Фанни Таърих

Сабабҳои барҳамхурии империяи ғарбии Рим

АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ТАҚДИРИ ТАЪРИХИИ ИМПЕРИЯИ ҒАРБИИ РИМ. Шикасти Империяи Ғарбии Рим ба муосирон таассуроти чуқур бахшид. Бутпарастон (аз он ҷумла таърихнигор Зосим) сабабгори фоҷеае, ки ба сари Империяи Ғарби Рим омад, дар он медиданд, ки худоҳои падариро ба хотири фаромӯшӣ додаанд. Ақидаҳои бутпарастонро муаллифони масеҳӣ (Б.Августин, П.Орозий) рад карда, иброз доштанд, ки Рим барои гуноҳҳои пешини худ ҷазо гирифтааст. Дар замони нав низ масъалаи сабабҳои марги Империяи Ғарбии Рим мавзӯи баҳсу мунозира қарор мегирад. Олимони гуногун ба ҷои аввал зуҳуроти мухталифи таърихиро мегузоштанд. Аз ҷумлаи сабабҳои асосии марги Рим дар зери таъсири масеҳият аз байн рафтани рӯҳияи воқеии римӣ (Эд. Гиббон), камшавии нафъовари (прогрессивии) шумораи аҳолӣ (Н. Гартман), тезутундшавии ихтилофҳои иҷтимоӣ ва муборизаи иҷтимоӣ (Роберт фон Пелман, М.И.Ростовсев), полисҳоро фуру бурдани Империя (К.Ю.Белох), нест кардани ашрофон ва андешаҳои дигар баён гардидаанд.

Вале маълум аст, ки воқеаҳои дар Рими паҳновар фарогирифта наметавонанд бо кадом як сабаби алоҳида, ки маҷмӯи амали як қатор омилҳо мешаванд, ба миён ояд. Ба андешаи Эд.Майер агар зарурат ба ҷамъбасти баҳсу мунозира ба миён ояду ягон хел махраҷи онҳо ёфта шавад, пас метавон гуфт, ки афтидани Рим натиҷаи рӯ ба таназзул овардан ва ҳамчуун тамаддуни такрорнашаванда барҳам хурдани олами антиқӣ мебошад. Бо ҳамин як марҳалаи таърихӣ ба анҷом расида, ҷои онро марҳалаи дигар мегирад.

Дар бораи сабабҳои барҳамхурии Империяи Ғарбии Рим ақидаҳои зиёди дигар низ вуҷуд доранд. Ҳар кадоми онҳо оид ба ин масъала дар худ ҳақиқатеро ифода менамояд. Сарфи назар аз ҳамаи онҳо, барҳамхӯрии ин қисмати Империяи Рим, аз як тараф, дар натиҷаи пурзӯршавии омилҳои дохилӣ ва зарбаҳои ҳалокатовар аз тарафи варварҳо, гуннҳо ва қабилаю халқҳои дигар ва, аз тарафи дигар, дар натиҷаи бӯҳрони шадиди сохти мавҷудаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Рими Ғарбӣ ба амал омадааст.

Detalle.jpg Edward Emily Gibbon.jpg Nicolaigartman.jpg

Павел Орозий Эдуард Гиббон Николай Гартман

220px-Carl_Julius_Belloch.jpg Eduard_Meyer.jpg 8e.jpg

К.Ю.Белох Эдуард Майер М.И.Ростовсев

ИМПЕРИЯИ ШАРҚИИ РИМ. Бояд таъкид кард, ки Империяи Шарқии Рим, ки баъд номи Империяи Византияро мегирад, на танҳо сиҳату саломат боқӣ монд, балки дар замони ҳукмронии Юстиниан (527–565) нашъунамои худро аз сар гузаронид. Таърихи Империяи Шарқии Рим (Византия) то аз тарафи туркҳои усмонӣ забт карда шудани Константинопол дар соли 1453 давом кардааст. Вале бояд таъкид дошт, ки ҳар қадаре, ки вақт мегузашт, дар Византия нишонаҳои Рими антиқа камтар боқӣ монда, махсусиятҳои нави рушдро пайдо менамуд, ки бисёрии онҳо хоси асрҳои миёна буданд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки қисме аз муҳаққиқон ва донишмандон таърихи Византияро ҳамчун як қисми таърихи асрҳои миёна меҳисобанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *