Фанни Таърих

Ба мустамликаи англисҳо табдил ёфтани Ҳиндустон

Иттиҳоди ширкатҳои харидории Англия, ки дар соли 1708 таъсис ёфта буданд, дар соли 1717 аз Фаррух Сияр 3 — фармон гирифтанд. Мувофиқи ин фармонҳо ба ширкат ҳуқуқ дода шуда буд, ки бе гумрук бо иҷозати расмӣба Дакан ва Бангола мол биёранд (бояд дар як сол 3-ҳазор рупия андоз медоданд). Гумрук аз харидорони англис дар бандари Гуҷарот – Сурат бекор карда шуд. Дар ҷавоб ширкати англисӣвазифадор шуда буд, ки дар як сол 10-ҳазор рупия ба давлат супорад. Дар ин давра низоми тиҷорати аврупоӣтағйир ёфт: ҳарчанд мол мисли пештара аз зарурат бештар харидорӣкарда мешуд, аммо аҷнабиён роҳи ба мустамликаи худ табдил додани Ҳиндустонро пеш гирифтанд[1].

Дар ин давра ширкати Ост-Индияи фаронсавиҳо ширкати Ост-Индияи англисҳоро таҳдид мекард. Рақобат миёни онҳо дар солҳои 40-ум ба бархӯрди рӯирост оварда расонид.

Ин ба ҷанги Англияву Фаронса, ки дар соли 1744 дар Авру

по оғоз гардид, оварда расонид, ки ба Ҳиндустон низ таъсир кард. Дар ин давра ҳам ширкатҳои англисӣва ҳам фаронсавӣна танҳо дар Ҳиндустон тангаҳои худро сикка мезаданд, инчунин дорои дастаҳои низомӣҳамчун восита барои мустамлика намудани Ҳиндустон хизмат менамуданд. Ин дастаҳо аз ҳисоби ҳиндуҳо низ ташкил карда мешуданд, ки ба онҳо дарсҳои ҳарбиро меомӯзониданд. Бояд қайд намоем, ки ин дастаҳои аз ҳисоби мардуми маҳаллӣтаъсисдода пурра дар зери итоати аврупоиён буданд. Ба таъсиси ин гуна дастаҳо бори нахуст соли 1740 фаронсавиҳо шурӯъ намуданд, ки баъдтар англисҳо низ ин иқдомро пеш гирифтанд. Ҷанги 7-солае, ки соли 1756 миёни Англия ва Фаронса ба амал омад, Ҳиндустонро низ фаро гирифт. Дар амалиётҳои ҷангӣба сарлашкари франсуз Лалли Поландалю муяссар гардид, ки қалъаи Давидро дар наздикии Мадрас ғасб намоянд. Аммо дар ҷавоб англисҳо Ҳайдарободро забт намуданд. Ин муборизаҳо бештар ба фоидаи англисҳо анҷом меёфт. Дар соли 1759 эскадраи англисҳо ба Мадрас расид ва фаронсавиҳоро маҷбур сохт, ки ақибнишинӣнамоянд. Дар муҳорибаи Вандеваш лашкари Лалли пароканда карда шуд ва худи Биюс асир афтод. Ҳуҷуми англисҳо ба Пандшер оғоз гардид, ки қариб як сол давом кард, шаҳрро гуруснагӣфаро гирифт, дар натиҷа мудофиачиён таслим шуданд. Мувофиқи сулҳи Париж соли 1763 Пандшер ва якчанд вилоятҳои дигар ба фаронсавиҳо баргардонида шуд. Дар давоми якчанд даҳсолаи охир афсар ва сарбозони фаронсавӣҳамроҳи ҳокимони ҳиндӣдар мубориза бар зидди англисҳо иштрок мекарданд.

Пирӯзии Англияи буржуазӣаз болои феодализми мутлақи Фаронса пеш аз ҳама пирӯзии сохтори пешрафтаи иҷтимоӣиқтисодӣва сиёсӣбуд. Ҳанӯз дар замони амалиётҳои ҳарби зидди фаронсавиҳо дар Мадрас адмирал Уотсон ва капитан Клайв аз Англия фиристода шуданд, ки аз душман бартарӣдоштанд. Ба воситаи банкирҳои ҳиндӣҶагат Сетха ва Амичанд, Клайво бо сипаҳсолори Бангола Мир Ҷаъфар робита барқарор карда буд. Мир Ҷаъфар ба Клайв шароит фароҳам овард, ки аз болои лашкари чандҳазорнафараи Наввоб дар муҳорибаи Плеси ғалаба ба даст орад. Ин муҳориба 23-уми июни соли 1757 ба амал омад. Ин сана дар таърихи Ҳиндустон санаи забти Ҳиндустон ва таъсиси ҳокимияти англисҳо дар ин кишвар эътироф шудааст. Дар давоми асрҳои XVII-XVIII раванди муттаҳидшавии қавмҳои дорои забону фарҳанги ягона пурзӯр мешавад, ки онҳо бо низоми империявӣмубориза мебурданд. Ин раванд дар оянда ба таъсиси давлатҳои алоҳида оварда расонид. Дар натиҷа тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии онҳо барои интегратсия замина мегардид. Ин раванд, ки бо шӯру ошӯбҳо идома дошт, барои мустамликадорон мусоидат мекард. Дар Ҳиндустон давраи нав оғоз гардид, ки онро метавон таърихи мустамликавии Ҳиндустон ном бурд[2].


[1] С. Айни, Мирзо Абдулқодири Бедил. – Сталинобод, 1954. 21-22.

[2] Ваниниа Е. Ю Расцвет и падения империя Великих Моголов // www. Annals.info. ru //2014

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *