Фанни Таърих

Заҳируддин Муҳаммади Бобур ва таъсиси давлати Муғулҳои Ҳинд

Падари Бобур Умаршайх Мирзо ҳокими Фарғона чун ҳомии шоирону олимон машҳур буд. Ӯ дар дарбораш олимону шоирони зиёдеро ҷамъ намуда, онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекард. Маҳз дар чунин муҳит истилогари ояндаи Ҳиндустон, асосгузори давлати Муғулҳои Ҳинд–Бобурмирзо тарбия гирифта ба воя мерасад. Баъди вафоти падараш Умаршайх Бобур ҳокими Фарғона гардид, аммо бисёр ҳокимони темурӣ ба ӯ муносибати хуб надоштанд[1].

Дар чунин вазъият миёни Бобур ва ҳокими Мовароунаҳр Султон Аҳмад Мирзо ва ҳокими Тошканд Султон Маҳмудхон муборизаҳои шадид оғоз ёфт. Бобур кӯшиш мекард

Самарқандро, ки яке аз шаҳрҳои тараққикардаи Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт ва як замон пойтахти Темуриёни ҷаҳонгир буд, ба даст орад. Дар соли 1497 ӯ муддати сад рӯз Самарқандро дар даст дошт, аммо аз тарси оне, ки Фарғонаро аз даст надиҳад, аз забти он даст мекашад. Дар соли 1500 Бобур Самарқандро дубора тасарруф намуд. Аммо дар соли 1501 Шайбонихон лашкарашро барои забти Самарқанд фиристод[2].

Муҳаммади Шайбонихон аз авлоди Чингизхон буд, ки баъдтар давлати таъсиснамудааш бо номи худи ӯ машҳур гашт. Бобои ӯ Абулхайрхон дар нимаи авали асри XV давлати бодиявӣ ташкил намуд, аммо он мабдаи иқтисодӣ надошт ва ба зӯрии силоҳ арзи вуҷуд мекард, аз ин рӯ баъди фавти ӯ пароканда гардид. Ин кори оғознамудаи бобояшро Шайбонихон ба охир мерасонад. Бояд қайд намоем, ки ин давлат қавму халқиятҳои гуногуни турктаборро муттаҳид карда буд[3].

Дар муҳорибаи кушоде, ки миёни Бобур ва Шайбонихон моҳи апрели соли 1501 дар соҳили Зарафшон ба вуқӯъ омад, Бобур шикаст хурда, якчанд моҳ дар Самарқанд монд ва худи ӯ дар ёддоштҳояш инро чунн қайд мекунад: «Аҳолии Самарқанд ҷасорат ва қаҳрамонӣ нишон дода, нақшаҳои фикркардаи Шайбонихонро вайрон мекарданд. Аммо сокинони шаҳр манфиатҳои сулолавии Бобурро, чуноне ки ӯ соддалавҳона гумон мебурд, ҳимоя намекарданд. Бо вуҷуди ин нигоҳ доштани Самарқанд муяссар нагардид. Шаҳриён яроқу аслиҳа надоштанд. Дар шаҳри муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармои мекард» 1.

Бобур барои кӯмак ба ҳокимони гуногун муроҷиат мекунад, вале имдоде нарасид. «Мо ба кӯмак ва пуштибонии маликони ҳамсоя ва атрофу акноф умед баста будем, лекин ҳар яки он нақшаҳои худро дошт»[4].

Хусусан кӯтоҳандешии сардори Темуриёни Хуросон Султон Ҳусайн, ки нафақат дасти ёрӣ дароз накард, балки ҳатто ба Шайбонихон чоплусӣ намуда, ӯро дар ҳайрат гузошт. Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наоварда, ба ҳар сӯ фирор мекарданд. Ниҳоят худи Бобур низ роҳи гурезро пеш гирифт.

Ҳамин тавр, шаҳри Самарқанд дуюмбора ба дасти Шайбонихон даромад. Ба Шайбонихон аз ҳама бештар сокинони шаҳри Қароқул муқовимат карданд. Баҳори соли 1501 дар ин ҷо шӯриши калони халқӣ ба вуқуъ омад, ки амалан хусусияти синфӣ дошт. Шайбонихон ду бор ба Қароқул лашкар кашида, он шӯришро ба хун оғушта мекунад.

Аз рӯи сарчашмаҳо Шайбонихон дар ин муҳориба тактикаи ҷангии тулагмаро[5] истифода намуд, ки тақдири муҳорибаро ҳал намуд. Дере нагузашта, Фарғона ҳам ба дасти Шайбонихон гузашт. Бобур мисли шоҳи шоҳмот аз як чоркунҷа ба чоркунҷаи дигар ба ақиб ҳаракат мекард. Дар соли 1504 ба Шарқ рафта, шаҳри Кобулро, ки дар саргаҳи роҳи тиҷоратии Ҳиндустон, Осиёи Миёна ва Эрон буд, ба даст овард. Ҳамзамон дар Осиёи Миёна мақеи Шайбониён мустаҳкам мешуд. Мудофиаи Хоразмро Чин Суфӣ роҳбарӣ мекард, аммо кӯчманчиёни бодиягард Хоразм ва пойтахти онро ба итоати худ дароварданд. Баъди ҳуҷуми Шайбонихон ба Майман ва Фороб таҳдид Ҳиротро низ фаро гирифт. Дар моҳи майи соли 1505 Бобур бо даъвати Султон Ҳусайн бар зидди Шайбонихон бархост. Марги ногаҳонии Султон Ҳусайн ва ба мувофиқа нарасидани амирони темурӣ ва хуросониён сабабгори муваффақ нашудани иттифоқи зидди Шайбониён гардид. Моҳи майи соли 1507 Бобур боз ба Кобул баргашт[6].

Чуноне ки тарихчиён менависанд, сабаби баргаштанаш ба Кобул ба низом даровардани ҳокимият ва ҷазо додани исёнгарон буд, ки баъди рафтанаш қиём намуда буданд. Ин ба Шайбонихон имкон дод, ки баҳори соли 1507 собиқ ҳудуди Султон Ҳусайн ва Ҳиротро забт намояд. Дар сарзамини паҳновари Шайбониён якчанд сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид. Соли 1510 ин оромӣ аз ду самт халалдор карда шуд[7].

Бодиянишинони қазоқ дар наздикии дарёи Сир ба салтанати Шайбониён зарбаи ҳалокатовар расониданд. Дар ҳамин вақт шоҳи Эрон Исмоили Сафавӣ аз ин огоҳ шуда, ба зудӣ худро ба Марв расонид ва бо қувваи зиёде онро муҳосира намуд. Исмоил бо фиреб дар ин ҷо Шайбонихонро шикаст дода, худи ӯро қатл мекунад. Бобур аз ин огаҳ шуда, ба воситаи роҳи Қундуз ба сӯи Ҳисор ҳаракат кард.

Муҳорибаи ҳалкунандаи Пули Сангин дар дарёи Вахш (ҳоло НОБ-и Норак дар он ҷост) бо ғалабаи Бобур анҷом ёфт. Тамоми ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр бе ҷанг таҳти тасарруфи ӯ даромаданд. Ғалабаи ба осонӣ дастдода Бобурро рӯҳбаланд ва дар айни замон фориғбол ҳам намуд. Бобур ва сарбозони ӯ ба базму зиёфат ва айшу ишрат машғул шуданд, ки ҳамаи ин маблағи зиёдро талаб мекард. Ҳатто Бобур дар зарби сикка ҳилаю найрангро ба кор бурд. Ин ва дигар рафторҳои ноодилонаи Бобур норизогии мардуми Бухоро ва Самарқандро ба миён овард. Баҳори соли 1512 бародарзоди Шайбонихон Убайдулло – Султон ногаҳон ба Бухоро ҳамла намуд ва ба қушуни чандин баробар зиёди Бобур шикаст дод. Бобур ба Ҳисор фирор намуд. Ҳамроҳи қушуни қизилбошҳо боз ба Мовароуннаҳр ҳамла мекунад. Онҳо ҳар ҷое, ки мерасиданд, мардумро қатлу ғорат карда, аз дами теғ мегузарониданд. Дере нагузашта Шайбониён бештари вилоятҳои пештараашонро дубора ба даст оварданд[8].

Баъди дар Ғиждувон ҳамроҳи қизилбошҳо шикасти ҳалокатбор хӯрданаш, Бобур боз роҳи Кобулро пеш гирифт. Дар ибтидои ҳукмронии Бобур дар Кобул, ки мулки ниҳоят васеъ буд, танҳо 14 туман ба ӯ итоат намекард ва аз андоз озод буданд, минтақаҳои дигар бошанд, ба ӯ итоат намуда, ғуломони зархарид пешкаш мекарданд, ки онҳо аз қабилаҳои афғонии муманд, юсуфзой, хучиён ва ғайра буданд. Онҳо ба сифати афсар хизмат намуда, дар муҳорибаҳо фаъолона иштирок мекарданд. Худи Бобур дар асари ёддоштии худ «Бобурнома» ошкоро менависад, ки баъди забти Кобул (1504-1505) мехостам ҳарчи зудтар Ҳиндустонро низ ба даст орам, чунки боигарии он ҳамто надорад. Бобур Панҷоб[9] ва қисмати шимолии Ҳиндустонро, ки замоне аз тарафи Темур забт шуда буданд, мулки қонунии Темуриён ҳисоб мекард. Дар солҳои 1518-1519 Бобур гузаргоҳи Хайбарро гузашта, ба Ҳиндустон лашкар кашида, ки шаҳрҳои обод ва водиҳои ҳосилхезро ғорат карда, пас мегардад. Махсусан ҳуҷуми панҷуми ӯ барои Иброҳимшоҳи Лудӣ ҳалокатбор маҳсуб меёфт. Ба ҳайати лашкари Бобур чағатойҳо, барлосҳо, тоҷикон, ҷалоирҳо ва қабилаҳои афғон дохил мешуданд, ки бо даъвати Бобур аз Осиёи Миёна омада буданд. Ин лашкар ҳуҷумро аз моҳи апрели соли 1525 ба Деҳлӣ оғоз намуд. Ҳуҷум аз Панҷоб – Харянс ва Ганга оғоз гардид. Дар Панҷоб ба лашкари онҳо хахорҳо ва дигар қабилаҳо ҳамроҳ шуданд. Дар ин ҷо ногаҳон ба лашкари Бобур ҳокими Лоҳур – Давлатхон, ки як замоне аз ӯ кӯмак хоста буд, рақобат нишон дод, аммо шикаст хурда, тобеъияташро ба Бобур эътироф намуд. Бояд қайд намоем, ки забти Панҷоб барои Бобур хеле осон афтод, чунки панҷ дарёе,

ки номи Панҷобро ташкил мекард, дар фасли зимистон обашон поён мерафт ва барои убур кардан осон мегардиданд[10].

Аслиҳаи лашкари Бобур дар он вақт нисбат ба аслиҳаи ҳиндуҳо пурқувват ва устувор буд. Лашкари Бобур дар зери идораи сардорони низомӣ ва тӯпчиёни турк буд. Инчунин усули муҳосираи душман ва ҳуҷум аз ду самт хеле қулай истифода шуд, ки ин тактикаи ҷангӣ аз замони муғулҳо мерос монда буд.

Дар сафи лашкари Бобур аксариятро тоҷикони кӯҳистон ташкил медоданд. Муаррих Қаландарзода қайд мекунад, ки «Бо даъвати Бобур ҷавонмардони Панҷруду Фалғар, Такфону Масчоҳ ва Рашту Дарвоз паси ҳам ба гурӯҳҳои нав ба нав муттаҳид шуда, дар умум лашкари дар он замон пуриқтидори 70 ҳазораро ташкил медиҳанд…»[11]. Бобур аз озодандешӣ ва ҷавонмардиҳои мардуми тоҷик огаҳ буд ва аз тарафи дигар аксар ҳамқавмону наздиконаш аз ӯ руй гардонида буданд, маҳз аз ҳамин сабаб ӯ лашкарашро аз ҳисоби ҷавонмардони тоҷик пурра намуд.

Муҳорибаи ҳалкунанда бо султони Деҳлӣ 21-уми апрели соли 1526 дар назди Панипат ба амал омад. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо лашкари Деҳлӣ 100-ҳазор нафар ва аз рӯи баъзеи дигар 40-ҳазор нафар буд. Бобур, ки лашкараш ҳамагӣ 12-ҳазор нафар буд, тавонист аз болои султони Деҳлӣ ғалаба кунад. Аз тӯпҳои Бобур тир холӣ карда шуд, ки баъди он артиши ӯ Иброҳимшоҳро муҳосира намуда, шаҳрро тирборон мекунанд. Муҳориба ниҳоят шиддат мегирифт ва ҳазорҳо одам дар саҳнаи ҷанг монда ҳалок мешуданд. Чӣ тавре ки Бобур менависад: «Ин кори ниҳоят душвор бо хост ва хоҳиши Худо осон гардид» [12].

Душманони гурехтаи Бобур таъқиб карда шуда, аз аспҳо ба замин афтонда мешуданд. Дар миёни кушташудагон, ки хеле зиёд будаднд, ҷасади Иброҳими Лудӣ низ ёфт шуд.

Сари буридаи ӯро ба Бобур пешкаш карданд, акнун барои Бобур роҳ ба сӯи Деҳлӣ кушода шуд. Ҳамин тавр, таърихи яке аз давлатҳои асримиёнагии Ҳиндустон – Султонигарии Деҳлӣ ба охир расид. Сулолаи Муғулҳои Ҳинд таъсис ёфт, ки Ҳиндустонро то замони ҳукумати мустамликавӣ идора намуд. Аз қисмати шимолу шарқи Ҳиндустон – Бихор ва Бангола ҳукумати навтаъсисро саркардаҳои ҳарбии афғон таҳдид мекарданд. Ба муқобили онҳо Бобур лашкарашро ҳамроҳи писари бузургаш Ҳумоюн фиристод. Бо пайдо шудани Ҳумоюн дар саҳнаи муҳориба артиши ду афғони маъруф – Носирхон Лоҳанӣ ва Маъруф Фармулӣ пароканда гардиданд. Сарҳади давлати Бобур аз дарёи Аток то Бихор васеъ гардид. Акнун барои Бобур хатари бештарро раҷпутҳо эҷод мекарданд. Ҳокими бузурги Мевар – Ран Санг то оғози муҳорибаи Панипат нисбати Бобур муносибати хуб дошт, аммо рақобати ӯро бо Иброҳимшоҳи Лудӣ дида, рақиби асосии ӯ гардид. Забткориҳои Бобур дар Калп, Дхолпур ва Биан нишонаи тамоюли лашкари императории ӯ буд. Дар моҳи марти соли 1527 дар назди Хауна муҳориба миёни Ран ва Бобур сурат гирифт. Новобаста ба зиёд будани шумораи сарбозони Ран ва иттифоқчиёнаш, онҳо шикаст хӯрданд[13]. Якчанд ҳамлаи Бобур ба сипаҳсолорони раҷпутҳо, ки барои ба даст овардани Ҳиндустони Шимолӣ мубориза мебурданд, нуқта гузошт. Баъди ин воқеъа дар соли 1529 қувваҳои Маҳмуди Лудӣ, ки иттиҳодияи амирони афғонро сардорӣ мекард, пароканда гардид. Баъдан шаҳрҳои назди Ранга – Аллоҳобод, Ранас, Ғозипур ба итоати Бобур даромаданд. Сарбозони ӯ инчунин Бихорро низ ба даст оварданд. Дар ин вақт қувваи султони Бангола Нусратшоҳ ба кӯмаки афғонҳо омад, аммо дар назди соҳили Гхора шикасти мудҳише хӯрд. Ин воқеъа 6-уми майи соли 1529 ба амал омад.

Қисмати зиёди Ҳиндустони шимолӣ, аз ҷумла ҳамаи водиҳои Ганг ба дасти Бобур гузашт. Қариб ҳамаи заминҳои забткардаашро Бобур ба сипаҳсолорон ва наздиконаш тақсим намуд. Онҳо асосан тоҷикон, қабилаҳои чағатой, турк, ӯзбак, инчунин афғонҳои аз Кобул ҳамроҳи ӯ омада буданд, иборат буд. Як қисми ин саркардаҳои ҳарбӣ ба Афғонистон баргашта, аз ҳисоби молҳои ба дастовардаашон зиндагӣ карданд. Қисмати боқимондаашон бошад, ба сифати виҷха (виджхи) – инъом, заминҳои зиёд, ҳатто ноҳия ва вилояти томро соҳиб шуданд. Виҷха – тахмин ҳамон суюрғоли замони Темуриён бошад, ки дар асри XV дар Эрон ва Осиеи Миёна паҳн шуда буд. Он нафароне, ки аз Бобур чунин инъомҳо (виҷха) гирифта буданд, ӯҳдадор буданд, ки аз ҳар як Лакха – (100-ҳазор) даромадашон сад савораро (бо борҳо) ба давлат супоранд. Ҳукмронии Бобур ҳамагӣ 3-сол давом кард. Қалъаи Агра, ки дар қисмати ҷанубу шарқии Деҳлӣ буд, такягоҳи асосии Бобур ҳисоб мешуд[14].

Расми 2. Заҳируддин Муҳаммади Бобур (1483- 1530)[15].

Аз нуқтаи назари илмӣ агар нигоҳ кунем, Бобур натанҳо сиёсатмадори ботаҷриба, инчунин сарлашкари ҷасур, марди қавиирода низ ба назар мерасад. Бобур – Заҳируддини Муҳаммад 14-уми феврали соли 1483 дар Андиҷон таваллуд шудааст. Ӯ дар синни 12-солагӣ ҳокими Фарғона таъин шуд.

Ҳамзамон ӯ ҳамчун шахси таълимгирифта, дар масъалаҳои сиёсӣ ва давлатдорӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Заҳируддин Муҳаммади Бобур 26-уми декабри соли 1530 дар шаҳри Аграи Ҳиндустон вафот кард2.

  1. Империя великих моголов в Индии. www. mirasky.h1.ru / 2014

  2. Ѓафуров Б. Ѓ. Тоҷикон. – Душанбе, 1998. – С. 212.
  3. Њамон ҷо
  4. Ѓафуров Б. Ѓ. Тоҷикон. – Душанбе, 1998. – С. 212.
  5. Тулагма – ин тактикаи ҷангии кўчаманчиѐн аст, ки душманро муҳосира намуда, аз ақибгоҳ ҳамла мекунанд.
  6. Новая и новейшая история Индии. – Москва, 1965. – С. 148.
  7. Ѓафуров Б.Ѓ. Тоҷикон. – Душанбе, 1998. – С.12.
  8. Азимҷонова С. А. Государства Бобура в Кобуле и в Индии. – Москва , 1977. – С. 48-50.
  9. Панҷоб аз забони тоҷикии панҷ дарѐ гирифта шудааст. Аз сабабе, ки дар атрофи ин сарзамин паҷ дарѐи бузург мавҷуд аст ин сарзамин аз замонҳои қадим чунин ном бурда мешуд.
  10. Азимҷонова С.А. Государства Бобура в Кобуле и в Индии. – Москва ,1977. – С.48-50.
  11. Ќаландарзода Додоҷон, Бобур ва мардуми кўҳистон. Сомон, 12 март, 1992. – С. 7.
  12. Азимҷонова С.А. Государства Бобура в Кобуле и в Индии. – Москва ,1977. – С. 51.
  13. Азимҷонова С.А. асари зикршуда, – С. 52-53.
  14. Њамон ҷо, – С. 99-112.
  15. Империя великих маголов в Индии. www.vikipedia.org /2014

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *