Фанни Таърих

Илми кимиё (химия) дар Рим

Маданияте, ки дар Миср дар замони эллинистӣ ташаккул ёфт, дар асри I то милод дар мамлакатҳои ҳавзаи Баҳри Миёназами ба таври васеъ паҳн мегардад, махсусан, баъди аз тарафи римиҳо ишғол карда шудани Миср (соли 30 то милод). Дар оғози солшумории милодӣ, дар баробари Искандария, Рим низ ба маркази дигари илм ва техникаи косибӣ мубаддал мегардад. Ишғолгариҳои Рим дар Аврупо, Шарқи Наздик ва Африқо ва дар натиҷаи ин ташкилёбии Империяи бузурги Рим, на танҳо ба рушди тиҷорат ва дар маркази Империя ба марказонида шудани боигарии бузург мусоидат мекунад, балки дар ин ҷо ҷамъшавии олимон ва косибон аз миллатҳои гуногун – юнониҳо, суриягиҳо, яҳудиён, мисриён ва ғайра сурат мегирад. Дар ин марҳала дар Рим илму техникаи косибӣ ба сатҳи ниҳоят баланди рушди худ мерасид.

МАРХАЛАИ ПЕШАЗАКИМИЁӢ. Дар марҳалаи пеш аз алкимиё ҷанбаҳои назарӣ ва амалии донишҳо дар бораи модда аз ҳамдигар нисбатан дар ҳолати алоҳидагӣ рушд меёфтанд. Коркардҳои амалӣ бо модда дар кимиёи косибӣ афзалиятнок буданд. Оғози ба вуҷуд омадани онро эҳтимол, дар навбати аввал, бояд бо пайдоиш ва рушди металлургия алоқаманд кардан раво бошад.

Дар замони антиқа дар шакли холис ҳафт металл маълум буд: мис, сурб, қалъагӣ, оҳан, тилло, нуқра ва симоб, инчунин дар шакли хулагӣ – марги муш, рӯҳ, висмут. Ғайр аз металлургия ғуншавии донишҳои амалӣ дар соҳаҳои дигар низ сурат мегирифт, ба монанди истеҳсолоти сафолӣ ва шиша, рангубори газвор ва чармгарӣ, тайёр кардани воситаҳои доруворӣ ва атторӣ. Маҳз дар асоси ин дастовардҳо ва дастовардҳои кимиёи амалии қадим дар марҳалаҳои оянда рушди донишҳои кимиёвӣ сурат мегирифт.

Кушиши дар, дар ниҳояти кор, ба натурфалсафаи юнонӣ оварда расонид. Таъсири бештарро дар рушди минбаъдаи илми кимиё таълимоти Эмпидокл, Афлотун ва Арасту расонидааст. Мувофиқуи ин консепсияҳо ҳамаи моддаҳо дар омезиши чор ибтидо ташкил ёфтаанд: замин, об, ҳаво ва оташ. Худи ин унсурҳо, дар айни замон, ба ҳамдигар табдил ёфтан қодиранд, чунки ҳар кадоми онҳо, мувофиқи гуфтаи Арасту, ба ҳамдигар табдил меёбанд ва ҳолати ягонаи аввалмоддаро мемонанд, ки аз рӯи сифатҳои онҳо муайян карда мешаванд. Нишондод дар бораи имкони табдилёбии як модда ба моддаи дигар баъдтар асоси ғояи алкимиёӣ дар бораи имкони ба ҳамдигартабдилёбӣ (трансмутатсия) мегардад. Дар амал дар як вақт бо таълимот дар бораи унсурҳо – стихҳо дар Юнон таълимоти атомӣ ҳам ба вуҷуд меояд, ки асосгузорони он Левкипп ва Демокрит мебошанд.

МАРҲАЛАИ АЛКИМИЁӢ (асрҳои IIIXV). Марҳалаи алхкимиёӣ замони ҷустуҷуи санги фалсафие мебошад, ки он барои табдилдиҳии металлҳо зарур буд. Назарияи алхкимиёӣ, ки ба тасаввуроти антиқӣ дар бораи чор унсур асос ёфтааст, бо астрология ва сеҳр омезиш ёфта буданд. Дар баробари «кимиёю техникии коркарди тилло» ин марҳала бо он фарқ мекард, ки фалсафаи аҷоиби сеҳр коркард мешавад. Марҳалаи алхкимиёвӣ, дар навбати худ, ба се земарҳалаи алоҳида тақсим мешавад: алкимиёҳои искандариягӣ (юнонию мисрӣ), арабӣ ва аврупоӣ

АЛКИМИЁИ ИСКАНДАРИЯГӢ. Дар Искандария якшавии назария (натурфалсафаи Афлотун ва Арасту) ва донишҳои амалӣ дар бораи моддаҳо, хосиятҳо ва табдилёбии онҳо ба амал меояд; маҳз аз ин пайвастагӣ илми нав – алкимиё тавлид ёфтааст. Худи калимаи «кимиё» (ва калимаи арабии al-kīmiya) одатан аз номи кӯҳнаи Миср – «Кеме» ё ки «Хем» ба миён омадааст. Дар аввал ин калима бояд ба маънии «санъати мисрӣ » фаҳмида мешудааст. Ин мафҳумро баъзан аз забони юнонӣ оварда, ҳамчун «χυμος» – «шарбат» –ё «χυμενσιζ» –«рез»-ро ҳам ифода мекарданд.

Объектҳои асосии омӯзиши кимиёи искандариягӣ металлҳо буданд. Дар замони искандариягӣ рамзнокии (симоволикаи) анъанавии металлосайёрагӣ ташаккул меёбад, ки дар он ҳафт металли он вақт маълум ба сайёраҳои марбута мувофиқ карда мешуд: ба нуқра – Моҳтоб, ба симоб – Меркурий, ба мис – Венера, ба тилло – Офтоб, ба оҳан – Марс, ба қалъагӣ – Юпитер, ба сурб – Сатурн. Пуштибони кайҳонии кимиё дар Искандарияи мисрӣ Тот Худо ё ҳамтои юнонии ӯ Гермес мешавад

Болос (асри III то милод) дар шаҳри Мендеси Миср, дар қисмати ғарбии резишгоҳи дарёи Нил ба дунё омадааст. Ӯ дар замони салтанати Птоломейҳои I ва II зиндагӣ карда, шоҳиди асосгузории Китобхонаи Искандария будааст. Болос бо Останеси машҳур шиносоӣ дошт. Останес мутафаккири афсонавиест, ки мувофиқи баъзе сарчашмаҳо наздики солҳои 400 то милод дар Искандария зиндагӣ кардааст. Баъзе муҳаққиқон дар он ақидаанд, ки Останес форс ва шогирди (пайрави) Зардушт будааст. Ӯ дар адабиёти арабӣ ва суриягии алкимиёгӣ ҳамчун алкимиёчии баруманд хеле зиёд иқтибос карда шудааст. Ба ӯ рисолаҳои сершумор мансуб дониста мешавад, ки дар байни онҳо «Китаб ал-Фусул ал-итҳнау азҳар фи илм ал-мукаррам» (12 китоб дар бораи санги болатофат) ҳаст. Плинийи Калонӣ дар бораи ин мутафаккир менависад, ки Останес фолбини дар бории Ардашери I буда, бо ҳамроҳии ӯ ба Юнон сафар карда будааст. Ҳангоми сафар ӯ китобҳои сершумори сеҳру ҷоду ва асрологӣ навишта будаст. Тавре ки Плинийи Калонӣ менависад, Останес ба Юнон дониши астрологӣ овардааст

Болос пайравону шогирдони зиёд доштааст. Ӯ муаллифи яке аз рисолаҳои аввалин дар таърихи анъанаҳои алкимиёӣ мебошад. Дар баъзе таҳқиқотҳо ӯ алкимиёгари нахустин ном бурда мешавад. Эҳтимол меравад, ки Болос пайрави анъанаҳои мисрии тасаввуф ва махсусан афсуну дуохонӣ будааст. Онҳо дар ишора ба овозҳо ва назорат ба нафаскашӣ дар асарҳои ӯ хеле зиёд вомехуранд. Болос инчунин пайрави фалсафаи Пифагор буда, дар асарҳои худ ҳарду анъанаро бо ҳам мепайвандад ва принсипҳоеро рушд медиҳад, ки баъдтар асоси натурфалсафаи алкимиёро таҳким бахшидаанд.

Болос муаллифи чандин рисолаи фалсафӣ ва тасаввуфӣ буда, аксарияти онҳо то замони мо омада нарасидаанд. Яке аз асарҳои нисбатан машщури ӯ «Физика ва масъалаҳои тасаввуф» мебошад. Дар замони мо аз он танҳо пораҳои алоҳида боқӣ мондаанд. Китоб аз чор қисм иборат буда, ба тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва арғувон бахшида шудааст.

Болос боварӣ дошт, ки асоси ҳамаи мававҷудот ва моддиётро ягонагии ваҳдат ташкил мекунад. Худи материя бошад, бо тамоми зуҳуроташ дар ҳолати ҷараён ва бидуни доимӣ вуҷуд дорад. Ҳамчун натиҷаи ин, як шакли материя метавонад ба шакли дигари он табдил ёбад ва, пеш аз ҳама, металлҳои ғайри латифу наҷибона, масалан, сурб ё оҳанро метавон ба металлҳои латифу наҷибона табдил дод, аз он ҷумла, ба тилло. Дар асарҳои худ Болос мисолҳои муфассали усулҳои табдилдиҳӣ ба (транспутатсия) ба тиллоро меорад. Масалан, мумкин аст мисро бо металли рӯҳ гудохта, мис – хулаи ранги тиллоидоштаро пайдо кард.

Болос кушиш мекард, ки нерӯҳо ва унсурҳоеро пайдо кунад ва ба низом дарорад, ки бо ҳам монанд ё баракс бо ҳам монанд набуда, асоси шаклҳои табиии зинда ва ғайризиндаро ташкил намоянд (сангҳо, растаниҳо, ҳайвонот, одамон) . Болос хост, ки ин нерӯҳоро барои беҳтар кардани қувваи ҷисмонӣ ва ахлоқи одамон истифода барад.

Зосими Панополисӣ алкимиёгари Мисри замони Рим буда (имрӯза Акхмими), тахминан соли 300 то милод ба дунё омадааст. Аз рӯи асли миллию қавмӣ Зосима мисрӣ ё юнонӣ буд. Вале Рафаэл Патай, муаллифи китоби «Олиҳаи Яҳуд», тахмин мекунад, ки Зосима аслан мутааллиқ ба цавми халдейҳои Искандария мебошад, яъне яҳудитабор аст. Ин хулоса аз он бармеояд, ки Зосима гарчанде ҳамаи асарҳояшро бо забони юнонӣ таълиф намудааст, донандаи хати яҳудӣ будани худро намоиш медиҳад ва аз рамзҳои яҳудию масеҳӣ хуб огаҳӣ доштааст.

Аз Зосима 28 китоби нопурра ва мазмунаш тағйирдода боқӣ мондааст. Дар онҳо баъзе усулҳои амалии алкимиёӣ баён ёфтаанд. Дар асарашҳояш масъалаҳои гуногуни алкимиёгӣ, «нигоҳдорӣ», аз он ҷумла усулҳои тахминии пайдокунии тилло ва нуқраро. баён кардаааст. Зосима ғоя дар бораи санги фалсафӣ – моддаи тахминиеро баён сохтааст, ки қодир аст металлҳои ғайринафисро ба металҳои қимматбаҳо – тилло ва нуқра табдил диҳад. Зосима як қатор асбобҳо ва ҷараёни ба вуҷуд овардани хокаи сурбро тасвир сохта, зимнан фиур баён менамояд, ки он маззаи ширин дорад. Зосима аввалин шуда мафҳуми «химия»-ро дар фаҳмиши «санъати муқаддаси пинҳонӣ» истифода мебарад. Ин калимаро Зосима аз номи паёмбар Хама баён месозад, гӯё, ки маҳз ӯ якумин шуда дар бораи «санъати муқаддас» китоб навишта будааст.

Аз марҳалаи искандариягӣ инчунин матнҳои зиёди геометрӣ боқӣ мондааст, ки онҳо кушиши шарҳи табдилёбии фалсафию сеҳрии моддаҳоро ифода менамоянд, ки дар байни онҳо «Лавҳаи Зумуррад»-и Гермеси Трисмегиста низ ҳаст.

Ба ҷумлаи дастовардҳои бегуфтугӯ амалии алкимиёгарони юнонию мисрӣ метавон кашфи ҳодисаи мҳлулкунонии металлҳоро марбут донист. Он вақт тиллои маҳлулкардашуда дар рӯйкашкунӣ истифода бурда мешуд. Олимони Искандария тарзи ҷудо кардани тилло ва нуқраро аз маъдан такмил доданд. Барои ин кор симобро ба таври васеъ истифода мебурданд. Бояд зикр кард, ки он вақт истеҳсоли симобро аз худ карда, аз он истифода мебурданд. Дар баробари аҳамияти амалии хосияти фавқулоддаи симоб дар ба вуҷуд овардани хул, ба пайдо шудани тасаввурот дар бораи симоб, ҳамчун «металли махсуси аввал», мусоидат кард. Алкимиёчиён, инчунин тарзи тоза кардани тиллоро бо ёрии шустан – гарм кардани маъдан ба воситаи симоб ва селитраро аз худ намуданд.

220px-Quadrat_Aristoteles.jpg 220px-Brandt-Phosphorus.jpg

«Мураббаъи бо ҳам муқобилҳо»: Робитаи / Фосфорро кашф кардани Х.Брандт

байниҳамдигарии унсурҳои кимиёвӣ

ТИТ ЛУКРЕТСИЙ КАР (солҳои 99 – 55 то милод). Аз асарҳои адабие, ки сатҳи тафаккури фалсафӣ ва донишҳои химиявиро дар Рим инъикос мекарданд, бояд пеш аз ҳама достони Тит Лукретсий Кар «Дар бораи табиати ашёҳо» (De rerum natura) -ро ном гирифт, ки мо аллакай дар мавзӯи қаблӣ дар бораи биология ӯ ва асарҳои ӯро ёдовар шудем.

Рисолаи Лукретсий «Дар бораи табиати ашёҳо» асари беҳтарину номдоре мебошад, ки муаллифи онро ҳамчун материалист ва атеисти эътиқодманд муаррифӣ намуда, аз шаш китоб иборат аст. Ду китоби аввал ба ташреҳ ва танқиди таълимоти юнонии антиқӣ дар бораи нахустасосҳо, ва ё ҳодисаи табиат, ҷисмҳо ва ғайраҳо, инчунин инъикоси таълимоти Эпикур (солҳои 341 – 270 то милод) дар шакли назми образнок бахшида шудааст.

Лукретсий ҳамчун пайрави бечуну чарои таълимоти Демокрит ва Эпикур, аз дидгоҳи консепсия дар бораи абадияти коинот сухан ронда, бар он ақида буд, ки ҳамаи ҷисму ашёҳои олам аз атомҳо иборат буда, онҳо абадианд ва нестшаванда нестанд. Дар ин асос ибрози ақидаи ӯ он буд, ки: «Аз ҳеҷ чиз бе иродаи худо ягон чизе офарида намешавад» ва давом медиҳад: «Ягон чиз қодир нест, ки аз ҳеҷ чиз пайдо шавад».

тит арасту Epikur.jpg

Лукретсий Арасту Эпикур

Лукретсий чунин мешуморид, ки моддаҳои гуногун аз рӯи шакли худ фарқ карда, ба ҳамин восита гуногунии хосиятҳои ҷисмҳоро бо ҳам мепайванданд. Ҳамин тариқ, мувофиқи ақидаи ӯ моддаҳои таъми талхдошта аз атомҳое таркиб ёфтаанд, ки дорои кунҷҳои хордори тез мебошанд. Дар достони худ Лукретсий мафҳуми юнонии «атом»-ро истифода намебарад ва шиква аз камбағалии забони лотинӣ карда, ба ҷои ин ном аз якчанд ибораи лотинӣ истифода мебарад: «ҷисмҳои нахустини ашёҳо» («corpora exordia rerum»), «оғозҳои нахустин» («primordial»), «ҷисмҳои нахустин» («corpora prima»), «тақсимнашавандаҳо» («idividua»). Ана ҳамин ибораи охирин – «тақсимнашавандаҳо» маънии «атом»-ро дода метавонад. Лукретсий барои ифодаи «атом» аз ибораҳои дигар ҳам истифода мебарад. Ҳамин тариқ, Лукретсий дар илми кимиё низ, ки он вақт аз илмҳои дигари табиатшиносӣ дар ҳолати алоҳидагӣ қарор надошт, саҳм мепгузорад.

Лукретсий гумон мекард, ки ҷисмҳо аз ҷисмчаҳои якхела иборатанд ва ё онҳо маҷмӯи ҳаргуна ҳиссачаҳо мебошанд ва қуввае вуҷуд надорад, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунад. Лукретсий атомҳои ҳамаи ҷисмҳоро дар ҳаракати доимӣ тасаввур мекунад.

ПЛИНИЙИ КАЛОНӢ (солҳои 23 – 79). Асари хеле бузург ва васеъ паҳншудаи Плинийи Калонӣ «Таърихӣ табиӣ» («Historia naturalis») мебошад. Тавре қаблан ҳам гуфта шуда буд, ин асари калонҳаҷм моҳияти энсиклопедӣ дошта, аз 37 китоб иборат аст. Дар китобҳои 33 – 37 дар бораи минералогия, маталлургия ва химия маълумот дода шудааст. Плиний дар мавриди таҳияи «Таърихи табиӣ» маълумотҳои муаллифони зиёдро истифода бурдааст, аз он ҷумла аз онҳоеро ҳам, ки то ба мо омада нарасидаанд.

Плинийи Калонӣ нисбати Лукретсий пайрави матини ақидаҳо ва таълимоти Арасту дар бораи воқеаҳои табиат ва дар бораи дар қаъри замин ба вуҷуд омадани маъдан ва минералҳо буд. Плинийи Калонӣ минералҳои зиёдро ном мебарад, аз он ҷумла ёқут, рӯҳ, хокаи табиӣ (натрон), гач оҳак ва оҳаки тафта, бур, алебастр, асбест, сиёҳхок, сангҳои қиматбаҳо, шиша ва ғайраро низ. Аз филизҳо (металлҳо) Плинийи Калонӣ дар бораи хосиятҳои тилло хеле муфассал нақл мекунад. Баъди ин дар бораи нуқра, мис, симоб, оҳан, қурғошим маълумот медиҳад. Ба Плинии Калонӣ намудҳои зиёди намак, туршиҳо (окислҳо) ва моддаҳои маъданӣ (минералӣ) маълум буданд. Плинийи Кавлонӣ инчунин моддаҳои органикиро низ номбар мекунад, аз он ҷумла нафт, мумҳои гуногун, ширеш, крахмал, қанд, мум ва баъзе рангҳои органикӣ, аз он ҷумла индиго, марҳам ва моддаҳои бӯйнокро.

Вале дар баробари далелҳои таваҷҷӯҳангез ва тавзеҳу тасвирот, Плинийи Калонӣ дар «Таърихи табиӣ» маълумоти тахайюлотие (фантастикие)-ро низ ном мебарад, ки аз ҳақиқат хеле дур буда, аз сарчашмаҳои шубҳанок гирифта шудааст. Аҷаб нест, ки Плинийи Калонӣ бо техникаи косибию химиявӣ ва металлургӣ кам шиносоӣ дошта, танҳо гирдоварандаи донишҳои энсиклопедӣ будааст. Сарфи назар аз ин, Плинийи Калонӣ дар «Таърихи табиӣ» донишҳои васеъро оид ба химия дар марҳалаи ба вуҷуд омадани Империяи Рим нишон медиҳад. Вале марҳалаи нашъунамои маданияти эллинистӣ, аз он ҷумла пешрафти натурфалсафа ва техникаи химияи косибӣ начандон дуру дароз идома дошт. Империяи бузурги Рим, ки онро зиддияту ихтилофҳо – сиёсӣ, миллӣ ва ҳудудӣ хароб мекарданд, на онқадар мустаҳкам баромад. Дар асри III аллакай варварҳо, ки аз шимол ба музофотҳои алоҳидаи Рим дар тохтутози харобиовар қарор доштанд, ба худи Рим ҳам таҳдид мекардагӣ мешаванд. Дар ин шароит дар Рим илми химия низ чун илмҳои дигар рӯ ба таназзул мениҳад.

ii.jpgПохожее изображение 11.jpg

Плинийи Калонӣ Плинийи Хурдӣ Мавҷгардони бетонӣ. Асри I милодӣ

Мутаассифона, то имрӯз илми химияи Рими Қадим хуб омӯхта нашудааст. Ба наздикӣ оид ба сатҳи пешрафти химия дар интернет зери сарлавҳаи «бетони Рими Қадим аз бетони имрӯза беҳтар аст», маълумоти аҷоиб пешниҳод гардид. Ба ин хулоса ҳайати байналмилалии муҳақиқон дар зери роҳбарии олим Пауло Монтейро аз Berkeley Lab баъди омӯзиши сирри химиявии мавҷгардони римӣ, ки 2000 сол қабл аз ин дар қаъри баҳри Миёназамин хобида буд, омадааст. Ташхиси бетони Рими Қадим нишон дод, ки он аз назари пурдоштии худ аз маркаи нисбатан боэътимоду паҳншудаи бетони муосир хубтар аст ва аз ҳама муҳимаш аз назари экологӣ низ. Дар Рими Қадим илми кимиё, бегуфтугу, аз ҳаёти воқеии давлату ҷомеаи Рим дар алоҳидагӣ вуҷуд надошт. Римиҳо натиҷаҳои таҳқиқотҳои олимони ин соҳаро дар сохтмон, касбу ҳунар ва умуман дар рӯзғори ҳаррузаи худ истифода мебурданд. Римиҳо ба воситаи чунин технология, ки онро мо мавҷгардон баён доштем, иншоотҳои соҳили баҳрро аз мавҷҳои харобиовару пурхатари баҳр муҳофизат мекарданд.

Олимон боварӣ изҳор кардаанд, ки ретсепти бетони қадимро мумкин аст имрӯз ҳам бомуваффақият истифода бурд ва он натанҳо фоидаи иқтисодӣ меорад, балки зарарро ба муҳити атроф низ кам мекунад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *