Фанни Таърих

Ҳукмронии Марк Аврелий ва писари ӯ Коммод

Оғози ба бӯҳрон гирифтор шудани империяи рим

Дар зарфи камтар аз ним сол то вафоташ (соли 138) Адриан, Тит Аврелий Антонинро, ки бештар бо номи Антонин Пий маълум аст, писар хонд ва меросхӯри худ таъйин кард, ба он шарте, ки ӯ, дар навбати худ, Марк Анний Вер (императори оянда Марк Аврелий) ва Элия Вер (императори оянда Лутсий Вер)-ро писар хонад, ки ин вақт синни онҳо иувофиқан 17 ва 8-сола буд. Баъд аз марги падархондашон онҳо ҳамчун Марк Аврелий Вер Сезар ва Лутсий Сезар Аврелий Вер императорҳои ҳамҳоким эълон карда мешаванд. Бояд зикр кард, ки ҳамҳокимии Лутсий Вер (солҳои 161 – 160) моҳияти зоҳирӣ дошт, дар амал Марк Аврулий худаш яккаю танҳо ҳукмронӣ мекард.

ВАЗЪИЯТИ ХОРИҶИИ ИМПЕРИЯ ДАР АҲДИ МАРК АВРЕЛИЙ (СОЛҲОИ 161 – 180). Вазъияти давлати Рим дар аҳди Марк Аврелий, дар навбати аввал бо якбора пурзӯршавии фишори беруна ба Империя аз тарафи қабилаҳои варварии онро иҳотакарда хос аст. Болоравии хатари ҳарбӣ аввал ба оғози кӯчиши оммавӣ алоқаманд буд, ки марҳалаи баландтарини он бо номи Кӯчиши Бузурги Халқҳо дар асрҳои IV — V рост омадааст, вале нишонаҳои аввали он, ки сулҳи қабилавии Аврупои Марказӣ ва Шимолу Шарқии ба ҳаракат даромада ба миён овардаанд, якчанд садсола пештар аён гардида буданд. Зарбаи аввалин аз Шимол зада шуд, дар Шарқ бошад, масъалаи сангин дар байни ду мамлакати абарқудрати қадим – Рим ва Порт мисли пештара масъалаи Арманистон ба ҳисоб мерафт.

Амалиётҳои ҳарбӣ соли 162 бо зада даромадани портиҳо ба Арманистон ва Сурия оғоз ёфтанд. Ба Марк Аврелий лозим омад, ки ба майдони амалиётҳои ҷангӣ қисми нерӯҳои ҳарбиро аз сарҳадҳои дигар гирифта, ба ёрии артиш ҷузъу томҳои навро фиристонад. Сарфармондеҳ дар ҷанги зидди Порт Лутсий Вер таъйин гардида буд, ки ӯ роҳбарии воқеиро ба амалиётҳои ҳарбӣ ба зимаи легатҳои худ Авидий Кассий ва Стасий Приск вогузор карда буд.

Марк Анний Вера Lucius_Verus_BM_Sc1911 21

Марк Анний Вер Лутсий Аврелий Вер Шоҳи Порт Вологези III

Соли 163 ба римиҳо муяссар гардид, ки ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, легионҳои Авидий Кассийро, ки ӯ дар ин ҷанг истеъдоди ҳарбии худро нишон дода буд, рақибро аз Сурия фишор дода барорад, вале дар айни замон, Ситсий Приск ва сарбозони ӯ Арманистонро аз портиҳо тоза карданд. Минбаъд римиҳо мисли Траян амалиётҳои ҳарбиро ба дарунтари қаламрави рақиб дароварда, Селевкия ва Тайсафун–шаҳри асосии Шоҳаншоҳии Портро дар Даҷла (соли 165) ба даст дароварданд. Дар ин лаҳза дар қӯшунҳои Рим бемории (вабои) мараз сар зада, бо тезии барқосо дар байни сарбозон паҳн мегардад. Ин ҳодиса сарфармондеҳи қӯшунҳои Римро маҷбур месозад, ки дар бораи ақибнишинӣ фармон диҳад. Римиҳо бо Шоҳаншоҳи Порт Вологези IV Аршак (115 — 192) шартномаи сулҳ имзо карданд, ки мувофиқи он римиҳо дар сурати ҷанги нав ҳамчун такягоҳ қисмати шимолу ғарбии Байнаннаҳрайн (Бобул)-ро дар ихтиёри худ монданд. Арманистон мақоми шоҳигарии тобеъ ба Римро нигоҳ дошт.

Ин вақт сарбозони аз ҷанг баргашта ғайриихтиёрӣ бемории вабои маразро дар сар то сари Империя паҳн намуданд ва он ба чунин фоҷеае табдил ёфт, ки мислаш дар тамоми таърихи антиқӣ рух надода буд. Мараз чандин сол мардумро ба доми худ мекашид ва баъзе хуруҷи он то соли 189 давом кардааст. Дар пеши назари халқи оддӣ вабо ҳамчун қаҳру ғазаби худоҳо дониста мешуд, бинобар ин, ба паҳншавии кайфияти воҳиманок сабаб шуда, мардум бадбахтиҳои нави аз ин ҳам бадтарро интизорӣ мекашиданд.

Императорҳои ҳамҳоким фурсат наёфта буданд, ки триумф ва ғалабаашонро дар Шарқ қайд кунанд, чунки шароити баамаломада иштироки онҳоро дар Дунай талаб мекард. Дар он ҷо қабилаҳои язигҳо, маркоманҳо, квадохҳо ва варварҳои дигаре, ки дар соҳилҳои чапи дарёи Дунай зиндагӣ мекарданд, фаъол мешаванд. Мубориза бар зидди онҳо ба ду ҷанги калон, ки бо номи ҷангҳои Маркоманҳо (солҳои 166 – 175 ва 177 – 180 маълуманд, мубаддал мешаванд.

Соли 166 оммаи варварҳо сарҳадҳои Дунайро убур карда, бо шаст ба ҷониби даруни Империя ҳаракат карда, дар пеши роҳи худ музофотҳои наздикро ба харобазор табдил медоданд. Муҳим аст қайд карда шавад, ки ин ҳамла як тохтутози муқаррарӣ баҳри ба даст овардани ғанимат набуд. Варварҳо дарёи Дунайро бо ҳамроҳии зану кӯдаконашон убур карда, ният доштанд, ки дар ҷойҳои нав сокин шуда, мавқеи худро мустаҳкам намоянд.

Сабаби асосии ин «лашкаркашӣ» тавре ки дар болотар ҳам гуфта шуд, мавҷҳои нави Муҳоҷирати Бузурги Халқҳо буда, он то сарҳадҳои Рим расида буд. Як қабила аз ҷои сукунати доимии худ хеста, халқҳои дигарро аз ҷойи сукунати аҷдодӣ танг карда мебаровард. Он, дар навбати худ, халқҳои дигарро маҷбур месохт, ки ватани аҷдодии худро тарк кунанд. Ҳамсояҳои римиҳо дар Дунай дар зери фишори аланҳои решаи сарматидошта аз Шарқ, аз соҳилҳои баҳри Хазар ба тарафи Аврупо раҳсипор қарор гирифтанд. Дур худи ҳамин вақт готҳо аз Шветсияи Ҷанубӣ пайваста ба самти ҷанубу шарқ — ба тарафи баҳри Сиёҳ ҳаракат карда, оммаи қабилаҳои Олмони Шарқиро аз ҷои сукунаташон фишор дода мебароварданд.

Ҷангҳои бетанаффус ва вабои идомадошта низоми андозпардозии Римро вайрон кард ва дар натиҷаи ин бӯҳрони тезу тунди молиявӣ ба амал омад. Ҳукумат маҷбур шуд, ки ба вайронкунии сиккаҳо даст зада, дар таркиби онҳо филизҳои қимматбаҳоро кам кунад, ки ин иқдом ба беқурбшавӣ ва баландшавии нарху наво оварда расонид.

Марк Аврелий (Лутсий Вер соли 169 вафот кард) баҳри пайдо кардани маблағ барои ҷанг ва расонидани кӯмак ба аҳолӣ тадбирҳои фавқулодда андешид. Дар солҳои ҳокимияти ноороми худ ин император ба халқ ва артиш на камтар аз ҳафт маротиба тӯҳфаҳои пулӣ ҳадя кард, ҳатто дороиҳои шахсии худро ҳам. Вазъият дар ҷабҳаи Дунай дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дошт: аз замони тохтутози кимварҳо ва тевтонҳо зада даромадани ин қабилаҳои варварӣ бевосита ба амнияти Рим хатар ба миён овард. Ин аст, ки барои ҳимояи он ду легион сафарбар карда шуда, ба артиш ҳатто ғуломон ва гладиаторҳоро низ ҳамроҳ карданд. Бояд зикр кард, ки ин тадбирро римиҳо танҳо дар мавриди заруртарин истифода мебурданд.

ВАЗЪИ ДОХИЛИИ ИМПЕРИЯ ДАР АҲДИ МАРК АВРЕЛИЙ. Дар музофотҳои дигар низ оромӣ ҳукмрон набуд, аз он ҷумла дар Олмони Шимолӣ ва Британия низ, ки дар он ҷо соли 162 ба римиҳо лозим омад., ки ҳамлаҳои қабилаҳои германиро дар Британия, ки дар ин ҷо каледониҳои дар шимолтар аз теппаи Антонин сукунатдошта, ба қаламрави Рим тохтутоз мекарданд, зада гардонанд. Ду маротиба (солҳои 172 ва 177) Испания аз тарафи роҳзанҳои (пиратҳои) мавритании Африқои Шимолӣ мавриди тохтутоз қарор гирифта, вилоятҳои наздисоҳилии он талаю тороҷ карда шуданд. Соли 172 дар Миср баромади калони аҳолии деҳотӣ ба амал омад, ки он бо номи Шӯриши буконҳо (яъне чӯпонҳо) маълум буда, аз тарафи ноиби Сурия Авидий Кассий, ки ба гурӯҳбанди қӯшунҳои Рим дар Шарқ фармондеҳӣ мекард, пахш карда шудааст.

Дар натиҷаи талафоти калон ба Марк Аврелий ва лашкаркашони ӯ муяссар шуд, ки рафти ҷангро ба фоидаи худ анҷом бидиҳанд: соли 171 Клавдий Помпеян ва Гелвий Перпинакс музофотҳои Репипо ва Норикро аз душманон тоза карданд. Римиҳо ҳамлаи васеъро бар зидди сарматҳо, маркоманҳо ва квадҳо дар тамоми хатти Дунаи Миёна ва Поён оғоз намуданд, вале дар ин лаҳза дар Шарқ воқеаҳое рух доданд, ки дахолати таъҷилии худи императорро тақозо карданд.

Помпеян ПЕртинакс Каммод

Клавдий Помпеян Гелвий Пертинакс Лутсий Аврелий Коммод

Ба овозаи бардурӯғ дар бораи марги Марк Аврелий бовар карда, Авидий Кассий соли 175 худро император эълон менамояд. Ӯро як қисми музофотҳои шарқӣ дастгирӣ карданд. Аз ин рӯ, ба Империя хатари ҷанги нави гражданӣ таҳдид мекардагӣ шуд. Ҷавоби Марк Аврелий ба ин воқеа дер накашид: бо пешвоёни варварҳо дар Дунай созишномаи сулҳ имзо кард, ки он воқеан дар амал аз оташбаси муваққатӣ бештар набуд. Баъди ин император ба лашкаркашии зидди Авидий Кассий ба роҳ баромад. Бояд зикр кард, ки ин дафъа кор ба муҳориба наанҷомид, чунки ҳанӯз то омадани Марк Аврелий ба Шарқ Авидий Кассий аз тарафи ҷонибдорони худаш ба қатл расонида мешавад.

Gaius-Avidius-Cassius 21 Kunsthistorisches_Museum_Vienna_June_2006_024.jpg

Авидий Кассий дар набард Калигула Марк Аврелий

Соли 178 Марк Аврелий маҷбур мешавад, ки аз нав ба минтақаҷанг оғоз ёфта буд. Ин дафъа ба римиҳо муяссар гардид, ки ба муваффақияти калон ноил гарданд. Дар муҳити наздикони император фикр дар бораи дар заминҳои варварҳои шикастхӯрда ташкили кардани музофоти нав ба миён омад, вале моҳи марти соли 180 дар Виндобон (имрӯз шаҳри Вена) Марк Аврелий аз бемории мараз вафот кард, ки ин вақт авҷи нави он дар қӯшунҳо паҳн шуда буд. Писари ӯ Коммод хост, ки бо тезӣ ба Рим баргардад ва бо варварҳо бо шартҳои нафъовар сулҳ бандад, ки он ба пешвои варварҳо тӯҳфаҳои ҳарсолаи пулӣ меовард.

Марк Аврелий на ҳамчун арбоби давлатӣ балки ҳамчун файласуфи стоик низ маълум буда, ақидаҳои худро дар асари «Худ ба худ» инъикос намудааст, ки он баъд аз марги ӯ рӯи чопро дидааст. Асоси фалсафаи андешаҳои Марк Аврелийро худтаҳлилкунӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи ӯ инсон бояд маҳз бо шарофати роҳро ба сӯи худтакмилдиҳӣ ёфта, дар асоси қонунҳои табиат умр ба сар барад.

Идеали стоики хирадманд – император Марк Аврелий кушиш кардан баҳри муваффақ шудан ба ҳаётро ташкил мекард. Ба ӯ тоқатпазирӣ, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ ва интизоми шахсӣ хос буд. Марк Аврелий тамоми ҳаёти худро то лабрез бо вазифаҳои сершумори императорӣ пур буда (фармондеҳии артиш, назорат аз болои иҷрои адолати додгоҳӣ, мукотиба ба ноибон ва ғайраҳо), ба давлати Рим, ки он ба марҳалаи тӯфону хатарҳое, ки қариб то сад сол тул кашида буд, хизмат кардааст.

ПУРЗУРШАВИИ БӮҲРОНИ ИМПЕРИЯ ДАР АҲДИ КОММОД (СОЛҲОИ 180 – 192). Коммоди тарсончак, золим, беодоб ва сабукандеша баракси падари худ буд. Гузашта аз ин, ӯ ҳанӯз хеле ҷавон – дар соли вафоти падараш ҳамагӣ 19-сола буд. Марк Антоний, гарчанде ӯро ҳанӯз соли 176 ҳамҳокими худ эълон дошта буд, Коммод ба корҳои давлатӣ завқи калоне зоҳир накард. Император шуда, ӯ ба ҳаловати дохилии пойтахт ворид гардида, идораи Империяро ба наздикони худ ҳавола кард.

Ба ҳамзамонҳо ҳамин тавр ба назар мерасид, ки дар шахси Коммод хусусиятҳои бадтарини золимҳои (тиранҳои) солҳои сипаришуда – Калигула. Нерон, Домитсиан ҳамгиро шудаанд. Император варзиш ва ҷангҳои гладиаториро дӯст медошт, ҳатто худаш чандин маротиба дар саҳна дар либоси Геракл баромад карда, одамони бесилоҳро бо палисей лату кӯб кардааст. Дар сар то сари Империя ҳайкалҳои Коммодро дар образи Геркулес рост мекарданд, дар Рим бошад, барои хизмат ба худои нав коллегия таъсис дода шуда буд.

Ба ҳамаи инҳо қонеъ накарда, император Римро бо номи худ–«Мустамликаи Коммод» (бо лотинь: «kolonia Kommodiana») иваз мекунад. Дар ин мустамлика Сенати Коммод фаъолият мекард. Оромиро дар музофотҳо легионҳои Коммод таъмин менамуданд. Ба ҳар яки дувоздаҳ моҳи тақвими юлианӣ Коммод номҳои нав дода, онҳоро ба яке аз ном ва унвонҳои фахрии худ иваз намуд: Лутсий, Элий, Аврелий, Коммод, Август, Геракли Римӣ, Фотеҳ, Амазоний, Шикастнопазир, Хушбахт, Пий ва ғайра.

Вале Коммод эҳсос кард, ки ҷомеаи олии Рим бо ӯ муқобил мебошад, бинобар ин, таъқибот ва қатли сенаторҳоро аз нав сар кард. Баҳонаи бевосита ба оғози таъқибот дар соли 183 ошкор карда шудани сӯиқасди зидди император буд, ки дар он ҳамсар ва хоҳараш Лутсиалла низ иштирок карда буданд.

Коммод чунин хаёл мекард, ки гӯё садоқати сарбозон барои ҳокимияти ӯ такягоҳи беҳтарин аст. Аз ин рӯ, преторииҳо ва сарбозонро ба тарафи худ кашиданӣ шуда, маоши онҳоро зиёд, инчунин тавассути ҳар гуна ҳавасмандкуниҳои дигар рӯҳбаланд мекард. Натиҷаи ин сиёсат он шуд, ки интизоми ҳарбӣ дар артиш ба таври фоҷеавӣ вайрон гардид. Вақте ки соли 185 преториягиҳо исён бардоштанд, ба император лозим омад. ки сардори онҳо — префекти претори Перенисаро ба онҳо супорад. Ҳол он, ки ӯ нақши роҳбари воқеии давлатро дар солҳои аввали дар вазифаи императорӣ будани Коммод иҷро мекард. Ҷои Переннисро Клеандри ба озодӣ ҷавобдода мегирад. Мардум барои қаллобӣ ва золимиаш нисбати Клеандр нафрати ниҳоят калон доштанд. Вале вақте ки сокинони пойтахт барои нарасидани нон исён бардоштанд, Коммод дар анбӯҳи одамон шахси дӯстдоштаи худро дод.

Хароҷоти беандоза калон барои бозию базмҳои дилхушкунанда муқаррар гардида буд. Император умед дошт, ки ба воситаи ин тадбирҳо анбӯҳи аҳолиро ба тарафи худ кашад. Вале барои ин кор вазъияти молиявии император наонқадаимконият намедод. Ҷангхое, ки падараш қариб беист дар тули 12 соли ҳукмрониаш пеш мебурд, шиддатнокии тамоми қувваҳои давлатиро талаб карда бошанд ҳам, ягон фоидае ба бор наоварданд.

Некуаҳволии музофотиён, ки аз даҳшати бемории мараз ва ҷанг, ки сабабгори бӯҳрон ва пастшавии зиндагии мардум шуда буданд, ин ҳолат Марк Аврелийро маҷбур кард, ки соли 178 дар бора як маротиби аз эътибор соқит кардани ҳамаи қарзҳои давлатӣ фармон барорад. Вазъият боз аз он сабаб вазнин шуд, ки император Коммод давлатро девонавор идора мекард ва ба ин ғоратгариҳои бешармонаи наздикони Коммод зам мешуданд: ба ин ҷумла метавон Клеандра ва меросхурони дар ин мақомбуда – префекти претория Эмилий Лета ва ҳамроҳони (pracpositus sacin cubakuh) Эклетаро ном бурд. Ба бартараф кардани ин ҳолати ногувор на андозҳои нави фавқулодда ва на амволи мусодирашудаи сенаторҳои ба таъқибот гирифторшуда ёрӣ расонида метавонистанд. Ғуломон ва ба озодӣ ҷавобдодагони Коммод вазъиятро дар иқтисод муътадил нагардониданд, беқурбшавии пул ва болоравии нарху наво давом ёфта, нисбат ба соли 180 қариб се баробар афзуд.

Дар бораи ҳолати табоҳи одамони оддӣ дар ин вақт мактубҳои то ба мо расидаи колонҳои мулкҳои император дар Африқои Шимолӣ шаҳодат медиҳанд. Онҳо аз фишороварии кондукторҳо (сариҷорагирони мулкҳо) шиква кардаанд. Коммод ихтиёрӣ иҷорапулиро зиёд карда, прокурорҳо ва сардорони мулкҳои императориро аз тариқи тӯҳфахо мехаранд, то ки ин мансабдорон тарафи ӯро бигиранд ва ғайраю ва ҳоказоҳо. Ба колонҳо омад кард: император хоҳиши онҳоро қонеъ гардонида, аз суиистеъмолкуниҳои масъулин изҳори нигаронӣ карда будааст. Вале кӣ медонад, ки боз чӣ қадар чунин хоҳишхо беҷавоб монда буданд?

АФТИДАНИ СУЛОЛАИ АНТОНИНҲО. Агар дар Африқо бо фиристодани номаҳо ба унвони давлат маҳдуд шуда бошанд, пас дар Галлия норозигии оммаивии мардуми истисморшуда ба шӯришҳои мушаххас оварда расониданд. Нафаре бо номи Матерн, ки дар гузашта сарбози Рим будааст, дар ин ҷо аз ҳисоби фирориёни ҷиноятпеша ва ғуломон артиши мунтазам ҷамъ карда, музофотҳои ғарбиро талаю тороҷ карда, ҳатто ҷуръат пайдо мекунад, ки ба шаҳрҳои калон низ ҳамла оварад. Пахши ин шӯриш ба ҷанги ҳақиқӣ мубаддал мегардад, ки он бо номи «Ҷанг бо фирориён» (аз лотинӣ: «bellum desertorum») маълум аст.

2222222222222222 2222222222222222222

Император Антонин Манзарае аз шӯриши Матерн

Дастаҳои Матерн дар Галлия торумор карда шуда бошанд, ҳам лекин худаш бо ҳамроҳии шумораи ками ҷонибдорон аз асиршавӣ базур наҷот ёфта, ба Италия меравад ва дар он ҷо соли 186 бар зидди ҳукумат ҷанги ҳақиқии партизаниро сар мекунад. Дар ниҳояти кор ӯ хост, ки Коммодро ба қатл расонад ва қариб буд, ки нақшаи ҷасуронаи худро ба иҷро расонад: хоине, ки худро ба қатори суиқасдчиён ворид карда буд, Матернро ба ҳукуматдорон месупорад. Баъди ин қатлҳои нави оммавӣ оғоз меёбанд.

Ҳатто одамони ба Коммод наздик ҳам аз натиҷаҳои кирдорҳои золимона ва доимо тағйирёбандаи ӯ ба оянда боварӣ надоштанд. Дар ниҳояти кор, онҳо–Милий Лет, Эклет ва маъшуқаи Коммод, масеҳидухтар Марсия — тасмим гирифтанд, ки дар арафаи рӯзе, ки (1 январи соли 193) император дар тан пераҳани гладиаторӣ ба иҷрои вазифаи консулӣ огоз мекард, ӯро ба қатл расонанд. Суикасд танҳо дар дафъаи дуюм барор гирифт. Суиӯқкасдчиён аввал ба қурбонии худ заҳр доданд, вале он ба ӯ таъсир накард. Бинобар ин, аз хизмати гӯштингири касбӣ истифода мебаранд, ки ӯ бе ягон саҳв Коммодро буғӣ карда мекушанд. Ҳамин буд хотимаёбии сулолае, ки дар Рим дар тули сад сол ҳукмронӣ кардааст ва номи пурраи намояндаи охиринион император Марк Аврелий Коммод Антонин Август мебошад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *