Фанни Сотсиология

Ҷомеа ва фарҳанг

Нақшаи кор:
1. Мафҳуми “фарҳанг” ва шарҳи сотсиологии он 1
2. қисматҳои фарҳанг 2
3. Ягонагӣ ва фарқияти фарҳангҳо: 2
• Фарҳангҳои универсалӣ 2
• Этносентризм ва релятивизм 3
• Субкултура ва контркултура 4
4. Фарҳанги халқӣ, оммавӣ ва эгалитарӣ 4
5. Диффузияи фарҳанг 4
Адабиёт:
1. Баҳромбеков В., Миров Ф. Асосҳоисотсиология. — Душанбе: “Матбуот”, 2015.
2. Волков Ю. Е. Социология. — М.: «Дашков и К°», 2012.
3. Гидденс Э. Социология. Перев. с англ. Изд. 2-е. -М.: Едиториал УРСС, 2005.
4. Гулаҳмадов Ш.Н., Абдулвоҳидов С., Файзиев Б. Сотсиология. – Кулоб, 2011.
5. Лавриненко В.Н. Социология. Конспект лекций. — М.: Проспект, 2013.
6. ОсиповГ. Социология. Основы общей теории. Второе издание. — М.: Инфра-М, 2013.
7. Штомпка П. Социология. — М., 2010.
Мафҳумҳоикалидӣ:
“Фарҳанг”, “тамаддун”, “фарҳанги оммавӣ”, “этносентризм”, “релятивизм”, “субъкултура”, “контркултура”, “фарҳанги универсалӣ”, “диффузияи фарҳанг” ва ғайраҳо
1. Мафҳуми “фарҳанг” ва шарҳи сотсиологии он
Маҷмўи дастовардҳои моддӣ ва маънавиеро, ки инсон дар тўли ташаккули худ ба даст овардааст ва барои пешрафти ҷомеа истифода мешавад ва аз насл ба насл мегузарад, фарҳанг номидаанд. Њайвонот, ки аз рўйи истинкт зиндагӣ мекунанд, дар ҳамаҷо як хел рафтордоранд, аммо рафтори одамонро фарҳанг муайян менамояд. Фарҳанг ин ҳамачизест, ки инсон дар натиҷаи фаъолияти моддӣ ва маънавӣ аз “табиати аввал” (офаридаи Худо) истифода бурда “табиати дуввум” – ро месозад. Фарҳанг ин ҷаҳони ба таври сунъӣ созмондодаи одамон аст, ки чунин ҷаҳон дар табиат вуҷуд надорад ва артефакт (зуҳуроти сунъӣ) мебошад. Барои сотсиология ҷиҳати муҳими фарҳанг он аст, ки одамон дар рафти офаридани фарҳанг чи гуна бо ҳам муносибат мекунанд.
Асоси ҳар як фарҳангро арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоие ташкил медиҳанд, ки рафтору фаъолияти одамонро ба танзим медароранд. Бисёре аз рафтору одатҳои инсонҳо бамеъёрҳо ва арзишҳои фарҳангиашон шакл гирифтаанд. Масалан, Дар Гренландия аҳолӣ дар назди одамони бегона шўхи намекунанд ва намеханданд, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо бадқавоқ ва дағаланд. Фарҳанги онҳо чунин талаб мекунад ва ба одат табдил ёфтааст. Марказҳои хизматрасонӣ барои он, ки кормандонаш бо муштариёнаш бочеҳраи хандон муошират кунанд, онҳоро дар хориҷи мамлакат мехононанд. Америкоиҳо ва япониҳо меҳнат ва муваффақиятро қадр мекунанд, аммо барои амрикоиҳо индивидуализм хос аст, япониҳо бошад ба коллектив майл доранд. Ё меҳмондўстии тоҷикона. Арзишҳои фарҳанги аз як насл ба насли дигар тавассути сотсиализатсия мегузарад.
Тамоми комёбиҳою дастовардҳои инсониро, ки дар тўли ташаккули ҷомеавӣ ба даст овардаанд, ба ду қисмат ҷудо намудаанд: фарҳанги моддӣ ва маънавӣ. Фарҳанги моддӣ, қабл аз ҳама воситаҳои истеҳсолот, предметҳои меҳнати ҷисмонӣ, иншоотҳо, биноҳо, олоти меҳнат, асарҳои санъат, предметҳои рўзгор ва ғайраҳо, ки предметҳои он бештар мушкилотҳои зиндагии инсонро осон мегардонад, кулли ҷомеа барои ба даст овардани предметҳои он саҳм мегузоранд.Фарҳанги маънавӣ, дар истеҳсолоту маишат истифода шудани комёбиҳо, савияи маълумот, вазъи маориф, кашфиётҳо, адои хизмати тиббӣ, санъат, меъёру одобу ахлоқи аъзоёни ҷамъият, дараҷаи инкишофи талаботу манфиати одамон ба моли фарҳанги маънавӣ, дониш, эътиқод, ақида, арзишҳо, идеология, ахлоӣ, забон, қонунҳо, анъана, урфу одатҳо дохил мешаванд. Њатто ҳар як фарҳанг муносибатҳои ғайри лафзонӣ низ дорад.
Аз рўи ақидаи олимон кайҳон 15 миллиард сол пеш ва сайёраи мо 4,5 млрд сол пеш пайдо шудааст. Њаёт дар Замин 3,5 млрд сол пеш ва 3 млн сол пеш гузаштагони мо дар Африкаи Марказӣ ба ҳаёти заминӣ ва шикор оғоз мекунанд. Тахминан 250 ҳазор сол пеш ҳомосапенс ё инсони боақл пайдо шуда, 40 ҳазор сол пеш одамони мисли имрўза ташаккул меёбанд. Тахминан 12 ҳазор сол пеш тақсимоти меҳнат шурўъ гардида, дар ҳудуди Миср ва Эрони имрўза тамаддуни аввалин пайдо мегардад. Њоло дар сайёраи мо зиёда аз 5 ҳазор забон ва 200 давлати ҷаҳон (20 давлат аз собиқ СССР ва Югославия пайдо шуд) ба қайд гирифта шудааст.
2. қисматҳои фарҳанг
Муҳимтарин қисматҳои фарҳанг символҳо ё аломатҳо (масалан, забон) арзишҳо ва бовариҳо, меъёрҳо ва ашёҳои моддӣ (аз ҷумла технология) ба ҳисоб мераванд. Такягоҳи асосии фарҳанг маънавиёт (арзишҳо, забон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, оину русум ва санъат) мебошад. Сабабаш ин аст, ки онҳо дар муқоиса бо офаридаҳои моддӣ устувор ва дарозумртар буда, ба ҳар яке аз ин падидаҳои маънавӣ — маданӣ муҳри хираду заковати ҳар кадом халқ нақш бастааст, ки онро аз фарҳанги мардуми дигар xудо мекунад. Забон рўҳи фарҳанг аст. Забон ин маҷмўи рамзу аломатҳост, ки тавассути он раванди муошират ва мубодилаи афкор ба роҳ монда мешавад.
Урфу одат ин тарзи ҷолиби рафтори одамон, ки аз насл ба насл гузашта дар ҷамоаҳои муайян ва гурўҳҳо истифода гардида, ба одати аъзоёни он мубаддал мегардад. Дар ҳамаи ҷамъиятҳо ҳазорҳо тарзи рафтор қабул гардидаанд. Бо роҳи санҷидан ва хато кардан як ё якчанд нави рафторро қабул менамоянд (масалан, тарзи хўрок хўрдан, салом намудан ва ғайраҳо). Агар ин амалҳо дар ҳаёти ҳаррўза такрор шаванд, пас онҳо урф мегарданд. Агар урфу одат аз як насл ба наслҳои дигар гузарад, ба анъана мубадал мегардад. Анъанадар забонҳои аврупоӣ бо мафҳуми традитсияи калимаи лот. tқaditio гирифта шудааст. Яке аз шаклҳои рамзии манъ намудани баъзе амалҳо ва ба тартиб даровардани рафтор ин ритуал (калимаи лот. қitғalis — маросим)мебошад. Ин маҷмўи урфу одатҳои рамзии барқарор гардидаест, ки навъҳои муқарраргардидаи равобити афродро ба танзим дароварда, аз он ҷумла тарзи сухан рондан, ки ба тариқи рамзӣ навъи алоқаи фардҳо, гурўҳҳои иҷтимоӣ, дар умум арзишҳо, ниҳодҳо, рўйдодҳои таърихӣ, одамон ва ашёҳои табиат ва ғайраро дар бар мегирад (масалан, русуми ҷаноза дар он баланд ҳарф задан, хандидан мумкин). Умуман, фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа ин пеш аз ҳама чун васоити ҳифзкунандаи таҷрибаи инсоният ва аз як насл ба насли дигар интиқолдиҳандаи онҳо хизмат мекунад.
3. Ягонагӣ ва фарқияти фарҳангҳо:
• Фарҳангҳои универсалӣ
Фарҳанги ҳамон гуногун ранг буда, аз ҳам фарқ мекунанд. Бисёре аз шаклҳои рафтор дар доираи як фарҳангҳо қобили қабул аст, аммо дар дигар фарҳанг рафтори номатлуб ҳисоб мешавад. Масалан, никоҳ дар синни 12 -13 дар баъзе аз давлатҳои Шарқи Наздик кори муқаррарӣ ҳисобмешавад, аммо дар давлатҳои Ѓарбӣ дар ин синну сол фард хурдсол ҳисоб мешавад. Мусулмонон гўшти хук намехуранд, аммо барои ғарбиҳо ин яке аз хўрокҳои асосӣ аст. Ё баъзе аз ҳиндуҳо гушти гов намехўранд. Барои баъзе аз намояндагони давлатҳои Осиёи Дургӯштисагугўр ба таоми лазиз ҳисобмешавад.
Њарчанд фарҳангҳо аз ҳам фарқ кунанд ҳам, маънои онро надорад, ки дар байни онҳо ягонагӣ ва монандӣ дида намешавад. Сотсиологҳо кўшиш мекунанд, ки дар байни фарҳангҳои зиёд як умумиятро пайдо намоянд, ки бо забони илмӣ онҳоро фарҳангҳои универсалӣ меноманд. Фарҳангҳои универсалӣ ҷиҳатҳои хос ва такроршавандаи ҳаёт аст, ки дар ҳамаи ҷомеаҳо мушоҳида мешаванд. Сабаби пайдоиши фарҳангҳои универсалӣ дар он аст, ки баъзе аз масъалаҳо дар ҳама ҷо як хел зоҳир мешаванд ва талабот ба ҳалли онҳо чунин маданиятҳоро ба вуҷуд меоранд. Сотсиологи амрикоӣ Љ. Мердок дар натиҷаи тадқиқоти худ 88 намуди фарҳангҳои универсалиро ҷудо намудааст, мисли “забон”, “урфу одатҳо”, “моликияти хусусӣ”, “сафар кардан”, “табақаҳои иҷтимоӣ”, “эътиқод”, “варзиш”, “мусиқӣ”, “салом додан”, “тўҳфа намудани гул” ва ғайраҳо. Ин фарҳангҳо ҳарчанд дар шаклҳои гуногун зоҳир шаванд, аммо як моҳиятро ифода менамоянд. Масалан, “оиладор шудан” фарҳанги универсалии ҳамаи ҷамъиятҳо ҳаст, аммо дар ҳар як ҷомеа бо урфу одат ва анъанаҳои гуногун амалӣ мегардад.
• Этносентризм ва релятивизм
Њар як фарҳанг ба худ тарзи нотакрори рафторро дорад, ки барои намояндаи дигар фарҳанг бегона мебошад. Њангоме, ки мо ба хориҷи мамлакат сафар мекунем, дар муҳити фарҳангии бароямон бегона моро як эҳсосоти аҷоибе фаро мегирад. Он ҷанбаҳои ҳаётии рўзмаррае, ки кайҳо дар ботин ва хуни мо ҷой гирифтааст, дар дигар давлат фавқуллода менамояд. Бисёре одамон дар дигар давлат ва муҳити барояшон бегона худро гум мекунанд (садамаи фарҳангӣ). Зеро онҳо такягоҳи одатии худро, ки барои фаҳмидани ҷаҳони иҳота намудаашон кўмак мерасонд, аз даст додаанд ва ба фарҳанги нав ҳанўз мутобиқ нашудаанд. Фарҳанги муайян барои як нафаре метвонад комилан қобили қабул набошад ва моҳияти урфу одатҳои он фарҳангро нафаҳмад. Масалан, сайёҳи аврупоӣ аввалин маротиба ба давлати мусулмонӣ меояд, аз овози “азон” баҳаяҷон меафтад, ҳол он, ки барои мусулмонони ин давлат “азон” як чизи муқаррарӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад, ки онҳоро ба ибодат даъват менамояд.
