Халқи тоҷик дар асрҳои Х1 — Х11. Ғазнавиҳо, Салҷуқиҳо, Хоразмшоҳиҳо
Нақшаи кор:
- Халқи тоҷик дар асрҳои Х1 — Х11.
- Халқи тоҷик дар ҳайати Қарахониҳо.
- Халқи тоҷик дар ҳайати Ғазнавиҳо.
- Халқи тоҷик дар ҳайати Салҷуқиҳо.
- Халқи тоҷик дар асрҳои Х1 — Х11 Дар охири асри X давлати марказиятноки феодалии Сомониён дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиёни чорводору саҳронишини турк, хиёнати горди туркии дарбор, ҷангу ҷидолҳои ҳокимияти марказӣ бо ҳокимони вилоятҳо, табаддулоти дарборӣ ва бепарвофалакии амирони ишратпарасти вопасини Сомонӣ аз байн рафт. Ба ҷои он ҳукмронии қавму қабоили туркони кӯчӣ ва ғуломони туркнажоди дарбор, ки аз нигоҳи сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ асрҳо қафо монда буданд ба вуҷуд омад. Ҳудуди шукуфони Сомониро туркони Қарахонӣ, Ғазнавӣ, Салчуқӣ, Хоразмшоҳӣ, Қарохитой соҳиб шуданд. Баробари онҳо сулолаи тоҷикии ҷонсахт, далеру шуҷоъи Ғӯриён ба майдон омад. Умуман, кишвар ва мулки аҷдодии тоҷикон гирифтори чанголи туркони ғосиб гардида, парокандаву қафомонда шуд. Ин оғози давраи даҳшатбори бо роҳи зурӣ турккунонии тоҷикон буд.
- Халқи тоҷик дар ҳайати Қарахониҳо.
Туркони қарахон ва илокхон бо унвони қарахонӣ муаррифӣ мешаванд. Асоси ин салтанатро қабилаҳои туркии яғмо, чиғил ва қарлуқ ташкил медод. Давлати Қарахониҳои кӯчӣ дар асри X ба вуҷуд омада ду марказ дошт: Ҳафтрӯд ва Қошғар. Ҳудуди онҳо иборат аз ду қисм буд: Мулки хоқони олӣ бо лақаби арслан — шер соҳиби мулкҳои Шарқӣ (асосӣ), ки қароргоҳаш дар Баласоғун ва мулки дуюм- буғро — уштур — қарохон (Яғмо) қароргоҳаш дар Тароз ҷой дошт. Соҳибони мулкҳои поёниро илок ва тегин меномиданд. Соҳибони мулкҳо соҳибихтиёр буда, аз номи худ сикка мезаданд.
Асосгузори ин сулола — Сатук дар аввали асри X исломро қабул кард ва писари ӯ Мӯсо соли 960 исломро дини давлатӣ эълон намуд. Сипас, яғмогариҳои онҳо ба сӯи Сомониён сурат гирифт. Аввалин шуда, соли 992 ҳоқон Алӣ ибни Мӯсо бо сардории писари амакаш Буғрохон ал-Ҳасан бар зидди Сомониён лашкар кашида, Бухороро муҳосира кард. Бо сабаби касалӣ Буғрохон бо ғаниматҳои зиёд ба қафо баргашта, ҳамон сол фавтид. Амали шуми ӯро соли 999 наберааш Наср Элики Қарахонӣ идома дода, дар иттифоқ бо туркони ғазнавӣ давлати Сомониёнро вожгун сохт. Кӯшишҳои намояндаи охирини Сомониён Абӯ Иброҳим (Мунтасир) низ натиҷаи дилхоҳ надод ва соли 1005 давлати Сомониён ба пуррагӣ аз байн рафт.
Қарахониён соҳиби мулкҳои Мовароуннаҳр ва Ғазнавиён соҳиби Хуросон шуданд. Аммо иттифоқи туркҳо дер давом накард. Маҳмуди Ғазнавӣ (998 — 1030) давлаташро мустаҳкам карда, ба сӯи Ҳиндустон ҳуҷум кард (соли 1006). Аз ин истифода карда Насри Қарахонӣ ба сӯи Балх лашкар кашида, Ҳироту Тӯс ва Нишопурро тороҷ кард. Маҳмуд аз Ҳиндустон баргашт ва 4-уми январи соли 1008 дар Балх муҳорибаи хунини туркон рух дод. Маҳмуд пирӯз шуд. Туркони қарахонӣ рӯбоҳвор аз Хуросон гурехтанд. Бо вуҷуди он Қарахониён то ба охир дар орзӯи забти мулкҳои Ғазнавиён буданд. Умуман, ҳарду ҷониб аз яғмогариҳои туркони ҳамсоя дар хавфу хатар мезистанд.
Дар дохили хонадони Қарахонӣ низ ҳамдигарфаҳмӣ набуда, мубориза барои тоҷу тахт дар байни алавиҳо ва ҳасаниҳо доманадору хунин буд. Охири асри X наслҳои Алӣ (алавиҳо) ва Ҳасани Буғрохон (ҳасаниҳо) сернуфузтарин буданд. Дар ибтидо алавиҳо ҳоқон буданд. Дертар ҳасаниҳо бонуфузтар шуда, алавиҳоро маҳдуд сохтанд ва соҳиби Мовароуннаҳр шуданд. Вале аз солҳои 40-ум алавиҳо, ки соҳибони мулкҳои Фарғона, Узганду Хуҷанд буданд таҳти роҳнамоии Иброҳим ибни Наср боз соҳиби Мовароуннаҳр гаштанд. Пойтахти давлати Қарахониён Самарқанд буд.
Иброҳим ва ворисони ӯ Шамсулмулук ва Аҳмад бо уламои иртиҷоӣ ҳамеша дар моҷаро буда, даст ба қатлу кушторҳо мезаданд, зеро рӯҳониёну феодалони кӯчӣ зидди сиёсати давлати марказиятнок буданд.
Дар замони ворисони Иброҳим ибни Наср ҳуҷумҳои пай дар паи қарахониҳои шарқӣ (ҳасаниҳо) боз ба сӯи Мовароуннаҳр афзуданд. Баробари ин муносибати Қарахониёну Салчуқиҳо бад шуда, соли 1130 султон Санҷари салчуқӣ Самарқандро истило кард. Дертар кидониҳо (қарохитоиҳои ғайриислом) Ҳафтрӯду Баласағунро ишғол карда, ба сӯи Самарқанд рӯ оварданд.
9 сентябри соли 1141 лашкари якҷояи Қарахониён бо сардории Маҳмуд ва Салчуқиҳо бо сардории султон Санҷар дар дашти Қатвони назди Самарқанд аз қарахитоиҳо шикаст хӯрданд. Қарахитоиҳо бо гирифтани андоз қаноат карда, ҳамчун Салчуқиҳо ба ҳаёти дохилии Қарахониён дахолат надоштанд. Баъди аз майдони Қатвон гурехтани Маҳмуд ҳасаниҳо Фарғонаро соҳиб шуда, соли 1156 Самарқандро низ ба даст оварданд. Боз давлати ягонаи Қарахонӣ аз нав эҳё шуд. Ҳокимони маҳаллӣ, ки дар байни онҳо садрҳо (рӯҳониён)-и Бухоро сернуфузтарин буданд, барои қарахитоиҳо андозҳо ҷамъ карда, сарватманд мешуданд.
Садрҳо аз ҳисоби вақфу андозҳо аз косибон, тоҷирон, шаҳриён, корхона ва бозорҳои Бухоро низ бойгарӣ ба даст меоварданд. Чунин рафтор косаи сабри мардумро лабрез кард ва соли 1206 дар Бухоро шӯриш сар зад. Пешвои шӯришгарон косиб Санҷар буд. Садру ашрофони Бухоро фирор карда, аз Муҳаммад Хоразмшоҳ ёрӣ хостанд. Муҳаммад Хоразмшоҳ соли 1207 шӯришро пахш кард. Садру ашрофон ба Бухоро баргашта, тобеи Хоразмшоҳ шуданд. Санҷар дар дарёи Ому ғарқ карда шуд. Солҳои 1209 — 1210 Муҳаммад Хоразмшоҳ ба Қарахониҳои Самарқанд ёрӣ дода, Қарахитоиҳоро пеш кард ва худро «Искандари II» ва «Султон Санҷар» номид.
Ҳамин тавр, Муҳаммад Хоразмшоҳ Мовароуннаҳрро соҳиб шуд. Аҳолӣ умед дошт, ки аҳволашон беҳ мешавад. Аммо ин тавр нашуд. Соли
- дар Самарқанд шӯриш сар зад. Ҳазорон кас кушта шуданд. Аз соли
- дар Самарқанд, Фарғона, Узганд ва дигар ҷойҳо аз номи Муҳаммад Хоразмшоҳ сиккаҳо бароварда мешуд. Боқимондаи Қарахитоиҳоро пешвои кӯчиёни қабоили Найман Кучулук нест кард.
Муҳаммад Хоразмшоҳ Афғонистону Эронро истило карда, соли 1217 ба суи Бағдод — пойтахти хилофат ҳуҷум оварда шикаст хӯрд. Бо ин Муҳаммад Хоразмшоҳ обрӯ ва эътиборашро дар байни мардум, дарбор ва хилофат аз даст дод ва пояи давлатдориашро суст кард. Ҳамаи ин дар арафаи ҳуҷуми лашкари даҳшатовари Чингизхон ба сӯи Осиёи Миёна рух дода буд.
Асосгузори давлати Ғазнавиҳо ғуломи собиқи Сомониён Сабуктегин мебошад. Ӯро барои хизмат дар лашкар Сомониён харида буданд. То он вақт ӯ чӯпони қабилаи тухсӣ буд. Барои хизмат ҳамчун танхоҳ соҳиби мулки Ғазна шуд. Аз ғуломи оддӣ то сипоҳсолори сомонӣ ва ҳокими Хуросон расида, соли 997 вафот кард.
Пас аз Сабуктегин писараш Маҳмуд (998 — 1030) соҳибмулк гардид. Ӯ соли 999 ба тарафи Қарахониён гузашта, тамоми Хуросонро ишғол кард. Халифа ҳокимияти Маҳмудро эътироф кард ва ӯ аз соли 1002 сар карда Сиистон, Балуҷистон ва Панҷобро ғасб намуд. Сипас мулки Ғӯрро тобеъи худ кард (солҳои 1010 — 1011). Соли 1008 дар Балх Қарахониёнро шикаст дода, Чағониёну Хатлонро зери тасарруфи худ дароварда, гумоштагони худро аз ҳокимони маҳаллӣ — тоҷикон таъин кард. Лашкари бонизом ташкил дода, дар тӯли солҳои 1002 — 1026 ӯ ба Ҳиндустон 15 маротиба лашкар кашид. Яғмогариҳои Маҳмуд ҳамто надоштанд.
Соли 1019 қалъаи Маховони Ҳиндустонро ғасб карда, кулли мардумонашро кушт ва аз он ҷо зару зевар, сангҳои қимматбаҳо, ҷавоҳирот, 350 филҳои ҷангӣ, 57 ҳазор асиронро ғанимат овард. Ғорату тороҷгариҳо карда, соли 1017 Хоразм, соли 1024 Самарқанд, соли 1029 Райро тасарруф кард.
Маҳмуд ба ободкориҳои пойтахт — Ғазна мепардохт. Биноҳои боҳашаматро аз сангҳои қиммат, ки аз роҳҳои дур асирон кашон — кашон меоварданд оро медод. Ӯ чандин боғҳои зебо ва барҳаво дошт, ки зеботаринашон дар Балх буд. Харҷ ва нигоҳубини ин боғҳо низ бар дӯши мардуми заҳматкаш буд.
Ҳамчун қотили гузаро ӯ ҷангҳояшро зери ливои ғазовот алайҳи кофирон, яъне шиаҳо, қарматиҳо, исмоилиҳо пеш бурда, аз хилофат дастгирӣ медид. Дастгоҳи ҷосусии таъсисдодаи ӯ ҳатто аз паси аъзоёни оилааш аз ҷумла, вориси тоҷу тахт — писараш Масъуд пинҳонӣ кор ва тафтиш мебурд. Такягоҳи асосии Маҳмуд лашкари бонизоми сар то по силоҳнок (манҷанақҳо, филҳои ҷангӣ)- и аз ғуломони турку тоҷик омода сохта ташкил медод.
Дар замони Масъуд (1030 — 1041), ки дар бераҳмӣ аз падараш мегузашт, ғорати мардум дучанд зиёд шуд. Ӯ низ чун падараш бо қарахониҳо наздикӣ дошт. Вале Хоразм аз итоаташ баромад. Ҳокими Хоразм Ҳорун соли 1035 якҷоя бо Салчуқиёну Қарахониён бар зидди Ғазнавиён баромад. Вале баъди фавти Ҳорун Масъуд бо Қарахониён боз муносибатҳои дӯстона барқарор кард. Аммо соли 1035 Салчуқиҳои Хуросон зидди Масъуд шӯриш бардоштанд. Аввал Ғазнавиҳо пирӯз шуданд, лекин Салчуқиҳо шабохун зада, ғазнавиҳоро мағлуб сохтанд ва то Нишопур соҳибҳудуд шуданд.
Соли 1040 дар наздикии Дандонакон Салчуқиҳо Ғазнавиёнро пурра мағлуб карданд. Ин бисёр муҳорибаи калони хунин буд. Баъди пирӯзӣ пешвои Салчуқиҳо Туғралбек дар урдугоҳ тахти шоҳӣ зада, худро ҳокими Хуросон эълон кард. Ба Салчуқиҳо ҳокимони Марву Нишопур ёрӣ доданд. Масъудро дар роҳ бародараш Муҳаммад ба ҳалокат расонд. Писари Масъуд Мавдуд султони Ғазнавиён шуда, лашкари хубе таъсис дод ва дар иттифоқ бо Ҳиндустону Туркистон солҳои 1049 — 50 алайҳи Салчуқиҳо ба ҷанг омода шуд, вале бо сабаби касалӣ дар Ғазна аз олам гузашт. Баъд аз он Салчуқиҳо Балхро истило карданд. Дар натиҷа давлати Ғазнавиҳо заиф гашта, охири асри XI пурра аз байн рафт.
Салҷуқиҳои қабоили туркмании оғӯзҳо чун дигар ҳокимони туркӣ дар натиҷаи ҷангҳои қабилавии нимаи аввали асри XI ба арсаи муборизаи сиёсӣ омаданд. Тавре, ки арзёбӣ шуд, баъди муҳорибаи Дандонакон Туғралбек (1040 — 1063) Гургон, Табаристон, Хоразм, Озарбойҷон қисми ғарбии Эронро ғасб намуда, соли 1055 Бағдодро ишғол кард. Сипас Кирмону Форсро зери итоати худ дароварда, дар Қафқоз лашкари Римро мағлуб кард. Баъд аз ӯ бародарзодааш Алп -Арслон (1063 — 1072) Мовароуннаҳрро тасарруф карда, соли 1071 ба императори Византия Романи IV шикаст дод.
Дар замони ҳукмронии Ҷалолиддин Маликшоҳ (1072 — 1092) давлати Салҷуқӣ аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то сарҳади Чин доман паҳн кард. Аммо баъди ӯ салтанати Салҷуқиҳо рӯ ба таназзул оварда, пароканда шуд. Дар замони ҳукмронии султон Санҷар (1118 — 1157) пойтахти Салҷуқиҳо Марв — маркази савдо ва саноат шуд. Дар он масҷиду мадрасаҳо ва 10 китобхонаҳо ҷой доштанд. Худи Салҷуқиҳо, дорои фарҳанги баланд набуданд. Ҳатто Туғралбеку Алп — Арслон бесавод буданд.
Аз ин лиҳоз дар дарбори Салҷуқиён нуфузи орифони форсу тоҷик зиёд буд. Масалан, тоҷики Хуросонӣ, донишманди забардаст ва сиёсатмадори бузурги он замонҳо Абӯалӣ Ҳасан ибни Исҳоқ (Низомулмулк) дар тӯли 30 сол (1063 — 1092) вазири Алп Арслону Маликшоҳ буд. Ӯ анъанаҳои давлатдории Сомониёнро дар дарбори Салҷуқиҳо эҳё ва ҷорӣ кард.
Дар даврони ӯ хоҷагӣ, тиҷорат, ҳунар, шаҳрҳо пеш рафта, сехҳои косибон пайдо шуданд. Низомулмулк мактабҳои олии мусулмонӣ — мадрасаҳои зиёд таъсис дод. Инчунин академияҳои «Низомия»-ро дар Бағдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв ташкил кард. Давлати марказонидаро таъсис дода, баҳри ривоҷу равнақи тиҷорат мекушид. Даромади хазинаро зиёд карда, пояи давлати Салҷуқиҳоро мустаҳкам намуд. Бо ташаббуси Низомулмулк иқтидори давлат пурзӯр гардида, мавқеи Салҷуқиҳо қавӣ гардид.
Баъди воқеаҳои соли 1141 вазъи сиёсии Салҷуқиҳо рӯ ба футур ниҳода, мавқеи Хоразм боло гирифт. Ин ҳолат дар замони ҳукмронии
писари Ануштегин Қутбиддин Муҳаммад (1097 — 1127) рух дода, дар даврони салтанати писари Қутбиддин Атсиз (1127 — 1156) қавӣ гардид. Ӯ соли 1148 соҳибихтиёрии Хоразмро аз Салҷуқиҳо пурра таъмин кард. Писари Атсиз Арслон (1156 — 1172) бо қавми қарлуқҳо иттифоқ баста, барои ба даст овардани Самарқанду Хуросон кӯшид.
Ҳокими навбатии Хоразм Алоуддини Текеш (1172 — 1200) аз итоати қарахитоиҳо саркашӣ намуда, ба Мовароуннаҳр ҳамлаҳо меовард. Ӯ соли 1187 Нишопур ва соли 1193 Марвро соҳиб гашт. Текеш дар Эрон Туғрали II — ро шикаст дода, алайҳи халифа Носир (1180 -1225) омодагӣ дид. Соли 1196 хоразмиҳо аз болои хилофат ғалабаи комил ба даст оварданд. Халиф ба мардуми мусулмон ва Текеш ба лашкар такя доштанд.
Вале аҳолӣ ӯро дастгирӣ накард. Писари Текеш Муҳаммад (1200 — 1220) бо кӯмаки қарахитоиҳо Хуросон ва Ҳиротро ғасб намуда, соли 1207 аз шӯриши мардумӣ истифода карда, Бухороро ба зери итоати худ даровард. Дар асри XIII қисми аз ҳама зиёди аҳолии Хоразмро тоҷикон ташкил медоданд.