Фанни Таърих

Давлати Ҳайтолиён

Нақшаи кор:

  1. Қабилаҳои Ҳайтолӣ.
  2. Муборизаи Ҳайтолиёну Сосониён.
  3. Ҷамъият ва маданияти Ҳайтолиён.
  4. Хоқонии туркони ғарбӣ.
  5. Устуворшавии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна.
  6. Шӯриши Абрӯй.
  7. Қабилаҳои Ҳайтолӣ.

Дар асрҳои III — IV қисми ҷанубии давлати Кушониён то водии Марв ба ҳайати давлати Сосониён дохил шуда буд. Дар миёнаҳои асри V Кушониҳо ба зарбаи сахти қабилаҳои бодиянишин гирифтор мешаванд, ки онҳоро юнониён «ҳайталӣ», римиҳо Шарқӣ «хунҳои сафед» ва сарчашмаҳои арабӣ «ҳайтолия» меноманд. Сарчашмаҳои чинӣ бошад Ҳайтолиёнро яке аз шохаҳои да — юечжӣ тохариҳо меҳисобанд. Ҳайтолиён қабилаҳои муғулшакл буда, ба забони дарӣ ҳарф мезаданд. То кунун санаи амиқи ташкил шудани ин давлат маълум нест. Аммо чунин маълумотҳо ҳаст, ки дар солҳои 50-уми асри V давлати Ҳайтолиён хеле пурқувват мешавад. Ҳайтолиён дар соли 456 ба давлати императории Чин сафири худро фиристоданд.

Дар замони ҳукмронии Фирӯз (459 — 484) муборизаи Сосониёну Ҳайтолиён авҷ мегирад. Вақте, ки Фирӯз Тахористонро ишғол намуд, фавран подшоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз лашкари хешро дар Балх омодаи ҷанг намуд. Фирӯз савганд хӯрд, ки бо Ҳайтолиён намеҷангад. Мувофиқи шартнома Фирӯз дар таги бурҷе, ки Баҳроми Гӯр чун нишонаи сарҳади байни давлатҳо сохта буд қарор гирифт. Ҳайтолиён низ худро омодаи мубориза сохтанд.

Сарлашкаронаш аз Фирӯз илтиҷо карданд, ки савгандшиканӣ накунад, аммо ӯ каҷрафторӣ намуд. Вай ҳиллаеро ба кор бурд. Фирӯз ба таги бурҷ расиду фармуд, ки 50 фил ва 300 паҳлавонро бар он илҳоқ созанд ва бурҷро пеш мекашанд, ки аз паси онҳо Фирӯзу лашкар пеш мерафт.

Ҳангоми ба пеш ҳаракат намудан Фирӯз ва сипоҳиёнаш ба хандақ афтода, нобуд гаштанд. Ба гуфтаи Табарӣ Фирӯзро дар хандақ бо санг зада ҳалок намуданд. Қисми зиёди лашкари Фирӯзро кушта, боқимондаашро ҳамроҳи духтараш Фирӯздухт асир гирифтанд. Дар баробари Табарӣ, инчунин дигар сарчашмаҳо низ доир ба аҳдшикании Фирӯз нақл мекунанд. Дар ҷанги якуми Сосониёну Ҳайтолиён Фирӯз асир мешавад, вале шоҳи Рим миёнаравӣ карда, ӯро озод мекунад. Дар задухӯрди дуввум бошад, баъди асирӣ Фирӯз ваъда медиҳад, ки дигар сарҳадшиканӣ нахоҳад кард ва илова ба ин ба Ҳайтолиён 30 хачир танга медиҳад. Азбаски дар рафти ҷангҳо хазина холӣ шуда буд, ӯ писаронаш Булаш ва Қубодро ба гарав монда, аз асирӣ ҷон ба халосӣ бурд. Аммо дафъи сеюм ҳилаю найранги Фирӯз ба кор нарафт.

Дар ин мубориза лашкари Сосониён шикасти ҳалокатовар хӯрданд. Ҳамин тавр, кушта шудани Фирӯз ва пош хӯрдани лашкар обрӯ ва нуфузи Сосониёнро дар арсаи олам паст кард.

  1. Муборизаи Ҳайтолиёну Сосониён.

Агар онҳо пештар аз дасти римиҳо ба ларза омада бошанд, пас дар нимаи дуввуми асри V кӯчманчиёни Осиёи Миёна — Ҳайтолиён аз болои Сосониён дастболо шуда, аз онҳо боҷу хироҷ мегирифтанд. Дар асри V ба давлати Ҳайтолиён Тахористон, Чағониён, Кобулистон, Зобулистон, Синд, Бӯстон, Арруқоч, Самарқанд, Бухоро, Кеш, Насаф, Даван, Чоч ва ғайра дохил мешуданд. Пойтахти онҳо шаҳри Ланшии Афғонистон буд. Ҳайтолиён дар ин давра дараҷаи парокандашавии ҳаёти авлодӣ — ҷамъиятиро аз сар мегузарониданд.

Сохти сиёсии ин империя номаълум аст. Дар ҳаёти сиёсии Ҳайтолиён марказҳои пурқуввати иқтисодӣ — Тахористон, Суғд, Фарғона мавқеи махсус доштанд ва дар ин ҷойҳо ҳукмронии сулолаҳои пештара давом мекард. Ҳайтолиён мулки Суғдро низ ғасб карда буданд. Ин забткории онҳо ба солҳои 467 — 470 ва 480 рост меояд. Сипас онҳо соли 479 Турфон, солҳои 490 — 497 Урумчӣ, 497 ва 509 Қашқарро истило карда буданд.

Ҳайтолиён дар ибтидои асри VI ба тамоми Туркистони Шарқӣ соҳиб буданд. Аз охири асри V ва чоряки аввали асри VI сар карда, давраи парокандашавии давлати Ҳайтолиён оғоз меёбад. Дар миёнаи асри VI Ҳиндустони Шимолӣ давлати мустақил мегардад. Хиёниҳо, Кидориҳо ва Ҳайтолиён бо Эрон ҷангҳои пай дар пай мебурданд. Ин ҷангҳоро ба ду давра тақсим кардан мумкин аст.

Дар давраи якум, ки ҷанг дар байни Хиёниҳою Кидориҳо ва Сосониён мерафт, подшоҳони Сосонӣ Баҳроми Гӯр (420 — 437), Яздигурд (238 — 457) ва Фирӯз (459 — 484) ҳар дафъа ғалаба ба даст меоварданд.

Давраи дуввум. Ҷанги байни Сосониёну Ҳайтолиёнро дар бар мегирад. Ҳанӯз соли 459 подшоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз лашкари Сосониёнро мағлуб карда буд. Бори дигар соли 484 лашкари Сосониён дар зери фармонҳои шоҳаншоҳ Фирӯз бар зидди Ҳайтолиён ҳуҷум оварда, тамоман шикаст хӯрд.

Ин ҷанг чунон даҳшатовар буд, ки дар Эрон шунидани номи Ҳайтол мардумро ба ларза меовард. Подшоҳони минбаъдаи Сосониён ба муқобили Ҳайтолиён рӯирост ҷангида наметавонистанд. Зеро шикасти ҳалокатовари соли 484 устувории давлатро зери шубҳа гузошт. Баробари Сосониён инчунин Ҳайтолиён бар зидди дигар давлатҳо низ ҷангида, дар асри V давлати тавоное ташкил намуда буданд. Вале давлати Ҳайтолиён ноустувор буд.

Ҳамин тавр, дар аввали асри VI дар натиҷаи ҷангҳои Кидориҳо, Хиёниён, Ҳайтолиён бар зидди Сосониён давлати калони Ҳайтолиён ба вуҷуд омад, ки он Осиёи Миёнаро аз итоати Сосониён бароварда мутеъи худ намуда буд.

  1. Ҷамъият ва маданияти Ҳайтолиён.

Ҳайтолиён дараҷаи ба вуҷудоии давлатро аз сар мегузарониданд ва дар байни онҳо боқимондаҳои муносибатҳои ҷамъияти ибтидоӣ вуҷуд дошт. Дар миёни онҳо табақаҳои бой ва камбағал пайдо шуда буданд.

Онҳо пешворо интихоб карда, барои дуздӣ ва шӯрапуштӣ ҷазоҳои сахтро раво медиданд. Ҳайтолиён ба оташ ва осмон саҷда мекарданд.

Мувофиқи расму оинашон ҳайтолиён камбағалонро дар чуқурчаҳо гӯронида, болои қабри одамони дороро бо санг мепӯшониданд ва ҳамроҳи мурдагон ҳамаи он чизҳоеро, ки онҳо дар рӯзгорашон истифода мекарданд мегузоштанд. Аъёну ашрофи Ҳайтолиён либосҳои фохир мепӯшиданд. Занони дорои Ҳайтолӣ дар сар кулоҳи шохдор доштанд, аз рӯи он миқдори шавҳарҳояшон маълум мегашт. Дар миёни занҳо дар он давра одати бисёршавҳарӣ маъмул буд.

Агарчи Ҳайтолиён аз ҷиҳати шакли баромад қиёфаи муғулӣ доштанд, вале онҳо бо забони эрониёни шарқӣ гап мезаданд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки аҷдодони Ҳайтолиён ва худи онҳо бо халқҳои эронинажод омехта шуда, ба худ намуди умумии эронӣ — туркиро гирифта буданд.

  1. Хоқонии ғарбии турк.

Пас аз ҳаракати Маздак давлати Сосониён аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққӣ карда, ба Ҳайтолиён хироҷ доданро рад намуд. Подшоҳи Сосониён Хусрави I Анӯшервон (531 — 579), ки дигар ба Ҳайтолиён итоат намекард барои бар зидди онҳо рӯирост баромад кардан ҷуръат надошт. Сабаб он буд, ки дар Осиёи Миёна хоқонати Туркони Ғарбӣ ҳамчун қувваи нави пурзӯр пайдо шуда буд ва Сосониён намехостанд, ки дар миёни ду оташ монанд.

Барои ҳамин Хусрави I Анӯшервон бо хоқони туркҳо бар зидди Ҳайтолиён созишнома баст ва ноҳияҳои ҷануби Осиёи Миёнаро то сарҳади дарёи Омӯ ба даст овард. Ноҳияҳои марказии Осиёи Миёнаро туркҳо дар солҳои 563 — 567 аз дасти Ҳайтолиён кашида гирифтанд ва подшоҳи онҳо Ғотифар ва писари ӯ Фаганиш ба онҳо таслим шуданд. Давлати собиқи Ҳайтолиён дар байни Сосониёну хоқонати туркони ғарбӣ тақсим шуда, ноҳияҳои ҷанубии Омуро форсҳо ва ноҳияҳои марказии Осиёи Миёнаро туркҳо ишғол карданд.

Давлати Ҳайтолиён агарчи суст мутамарказонида шуда буд, бо вуҷуди ин дар ҳаёти халқҳои барзгари Осиёи Миёна мақоми хос дошт. Дар ин давра парокандагӣ то дараҷае барҳам хӯрда, равобити иқтисодӣ ва мадании байни вилоятҳои гуногун барқарор шуда буд.

Аз байн рафтани давлати Ҳайтолиён чунин маъно дошт, ки дар натиҷаи задухӯрди байни туркҳо ва Ҳайтолиён хоҷагӣ хароб гардида, мардуми Осиёи Миёна ба истисмори бераҳмонаи туркҳо гирифтор шуд. Вале туркҳо ба ҳаёти сиёсии ҳокимони маҳаллӣ он қадар дахолат намекарданд. Ин аст, ки нуфуз ва мустақилияти берунии онҳо пурзӯр мегардид. Туркҳо Осиёи Миёнаро истило карда, ба ноҳияҳои шимолии мулки худ баргаштанд. Онҳо аз аҳолии танҳо хироҷ мегирифтанд ва тарафдори ривоҷёбии тиҷорат буданд. Туркҳо, ки хайрхоҳи савдогарони суғдӣ буданд, бинобар ин наздикшавӣ бо суғдиёнро афзал медонистанд. Хоқони туркҳо мехост, ки ба савдогарони Суғд дар барқарор кардани муносибатҳои тиҷоратӣ бо Эрон ёрӣ диҳад.

Солҳои 566 — 567 гурӯҳи савдогарони суғдӣ бо сардории Маниах ба назди Хусрави I Анӯшервон рафта, розигии ӯро дар бораи савдо кардан бо Эрон пурсиданд, вале ӯ ин хоҳиши суғдиёнро рад кард. Хоқон дафъаи дигар сафирони худро боз ба Эрон фиристод, вале ин дафъа ҳам Хусрави I розӣ нашуд. Он гоҳ Хоқон сафирон ва савдогарони худро ба воситаи Кавказ ба Рим фиристод, то ки бар зидди Эрон бо он иттифоқ бандад.

Соли 568 сафирони хоқон бо сардории Маниах ба Рим рафта, бо онҳо муносибатҳои наздики сиёсӣ пайдо карданд. Баъд аз ин туркҳо якчанд маротиба бар зидди Эрон лашкар кашида шикаст хӯрданд. Хусусан ҷанги соли 588 дар байни Эрону Хоқонати туркони ғарбӣ шадид буд, ки дар он сарфармондеҳи лашкари эрониён Баҳроми Чӯбина аз болои туркҳо ғалабаи комил ба даст овард.

Дар солҳои 80 — уми асри VI хоқони туркони ғарбӣ дар ҷанг бо туркони шарқӣ шикаст хӯрд ва кӯшиш намуд, ки ҳокимияташро дар Суғд мустаҳкам кунад. Аммо ин кӯшиш ҳам натиҷаи дилхоҳ надод, зеро дар водиҳои Зарафшону Қашқадарё иттиҳодияҳои ҳокимони маҳаллӣ пурзӯр шуда, дигар ба хоқони турк итоат кардан намехостанд.

Соли 657 хоқони туркони ғарбӣ дар натиҷаи муборизаҳои дохилӣ ва хориҷӣ барҳам хурд.

  1. Устуворшавии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна.

Асрҳои VI — VII даврае буд, ки шаклҳои маданияти моддӣ ба куллӣ тағйир меёфт. Ин тағйиротро дар ҷобаҷошавии деҳқонон, дигаргуншавии намуди шаҳру деҳот, усули шаҳрсозӣ, дигар шудани шакли зарфҳои сафолии он давра ва ғайраҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Умуман давраи мазкурро як навъ сарҳади байни муносибатҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ шуморидан мумкин аст. Зеро дар асрҳои VI — VII муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омада, барқарор мегардиданд.

Ёдгориҳои хаттӣ ва бостонӣ нишон медиҳанд, ки дар ноҳияҳои зироаткори Осиёи Миёна характери феодалии муносибатҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ ҳукмфармо гардида будааст. Дар ин давра аскарони кирояи феодалӣ ҳамчун ҷанговарони касбӣ ва ҳимоятгарони молу мулки ашрофи феодалӣ пайдо шуда буданд. Ба ҷои давлати ягона мулкҳои ҷудогонаи феодалӣ ба вуҷуд омада буданд.

Дар асрҳои VI — VII ҷои бошишгоҳҳои ҳисордорро қасру боргоҳҳои дар сарбанди дарё ва наҳрҳо сохташудаи деҳқонон, ки бо деворҳо иҳота карда шуда буданд гирифтанд ва хӯҷаини асосии обу замин деҳқонон, яъне феодалон гашта буданд. Яке аз хусусиятҳои хоси феодализми Осиёи Миёна аз он иборат буд, ки дар дохили он муддатҳои дуру дароз муносибатҳои ғуломдорӣ ҳукмрон буд.

  1. Шӯриши Абрӯй

Дар давраи устуворшавии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна зулму истисмори мардум хеле боло рафт. Дар ин айём зулму зӯрӣ мардумро ба ҷунбиш овард. Ин буд, ки дар нимаи дуюми асри VI бо сардории Абрӯй шӯриши халқӣ сар зад. Шӯриш Бухоро ва дигар ноҳияҳои атрофи онро фаро гирифт.

Абӯбакри Наршахӣ дар китоби худ «Таърихи Бухоро» ёдовар мешавад, ки «мардум бо заҳмати зиёд обкандагиҳои рӯди Мосиф (мумкин аст Зарафшон) -ро ҳамвор намуда, шаҳр сохтанд, ки Бухоро ном гирифт. Ва мардумон аз ҳар ҷониб омаданд ва он ҷо хуррамӣ гирифт. Ва мардум аз ҷониби Туркистон омадандӣ ва бад ин вилоят об ва дарахтон бисёр будӣ ва шикор бисёр будӣ. Он мардумонро ин вилоят хуш омадӣ. Он ҷо мақом карданд. Ва аввал дар хайма ва хиргаҳ истоданд ва бошидандӣ. Ва ба рӯзгор мардум гирд омаданд ва иморатҳо карданд. Ва мардум бисёр шуданд ва якеро баргузиданд ва амир карданд. Ва номи ӯ Абрӯй буд ва ҳанӯз ин шаҳр набуд. Валекин баъзе аз рустоҳо шуда буданд»2.

Таҳти сарварии Абрӯй шӯриш боло мерафт. Аз оғози он феодалон, савдогарон, судхӯрон ба ваҳм афтода, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Онҳо дар Ҳафтрӯд ба худ паноҳгоҳ ҷустанд. Абрӯй Байканд (Пайканд) — ро ишғол намуда, худро ҳоким эълон кард.

Баъди он ӯ роҳи зулмро пеш гирифт. «Ва чун рӯзгоре баромад Абрӯй бузург шуд ва зулм пеш гирифт, бад ин ниҳоят чунон, ки мардум беш сабр натавонистанд кард» -менависад Наршахӣ. Баъди боло гирифтани ҷабру ситами Абрӯй мардумони ба дод омада, аз роҳбарони хеш илтимос намуданд, ки аз зулм озод намоянд. Роҳбарон аз подшоҳи туркон Қарочӯрин кӯмак дархостанд.Ӯ ба истиқболи ҷабрдидагон омад. Писари Қарочӯрин — Шери Кишвар дар соли 585 ба Бухоро лашкар кашида, Абрӯйро шикаст дод. Абрӯй асир афтод. Бо амри Шери Кишвар вайро ба ҷуволи пур аз занбӯри заҳрнок андохтанд.

Дар натиҷаи заҳролуд шудан Абрӯй ҳалок гашт. Сипас ба Шери Кишвар боду ҳавои Бухоро писанд омад ва ӯ ин ҷоро мулки худ намуд.

Санаҳои муҳими тарихӣ:

Соли 274 мелод — Сафорати Кушониён дар Рим.

Нимаи дуюми асри V ва асри VI — Ҳукмронии Ҳайтолиён.

Соли 457 — Пирӯзии Ҳайтолиён бар Сосониён.

Соли 484 — шикасти шоҳ Фирӯз аз тарафи Ҳайтолиён.

Миёнаи асри V — Дар марзи Варорӯд пайдо шудани туркҳо.

Солҳои 563 — 567 — Пирӯзии туркҳо бар Ҳайтолиён.

Соли 568- Сафорати Хоқони Ғарбии Турк бо сардории Маниах ба Византия.

Нимаи дуюми асри VI — шӯриши халқӣ бо сардории Абрӯй.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *