Саволҳои Тести

Саволхо аз фанни грамматика

@ 1.

Забони тоҷикӣ ба кадом гурӯҳи забонҳо мансуб аст?

$A) славянӣ; $B) олмонӣ; $C) эронӣ; $D) ҳиндӣ; $E) туркӣ;

@2.

Тартиби муайяни ҳарфҳоро чӣ мегӯянд?

$A) имло; $B) зада; $C) ҳиҷо; $D) фонетика; $E) алифбо;

@3.

Фонетика чиро меомӯзад?

$A) алифборо; $B) ҳиҷоро; $C) овозро; $D) калимаҳоро; $E) ҳарфҳоро;

@4.

Ба ҳиссаҳо ҷудо шудани калимаҳоро чӣ меноманд?

$A) пасванд; $B) пешванд; $C) нидо; $D) ҳиҷо; $E) пасоянд;

@5.

Шакл ва сохти калимаҳоро кадом бахши забон меомӯзад?

$A) лексикография; $B) фразеология; $C) лексикология; $D) морфология; $E) фонетика;

@6.

Бандаки изофӣ кадом навъи алоқаро созмон медиҳад?

$A) пешояндӣ; $B) пасвандӣ; $C) изофӣ; $D) пасвандиву пешояндӣ; $E) ягон намудро;

@7.

Мафҳуми ашёро кадом ҳиссаи нутқ ифода мекунад?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@8.

Аломати ашёро кадом ҳиссаи нутқ ифода мекунад?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@9.

Миқдори ашёро кадом ҳиссаи нутқ ифода мекунад?

$A) нидо; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@10.

Кадом ҳиссаи нутқ предмет, аломат ва миқдорро нишон медиҳад?

$A) ҷонишин; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@11.

Сохти ҷонишинҳои ҳамин, ҳамон, инчунин, ончунон –ро муайян кунед?

$A) сода; $B) сохта; $C) одӣ; $D) мураккаб; $E) таркибӣ;

@12.

Калимаҳои рав, бин, навис ба кадом асоси замонҳои феъл мансубанд?

$A) замони ҳозира; $B) замони гузашта; $C) замони гузаштаи дур; $D) замони гузаштаи наздик; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@13.

Навишти кадом шакли феълӣ дуруст мебошад?

$A) ханда кунон рафт $B) хандидарафт; $C) хандида хандида рафт; $D) хандакунон рафт; $E) ханда-кунон рафт;

@14.

Калимаҳои бозикунон, навозишкунон, роҳравон ба кадом навъи феълҳо мансубанд?

$A) феъли таркибӣ; $B) феъли сода; $C) феъли сохта; $D) феъли ҳол; $E) сифати феълӣ;

@15.

Дар байти зерин имлои кадом калима хато аст?

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод. Бозор Собир.

$A) ҳарчи; $B) дунё; $C) хитта; $D) Балх; $E) Бухоро;

@16.

Мардуми тоҷик аз кадом хатҳо истифода бурдаанд?

$A) лотинӣ, юнонӣ; $B) суғдӣ, хитоӣ; $C) кириллӣ, лотинӣ; $D) қирғизӣ, форсӣ; $E) ҳиндӣ, арабӣ;

@17.

Ҳарфҳои садонокро нишон диҳед?

$A) а, и, о, у, ӯ, э; $B) а, б, п, л; $C) а, и, й, о, у, ғ; $D) д, и,о,р,а; $E) т, ш, н, у;

@18.

Кадом овозҳо ҳиҷо месозанд?

$A) ҳамсадоҳо; $B) ҷарангдорҳо; $C) беҷарангҳо; $D) димоғиҳо; $E) садонокҳо;

@19.

Ҷойи кадом ҳарфҳо дар алифбои нав тағйир ёфт?

$A) а, з, р, в; $B) г, ғ, б, д; $C) м, т, ф, ҳ; $D) ц, ы,щ,ь; $E) ғ, ӣ, қ, ӯ;

@20.

Навишти кадом ибора дуруст аст?

$A) марги суҳроб; $B) марги модар андар; $C) маргӣ модаркалон; $D) марги Судхӯр; $E) марги нобаҳангом;

@21.

Кадоме аз ин калимаҳо дар шакли ҷамъ омадааст?

$A) модаре; $B) модарон; $C) модараш; $D) модар-ш;

@22.

Ҷамъбандӣ хоси кадом ҳиссаи нутқ аст?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@23.

Кадоме аз калимаҳои зерин тарзи (варианти) дигари навишт (чун чор- чаҳор) доранд?

$A) падар; $B) ватан; $C) нигоҳ; $D) бой; $E) хайрхоҳ;

@24.

Навишти кадом шакли ҷонишинҳо дуруст мебошад?

$A) ҳам ин; ҳамон; $B) чи, ки; $C) кӣ, чӣ; $D) чигуна, чӣ тарз; $E) ингуна, интарз;

@25.

Калимаҳо ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар ба кадом навъи ҷонишин мансубанд?

$A) ишоратӣ; $B) соҳибӣ; $C) нисфӣ; $D) муштарак; $E) таркибӣ;

@26.

Калимаҳои хон, пӯш, нӯш, фирист ба кадом асоси замони феъл мансубанд?

$A) замони ҳозира; $B) замони гузашта; $C) замони гузаштаи дур; $D) замони гузаштаи наздик; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@27.

Пешвандҳои феълсозро нишон диҳед?

$A) –ба, -бу, -на, -ҳаме, -ме; $B) дар-, бар-, фар- фур; $C)-ам, -и, -ем, -анд; $D) би, ем, ҳаме, бор; $E) бор-, и-, -анд;

@28.

Калимаҳои хандон- хандон, давон – давон кадом навъи феъланд?

$A) феъли таркибӣ; $B) феъли сода; $C) феъли сохта; $D) феъли ҳоли такрор; $E) сифати феълӣ;

@29.

Калимаҳои шукуфт, фаҳмид, фиристод ба кадом асоси замони феъл мансубанд?

$A) асоси замони ҳозира оянда; $B) асоси замони гузашта; $C) асоси замони ҳозира; $D) асоси замони гузаштаи муайян; $E) асоси замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@30.

Кадоме аз ин гурӯҳ исмҳои хос нодуруст навишта шудаанд?

$A) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; $B) Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашкониён, Арбобкамолҳо; $C) Баҳроми Гӯр, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир; $D) Абӯалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Эъломияи Ҳуқуқи Башар; $E) Дарвоз, Зарафшон, Исёни Муқаннаъ;

@31.

Давраи бостон ба замони давлатдории кадом сулола мувофиқ меояд?

$A)Ашкониён; $B) Сосониён; $C) Каёниён; $D) Сомониён; $E) Ҳахоманишиён;

@32.

Хатти мехӣ ба кадом давраи забон хос аст?

$A) давраи нав; $B) давраи миёна; $C) давраи бостон; $D) давраи инқилоб; $E) давраи истиқлол;

@33.

Кадом аз ин калимаҳо аз нигоҳи навишт дурустанд?

$A) тафсиф; $B) татқиқ; $C) татбиқ; $D) таъйин; $E) тағир;

@34.

Хатти лотинӣ то соли чандум дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дошт?

$A) 1989; $B) 1921; $C) 1928; $D) 1922; $E) 1940;

@35.

Пешояндҳо ба кадом бахши забон дохил мешаванд?

$A) лексикография; $B) калимаҳои ёридиҳанда; $C) лексикология; $D) сифат; $E) фонетика;

@36.

Кадоме аз ин навишти феъли ҳол дуруст аст?

$A) сӯҳбат кунон; $B) суруд хонон; $C) қоҳқоҳзанон $D)нигоҳ-кунон; $E) пичир- пичиркунон;

@37.

Исм дар ҷумла бештар ба вазифаи кадом аъзои ҷумла меояд?

$A) феъл; $B) муайянкунанда; $C) пуркунанда; $D) зарф; $E) мубтадо;

@ 38.

Кадом ҳиссаи нутқ дорои дараҷа мебошад?

$A) сифат; $B) шумора; $C) ҷонишин; $D) исм; $E) феъл;

@39.

Тарзи дуруст навиштани нумеративи – то -ро бо шумораи миқдорӣ муйян намоед:

$A) ду то; $B) 7то; $C) дуто; $D) шаш-то; $E) 100 то;

@40.

Дар кадом банд ташдид дуруст гузошта шудааст?

$A) таввалуд; $B) сода; $C) мувафаққият; $D) ташаббус; $E) таннафус;

@41.

Бандакҷонишинҳои соҳибиро нишон диҳед?

$A)-ам, -ат, -аш; $B) бе, бо, ба; $C) гар, ар, агар; $D) ибн, пур, дӯхт; $E) то, но-, вале;

@42.

Кадом аз ин воситаҳои грамматикӣ ҳамеша безада талффуз мешавад?

$A) бандаки изофӣ; $B) пасвандҳо; $C) бандакҳои хабарӣ; $D) бандакҳои феълӣ ва хабарӣ; $E) бандакҳои феълӣ;

@43.

Феълҳои рав, рафт ба кадом гурӯҳи феълҳо мансубанд?

$A) феъли таркибӣ $B) феъли сода; $C) феъли сохта; $D) феъли ҳол; $E) сифати феълӣ;

@44.

Пасванди –юм дар чанд шумораи тартибӣ навишта мешавад:

$А) 3; $B) 5; $С) 10, $ Д) 4; $Е) 2

@45.

Калимаҳои банд, бош, бин ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) асоси замони ҳозира; $B) замони гузашта; $C) замони гузаштаи дур; $E) замони ҳозира-оянда;

@46.

Навишти кадом феъл дуруст аст?

$A) бар нагаштан; $B) бархурд; $C) рафтани шудан; $D) наомади; $E) хондаистода;

@47.

Забони тоҷикӣ ба кадом оилаи забонҳо дохил мешавад?

$A) ҳиндуаврупоӣ; $B) сомӣ; $C) туркӣ; $D) туркӣ- олоӣ; $E) сомӣ- олоӣ;

@48.

«Авесто» бо кадом хат навишта шудааст?

$A) арабӣ; $B) оромӣ; $C) кириллӣ; $D) бобулӣ; $E) мехӣ;

@49.

Шумораи мураккабро ёбед:

$A) чаҳорум; $B) се-чор; $C) бисту нӯҳ; $D) дуто; $E) шашсад;

@50.

Кадом калимаҳо дуруст навишта шудаанд ?

$A) шоъир, шеър; $B) муъаллим, таълим; $C) муаъррих, таърих; $D) фаъол, таъин; $E) масоъил, масъала

@51.

Пешояндҳоро муайян кунед?

$A) ки, аммо; $B) то, чӣ; $C) баъд, лекин; $D) ва, бо; $E) аз, дар;

@52.

Падежҳои забони русӣ дар забони тоҷикӣ бо кадом воситаҳо ифода мешаванд?

$A) бо исм; $B) бо шумораҳо; $C) бо нидоҳо; $D) бо пешоянду пасояндҳо; $E) бо феъл;

@53.

Ибораи навишташ дурустро ёбед:

$A) Исёни Муқанна; $B) Ҷанги Бузурги Ватани; $C) Шуриши Восеъ; $D) Истиқлолияти Ҷумҳуриӣ Тоҷикистон; $E) ҷанги шаҳрвандӣ;

@54.

Калимаҳои бузургтар, фаъолтар, зеботар ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл

@55.

Шумораҳои мураккабро муайян кунед?

$A) дуюм, чор; $B) бисту ду, се; $C) шаш, нӯҳ; $D) ҳафтум, панҷто; $E) чордаҳ, сесад;

@56.

Дар ҷумлаи «Ман бо дӯстам хона рафтам» ҷонишинро муайян кунед?

$A) ман; $B) бо; $C) дӯстам; $D) хона; $E) рафтам;

@57.

Бандакҷонишинҳои соҳибӣ (шахсӣ) чанд шахсу шумора доранд?

$A) ду шахсу се шумора; $B) се шахсу ду шумора; $C) шахсу шумора надоранд; $D) ду шахсу ду шумора; $E) як шахсу ду шумора;

@58.

Кадоме аз ин забонҳо ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад?

$A) русӣ; $B) англисӣ; $C) арабӣ; $D) осетинӣ; $E) ӯзбекӣ;

@59.

Феълҳои сохтаро ёбед?

$A) рафт, омад; $B) нишаст, сӯхт; $C) нишастам, ханд; $D) давонид, баргашт; $E) хандакунон, дошт;

@60.

Хонда истодаам, хонда истодааст ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозираи муайян; $B) замони гузашта; $C) замони оянда; $D) замони гузаштаи муайян; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@61.

Калимаҳои кишт, ҷуст, шуст ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозира; $B) замони гузашта; $C) замони оянда; $D) замони гузаштаи муайян; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@62.

Муродифи калимаи халқро ёбед?

$A) дӯст; $B) маърака; $C) раият; $D) гурӯҳ; $E) села;

@63.

Давраи инкишофи илму адаби тоҷик ба замони ҳукмронии кадом сулола рост меояд?

$A) Сомониён; $B) Тоҳириён; $C) Ҳахоманишинҳо; $D) Ғуриён; $E) Ашкониёну Сосониён;

@64.

Калимаҳои тоҷикиро муайян кунед?

$A) маърӯза, қошуқ; $B) семент, интернат; $C) қаймоқ, табассум; $D) Ҷаббор, Фаттоҳ; $E) санг, пой;

@65.

Садоноки Ӯ чӣ хел овоз аст?

$A) димоғӣ; $B) миёна; $C) дароз; $D) кӯтоҳ; $E) ғайрилабӣ;

@66.

Кадом калимаҳо дараҷаи олиро мефаҳмонанд?

$A) калонтар, аз ҳама калон; $B) зеботар, хеле зебо; $C) бузург, зиёда бузург; $D) фарохтарин, фарох; $E) калонтарин, аз ҳама калон;

@67.

Аз, ба, бар, бо, дар, то, бе ба кадом гурӯҳ мансубанд? $A) пайвандакҳо; $B) пешояндҳо; $C)ҳиссача; $D) ҳиҷо; $E) пасвандҳо;

@68. Садоноки ӯ дар кадом калима дуруст гузошта шудааст.

$A) гӯштфуруш; $B) булбӯл; $C) хӯрокхурӣ; $D) гуфтугӯзор; $E) рӯбучин;

@69.

Дар кадоме аз ин гурӯҳҳо сифатҳо дуруст навишта шудаанд?

$A) бо ақл, бо тамиз; $B) некандеш, пур –моя; $C) бо маслиҳат, бо андеша; $D) суп- сурх, каб-кабуд; $E) сӯҳбати рӯ ба рӯ, ҳамсояи дар ба дар;

@70.

Навишти кадом калима дуруст аст?

$A) таърих нигор; $B) муарих; $C) таъйинамои; $D) дӯстдорӣ; $E) кабути;

@71.

Шумораҳои якум, дуюм, сеюм аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) тартибӣ; $B) сода; $C) мураккаб; $D) сохта; $E) ҷуфт;

@72.

Ҷузъҳои –ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон чӣ ном доранд?

$A) бандаки феълӣ; $B) бандаки хабарӣ; $C) бандакҷонишин; $D) бандаки изофӣ; $E) пасванд;

@73.

Шахси якуми ҷамъро кадом бандакҷонишин ифода менамояд?

$A) -ам; $B) -ат; $C) -аш; $D) -амон; $E) –ашон;

@74.

Унсури «аст» дар мисоли «Ӯ варзишгар аст» чӣ ном дорад?

$A) пешоянд; $B) пасванд; $C) фаъл; $D) бандаки хабарӣ; $E) пасоянд;

@75.

Феълҳои баромадан, бардоштан, даромадан аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи феълҳо мансубанд?

$A) сода; $B) таркибӣ; $C) мураккаб; $D) сохта; $E) сохтаву сода;

@76.

Калимаҳои меравам, мегирам кадом замони феъланд?

$A) замони ҳозираву оянда; $B) замони гузашта; $C) замони гузаштаи дур; $D)замони ҳозираи муайян; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@77.

Калимаҳои бархостан, бархӯрдан, баркашидан аз ҷиҳати сохт кадом навъи феъл мебошанд?

$A) феъли сода; $B) феъли таркибӣ; $C) феъли сохта; $D) феъли мураккаб; $E) феъли мутлақ;

@78.

Сухани зерро кӣ гуфтааст?

Сухан аз арши барин омадааст…

$A) Рӯдакӣ; $B) Бобоҷон Ғафуров; $C) Садриддин Айнӣ; $D) Эмомалӣ Раҳмон; $E) Ҷомӣ;

@79.

Хатти паҳлавӣ ба кадом давраи забон хос аст?

$A) дараи нав; $B) давраи бостон; $C) давраи миёна; $D) давраи инқилоб; $E) давраи истиқлол;

@80.

Ҳамсадоҳои забони тоҷикӣ чандто мебошанд?

$A) 30; $B) 22; $C) 18; $D) 24; $E) 20;

@81.

Ҳарфи Ъ дар калимаҳои рад- раъд, бад- баъд кадом вазифаро дорост?

$A) фарқияти маънои калимаро; $B) бадалшавии овозро; $C) вазифаи ҳиҷоҷудокуниро; $D) табдилёбии овозро; $E) қатъшавии овозро;

@82.

То ба, ҷуз ба, ба ҷуз ба кадом гурӯҳ мансубанд?

$A) пайвандакҳо; $B) пешвандҳо; $C) пешояндҳои аслии таркибӣ; $D) ёнидоҳо, ҳиҷо; $E) пасояндҳо;

@83.

Кадоме аз ин гурӯҳи зарфҳо дуруст навишта шудаанд?

$A) но гаҳон, бе маҳал, бо муваффақият, рӯз дар миён, дам ба дам; $B) рӯз то рӯз, моҳ ба моҳ, ҳафта аз паси ҳафта, сол то сол, хона ба хона; $C) пас фардо, ди шаб, шабон гоҳон, бе маҳал, се донагӣ; $D) як паҳлу, дамо дам, се каса, ди шаб, шабтошаб; $E) шабидигар, ин моҳа, серӯзпас, ду рӯза, як шаба;

@84.

Пешвандҳои ба-, бе-, но- кадом ҳиссаи нутқ месозанд?

$A) исм; $B) сифат; $C) феъл; $D) зарф; $E) шумора;

@85.

Дар ибораҳои «мурғи даштӣ», «кишти баҳорӣ» калимаҳои даштӣ, баҳорӣ ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@86.

Шумораҳои бисту чор, яксаду сиву як аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) таркибӣ; $B) сода; $C) мураккаб; $D) сохта; $E) ҷуфт;

@87.

Бандакҷонишинҳои –ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон бештар ба кадом ҳиссаи нутқ васл мешаванд?

$A) сифат; $B) сифати феълӣ; $C) феъл; $D) исм; $E) ҳиссаҳои номустақили нутқ;

@88.

Шахси дуюми ҷамъро кадом бандакҷонишин ифода менамояд?

$A) –ам,; $B) -ат; $C) -амон; $D) -атон,; $E)-ашон;

@89.

Намуди давомдори феълро аз мисолҳои зерин нишон диҳед?

$A) хонда истодааст; $B) хондааст; $C) хондагист; $D) хонданист; $E) хонда буд;

@90.

Феълҳое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ва феълҳои ёридиҳанда сохта мешаванд, чӣ ном доранд?

$A) сода; $B) таркибӣ; $C) мураккаб; $D) сохта; $E) сохтаву сода;

@91.

Хоҳам рафт, хоҳӣ рафт, хоҳад рафт, ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозира; $B) замони оянда; $C) замони гузашта; $D) замони гузаштаи муайян; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@92.

Дар ҷумлаи нопурраи «Ин қиссаро ба гӯшаи фаромӯшӣ метавон ….» кадом феълро метавон гузошт?

$A) кард; $B) овард; $C) бурд; $D) хонд; $E) супорид;

@93.

Давраи нав кадом осорро дар бар мегирад?

$A) осори давраи бостонӣ; $B) осори давраи миёнаро; $C) осори давраи паҳлавиро; $D) осори давраи инқилобро; $E) осори адабиёти классикии форсу тоҷикро;

@94.

Аз алифбои пешин чанд ҳарфро партофтанд?

$A) 1; $B) 2; $C) 3; $D) 4; $E) 5;

@95.

Ҳамсадоҳоро мувофиқи иштироки дастгоҳҳои нутқ ба кадом гурӯҳ ҷудо менамоянд?

$A) димоғӣ; $B) лаби дандонӣ; $C) лаби забонӣ, ҳалқӣ; $D) байнидандонӣ; $E) бехизабонӣ;

@96.

Навишти кадом ибора дуруст аст?

$A) кишти тирамоҳи; $B) Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ; $C) Донишгоҳи миллӣ; $D) адабиёт шиноси маъруф; $E) кори ҳарӯза;

@97.

Барои нишон додани макони предмет кадом пешоянд истифода мешавад?

$A) барои; $B) дар; $C) аз; $D) то; $E) бо;

@98.

Навишти кадом калима дуруст аст?

$A) вохурдан; $B) ҳам маслак; $C) кабут; $D) тағйирот; $E) интизори;

@99.

Давраи сеюми инкишофи забони тоҷикӣ чӣ ном дорад ва кадом асрҳоро дар бар гирифтааст?

$A) қадим, аз аҳди қадим то асри III пеш аз мелод; $В) миёна, аз III пеш аз мелод то асри VII мелодӣ; $С) навтарин, асрҳои XX-XXI мелодӣ; $D) нав, асрҳои VII-XXI мелодӣ; $Е) бостон, асрҳои IV-III то мелод;

@100.

Дар ибораи «марди занбӯриасалпарвар» вожаи занбӯриасалпарвар ба кадом ҳиссаи нутқ мансуб аст?

$A) пайвандак; $B) ҳиссача ; $C) пасоянд; $D) сифат; $E) исм;

@101.

Шумораҳои як, чор аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A)таркибӣ; $B) сода; $C) мураккаб; $D) сохта; $E) ҷуфт;

@102.

Ҷонишин кадом вазифаро ифода мекунад?

$A) шумора; $B) пасванд; $C) феъл; $D) пуркунанда; $E) пайвандак;

@103.

Забонҳои дунё байни худ чӣ умумият доранд?

$A) иртиботи байни одамонро таъмин менамоянд ва дар ташаккул ва ифодаи фикр хизмат мекунанд; $В) 3 давраи инкишоф доранд; $С) мансуб ба забони гурӯҳи эронианд; $D) савтиёт ва грамматикаи ягона доранд; $Е) хат ва алифбои ягона доранд;

@104.

Аз мисолҳои зерин феълҳои ёварро нишон диҳед?

$A) суҳбат кардан, сурх шудан; $B) кардан, шудан; $C) озод сохтан; $D) китоб хондан; $E) аз хоб хестан;

@105.

Кадоме аз ин тағйирот ба алифбои забони тоҷикӣ соли 2011 ворид гардидааст?

$A) миқдори ҳарф ба 35-то расид; $В) номи овози ӯ у-и дароз шуд; $С) номи овози ӣ и-и заданок шуд; $D) номи овози й йи шуд; $Е) номи овози ъ ъе шуд;

@106.

Кадоме аз ин тағйирот соли 1998 ба алифбои забони тоҷикӣ ворид гардидааст?

$A) миқдори ҳарф ба 35-то расид; $В) номи овози ӯ у-и дароз шуд; $С) номи овози ӣ и-и заданок шуд; $D) номи овози й йот шуд; $Е) номи овози ъ сакта шуд;

@107.

Калимаҳои ҷаст, дид, гуфт ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозираи муайян; $B) замони оянда; $C) замони гузаштаи дур; $D) замони гузаштаи наздик; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@108.

Тағйироти мазкур ба алифбои забони тоҷикӣ дар кадом сол ворид гардидаанд?: Овозҳои к, л, м, н, р, с, ф ба худ номҳои ка, эл, эм, эн, эр, эс, эф гирифтанд, номи овози ӣ и-и дароз, овози ӯ у-и дароз, овози ъ сакта, овози й йот шуд,

$A) 1940; $В) 1953; $С) 1972; $D) 1998; $Е) 2011;

@109.

Сухани зерро кӣ гуфтааст?

Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст?

$A) Рӯдакӣ; $B) Бобоҷон Ғафуров; $C) Садриддин Айнӣ; $D) Эмомалӣ Раҳмон; $E) Ҷомӣ;

@110.

Хатти арабӣ дар аввал дорои чанд ҳарф буд?

$A) 30; $B) 28; $C) 32; $D) 16; $E) 42;

@111.

Кадом ҳамсадоҳо ҳарфҳои махсуси забони тоҷикианд?

$A) а, б, в, г; $B) т, д, х, ч; $C) ғ, қ, ҳ, ҷ; $D) м, т, б,ж; $E) л,д,э,х;

@112.

Дар калимаи толеъ, матоъ, шамъ аломати Ъ кадом вазифаро ифода мекунад?

$A) фарқияти маънои калимаро; $B) бадалшавии овозро; $C) вазифаи ҳиҷоҷудокуниро; $D) табдилёбии овозро; $E) қатъшавии овозро;

@113.

Барои нишон додани ибтидо ва интиҳои амал кадом пешоянд истифода мешавад?

$A) дар; $B) бар; $C) то; аз $D) бо; $E) барои;

@114.

Кадоме аз ин калимаҳо дорои ҳиҷоҳои кушода мебошад?

$A) дар-тоз; $B) кам-ақл; $C) то-рафт; $D) до-дар; $E) бо-бо;

@115.

Исмҳо чанд шумора доранд?

$A) 2; $B) 1; $C) 4; $D) 3; $E)9;

@116.

Пешвандҳои сифатсозро нишон диҳед?

$A) –ӣ, -гӣ; $B) –зор, -сор; $C) –дон, -иш; $D) бо-, бар-; $E) –ҳам, -ҳар;

@117.

Калимаҳои сеяк, чаҳоряк, шашяк ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) таркибӣ; $B) сода; $C) мураккаб; $D) касрӣ; $E) ҷуфт;

@118.

Имлои дурусти ҳарфи й — ро нишон диҳед

$A) лоёб; $В) пойанда; $С) муҳаё; $D) мутаҳаййир; $Е) кӯи дӯст;

@119.

Имлои дурусти ҳарфи ъ-ро нишон диҳед.

$A) ҷумаъ; $В) ҷомеъа; $С) таъом; $D) тулӯи офтоб; $Е) маън кардан;

@120.

Бандаки хабарии «аст» бо кадом ҳиссаҳои нутқ ҳамроҳ навишта мешавад?

$A) ҳиссаҳои номии нутқ; $B) зарфҳо; $C) сифати феълӣ; $D) шумора; $E) феълҳои нақлӣ;

@121.

Феълҳои кардан, додан, задан, шудан чӣ гуна феълҳоянд?

$A) сода; $B)таркибӣ; $C) мураккаб; $D) сохта; $E) ёридиҳанда;

@122.

Замони ояндаи феълро муайян намоед?

$A) даромад; $B) баргашт; $C) рафт; $D) рафта истодааст; $E) рафтанист;

@123.

Калимаҳои мехондам, мерафтӣ, мегуфтӣ ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозира — оянда ; $B) замони ҳозира; $C) замони гузаштаи дур; $D) замони гузаштаи наздик; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@124. Калимаҳои равам, равӣ, равад кадом шакли феълианд?

$A) сифати феълӣ; $B) феъли ҳол; $C) масдар; $D) аорист; $E) феъли таркибӣ;

@125.

Сухани зерро кӣ гуфтааст?

Агар донам, ки пагоҳ забони ман аз байн меравад, тайёрам, ки ман имрӯз бимирам?

$A) Расул Ғамзатов; $B) Бобоҷон Ғафуров; $C) Садриддин Айнӣ; $D) Эмомалӣ Раҳмон; $E) Абдураҳмони Ҷомӣ;

@126.

Мардуми эронинажод ба алифбои арабӣ чанд ҳарф илова намуданд?

$A) 6; $B) 10; $C) 8; $D) 16; $E) 4;

@127.

Ҳамсадои Ъ ба кадом забон хос аст?

$A) тоҷикӣ; $B) ӯзбекӣ; $C) арабӣ; $D) дарӣ; $E) форсӣ;

@128.

Имлои ғалати ҳарфи ӣ-ро нишон диҳед.

$A) рафтанӣ; $В) рафтӣ; $С) намунавӣ; $D) тӯтӣ; $Е) Сочӣ;

@129.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед.

$A) Амир И. Сомонӣ, Қонуни Забони ҶТ, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Шаҳри Сабз, Оби Гарм;$В) амир И. Сомонӣ, қонуни Забони ҶТ, донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, шаҳри Сабз, оби Гарм; $С)Амир И.Сомонӣ,қонуни забони ҶТ, донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Шаҳри сабз, Оби гарм; $D) Амир Исмоили Сомонӣ, Қонуни забони ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллииТоҷикистон,Обигарм; $Е) амир Исмоили Сомонӣ, Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» ҶТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шаҳрисабз, Оби Гарм;

@130.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед.

$A) чир-чирак, ғар-ғара,Рустам- шрам, Сан- марино, об-ҳаво; $В) чир чирак, ғар ғара, Рустами шрам, сан-Марино, обҳаво; $С)Чирчирак, Ғарғара. Рустамшрам, Санмарино, обуҳаво; $D) чирчирак, ғарғара, Рустам-Шрам, Сан- Мариино, обуҳаво; $Е) чирчирак, ғарғара, Рустами Шрам, Сан-Марино, обу ҳаво;

@131.

Пасвндҳои –чӣ, -гар, -зор пасвандҳои калимасози кадом ҳиссаи нутқанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) ҷонишин

@132.

Калимаҳои хушзеҳн, некандом аз ҷиҳати сохт ба кадом навъи сифат мансубанд?

$A) аслӣ; $B) қиёсӣ; $C) нисбӣ; $D) олӣ; $E) мураккаб;

@133.

Ададҳои 3-4, 10-20, 20-25 ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) таркибӣ; $B) тахминӣ; $C) мураккаб; $D) касрӣ; $E) ҷуфт;

@134.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед.

$A) гуфту шунуд, даву тоз, ишқу ҳавас, даво дав, се барга, пешвоз гирӣ; $В) гуфту-шунид, ишқу-ҳавас, даву- тоз, даво-дав, се-барга, пешвоз-гирӣ; $С) гуфту шунуд, ишқу ҳавас, даву тоз, даводав, пешвозгири, 3-барга; $D) гуфтушунид, ишқуҳавас, давутоз, даво дав, пешвоз гири; $Е) гуфтушунид, ишқу ҳавас, давутоз, даводав, пешвозгирӣ

@135.

То давраи инқилоб ба ҷои ҷонишини шахсии сеюми ҷамъ кадом калимаро истифода менамуданд?

$A) шумо; $B) мо; $C) онҳо; $D) ту; $E) эшон;

@136.

Бандаки хабарии «аст» бо кадом ҳиссаҳои нутқ ҷудо навишта мешавад?

$A) ҳиссаҳои номии нутқ ва масдар; $B) зарфҳо; $C) сифати феълӣ; $D) асосҳои феълӣ; $E) исму сифат;

@137.

Феълҳои гӯш андохтан, пай бурдан, дам гирифтан аз ҷиҳати сохт чӣ гуна феълҳоянд?

$A) сода; $B) таркибӣ; $C) мураккаб; $D) сохта; $E) ёридиҳанда;

@138

Сиғае, ки воқеъ шудан ё нашудани воқеияти амалро ифода менамояд, чӣ гуна сиға меноманд?

$A) амрӣ; $B) шартию хоҳишмандӣ; $C) эҳтимолӣ; $D) хабарӣ; $E) амрию хабарӣ;

@139.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед:

$A) маҷаллаи Садои шарқ, рӯзномаи Чархи гардун, фабрикаи Ширин; $В) маҷаллаи «Садои шарқ», рӯзномаи «Чархи Гардун», фабрикаи Ширин; $С) маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаи «Чархигардун», Фабрикаи ширин; $D)маҷаллаи Садои Шарқ, рӯзномаи Чархи Гардун, фабрикаи «Ширин»; $Е) маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаи «Чархи гардун», фабрикаи «Ширин»;

@140.

Имлои дурусти исмҳои зеринро нишон диҳед:

$A) амир Олимхон, муаллима Саидова, Олим муаллим, Ориф тағо; $В) амир-Олимхон, муаллима-Саидова, Олим-муаллим, Ориф-тағо; $С)Амир Олимхон, муаллима Саидова, Олим Муаллим, Орифтағо; $D) Амир- Олимхон, муаллима Саидова, Олиммуаллим, Ориф тағо; $Е) амир Олимхон, муаллима Саидова, Олиммуаллим, Орифтағо;

@141.

Се давраи инкишофи забони тоҷикиро нишон диҳед:

$A) давраи бостонӣ, давраи миёна, давраи нав ё порсии дарӣ; $B) давраи пеш аз инқилоб, давраи баъд аз инқилобӣ, давраи шӯравӣ; $C) давраи то солҳои 1929, давраи баъди соли 1942, давраи муосир; $D) давраи муосир, давраи феодалӣ, давраи истиқлолият; $E) давраи пеш аз ҷанг, давраи ҷанг, давраи баъд аз ҷанг;

@142.

Ҳарфҳои тоҷикии ба алифбои арабӣ иловашударо нишон диҳед:

$A) а, б, в, г; $B) д, е, ё, ж; $C) п,ч,о,қ; $D) п,ч,ж,г; $E) қ,к, х,ҳ,

@143.

Ҳамсадои қ ба кадом забон хос нест?

$A) тоҷикӣ; $B) ӯзбекӣ; $C) арабӣ; $D) русӣ; $E) қазоқӣ;

@144.

Ҳиҷоҳое,ки ба овози садонок ба охир мерасанд, чӣ гуна ҳиҷо ном доранд?

$A) ҳиҷои дароз; $B) ҳиҷои баста; $C) ҳиҷои миёна; $D) ҳиҷои кушода; $E) ҳиҷои номуайян;

@145.

Имлои дурусти сифатҳоро нишон диҳед.

$A) девордармиён, бе мавқеъ; $В) тиб-торик, хуш қаду қомат; $С) ду сола, пӯсти баррагӣ; $D) рахрах, 2 ҳафтаина; $Е) суп-сурх, сухандон;

@146.

Унсури аст чӣ ном дорад?

$A) феъл; $B) масдар; $C) зарф; $D) бандаки хабарӣ; $E) ҷонишин;

@147.

Дар мисоли «Доно аспашро таъриф мекунад, нодон худашро» калимаҳои «доно» ва «нодон» ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E)ҷонишин;

@ 148.

Дар ибораҳои «ҷавони бофаросат», «кори бомаслиҳат» калимаҳои бофаросат ва бомаслиҳат ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E)феъл;

@149.

Дар мисоли «Агар худое накарда як-ду рӯз дертар меомадам, чӣ мешуд?» ифодаи як-ду ба кадом навъи шумора мансубанд?

$A) тартибӣ; $B) сода; $C) тахминӣ; $D) касрӣ; $E) ҷуфт;

@150.

Дар калимаи «яктоааш» унсури –аш чӣ маънӣ дорад?

$A) ҳиссача; $B)нумератив; $C) бандаки хабарӣ; $D) феъл; $E) бандакҷонишин;

@151.

Калимаҳои кӣ ва чӣ ба кадом навъи ҷонишин мансубанд?

$A) саволӣ; $B) ишоратӣ; $C) шахсӣ; $D) манфӣ; $E) нафсӣ;

@152.

Калимаҳои навъи хондан, навиштан, дидан хоси кадом ҳиссаи нутқанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) нидо; $E)феъл;

@153.

Имлои дурусти сифатҳоро муайян кунед.

$A) ҳамсояи дарбадар, чашмони калонкалони мешӣ; $В) духтари бо ақл, ҳавлии пур гулу райҳон; $С) ранги каб-кабуд, замини бе долу дарахт; $D) шахси хешу табор дор, санги осиё тарошӣ, озмуни байни ноҳиявӣ; $Е) мӯйсафеди барҷомонда, танаффуси нисфирӯзӣ, одами боақлу ҳуш;

@154.

Ҷонишинҳои ғалатро муайян кунед.

$A) инчунон, ончунон; $В) ҳамдигар, писар-т; $С) ҳар кӣ , ин гуна, ҳар гуна; $D) чи гуна, ҳеҷяк, ким чи хел; $Е) ҳамчунон, якдигар;

@155.

Калимаҳои меравад, мегирад, меояд ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозира муайян; $B) замони гузашта; $C) замони гузаштаи дур; $D) замони гузаштаи муайян; $E) замони оянда;

@156.

Калимаҳои давида, хандида, рафта кадом шакли феълианд?

$A) сифати феълӣ; $B) феъли ҳол; $C) масдар; $D) аорист; $E) феъли сохта;

@157.

Байти зерро кӣ гуфтааст?

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,

Дар замину дар замон гумкардае,

Ин нишон гумкардаеву дигаре,

Хештанро бенишон гумкардае.

$A) Бозор Собир; $B) Гулрухсор; $C) Фирдавсӣ; $D) Айнӣ; $E) Лоиқ Шералӣ;

@158.

Хатти арабӣ дар Тоҷикистони давраи шӯравӣ то кадом сол амал кардааст?

$A) 1918; $B) 1932; $C) 1929; $D) 1937; $E) 1984;

@159.

Шумораҳои ғалатро муайян кунед:

$A) се чор кас, шаш-ум, 1 ум, 3-ум; $В) яку ним ваҷаб, сето себ, 1 -то китоб, даҳум; $С) 25-ҳазора, бисту панҷҳазора, дусаду бисту шашум; $D) се ҳазору яксаду сию се, чоряк; $Е) аз чор як ҳисса, чоряк;

@160.

Ҳиҷоҳое, ки бо овозҳои ҳамсадо ба охир мерасанд, чӣ гуна ҳиҷо ном доранд?

$A) ҳиҷои дароз; $B) ҳиҷои баста; $C) ҳиҷои миёна; $D) ҳиҷои кушода; $E) ҳиҷои номуайян

@161. Набудани ашёро кадом пешоянд ифода менамояд?

$A) бе; $B) бо; $C) то; $D) аз ; $E) барои;

@162.

Имлои дурусти шумораҳоро муайян кунед.

$A) се чор кас, шаш-ум, 1 ум, 3-ум; $В) якуним ваҷаб, се-то себ, 1 то китоб, даҳ-ум; $С) 25 ҳазора, бисту панҷ ҳазора, ду саду бисту шаш –ум; $D) се ҳазору як саду сию се, чор як; $Е) аз чор як ҳисса, чоряк;

@163.

Имлои дурусти бандаки «аст»-ро нишон диҳед.

$A) дар баста аст, дарро бастааст; $В) коргараст, донишҷӯст; $С) рафтагист, навишта аст; $D) кӣ-ст, чист; $Е) шаҳре-ст, муаллимаст;

@164.

Дар ибораҳои суҳбати рӯбарӯ, такрори пайдарпай калимаҳои рӯбарӯ, пайдарпай ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E) феъл;

@165.

Нумеративи –то ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A) исм; $B) ҷонишин; $C) шумора; $D) сифат; $E) феъл;

@166.

Ҷонишинҳои ман, ту, вай кадом навъи ҷонишинанд?

$A) сифатӣ; $B) соҳибӣ; $C) ишоратӣ; $D) таъинӣ; $E) шахсӣ;

@167.

Амалу ҳолатро кадом ҳиссаи нутқ меомӯзад?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E)феъл;

@168.

Дар ҷумлаи «Мо имтиҳон супорида истодаем», ҳиссаи –ем чӣ ном дорад?

$A) бандаки феълӣ; $B) бандаки хабарӣ; $C) бандаки изофӣ; $D) бандакҷонишин; $E) пасванд;

@169.

Феълҳо чанд замон доранд?

$A) 1; $B) 3; $C) 2; $D) 6; $E) 4;

@170.

Имлои дурусти сифатҳои феълиро муайян кунед.

$A) донишҷӯйи хатм карда, нишон диҳанда; $В) кори иҷро шудагӣ, умеди бар бод рафта; $С) воқеаи фаромӯш нашуданӣ, мошини рафта истода; $D) шери дарранда, вазифаи дирӯз иҷро карда; $Е) кори мешудагӣ, духтари табассум карда истодагӣ;

@171.

Калимаҳои хоҳам гуфт, хоҳам шунид ба кадом замони феъл мансубанд?

$A) замони ҳозира муайян; $B) замони оянда; $C) замони гузашта; $D) замони гузаштаи муайян; $E) замони гузаштаи ҳикоягӣ;

@172.

Аз ҷумлаи «Ӯро рӯйи дилкаши духтарак мафтун сохт» сифатро муайян созед?

$A) ӯ; $B) дилкаш; $C) мафтун; $D) рӯй; $E) сохт;

@173.

Осори давраи бостонро нишон диҳед?

$A) «Шоҳнома»; $B) «Авесто»; $C) «Восеъ»; $D) «Катибаи Бесутун»; $E) «Одина»;

@174.

Хатти арабӣ ба кадом давраи инкишофи забон хос аст?

$A) давраи бостонӣ; $B) миёна; $C) нав; $D) истиқлол; $E) инқилоб;

@175.

Имлои дурусти феъли ҳолро нишон диҳед.

$A) зам-зама карда истода; $В) сӯҳбат кунон; $С) чириқчириқ кунон; $D) хандон-хандон; $Е) тохта тохта;

@176.

Ба ҷойи нуқтаҳо калимаи мувофиқро нависед: Забон яке аз рукнҳои асосии ташаккули … аст.

$A) давлат; $В) ҳукумат; $С) ватан; $D) ҷамъият; $Е)кишвар;

@177.

Дар кадом гурӯҳ калимаҳо ба ҳиҷоҳо нодуруст ҷудо карда шудаанд?

$A) пах-та-чин-дух-тар; чо-бу-ко-на; $В);соҳ-иб-кор-ӣ; об-о-дон-ӣ ; $С) $Е)да-во-дав, гуф-ту гӯ; $D) и-ҷо-зат, таъ-ли-мот; $Е) худ-ши-но-сӣ, им-ти-ҳон-су-по-рӣ;

@178.

Бандаки хабарии аст дар кадом ҳолат ҷудо навишта мешавад?

$A) бо исмҳо; $B) бо ҷонишин; $C) бо зарф; $D) бо феъли нақлӣ; $E) бо мубтадо;

@179.

Калимаи «дӯстӣ» аз рӯи маъно ба кадом хели исм тааллуқ дорад?

$A) кул; $B) маънӣ; $C) ҷинс; $D) хос; $E) моддӣ;

@180.

Дар ибораҳои «духтари рӯймолбасар», «марди кулоҳбасар» калимаҳои рӯймолбасар, кулоҳбасар ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E)феъл;

@181.

Калимаҳои «нафар», «дона», «сар» дар мисолҳои ду нафар устод, ду дона қалам, ду сар гӯсфанд чӣ вазифаро адо кардаанд?

$A) ҳиссача; $B) нумератив; $C) бандаки хабарӣ; $D) феъл; $E) бандакҷонишин;

@182.

Калимаҳои «ким-кӣ», «баъзе», «кадом» «фалон» чӣ хел ҷонишинанд?

$A) саволӣ; $B) номуайян; $C) ишоратӣ; $D) таъинӣ; $E) шахсӣ;

@183.

Феъл ба кадом савол ҷавоб мегӯянд?

$A) чӣ хел; $B) кай; $C) кӣ, чӣ; $D) чӣ кор кард; $E) чӣ қадар;

@184.

Кадом ҳиссаи нутқ категорияҳои тарзу намуд, сиға, замон ва шахсу шумораро дорад?

$A) сифат; $B) шумора; $C) зарф; $D) исм; $E)феъл;

@185.

Амали воқеъшударо кадом замони феъл ифода мекунад?

$A) замони ҳозира; $B) замони гузашта; $C) замони гузашта; $D) ҳозираю — оянда; $E) гузаштаи дур;

@186.

Хатти мехӣ ба кадом давраи инкишофи забони тоҷикӣ тааллуқ дорад?

$A) давраи бостон; $В) давраи миёна; $С)давраи нав; $D) давраи қадим; $Е) ҷадид;

@187.

Кадоме аз ихтисораҳо ғалат аст?

$A)СММ; $В)Д.М.Т; $С)АИ; $D)БДА; $Е) НБО;

@188 .

Кадоме аз исмҳои зерин ғалат мебошад?

$A) Конибодом; $В) Сари Хосор; $С) Варзоби Боло; $D)Шарқи дур; E) Шарофатбибӣ

@ 189.

Мисраъҳои:

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод,

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

аз они кист?

$A) Камоли Хӯҷандӣ; $B) Айнӣ; $C) Рӯдакӣ; $D) Мумин Қаноат; $E) Бозор Собир

@190.

Хатти лотинӣ дорои чанд ҳарф аст?

$A) 31; $B) 26; $C) 32; $D) 28; $E) 34;

@191.

Ҳамсадои ҳ чӣ хел овоз аст?

$A) димоғӣ; $B) лабӣ; $C) ғайрилабӣ; $D) ҳалқӣ; $E) забонӣ;

@192.

Имлои дурусти ибораҳоро дарёбед?

$A)духтари сапсафед; $В) кампири садсола; $С)нони 20 дирима; $D) шоми типторик; $Е) ҷавони 20 сола;

@193.

Калимаи сар чӣ ном дорад?

$A) ҳиссача; $B) нидо; $C) зарф; $D) феъл; $E) нумератив;

@194.

Тарзи дурусти навишти бандаки хабарии «аст»- ро нишон диҳед?

$A) рафтааст; $B) коргараст; $C) супурда аст; $D) хонда аст; $E) шабаст;

@195.

Калимаи «китобхона» ҳамчун исм аз ҷиҳати сохт чӣ гуна аст?

$A) сохта; $B) сода; $C) рехта; $D) мураккаб; $E) таркибӣ;

@196.

Калимаҳои сап – сафед, каб – кабуд, кадом навъи сифат мебошанд?

$A) аслӣ; $B) таъкидӣ; $C) қиёсӣ; $D) олӣ; $E) мураккаб;

@197.

Калимаҳои шонздаҳ, ҳаждаҳ, ҳаштсад аз ҷиҳати сохтба кадом навъи шумора тааллуқ доранд?

$A) тартибӣ; $B) миқдорӣ; $C) тахминӣ; $D) касрӣ; $E) мураккаб;

@198.

Кадоме аз ҷонишинҳои зерин ғалат мебошад?

$A) инчунин; $В) онқадар; $С) чӣ навъ; $D) ҳар чиз; $Е) чӣ гуна

@199.

Имлои калимаҳо дар кадом сутун дуруст аст;

$A) себ, боеҳтиром, се; $В) эзоҳ, меҳр, шер; $C) деҳқон, эҳсон, еҳтиром; $D) эй, реза, еътибор; $E)еҷодиёт, еҳсосот, эҳром;

@200.

Асоси замони ҳозираи феъли дӯхт-ро нишон диҳед?

$A) дӯхта буд; $B) дӯхта шуд; $C) дӯз; $D) дӯхта истодааст; $E) хоҳад дӯхт;

@201.

Амале, ки дар айни ҳол иҷро мешавад, ба кадом замони феъл мансуб аст?

$A) замони ҳозира; $B)замони гузашта; $C) замони гузашта; $D) ҳозираю — оянда; $E) гузаштаи дур;

@ 202.

Дар калимаҳои «гулистон», «кӯҳистон», «анористон» унсури –истон чӣ ном дорад?

$A) реша; $B) асос; $C) пасванд; $D) бандак; $E) пешванд;

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *