Фанни Таърих

Давлатдории Сосониён

Нақшаи кор :

  1. Ташаккули давлати Сосониён.Ардашери Бобакони Сосонӣ.
  2. Сабабҳо ва оқибатҳои рақобати Сосониён ва Ҳайтолиён.
  3. Ҳаракати Маздак.
  4. Кидориён, Хиёниён.
  5. Ташаккули давлати Сосониён. Ардашери Бобакони Сосонӣ.

Давлати Кушониёни бузург дар даврае рӯ ба таназзул ниҳод, ки дар Эрон барои ташкили сулолаи нав — Сосониён муборизаи оштинопазир мерафт. Аз байн рафтани давлати Кӯшониён, аз нав зиндашавии давлатдории эрониён дар даврае ба амал меомад, ки дар қитъаи Осиё нишонаҳои аввалини сохти феодалӣ пайдо мешуданд.

Дар аввалҳои асри III мелодӣ дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии зидди римиҳо давлати Порт хеле суст шуда буд. Аз ин пастравӣ истифода бурда, ҳокими вилояти Истахр Ардашери I Бобакони Сосонӣ дар соли 220 мелод пай дар пай бо ҳокимони алоҳидаи давлати Ашкониён мубориза бурда, ба он муваффақ шуд, ки тамоми хоки форсро муттаҳид кунад ва асосгузори сулолаи Сосониён шавад.

Ниҳоят Ардашери I дар соли 226 мелод аз болои охирин подшоҳи Ашкониён Ардавон ғолиб омада, ба тамоми сарзамини Эрон соҳиб гашт. Ӯ тавонист, ки баъди панҷ аср анъанаи давлатдории эрониёнро, ки дар соли 330 то милод Искандари Мақдунӣ аз байн бурда буд аз нав зинда намояд. Дар замони Сосониён муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омада, давлат марказонида шуд ва дини зардуштӣ такягоҳи боэътимоди давлат гардид.

Давлати Сосониён дар аҳди писари Ардашер Шопури I (242 — 272) хеле ташаккул меёбад. Пойтахти ин давлат шаҳри Истахр буд. Дар давраи ҳукмронии ӯ ба мӯъбади мӯъбадон Тансад супориш дода мешавад, ки «Авесто»-ро ҷамъоварӣ намуда, китобат намояд. Дар давраи ҳукмронии Фирӯз ҳафт сол пайи ҳам мамлакатро хушксолӣ фаро мегирад. Вале ӯ бо ғаллаи харида мардумро аз ҳалокат наҷот дод.

Хусрави 1 Анушервон (531-579) Дар сохти давлатдорӣ якчанд ислоҳотҳо даровард, ки боиси оромӣ ва тараққиёти мамлакат гардид.Давраи шукуфоии давлати Сосониён ба давраи ҳукмронии Хусрави Парвиз рост меояд. Дар давраи ҳукмронии шоҳ Қубод бошад, давлат рӯ ба таназзул ниҳод. Давлати сосониён зиёда аз 400 сол арзи вуҷуд дошт. Аҳолӣ ба чор табақа ҷудо шуда буд: отурвон(рӯҳониён),артишдорон(ҷанговарон),дабирон(кормандони идораи давлатӣ), аостриюшон ва хатухшон( кишоварзон, ҳунармандон ва савдогарон).

Дар замони Сосониён дар Эронзамин се оташкадаи бузург вуҷуд дошт: Озарфарангбах дар Қориёни Форс, ки ба табақаи муғон таалуқ дошт.Озаргушасп дар Шиз мутаалиқ буд бо шоҳон. Озарбарзинмеҳр дар Хуросон, ки ба табақаи кишоварзон таалуқ дошт.

Сосониён ду пойтахт доштанд: Ктесифон (Тайсафун) ва Истахр. Арабҳо Тайсафунро, Мадоин меномиданд.

Шопур дар ҷангҳои зидди Рим ғолиб меояд. Дар ҷанги якум императори Римро ба қатл мерасонад, дар задухӯрди дуюм подшоҳи римиёнро асир мегирад. Иқтисоди кишвар пеш рафта, сарҳадҳои шимолу ғарби он бехатар мегардад.

Дар давраи ҳукмронии Шопури II (309 — 379) Сосониён дар Шарқу Ғарб бо ғалабаҳои бузург ноил шуданд. Шопури II дар зарфи 70 соли подшоҳиаш давлати Сосониёнро аз ҷиҳати ҳарбӣ хеле мустаҳкам намуд. Лашкари ягонае, ки ӯ аз қабилаи форсҳо ташкил намуда буд, дар асри IV беҳтарин урдуи ҷангӣ ба шумор мерафт. Баробари ин дар замони Шопури II дини зардуштӣ пурра мақоми давлатӣ пайдо карда, дар рушди давлати Сосониён саҳмгузор шуд.

Аммо баръакси Шопури II шоҳ Яздигурди I (399 — 420) ҳуқуқи ашрофон ва коҳинони зардуштро маҳдуд карда, ба насрониён имтиёзҳо медод. Сабаб дар он буд, ки дар дохили давлати Сосониён шумораи насрониён хеле зиёд буданд. Тартиботи сахти давлатдории Яздигурди I ба дигар ворисони вай низ таъсир намуд.

  1. Сабабҳо ва оқибатҳои рақобати Сосониён ва Ҳайтолиён.

Пайдо шудани давлати Ҳайтолиён дар Осиёи Миёна аҳволи Сосониёнро ба танг овард. Ҳайтолиён баҳри он мубориза мебурданд, ки вилоятҳои аз Кӯшониён мерос гирифтаи Сосониёнро баргардонанд. Ин буд, ки барои баргардонидани Хуросон байни Сосониёну Ҳайтолиён дар соли 427 ҷанг сар шуд.

Дар ин ҷанг қувваҳои Сосониён бо сардории шоҳ Баҳроми Гӯр (420 — -438) ғолиб омада, водии Марвро ишғол карданд. Ин ҷанг барои Ҳайтолиён шикасти хеле сахт буд. Зеро дар ин муҳориба шоҳи Ҳайтолиён кушта шуд. Муносибати душманонаи Сосониёну Ҳайтолиён дар замони ҳукмронии Яздигурди II (438 — 457) низ давом кард. Яздигурд истиқлолияти Хуросону Тахористонро аз асорати Ҳайтолиён эмин нигоҳ дошт. Баъди он Ҳайтолиён қувват гирифта Балх, Бадахшон, Тахористон, Чағониён, Ҷузҷонро забт намуданд.

Барои мӯътадил намудани вазъи сиёсию якпорчагии давлати Сосониён Фирӯз (459 — 484) мубориза бурда бошад ҳам, ба комёбӣ ноил нагашт. Ӯро дар ҷанги соли 484 байни Сосониёну Ҳайтолиён ба вуқӯъомада бо ҳафт писараш куштанд.

Давлати Сосониён дар замони шоҳигарии Хусрави I Анӯшервон (531 — 579) ба авҷи баланди тараққиёти худ расида буд. Хусрави I бар зидди мамлакатҳои ҳамсоя ҷангу ҷидолҳои зиёде кард ва Яманро тобеъи худ намуд. Хусрави I барои мустаҳкам намудани давлат як қатор ислоҳотҳо гузаронид. Махсусан ислоҳоти соҳаи андоз, ҳарбӣ ва маъмурӣ дорои аҳамияти бузург буд. Ин ислоҳотҳо дар мустаҳкам гардидани ҳокимияти марказӣ нақши бузург бозид.

Дар нимаи дуюми асри VI ва ибтидои асри VII Сосониён барои тобеъ намудани ноҳияҳои ҷанубию шарқии Осиёи Миёна кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд. Аммо кӯшишҳои онҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Танҳо ноҳияҳое, ки ба Туркманистони Ҷанубии имрӯза мансубанд зери итоати онҳо гузашту бас. Давлати Сосониён дар миёнаи асри VII ба ҳуҷуми арабҳо дучор гашта аз байн рафт.

  1. Ҳаракати Маздак.

Ҷангҳои хонумонсӯзи Фирӯз бо Ҳайтолиён Эронро хароб кард. Андозҳои давлатӣ дучанд зиёд шуда, аҳволи мардуми меҳнаткашро боз ҳам вазнинтар гардониданд. Истисморгарон ба сари мардум гуруснагию харобӣ оварданд. Аз ин сабаб мардуми ба дод омада, ба таълимоти Маздак, ки баробар будани тамоми одамонро тарғиб мекард пайравӣ менамуданд. Таълимоти Маздак дар зери ғояҳои динии муборизаи некӣ ва бадӣ мегузашт.

Неҳзати Маздак соли 494 дар замони ҳукмронии Қубодшоҳ (488 — 531) дар даврае оғоз гардид, ки зулму истисмори феодалони навбаромад аз болои деҳқонон хеле авҷ гирифта буд. Ҳамаи хароҷоти ҷангҳо, ҳукумат, қӯшун, ашрофони муфтхӯр ва рӯҳониёни зардуштӣ ба сари деҳқононе, ки ба заминҳои амалдорон вобаста карда шуда буданд афтода буд. Ба сар шудани шӯриш қаҳтии ҳафтсола ва ғалларо пинҳон кардани заминдорони калон баҳона шуд.

Маздак дар таълимоти хеш дар бораи барҳам задани нобаробарии иқтисодии ҷамъият, умумӣ кардани молу мулк ва барҳам задани имтиёзи табақавии ашрофон ва ҳокимонро талаб мекард. Баробари ин Маздак пешниҳод карда буд, ки занон аз ҳарамхонаи бойҳо бароварда шуда, ба одатҳои бисёрзанӣ хотима дода шавад. Бо ин усул хонадоршавии камбағалонро низ ӯ нишон дода буд.

Дар натиҷаи пурзӯр шудани таъсири сохти навтавлиди феодалӣ деҳқонон сахт истисмор карда мешуданд. Онҳо мехостанд, ки ба ҳаёти пешинаи ҷамъияти озоди худ ки баробариашонро талқин мекард баргашта зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, онҳо гурӯҳ — гурӯҳ ба таълимоти Маздак пайравӣ намуданд. Маздак бошад тарафи гуруснагонро гирифта, ба Қубодшоҳ таълим медод, ки дари амборҳои ғалларо ба рӯи гуруснагон боз кунад.

Ҳаракати Маздак боиси он гардид, ки дар пойтахти Эрон гуруснагон ба издиҳом ҳамроҳ гашта, анборҳои ғаллаи бою ашрофонро талаву тороҷ менамуданд. Баъди он дар муддати хеле кӯтоҳ ҳаракат тамоми мамлакатро фаро гирифт. Кор ба ҷое расид, ки Маздак молу мулки бойҳоро дар байни камбағалон тақсим кард. Бисёр заминдорони калону бойҳои Сосонӣ кушта шуда, қисме ба мамлакатҳои ҳамсоя фирорӣ шуданд. Ҳаракати Маздак салтанати ашрофон ва давлатмандони Сосониро ба ларза овард. Ашрофони заминдору бои Сосонӣ ба таълимоти Маздак розӣ шуда наметавонистанд. Аз ин рӯ, онҳо роҳи барҳам задани онро меҷустанд.

Дар навбати худ барои мустаҳкам намудани мавқеи ҳукумат Қубодшоҳ ночор худро пайрави ҳаракати Маздак эълон намуд. Қубодшоҳ барои суст намудани таъсири заминдорони калон, ашрофону бойҳои форс маҷбуран ба ин таълимот пайравӣ намуда буд. Аммо аъёну ашрофон забон як намуда, соли 496 Қубодшоҳро аз тахт вожгун намуда, ӯро ҳабс карданд. Қубодшоҳ баъди чанде бо ҳилаву найранг аз ҳабс гурехта назди подшоҳи Ҳайтолиён, ки ба ӯ домод буд рафт. Вай бо ёрии лашкари Ҳайтолиён соли 499 ба мулки худ баргашт. Дар ибтидо ӯ зидди аъёну ашрофи форс мубориза бурд. Пас аз он сӯиқасди пинҳонии маздакиёнро сар кард. Вай соли 524 Маздак ва ҳазорон нафар пайравонашро бо қувваи лашкар ваҳшиёна ба қатл расонд. Дар мамлакат куштор оғоз ёфт. Боқимонда тарафдорони ҳаракат ба пинҳонкорӣ гузаштанд.

Сабаби асосии шикасти ҳаракати Маздак дар он буд, ки ба муқобилияти сахти заминдорони калону феодалони навбаромад шӯришгарон истодагарӣ карда натавонистанд. Сабаби дигари шикастро дар он ҷустан мумкин аст, ки тарафдорони ақидаи Маздак оммаро ба ҷамъияти ибтидоӣ даъват мекарданд, ки ин назария танҳо барои камбағалон хос буд.

Аммо дар замони худ ҳаракати Маздак дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буд, зеро оммаи бенаворо ба муборизаи зидди синфҳои доро — аъёну ашрофон равона мекард. Баробари ин ҳаракати Маздак рафти ташаккулёбии сохти феодалиро дар Осиёи Миёна хеле тезонид. Дере нагузашта писари Қубодшоҳ Хусрави I Анӯшервон (531 — 579), ки душмани қаттоли маздакиён буд дар Эрон чандин ислоҳотҳо гузаронида, бо ҳамин инкишофи муносибатҳои феодалиро боз ҳам тезонид.

Таълимоти Маздак дар бораи барҳам додани нобаробарии иқтисодии ҷамъият,умумӣ кардани молу мулк ва барҳам задании имтиёзҳои табақавии ашрофон ва ҳокимонро талаб мекард.

  1. Кидориён, Хиёниён.

Давраи пайдоиши Кидориён ба солҳои 390 — 430 мансуб аст. Кидориҳо дар тӯли солҳои 412 — 437 Тахористон ва Қандаҳорро ишғол карда буданд.

Кидор дар Ҳиндустон ҳукмронӣ мекард ва пойтахташ Ланшӣ буд. Дар зери таҳдиди қабилаҳои жуан — жуан, ё худ хунҳо Кидор пойтахташро ба Боло (Балх) кӯчонда, дар воқеъаҳои асри IV фаъолона иштирок карда ва ҳатто ҳамчун иттифоқчии Шопури II соли 359 бар зидди Рим ҷангид. Онҳо дар соли 456 бар зидди Сосониён ҷангиданд. Соли 477 Кидориҳо ба Чин сафорат фиристоданд. Таърихи минбаъдаи хонадони Кидориҳо норавшан аст.

Хиёниён яке аз шохаҳои мардуми маҳаллии массагету сарматҳо буданд, ки бо гуннҳо омехта шуда буданд. Вале дар айни ҳол Хиёниён аз Гуннҳо фарқ дошта, дар онҳо нишонаҳои гуннӣ — туркӣ баръало намоёнанд.

Хиёниён ҳам тақрибан дар баробари Кидориҳо пайдо шуда, душмани асосии Эрон буданд. Вале бо вуҷуди ин онҳо соли 359 ҳамчун иттифоқчии Шопури II бар зидди Рим баромаданд. Эҳтимол Кидориҳою Хиёниён дар ибтидо тобеи Сосониён будаанд.

Соли 371 Кидор бо ҳамроҳии Хиёниён бар зидди Сосониҳо якҷоя амал карда, мустақилият ба даст дароварданд.

Андаке пас Хиёниён Кидориҳоро танг карда, замини онҳоро то Қандаҳор ба даст дароварданд. Саргузашти минбаъдаи Кидор, мисли таърихи Кушониён номаълум мондааст. Хиёниён бошанд заминҳои тарафи рости дарёи Омуро ба даст дароварданд ва бо Эрон дар ҳолати душманӣ қарор доштанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *