Фанни Таърих

Вазъи сиёсии Ҳиндустон дар ибтидои асри ХVІ

Дар оғози асри XVI Ҳиндустон дар худ як манзараи парокандагии сиёсиро инъикос мекард. Дар раванди азбайнравии баъзе аз кишварҳои бузург, ба монанди шоҳигарии Брахманҳо дар Дакан (Декан), якчанд давлатҳои хурд таъсис ёфтанд. Яке аз ҳамин гуна давлатҳо Биҷапур буд, ки соли 1490 аз тарафи сулолаи Одилшоҳ забт гардид. Дар ҳамон солҳо дар Аҳмаднагор Низомшоҳ ва дар Берор Имомшоҳ ба сари ҳокимият омаданд. Каме дертар дар соли 1512 дар Голканд Қутбшоҳиён низ ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Шоҳони Баҳманд як қисми ками мулкҳои пешинаашонро дар ихтиёр доштанду халос. Дар Бидар баъди фирор намудани охирин шоҳи он Калимул, ки аз сулолаи Баҳманҳо буд, сулолаи Баридшоҳ мустаҳкам шудан гирифт. Миёни шоҳигариҳои Дакан ҳамеша мубориза мерафт, дар ин муборизаҳо кишвари Виҷаянгар, ки рақиби деринаи Брахманҳо буд, иштирок дошт. Бояд қайд намуд, ки парокандагии сиёсӣ асосан ба Ҳиндустони Шимолӣ хос буд[1].

Саҳнаи муқовимати қувваҳои адоватхоҳ дар охири асри XV ва ибтидои асри XVI Бангола ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо баъди вафоти намояндаи ҳиндуҳо Роҷа Гинеша, Илёсшоҳ, ки мусулмон буд, ҳокимияти худро бақарор намуд. Таъсири бештарро дар ин ҷо сардорони ғуломон – ҳабашиён дар даст доштанд, ки худсарии онҳо омили бенизомӣ ва беҳокимиятӣ гардида буд. Баъди ишғоли ҳокимият аз тарафи шоҳ Саид Ҳусейн (1493-1519) вазъият беҳтар гардид. Ӯ бо Орисҳо ва Асомҳо ҷангида, якчанд минтақаҳоро ба даст овард[2].

Дар Кашмир сулолаи мусулмонҳо ҳукуматро идора мекарданд, ки ин сулола аз тарафи шоҳ Мирзо, ки дар тахт бо номи Шамсуддин нишаст, ташкил ёфта буд. Дар ибтидои асри XVI Кашмир мисли пештара аз дигар қисматҳои Ҳиндустони Шимолӣ ҷудо буд, ки ин вазъ баъзе вижагиҳои тараққиёти онро муайян месохт2.

Заминҳои бою ҳосилхези Малв солҳои 30-юми асри XV дар зери тасарруфи сулолаи туркии хилҷҳо қарор дошт, ки бештар ҳокимони маҳаллиро зери итоат доштанд. Маҳз ҳамин ҳокимони маҳаллӣ дар симои Санграм Синх ва Ран Санга (1510-1530), ки бисёр заиф ва қобилияти кофии ҷангӣ надоштанд, асир гирифта мешаванд[3].4

Аз ин вазъият истифода бурда, ҳокими Гуҷарот аз сулолаи Аҳмадшоҳ, Баҳодуршоҳ ин сарзаминро забт намуд. «Мамнӯъгоҳ»и феодализми ҳиндуҳо Раҷпут буд, ки дар як вақт дар ин ҷо якчанд князгари (хонигри)-ҳо амал мекард. Дар байни онҳо аз ҳама пуриқтидораш князгарии Мевар ба ҳисоб мерафт, ки ҳокимонаш аз қабилаҳои ҳамсоя буданд. Миёни князгарии Мевар ва Малваю Гуҷарот дар ин давра ҷанг мерафт.

Дар аввалҳои асри XVI дар замони ҳукмронии Ране Сингх ҳокимони мусулмони ин минтақаҳо мағлуб шуданд. Низомиёни Раҷпут Ране инчунин зидди низомиёне, ки ба муқобили Мевар аз тарафи султони Деҳлӣ–Иброҳими Лудӣ фиристода шуда буданд, маҳорати хуби ҷангӣ нишон доданд.

Салтанати Деҳлӣ – дар ибтидои асри XVI яке аз давлатҳои бузурги Ҳиндустони Шимолӣ ба ҳисоб мерафт, гарчанде ҳудуди он аз пештара дида камтар буд. Акнун султони Панҷоб, вилояти Деҳлӣ, дарёи Ганга ва Ҷамна ба тобеияти он буданд. Ҳокимони ин ҷо, ки аз сулолаи афғонии Лудӣ буданд, кӯшиш мекарданд ҳукуматашонро васеъ намоянд. Ҳамин тавр, ба Искандаршоҳи Лудӣ (1489-1517) муяссар шуд, ки аз Ҷанпур то сарҳадҳои Банголаро дар зери итоати худ муттаҳид намояд.

Расми 1. Харитаи сиёсии Ҳиндустон дар асри ХV1 нимаи аввали асри ХV11[4]

Ӯ қисми зиёди исёнгарони афғон ва саркардаҳои ҳарбиро ба итоати худ дароварда, қалъаи Аграро сохт, ки дар нимаи дуюми асри XVI пойтахти империяи Муғулҳои Ҳинд гардид. Агра ҳамчун базаи ҳарбӣ алайҳи раҷпутҳо ва дигар ҳукуматҳои феодалони дар Гавмарг, Кол, Биан, Илав, Дҳалпур буда, барои Искандар хизмат мекард.

Аммо таърих соатҳои охирини мавҷудияти султонигарии Деҳлиро ҳисоб мекард. Дар соли 1517 ба тахт писари шоҳ Искандар Иброҳимшоҳи Лудӣ (1517-1526) нишаст1. Дар ин давра қудрати ашрофони афғон, ки пуштибони гузаштагони Иброҳим – Баҳлулшоҳ ва Сикандаршоҳ буданд, ба авҷи аъло расид. Афғонҳо дар қисмати шимолии Ҳиндустон, бахусус дар ноҳияҳои ҳозираи Утар, Прадеш ва Панҷоб маскан гирифтанд. Асосгузори сулолаи Лудӣ Баҳлулшоҳ (1451-1489) маҷбур шуд, расму русуми қабилаҳои афғонро эҳтиром кунад ва аз амалҳои дабдабаноке, ки дар дарбор мавҷуд буд, даст кашад. Акнун ӯ дар маҷлисҳо на дар болои тахти шоҳӣ, балки миёни мардум нишаста сухан мегуфт. Набераи ӯ Иброҳимшоҳ бисёр шахси қавиирода буд. Ӯ аъёну ашрофон ва ҳамқабилагони худро, ки аз расму оинҳои

патриалхалӣ – демократӣ даст кашида буданд, таҳдид намуд, зеро ин ба фоидаи шоҳигарӣ буд. Аъёну ашрофон ба тахт нишастани ӯро дабдабанок пешвоз гирифтанд, дар ҷавоб ба норизогии саркардаҳои афғон ӯ қайд намуд, ки шоҳ хешу табор надорад, вай танҳо фармонбардор дорад. Бештари аъёну ашроф сиёсати

1 Новая и новещая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005. книга 1. – С. 146.

3 Разалиев Ю.Н. Новая история стран Азии и Африки. – Москва, 1987. – С. 234.

Иброҳимшоҳро, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти марказӣ нигаронида шуда буд, дастгирӣ накарданд.

Дар натиҷа, миёни султонҳо ва ашрофони афғон низоъи шадиде даргирифт. Исёни баъзе аз саркардаҳои афғон ба аз сари ҳокимият дур кардани Иброҳимшоҳ нигаронида шуда буд. Обрӯ ва нуфузи Иброҳимшоҳ дар натиҷаи лашкар кашиданаш бар зидди ҳокими Мевар Ран Санг паст шудан гирифт. Амирони афғон Давлатхон, Иброҳимхон ва Аламхон, ки нисбати ҳавобаландии Иброҳимшоҳ нафрат доштанд, ба ҳокими темурии Кобул Заҳируддин Муҳаммади Бобур муроҷиат карда, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки онҳоро аз ҳуҷуми Иброҳимшоҳ наҷот диҳад ва қавл доданд, ки барои ғолиб омаданаш ба ӯ кӯмак мерасонанд[5]. Маҳз дар чунин шароити парокандагии сиёсӣ Бобур ба забткориҳои худ дар сарзамини Ҳиндустон шуруъ намуд

  1. Новая и новещая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005. книга 1. – С. 125.
  2. Новая и новещая история стран Азии и Африки. – Москва, 2005. книга 1. – С. 125.
  3. Новая история стран Азии и Африки. – Москва, 2004. – С. 8.
  4. Империя великих моголов в Индии. www.vikipedia.org /2014
  5. Разалиев Ю.Н. Новая история стран Азии и Африки. – Москва, 1987. – С. 245-252.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *