Фанни Таърих

Империяи рим дар аҳди Тиберий

АСЛУ НАСАБИ ТИБЕРИЙ. Ҷойгири Октавиан Август Тиберий (солҳои ҳаёт: соли 42 то милод – 37 милодӣ) (солҳои ҳукмронӣ: 14 то милод – 37 милодӣ) буда, писари ҳамсари Август Ливия аз никоҳи аввал бо Клавдий Нерон мебошад. Аз афти кор, ӯ барои принсепс меросхури муроди дил набуд, вале марги барвақтаи ҳамаи довталабонро ба тахту тоҷ – ҷияни Август Марселла, дӯсти ӯ Агриппа, писарони Агриппа ва Юлия (духтари Август аз Скрибонияи никоҳи дуюми ҳамсараш) Гай ва Лутсий, писари хурдии Ливия ва Друз – ӯро маҷбур сохтанд, ки меросхӯри худ номзадии писарандари калониро нишон диҳад.

Агриппа Клавдий Нерон tib036 Germanicus

Марк Агриппа Клавдий Нерон Император Тиберий Германик

Ҳокимиятро ба шахси берун аз оила дода, Октавиан Август эҳтимол аз ин ҷиҳат чун италиягии матин рафтор карда, намехост, ки меросхурро берун аз оилаи худ таъйин намояд. Барои ҳамин соли 4 милодӣ Август Тиберийро писар хонд, ки ин вақт ӯ аллакай аз 40-солагӣ гузашта буд (Тиберий Клавдий Нерон, императори оянда тавре қайд карда шуд, соли 42 то милод таваллуд шудааст). Бо ҳамин Октавиан Август аҳамияти сиёсии доиршавии аҳду паймони мазкурро таъкид менамояд.

ИВАЗШАВИИ ҲОКИМИЯТ ДАР ИМПЕРИЯ. Даҳ соли охир принсипиати Октавиан Август дар зери нишонаи идораи якҷоя бо Тиберий гузашт, тавре, ки ин корро Август ҳам аз сар гузаронида буд. Ҳамин тариқ, Тиберий принсипатро қабул менамояд. Ба Тиберий ҳокимияти трибун ва империяи олӣ муҳимтарин салоҳияти ҳокимияти императорӣ дода мешавад. Инчунин ӯ ба амалиётҳои ҳарбии артишҳои калонтарини Рим дар Дунай ва Рейн шахсан роҳбарӣ мекард, ки ин дараҷаи баланди боварии принсепсро нисбати ӯ нишон медиҳад. Соли 13 милодӣ Октавиан Август ва Тиберий дар якҷоягӣ сензи навбатии Сенатро доир гардонида, рӯйхати онро тартиб доданд. Дар ин рӯйхат номи Тиберий низ буд, эҳтимол барои он, ки баъди вафоти Октавиан Август бе ягон хел монеа ва шарт Тиберий ба сарвари Сенат (princeps cenatus) мубаддал гардад (соли 14 маҳз воқеан ҳамин тавр ҳам шуд).

Сарфи назар аз ин, барои он ки мартабаи нави Тиберий ба сифати ҳокими ягонаи давлат ва хонадони Сезарҳо то ҳолати ниҳоӣ асоснок карда шавад, қарори Сенат зарур буд. Масъала дар бораи ҳокимиятро ба муҳокимаи сенаторҳо гузошта, Тиберий ба таври ҳаққонӣ мисли Октавиан Август рафтор кард, чунки барои Октавиан Август ҳам Сенат сарчашмаи асосии ваколатҳои ҳокимият буд. Ба принсепси нав ваколатҳои ҳокимиятро дода, Сенат баҷооварии эҳтироми императори даргузашта ғамхорӣ карданро фаромӯш накарда, ӯро ба қатори худоҳо гузошт. Ин иқдом аз дидгоҳи таҳкими ҳокимияти Тиберий муҳим буд, зеро акнун чун Август ӯ писари худованд мешвад. Шаъну шарафхонӣ нисбати Ливия, ки ӯро Август духтархонд васият карда буд, бештари онҳо ҳамчун аз ҳад зиёд беасос аз тарафи Тиберий бекор карда мешавад.

ШӮРИШИ ЛЕГИОНҲОИ ГЕРМАНӢ ВА ПАНИОНӢ. Дар ҳамон соли 14 сарбозони легионҳои германӣ ва панонӣ даст ба исён зада, ба баландшавии моҳона ва кам кардани мӯҳлати хизмат муваффақ шуданд. Шӯриш махсусан дар самти Олмон хатари бештар пайдо намуд. Дар ин ҷо легионҳо мустақар гардонда шуда, ба талабот оид ба касбияти хизматиашон маҳдуд нашуда, ҷидду ҷаҳд ба он карданд, ки номзад ба тахту тоҷи Рим сарфармондеҳи худ – Германикаро пешниҳод намоянд. Тиберий пешниҳоди сарбозонро ба ҳокимияти императорӣ бо қаҳру ғазаби том рад мекунад ва баҳри хомӯш кардани исён шахсан тадбир меандешад.

470x310_Quality99_91fb9c982cba7d23d2aae977de27508a загружено

Шӯриши легионерҳо Лутсий Элий Сеян

Тиберий маҷбур шуд гузашт карда, талаботи шӯришчиёнро дар бобати баланд бардоштани маош ва кам кардани мӯҳлати хизмати сарбозон қонеъ гардонад. Маблағҳои пулиие (donativum), ки артиш рад карда буд, мувофиқи амри Август ду баробар зиёд карда шуд. Бояд зикр кард, ин гузашткуниҳо дер давом накарданд. Тиберий онҳоро паиҳам ва бо тезӣ бекор мекунад, аз он ҷумла, ду маротиба зиёд кардани маоши сарбозонро низ. Минбаъд император ба легионерҳо ягон хел туҳфа намекард.

ТИБЕРИЙ ВА «ҲИЗБИ ГЕРМАНИКА». Ҳукумати дарозмуддати беш аз бистсолаи Тиберийи бе Октавиан Август бояд принсипати ба Октавиан Август баробарвазн мешуд, вале дар ин роҳ мушкилиҳои субъективӣ хеле барвақт оғоз ёфтанд. Яке аз онҳо бо ихтилофҳо дар дохили сулола (фамилия), аниқтараш, мавҷудияти ду меросхури амиқ – Германик ва Друз, писари ҳамтании Тиберий, сахт алоқаманд буд. Мушкилии дигар муносибати император ба ҷомеаи Рим мебошад. ки он барои Тиберий аз худи аввали ҳукмрониаш наонқадар хуб сурат мегирифт. Ба тахту тоҷ соҳибшавии ӯ бе овозаю дарвоза нагузашт. Гӯё, ки марги Октавиан Август табиӣ набудааст: ҳокими ҳафтоду ҳафтсола, ки бо саломатии оҳанин аз дигарон фарқ намекард, барои ҳамин вафот кардани ӯ гӯё кӯмаки касе аз берун лозим будааст. Наметавон гуфт, ки Тиберий махсусан дар солҳои аввали ҳукумати худ баҳри шикастани муносибати манфии ҷомеа нисбати худ коре накарда бошад, вале он коре ки ӯ карда буд, кифоя набудааст.

Муносибатҳои тезутунд дар байни Тиберий ва «Ҳизби Германика» ҳангоми сафари хидматии охирин ба Шарқ, барои бартараф намудани бӯҳрони навбатӣ дар байни Рим ва Порт, бараъло ошкор гардиданд. Дар байни Германика ва ҷонишини ӯ – легети (яъне ноиби) Сурия — Гней Калпурин Пизон, ки ба «ҳизби принсепс» мансуб буд, низоъ ба миён омад, ки эҳтимол дар натиҷаи фарқияти фаҳмиши сиёсат дар Шарқ ба амал омада бошад. Германика дар ин замон ғайричашмдошт бемор мешавад ва ба Пизон мефармояд, ки Сурияро тарк кунад. Ин амрро иҷро карда, ӯ дар лаҳзаи охирин намоиши гражданҳои Антиохияро пароканда кард. Вале 10 октябри соли 19 Германика вафот мекунад, гӯё ки ӯро Пизон ва ҳамсари ӯ Плансик заҳр дода кушта бошанд. Ҳамин тариқ, дар соли оянда дар Рим аз болои Пизон ва ҳамсари ӯ Плансик мурофиаи судӣ баргузор гардид. Ғайри аз заҳрдиҳӣ ба гардани Пизон гуноҳи итоат накардан ба сардор, дасткашии тарккунӣ аз музофот ва кушиши ба даст овардани он тавассути қувва бор карда шуд. Гунаҳгоркунӣ ба заҳрдиҳӣ исбот карда нашуд, вале дар кирдорҳои дигар тарафи ҳимоя қудрат надошт, ки ба далелҳои гунаҳгоркунандагон далелҳои даркорӣ пешниҳод карда тавонад. Пизон то ба иҷро расонидани ҳукми суд худкушӣ мекунад.

Нақши сарвари ҷонибдорони собиқи Германикаро ҳамсари набераи Октавиан Август Агриппинаи Калонӣ мегирад. Фаҳмост, ки ӯ ба ҳокимият даъво карда наметавонист ва ба манфиати писаронаш–Нерон, Друз ва Гай (императори оянда Калигула) амал мекунад. Вазъияти хонадони Германика махсусан баъди он ки соли 21 писари ҳамтании Друз вафот мекунад, мустаҳкам мешавад. Аз Друз ба Тиберий наберааш Гемелл боқӣ монд, вале писарони Германика, ки низ писарони принсепс ба ҳисоб мерафтанд, синашон калонтар буд. Бинобар ин, ба мақоми меросхӯрон беҳтар рост меомаданд.

Дар ин лаҳза ба муборизаи гурӯҳбанди дарборӣ барои ҳокимият ва нуфуз одаме дахолат мекунад, ки мехост вазъиятро ба манфиатҳои худ истифода барад. Ин шахс қумандони преторианиҳо, дӯсти Тиберий — Лутсий Элий Сеян буда, Тибериқ бечуну чаро нисбати ӯ эътимод дошт. Дӯстии онҳо ҳанӯз дар замони Октавиан Август оғоз ёфта буд, замоне ки Тиберий маҷбур буд дар ҷазираи юнонии Родос дар бадарғагӣ қарор дошта бошад. Ба сари ҳокимият омада, Тиберий Сеянро префекти преторианӣ таъин карда, ба ӯ ҳифозати худро бовар кард. Мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо маҳз Сеян Тиберийро бовар мекунонад. ки масъалаҳои сулолавиро ба воситаи қувва ҳал намояд. Ҳамин тариқ, тақдири оилаи Германка ба таври ошкоро ҳал карда мешавад. Солҳои 29 – 30 Агриппа ва писарони калонии ӯ Нерон ва Друзро ба бадарға фиристонид. Баъди чор сол ягон нафари онҳо зинда намонд. Танҳо писари хурдии Германика — Агриппа ҷон ба саломат бурд. Гай бо ҳамроҳии Тиберий дар мулки ӯ воқеъ дар ҷазираи Кипр зиндагӣ мекард ва император соли 26 аз он ҷо ба Рим бармегардад.

СЕЯН ВА ИСТИФОДАИ ҚОНУН ДУР БОРАИ ТАҲҚИРИ БУЗУРГӢ. Оилаи Германикаро маҳв сохта, Сеян ба манфиатҳои худаш низ амал мекард: вазъияти сарбастаи сулолавӣ умеди ӯро барои ғасб кардани ҳокимят афзун менамуд. Вале ин умеди ӯ муваффақият пайдо намекунал. 18 октябри соли 31 Сеян аз вазифааш сабукдуш мегардад ва ҳангоми доиргардии маҷлиси Сенат ба ҳабс гирифта шуда, худи ҳамон рӯз ба қатл расонида мешавад. Баъди ин нест кардани тамоми оилаи Сеян ва мурофиаҳои сершумори додгоҳии зидди онҳое сурат гирифтанд, ки шарикони префекти қатлшуда буданд.

Таъқиби шарикони Сеян, ҳақиқӣ ва бофта, дар асоси қонун оид ба таҳқири шахсони бузург ( Iex kacsic majestatus) сурат мегирифт. Чунин қонунҳои нахустин дар замони Ҷумҳурӣ пайдо шуда буданд, вале дар баробари барпо намудани принсипат ин қонунҳо сифати нав пайдо намуданд. Ғайр аз хиёнати мазкури давлатӣ ҳар гуна зуҳуроти бесадоқатӣ, гуфторҳои танқидкорона ба суроғаи принсепст дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ баёнёфта ва ғайра ба пердмети амали ҳамин қонунҳо дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, аз он ҷумла, соли 25 таърихнигор Кремутсий Корд ба ҷавобгарии додгоҳӣ кашида мешавад. Гуноҳи ин олим дар он зуҳур ёфта будааст, ки Корд дар рисолаи худ дар бораи Юлий Сезар бе шаъну шарафи барои замон хос ва ба қотилони ӯ Брут ва Кассий баҳои мусбат додааст. Бо сабаби он, ки аз тарафи додхоҳ маҳкумшавӣ ногузир буд, Корд худкушӣ мекунад. Дар мурофиа ба сифати айбдоркунанда клиентҳои Сеян баромад мекунанд. Ин амал дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки мурофиаи додгоҳии зидди Корд дар идораҳои олитарини ҳокимият таҳия гардида буд. Агар Тиберий дар тайёр кардани ин мурофиа бевосита иштирок накарда бошад ҳам, аз амалҳои Сеян бохабар буд ва ӯро дастгирӣ ҳам мекард. Ин, дар навбати худ, имконият медиҳад, ки ба мурофиаи Корд ҳамчун акси садои танқиди режими принсипат ҳисобида шавад, ки дар замони салтанати дуру дарози Октавиан Август таҳким ёфта, бар зидди озодии баён поход ташкил намуда, бо ҳамин симои ҳақиқии худро нишон медиҳад.

ВАЗЪИЯТ ДАР МУЗОФОТҲО ВА СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. Вақте ки дар пойтахт воқеаҳои фоҷеабори дар боло баёнёфта сурат мегирифтанд, ҳаёт дар музофотҳо ба ҳоли худ сурат мегирифт. Вазъият дар онҳо дар тули тамоми салтанати Тиберий, дар маҷмӯъ, ором ба назар мерасид. Танҳо баъзан оромии Империя бо даргирии норозигии музофотиҳо вайрон карда мешуд, аз қабили шӯриши соли 21 ё таҳдид аз берун. Масалан, солҳои 34 – 36 дар муносибатҳои байни Порт ва Рим бӯҳрони ҳарбӣ сар зад. Римиҳо кушиш ба харҷ медоданд, ки таъсири худро дар ин минтақаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими ҷаҳон мустаҳкам намоянд. Ба Тиберий муяссар шуд. ки дар Арманистон таъсири Римро таъмин намуда, ба тахти подшоҳии он намояндаи яке аз сулолаҳои ба Рим вобастаи шарқиро шинонад, вале бозӣ дар атрофи тоҷу тахти Порт бенатиҷа анҷом меёбад. Порт мисли пештара дар муқобили Рим дар Шарқ қувваи бузургтарин буд.

Дар Ғарб дар оғози ҳукумати Тиберий (солҳои 14 – 16) баҳри оғози лашкаркашӣ ба Олмон кушише ба харҷ дода шуд. Ташаббускори ин лашкаркашӣ Германика буда, ин вақт дар Рейн қарор дошт. Ба ӯ муяссар шуд, ки баъзе муваффақиятҳо дошта бошад ва бе ягон муҳобот дар бораи аҳамияти он ба Рим нома менависад, ки баҳри пурра тобеъ кардани қабилаҳои германӣ ба ӯ як маъракаи ҷангӣ кифоя аст. Вале Тиберий қарори дигар қабул мекунад. Ҷиянашро ба пойтахт даъват карда, бо триумф мукофотонид ва саросемавор ба ҷониби Шарқ раҳсипормешавад. Гарчанде дар амалҳои император баъзан бар зидди Германика мақсади бадхоҳиро мебинанд, шояд ҳама чиз дар фаҳмиши гуногуни ҷараёни воқеаҳо, мақсадҳои сиёсати хориҷии Рим ва баҳои гуногун додани ӯ ба имкониятҳои давлати Рим ниҳон бошад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *