Марги нерон ва анҷомёбии салтанати сулолаи юлийҳо – клавдийҳо
ҲАРАКАТИ ЗИДДИ НЕРОН ДАР ГАЛЛИЯ. Моҳи марти соли 68 дар Галлияи Лутдукк (музофоти Рим дар қаламрави имрӯзаи Фаронса бо марказаш шаҳри Лион) ҳаракати зидди Нерон оғоз ёфта, сардори он намояндаи ашрофи романишудаи Галлия Юлий Виндекс буд. Шумораи ҷонибдорони ин шӯриш бо суръати том ба 100 ҳазор нафар мерасад. Гарчанде нерӯи асосии ҳаракатро галлҳо ташкил мекарданд, сарвари он бошад, пайдоиши худро ба зурёти шоҳҳои Аквитанӣ нисбат медод. Вале ин ҳаракат бар зидди Рим набуда, тавре ки баён доштем, бар зидди Нерон нигаронида шуда буд.
Виндекс бо ноиби испанӣ Лутсий Сервий Галба робита барқарор кард. Воқеан, ӯ хеши хеле дури Ливий, ҳамсари Октавин Август, буд. Ғалабаи худро «легати сенат ва халқи Рим» (legatus senates populique Romana) эълон карда, бо ҳамин аз зери тобеияти Нерон баромад. Заифии ҳаракати Галба, чун шӯриши Виндекс, ҷонибдори шӯришгарон набудани шумораи басандаи артиши мунтазам ифода ёфта буд. Нерӯҳои асосии артиши Рим дар Британия, қад-қади дарёи Рейн, дар музофотҳои Олмони Боло ва Поён марказонида шуда буданд.
Ин вақт муҳаррике, ки як вақтҳо Август барои дифоъ аз шӯришҳои галлҳо ташкил карда буд, ба кор омад: дастаҳои Виндекс аз тарафи легионҳои ноиби Олмони Боло — Вергиний Руф торумор карда шуданд. Вале ин пирузӣ вазъияти Неронро беҳтар накард, зеро легионерҳо Вергиния Руфро император эълон карда буданд. Лекин ӯ аз ин вазифа даст мекашад. Баъди ин Галба худро «легати сенат ва халқи Рим» эълон менамояд.
ХУДКУШӢ КАРДАНИ НЕРОН. Моҳҳои охири дар сари ҳокимият будан вазъияти Неронро муаллифи «Тавсифи дувоздаҳ Сезар» Светоний беҳтар баён сохта, мегӯяд, ки «Ӯ яке маъюс мешуд ва яке бе ягон сабаби ҷиддӣ аз маъюсӣ ба хурсандӣ мегузашт, тавре ки душманонаш аллакай шикаст хӯрда, ба зери пойҳои ӯ партофта шуда бошанд. Қобилияти фикрҳои худро вақти зиёд дар сари як масъала марказониданро гум карда, метавонист дар ҳар лаҳза аз корҳои муҳими давлатӣ даст кашида, ба тамошои ягон чизи беаҳамият равад, аз қабили орган ном ҳайвони обии дар ҷои қуллай қарордошта». Дар ин шароит префекти преторий Нимифитсий Сабин, ки дар ин вазифа Фений Руфи қатлшударо иваз карда буд, табаддулоти давлатӣ ба амал баровард. Преториягиҳо ба Галба савганд ёд карданд ва Сенат Неронро душмани ватан эълон кард. Нерон дар аввал хост, ки фирор карда, аз шаҳр баромада равад, вала баъд пушаймон шуда, дар наздикиҳои Рим худкушӣ мекунад. Бо марги Нерон тобистони соли 68 сулолаи Юлийҳо-Клавдийҳо мавҷудияти худро қатъ менамояд.