони байни шаҳрҳо ва вилоятҳо амал мекард. Бисёр шаҳру вилоятҳо бо навъи муайяни маҳсулоти ҳунармандӣ ва молҳои фурӯшии худ шӯҳрат доштанд (масалан, ҳисор бо ханҷар ва гӯсфанд, Ӯротеппа бо корд, Хуҷанд бо адрасу шоҳӣ, Қаршӣ бо алоча ва ғайра).

Калонтарин бозорҳои вилоятӣ, умуман, маркази тиҷоратии давлатҳои хонии Осиёи Миёна ба шумор мерафтанд. Алалхусус, савдои байни аморати Бухоро, давлатҳои хонии Хӯқанд ва Хева равнақи зиёде пайдо карда буд. Моли бисёре аз кишварҳои хориҷӣ: Афғонистон, ҳиндустон, Қошғар ва Эрон кашонда мешуд. Дар иқтисодиёти давлатҳои хонӣ мақоми махсусеро тиҷорат бо Россия ишғол менамуд (дар ин бора муфассалан дар фасли ҷудогона сухан хоҳад рафт). Маҳз шаҳрҳои калон муҳимтарин марказҳои тиҷорати байнивилоятӣ ва хориҷӣ ҳисоб мешуданд; табиӣ, ки ин тиҷорат хусусияти кӯтарафурӯшӣ дошт.

Дар савдои калони хориҷӣ ҳукмронҳо, хешу ақрабои онҳо, амалдорони олимақом, ҳамчунин савдогарони «касбӣ» ширкат менамуданд. ҳамин савдогарони сарватманд иттиҳодияи махсуси худро доштанд. Рӯихати махсуси хонӣ буд, ки дар он номи савдогарони бадавлатро зикр мекарданд. Дар сари ин иттиҳодия корвонбошӣ меистод. Ба ин вазифа интихоб гардидани корвонбошӣ бо фармони амир тасдиқ карда мешуд. Корвонбошӣ сардори кулли савдогарони мулки Бухоро маҳсуб меёфт.

Савдогарони миёна ва хурд иттиҳодияи худро аз рӯи раставу бозорҳо ташкил дода буданд, ки ба он оқсақол сардорӣ мекард. Аксаран аз рӯи принсипи хонаводагӣ ширкати савдогарон таъсис карда мешуд. Савдогарони калон -мирзоҳои худро доштанд. ҳангоми харидуфурӯш даллолу қосидҳо ва воситачиву амонатфурӯшҳо иштирок мекарданд.[62] Савдогари калон дар шаҳр нишаста, аксар вақт танҳо амалиёти тиҷоратро бо маблағ таъмин менамуд, дигар ҳамаи корҳоро ҳар гуна ходимони тиҷоратхона анҷом медоданд. Масалан, Миралибои Хӯқандӣ дар солҳои охири мавҷудияти давлати хонии Хӯқанд ихтиёри хариди тамоми пахтаи мамлакатро ба дасти худ гирифта буд. Ин аз он сабаб барояш мумкин гардид, ки ӯ ба пули хон тиҷорат мекард.

Аз Бухоро ба Россия аксаран на худи савдогарони калон, балки хизматчиёни онҳо сафар мекарданд, ки аз 30 то 50 фоизи даромадро мебоист ба савдогар медоданд.[63] А. Гребенкин навишта буд: «Бо кори тиҷорат тавассути дигарон ҳатто муллоҳо, имомҳо, мударрисҳо, эшонҳо, қозиҳо, амлокдорҳо ва оқсаққолҳо – алқисса, ҳамаи касоне, ки як миқдор пули зиёдатӣ доштанд, машғул мешуданд»,[64]

Калонтарин савдогари Самарқанд дар ибтидои асри ХIХ намояндаи номдори бузургзодагони олимақоми Бухоро Муҳаммад Давлатбии иноқ буд, ки муддати дароз дар Самарқанд ҳукмронӣ кардааст. Вай дар соли 1810 ба вақфи фақат як худи мадрасаи Улуғбек 123 дӯкон ва ҳамчунин каппону анборҳо васият намуд.[65]

Дар сурате ки савдогарони сарватманд ва даллолони калон даромадҳои ниҳоят зиёд ба даст меоварданд, майдасавдогарон ва дӯкондорони хурдафурӯш «…ба фоидаҳои ночиз ва бисёр вақтҳо ба он бозёфте, ки барои серии худ ва хӯроки аспашон кифоят мекард, қаноат менамуданд».[66]

Харобии роҳҳо ва набудани амният чи дар роҳу чи дар шаҳр пеши тараққиёти тиҷоратро мегирифт. Дар роҳҳо аз дасти ғоратгарон ва дар шаҳрҳо аз тарафи ҳокимони ҳарис молу ҷони савдогарон ҳамеша дар хатар буд. Боҷу хироҷ ва иҷорапулӣ ҳадду андоза надошт. Ғайр аз ин, доимо хавфи мусодира таҳдид менамуд. Ба қавли Аҳмади Дониш, дар замони ҳукмронии амир Насрулло «баъзе уламои ҳақношиноси манғит ҳозираро ба назар гирифта, мулку моли фуқаро ҳамагӣ аз они подшоҳ аст, раоёро моликият ба ашёе нест, агар ҳар чиз подшоҳ аз ҳар як раия ситонида гирад, тасарруф дар мулки худ кардагӣ мебошад, заҷр ва зулм нест, гуфта фатво ҳам дода буданд».[67]

  1. Галкин А., 1890, с. 191; Шубинский П., 1892, с. 380–386.

  2. Meyendorff J., 1826 ,с. 196–197; Ханыков Н.В., 1843, с. 75–76.

  3. Мо ба масъалаи сукунати тоxикон дар Афuонистон дахл намекунем. Барои сол[ои сивуми асри ХIХ М. Элфинстон (Elphinstone М., 1839, 1, р. 403–422) манзараи хеле пурра ва муфассалро тасвир менамояд. Мувофиrи маълумоти Н.А.Кисляков тоxикон а[олии аслии вилоят[ои шимолb ва rисман марказии Афuонистон буда, аз xи[ати миrдор дувумин халrи ин мамлакат ба шумор мераванд –тахминан 2 миллиону 300 [азор кас (Кисляков Н.А., 1957, с. 149). Аз рeи маълумоти дигар дар Афuонистон rариб се миллион тоxикон иrомат доранд –ниг.: Массон В, М., Ромодин В.А., 1, 1964, с. 10.

  4. Гребенкин А .Д., 1872, в. с. 54.

  5. Аз рeи [исоби Мирабдулкарими Бухорb дар но[ияи Миёнкол ва Самарrанд чb rадар, ки муrими[о бошанд, [амон rадар кeчи[о буданд (Mir Abdoul Kerim Boukhary, 1876, с. 77).

  6. Барои хонии Хerанд ба сабаби ноустувории [удудаш овардани [атто чунин раrам[ои тахминb [ам амри ма[ол аст. Раrами якуним – ду миллион а[олb, ки дар китоби бе зикри номи муаллиф барои соли 1840 оварда шудааст («Обозрение Кокандского ханства в нынешнем его состоянии», 1849, с. 191), ба мисли раrами се миллион а[олb, ки таrрибан барои [амон ваrт[о Волф зикр намудааст (Wolf J., 1846, с. 353) ба тафтиши даrиr э[тиёx дорад.

  7. Радлов В.В., 1880, с. 12.

  8. Омоч заминро ба чуrурии 40–45 см шудгор мекард ва дар айни замон онро ковок ва нарм [ам менамуд. Академик А.Ф.Миддендорф (1882, с. 229) чунин аrидае дошт: «{ангоми шудгори амиr вай, албатта, зерхокро [аво меди[ад ва аз сипори гардон чунин бартарии му[имро дорост, ки хоки замин пас аз шудгори омоч дар зери офтоби сeзон он rадар сахт хушк намешавад».

  9. Муфассалан ниг.: Ханыков Н.В., 1843, с. 121–123, 129–130, 137–139; Ефремов Ф., 1950, с. 26.

  10. Миддендорф А, Ф., 1882, с. 402.

  11. Вазъияти хоxагии rишлоrи Осиёи Миёнаи онваrта [анeз тадrиrкунандаи худро интизор аст. Бисёр мадрак[ои му[им дар [исоботи сайё[он, [уxxат[ои архивии Россия ва Осиёи Миёна парокандаанд, баёноти мутахассисоне, ки пас аз [амро[шавии Осиёи Миёна ба Россия додаанд, [амчунин нашрия[ои этнографb дар ин бобат арзиши му[име доранд. Аз xумла, ниг.: Бродский М., 1872, 1875; Миддендорф А.Ф., 1882; Шо[назаров А.И., 1908; Юферев В.И., 1925; Кисляков Н.А., 1947; Кармишева Б.Х., 1954; Сухарева О.А., Бекxонова М.А., 1955; Ра[имов М.Р., 1957; Андреев М.С, Писарчик А.К., 1958; Ершов Н.Н., 1960; Усенбоев К., 1961; Таджики Каратегина и Дарвоза, вып. 1–1966, вып. II – 1970, вып. III – 1976, «Очерк[ои этнографb», 1969 ва бисёр асар[ои дигар.

  12. Радлов В В., с. 39; Семёнов А.А., 1960 а, с. 1001. 48.

  13. Бекчурин М.. 1916. с. 303–304.

  14. Семёнов А.А., 1960 а. с. 1002.

  15. Ханыков Н.В., 1843, с. 55. Роxеъ ба ро[и мураккаби ташаккулро паймудани а[олии Бухоро ва дар он иштирок доштани eзбекон ниг.: Сухарева О.А.,1958, с. 74 ва давомаш, 1966, с. 113 ва давомаш.

  16. Мейендорф Е.Ф., 1975, с. 95.

  17. {амон xо, с. 105.

  18. Сухарева А., 1958; 1962; 1966.

  19. Турсунов Н., 1967; Мухторов А., 1964; 1975.

  20. Пашино П.И., 1868, с. 139.

  21. «Роxеъ ба вазъияти кунунb», 1826, с. 177–178.

  22. Мухторов А., 1964, с. 72, 75.

  23. Маев Н., 1876; Хорошхин А.П., 1876; Гейнс А.К., 1898; Добромыслов А.И., 1911; Озодаев Ф., 1959; {оxиев Э., 1960; Набиев Р.Н., 1966.

  24. Ленин В.И., Асар[о, x. 3, с. 58

  25. Петровский Н.Ф., 1874; Бродовский М.И., 1875, с. 15–17; .29–31

  26. Сухарева О.А., 1962, с. 142.

  27. Ниг.: масалан, Краткое описание., 1823, с. 7–8.

  28. Иванов П.П., 1932, с. 44–75; Бубнова М.А., 1975.

  29. Свенское К., 1851, с. 149; Жуковский С.В., 1915, с. 112–113; Маслов О.В., 1955, с. 47–48; Халфин Н.А., 1974, с. 47–60 ва uайра.

  30. Маълумотро дар ин хусус аз та[rиrоти гуногуни роxеъ ба хонии Хerанд ба даст овардан мумкин аст, ки баъзе аз он[о дар боло зикр ёфтаанд. {амчунин ниг: Богословский, 1842, с. 21. Обозрение., 1849, с. 124–125;Потанин Н.И., 1856, с. 278; Максимов, 1860, с. 74; Вревский А.Б., 1868, с.137; Краузе Ч.И., 1872 ва бисёр таълифоти дигар. Махсусан санад[ои бо кори маъдан алоrаманд аз архиви хон[ои Хerанд xолиби диrrат мебошанд– ниг.: Троицкая А.Л., 1968, с. 353–354, № 2507–2522.

  31. Литвинский Б.А., 1949.

  32. Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., том. 3, с. 52.

  33. Троицкая А.Л., 1968, с. 278–279, № 1878, 1879, 1883; с. 311–322 (№2160–2272).

  34. Пашино П.И., 1868, с. 139–140. Инчунин ниг.: Пашино П.И., 1867, с. 121.Маълумоти мушобе[и аз ин барваrттар дар бораи давлати хонии Хerанд дар [исоботи Хорунжий Потанин Н.И. мавxуд аст. Дар асари беимзои «Обозрение Кокандского ханства в нынешнем его состоянии» (1849), «Заводи хиштсозии хон» ва «фабрикаи коuазбарорb» «корхонаи мануфактурb» номида шудаанд. Обозрение., 1849, с. 213.

  35. Небольсин П.И., 1865, с. 36. {амин тариrа, [аr ба xониби Бунаков Е.В. нест. E нодуруст таъкид мекард, ки маълумоти оид ба корго[[ои парокандаи 1138-саноатb фаrат дар Пашино П.И. мавxуд аст, ниг.: Бунаков Е.В., 1969, с. 97.

  36. Вельяминов–Зернов В.В., 1853, с. 20, 71.

  37. Гребенкин А.Д., 1-872 а, с. 31.

  38. Роxеъ ба бунак дар хоxагии rишлоr [амчун байъона ниг.: Иванов П.П., 1937, с. 38–40.

  39. Айнb С., 1970, с. 156–157.

  40. Айнb С., 1961, с. 97.

  41. Дар бораи судхeр[о ва мардумро uорат кардани он[о [амчунин ниг: Айнb С., 1960, с. 524–531.

  42. Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 25, ч. II, с. 145.

  43. Озодаев Ф., 1959, с. 24–25.

  44. Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 21, с. 406.

  45. Ханыков Н.В., 1843, с. 161.

  46. Аминов А.М., 1959, с. 50–51; Бунаков Е.В., 1960, с. 99.

  47. Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 3, с. 50–51.

  48. Хорошхин А.П., 1876, с. 41, 96; Роxеъ ба бозори Хerанд ва хусусият[ои он ниг.: Федченко А.П.,1875, с. 48.

  49. Бекчурин М.С, 1871, с. 218; Мухторов А., 1964, с. 81–87.

  50. Сухарева О.А., 1966, с. 43.

  51. Илова ба асар[ои Сухарева О.А. ниг.: Семёнов А.А., 1960, с. 1009–1010; Ремпель Л.А., 1962. с. 237–247. Миrдори корвонсарой[о [ама ваrт таuйир меёфт, яъне меафзуд (муrоиса кунед бо маълумоте, ки барои сол[ои 20-уми асри ХIХ мавxуд аст).

  52. Ханыков Н.В., 1843, с. 163.

  53. Тетеревников А.Н., 1867, с. 39. Мувофиrи маълумоти С.Н.Трубинков – 20 корвонсарой ва бозор[ои сарпeшида (Материал[о…, 1869, с. 4).

  54. Обозрение…, 1849, с. 213.

  55. Кушакевич А., 1872, с. 52.

  56. Бекчурин М.С., 1871, с. 218; Мухторов А., 1964, с. 82.

  57. Раrами барои соли 1820 овардаи Е.Ф.Мейендорф – панxо[ [азор (Megendorff J., 1826, р. 160) ба назар муболиuаомез менамояд.

  58. Костенко Л.Ф., 1871, с. 23–24.

  59. Ва[[обов М., 1961, с .60–61.

  60. Ханыков Н.В., 1843, с. 93, 105.

  61. Радлов В.В., 1880, с. 18-19.

  62. Гребенкин А.Д., 1872 а, с. 26–30; Сухарева О.А., 1966, с. 236–240.

  63. Рожкова М.К., 1963, с. 38.

  64. Гребенкин А.Д., 1872 а, с. 26.

  65. Файзиев А., 1970, с. 58–59.

  66. Гребенкин А.Д., 1872, с. 30.

  67. Ин фиrра дар [амаи нусха[ои дастнавис мавxуд аст, ниг.: А[мад Ма[думи Дониш, 1960, с. 33–34 (тавзе[и 4).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *