Фанни Таърихи точикон

Хоҷагӣ дар давлати Темур ва Темуриён

Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ

Вазъи умумии хоҷагӣ ва истисмори деҳқонон

Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ назар ба замони муғулҳо хеле беҳтар гардид. Ҷангҳои Темур харобиовар буданд, ӯ мардуми бисёреро нобуд сохт, хусусан дар шаҳру қишлоқҳои муқобилатнишондода ваҳшигариҳои бемислу монанде кард. Лекин, дар айни замон, вай барои барқарор намудани иншоотҳои обёрии вайронкардаи муғулҳо ва васеътар гардонидани майдонҳои кишт дар чанде аз вилоятҳои мамлакат баъзе тадбирҳо андешид. Сиёсати молиётии ӯ низ барои вусъат ва инкишофи зироат шароити нисбатан мусоид фароҳам овард. Темуриён (ғайр аз вақтҳои ҷангу ҷидоли байнихудӣ) асосан ин сиёсати муассиси давлати худро давом доданд.[1]

Маълум аст, ки Темур дар воҳаи Марв, водии дарёи Мурғоб корҳои зиёди обёрӣ ташкил намуд. Ӯ фармуд, ки саркардаҳои ҳарбӣ ва шахсони олимансаб аз Мурғоб канал бароранд. Манбаъҳо аз ин қабил каналҳо 20-тоашро ном бурдаанд, ки аксари онҳо ба исми калонтарин саркардаҳо ва соҳибмансабони аҳди темурӣ номида шудаанд. Баъдтар Шоҳрух дар бобати барқарор намудани садди асосии об, ки бо номи «Султонбанд» машҳур буд, инчунин барои тоза кардани каналҳои лойзеркарда чораҳо дид. Қисмати зиёди заминҳои зироат дар воҳаи Марв бо ташаббуси Султон ҳусайн обёрӣ карда шуд. Корҳои обёрӣ дар баъзе дигар вилоятҳои мамлакат (масалан, дар навоҳии ҳирот ва Самарқанд) низ гузаронида шуданд. Дар замони Темуриён ҳар ташаббуси шахсии дар роҳи обёрӣ нишон додашуда мавриди тақдир қарор мегирифт, касони заминҳои бекорхобидаро азхудкарда ба имтиёзҳо соҳиб мешуданд.

Як қатор масъалаҳои муҳими таърихи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёнаи асри ХV ҳанӯз ҳал нагардидааст ва баъзе аз онҳо, ҳатто пеш гузошта ҳам нашудааст. Аммо таърихшиносони советӣ роҷеъ ба муносибатҳои аграрии он замон таҳқиқоти зиёд ва самараноке анҷом додаанд,[2] ки тавассути он мумкин аст қонуниятҳои асосӣ, протсессҳо ва воқеаҳои ин давраро назар ба давраи гузашта пурратар ва равшантар баён кард.

Андози асосии замин дар замони Темур ва Темуриён хироҷ буд, ки ба ду шакл: яке ба тариқи мол, яъне ҳиссае аз маҳсул ва дигаре аз рӯи масоҳати замин ба тариқи пул ситонида мешуд.[3] Хироҷ асосан ба шакли мол рӯёнда шуда, ҳаҷми муайяне дошт. Аз рӯи баъзе мадракҳо, молиёти замин, одатан, як савуми ҳосилро ташкил мекард.

Дар сарчашмаҳо оварда шудааст, ки амалдоронро барои сӯиистеъмол ва худсарона зиёд кардани ҳаҷми андоз ҷазо медодаанд, гоҳо ҳатто маҷбур ҳам мекардаанд, ки андози барзиёда ситонидаашонро ба деҳқонон баргардонанд. Баъзан ба муносибати ҷашнҳо вилоятҳои ҷудогона ба муддати чанд вақт аз додани хироҷ озод карда мешудаанд.

Вале дар худи ҳамон сарчашмаҳо иттилоъ дода мешавад, ки хусусан дар овони ҷангҳои байнихудӣ аз аҳолӣ дар як сол чанд бор хироҷ меғундоштанд ё ҳаҷми онро зиёд мекарданд ва илова бар навъҳои мавҷудаи он бо ихтиёри худ молиёт меситониданд.

Ба ин муносибат шаҳодате, ки Давлатшоҳ дар бораи нормаи ҷамъ кардани хироҷи пулӣ (на аз ҳиссаи ҳосил, балки аз масоҳати муайяни замин) додааст, ҷолиби диққат мебошад. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ маълум мегардад, ки ин норма дар замони Улуғбек назар ба вақти таълифи Давлатшоҳ (1487) камтар будааст.[4]

Аммо дар хусуси тағйироти хироҷи молӣ, ки чун ҳиссае аз ҳосил ситонида мешуд, ҳоло чизе маълум нест. Ба ҳар ҳол, ба вуқӯъ омадани ин тағйирот аз эҳтимол дур нест, зеро тағйири нормаи хироҷ яқинан ба ҳамаи навъҳои он дахл мекард.

Ғайр аз хироҷи оидоти замин дар асри ХV боз бисёр андозҳои дигари иловагӣ вуҷуд дошт, ки ба ҳар яки он низ ранги қонунӣ дода, ҳам ба шакли пул ва ҳам ба шакли мол аз мардум меситониданд. Чанде аз ҳамин қабил андозҳои иловагӣ маҳз барои таъмини маоши соҳибмансабон муқаррар гардида буд. Ба дарахтони мева низ андози махсусе мавҷуд буд, ки онро «сардарахтӣ» меномиданд.

Андози сарикасӣ, ки муғулҳо ҷорӣ карда буданд, бо номи «саршумор» дар асри ХV ҳам вуҷуд дошт. Илова бар ин, ба сабаби дуд кардан низ андоз мегирифтанд, ки он бо номи «дудӣ» машҳур гардидааст. Дар қатори ин ҳама боз якчанд ӯҳдадориҳо ба зиммаи аҳолӣ гузошта мешуд, ки вазнинтарини онҳо андози почта–«улоғ» (мувофиқи он аҳолӣ маҷбур буд, ки ба ҳар як қосид ва чопар асп ёфта диҳад) ва «пешкаш» (ба тариқи тӯҳфа ва бахшиш) ба шумор мерафт. Чун ба ин навъ ӯҳдадориҳо ҳадде муқаррар нагардида буд, барои сӯиистеъмол ва ҷабр имконоти васеъ фароҳам меомад. Беҳуда Темур пешкашро тамоман бекор накарда буд. Фақат дар вақти ҷанг аз аҳолӣ андозҳои иловагии махсус гирифтан мумкин буд, вале амалдорон гоҳо ин қабил андозро дар айёми осоиштагӣ низ рӯёниданӣ мешуданд.

Дар замони Темуриён барзгаронро дар сохтмон ва таъмири ҳисору қалъа, кофтан ва тоза кардани каналу корезҳо ва ғайра кор мефармуданд, ки ин шакли маҷбурият «бегорӣ» номида мешуд. Ин барои аҳли меҳнат бори аз ҳама вазнин буд, зеро ба ҷуз дигар ногувориҳо ононро аз кори асосиашон мемононд.

Ба ин тариқа, истисмори оммаи халқ аз тарафи табақаи ҳоким умуман ба ҳадди ниҳоӣ расида буд. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқон чунин фактро, ки Темур ва баъзе Темуриён дар сиёсати молиётии худ ба нормаҳои муайяншуда риоя мекарданд ва ҳатто гоҳо пеши роҳи сӯиистеъмоли соҳибмансабонро мегирифтанд, мунсифона ҳамчун амри мусбат донистаанд. Ин амр барои тараққиёти хоҷагии деҳқонон ба дараҷаи кофӣ шароити мусоид фароҳам наоварда бошад ҳам, ба ҳар ҳол онро аз харобии тамом нигоҳ дошт.

Бояд қайд кард, ки худи аҳолии шаҳру деҳот низ хеле фаъол буд ва хусусан дар мавридҳои сӯиистеъмол ва андозгириҳои ғайриқонунии маъмурони хироҷ ба муқобили ҳокимият дар шаклҳои мухталиф изҳори эътироз менамуданд. Баъзан оммаи деҳқонон ба вилоятҳои дигар кӯчида мерафтанд ва аз ин сабаб ҳукумат маҷбур мешуд, ки андозҳои аз норма зиёдаро бекор кунад. Дар сарчашмаҳо муқовимати ошкори оммаи халқ, ки дар вақти ҷангҳои байнихудии шаҳзодагони темурӣ аз андозҳои иловагии беохир хонахароб шуда буд, хотирнишон гардидааст. Масалан, вақте ки Султон ҳусайн Хуросонро забт карда, ба девони муставфӣ ду амалдори навро таъин намуд, онҳо ба сари аҳолӣ андозҳои иловагӣ бор карданд. Халқи ҳирот бо чунон як қуввае эътироз намуд, ки ба Султон ҳусайн лозим омад, ҳам ин андозҳоро бекор намояд ва ҳам он амалдорони худсарро аз вазифа дур созад.

ҳодисаи бекор кардани андозҳо ба мӯҳлатҳои гуногун боз чанд бор ба вуқӯъ пайваст. Масалан, ба сабаби он ки аҳолии меҳнаткаш аз андозҳои зиёд ва хусусан аз худсарӣ ва сӯиистеъмоли маъмурони хироҷ ба ниҳояти қашшоқӣ расида буд, андози таъмини маоши аскарӣ чандин маротиба бекор карда шуд. Темуриён барои барқарор намудани қудрати молиётпардозии аҳолӣ ба гузашт ва маҳрумиятҳои муваққатӣ розӣ шуда, дар ин роҳ бо худсарии маъмурон низ мубориза мебурданд. Дар сарчашмаҳо на фақат ҳодисаҳои аз мансаб дур кардан, балки ҳатто қатл намудани ин қабил маъмурони худсар зикр ёфтааст.

Ба ин тартиб, молиёте, ки аз оммаи заҳматкаш ситонида мешуд, бори хеле вазнин ва миёншикане буд. Ин бори гарон баъзе вақтҳо, хусусан дар овони ҷангҳои байнихудӣ, ки боиси чандин мартаба ҷамъ кардани ҳамон як андозу молиёт ва ҷорӣ намудани андозҳои нав мегардиданд, боз ҳам афзунтар мешуд. Бар замми ин, сӯиистеъмоли маъмурони хироҷ, ки фоидаи худро дар назар дошта, андозҳоро аз норма зиёд ҷамъ мекарданд, як фалокати доимӣ ҳисоб меёфт. Бо вуҷуди ин, дар андозу молиёти асосӣ мавҷуд будани меъёри муайян ва кӯшишҳое, ки Темур ва баъзе Темуриён дар роҳи риоя намудани ин меъёр ва ба манфиати хазина пешгирӣ кардани худсариҳои маъмурон ба харҷ медоданд, умуман, вазъияти нисбатан мусоидеро фароҳам оварда буд.

Мумкин аст тахмин кард, ки то оғози асри ХV захираи заминҳои милки деҳқонон хеле кам гардид. Дар аҳди муғулҳо маҳз ҳамин навъ хоҷагиҳои милкии ноустувор мебоист дар навбати аввал хароб мешуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар асри ХV ба ҳар ҳол қисмати нисбатан имтиёзноки деҳқонон вуҷуд дашт. ҳаҷми молиёти асосие, ки онҳо аз даромади солонаи замин ба давлат мепардохтанд, камтар буд. Аммо онҳо, албатта, аз додани дигар навъҳои андоз озод набуданд. Оммаи асосии деҳқононро, мисли пештара, иҷоранишинони саҳмкор ва барзгарони ҷамоатӣ ташкил мекарданд.

Агар мо барои аҳди муғулҳо аз хусуси мавҷудияти ҷамоати деҳқонон ё худ бақияҳои устувори он аз рӯи далел ва қаринаҳои зеҳнӣ сухан ронда бошем, пас барои асри ХV, ҳарчанд кам бошад ҳам, мадракҳои муайян мавҷуд аст. Е.А.Давидович аз рӯи мадракҳои асри ХVI муқаррар намуд, ки яке аз аломатҳои ғайримустақими мавҷудияти ҷамоатҳо ё худ бозмондаҳои яқини онҳо тақсимнашавандагии замини деҳот (қаряҳо) мебошад. ҳангоми харидуфурӯш ва ё ба вақф бахшидан қитъаҳои ҷудогонаро аз минтақаи умумии замин ҷудо намекарданд (аз ин рӯ, на ин ки ҳудуди як қитъа, балки ҳудуди умумии тамоми минтақа тавсиф мешуд), ки амалан сухан дар бораи андози оидоти солонаи ҳамаи минтақаи замини деҳот мерафт.[5] Мисоли шабеҳи заминҳои тақсимнашавандаро мо метавонем барои асри ХV низ пайдо намоем. Чунончи, бар тибқи вақфномаи соли 1470 қарияи Ҷоиз ба вақф дода шуда, вале аз ин бахшиш 1/24 таноб замини нотақсим ихроҷ гардида.[6] Мувофиқи вақфномаи даври Темур, «сеяки нотақсим»-и деҳаи Рифон ва «чоряки нотақсим»-и деҳаи Нитаи вилояти Самарқанд ба вақф бахшида шуда буд. Дар айни замон, бар хилофи ин, нимаи деҳаи тақсимшуда низ зикр гардида, ҳудуди ин нима ба таври ҷудогона тавсиф меёбад. Дар худи ҳамин вақфномаи даври Темур боз як навъи замин, ки ба зироати ҷамоатӣ марбут аст, зикр гардидааст. Ин токзорест, ки дар ихтиёри деҳа буда, замини «ҷамъияти муайян» номида мешуд.[7]

Мазмун ва моҳияти конкрети заминдории ҷамоатӣ дар ин марҳила ҳанӯз маълум нест. Фақат ҳамин равшан аст, ки ҳамаи аъзои ҷамоат нисбат ба замини он ҳуқуқи баробар доштанд ва, аз ин рӯ, ҳангоми харидуфурӯш, бахшиш ба вақф ва ғ. ягон қитъаи онро ҷудо кардан мумкин набуд. ҳатто ба токзор ҳам ҳуқуқи умумӣ вуҷуд дошт. Албатта, шудгору кишт ва парвариши зироат ба таври ҷудогона сурат мегирифт, яъне ҳар як узви ҷамоат дар ин кор ҳиссаи худро мегузошт, вале дар байни аъзои ҷамоат бо ҳудуди муайяне ҷудо шудани қитъаи замин маълум нест. Бешубҳа, ин заминҳо ба ҷамоат «ба таври абадӣ» тааллуқ доштанд, ки ин амри воқеӣ имтиёзи деҳқони ҷамоатиро нисбат ба деҳқони иҷоранишин нишон медиҳад. Ин ҳам қобили қайд аст, ки деҳқони ҷамоатӣ, аз рӯи мадракҳои мавҷуда, оидоти заминро на фақат ба давлат, балки ба соҳибони вақф ва шахсони ҷудогонаи заминдор низ мепардохтанд. Ба таври дигар гӯем, он вақт заминдории ҷамоатӣ ба категорияҳои гуногуни замин: заминҳои давлатӣ, вақф ва милкҳои феодалӣ дахл мекард. Бинобар он деҳқони ҷамоатиро фақат ба заминҳои давлатӣ алоқаманд кардан нодуруст аст.

Қисми зиёди деҳқононро иҷоранишинони саҳмкор ташкил медоданд. Дар вақфномаҳо таъкид шудааст, ки мӯҳлати иҷора набояд аз се сол гузарад. Зарурати иваз кардани замини иҷора боиси беш аз пеш афзудани фоидаи заминдорони иҷорагузор гардида буд.

Категорияҳои моликияти феодалон ба замин.
Суюрғол дар асри ХV

Замин ва об аз рӯи ҳуқуқи моликият ба ҳамон категорияҳое, ки собиқан вуҷуд доштанд, тақсим мешуд. Мо дар боло милкҳои деҳқононро хотиррасон намудем. Дар давоми асри ХV захираи заминҳои вақф, хусусан назар ба давраи гузашта, афзунтар гардид. Темур ва Темуриён фаъолияти бинокориро хеле вусъат доданд. Бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Эрон бо иморатҳои зиёди гуногун: мадраса, масҷид, мақбара, хонақоҳ ва ғайра зеб ёфтанд. ҳамаи ин иморатҳо аз ҳисоби амволи вақф сохта мешуданд. Чанд вақфномаи маҳфузмонда инро собит менамоянд. Дар бораи дигар бахшишҳои калон манбаъҳои хаттии нарратив маълумот медиҳанд.[8]

Амволи вақф дар ихтиёри мутаваллӣ буд. Аксар вақт вақфгузорон худро ва авлодашонро мутаваллӣ таъин мекарданд. Муассисаи махсусе буд, ки идораи вақфро ба таври умумӣ назорат менамуд. Дар сари ин муассиса садр меистод. Дабирхонаи садр аз сарвати вақф молиёти махсусе мегирифт, ки аслан барои таъмини маоши кормандони муассисаи мазкур сарф карда мешуд. Амволи вақф аз чунин назорати садр ва молиёти ӯ фақат бо фармони махсуси подшоҳ метавонист озод гардад. Воқеан ҳам садр ва маъмурони ӯ саъй мекарданд, ки аз оидоти вақф ҳиссаи бештаре ба даст оваранд. Дар ин замина муборизаҳои тунду тезе ҳам ба вуқӯъ меомад. Ба сабаби сӯиистеъмоли аз ҳад берун баъзе аз садрҳоро аз вазифа дур мекарданд.

Дигар навъҳои андозу молиёт аз ҳамаи заминҳои вақф, ба истиснои онҳое, ки бо амри махсуси подшоҳ аз пардохт озод шуда буданд, ба фоидаи хазинаи давлат ситонида мешуд. Дар замони салтанати Темуриён, хусусан дар аҳди Темур, ин тариқа озодкуниҳо аз пардохти молиёт бисёр воқеъ мегардид.

Захираи заминҳои давлатӣ аз ҳама бештар буд. Аммо чун дар замони Темуриён расми ба тариқи инъом ва подош тақсим карда додани замин хеле вусъат ёфт, фақат як ҳиссаи андози оидот ба хазинаи ҳукумати марказӣ дохил мешуд. Суюрғоли асри ХV ягона ва дар як шакли мустақим набуд. Дар ин давра ҳам мисли пештара навъҳои мухталифи подош вуҷуд дошт, ки акнун ҳамаи онҳоро суюрғол мегуфтанд. Яке аз шаклҳои хеле маъмули суюрғол милки хосаи аъзои хонадони салтанатӣ ба шумор мерафт. Онҳо дар шаҳру вилоятҳои бузурги ҳамчун инъом бадастовардаи худ амалан соҳибихтиёри комил буданд. Ин тариқа инъомро баъзан мансабдорони калон низ соҳиб мешуданд ва дар вилояту шаҳрҳо ба таври худ ҳукмфармоӣ мекарданд. Дар амал ҳамаи ин суюрғолҳо аксаран ҳусусияти меросӣ ҳам ба худ гирифта буданд. Аз ин рӯ, гоҳо онҳоро суюрғолҳои «абадӣ» меномаданд. Вале бояд қайд кард, ки ирсият як ҷузъи ҷудонашавандаи ин қабил суюрғолҳои бузург набуд. Вақте ки ин суюрғолҳоро ба мерос гузоштанӣ мешуданд, ҳукумати марказӣ онро бо санади ҷудогона ба расмият медаровард. ҳамчунин маҳдудиятҳои дигаре низ мавҷуд буданд. Баъзан соҳиби суюрғол қисми даромади вилояти худро мебоист ба хазинаи ҳукумати марказӣ месупурд. ҳукумати марказӣ дар баъзе мавридҳо масунияти казоӣ ва маъмурии соҳибони суюрғолро маҳдуд намуд, барои ҳаллу фасли муҳимтарин масоил маъмурони худро ба назди онҳо мефиристонид. Гоҳо ин суюрғолҳо тамоман кашида гирифта ва ё ҳаҷман кам карда мешуданд.

Дар айни замон чунин воқеъ мешуд, ки соҳибони суюрғол амалан ба ҳукмрони соҳибихтиёр табдил меёфтанд ва ҳукумати марказӣ аз муборизаи зидди онҳо оҷиз мегардид.

ҳамин тариқа, ҳатто калонтарин суюрғолҳои асри ХV аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ якхела набуданд.

Дар баробари ин навъ суюрғолҳои калон суюрғолҳои хурд ҳам вуҷуд доштанд, ки ҳуқуқи соҳибонашон аз бисёр ҷиҳатҳо маҳдуд буд. Дар замони Темуриён ва хусусан дар аҳди худи Темур аксар вақт сипаҳсолорон, ҳатто саркардаҳои хурд ҳам, ки дар майдони ҷанг корнамоие нишон медоданд, ба гирифтани суюрғол мушарраф мегардиданд. Ин суюрғолҳо ҳаҷман хеле гуногун буда, метавонистанд аз вилояти калон то деҳаи хурде бошанд. Баъзан шахси рӯҳонӣ ҳам соҳиби суюрғол мешуд. Умуман, ҳамаи инъоми подошҳо, аз ҷумла, тӯҳфаи пурқимат ҳам бо истилоҳи «суюрғол» ифода меёфт.

Захираи заминҳои милк, ки ба феодалони ашрофӣ ва динӣ тааллуқ доштанд, хеле калон буд. Сарчашмаҳо номи як қатор ашхосеро зикр кардаанд, ки заминҳои онҳо масоҳати бузургеро фаро гирифта ва беш аз пеш вусъат меёфтанд. Ба тариқи мисол амлоки Хоҷа Аҳрорро метавон ном бурд.[9] Ба ӯ 1300 қитъаи замин дар вилоятҳои мухталифи Осиёи Миёна тааллуқ доштанд. Албатта, ин қитъа на аз пораҳои хурди замин, балки аз минтақаҳои тамоме иборат буданд. Ушронае (яъне андози оидоти замин ба миқдори 0,1 ҳиссаи маҳсул), ки Хоҷа Аҳрор аз заминҳои дар як худи вилояти Самарқанд доштаи худ ба давлат мепардохт, баробари 80 ҳазор ман буд. Агар як манро 20 кг ҳисоб кунем, ин миқдор ба 1600 тонна ғалла баробар хоҳад шуд.[10] Аз ин чунин бармеояд, ки қисмати асосии оидоти ин заминҳо ба фоидаи Хоҷа Аҳрор аз рӯи ҳисоби камтарин (агар қисмати асосии оидоти замин 0,3 ҳиссаи маҳсул дониста шавад) беш аз 0,2 ҳиссаи маҳсул, яъне 3200 тонна ғалла хоҳад шуд.

Вақте ки дафтардорони Хоҷа Аҳрор рӯзе барои ҳисобот додан гирд омаданд, аз гуфтаҳои онҳо маълум гардид, ки аксарашон 30-40 ҳазор ботманӣ ғалла ҷамъ кардаанд ва камтарин миқдори ғаллаи ҷамъоварикардаи онҳо ба 10 ҳазор ботман мерасад. Даромади пулие, ки онҳо аз боғу полизҳо ба даст овардаанд, аз ин ҳисоб берун аст. Дар ин ҷо равшан нест, ки кадом ботман ба назар дошта шудааст. Агар ботмани Самарқанд бошад, ки ҳар яке баробари 20 кг аст, пас маълум мешавад, ки ҳар як дафтардор аз 200 то 800 тонна ғалла ҷамъ оварда будааст.

Аз оидоти заминҳои милк фақат як ҳиссааш ба давлат тааллуқ дошт. Аммо дар асри ХV аксари заминҳои милки феодалони ашрофӣ ва динӣ аз чунин ӯҳдадорӣ, яъне аз пардохти як ҳиссаи оидот ба хазинаи ҳукумати марказӣ озод карда шуд. Ин гуна озодшавиҳо ба василаи ярлиқи тархонӣ ба расмият медаромад. Феодалони калоне, ки ба мақоми тархон мерасиданд, боз ҳуқуқи иловагиро соҳиб мешуданд: онҳо ва авлодашон аз ҷазои нӯҳ гуноҳ озод мегардиданд, онҳо бе ҳеҷ мамониат ба назди подшоҳ даромада метавонистанд. Вале касоне ҳам, ки умуман аз пардохти андозҳои давлат озод карда мешуданд, ба худ унвони «тархон»-ро мегирифтанд. Чунин унвон барои як муддати муайян ба сокинони тамоми як шаҳр ва вилоят низ дода мешуд.

Мо намедонем, ки дар асри ХV протсесси пайдоиши моликияти комил ба замин бо чӣ суръате ба амал меомад, вале ҳаминаш маълум аст, ки ин ҳодиса дар ҳақиқат рӯй медод. Моликияти комил ба замин чунин маънӣ дошт, ки феодал тамоми оидоти заминҳои милки худро, бидуни он ки ягон ҳиссаашро ба давлат диҳад, худ соҳиб мешуд ва дар ин маврид вай на аз ҳуқуқи тархонӣ, балки аз ҳуқуқи молики комили замин истифода менамуд. Дар сарчашмаҳои хаттии замони баъдина ин категорияи замин бо номи «милки ҳурри холис» зикр ёфтааст. Роҳи асосии ташкил ва такмили ин категорияи замин дар байни соҳиби мулки хусусӣ ва давлат аз рӯи ҳиссаи оидоти ба онҳо муқарраршуда тақсим намудани заминҳои милк буд. Чунончи, давлат аз заминҳои милк аз се ду ҳиссаи оидот ва шахси молик аз се як ҳиссаи онро соҳиб мешуд. Акнун пас аз ин тақсимот ҳам давлат аз се ду ҳиссаи заминро гирифт (ва ин қисмат ба категорияи заминҳои давлатӣ дохил шуд), соҳиби мулки хусусӣ бошад, аз се як ҳиссаи онро ба даст овард (ва ин қисмат моликияти комили ӯ гардид). Дар бораи чунин тариқаи тақсими каналҳо санади мансуб ба охири асри ХV мавҷуд аст,[11] ки дар он барои ифодаи мафҳуми нисбат ба канал моликияти комил пайдо кардани феодал истилоҳи «мутлақ» кор фармуда шудааст. Аз ин рӯ, моликияти комилро метавон моликияти мутлақ ҳам номид.

Тиҷорат

Падидаи аз ҳама шоёни таваҷҷӯҳи ҳаёти иқтисодии асри ХV дараҷаи баланди тараққиёти касбу ҳунар ва тиҷорати пулии дохилӣ буд. Чӣ навъе ки аз таҳқиқи қиёсии мадракҳои сиккашиносии асрҳои IХ-ХVIII маълум гардид, маҳз дар асри ХV, алалхусус, дар чоряки охири он ва чоряки аввали асри ХVI муносибати молию пулӣ ба ҳадди ниҳоии тараққиёти худ расида буд. Маҳз дар ҳамин вақт ҳам ҳаҷми умумии истеҳсоли мол ва ҳам вазни хоси истеҳсоли молҳои сермасриф бағоят афзун гардид. Маҳз дар ҳамин вақт табақаҳои васеи ҷамъияти шаҳр ва қисман аҳолии деҳот ҳам (хусусан, деҳаҳои назди шаҳрҳои калон) ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шуданд. ҳеҷ вақт, на дар гузашта ва на дар давраҳои минбаъда, ҳатто то замони ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна истеҳсоли мол, тиҷорати пулӣ ва андозаи ба муносибати молию пулӣ кашида шудани табақаҳои васеи аҳолӣ ба дараҷаи онвақта нарасидааст.[12]

Тахассуси маҳдуд пайдо кардан дар соҳаи касбу ҳунар, ки афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва имконияти хеле вусъат додани ҳаҷми истеҳсоли молро таъмин менамуд, бо ҳамин амри воқеӣ робитаи бевосита дорад.[13]

Тиҷорати пулӣ дар доираи истеъмоли умум ба василаи сиккаҳои мисӣ ба вуқӯъ мепайваст. Ислоҳоти пулие, ки Улуғбек дар соли 1428 ҷорӣ кард, аз ин ҷиҳат аҳамияти хеле калон дошт. Мақсади асосӣ аз ин ислоҳот барои савдои чаканаи молҳои сермасриф фароҳам овардани шароити мусоид буд, ки ба ин беш аз ҳама сокинони оддии шаҳр ва аҳолии деҳот манфиатдор буданд.

Мазмун ва моҳияти ислоҳот аз қарори зайл иборат буд:[14] дар соли 1428 ҳамаи сиккаҳои мисии пастқурби пешина аз эътибор соқит карда шуд. Дорандагони ин пул метавонистанд, онро дар давоми як муддати муайян ба сиккаҳои нави нисбатан баландқурб иваз намоянд. Сиккаҳои нав аз соли 1428 сар карда якбора дар чандин шаҳрҳо: дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Шоҳрухия, Андиҷон, Қаршӣ ва Тирмиз зарб зада шуданд. Пас аз анҷоми муовизаи пул зарби сиккаҳои мисӣ фақат дар Бухоро ба амал омада, зарробхонаи дигар шаҳрҳо баста шуд. Бухоро дар зарфи чандин сол (то қатли Улуғбек ва пас аз он ҳам) сиккаҳои мисии якхела мебаровард, ки ҳатто санаи зарби онҳо тағйир намеёфт: дар ин сиккаҳо, сарфи назар аз соли зарби онҳо, ҳамеша ҳамон як санаи содир гардидани фармони ислоҳоти Улуғбек сабт меёфт. ҳамин пулҳои Бухоро тиҷорати тамоми давлати осиёимиёнагии Темуриёнро бо як мизон таъмин менамуданд. Бо ин пул дар ҳамаи гӯшаву канори Осиёи Миёна мол харидан мумкин буд. Шакли ягонаи онҳо ҳар гуна мамониатро дар муомилот аз байн бурда, пеши роҳи сӯиистеъмол ва қаллобиро масдуд мекард. Чунин ташкили тиҷорати пулӣ барои феодализм ҳодисаи хеле кам воқеъшаванда ва ғайритипист. Ин ислоҳот ба талаботи объективии тиҷорати дохилӣ ниҳоятдараҷа мувофиқ афтода буд. Истеҳсоли фаровони молҳо барои истеъмолкунандаи оддӣ ба низоми муайян даровардани гардиши маҳз сиккаҳои мисиро тақозо менамуд, ки ин кори муҳимро ислоҳоти Улуғбек анҷом дод. Ҷорӣ гардидани ин ислоҳот ва муваффақияти он, дар навбати худ, барои инкишофи минбаъдаи тиҷорати доираи гардиши молҳои сермасриф шароити мусоид муҳайё сохт.

Қобили қайд аст, ки баъдҳо, хусусан дар даҳсолаи охири асри ХV гардиши умумидавлатии сиккаҳои мисӣ тамоман вайрон гардид. Соҳибони мулкҳо ҳар яке ба таври худ сиккаҳои худро бароварда, ба мақсади ҳар чӣ бештар фоида ситонидан ба ҳар гуна найрангу қаллобӣ роҳ кушоданд. Алалхусус, ҳокими ҳисор — Хусравшоҳ бо сиккаҳои мисӣ хеле густохона амал мекард. Дар натиҷа бӯҳрони гардиши пул сар зада, ӯро маҷбур намуд, ки дар соли 1501 ислоҳот гузаронад. Дар асоси ин ислоҳот вилояти ҳисор ба ҷои сиккаҳои мухталиф ва беэътиборшуда сиккаҳои якхела дарёфт намуд. Хусравшоҳ ба тағйир додани гардиши ин пули нав дигар ҷуръат намекард. Зарробхонаи шаҳрҳои хурд баста шуд. Акнун сиккаҳои мисӣ фақат дар ҳисор, Тирмиз ва Қундуз бароварда мешуд, ки маҳсули зарробхонаи ин се шаҳр дар тамоми мулк як хел гардиш мекард. Барои қулай ва осонтар намудани тиҷорат сиккаҳоро ба се арзиш – якдинора (он вақтҳо сиккаи мисиро динор мегуфтанд), дудинора ва тангаи майда зарб мезаданд.[15]

Дар асри ХV тиҷорати байналхалқӣ низ бисёр равнақ пайдо намуд. Темур ва Темуриён барои ривоҷ ва вусъати робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои гуногун хеле саъю кӯшиш мекарданд. Чунон ки зикр гардид, Темур ҳатто ба подшоҳони Франсия ва Англия нома навишта, онҳоро даъват намуд, ки тоҷиронро мутақобилан аз ҳар ҷиҳат пуштибонӣ кунанд. Дар сарчашмаҳои он замон роҷеъ ба сафорати ҳайъати намояндагӣ ба кишварҳои гуногун хабарҳои хеле зиёд дарҷ ёфтааст. Ба ҳирот – пойтахти Темуриён низ аз ҳар гӯшаву канор сафирҳо меомаданд. Дар бозорҳои Осиёи Миёна ва Хуросон молҳои гуногуни хориҷиро харидан мумкин буд. Дар навбати худ бисёр молҳои маҳаллӣ ба хориҷа содир мегардид. Тиҷорати байналхалқӣ яке аз ангезаҳои инкишофи баъзе намудҳои касбу ҳунар ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли онҳо ба шумор мерафт ва ҳамчунин ба ривоҷи тиҷорати дохилӣ низ таъсири мусбат мерасонид.

Шаҳр ва касбу ҳунар

Маҳз дар асри ХV ва ибтидои асри ХVI ба болотарин ҳадди тараққиёти худ расидани муносибатҳои моливу пулӣ як ҳодисаи ҷудогона ва мунфарид набуд. Вай ҳамон мавқеи дар ҳаёти шаҳрҳои онвақтаи Осиёи Миёна ишғолкардаи ин муддатро аён намуда, аз пешрафтҳои он давра гувоҳӣ медиҳад. Барои ҳаматарафа таҳқиқ кардани он чи ки шаҳри асри ХV аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ арзи андом менамуд, мутаассифона, мадракҳои кофӣ ҳанӯз ҷамъ нагардидаанд. Мо дар дасти худ фақат миқдори каме аз тадқиқотеро дорем, ки ба масъалаҳои алоҳида бахшида шудаанд. Аммо ҳамин мадракҳои ноқис ва мушоҳидаҳои ҷудогона ҳам имкон медиҳанд чунин хулоса барорем, ки тамоми мухолифатҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр ҳамчун як ҳалқаи зиддифеодалӣ, дар силсилаи сохти феодалӣ ҳамоно дар асрҳои ХV-ХVI ниҳоятдараҷа тундутез гардида буданд.

Аз як ҷиҳат, фаъолшавии табақаҳои миёна ва поёни шаҳр ба назар мерасад. Муҳаққиқон хотирнишон кардаанд, ки шаклҳои истисмори дар аҳди муғулҳо маъмулгардидаи аҳли касбу ҳунар, ки то ҳолати мамлукӣ ва ғуломӣ расида буданд, дар асри ХV комилан аз байн нарафта бошад ҳам, вале аҳамияти худро торафт аз даст медод. Акнун симои асосии пешаварӣ косиби озод ва шакли асосии ташкилоти пешаварон коргоҳи умумии косибон мегардад. А.М.Беленитский дуруст қайд кардааст, ки коргоҳҳои умумии косибон дар асри ХV устувор гардида, аҳамияти онҳо хеле боло рафт. Яке аз аломатҳои зоҳирии аҳамияти ин коргоҳҳо дар ҳаёти шаҳр иштироки муташаккилонаи онҳо дар ҷашнҳоест, ки Темур ва Темуриён барпо мекарданд. ҳар як коргоҳи косибон дар ин ҷашнҳо ба сари худ ширкат менамуд.[16]

Тадқиқи идеологияи ин давра, ки дар адабиёти бадеӣ ва, умуман, дар ҳаёти маданӣ акс ёфтааст, материали боз ҳам конкреттар ва боварибахштар медиҳад. А.Н.Болдирев далелу санадҳои фаровонеро аз назари таҳқиқ гузаронида, ба таври қонеъкунанда нишон дод, ки нимаи дувуми асри ХV (алалхусус, охири асри ХV ва аввали асри ХVI) бо вусъат пайдо кардани базаи иҷтимоии ҳаёти маданӣ ва эҷоди бадеӣ тавсиф меёбад. Табақаи миёнаи аҳолии шаҳр – пешаварон ва бозаргонон, амалдорон ва рӯҳониёни миёнаҳол истеъмолкунанда ва офарандаи сарватҳои маданӣ мегарданд. Дар тазкираҳои он замон, аз ҷумла дар ёддоштҳои Восифӣ бисёр шоирони аз байни косибон, бозаргонон ва амалдорони хурд баромада зикр ёфтаанд. Албатта, як қисмати хеле ками онҳо шоири касбӣ буданд. Аксарашон нисбат ба адабиёт ва шеъру шоирӣ дилбастагӣ дошта, истеъдод ва соатҳои фароғати худро ба шеърхонӣ ва шеъргӯӣ мебахшиданд. Акнун шоирон, навозандагон ва базлагӯён на фақат дар боргоҳи аъёну ашроф ҷамъ меомаданд, балки дар дӯконҳои саҳҳофӣ ва китобфурӯшӣ, дар коргоҳи косибон ва дар майдону бозорҳо низ баҳсу мунозираҳои адабӣ, маҷлиси шеърхонӣ ва мушоираҳо барпо мекарданд. Ин қабил маҳфилҳои адабӣ ва ҳунарӣ дар ҳирот, Самарқанд ва бисёр шаҳрҳои дигари давлати Темуриён ба вуҷуд омада буданд.

Боз муҳимтар ин аст, ки идеологияи шаҳр, ақида ва мафкураи табақаҳои миёнаи шаҳрнишинон дар худи адабиёти бадеӣ низ инъикос меёфт. ҳатто махсус «назми доираи ҳунармандон» ба вуҷуд омада буд, ки мундариҷаи асосии онро зисту зиндагии косибон ташкил мекард ва дар ин қабил шеърҳо луғату истилоҳоти касбу ҳунар ба таври фаровон истифода мешуд. Идеологияи шаҳр, ҷаҳонбинии нисбат ба феодализм мухолифи он дар осори барҷастатарин намояндагони равияи пешқадами адабиёти асрҳои ХV-ХVI инъикоси худро пайдо намудааст.[17]

Аз ҷиҳати дигар, шаҳри асрҳои ХV-ХVI ба ҳамон ҳолати феодалии худ боқӣ монда, дар он шаклҳои соф феодалии истисмори аҳли меҳнат беш аз пеш давом мекард. Ин ҷанбаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳр дар асоси мадракҳои асри ХV хубтар тадқиқ шудааст,[18] вале мадракҳои маълуми асри ХV низ ба он шабоҳати комил дорад, аз ин рӯ, ба ин ду аср метавон як тавсифи умумӣ дод. Мо дар шаҳр низ мисли деҳот ҳамон категорияҳои моликияти заминро дучор меорем. Қисмати асосии замин дар ихтиёри давлат ва ё феодалони ашрофию динӣ (ҳамчунин аҳли хонадони салтанатӣ) буд. Аммо ба истеҳсолкунандаи бевосита фақат як қисмати ночизи он тааллуқ дошт. Аз ин чунин бармеояд, ки дар шаҳр истеҳсолкунандаи бевосита, агар дӯкон, коргоҳ ва ё манзили ӯ на дар замини худаш, балки дар замини давлат, вақф ва ё милки феодал воқеъ гардида бошад, ҳатман дар ягон шакле ҳаққи иҷораи заминро мепардохт. Аз ин лиҳоз дар байни сокини шаҳр ва деҳқон тафовуте мавҷуд набуд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, на фақат замин, балки бисёр муассисаҳои тиҷоратӣ ҳам ба феодалон тааллуқ дошт. Протсесси якҷоякунии муассисаҳои ҳунармандию тиҷоратӣ ва ҳатто биноҳои иқоматӣ хеле босуръат давом мекард. Аз ин чунин бармеояд, ки косибон ва дӯкондорони камбизоат на фақат заминро, балки ҳатто коргоҳ, дӯкон ва манзилро ҳам ба иҷора мегирифтанд, ки ин боиси боз ҳам бештар ба феодал тобеъ шудани онҳо мегардид. Ин тобеият боз аз он сабаб ҳам гаронтар менамуд, ки дар шаҳр ба як даст ҷамъ омадани замин ва биноҳо ба ҳар ранг сурат мегирифт. Масалан, истеҳсолкунандаи бевосита метавонист дӯкони вақферо иҷора гирад, ки дар замини милке воқеъ шудааст, ё баръакс.

Дигар шаклҳои соф феодалии истисмор низ ҳанӯз мавҷудияти худро нигоҳ медоштанд. Муҳит ва ҳайъати косибон якранг набуд. Ба ҷуз косибони озод гурӯҳе ҳам вуҷуд дошт, ки дар дараҷаҳои гуногуни тобеиятӣ «ғайрииқтисодӣ» қарор гирифта буд. Қисми пешаварони аз кишварҳои дигар оваронидаи Темур амалан дар вазъияти ғуломӣ умр ба сар мебурданд. Мадракҳое, ки шаклҳои тобеияти баъзе гурӯҳҳои аслиҳасозонро аён месозанд, боз ҳам муҳимтаранд. Бар тибқи як фармон, гурӯҳи ин қабил косибон ба ихтиёри сардори қӯрхона дода шуд ва ӯ мебоист ба кори он назорат мекард. Маъмурони давлат ҳақ надоштанд, ба кори ӯ мудохила кунанд ва аз ин косибон андоз бигиранд. Шакли дигари тобеият ба баъзе гурӯҳҳои косибоне дахл мекард, ки хидмати дарборро дар зимма доштанд. Ин косибон дар коргоҳи умумӣ ҷамъ омада, таҳти роҳбарии халифа кор мекарданд. Халифа, ки аз тарафи ҳукумат таъин мешуд, корро ташкил мекард ва ба сифати он назорат менамуд. Маҳсулоти ин коргоҳ на ба бозор, балки бевосита ба идораи давлат мерафт. Қайд кардан муҳим аст, ки халифаҳои ҳатто ҳамон коргоҳҳои озодро, ки барои бозор кор мекарданд, худи косибон интихоб накарда, балки ҳукумат таъин менамуд.[19]

Боз як аломати асосӣ ин аст, ки аҳолии шаҳр ба давлат баъзе аз он андозҳоеро, ки аз аҳолии деҳот ситонида мешуд (аз қабили андози сарона ё дудпулӣ), мепардохтанд. Онҳо ҳатто аз корҳои иҷборӣ ҳам озод набуданд.

Илова бар ин, албатта, андозҳои бевоситаи тиҷорат ва касбу ҳунар вуҷуд доштанд. Дар асри ХV чунин андози асосии аз муғулҳо меросмонда «тамға» номида мешуд. Аз рӯи баъзе далелҳои ғайримустақим, ҳаҷми тамға хеле калон буд. Вале дар ин ҷо аз ҳама диққатангез он аст, ки феодалон мухолифи ин навъ андоз буданд. Аз ҷумла, феодалони динӣ, бо баҳонаи ин ки тамға андози ғайришаръист, ба муқобили он бо қатъият мубориза мебурданд. Аммо дар асл ин аксуламали феодалон сабабҳои иқтисодӣ дошт – ин навъ андоз бар хилофи манфиати синфии онҳо буд. Ба феодалон фақат тарзҳои соф феодалии истисмори шаҳр, касбу ҳунар ва тиҷорат, ки аз онҳо даромади зиёде ба даст меоварданд, мувофиқат мекард, аммо дигар шаклҳои истисморе, ки ба онҳо зиён мерасонид, ба ҳеҷ ваҷҳ муносиб намеафтод.

Дар шаҳрҳои Осиёи Миёна худидоракунии ҳақиқӣ набуд. Шаҳрро қоиммақоме, ки аз тарафи ҳукумати марказӣ ва ё ҳокими вилояти калон таъин карда мешуд, идора мекард. Шаҳрҳо ҳамеша василаи инъому подошҳои феодалӣ ба шумор мерафтанд.

Ба ин тариқа, мухолифати асосии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳо, ки алалхусус, дар чоряки охири асри ХV ва чоряки аввали асри ХVI шиддат пайдо намуд, аз қарори зайл иборат буд. Аз як тараф, тараққиёти прогрессивии шаҳрҳо, афзоиши ҳосилнокии меҳнат дар риштаи касбу ҳунар, вусъати беназири тавлиди коло, вазни хоси баланди истеҳсоли молҳои мавриди масрафи умум, ба муносибати молӣ ва пулӣ кашида шудани аксари аҳолии шаҳр ва қисман деҳот, фаъолтар гардидани табақаи миёнаи шаҳр ва дар заминаи ин ҳама ҳодисоти муҳим ба зуҳур омадани падидаҳои навин дар соҳаи маданият. Аз тарафи дигар, омилҳои ба тараққиёти шаҳрҳо мамониаткунанда, аз қабили истисмори хеле сахти аҳолии меҳнаткаши шаҳр ва боло рафтани шаклҳои феодалии истисмор; ба дасти ҳамон як феодал даромадани моликияти ҳам қишлоқ ва ҳам шаҳр; ба ихтиёри ҳамон як феодали ашрофӣ ё динӣ–молики заминҳои шаҳру деҳот гузаштани биноҳои тиҷоратию пешаварӣ, яъне (бо андак истисно) ба ҳам омехтани табақаи болои тоҷирону судхӯрони шаҳр ва ашрофи заминдор; шаклҳои феодалии идораи шаҳр.

ҳамаи ин ҷиҳатҳо тадқиқи амиқи конкретию таърихиро талаб менамоянд. Муаррихон ба таҳқиқи шаҳрҳои Осиёи Миёна ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо, назар ба муносибатҳои аграрӣ, диққати хеле кам мабзул медоранд. Асарҳое, ки ба масъалаҳои ҷудогонаи ҳаёти шаҳр бахшида шуда бошанд, дар фосилаи солҳои зиёд ва ҳатто даҳсолаҳо ба вуҷуд меоянд. ҳол он ки ин, қабл аз ҳама, аз нуқтаи назари омӯзиши ҷиҳатҳои ба худ хоси феодализми Осиёи Миёна, сабаб ва моҳияти хусусияти заволи он аз масъалаҳои хеле муҳим ҳисоб меёбад.

  1. Жуковский В. А., 1894, с. 71; Бартольд В. В., 1964, с. 62; 1965 а, с.

    151-152; 194-195; Ма[мудов Н., 1966, с. 13.

  2. Азимxонова С. А., 1954 ва 1957; Беленицкий А. М., 1945; Ма[мудов Н., 1966; Молчанов А. А., 1940; Чехович О. Д., 1965; Якубовский А. Ю., 1946 ва uайра.

  3. Аммо на [амеша хироxи дар манбаъ[о ба тариrи пул ифодаёфтаро ба таври механикb шакли пулии даромади солонаи замин [исобидан мумкин аст. Масалан, ба гумони Н.Ма[мудов (1966, с. 70) хироxе, ки яке аз [окимон ба Темур мепардохт ё худ хироxе, ки гумошта[ои Темур аз хироxuундорандагони Хуросон xамъ карда, мебоист ба Самарrанд мерасониданд, шакли пулии худро доштааст. Дар ин xо дар бораи воrеан, шакли пулb доштани даромади замин сухан рондан на он rадар xоиз аст. Ин xо шояд [амон [одисае зикр ёфта бошад, ки одатан хироxро ба тариrи мол xамъ карда ва аз рeи арзиш ба пул гардонида, пулро ба хазинаи [укумати марказb мефиристоданд.

  4. Бартольд В. В., 1964, с. 132; Чехович О. Д., 1965, с. 303–304 ва диг.

  5. Давидович Е. А., 1961 а, с. 37.

  6. Чехович О.Д., 1965 а, с. 346.

  7. Чехович О.Д., 1951 а, с. 62, 65-66.

  8. Миrдори зиёди ин rабил мадрак[оро Н. Ма[мудов (1966, с. 56–59) xамъ овардааст.

  9. Набиев Р. Н., 1968, с. 35 ва мобаъд.

  10. Давидович Е. А., 1970, с. 90. Дигар му[аrrиrон як манро 8 пуд [исоб кардаанд, ки нодуруст аст.

  11. Ма[мудов Н., 1966, с. 52-58

  12. Давидович Е. А., 1965, с. 83-91

  13. Беленицкий А.М., 1940, с. 44.

  14. Давидович Е. А., 1965, с. 274-299.

  15. Давидович Е. А., 1965 б, с. 44–48

  16. Беленицкий А. М., 1940 а, с. 189 ва мобаъд.

  17. Болдырев А. Н., 1957, с. 253 ва мобаъд.

  18. Иванов П. П., 1954, с. 42–43; Давидович Е. А., 1961 а, с. 40–42.

  19. Беленицкий А. М., 1940, с. 45–46.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *