Фанни Таърих

Илму адабиёт

Забони тоҷкӣҳанӯз аз замони Ғазнавиёну Ғӯриён дар Ҳиндустон паҳн гардида, ба забони илму адаб табдил ёфта буд.

Дар давлати Салтанати Ҳинд[1], ки аз тарафи Қудбиддини Ойбек асос гузошта шуда буд, забони тоҷикӣҳам забони давлатӣва ҳам забони илму адаб буд. Адибони зиёде дар асрҳои Х1 — Х111 ва то таъсиси давлати Муғулҳои Ҳинд бо забони тоҷикӣасарҳо офариданд. Ба ин қатор метавон Масъуди Саъди Салмон (10461121), Абулфараҷи Рунӣ(вафот 1091) Амир Хусрави Деҳлавӣ(1254 – 1325), Ҳасани Деҳлавӣ(1257- 1336) ва дигаронро дохил намуд1. Марҳилаи дуюми рушди забони тоҷикӣдар Ҳиндустон ба давраи Муғулҳои Ҳинд (1526-1857) рост меояд. Ин давраро аз лиҳози маданӣдавраи дурахшонтарини Ҳиндустон ном мебаранд. Адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, махсусан дар даврони подшоҳии Бобур (1525-1530), Акбар (1556-1605), Ҷаҳонгир (1605-1627), Шоҳҷаҳон (1627–1658) хеле инишоф меёбад.

Дар дарбори Муғулҳои Ҳинд шоирону адибон ва меъморону хаттотони зиёде хизмат мекарданд, ки аз Мовароуннаҳр омада буданд. Академик Аҳрор Мухторов ду омили ба Ҳиндустон ҳиҷрат намудани равшаникрони тоҷику- форсро нишон медиҳад: 1. Вақте Шайбониён сарзамини Осиёи Миёнаро тасарруф намуданд, қисми зиёди олимону шоирон, хаттотону меъморон ба сифати гуреза ба Ҳиндустон фирор намуданд ва онҳо дар симои Бобур пушту паноҳ ёфтанд.

2. Омили дигар ин шароити мураккаби сиёсӣдар Осиёи Миёна ва таъқибу фишори равшанфикрон дар аҳди Шайбониён ва Аштархониён буд. Масалан, дар аҳди Субҳонқулихони

Аштархонӣаз сабаби таназзули ҳаёти иқтисодӣва сиёсӣва

1 Ғаффоров А. Шеъри Форсӣдар Ҳиндустон // Маориф ва мадиният 14 август 1957. – С.

3-4.

миқдри зиёди олимону шоирон ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуданд, ки дар байни онҳо 15 нафар шоирони дарбори хони Бухоро низ буданд. Инҳо Ҷалоли Китобдор, Дастури Насафӣ, Ғубор, мулло Мустафиди Балхӣ, Мунъими Бухороӣ. Мустаъиди Бухороӣ, Насим Маҳрам ва дигарон буданд[2].

Заҳируддин Муҳаммади Бобур. Дар баробари ташкили давлат дар Ҳиндустон дар аҳди Бобур ба монанди Мовароуннаҳру Хуросон забони тоҷикӣ хеле рушд мекунад. Тамоми коргузории давлативу ҷамъиятӣва дигар корҳои ҳарбӣба забони тоҷикӣсурат мегирифтанд. Махсусан, илму адаб низ бо забони тоҷикӣривоҷ меёфт. Заҳируддин Муҳаммади Бобур парастишгари забони тоҷикӣбуд. Зеро ҳам тоҷикӣва ҳам туркиро дар як вазн забони модарии худ медонист. Дар «Бобурнома»-и худ ӯ аз забони тоҷикӣфаровон истифода кардааст[3]. Дар «Бобурнома», ки муҳимтарин сарчашмаи таърихӣмаҳсуб меёбад, ҳодисоти солҳои 1494 – 1529 ҷой дода шудаанд. Ин асар дар байни солҳои 1525-1530 бо забони туркии чағатоӣнавишта шудааст. Қимати асар дар он аст, ки муаллиф воқеаҳоро ҳамчун шоҳид ба қалам додааст. Бобур дар баробари олими забардаст буданаш дар навиштани шеър низ рағбати зиёд дошт. Аз Бобур то замони мо зиёда аз 100 ғазал ва 200 рубоӣомада расидааст. Назари худро Бобур дар доираи шариати исломӣдар ашъори шеъриаш – рисолаи

«Мубайин», баён намудааст.

Илова бар ин адиби тоҷик Ғаффоров А. қайд мекунад, ки Бобур «Мобайнӣ» (ҳамон «Мубайин» З.Н.) ном асарашро, ки доир ба меъёрҳои ҳуқуқ аст, бо забони тоҷикӣнавиштааст. Дар соли 1528 Бобур асари Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки «Волидия» ном дорад, аз забони тоҷикӣба туркӣтарҷума кардааст[4].

Бобур духтаре дошт бо номи Гулбадан Бегим, ки дар

таърихи асримиёнагии Ҳиндустон ягона муаррихзан ба ҳисоб меравад. Мутаассифона асарҳои ӯ то замони мо хеле кам омада расидаанд. Бобур дар соли 1530 дар Ҳиндустон вафот намуд, ки ӯро ворисонаш дар шаҳри Агра ба хок супурданд. Вале баъди чандин сол бо хоҳиши занаш БибӣМуборакой, ки

Мақбараи Бобур дар Кобул афғон буд, қабри ӯро аз Агра ба Кобул меоранд. Айни ҳол мақбараи ӯ дар шаҳри Кобул дар ҷойи муайян ҷойгир аст.

Чи тавре дар боло қайд шуд, дар давлати муғулҳои Ҳиндустон адабиёт низ бо забони дарӣинкишоф меёфт. Ба қатори бузургтарин адибони аҳди Муғулҳои Ҳинд метавон Яъқуб Сарфии Кашмирӣ, Зебуннисо ва Мирзо Абдулкодири Бедилро дихил намуд, ки асосан бо забони тоҷикӣ эҷод кардаанд. Яъқуб Сарфии Кашмирӣаз сухансароёну донишмандони намоёни асри ХV1 аст, ки бо забонҳои тоҷикию (форсӣ) арабӣасарҳои зиёди бадеию илмӣофаридааст. Тазкиранигорони гузашта ва мунаққидони имрӯз дар тараққиёти забону адабиёти Ҳиндустон саҳми ниҳоят бузург доштани ӯро эътироф карда, ба қатори устодони мумтози назму насри форсизабони Ҳиндустон гузоштаанд.

Яъқуб мутахаллис ба Сарфӣсоли 1521 дар шҳри Сринагори Кашмир таваллуд ёфтааст. Падараш Шайх Ҳасани Ганоӣва дигар гузаштагонаш ҳама ҳама муҳаррир ва адибу донишманд буданд. Чуноне ки шоир таъкид менамояд, падараш ба таълиму тарбияи ҳамаи фарзандон аҳамияти ҷиддӣмедодааст. Ӯ хусусан ба Сарфӣ, ки фарзанди дуюм буд, барои соҳиби илму дониш гардиданаш кӯшидааст:

Падар баски мушфиқ ба ман будааст, Маро илму одоб фармудааст. Ба таълими худ бандаро кард хос, Зи ташвиши устоди мактаб халос.

Пас аз он ки Сарфӣдар назди падараш маълумоти ибтидоӣмегирад, дар ҳаштсолагӣтабъаш ба шергӯи ноил мегардад ва падараш низ ӯро ба ин кор тарғибу мададгори менамояд.

Чу дар соли ҳаштум ниҳодам кадам, Зи табъам равон гашт шеъри Аҷам. Падар кардӣислоҳ ашъори ман,

Дар он кор будӣмададгори ман.

Сарфӣинчунин аз Мулло Муҳаммад, мутахаллис ба Онӣ, ки аз адибону донишмандони вақт ба шумор мерафт ва аз шогирдони мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣбуд ва мулло Разиву Ҳофиз Басир, ки низ аз дӯстони наздики падараш буданд, илму адаб омӯхтааст[5].

Абдулҳамиди Лоҳурӣдар «Подшоҳномаи Шоҳиҷаҳонӣ» қайд мекунад, ки Сарфӣдар байни ҳамасрони худ ягона касе буд тамоми илмҳои маъмули аҳди худро касб карда ва дар андак муддат маъқулу манқулро фаро гирифт. Бинобар олими забардаст буданаш устодаш Мулло Муҳаммад ба Сарфӣлақаби «Ҷоми сонӣ»-ро дода буд.

Сарфӣпас аз омӯзишҳои тамом ба қисмате аз мамлакатҳои Машриқзамин ба сафар мебарояд. Ӯ ҳангоми сафар дар Бағдод ва Самарқанд бо донишмандони зиёде вомехӯрад. Ҳангоми сафараш ба Осиёи Миёна се моҳ дар Кӯлоб монда бо донишмандону адибони он шинос мешавад.

Ба шаҳодати сарчашмаҳои таърихиву адабӣСарфӣна фақат адибу донишманди даври худ, балки аз сиёсатдонони хуб низ будааст. Ӯ дар ҳарбу зарбе, ки ҳангоми ҳамроҳ кардани Кашмир ба империяи Муғулҳои Ҳинд ба амал омада буд, бевосита иштирок намудааст.

Соли 1587 волии Кашмир Юсуфи чак ҳамроҳи писараш асири Акбар шуданду Кашмир ба империяи Муғулҳои Ҳинд ҳамроҳ карда шуд. Минбаъд забони тоҷикӣбеш аз пеш равнақ ёфт ва Сарфӣҳам ба ҷое нарафта дар Кашмир умри боқимондаи худро гузаронида соли 1595 дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Ӯ аввалин шоире буд, ки дар ҷавоби достонҳои Низоми Ганҷавӣва пайрави забардасти ӯ – Амир Хусрави Деҳлавӣва

Абдураҳмони Ҷомӣ«Хамса» офаридааст. «Хамса»- и Сарфӣиборат аст аз достонҳои «Малак-ул-ахёр», «Вомиқу Азро», «Мағози-ун-набӣ», «Мақомоти муршид» ва «Лайливу Маҷнун»[6].

Шоир дар сурудани касида ҳам маҳорати калон доштааст. Қасидаҳои ӯ мавзӯҳои ақлоқиву тарбиявӣ, иҷтимоию сиёсӣ, ватандӯстӣва ишқу муҳаббати поки инсониро инъикос карда, аксаран дар пайравӣба Мадҳи Мир, Саидалии Ҳамадонӣ, Шайх Камолиддин Ҳусайни Хоразмӣва дигар намояндагони тасаввуф гуфта шудаанд.

Сарфӣнафакат дар назм, балки дар насри тоҷикӣ– форсӣ ва арабӣниз устод будааст. Насри ӯ бо масъалахои муҳими адабиёт, муаммо, тасаввуф, фиқҳ, тафсир, фалсафа, дин ва ғайра оид аст. Зебуннисо (1639-1702). Зебуннисо шоираи даризабони Ҳиндустон буда, бо тахаллуси Махфӣниз машҳур аст. Зебуннисо духтари шоҳ Аврангзеб (1658-1707) буд. Аврангзеб Иноятуллохон Ҳофиза Марямро, ки чун зани олимаву фозила дар Ҳинд шӯҳрат дошт, мураббии Зебуннисо таъин мекунад. Ҳофиза Марям мувофиқи супориши шоҳ Аврангзеб аввал илмҳои диниро таълим медихад ва Зебуннисо дар муддати ду солу се моҳ «Қуръон»-ро пурра ҳифз мекунад. Минбаъд чанде аз донишмандону адибони дарбор ба тарбияи Зебуннисо машғул мешаванд. Зебуннисо аз онҳо сарфу наҳви арабӣ, мантиқ, адабиёт, ва таърихро омӯхт ва дар навиштани хатҳои настаълиқ, сулс, насх моҳир гашт. Дар байни мураббиёни Зебуннисо хизмати Мулло Муҳаммадсаиди Ашрафи Мозандаронӣкалон буд. Аз рӯи сарчашмаҳои адабиву таърихӣАврангзеб аз байни фарзандони худ Зебуннисоро хеле дӯст медошт ва барои ӯ соле 400 ҳазор рупия маош таъин карда буд. Ба ғайр аз мусибати чандрӯза, ки соли 1681 Зебунисо дучори он гардида буд, дигар тамоми умри ӯ дар ҳарамсарои подшоҳӣгузаштааст. Сабаби мусибати чандрӯза да он буд, ки вақте Аврангзеб писараш Акбарро барои саркӯб кардани раҷпутҳо мефиристад, аммо ӯ бо раҷпутҳо забон як карда бар зидди падар мехезад. Ҳадафи Акбар ба ҷои падар сари ҳокимият омадан буд. Душманони Зебуннисо Аврангзебро бовар мекунонанд, ки гӯё писараш Акбар бо маслиҳати Зебуннисо чунин рафтор кардааст. Шоҳ ба ин бовар карда Зебуннисоро дар қалъаи Салимгархи Деҳлӣҳабс мекунад. Веле дере нагузашта бегуноҳии Зебуннисо исбот мешавад ва ӯ боз соҳиби сарвату маош мешавад.

Зебуннисо дар он шароити тира ҳамчун шоираи озодидӯст бар зиддӣбеадолатии ичтимоӣэътироз намуда, барои мавкеъ ва қадри зан дар ҷомеа мубориза бурдааст. Мавзӯи асосии ашъори Зебуннисо аз тасвири беҳуқуқии занон, ғаму андӯҳ ва орзую умеди онҳо дар шароити мураккаби феодалӣиборат аст.

Зебуннисо дар ҷавониаш бо писарамаки худ Сулаймоншукӯҳ номзад шуда, ба ӯ муҳаббату эҳтироми зиёд дошт. Баъди марги Сулаймоншукуҳ Зебуннисо аҳд мекунад, ки умрашро бешавҳар гузаронад. Зебуннисо «Зебунишо» ном маҷӯаи мактубҳо ва «Иродати фаҳм» ном баёзе тартиб дода будааст, ки мутаассифона то замони мо нарасидаанд.

Ба ғайр аз Зебуннисо шоираҳои дигар ба монанди Ниҳонӣва Нурҷаҳонбегим барин шоираҳои точикзабон дар Ҳиндустон умр ба сар будаанд.

Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720). Бедил[7] ҳамчун шоир, нависанда ва файласуфи бузург дар сарзамини Ҳинд чароғи илму адаби моро боз ҳам фузунтар кард, ки дар солҳои минбаъда услубу сабки ӯ ҳамчун мактаби адабӣ, мактаби пайравию эҷодкории садҳо адиб гардид. Номи шоир Абдулқодир буда, Бедил тахаллуси адабиаш ба шумор меравад.

Падару бобои Бедил аслан аз Осиёи Миёна, аз Шаҳрисабз буда ба Ҳиндустон рафта дар он ҷо манзил кардаанд. Онҳо асосан бо сипоҳигарӣва навкари машғул буданд. Бедил соли 1644 дар шаҳри Азимобод ба дунё омадааст. Бедил дар синни 10 солагиаш ба сурудани шеър шуруъ мекунад. Ӯ дар муддати 65 соли зиндагӣасарҳои зиёде ба мерос гузоштааст. Ҳаммаи асарҳои назмиву насрии Бедил дар шакли «Куллиёт» ҷамъ оварда шудаанд. Асарҳои назмии шоир 72 ҳазор байтро ташкил медиханд. Дар дохили асарҳои насрии Бедил назм низ бисёр омадааст, ки онҳо насри ӯро боз ҳам хонотару шевотар гардонидаанд. Маъмултарин асарҳои назмиаш «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Тури маърифат», «Ишорот ва ҳикоёт», «Ирфон», осори насриаш бошад, «Дебоча», «Нуқот», «Руқаъот», «Чор унсур» мебошанд.

Муҳимтарин асари насрии Бедил «Чор унсур» аст, ки онро дар давоми 21 сол иншо кардааст. Ин асар чуноне аз номаш маълум аст, фалсафист. Ӯ дар бораи рӯҳи мутлақи наботӣ, ҳайвонӣва инсонӣва муносибати онҳо бо тафсил сухан меронад.

Аксари андешаҳои фалсафии Бедил дар ин асар ҷой дода шудаанд.

Аҳамияти дигари асар дар он аст, ки хусусияти ёддоштӣдорад.

Илова бар ин дар ин давр Файзӣ(1547-1595), Абулбаракат Мунирӣ(1609-1649) барин устодони барҷастаи сухан пайдо шуданд, ки бо забони тоҷикӣасарҳои зиёде таълиф кардаанд. Агарчи давраи ҳукмронии Шоҳҷаҳон аз чиҳати шеъри тоҷикӣчандон дурахшон нест, вале бо вуҷуди он шоирони боистеъдод чун Ғании Кашмирӣ(вафот 1661), Носиралии Сарҳиндӣ(вафоташ 1697) бо забони тоҷикӣдурри маънӣсуфтаанд.

Аз нимаи асри ХV111 сар карда, баъзе шоирони машҳур ба воя мерасанд, ки дар баробари забони урду ба забони тоҷикӣниз асарҳои зиёд эҷод кардаанд. Гулшании Деҳлавӣ(вафот 1728), Мирзоҷони Мазҳар (вафот 1740), Мирзо Рафеъи Савдо (17131781), Мир Тақии Мир (1722-1810), Шефта (1802-1869), Озурда

(вафоташ 1865) аз ҳамин қабиланд. Мирзо Абдулғолиб (1797- 1869) бо вуҷуди он, ки устоди забардасти назму насри урду буд, ҳаргиз ба он фахр намекард, балки бо шеъри форсии худ менозид ва мегуфт:

Форсӣбин, то бубинӣнақшҳои ранг-ранг, Бизгар аз маҷмӯаи урду, ки беранги ман аст1.

Яке аз машҳуртарин хаттотони Эрон Мир Умод ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 1534 дар Қазвини Эрон ба дунё амада, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Истеъдоди баландаш сабаб шуд, ки ӯ

1

Ғаффоров А. Шеъри форсӣдар Ҳиндустон //Маориф ва мадиният, 14 август, 1957. – С.

3-4.

чандин сол дар дарбори шоҳи Эрон хизмат намуда, боиси обрӯ ва эҳтироми баланд гардад. Душманонаш Мир Умодро дар назди Шоҳ Аббос сиёҳ намуда, муносибаташро бо шоҳ вайрон мекунанд. 25-уми августи соли 1615 ӯ аз тарафи Масъудбек ном шахс кушта мешавад. Баъди марги Мир Умод хешу наздиконаш аз ғазаби Шоҳ Аббос, ки ба ӯ муносибати душманона дошт, тарсида ба Туркия ва Ҳиндустон фирор мекунанд. Хоҳарзодаи хаттот – Абдурашид, ки ҳунари хаттотиро аз Умод омӯхта буд, ба

Ҳиндустон омада, дар дарбори шоҳони Муғулҳои Ҳинд – Ҷаҳонгир ва Шоҳҷахон ба сифати хаттот хизмат мекунад[8].

Абдурашид дар ҳузури Шоҳҷаҳон ба устодии шоҳзодагон Дорушукуҳ ва Аврангзеб сарфароз мегардад.

Имрӯз аксари адибони тоҷик, ки дар аҳди Муғулҳои Ҳинд ҳаёт ба сар будаанд дар адабиёти мо маълум нестанд. Моҳими Ҳиравӣдар тазкираи худ, қайд мекунад, ки дар дарбори шоҳони Ҳинд 274 адибон ва олимон ҷамъ омадаанд, ки қисми онҳо аз Бухоро, Самарқанд, Ҳисор ва Бадахшон мебошанд. Шайх Абулфазл ибни Муборак бошад, дар асари худ «Оинаи Акбарӣ» танҳо дар замони Акбар 60 нафар шоирони тоҷикзабонро ном бурдааст[9].

Аз рӯи маълумоти академик А. Мухторов (марҳум) танҳо дар осорхонаи Солорҷанг 4 ҳазор дастхат ва дар китобхнаи Университети Усмонияи Ҳайдаробод бошад, 1500 адад китобҳои қаламӣбо забони тоҷикӣ– форсӣмаҳфузанд[10].

Дар ин китобхонаҳо осори Амир Орифи Хатлонӣ, Хоҷа Абӯтуроби Кӯлобӣ, Мавлоно Хароби Кӯлобӣ, Муниси Бухороӣ, Мавлоно Фонии Бухороӣ, Шоҳмуҳаммад Мискини Бухороӣва дигар адибони тоҷик нигоҳ дошта мешаванд.

Мутаассифона ҳаёт ва эҷодиёти адибони тоҷиктабори Ҳинд, ки дар асрҳои ХV1- Х1Х ҳаёт ба сар бурдаанд, ба таври зарури омӯхта нашудааст ва тадқиқоти муфассалро талаб мекунад.

Бинокорӣва меъморӣ

Аввалин масҷиду мақбараҳо дар Ҳиндустон дар асри Х11Х111 дар аҳди Ғазнавиён ва Ғуриён сохта шуданд. Дар аҳди Муғулҳои Ҳинд (1526–1857) ин анъана идома дода шуд. Дар ёдгориҳои меъмории ин давра омехта шудани маданияти Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон бараъло намоён аст. Баъзе аз манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки аввалин боғу бӯстонсаройҳо дар Ҳиндустон маҳз дар аҳди Муғулҳои Ҳинд сохта шудаанд. Дар Ҳиндустон имрӯз садҳо масҷиду мақбара ва қасру бӯстонсаройҳое мавҷуданд, ки аз замони Муғулҳои Ҳинд ба мерос мондаанд.

Баъди ташкили давлати Муғулҳои Ҳинд ҳазорҳо нафар наздикону хешовандони Бобур аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон омаданд, ки дар баробари онҳо шоирон, олимон ва хаттотони тоҷик низ кам набуданд. Муҳоҷирон на танҳо ҳаёти осоишта, инчунин мансабҳои баланди давлатиро низ соҳиб шуданд. Яке аз ҳамин гуна шахсон Хон Юсуфоғо аз Ҳисори Шодмон буд. Ӯ дар Маҳам ном маҳали Ҳиндустон барои абади гардонидани номи худ масҷиде бино мекунад, ки сохтмони он 8уми ноябри соли 1529 ба охир мерасад.

Дар девори масҷид бо санги мармар чунин навиштаҷот мавҷуд аст: «Дар аҳди ҳазрати давлати шоҳаншоҳи олампаноҳ Заҳируддин Муҳаммади Бобури ғози подшоҳ, халадуллоҳу мулкаҳу ва султона, бандаи даргоҳи самадӣал фақири хақир Хон

Юсуфоғо ибни Шайх Юсуф, сокини Ҳисори Шодмон, ба тавфиқи Оллоҳтаъоло тавфиқ ёфта, масҷид дар касабаи Маҳан рост кунонид…»[11].

Он нафароне, ки дорои ҳеҷ касб набуданд ба сифати афсар ба Бобур хизмат мекарданд. Сабаб дар он буд, ки Бобур ба мардуми маҳаллӣ

(ҳиндуҳо) бовар намекард ва онҳоро ба сафи қушунҳои худ намегирифт[12].

Ёдгории дигар ин мақбараи

Мақбараи Гол Гумбаз (1656-1660)[13] Шершоҳи Сурӣ(1472 -1545) мебошад, ки дар наздикии шаҳри шудааст.

Патна (шаҳр дар Шимоли Ҳиндустон) ҷойгир аст. Дар наздикии

мақбара кӯли сунъи сохта шуда буд, ки ба он ҳусни тоза мебахшид. Мақбараро бо кӯл пуле пайванд мекунад, ки шакли хеле зебое дошт. Дар атрофи мақбара 4 манораи чоҳоркунча сохта шудааст, ки аз санъати баланди меъморон далолат мекунад. Дар умум мақбара шакли қасрро дорад.

Макбараи Ҳумоюн Ба монанди мақбараи Шершоҳ инчуни макбараи Одилшоҳ – «Гул Гумбаз» сохта шудааст. Фарқияти ин макбараҳо дар он аст, ки «Гул Гумбаз» масофаи хеле калонро дар бар гирифта хеле бузург аст. Баландии манораҳои мақбара ба 60 метр мерасад.

Макбараи Гул Гумбаз ба кушк кам шабоҳат дорад он кулчақандеро мемонад, ки болояш бо шириниҳо гулкорӣшудааст. Чунин мақбараҳо дар Ҳиндустон хеле кам сохта шудаанд.

Дар аҳди Муғулҳои Ҳинд барои сохтмони қасру бӯстонсарой ва масҷиду мақбараҳо меъморону устоҳои чирадаст аз гӯшаҳои гуногуни саёра ба монанди Италия, Фаронса, Англия, Озорбойҷон, Туркия ва шаҳрҳои Самарқаду Бухоро даъват мешуданд. Маҳз ба ҳамин хотир қасру мақбараҳо дар аҳди мугулҳои Ҳинд сохта ғайриоддӣва хеле диққатҷалбкунанда мебошанд.

Яке аз чунин мақбараҳо мақбараи Ҳумоюн (1508-1556) мебошад. Он дар маркази Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣҷойгир аст. Сохти он хеле мураккаб буда, ба Тоҷмаҳал шабоҳат дорад. Дар аҳди Муғулхои Ҳинд дар сохтмони мақбараҳо асосан аз мармари сафед истифода мекарданд, ки мақбараи Ҳумоюн низ аз ин истисно набуд. Мармари сафед ба мақбара хеле мувофиқ омада ба он зебоии хоса бахшидааст.

Боядхотирасон намоем, ки мақбараи Ҳумоюн дар пайравӣ

ба мақбараи Гури Мири

Самарқанд сохта шудааст. Ҳатто дар сарчашмаҳо омадааст, ки меъморони он аз Бухоро даъват шудаанд. Имрӯзҳо ин макон ҷойи сайру гашт ва истироҳату фароғати ҳазорҳо сайёҳону меҳмонон гардидааст.

Дар замони Акбар ва

Мақбараи Акбар (1613) Ҳумоюн як қатор масҷиду мақбара ва қасрҳо дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Ҳиндустон сохта мешаванд, кимаъмултарини онҳомақбараҳои Акбар, Имод-уддавла ва Тоҷмаҳал мебошанд.

Мақбараи Имод-уд-давларо Тоҷмаҳали хурд низ ном мебаранд.Баъзе муаррихони дигар бошанд, таъкид мекунанд, ки Тоҷмаҳал дар пайравӣба он сохта шудааст. Илова бар ин, миёни макбараи Имод-уд-давла ва Тоҷмаҳал робитаи таърихӣвуҷуд дорад. Мақбара аз тарафи малика Нурҷаҳон сохта Нурҷаҳон ва Арҷумандбону (Мумтозмаҳал) аз болои шавҳарони

худ таъсири калон дошта, ба корҳои давлатӣниз сару кор доштанд. мақбараи Имод-уд-давла дар маркази боғӣтоҷики (форсӣ)-и Чаҳорбаҳра, ки дар шахри Агра сохта шудааст, ҷойгир аст.

Нурҷаҳон ин мақбараро ба

эҳтироми падараш, ки тоҷиктабор

Мақбараи Имод-уд-давла буд, сохтааст. Он лақаби «Сутуни давлат» ё ба ибораи арабӣИмод-уд- давларо дошта дар дарбори шоҳ Акбар ва Ҷаҳонгир хизмат кардааст[14].

Ёдгории дигари аҳди Муғулҳои Ҳинд Қасри Сурх мебошад, ки бо супориши Шоҳҷаҳон сохта шудааст ва дар солҳои минбаъда бо номи Шоҳҷҳонобод машҳур гардид.

То воридшавии мустамликадорони англис Қасри Сурх маркази шаҳр буд. Баъдтар англисҳо шаҳри Деҳлии навро бунёд мекунанд, ки онро ба маркази худ қарор доданд. Қасри сурх хамчун рамзи Ҳиндустони муосир маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин ҷо соли 1947 истиқлолият и Ҳиндустон эълон гардид.

Дар девори ин қаср бо забони тоҷикӣчунин навиштаҷоте аст:

Агар фирдавс дар рӯи замин аст, Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст[15].

Ёдгории дигари ин давра Тоҷмаҳал мебошад. Тоҷмаҳал ёдгории таърихии нотакрор ба шумор меравад.

Сохтмони ин иншооти бузург ба Шоҳҷаҳон алоқамандӣ

дорад. Ӯ дар синни 19-солагӣАрҷуманд Бону (Мумтоз)-ро ба занӣмегирад. Онҳо ҳамсол буданд ва ба зудӣба ҳам унс гирифтанд. Муҳаббати онҳо самимӣбуд. Арҷуманд Бону бо вуҷуди зани дуюм буданаш дар дарбор зуд шӯҳрат ёфт[16].

Арҷуманд Бонӯ зани зебо ва солиҳа буд.

Аз ин рӯ ӯро Мумтози маҳал низ ном Арҷуманд Бону мебурданд. Ҳамагон медонистанд, ки вай зани дӯстдоштатарини Шоҳҷаҳон аст. Шоҳҷаҳон ҳангоми сайру гашт, сафарҳо ва ҳатто лашкаркашиҳои худ Арҷуманд Бонуро ҳамроҳи худ мебурд ва аз ӯ маслиҳат мепурсид. Баъди марги падараш Ҷаҳонгир империяи Муғулҳои Ҳинд нишаст. Аз зиндагии 18-солаи якҷоя онҳо соҳиби 13 фарзанд шуданд. Соли 1629 дар синни 36 солагӣАрҷуманд Бону фарзанди 14-умашро ба дунё меорад, аммо тақдир ӯро аз зиндагӣҷудо кард. Ин фоҷиаи ногаҳонӣзиндагии Шоҳҷаҳонро комилан дигар кард. Маҳз ҳамин ишқи пок боиси сохтмони Тоҷмаҳал гардид.

Расми 5. Тоҷмаҳал

Шоҳҷаҳон фармуд дар соҳили дарёи Агра дар ҷои хушманзара қасре бино намоянд, ки ифодагари тамоми мӯъҷизоти ишқи пок бошад. Меъморону бинокорони зиёд лоиҳаҳои гуногунро пешниҳод намуданд. Вале барои шоҳ лоиҳаи усто Исои тоҷиктабор маъқул афтод. Аз рӯи баъзе аз сарчашмаҳо ӯ низ аз сӯзиши ғами маъшуқаи худ, ки аз олам гузашта буд, тарҳи ин лоиҳаро кашида будааст. Дар бинои ин муҷтамаъи нотакрор меъморону устоҳои черадаст Остин де Бардои фаронсавӣ, Веренои Итолиёӣ, устоҳо аз Смарқанд, Бухоро, Сурия, Димишқ, Балаҷистон ва Бағдод даъват шуда буданд. Нақшаи бунёди гулгашту атрофи муҷтамаъ ба зиммаи АлӣМардон вогузор шуд. Дар 22 соли сохтмони Тоҷмаҳал 32 миллион рупия сарф шуда, 20 ҳазор меъморону устоҳо заҳмат кашидаанд. Сохтмони пурраи Тоҷмаҳал соли 1953 ба итмом мерасад[17].

Бино дар рӯ ба рӯи дарёи Агра дорои 5 гумбази 74 метра 4 манораи 45 метра ҷойгир аст. Деворҳоро аз мармари сафеди Ҷайпур сохта, рӯи онҳо бо сангҳои қиматбаҳои зумурад, ақиқ, қаҳрабо ва бо сураҳои Қуръон бо хати куфӣҳотамкорӣшудааст. Пас аз анҷоми ин қасри бошукӯҳ Шоҳҷаҳон мехост дар соҳили дигари дарёи Агра, дар рӯ ба рӯи Тоҷмаҳал қасре бунёд намояд, ки аз мармари сиёҳ ва сангҳои қиматбаҳо бино ёфта бошад ва ба воситаи пул онро бо Тоҷмаҳал пайванд намояд.

Аммо дар ин давра ҷангу хархашаҳои дарборӣболо рафта, ба ҷои Шоҳҷаҳон писараш Аврангзеб сари ҳокимият омад. Ӯ падарашро ҳабс намуд. Ҳамин тавр, нақшаи дуюми Шоҳҷаҳон амалӣнагашт. Аврангзеб дар солҳои охири умраш Шоҳҷаҳонро аз ҳабс озод намуд, аммо дере нагузашта, соли 1666 ӯ вафот кард. Ҷасади ӯро дар паҳлӯи Арҷуманд Бону мегӯронанд2.

Муддати зиёда аз 200 сол Ҳиндустон зери мустамликаи англисҳо қарор дошт. Дар натиҷа чандин ёдгориҳо ваёрон карда шуда, санг, тилло ва дигар чизҳои қимматбаҳои онҳо ғанимат гирифта шуда, ба Англия фиристода мешуданд. Аммо ин ёдгории нотакрор, ки бо сабку услуби меъмории ҳиндутоҷикона бунёд ёфтааст, истилогаронро ба ваҷд овард ва шояд ҳамин сабаб шуду ба он осебе нарасониданд. Имрӯзҳо ҳазорҳо меҳмонону сайёҳон Тоҷмаҳалро, ки ҳамчун рамзи муҳаббати пок, дӯстиву рафоқат шинохта шудааст, зиёрат мекунанд, аммо касе намедонад, ки ин муҷтамаъи бемисл маҳсули эҷоди тоҷикон аст.

  1. Асосгузори давлат Ќудбиддини Ойбек аз вилояти Ѓўр буд.

  2. Мухторов А. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Њиндустон. – Душанбе «Инфон», 1984. – С. 13.

  3. Ќаландарзода Додоҷон, Бобур ва мардуми кўҳистон // Сомон, 12 март, 1992. – С. 7.

  4. Ќаландарзода Додоҷон, Бобур ва мардуми кўҳистон // Сомон, 12 март, 1992. – С. 7.

  5. Ѓаффоров А. Мухтасар доир ба ҳаѐти сиѐсии охирҳои асри ХV111 ва асри Х1Х-и Њиндустон // Ученый записки ЛГПИ имени С. М. Кирова, вып. ХV, серия Обшественные и филологические науки. – Ленинабад, 1962. – С. 68-72.

  6. Ѓаффоров А. Мухтасар доир ба ҳаѐти сиѐсии охирҳои асри ХV111 ва асри Х1Х-и Њиндустон // Ученый записки ЛГПИ имени С. М. Кирова, вып. ХV, серия Обшественные и филологические науки. – Ленинабад, 1962. – С. 68-72.

  7. Маънои Бедил дилдода, дилбохта, ошиқ ба зиндагӣ ба инсонҳо ва ниҳоят ба Худои муттаол аст.

  8. Мухторов А. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Њиндустон. – Душанбе «Инфон», 1984. – С. 17-19.

  9. Мухторов А. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Њиндустон. – Душанбе «Инфон», 1984. – С. 13.

  10. Њамон ҷо

  11. Мухторов А. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Њиндустон. – Душанбе «Инфон», 1984. – С. 7.

  12. Њамон ҷо

  13. www.Vokrugsveta.ru/2014

  14. www.vrata11.ru/2014

  15. Тоҷикистон – № 1, 1961. – С.20.

  16. История строителство Таджмахала. www. migranov. ru/ 2014

  17. Аз рўи баъзе маълумотҳои дигар дар соли 1658 сохтмони Тоҷмахал ба охир расидааст. 2 www.migranov.ru /2014

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *