Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»
Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»
Маҷмӯи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи ҷамъият асари В.Гейгер «Маданияти Эрони шарқӣ дар аҳди бостон» мебошад[1]. Дар муддати пас аз соли 1882 ин асар аз бисёр ҷиҳат кӯҳна шудааст, вале, мутаассифона, асаре ҳаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал ҳоло ба миён наомадааст. Ба ғайр аз диди нави филологӣ-лингвистӣ дар чунин асар маълумоти «Авесто»-ро мумкин аст аз назари комёбиҳон нави археологӣ тадқиқ кард. Умед аст, ки эроншиносон ва бостоншиносони мо дар солҳои наздик чунин асари заруриро ба вуҷуд меоранд.
Муҳаққиқон хусусияти ҷамъияти авестоиро тадқиқ намуда, чаҳорзина будани онро қайд намудаанд. Дар «Яшт»-и Х, 115 оварда шудааст: «Сарвари динии хонадон нманйа; сарвари динии авлод – висйа; сарвари динии қабила — зантума; сарвари динии мамлакат — даҳйума: сарвари олии динӣ – «заратуштротэма» номида мешавад[2].
Ба ҳамин тариқ, оила нмана ном дошт. Сарвари чунин оилаи патриархалӣ кадхудо – нманопати, яъне «худованди хона» буд, зани калонӣ дар оила нманопатни – «кадбону» номида мешавад. Мавқеи зиёдро ишғол кардани зани калонӣ дар оилаи тоҷикон, махсусан сокинони маҳалҳои назди Помир, бо ҳукмронии ҳазорсолаи ислом нигоҳ накарда, то замони мо боқӣ мондааст. Материалҳои этнографие, ки дар мавзеъҳои гуногуни Помир ҷамъоварӣ шудаанд, ба ин шаҳодат медиҳанд.
Як далели дигар, вале ғайримустақиме оид ба роли баланди занон дар Осиёи Миёнаи қадим мавҷуд аст. Чунон ки маълум аст, дар замонҳои қадим ҳукмрони ноҳияҳои Осиёи Миёна – Уструшон ва Суғд лақаби «афшин» доштанд[3]. Таҷзия ва таҳлили таърихию этимологии ин истилоҳро В.И.Абаев анҷом додааст. Ӯ тафсирҳои кӯҳна ва дар ҳақиқат беасосро рад намуда, ин истилоҳро бо калимаи дар забони осетинӣ боқимондаи äfsin – «кадбону» муқоиса намуд[4]. Ба ақидаи В.И.Абаев занон – сарварони қабилаҳои сакоӣ-массагетӣ бояд ҳамин унвонро медоштанд. Аз онҳо ин истилоҳ баъдтар ба ноҳияҳои ҳамсояи Осиёи Миёна гузашта, нисбат ба мардони сарвар истифода шудааст[5]. Ба ҳамин тариқ, истилоҳе, ки дар байни осетинҳо маънии «кадбону»-ро дошт, дар Осиёи Миёнаи қадим тадриҷан нисбат ба мардони ҳукмрон истифода гардид.
Дар матнҳои авестоӣ калимаи «нманйа» аъзои оиларо ифода менамояд, дар баробари ин, чунон ки И.Гершевич исбот кардааст, истилоҳи мазкур эзиди нигаҳбони хонадонро низ ифода мекунад, ки мувофиқи тасаввуроти қадимии мардуми рус номи «парии хонагӣ»-ро гирифтааст. ҳамчунин эзидони қабилавӣ мавҷуд буданд, ки онҳоро «висйа» меномиданд.[6] Амали ин эзидон қисман бо амалиёти фравашиҳо – фариштаҳои нигаҳбон ва рӯҳи тамоми мавҷудот мутобиқ мебошад[7].
Ба ҳайъати оила узвҳои ноқисулҳуқуқ – вира, вайса ва парийатар низ дохил мешуданд. Вира маънии «мард», «сарбоз»-ро дорад, вале маънии «ғулом»-ро низ метавонад ифода кунад. Масалан, дар «Яшт»-и Х, 28 оид ба Митра сухан меравад, ки вай ба он хонадоне, ки хайрхоҳ аст «галаву рама ва вираҳои зиёд», яъне ғуломонро тақдим медорад. Умуман, ҳангоме ки дар «Авесто» номбурд ва муқобилгузории чорпоён ва вира оварда мешавад, вира одатан ғуломро ифода мекунад. Вайса ва парийатар, тибқи баъзе матнҳо, ба ҳайъати оила ҳамчун узвҳои хурд дохил мешудаанд[8].
Иттиҳодияҳои нисбат ба оила калонтар аз риштаи падарӣ «нафа» ном доштанд. Онҳо соҳиби замини кишт, чарогоҳ ва дигар дороии дигари умумӣ буда, моликияти аъзои иттиҳодияро риштаҳои ҳамраъйӣ ва кафолат ба ҳам мепайваст. Ин гурӯҳҳо хеле бузург буданд ва наздики 100 марди комилҳуқуқ ба он дохил мешуд. Оид ба мавқеи чунин гурӯҳҳо, аз ҷумла, гилаи Зардушт шаҳодат медиҳад: «Бизоатмандон ва муттафиқон аз ман рӯ тофтанд, ҷамоа нисбат ба ман номеҳрубон аст, ҳамчунон ки шаҳриёрони дурӯғпарасти кишварҳо номеҳрубонанд» («Ясно»-и 46, 1)[9].
Қабила («вис») аз якчанд гурӯҳҳои бизоатманд иборат буд, сардори қабила «виспати» ном дошт. «Вис» натанҳо қабила, балки маскани аҳли қабила – деҳро низ ифода мекунад. Дар аввал, зоҳиран, ин макони зист аз якчанд хонадон иборат буд. Баъдтар вай батадриҷ хусусиятҳои ҷамоаи кишоварзиро соҳиб шудааст[10].
Ҷавонон ҳангоми ба камол расидан (овони 15-солагӣ) маросими иртиқаро ба дин ва ҷамоа мегузаштанд. Дар маҷлиси гурӯҳи бизоатмандон ба онҳо камарбанд ва пироҳани муқаддас бахшида мешуд. Ба ин амал ҳамчун «таваллуди дувум»-и инсон назар мекарданд. Танҳо пас аз ин ҷавон узви комилҳуқуки ҷамоа мегардид, дар маросимҳои динӣ иштирок менамуд, ӯҳдадориҳо гирифта ва ақди никоҳ баста метавонист.
Аксари масъалаҳои хонаводаро шӯрои қабила, ки сарварони гурӯҳҳои бизоатманд ба он дохил мешуданд, ҳал мекард. Шӯро масъалаҳои ҳаёти дохилӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии марбут ба анҷоми вазоифи динӣ ва ҳуқуқӣ, ғайр аз ин масъалаҳои муносибат бо қабилаҳои дигарро ҳал менамуд[11].
Мувофиқи матнҳои «Авесто», дар ҷамъияти онзамона тафриқаи иҷтимоию молумулкӣ хеле васеъ инкишоф ёфта буд. Дар боло мо ба ғуломон ишорат кардем. Дар қисматҳои мухталифи «Авесто» ба кадхудоён ва шахсоне ишора мешавад, ки галаву рамаи фаровонеро соҳибанд. Чорпо боигарии асосӣ ба ҳисоб мерафт, вале маълум аст, ки боигарии дороён натанҳо чорпо, балки замину сарватҳои дигар низ буд.
Дар «Авесто» гурӯҳҳои «иҷтимоӣ-касбӣ» ба монанди рӯҳонӣ, сарбозу дучархасавор, деҳқони чорводор ва (як бор) ҳунарманд номбар мешаванд. Баъзе олимон ақида доранд, ки ин тақсимоти иҷтимоӣ ба давраи умумияти ҳиндуэронӣ дахл дорад ва аз ин сабаб қобили таваҷҷӯҳ нест; дигарон бошанд, ба таври асоснок мӯътақиданд, ки он инъикоскунандаи ҳақиқати (дар замони пайдоиши «Авесто» ва баъдтар) вуҷуддоштаи таърихӣ мебошад, аз ин рӯ, ҳангоми таҷдиди ҷамъияти «Авесто» бояд ба мадди назар дошта шавад[12].
Дар баробари мардуми оддӣ ҷамъият дорои «родмардон» ва «ашрофон» буд. Яке аз истилоҳот ба маънии «родмард», «ашроф»– «азата» («асилзода») аст. Аксаран вай сарвари виса (қабила) ва оилаи худ мебошад. Таҳлили таҷзияи комили этимология ва эволютсияи калимаи «азата»-ро Г.Бейли анҷом додааст. Дар забони форсии миёна – паҳлавӣ он маънои «зодаи хонадони шоҳ», «родмард», «озодасл»-ро дошт[13].
Аз ҳамин ҷо калимаҳои тоҷикии «озод» ва «озода» сар задааст, ки яке аз маъниҳои он «род», «наҷиб» аст. Истилоҳи дигари «Авесто» барои ифодаи «ашроф» «асна» мебошад[14].
Қабила – «занту», зоҳиран, мавқеи нисбатан хурдтарро ишғол менамуд. Дар баробари ин баъзе матнҳоро аз шӯрои «беҳтарин мардумон» иттилоъ медиҳанд. Истилоҳи ифодакунандаи ин гуна шӯроҳо «ҳанҷамана» буд, ки дар забони тоҷикӣ ба шакли «анҷуман» боқӣ мондааст.
«Вилоят» ва «мамлакат», ки аз якчанд ноҳия иборат буд, дар «Авесто» «даҳйу» ном дорад. И.М.Дяконов дуруст қайд мекунад, ки «равшан кардани маънии ин истилоҳ мушкил аст». Аксаран дар қисматҳои қадимтарини «Авесто» «даҳйу» ба маънии ҳамон гуна «давлатчаҳое» буд, ки тибқи манбаъҳои ошурӣ, дар Мидия вуҷуд доштанд, яъне иттиҳодияҳои минтақавие будаанд, ки на ҳамчун давлат, балки ҳамчун ташкилотҳои бузурги қабилавӣ амал мекарданд. В.А.Лившитс ҳаққонӣ хотиррасон мекунад, ки даҳйу «пеш аз ҳама, мафҳуми ҳудудӣ ва географист, ки дар он умумияти этникӣ хеле зиёд аст, вале он ҳоло дар таркиби давлати ташаккулёфта воҳиди маъмурӣ нест».
Дар сари «даҳйу» «даҳйупатн» меистод. Аз шахсони дигаре, ки ҳокимият ба дасташон буд, «састар» («ҳукмрон», «ҳоким»)-ро ном бурдан мумкин аст, ки ҳукмаш ба ин ё он маҳал раво буд[15].
Дар «Авесто» барои ифодаи маънии иттиҳодияи ноҳияҳо истилоҳи «даҳйусасти»– «ҳокимият бар ноҳияҳо» мавҷуд аст.
Сардори чунин иттиҳодия «даҳйупатии тамоми даҳйуҳо»–«ҳокими тамоми ноҳияҳо» буд; вай ҳуқуқи яккаҳокимиятӣ надошт, чунки ба ғайр аз ӯ «даҳйунам фратэмадато» – «шӯрои бузургон»-и иттиҳодияи ноҳияҳо низ фаъолият мекард. Зоҳиран, ҳокимияти «даҳйупати»-ҳо ва, ҳатто «ҳокими тамоми ноҳияҳо» маҳдуд буд ва шӯро бар ҳокимияти онҳо назорат мекард[16].
Таҳлили «Готҳо» аз ҷиҳати иҷтимоӣ-сиёсӣ (дар ин бобат корҳои В.И.Абаев ва И.М.Дяконов муҳиманд[17]) нишон медиҳад, ки онҳо инъикоскунандаи ҳолату авзои ҷамъияте мебошанд, ки дар остона ва ё дар оғози офариниши давлат аст.
Ҷамоаи дар «Готҳо» тасвиршуда аз тороҷгарӣ, тохтутози ваҳшиёнаи ҳамсоягон, ғорат шудани чорпоён ба дод омадааст. «Готҳо» ба зиндагии орому осоишта ва мавҷудияти маконҳои гул-гулшукуфон бо сарварии шоҳони «хуб», даъват мекунанд. ҳамаи ин тағйироти бузурги иҷтимоиро талаб мекард, ки ҷараёни онҳо дар он замон хеле тезутунд буд. Ин ҳолатро низ ба назар гирифтан зарур аст, ки «дар давраи аввали ҷамъияти синфӣ мавқеи ҳалкунандаро дар байни синфи ҳукмрон ҳамеша аъёну ашрофи қабила – пешвоён ва рӯҳо-ниёне, ки дар заминаи сохти ҷамоати ибтидоӣ ба миён омада буданд, ишғол мекард. Аммо давлати муттаҳида танҳо анъанаҳои қабилавӣ ва ҳукмронии олигархиро, ки бо решаҳои маҳаллӣ ва ҷамоавии худ пурқувват буда ва аз ин ваҷҳ доимо ҷудоиталаб аст, аз миён бардошта, ба вуҷуд омада метавонад»[18].
Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсии давраи мазкурро дар Осиёи Миёна ҳамчун муносибатҳои гузариш аз сохти ибтидоии ҷамоагӣ ба сохти ҷамъиятии синфӣ маънидод кардан мумкин аст. Ҷамоати қабилавӣ аз байн рафта, ҷамоати деҳот ба миён меомад. «Оилаи ҷудогона воҳиди хоҷагии ҷамъият шуда мемонад»[19]– гуфтааст Ф.Энгелс. Асоси ҷамоати деҳотро бар хилофи ҷамоати қабилавӣ, на муносибатҳои қабилавӣ, балки алоқаҳои хоҷагӣ ва территориявӣ ташкил мекарданд. Дар таърихи мардуми Осиёи Миёна ҷамоати деҳот роли калоне бозида, асрҳои аср пояндаву барқарор будааст. «Истибдоди шарқӣ ва ҳукмронии истилогарони бодиянишине, ки ҷои якдигарро мегирифтанд, дар давоми ҳазорҳо сол бо ин ҷамоаҳои қадимӣ ягон коре карда натавонистанд»[20],–қайд мекунад Энгелс дар «Анти-Дюринг».
Дар дохили обшина тадриҷан нобаробарии молумулкӣ меафзуд. Ғуломдории патриархалӣ инкишоф меёфт. Дороён ва камбағалон пайдо мешуданд. Мавқеи сипаҳсолорон ҳамчун шахсони доиман соҳибмансаб баланд мегардид. Вале ҳокимияти онҳоро шӯрои куҳансолон ва маҷлиси қабилавӣ маҳдуд мекард. Зарурати иттиҳодияи қабилаҳо ба миён меомад.
Чунон ки Ф.Энгелс қайд мекунад, лашкаркашиҳои ғоратгарона мавқеи сипаҳсолорон ва пешвоёнро боз ҳам баланд менамуд. Ҷанг бо мақсади ғоратгарӣ касбу кори доимӣ мегардад. Сипаҳсолори олӣ ва дастёрони вай аъёну ашрофи меросӣ шуда мемонданд, «демократияи табиии сохти ибтидоӣ ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегардид[21].
Мутобиқи шароити мухталифи истеҳсолот дар минтақахои саҳроӣ ва водиҳо дар оғози ҳазораи I пеш аз милод ду намуди хоҷагӣ – кӯчманчигӣ, чорводорӣ дар саҳро ва муқимнишинӣ, заминдорӣ дар воҳаву водиҳои сероб ташкил гардиданд. Ба ҳамин тариқ, аз давраҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна ҳолате барқарор гардида буд, ки дар бораи он К. Маркс навиштааст: «Дар ҳамаи қабилаҳои шарқ аз сароғози таърих дар байни муқимӣ будани як қисми онҳо (қабилаҳо – Б.Ғ.) ва кӯчманчигии давом кардаистодаи қисми дигар таносуби умумиеро дидан мумкин аст»[22].
Масъалаи ташаккули қадимтарин давлатҳо
Таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мамлакат дар марҳилаи гузариш ба ҷамъияти синфӣ буд. Комилан табиист, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мутараққии Осиёи Миёна аввалин давлатҳо ташкил меёфтанд ва, эҳтимол, инҳо ҳамон давлатҳое буданд, ки дар «Авесто» «даҳйусасти» номида шудаанд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ин давлатҳои нахустин маълумоти хеле кам ва дар бисёр мавридҳо нодурустеро дучор менамоем.
Яке аз ин давлатҳо «Хоразми Бузург» буд. Геродот (III, 117) иттилоъ медиҳад: «Дар Осиё даште мавҷуд аст, ки атрофашро силсилаи кӯҳҳо ишғол кардаанд, дар ин қаторкӯҳҳо панҷ дара мавҷуд аст. Замоне ин дашт моли хоразмиён буд ва он дар ҳудуди хоки ҳамин хоразмиён, гиркониён, портҳо, сарангҳо ва таманаиҳо ҷо гирифтааст. Аз кӯҳе, ки дар атрофи дашт ҷо дорад, дарёи бузурги Акес ҷорӣ аст. Аввалҳо дарё ба панҷ шохоб тақсим шуда, заминҳои мардумони зикршударо обшор менамуд». Ин порча аз Геродот баҳси зиёдро ба миён овардааст; тафсироти мухталиф, аз ҷумла, комилан фантастикӣ дар ин бобат баён шудааст. ҳақиқатан ҳам дар ин ҷо душвориҳои зиёд пеш меоянд. Дар натиҷа В.В.Бартолд барин шахсе, ки беҳтарин донандаи географияи таърихии Осиёи Миёна аст, аз таҳлили конкрети ин иттилоот даст кашидааст[23].
Аксарияти олимон ба ин иттилоот таври дигар назар мекунанд. Аввалан, дарёи Акесро, ки Геродот аз он хабар медиҳад, қариб тамоми муҳаққиқон ҳамон дарёи Теҷен мешуморанд (Ба ақидаи мо, С.П.Толстов, ки бар хилофи шаҳодати бавосита ва бевоситаи манбаъҳо кӯшиш дорад, дарёи Акесро дар мавзеи Хоразми ҳозира ҷой бидиҳанд, ноҳақ аст[24]).Сониян, иттилооте, ки дар асарҳои дигар муаллифони қадим мавҷуд аст, ба назар гирифта мешавад. Муаллифи юнонӣ Геготеи Милетӣ (наздики соли 500 пеш аз милод) аз Геродот пештар хоразмиҳоро ёд мекунад, ки қисман дар дашт ва қисман дар кӯҳҳо, дар шарқи Порт зиндагӣ мекарданд. Равшан аст, ки ин на Хоразми ҳозиразамон, балки ноҳияест дар навоҳии ҳироту Марв[25]. ҳамаи инро ба назар гирифта, И.Маркварт дарёи Акесро натанҳо бо ҳарирӯди ҳозира – Теҷен айният додааст, ки ба ин васила иттилооти Геродот воқеӣ ба назар мерасад, балки онро бо ривоятҳои эронии қадим оид ба Афросиёб, ки якчанд дарёҳоро ба кӯли ҳилманд гузаронидааст, муқоиса менамояд[26]. Вай ба будани иттиҳодияи калони қабилаҳои шарқиэронӣ – «Хоразми Бузург» ақидаи худро изҳор дошт.
Тамоми қазияи географии дар боло овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки маркази ин иттиҳодия дар Хоразми ҳозиразамон набуда, ҷанубтар – дар ноҳияи Марву ҳирот ҷо дошт.
Сайри қавмҳо, ки боиси ташаккули чунин иттиҳодия гардидааст, масъалаи дигар аст. Дар ин бора ду назария мавҷуд аст: баъзеҳо исбот мекунанд, ки иттилооти Гекотей ва Геродот шоҳиди ҳаракати батадриҷи хоразмиҳо аз шимол ба ҷанубанд, дигарон, баръакс, мӯътақиданд, ки хоразмиҳо аз Эрон ба маҳалҳои назди Арал ҳаракат кардаанд.
И.Маркварт назарияе пеш ронд, ки Аирйанам-Ваеҷаҳ, ки аслан маънии луғавиаш «Фарохнои Ориёно»[27] аст, бо ҳамин «Хоразми Бузург» айният дорад. Дар бораи он иттилоъ дода мешавад, ки наздики дарёи Дотйа (зоҳиран, дарёи Аму) воқеъ аст ва зимистони ин ҷо даҳ моҳ тӯл мекашад. Ин назария аз тарафи аксари муҳаққиқон пазируфта шудааст.
Барои тасаввуроти бештар пайдо кардан оид ба «Хоразми Бузург» забоншиносон, алалхусус В.Б.ҳеннинг, кори зиёде анҷом додаанд. Аз ҷумла, ӯ забони «Авесто»-ро бо он иттилооте, ки оид ба забони хоразмӣ мавҷуд аст, муқоиса кардааст. Моҳияти ақидаи В.Б.ҳеннинг дар он аст, ки ду лаҳҷаи асосии «Авесто»-ро ба гурӯҳи ғарбиэронӣ ва шарқиэронӣ нисбат додан мумкин нест, онҳо мавқеи мобайниро ишғол мекунанд. Аз рӯи ақидаи ӯ, ин ҳолат бо пешниҳоде, ки гӯё «Готҳо»–қадимтарин қисмати «Авесто» дар мавзеи Марву ҳирот ва матнҳои баъдии авестоӣ аксаран дар Систон офарида шудаанд, мутобиқ шуда метавонад. Хулосаи ӯ чунин аст: «Тадқиқи амиқтаре ҳам лозим нест барои он ки бигӯем, шаҳодати забоние, ки материалҳои хоразмӣ додааст, ҳақиқат будани конструксияи таърихии моро исбот мекунад, вале як чизро метавон гуфт: онҳо бо вай мутобиқат мекунанд»[28].
Ба ҳамин тариқ, гарчанде бисёр масъалаҳои марбут бо «Хоразми Бузург» норавшан бошанд ҳам, ба мавҷудияти чунин иттиҳодияи бузург шубҳа кардан маҳол аст.
Дувумин давлати бузург салтанати Бохтари Қадим буд. Таърихнависи Юнони Қадим Ктесий ҳикоятеро дар бораи лашкаркашии шоҳи ошурӣ — Нино ба Бохтар маҳфуз доштааст. Дар он оид ба сернуфус будани Бохтар, зиёд будани шаҳрҳои калон, дар бораи пойтахти ин давлат — Бохтари истеҳкомдор, шоҳи Бохтар — Уксорт, ганҷинаҳои фаровони он хабар дода мешавад (Диодор, II, 5, 3). Чунон ки илми таърихшиносии ҳозиразамон исбот кардааст, лашкаркашиҳои ошурӣ то Бохтар нарасидаанд[29], аз ин рӯ, ҳикояти Ктесийро сохтакории адабие мешуморанд, ки дар тақлид аз ҳикояти Геродот оид ба Лидияро гирифтани Куруш навишта шудааст[30].
Аксари олимон асли мундариҷаи ҳикояти Ктесийро рад намуда, дар баробари ин ақида доранд, ки он дар асоси ривоятҳои дар Эрон паҳншуда ба миён омадааст. Далели мавҷудияти Бохтари муқтадирро аз иттилои Геродот (1,153) дар бораи он ки дар сари роҳи Куруш баъд аз таслими Лидия «Бобул, мардуми Бохтар, сакоиҳо ва мисриён меистоданд», метавон дид. Пас, Бохтар бо давлатҳои бузурги Миср ва Бобул дар як қатор меистодааст. В. Гейгер низ мӯътақид буд, ки Бохтари Қадим аз ҷиҳати тавоноӣ аз ноҳияҳои ҳамсоя болотар буда, дар байни онҳо мавқеи хосеро ишғол менамуд[31].
Хоки ин иттиҳодия, зоҳиран, аз ҳудуди Бохтар васеътар буд. Тибқи баъзе маълумотҳо, ба ҳайъати он (мумкин аст на ҳама вақт) Марғиён ва Суғд дохил мешуданд.
Шӯҳрати боигариҳои табиии Бохтар берун аз ҳудуди он то Осиёи Наздик расида буд. Махсусан, лоҷуварди бадахшонӣ баҳои баланде дошт.
Дар минтақаҳои заминдории Осиёи Миёна ба ғайр аз хоразмиҳо (аниқтараш хорасмиҳо) ва бохтарҳо, ки дар боло ишора кардем, суғдиён, фарғониён, марғиён, портҳо мезистанд. Суғдиён дар водии дарёҳои Зарафшон ва Қашқадарё, фарғониён дар водии Фарғона, марғиён –дар воҳаи Марв, портҳо дар тарафи шимоли кӯҳҳои Купетдоғ умр ба сар мебурданд. Дар водӣ ва кӯҳҳо қабилаҳои бодиягарди сакоӣ қарор гирифта буданд. Сакоиҳо ба ду конфедератсия ҷудо мешуданд: сакоиҳои ҳумаварга («сакоиҳои ситояндаи ҳаума») ё амюргҳо – гурӯҳи ҷануби шарқии қабилаҳои сакоӣ (ки таърихан бо Бохтар ва ҳинд иртибот доштанд) ва сакоиҳои тиграхӯд («сакоиҳои қулоҳпӯш») ва ё ортокарибантиҳо – массагетҳо — гурӯҳи шимоли шарқӣ, ки бо Хоразм марбут буданд[32].
-
Geiger W., 1882. ↑
-
Gershevitch I., 1959; р. 131. 276, 299. ↑
-
Бартольд В.В., 1964 а, с. 497. ↑
-
Абаев В.И., 1959, с. 112-116; доир ба амали äfsin байни осетин[о ниг.: Косвен М.О., 1961. ↑
-
Абаев В. И., 1958, с. 110-111. ↑
-
Gershevitch I., 1959, р. 265. ↑
-
Дар [амои xо, р. 266; ИТН, I, с. 140. ↑
-
Gershevitch I.; 1959, р. 87, 182; ИТН, I, с. 141-143. ↑
-
Периханян А. Г.. 1968, с. 34-38. ↑
-
ИТН, I, 1963, с. 143-146. ↑
-
Периханян А. Г., с. 38–39. ↑
-
Herzfeld E., 1947. р. 788 Н; Дьяконов И. М., 1956, с. 154; Грантовский Э.А., 1960, с.1-2, 10-13; ИТН, I, с. 150. ↑
-
Bailey H.W., 1959, р. 95-101; 1960, р. 953-955. ↑
-
Gershevitch I., 1959, р. 158. ↑
-
Nuberg H.S., 1938, s. 57, 304; Дьяконов И.М., 1956, с. 185-189; ИТН, I, 1963, с. 146-147. ↑
-
Gershevitch I., 1959, р. 296-299. ↑
-
Абаев В. И., 1956; Дьяконов И.М, 1956, с. 386-394. ↑
-
Дьяконов И. М., 1956, с. 392. ↑
-
К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асар[о, xилди 21, с. 164. ↑
-
К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асар[о. xилди 20, с. 166. ↑
-
Дар [амон xо, xилди 21, с. 168. ↑
-
Дар [амон xо, xилди 28, с. 214. ↑
-
Бартольд В.В., 1965 а, с. 25–26, 100–101. ↑
-
Толстов С.П., 1948, а, с. 44–45. ↑
-
Дар ин бора ниг.: Таrn W.W., 1951, с. 478–479; Пьянков И.В., 1961, с. 100. ↑
-
Marauart J., 1938, s. 9 ва мобаъд. ↑
-
Marquart J., 1901. s. 155–156; ниг. низ.: Benveniste Е., 1934, р. 265–274. ↑
-
Henning. W В., 1951, р. 44-45. ↑
-
Дьяконов И. М., 1956, с. 169. ↑
-
Пьянков И. В., 1966, с. 9. ↑
-
Geiger W., 1881, s. 66–67. ↑
-
Масъалаи манзил гирифтани тоифа[ои сакоb хеле мураккаб аст. Ба ин xи[ат дар адабиёти илмb нуrтаи назар[ои мухталиф бисёранд. Мо яке аз он[оро rабул мекунем (навтарин таxрибаи баёни ин масъаларо ниг.: Грантовский Э.А., 1963; Литвинский Б.А., 1969). ↑