Яке аз масъалаҳои сотсиологӣ баҳодиҳии одамон ба фарҳанги якдигарӣ мебошад. Одамон ба фарҳанги дигар аз нуқтаи назари фарҳанги худ баҳо медиҳад, ки онро этносентризм меноманд. Ба фарҳанги дигар он аз нуқтаи назари фарҳанги худ ҳукм рондан ва нодида гирифтан, паст задан ё рад намудани фарҳанги бегона этносентризм ном гирифтааст. Этносентризм ҷиҳати мусбӣ низ дорад. Он ягонагии гурўҳҳоро устувор мегардонад, шиддати низоъ ҷои дохилиро паст менамояд, мисли ширеш намояндагони як фарҳангро бо ҳам “мечаспонад”, намегузорад, ки онҳо ба дигар гурўҳҳо ё умумиятҳои бегона бипайванданд. Фарҳанги як халқу миллат барои намояндагонаш ягона ва беҳтарин фарҳанг менамояд. Њолате мешавад, ки намояндагони як фарҳанг фарҳанги дигарро паст мезананд, нодида мегиранд ва ё тавассути фишор онро нобуд кардан мехоҳанд. Яке аз мисолҳои этносентризм фаъолияти миссионерӣ мебошад, ки бо ин васила дин, фарҳанг, тарзи зндагии худро як халқу миллат ба дигарон бор кардан мехоҳанд. Њоло ҳам ба давлатҳои шарқи бо роҳи зўрӣ ё тарғиб бор кардани тарзи зиндагии ҳарбӣ, демократия ва ғайраҳо.
Ба муқобили равиши этносентризм релятивизми фарҳангӣ баромад мекунад.Мувофиқи ин равия ҳар як фарҳангро вобаста ба ҳаёти ҳамон халқ фаҳмидан мумкин аст. Мо моҳияти фарҳанги дигаронро бо воситаи муқобилгузорӣ ба фарҳанги худ омўхта наметавонем. Рафтори ин ё он халқро тавассути арзишҳо, меёрҳо ва бовариҳои онҳо омўхтан лозим аст. Ба таври объективӣ муносибат намудан ба фарҳанги бегона, муносибати таҳаммулпазирона нисбати урфу одат ва рафтори намояндагони дигар фарҳанг ё ақалан мавқеи бетарафиро ишғол намудан, моҳияти релятивизми фарҳангиро ташкил медиҳад. Њар як фарҳанг ҳаққи вуҷуд доштан дорад.
Мо бояд фарҳанги бегонаро паст назанем, намояндагони онро таҳқир накунем ва муносибати таҳаммулпазирона дошта бошем, зеро он фарҳанг ва урфу одатҳо барои намояндагонаш арзиши баланд, қадру қимат дорад ва дар ҳаёти он халқ ягон нақшеро мебозад. Масалан, дар баъзе аз халқиятҳои инуит пиронсолони заифро барои мурдан дар хунукӣ мегузоранд. Агар аз нуқтаи назари фарҳанги мо ин амал ваҳшоният ва ғайри инсондўстӣ аст, аммо барои он халқиятҳо чораи инсондўстона пиндошта мешавад. Ба ақидаи онҳо дар он дунё одамон бо бадани мисли заминиашон бармехезанд. Аз нуқтаи назари сотсиологӣ ин анъана, онҳоро аз гуруснагӣ ва беморӣ наҷот медиҳад, зеро захираҳои моддӣ дар ин халқиятҳо намерасад ва зарурати доимо кам кардани шумораи онҳо пайдо шудааст.
• Субкултура ва контркултура
Њар як умумияти иҷтимоӣ арзишҳо ва меъёрҳои хосаи худро доранд, ки бо фарҳанги ҳукмрон зич алоқамандӣ дорад. Дар шароити имрўза дар баъзе аздавлатҳо, масалан, ИМА намояндагони фарҳангҳои гуногун дар як сотсиум зиндагӣ намуда, меъёрҳою арзишҳои фарҳангии худро то ҳол нигоҳ доштаанд. Ин намунаҳои махсуси фарҳангро субкултура (порчафарҳангҳо) меноманд. Субкултураҳо фарҳанги гурўҳҳои иҷтимоиест, ки ҳарчанд аз фарҳанги ҳукумрониҳо фарқ кунанд ҳам, аммоба он алоқаманданд (зид нестанд), балки дар рушди фарҳанги умумӣ саҳм мегузоранд. Шаклҳои маъмули субкултураи шаҳрӣ, қишлоқӣ, ақаллиятҳои миллӣ, субкултураи ҷавонон, дўстдорони реп, хип-хоп, мухлисони футбол, муллоҳо ва ғайраҳо вуҷуд доранд. Субкултураҳо ба одамон имконият медиҳанд, ки мувофиқ ба фикр, хоҳиш ва боварии худ озодона амал кунанд.
Яке аз навъҳои субкултура — ин контркултура мебошад. Меъёрҳо, арзишҳо ва тарзи зиндагии субкултура на танҳо аз фарҳанги вуҷуддоштаи ҳамаи ҷомеа фарқ менамояд, балки ба муқобили он мебарояд. Контркултура фарҳанги гурўҳҳои иҷтимоиест, киҳарзишҳо ва меъёрҳои фарҳанги ҳукумрони ҷомеаро инкор менамояд. Масалан, дастаи авбошон, ҷинояткорон, экстримистҳо, терористҳо, майхораҳо, нашъамандон, бомжҳо ва ғайраҳо.
4. Фарҳанги халқӣ, оммавӣ ва эгалитарӣ
Њар ҷомеа навъҳои хоси фарҳанги худро дорост, ки аз тарафи аксари аъзоёни он эътироф гардидаанд. Фарҳанги халқӣ ба таври стихиявӣ ва аз ҳаёту фаъолияти муштараки одамон пайдо шуда, дар урфу одат ва анъанаҳои иҷтимоии он халлӣ ифодаи худро меёбад.
Фарҳанги оммавӣ бошад маҳсули тамаддуни саноатӣ аст, ки ба худ ҳамаи табақаю умумиятҳои иҷтимоиро ҷалб менамояд. Маҳз тамаддуни саноатӣ раванди урбанизатсияро тезонд, маълумоти олиро қариб ба ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ дастрас гардонид, нақши ВАО ва коммуникатсияро дар ҳаёти мардум боло бурд. Ба фарҳанги оммави дохил мешаванд: рў овардан ба тарзи зиндаии шаҳрӣ, таҳсили миёнаи ҳамагонӣ ва кўшиши таҳсил дар мактабҳои олӣ, истифодаи воситаҳои коммуникатсия, мисли компютер, телефони мобилӣ ва интернет, рушди саноати реклама, муд, ташаккули талаботҳои истеъмолӣ ва ғайраҳо.
Фарҳанги эгалитарӣ дар аввал муқобили фарҳанги халқӣ ва хоси одамони таълимдида ва тарбиядидаи шаҳрӣ буд, мисли фарҳанги аристократҳо. Дар асри ХХ фарҳанги эгалитарӣ ба зидди фарҳанги оммавӣ баромада, ҳамчун вокуниш ба манфиатҷўйӣ ва манфиатхоҳӣ намоён гардид. Ба фарҳанги эгалитарӣ тарзи зиндагии ба истилоҳ зебо (эстетикӣ) дохил мегардад, ки ба одами муқарарӣ бегона ва нофаҳмо аст.
5. Диффузия (паҳншавӣ) — и фарҳанг
Тағйирёбии фарҳангҳо дар натиҷаи диффузия ё паҳншавии унсурҳои фарҳангҳои пешқадам дар ҷомеҳои муосир ба вуҷуд меояд. Диффузия –раванде, ки дар рафти он унсурҳои пешрафтаи фарҳангӣ аз як низоми иҷтимоӣ ба дигар низом паҳн мешавад. Њар як фарҳанг дастовардҳо ва ҷиҳатҳои нотакроре дорад, ки ба дигар фарҳангҳо фарқ доранд. Миллаҳо унсурҳо ва дастовардҳои муҳими фарҳанги пешқадами якдигариро қабул менамояд ва истифода мебаранд. Масъалан, имрўз бо мусоидати раванди глобализатсия унсурҳои фарҳанги ғарбӣ- аз воситаҳои технологӣ ва коммуникатсионӣ то фарҳанги либоспўшӣ дар ҷомеаҳои боқимонда босуръат паҳн мешаванд. Масалан, демократикунонии ҷомеа, компютеркунонӣ, истифода аз воситаҳои коммуникатсионӣ, мисли телефони мобилӣ, интернет ва ғайраҳо. Умуман, баъзан вақт барои ҳимояи фарҳанги миллӣ ва амнияти шаҳрвандон ин ё он давлат ба паҳншавии баъзе аз унсурҳои фарҳанг монеъ мешаванд (ба паҳншавии либоси аврупоӣ ё идеологияи бегона) ва баръакс ба дигар унсурҳои барои ҷомеа муҳими фарҳангҳои пешрафта мусоидат менамоянд (компютеризатсияи истеҳсолот, таҳсил дар хориҷа ва ғайраҳо).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *