Фанни Таърихи точикон

Халқи тоҷик дар ҳайъати давлати Ҷониён (асри ХУП – нимаи аввали асри ХVIII)

Низоъҳои байнихудии феодалон дар асри ХVII

Хони Шайбониён — Абдуллохони II соли 1598 вафот кард ва ба ҷои ӯ писараш — Абдулмӯъмин ба тахт нишаст. Лекин азбаски ӯ монанди падараш дар мамлакатдорӣ таҷрибаи кофӣ надошт, гурӯҳҳои хусуматпарвари аъён ва ашрофи феодалиро натавонист на ба тарафи худ кашад ва на дасти онҳоро кӯтоҳ намояд. Дере нагузашта, худи ҳамон сол, вай аз тарафи нӯкари зархариди як гурӯҳ феодалони зидди ҳукумати марказӣ кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён — Пирмуҳаммадхони II фақат ба як қисмати ночизи давлат соҳиб буд. Ӯ ҳам ба зудӣ дар ҷангу низоъҳои байнихудӣ ҳалок гардид.

Сафавиён, сулолаи давлати хонии Хева ва қазоқҳо аз задухӯрдҳои миёни Шайбониён фавран истифода намуданд. Подшоҳи сафавӣ — шоҳ Аббоси I қисмати зиёди Хуросон ва ҳатто ҳиротро забт кард. Балхро аввал бародарзодаи Абдуллохони II — Абдуламин ишғол намуда, як муддат аз номи худ сикка баровард. Вале ба зудӣ ин шаҳр аз тарафи дастнишондаи шоҳ Аббоси Сафавӣ — Муҳаммад Иброҳим тасарруф карда шуд ва, ҳамин тариқа, ин маҳалли аслии Шайбониён замоне дар доираи таъсири давлати Сафавиён қарор гирифт. Қазоқҳо чанд шаҳр, аз ҷумла калонтарин мулки Шайбониён — Тошкандро ба даст дароварданд. Аз ин ҷо хони қазоқҳо — Таваккалхон ба қисматҳои марказии Мовароуннаҳр ҳаракат карда, ҳатто Самарқандро ҳам ишғол намуд. Фақат шикасти назди Бухоро, сахт маҷрӯҳ шудан ва оқибат ҳалок гардидани Таваккалхон футуҳоти қазоқҳоро боздошт[1]. Хоразм, ки Абдуллохони II бо сад машаққат ба зери итоати худ дароварда буд, дубора истиқлолият ёфт. Кӣ будани аввалин подшоҳи сулолаи нави Ҷониён он қадар маълум нест. Аъён ва ашрофи феодалӣ маснади хониро ба Ҷонимуҳаммадсултон (Ҷонибексултон) пешниҳод намуданд. Ӯ хоҳари Абдуллохони Шайбониро ба занӣ гирифта буд. Худаш аз авлоди ҳамон Чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Олтинӯрда дар Аштархон ҳукумати хонӣ ташкил дода буданд.[2] Вақте ки Аштархон ба Россия ҳамроҳ карда шуд, Ҷонибек гурехта ба назди Шайбониён омад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, Ҷонибексултон пешниҳоди аъёну ашрофро рад карда, ба маснади салтанат писари калони худ — Динмуҳаммадро тавсия намуд. Аммо Динмуҳаммад, ки он вақт дар Абевард ҳукмронӣ мекард, ҳанӯз фурсати ба Бухоро омаданро наёфта, ба ҳуҷуми лашкари Эрон дучор гардид ва дар ҷанг кушта шуд. Бинобар ин ба ҷои ӯ бародараш — Боқимуҳаммад (1599–1605) ба тахт нишаст. Ба ҳамин сабаб дар асарҳои илмӣ ҳамин Боқимуҳаммадхон, яқинан, аввалин подшоҳи сулолаи Ҷониён дониста шудааст.[3] Лекин мадракҳои сиккашиносӣ ҳақиқати ҳолро қадре дигар нишон медиҳанд, зеро ба дасти мутахассисони ин соҳа хеле бисёр сиккаҳои дар Бухоро, Самарқанд ва Тошканд зарбшудаи Ҷонибексултон расидаанд.[4] Аз ин чунин бармеояд, ки амалан ё исман подшоҳи аввал худи Ҷонимуҳаммад (Ҷонибек) будааст.

Ягона муваффақияти дар ҳаёти сиёсии мамлакат ба даст овардаи Ҷониёни аввал ин буд, ки онҳо ҳокимияти худро дар Балх низ дубора барқарор намуданд. Дигар ҳамаи кӯшишҳои онон дар бобати барҳам додани низоъҳои дохилӣ ва муборизаи зидди бодиянишинҳо натиҷаи муҳимме набахшид.

Дар соли 1605 Боқимуҳаммадхон вафот карда, ба ҷои ӯ бародараш — Валимуҳаммад (1605–1611) ҳукмрон гардид. Чун ӯ ба маишат дода шуда буд, аз ӯҳдаи идораи мамлакат баромада натавонист. Аъёну ашроф ба зудӣ аз вай рӯ гардониданд ва рӯзе ҳангоми дар дашти Қаршӣ машғули шикор буданаш тахти хониро ба писари Динмуҳаммадхон — Имомқулихон (1611–1642) муносиб диданд. Вақте ки Валимуҳаммадхон аз воқеа хабардор гардид, аз Мовароуннаҳр фирор карда, ба назди подшоҳи сафавӣ паноҳ бурд. Шоҳ Аббос ӯро хуш пазироӣ намуда, бо қувваи зиёде дубора ба Мовароуннаҳр равона намуд. Аммо дар муҳориба лашкари Эрон шикаст хӯрда, худи Валимуҳаммадхон асир афтод ва бо фатвои уламо кушта шуд.

Ба Имомқулихон муяссар гардид, ки ҳудуди давлати худро васеътар намояд: ӯ бар зидди қазоқҳо лашкар кашида, Тошкандро бо зӯр тасарруф намуд.[5] Ӯ бо бодиянишинони дигар – қарақалпоқҳо ва қалмоқҳо, ки торафт ба сарҳадди давлати Ҷониён наздик мешуданд, низ бомуваффақият мубориза бурд. Имомқулихон ҳамчунин тавонист, ки муваққатан бошад ҳам ҷангу низоъҳои байнихудии феодалонро боздорад. Муаррихони он замон аҳди ҳукм-ронии Имомқулихонро ҳамчун давраи гӯё пур аз рафоҳият ва осоиши мамлакат тавсиф кардаанд. Агарчи ин тавсифот муболиғаомез намояд ҳам, дар он асоси ҳақиқат вуҷуд дорад. Агар ҳукуматдории тӯлонии ӯ бо давраҳои пешина ва баъдина муқоиса шавад ба ин метавон боварӣ ҳосил кард. Сарчашмаҳо далолат мекунанд, ки дар замони Имомқулихон ҳатто баъзе корҳои обёрӣ анҷом дода шудааст.[6]

Аз ҳамон рӯзе, ки Имомқулихон аз мамлакатдорӣ даст кашида, бародари ӯ — Надирмуҳаммадхон (1642–1645) ба тахт нишаст, вазъият тағйир ёфт. Надирмуҳаммадхон аъён ва ашрофи феодалии қабилавиро ба худ ҷалб карда натавонист. Рӯз аз рӯз муносибати байни ӯ ва намояндагони бонуфузи табақаи ҳоким бадтар гардид. Ба ин сабаб ҳукмронии Надирмуҳаммадхон дер давом накард. Аъён ва ашрофи феодалӣ, ки аз сиёсати пешгирифтаи ӯ норозӣ буданд, ба муқобили вай суиқасд карда, ба тахти салтанат писараш — Абдулазизхонро (1645–1680) нишонданд. Надирмуҳаммад маҷбур шуд, ки бо мансаби ҳокими Балх қаноат кунад. Аммо дар ин ҷо ҳам мавқеи худро устувор карда натавонист. Дигар писарони Надирмуҳаммад, ки гоҳ тарафи падар ва гоҳ тарафи бародарро мегирифтанд, худашон низ ба талоши ҳокимият ва мулк ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай Балх, ки аз ободтарин вилоятҳои мамлакат ба шумор мерафт, ба харобӣ рӯ овард. Надирмуҳаммадхон чун дид, ки бо қувваи худ коре карда наметавонад, барои кӯмак ба ҳукмрони сулолаи Темуриёни ҳинд — Шоҳиҷаҳон муроҷиат намуд. Шоҳиҷаҳон, ки мисли гузаштагонаш ҳамеша фикри ба даст даровардани сарзамини пурсарвати ҳамсояро дар cap мепарварид, ин фурсатро барои расидан ба қасду нияти деринаи худ ғанимат дониста, хоҳиши Надирмуҳаммадро дарҳол қабул кард ва бо сардории писаронаш — Аврангзеб ва Муродбахш аскари зиёдеро ба Балх фиристод. Надирмуҳаммад аз ҳақиқати масъала хабардор шуда, фавран фирор намуд. Истилогарон Балхро ишғол намуда, муддати ду сол тамоми сарвати ин вилоятро тороҷ карданд. Аҳолии маҳаллӣ аз ҷабру ситам ва қатлу ғорат ба танг омада, рӯ ба гурез ниҳоданд. Саросари Балх ва атрофи онро қаҳтӣ ва гуруснагӣ фаро гирифт. Ниҳоят Абдулазизхон бо тайёрии зиёд ба муқобили лашкари ҳинд бархоста, дар натиҷаи муҳорибаҳои шадид ғалаба ба даст овард. Вале ҳоли мардум аз ин ҳама тороҷгарӣ ва ҷангу ҷидолҳои пурдавом ба ниҳояти табоҳӣ расида буд.

Дере нагузашта Балх боз ба дасти Надирмуҳаммад даромад, аммо ин дар вилояти харобгардида ягон оромӣ ва осоиш ба вуҷуд наёвард. Абдулазиз аввал бародараш Субҳонқулихонро ҳукмрони Балх таъйин карда, ба муқобили падараш фиристод, ки ӯ шаҳрро ба зудӣ ишғол намуд. Сипас қӯшуни навро бар зидди Субҳонқулихон равона сохт, то ки Балхро ба тасарруфи худ дароварад. Вале ин ба ӯ муяссар нагардид. Субҳонқулихон муқобилати сахт нишон дода, Балхро дар дасти худ нигаҳ дошт. Фақат ҳар он чӣ, ки дар атрофу акнофи он боқӣ монда буд, ҳама ба ғорат рафт ва хоку туроб гардид.

ҳокимони Хева аз ҳамаи ин ҷангу ҷидолҳои дохилии сулолаи Ҷониён ба манфиати худ истифода намуданд, онҳо чандин дафъа ба ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр ҳуҷум оварда, ҳамаро ғорат карданд. ҳатто то Бухоро расида, боре як қисмати шаҳрро гирифтанд. Фақат мардонагӣ ва далерии аҳолӣ имкон дод, ки шаҳр аз душман тоза карда шавад.

Субҳонқулихон чунин вазъиятро фурсати мусоид дарёфта, ҳокимиятро ба даст даровард. Дар аҳди салтанати Субҳонқулихон (1680-1702) вазъияти душвори мавҷуда на фақат аз байн нарафт, балки дар бисёр соҳаҳо бадтар гардид. Тохтутози хевагиҳо ҳамоно давом мекард. Онҳо ҳатто Самарқандро забт карданд ва аъёну ашрофи шаҳр хони Хеваро ба расмият шинохтанд, ки ба ивази ин Субҳонқулихон бо ғаромати зиёде аҳолии Самарқандро хонахароб намуд. Ниҳоят, Субҳонқулихон фаҳмид, ки то дар Хева қоиммақоми худро нанишонад, тохтутози хевагиҳо тамом нахоҳад шуд. Бинобар ин бо ҳар роҳ аъёну ашрофи маҳаллиро ба тарафи худ кашида, оқибат муваффақ гардид, ки Хева ҳукмронии ӯро эътироф намояд. Ин дар тамоми давраи ҳукмронии Субҳонқулихон ягона муваффақияти ба назар намоёни сиёсатмадории ӯ мaҳcyб меёбад. Вай дар дигар ҳамаи корҳои боқимондаи мамлакатдорӣ ба чизе комёб шуда натавонист.

Низоъҳои байнихудии феодалӣ кайҳо аз доираи хонадони салтанатӣ берун баромада буданд. ҳоло сарони тоифаҳои ӯзбек беш аз пеш қувват мегирифтанд. Худи Субҳонқулихон ҳам дар бисёр мавридҳо нуфузи баъзеи онҳоро баланд мебардошт. Чунончи, вақте ки писараш Сиддиқмуҳаммад худро дар Балх мустақил эълон карда, ба ин ваҷҳ бо амри падараш ба қатл расид, ӯ ҳукумати Балхро, ки дер боз мулки ворисони салтанат ҳисоб мешуд, ба яке яз мирони қабилаи юз супорид.

Дар замони Субҳонқулихон мавқеъ ва эътибори Маҳмудбии атолиқ[7] аз қабилаи қатаған фавқулодда баланд гардид. Субҳонқулихон дар муборизаи зидди хевагиҳо борҳо ба кӯмаки вай рӯ оварда ва фурӯ нишондани исёни амирони Балхро низ ба ҳамин атолиқ супорида, сипас ӯро ҳокими Балх ва Бадахшон таъйин карда буд.[8]

Он вақтҳо Бадахшон амалан мулки мустақил буд ва дар он ҷо асосгузори сулолаи амирони бадахшӣ — Ёрбек ҳукмронӣ мекард. Аз соли 1650 cap карда муносибати байни Бадахшон ва Бухоро бад шудан гирифт. Хонҳои Бухоро хусусан, пас аз ишғол намудани водии Қундуз ба тохтутози худ ба сарзамини Бадахшон вусъат доданд. Бадахшониҳо Ёрбекро мири худ бардошта, бо сардории ӯ ба истилокорон муқовимати сахт нишон медоданд. Сабаби асосии ба Бадахшон лашкар кашидани Маҳмудбии атолиқ бухориёнро ба маҳсули кони лаъли он ҷо роҳ надодани Ёрбек буд.[9]

Ин лашкаркашии Маҳмудбии атолиқ, ки барои комилан мутеъ кардани тамоми хоки Бадахшон равона гардида буд, он қадар муваффақиятнок набаромад. Аскарони ӯ маркази Бадахшон — шаҳри Файзобод (Ҷузгун)-ро чанд гоҳ муҳосира намуда, вале фатҳ карда натавонистанд. Ниҳоят Маҳмудбӣ маҷбур шуд, ки дар асоси шартҳои зерин бо Ёрбек муоҳида баста, ақиб нишинад: Ёрбек мебоист маҳсули дусолаи кони лаъли Бадахшонро ба хон супорида, фармонбардории ҳукумати хони Бухороро қабул менамуд. Лекин дар ҳақиқат ӯ як ҳокими мутлақи он ҷо буд ва тамоман мустақилона кор мебурд.

ҳокими Балх — Маҳмудбии атолиқ истиқлолияти номаҳдуде ба даст оварда, ҳатто Субҳонқулихонро ҳам қариб писанд намекардагӣ шуд. Субҳонқулихон аз қувваи фавқулодда пайдо кардани Маҳмудбӣ дар хавф афтода, бо тадбире ӯро аз Балх ронд ва набераи худ — Муҳаммадмуқимсултонро ҳокими Балх таъйин намуд.

Субҳонқулихон муқобилати феодалони маҳаллиро бартараф карда натавонист. Ҷангҳои муттасиле, ки ӯ мебурд, боиси холӣ шудани хазинаи давлат ва қувват гирифтани зулму истисмори оммаи меҳнаткаш мегардиданд. Барои ҷангҳои дохилии зидди феодалони саркаш сармояи зиёде лозим буд ва аз ин рӯ Субҳонқулихон пешакӣ аз аҳолӣ ситонидани андози ҳафтсоларо талаб кард. Дар вазъияти онвақтаи мамлакат ҷорӣ шудани ин усули андоз барои аҳолӣ ниҳоятдараҷа вазнин буд. Ришвахӯрӣ ва суиистифодаҳое, ки амалдорони ҳукумати хонӣ дар вақти ҷамъоварии андоз мекарданд, халқи меҳнатиро боз ҳам бештар афтода мекард.

Афзудани парокандагии феодалӣ.
Сиёсати дохилии Убайдуллохон

Дар давраи ҳукмронии кӯтоҳмуддати Убайдуллохон (1702–1711) муборизаи байни ҳукумати марказӣ ва феодалон хеле шиддат ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанатии Ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намудани худсариҳои феодалон ва пурқувват кардани ҳокимияти марказӣ саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Аммо шахсияти Убайдуллохон ва сиёсати дохилии ӯ ноҳаққона солҳои дароз аз доираи диққати муҳаққиқон берун монда буд. Дар бораи ӯ ҳатто чунин тавсифоте аз қабили зайл ба асарҳои тадқиқотӣ роҳ ёфта, маъмул гардида буданд, ки бо онҳо розӣ шудан душвор аст: Убайдуллохон «барои ҳокимияти мутлақа саъй менамуд, вале азбаски як марди мутакаббир ва худписанде буда бо мардум дуруст муомила карда наметавонист, дар амал бозичаи дасти амирон гардид»[10]. Ин қабил таассурот аз он сар задааст, ки манбаъҳои хаттии он замон комилан ба тасвири муфассали низоъҳои байни худии хонадонҳои салтанатӣ бахшида шуда, дар онҳо роҷеъ ба дигар ҳодисаҳои даврон фақат сатрҳои ҷудогона ва далелу ишораҳои ғайримустақим дучор меоянд.

Мадракҳое, ки сиёсати дохилии Убайдуллохонро бештар баён менамоянд, дар «Убайдуллонома»-и Мирмуҳаммадамини Бухорӣ мавҷуданд.[11] Муқоисаи ин мадракҳо бо бозёфтҳои сиккашиносӣ нишон дод, ки ҷидду ҷаҳди Убайдуллохон дар роҳи марказонидани давлат аз маромноктарин амалиёт дар тамоми даври салтанати сулолаи Ҷониён ба шумор меравад, ин тамоюл ба фаҳмиши хеле возеҳу равшани хусусиятҳои тартиби нирӯҳои табақотӣ асос ёфта, на ҳамеша пайгирона бошад ҳам, бо азм ва қатъияти тамом зуҳур мекард. Агар вай муваффақият пайдо накарда бошад, пас сабаби асосӣ ин аст, ки дар он вақт барои марказонидани давлат ҳанӯз шароит ва заминаи мувофиқ фароҳам наомада буд.

Ба Убайдуллохон аз Субҳонқулихон вазъияти сахте ба мерос монд. Амирон – сардорони тоифаҳои ӯзбек худро тамоман соҳибихтиёр ҳис мекарданд. Маъмулан, онҳо ҳокими ҳамон шаҳру ноҳияе буданд, ки таъмини маишати тоифаашонро дар зимма дошт. Онҳо дар қаламрави худ замин харида, ба заминдори калон табдил меёфтанд ва ҳамчун хоҷагони соҳибихтиёр амал менамуданд. Аксари амирон ба ҳамқабилаҳои худ такя карда, ҳокимияти марказиро тамоман ба эътибор намегирифтанд. Онҳо байни худ хусумат мепарвариданд, гурӯҳҳо ташкил медоданд, баъзан ошкоро ҳокимияти хони Бухороро эътироф намекарданд. Убайдуллохонро на сармоя буд ва на қӯшуни кофӣ, ки ба сари худ зидди ҷудоихоҳии ин феодалон мубориза барад. Ба ин сабаб ӯ маҷбур буд, ки дар мубориза ба муқобили як амир аз пуштибонии амири дигар истифода намояд. Аммо, воқеан, дар чунин мавридҳо ба вай на ҳамеша амалӣ намудани ниятҳои худ муяссар мегардид. Аксар вақт амире, ки ба ӯ такя мекард, бо ҳар баҳона аз ҷангидан сар мекашид ва ба ҳамин сабаб чанд дафъа қувваи ҳарбии Убайдуллохон ба шикаст дучор шуда буд. Гоҳо чунин ҳодиса ҳам рӯй медод, ки дар вақти юриш қисме аз амирон бо қӯшуни худ пас мегаштанд ва ё ҳатто ба тарафи душман мегузаштанд. Вазъияти Убайдуллохон бисёр мураккаб буд ва ҳар гоҳ ба вай лозим меомад, ки барои ҳалли мушкилот тадбирҳои гуногун андешад. Ӯ кӯшиш мекард, ки байни амирон мухолифат пайдо шавад ва онҳо бо ҳам ҷангида, якдигарро заиф гардонанд. Ва ӯ дар ин кор аз худ маҳорати баланде нишон медод. Вале ин ягона ва асоситарин равияи ҳаракати ӯ набуд. Мадракҳои ҷудогонаи ба ҳам овардашуда нишон медиҳанд, ки Убайдуллохон як системаи томи тадбиротеро пешбинӣ карда будааст, ки аз як тараф, ба мустаҳкам сохтани пояҳои иқтисодии давлати ӯ ва, аз тарафи дигар, ба роҳи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ заиф гардонидани амирон нигаронида шудаанд.

Синфи феодалон яксон набуд. Дар ин вақт ду гурӯҳи асосӣ: гурӯҳи амирон ва, умуман, феодалони болонишини тоифаҳои ӯзбек ва гурӯҳи ашрофи қадимӣ, маъмурон, феодалони заминдор, табақаи фавқонии тоҷирону косибон арзи вуҷуд мекард. Ҷангҳои байнихудии амирон на фақат оммаи халқро хонабардӯш месохтанд, балки ба манфиатҳои ҳамин гурӯҳи дувуми синфи феодалон низ зарар мерасониданд. Аз ин сабаб намояндагони ин гурӯҳ тарафдори қувват гирифтани ҳокимияти марказӣ буданд. Феодалони рӯҳонӣ ҳам ба ҳамин ваҷҳ аксар вақт ҳукумати марказиро пуштибонӣ мекарданд. Аммо гурӯҳи дувуми феодалон, ки Убайдуллохон ба онҳо такя менамуд, яклухт ва муттаҳид набуд. Намояндагони ҷудогонаи ин гурӯҳ хусусан дар ҳамон ноҳияҳое, ки амирон иқтидори бештар доштанд, гоҳо, баръакс, амиронро ҳимоя мекарданд. Мардуми заҳматкаши шаҳру деҳот, ки аз ҷангу низоъҳои муттасили байнихудии феодалон ба ҳоли табоҳ афтода буданд, ба тарафдории ҳокимияти марказӣ ва зидди амирони исёнкор сар мебардоштанд.

Убайдуллохон, агарчи на ҳамеша амали собитқадамона дошт, ин авзоъро хуб ба ҳисоб мегирифт. Ӯ беш аз ҳама ба ҳамон гурӯҳи синфи феодалон, ки ба мустаҳкам гардидани ҳокимияти марказӣ ва барҳам хӯрдани ҷангу низоъҳои байнихудӣ манфиатдор буданд, такя мекард. Муҳимтарин ҷузъи сиёсати дохилии Убайдуллохон кӯшиши аз ҳисоби сипосгузорони худ ба вуҷуд овардани як дастгоҳи нави маъмурӣ буд. Муаррихи вақт Мирмуҳаммадамини Бухорӣ ошкоро шаҳодат медиҳад, ки Убайдуллохон ба умури идора фарзандони косибон ва тоҷирон, одамони «пастнасаб» ва «бекас»-ро ҷалб менамуд.[12]

Албатта, лавҳаи зерин як ҳодисаи тасодуфӣ нест: вақте ки қӯшуни Бухоро ба наздикии Балх расид, Убайдуллохон фармони махсус баровард, ки кишт-зори мардумро поймол накунанд ва ба аҳолӣ ягон зараре нарасонанд. Ӯ дар яке аз деҳот қароргоҳи худро сохта, арзиши киштҳои аз тарафи аскаронаш поймолшударо пардохт. Аз ин ошкоро ҳувайдост, ки Убайдуллохон барои ба тарафи худ кашидани аҳолии оддӣ саъю кӯшиш менамуд. Чунон ки хотирнишон гардид, дар асрҳои ХVII–ХVIII оммаи халқҳои Осиёи Миёна хеле фаъол шуданд ва онҳоро дар муборизаи зидди амирони саркаш ба худ муттафиқ гардонидани хон барояш манфиати зиёде меовард.

Тадбироти Убайдуллохон чӣ навъ сурат мегирифт? Муносибати ӯ бо амирон душманона ва муборизаҳояш бо онҳо рӯирост ва ошкоро буд. Инро сарчашмаи номбурда низ тасдиқ мекунад. Ӯ ба ҳамон амироне, ки такя мекард, пулу мол ва замин ҳадя менамуд, вале аслан баробари ба сари ҳокимият омаданаш ба амирон аз ҷиҳати иқтисодӣ фишор расонид ва дар ин роҳ аз камтарин чизҳо низ ҳазар накард. Масалан, бисёр аҷиб аст, ки вай ба душманони сиёсии худ ба арзиши даҳчанд фурӯхтани «ҳадя»-ро ҷорӣ намуд. Сарчашма шаҳодат медиҳад, ки «ба ӯзбекони бечора тоби нафаскашӣ ҳам намонд».[13] Вале кори аз ин ҳам ҷиддитаре, ки ӯ анҷом дод, аз байн бурдани як қисми заминҳои танхоҳ буд. Вай амалан номумкин будани бе ҳеҷ асос кашида гирифтани заминҳои танхоҳро дарк карда, як тадбири маккоронае ба кор бурд. Ӯ ин заминҳоро ба моликияти комили муқаррабон ва маъмуронаш дод (яъне, албатта, фурӯхт). Дар амалӣ намудани ин сиёсати худ вай аз ҳамон гурӯҳи синфи феодалон, ки манфиатдори мустаҳкам шудани ҳокимияти ӯ ва афзудани нуфузи худ буд, пуштибонӣ медид. Ин тарзи мусодираи танхоҳ ҳамчунин зиддияти байни ду гурӯҳи синфи феодалонро тунду тез мекард.

Убайдуллохон боз як манбаи афзоиши даромади хазинаи давлатро дар барҳам додани масунияти хироҷи заминҳои мулк дид. Ин тадбири хеле ҷасурона ва шояд хатарноке ҳам буд, зеро аз байн бурдани масуният ба манфиатҳои ҳамон гурӯҳи ӯро тарафдорикунандаи синфи феодалон зарарҳои ҷиддӣ ворид мекард. Аз эҳтимол дур нест, ки Убайдуллохон ин тадбирро нисбат ба ин гурӯҳ интихобан татбиқ менамуд. Аз ҷумла маълум аст, ки ӯ масунияти хироҷи бузургтарин феодалони рӯҳонии Осиёи Миёна – шайхони Ҷӯйбориро бекор карда буд.

Убайдуллохон дар бобати инкишофи тиҷорати байналхалқӣ низ чораҳое дид. Дуруст аст, ки ривоҷи тиҷорати беруна ба манфиати савдогарони маҳаллӣ набуд. Пеш савдогарони Бухоро молҳои хориҷиро якбора мехариданд ва пулашро баъдтар, пас аз фурӯхта шудани мол мепардохтанд. Ин муомила барои тоҷирони хориҷӣ бисёр ноқулай буд. Илова бар ин, мувофиқи шариат, моли фурӯхтаро дар давоми се сол баргардондан имкон дошт. Дар аҳди Убайдуллохон ҳукумат дар ин масъалаҳо ба нафъи тоҷирони хориҷӣ кор кард, зеро мебоист ин тадбир вуруди молҳои хориҷиро афзунтар созад ва ба ин васила даромади хазина низ зиёдтар шавад.

Убайдуллохон ба ислоҳоти пул умеди калон баста буд.[14] Мирмуҳаммадамини Бухорӣ ба сабаби вуқуфи комил надоштан аз ҳақиқати ҳол навиштааст, ки сабаби гузаронидани ислоҳоти пул тамоман холӣ шудани хазинаи давлат буд. Хонҳои сулолаи Ҷониён дар зарфи асри ХVII сикказаниро ҳамчун манбаи даромад дониста, муттасил пул мебароварданд. Онҳо иёри пулро гоҳ паст ва гоҳ баланд намуда, дар охирҳои асри ХVII зарби сиккаҳоро ба дараҷае расониданд, ки дар тангаҳо ҳамагӣ 22,5% нуқра монда буду халос. Убайдуллохон бошад, пулҳое баровард, ки иёрашон хеле баланд буд, яъне тангаҳо 35% нуқра доштанд. Ӯ дар давоми ҳафт сол, дар чӣ вазъияте ки бошад, ба тағйири пул ҳамчун манбаи даромад роҳ надод. Инро бо ду сабаб тавзеҳ додан мумкин аст: аз як тараф, ӯ сиккаҳоро вайрон накард, чунки ин бар зарари ҳамон гурӯҳи синфи феодалон мебуд, ки ба онҳо такя мекард; аз тарафи дигар, чунон ки маънии ислоҳоти соли 1708 собит менамояд, ӯ ин манбаи даромадро, бидуни ба қисматҳо ҷудо ва пароканда кардан, «эҳтиёт менамуд», то ки дар як фурсати муносиб якбора даромади калонеро ба даст оварад.

Соли 1708 пулҳои дар хазина буда дубора сикка зада шуданд: аз ҳар тангаи кӯҳна чор тангаи нав ба вуҷуд оварда шуд, ки ҳар кадоми он 9% нуқра дошт. Пас аз ин эълон карда шуд, ки минбаъд иқтидори хариди пулҳои нав (9% нуқра) ва пулҳои кӯҳна (35% нуқра) баробар хоҳад буд. Агар таври дигар гӯем, Убайдуллохон хост дороии хазинаро якбора чор мартаба афзояд. Чунин ҳодиса ҳеч вақт рӯй надода буд. Одатан иёри нуқраро 5–10% поин мефуроварданд. Убайдуллохон ба чунин тадбири ғайримуқаррарӣ ҷуръат намуда, зоҳиран, гумон дошт, ки барои самаранок мубориза бурдан бар зидди амирон воситаҳои кофиро ба даст меорад ва аз ин рӯ ҷони худро ба хатар андохта, қадам ба ин роҳ гузошт. Ӯ бояд мефаҳмид, ки воқеан ҳам ҷони худро ба хатар меандозад, зеро тавассути ин ислоҳот, бигзор муваққатан ва бо ниятҳои нек бошад ҳам, на фақат душманонашро, балки муттафиқонаш: халқ, табақаи фавқонии феодалону тоҷирон, ҳамаи онҳоеро, ки дар даст пул доштанду аз ислоҳот манфиатдор буданд, ғорат мекард.

Дар Бухоро кори савдо қатъ гардид. Тоҷирон ва косибони шаҳр дӯкону корхонаҳояшонро бастанд. Ин воқеа вазъияти камбағалон ва гурӯҳҳои меҳнатии аҳолиро бисёр танг кард. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Ин аҳвол норозигии умумро ба вуҷуд овард. Тӯдаҳои мардуми шаҳр, аксаран одамони бенаво шӯриш бардошта, ба таҳдид ва фарёд ба арк ҳуҷум карданд ва ба ҳолати аввала овардани вазъияти шаҳрро талаб намуданд. Шӯриши халқ охир фурӯ нишонда шуд, чанд кас ба қатл расид. Вале ин шикасти тамом набуд. Убайдуллохон ба созиш маҷбур гардид ва маънии ислоҳотро тағйир дод. Акнун пули кӯҳна на ба як, балки ба ду пули нав баробар карда шуд (ва ин қоида солҳои дароз, ҳатто баъд аз сари Убайдуллохон ҳам боқӣ монд). Ба ин тариқа, дороии хазинаи Убайдуллохон на чор мартаба, балки фақат ду маротиба афзуд. Ислоҳот он даромадеро, ки интизор мерафт, оварда натавонист, вале ҳамаи онҳоеро, ки пештар Убайдуллохонро тарафдорӣ мекарданд, ба душмани ӯ мубаддал сохт. Ин буд, ки дар сиёсати дохилӣ имкони анҷом додани ягон кори мусбати ба назар намоёне фароҳам наомад.

Дар ин вақт мубориза, нобоварӣ ба якдигар, хусумат ва адоват парваридан ба ҳам хеле авҷ гирифт. Душманӣ то дараҷае расид, ки ҳангоми яке аз суиқасдҳо дар соли 1711 Убайдуллохон кушта ва дарбори хонӣ тороҷ карда шуд.

Пас аз ҳалокати Убайдуллохон бародараш Абулфайзхон (1711– 1747) ба тахт нишаст. Дар замони ҳукмронии ин охирин намояндаи асосии сулолаи Ҷониён ҳукумати марказӣ иқтидори худро тамоман аз даст дода, давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим мегардад. Корҳои мамлакатдорӣ тақрибан ба куллӣ ба ихтиёри Муҳаммадҳакимбии атолиқ мегузарад, ки ӯро саркардагони тоифаи манғит пуштибонӣ мекарданд.

Баъдҳо дар натиҷаи норизоятии аъёну ашроф Муҳаммадҳакимбӣ аз мансабҳои баланди дарбор дур карда, ба Қаршӣ фиристода мешавад. Сафири давлати Рус Флорио Беневени аз харҷумарҷе, ки он вақт дар дарбори Абулфайзхон ҳукмфармо буд, сухан меронад. Умури идораи давлат ба дасти амалдорони ҳарис ва ҷоҳталаб мегузарад. Онҳо барои савдо дар бозорҳои Бухоро ҳуқуқи номаҳдудеро соҳиб шуда, мувофиқи табъи худ мардумро ғорат менамуданд.

Ин ҳама задухӯрдҳои байнихудии хонҳо ва бедодгариҳои беамсоли феодалон аз ҳаёти пурмашаққати халқҳои Осиёи Миёна дар аҳди ҳукмронии Ҷониён шаҳодат медиҳанд.[15]

  1. Барои донистани тафсили [аводиси муборизаи салтанатхо[они гуногун ниг.: Вельяминов — Зернов В.В., 1864; Абдура[имов М.А., 1966, с. 56–57. Вале бояд дар назар дошт, ки М.А. Абдура[имов са[ван намояндаи охирини Шайбониён — Пирму[аммади Сониро бо амуи Абдуллохони II–Пирму[аммади Аввал (ваф. с. 1567) яке донистааст. {ол он ки Пирму[аммади Сонb амузодаи Абдуллохони II мебошад. Илова бар ин, муаллифи номбурда Му[аммадюсуфи Мунширо, ки баёноти e доир ба таърихи асри ХVI хеле носа[е[ ва печида аст, ба таври мусбат ва uайританrидb тавзе[ менамояд.

  2. Аз ин рe дар осори илмb сулолаи Xониён аксар ваrт Аштархониён ном гирифтааст.

  3. Абдура[имов М. А., 1966, с. 64; История Узбекской ССР, т. 1, 1967, с.550 ва u.

  4. Давидович Е. А., 1964, с. 12-14, 243–244.

  5. Дар [акиrат, мубориза дар атрофи Тошканд давом мекард ва [окими он фаrат исман ба Имомrулихон итоат менамуд. (Абдура[имов М. А., 1966, с. 112–115).

  6. Абдура[имов М. А., 1966, с. 267–268.

  7. Атолиr — аз xи[ати мансаб понзда[умин ва олитарин рутбаи давлати хонии Бухоро буд, ки пас аз хон маrоми аввалро ишuол карда, вазифаи нахуствазирро адо менамуд.

  8. Му[аммадюсуфи Муншb, 1956, с. 153.

  9. {амон асар, 1956, с.158-159.

  10. «История народов Узбекистана», т. 2, 1947, с. 90.

  11. Ин мадрак[о аз тарафи муаррихон та[лил ва та[rиr шудаанд, [арчанд ки на [амеша фа[миш ва арзишди[ии он[о яксон аст. Ниг.: Чехович O.Д., 1954, с. 68–69; 1959, с. 208 ва давомаш; Давидович Е.А., 1964, с.148–156; Абдура[имов М.Л., 1966, с.136 ва давомаш.

  12. Мирму[аммадамини Бухорb, 1957, с. 220, 223.

  13. {амон асар, с. 227.

  14. Давидович Е. А., 1964, с. 135–147.

  15. Расман сулолаи Xониён мавxудияти худро то соли 1785 давом дод, вале охирин намояндаи ин хонадон Абулuозb [амчун хон ягон эътиборе пайдо карда натавонист.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *