Назарияи давлат ва ҳукуқ
Мавзӯи омӯзиши илм чист?
$C) Масъалаҳо, қонуниятҳо, равандҳои марбут ба пайдоишу инкишофи падидаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа;
Мавзӯи омӯзиши назарияи давлат ва ҳуқуқро чӣ ташкил медиҳад?
$C) Қонуниятҳои умумии пайдоиш, инкишоф ва амали давлат ва ҳуқуқ ва падидаҳои бо онҳо алоқаманд;
Назарияи давлат ва ҳуқуқ чист?
$A) Илми соҳавии ҳуқуқшиносӣ, ки аз маҷмӯи донишҳои илман асоснокгаштаи назариявӣ-методологӣ оид ба давлат ва ҳукуқ иборат аст;
$B) Илми махсуси амалии ҳуқуқшиносӣ, ки аз маҷмӯи донишҳои илман асоснокгаштаи назариявӣ-методологӣ оид ба давлат ва ҳукуқ иборат аст;
$D) Маҷмӯи донишҳои илман асоснокгаштаи назариявӣ-методологии марбут ба воқеияти давлативу ҳуқуқӣ ва падидаҳои бо он
Назарияи давлат ва ҳуқуқ ба кадом аз гурӯҳҳои илмҳо мансуб аст?
$E) Илмҳои гуманитарӣ, ҷамъиятшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ;
Объекти назарияи давлат ва ҳукуқро муайян намоед.
$B) Воқеияти давлативу ҳуқуқӣ, аз ҷумла, давлат ва ҳуқуқ ва падидаҳои бо онҳо алоқаманд;
Усули омӯзиши илм чист?
$D) Тарзу воситаҳо ва принсипҳои илмии дарку таҳлили воқеият;
Усулҳои омӯзиши назарияи давлат ва ҳукуқ чистанд?
$D) Тарзу воситаҳо ва принсипҳои илмии дарку таҳлили воқеияти давлативу ҳукуқӣ ва падидаҳои дигари алоқаманд бо он; ;
Усулҳои омӯзиши назарияи давлат ва ҳуқуқ кадомҳоянд?
$B) Усулҳои умумифалсафӣ, хусусӣ ва махсуси илмӣ
Дар назаряи давлат ва ҳуқуқ кадом категорияҳои диалектика истифода мешаванд?
$D) Миқдор ва сифат, шакл ва мазмун, моҳият ва ҳодиса, сабаб ва натиҷа;
Принсипҳои илмии омӯзиши воқеияти давлативу ҳуқуқиро муайян намоед.
$E) Таърихият, таърихият ва мантиқият, илмият ва айният, омӯзиши ғайримафкуравӣ;
Дар назарияи давлат ва ҳуқуқ кадом аз усулҳои зерини мантиқӣ истифода мешаванд?
$B) Мушоҳида, муқоиса, тасниф, таҳлил ва синтез, таъриф, нусхасозӣ, асоснокнамоӣ, тасдиқ ва инкор;
Усулҳои махсуси (хусусии) назарияи давлат ва ҳукуқро муайян намоед.
$B) Мантиқӣ-забонӣ, сотсиологӣ-ҳуқукӣ, низомӣ-таркибӣ, муқоисавӣ-ҳуқуқӣ, шаклӣ-хуқуқӣ
Моҳияти усули омӯзиши шаклӣ-ҳуқуқиро муайян намоед.
$A) Омӯзиши шаклҳо, сохт ва мураттабсозии маводи меъёрӣ, тафсири ҳуқуқ, истифодаи техникаи ҳуқуқшиносӣ;
Моҳияти усули омӯзиши низомӣ-таркибӣ дар чист?
$E) Омӯзиши сохти таркибии падидаҳои давлативу ҳукуқӣ чун унсури низомҳои мураккаб;
Вазифаҳо ва мундариҷаи усули муқоисавӣ-ҳуқуқиро муайян намоед.
$C) Итихоби объектҳои муқоиса; омӯзиши объектҳои муқоиса; муқоисаи натиҷаҳои ҳосилшуда; муайян намудани хусусиятхои умумӣ ва фарқкунандаи объектҳои муқоиса;
Истифодаи усули сотсиологӣ кадом давраҳоро фаро мегирад?
$D) Омодагии тадқиқи сотсиологӣ; ҷамъи маълумоти сотсиологӣ; таҳлили маълумоти сотсиологӣ; эксперименти ҳуқуқӣ; таҳлилу истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда;
Низоми илмҳои ҳуқуқшиносиро муайян намоед.
$A) Илмҳои умуминазариявӣ, таърихӣ, соҳавӣ, байнисоҳавӣ, махсуси амалӣ;
Мавқеи назарияи давлат ва ҳуқуқро дар низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ муайян намоед.
$C) Илми умуминазариявист, ки қонуниятҳои умумии воқеияти давлативу ҳуқуқиро меомӯзад; илми заминавӣ ва пешбаранда; заминаи методологии ҳамаи илмҳои ҳуқуқшиносист; муайянсозандаи тамоилҳои пешрафти воқеияти давлативу ҳуқуқист;
Назарияи давлат ва ҳукуқ бо кадом аз илмҳои ҷамъиятшиносӣ алоқаманд аст?
$D) Фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносӣ, назарияи иқтисодӣ, этика, психология;
Функсияҳои (вазифаҳои) назарияи давлат ва ҳуқуқ кадомҳоянд?
$B) Маърифатӣ, иҷтимоӣ-амалӣ, ҷаҳонбинӣ, методологӣ, пешгӯии илмӣ;
Сохти назарияи давлат ва ҳуқуқро муайян намоед.
$B) Назарияи умумии давлат ва назарияи умумии ҳуқуқ
Сохти назарияи умумии ҳуқуқро муайян намоед.
$C) Фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносии сотсиологӣ, ҳуқуқшиносии позитивӣ, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, низошиносии ҳуқуқӣ, мантиқи ҳуқуқӣ;
Хусусиятҳои хоҷагии истеъмолиро (азхудкунандаро) муайян намоед.
$E) Шакли ҳаёти хоҷагидории тодавлатӣ; истеъмоли ғизои табиӣ;
Хусусиятҳои иқтисоди истеҳсолкунандаро муайян намоед.
$C) Шаклҳои нави фаъолияти хоҷагидорӣ (ҳунармандӣ, оҳангудозӣ ва м.и.), истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва м.и.;
Гузариши одамон аз иқтисоди истеъмолӣ ба иқтисоди истеҳсолкунанда дар заминаи чӣ ба вуқӯъ пайвастааст?
B) Инқилоби «неолитӣ
Инқилоби неолитӣ ба чӣ оварда мерасонад?
$D) Пайдоиши ҷамъиятҳои нахустини зироатпарвар, ташаккули на
хустдавлатҳои зироатпарвар
Ҷомеаи авлодӣ чист?
$B) Заминаи иҷтимоии ҷомеаи тодавлатӣ, ки асоси онро алоқаҳои оилавӣ ташкил медоданд;
Ҳокимияти иҷтимоии тодавлатиро кадом сохторҳо амалӣ менамуданд?
$A) Пешвоёни ҷамоаи оилавии авлодӣ, пешвоёни ҳарбӣ, шӯрои кӯҳансолон;
Иқтисоди (хоҷагии) истеъмолии тодавлатӣ дар натиҷаи кадом омилҳо рӯ ба таназзул ниҳодааст?
$B) Бӯҳрони экологӣ дар сайёра, ивазшавии иқлим, нобуд гаштани ғизои табиӣ;
Дар пайдоиши нахустин давлатҳо кадом омилҳо нақши ҳалкунанда бозидаанд?
$A) Омилҳои экологӣ, ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, демографӣ;
Нахустин давлатҳо дар ҳудуди кадом ҷомеа ташаккул ёфтаанд?
$D) Дар ҳудуди нахустин ҷамоаҳои зироатпарвар
Нахустин давлатҳо дар кадом шакл ташаккул ёфтаанд?
$E) Дар шакли шаҳр-давлатҳо;
Қонуниятҳои пайдоиши давлатро муайян намоед.
$D) Гузариш аз иқтисоди истеъмолӣ ба истеҳсолӣ; пайдоиши нобаробари давлатҳо; таъсири омилҳои ҷуғрофӣ, экологӣ, демографӣ;
Сабабҳои пайдоиши давлатро муайян намоед.
$C) Бӯҳрони экологӣ, зарурати истеҳсоли неъматҳои моддӣ, идоракунии ҷомеа, ташаккули идоракунандагон, тақсими ҳудудӣ ва дигари аҳолӣ, ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ;
Рафти ташаккули давлатро муайян намоед.
$B) Пайдоиши давлатҳои нахустини зироатпарвар; ташаккули давлатҳои дуввумин; ташаккули давлатҳои саввумин;
Хусусиятҳои пайдоиши давлатҳои Шарқро муайян намоед.
$B) Иқлими мусоид; ҷомеаи зироатпарвар; шаҳр-давлати зироатпарвар; ҷамоаи деҳот; ҳалли вазифаҳои ободонӣ;
Хусусиятҳои давлатҳои тарзи истеҳсоли осиёро муайян намоед.
$A) Такя ба ҷамоати деҳот; зироатпарварон чун қувваи истеҳсолкунанда; моликиятдории давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба замин ва об; @38.
Роҳои пайдоиши ҳокимияти давлатӣ кадомҳоянд?
C) Ашрофӣ (аристократӣ) ва плутократӣ (сарватмандӣ);
Пайдоишу таҳаввули давлатҳо чӣ тавр сурат гирифтаст?
$A) Шаҳр-давлатҳо — давлатҳои тарзи итеҳсоли осиё — давлатҳои ғуломдорӣ (дар минтақаҳои ҷудогона) — давлатҳои феодалӣ (бештар дар Аврупо);
Давлат аз сохти ҷомеаи тодавлатӣ бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?
$D) Чун ташкилоти нави сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии одамон;
Аломатҳои давлатҳои нав ташаккулёфтаро муайян намоед.
$C) Ҳудуд, дастгоҳи махсуси идора, низоми давлатии андозу молия, ҳуқуқ;
Аломатҳои дар рафти пешрафти давлат пайдошударо муайян намоед.
$B) Забони ягонаи муошират; низоми ҳуқуқу озодиҳои фард; низоми ягонаи нақлиёт, иттилоот, иқтисод; сиёсати ягонаи мудофиа ва равобити хориҷӣ;
Аломатҳои фарқкунандаи давлатро аз ҳокимияти тодавлатӣ муайян намоед.
$B) Ҳокимияти сиёсӣ; ташкили ҳудудии аҳолӣ; андоз аз аҳолӣ;
Аломатҳои фарқкунандаи давлатро аз ташкилотҳои сиёсии ҷомеа муайян намоед.
$E) Соҳибихтиёрӣ ва эҷоди ҳуқуқ;
Қоидаҳои рафтори ҷомеаи тодавлатӣ кадомҳо буданд?
$D) Меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ, одатӣ;
Хусусиятҳои қоидаҳои рафтори ҷомеаи тодавлатиро муайян намоед.
$C) Шакли ифодаи мифологӣ; ягонагӣ (мононормаҳо); маҳсули ҷомеа; набудани мақоми махсуси эҷод;
Моҳияти назарияи патриархалии пайдоиши давлатро муайян намоед.
$E) Давлат чун натиҷаи таҳаввули табиии ҷомеа, якҷояшавии оилаҳо ва ҷамоаи деҳот;
Моҳияти назарияи шартномавии пайдоиши давлатро муайян намоед.
$B) Давлат чун ташкилоти сунъии одамон, натиҷаи шартнома дар давраи гузариш аз ҳолати табиӣ ба ҳаёти давлатӣ;
Давраҳои таҳаввули ҷомеа тибқи назаряи шартномавӣ кадомҳоянд?
$D) Ҳолати табиӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
Моҳияти назарияи органикии пайдоиши давлатро муайян намоед.
$A) Давлат чун организми биологӣ, натиҷаи амали қонунҳои биологӣ, тақсим ва махсусгардӣ;
Моҳияти назарияи зӯроварии пайдоиши давлатро муайян намоед.
$B) Давлат натиҷаи зӯроварӣ, забти қабилаҳо, ҳудуди бегона;
Моҳияти назарияи ирригатсионии пайдоиши давлатро муайян намоед.
$D) Зарурати таърихӣ, истеҳсолӣ, обёрикунӣ, сохтмони иншоотҳои обёрӣ, фаъолияти ирригатсионӣ;
Моҳияти назарияи марксистии пайдоиши давлатро муайян намоед.
$D) Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, моликияти хусусӣ, синфҳо, муборизаи синфӣ;
Моҳияти назарияи бӯҳронии пайдоиши давлатро муайян намоед.
B) Инқилоби неолитӣ, гузариш аз иқтисоди истеъмолӣ ба истеҳсолӣ, омилҳои иқтисодӣ, экологӣ, демографӣ;
Ҳуқуқ тибқи назарияи бӯҳронӣ дар кадом марҳилаи инкишофи ҷомеа пайдо шудааст?
$C) Дар марҳилаи гузариш аз хоҷагии истеъмолӣ ба иқтисоди истеҳсолкунанда;
Роҳҳои пайдоишу ташаккули ҳуқуқро муайян намоед.
$А) Табдили одатҳо ба одатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқэҷодкунии давлатӣ, ҳуқуқэҷодкунии судӣ;
Қонуниятҳои пайдоишу инкишофи ҳуқуқро муайян намоед.
$B) Гузариш аз иқтисоди истеъмолӣ ба истеҳсолӣ, зарурати танзими меъёри меҳнату истеъмол ва муносибатҳои ҷамъиятӣ
Яке аз нахустин тарзи ифодаи ҳуқуқи нав ташаккулёфта кадом буд?
$А) Тақвимҳои кишоварзӣ;
Марҳилаҳои пайдоишу ташаккули ҳуқуқро муайян намоед.
$D) Қоидаҳои кишоварзӣ, тақвимҳои кишоварзӣ, ифодаи расмии одатҳо, ҳуқуқэҷодкунии давлатӣ, меъёрэҷодкунии судӣ, қонунэҷодкунӣ, кодификатсия;
Зарурати ҳуқуқро кадом омилҳо муайян мекунанд?
$B) Танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ; ҳифзи инсон, ҷомеа, давлат; шакли тафаккури инсонӣ; таъмини сулҳи иҷтимоӣ; тарбияи одамон;
Моҳияти назарияи фитрии пайдоиши ҳуқуқро муайян намоед.
$B) Ҳуқуқ чун натиҷаи таҳаввули табиии ҷомеа, эътирофи ҳуқуқи фитрӣ;
Моҳияти назарияи динии пайдоиши ҳуқуқро муайян намоед.
$А) Ҳуқуқ чун натиҷаи иродаи Худо, амали қонунҳои илоҳӣ;
Хулосаи мактаби таърихии ҳуқуқро оид ба пайдоиши ҳуқуқ муайян намоед.
$D) Ҳуқуқ чун натиҷаи инкишофи табиии одатҳо, рӯҳияи миллӣ, шуури халқ;
Моҳияти назарияи марксистии пайдоши ҳуқуқро муайян намоед.
$B) Хуқуқ чун натиҷаи тақсими ҷамъиятии меҳнат, моликияти хусусӣ, синфҳо ва муборизаи синфӣ;
Нуқсонҳои назари ба ҳам мухолифи дарки ҳуқуқро муайян намоед.
Моҳияти назарияи марксистии пайдоши ҳуқуқро муайян намоед.
$B) Хуқуқ чун натиҷаи тақсими ҷамъиятии меҳнат, моликияти хусусӣ, синфҳо ва муборизаи синфӣ;
Нуқсонҳои назари ба ҳам мухолифи дарки ҳуқуқро муайян намоед.
$B) Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва нигилизми ҳуқуқӣ;
Қисмҳои таркибии ҷаҳонбинии ҳуқуқиро муайян намоед.
$A) Назарияи фитрӣ-ҳуқуқӣ ва назарияи шартномаи ҷамъиятӣ;
Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ чист?
$B) Намуди мафкураи ҷамъиятӣ, тамоили афкори ҳуқуқӣ, ҳаракати инқилобӣ, тарзи таҳлили ҳуқуқӣ;
Ғояҳои асосии ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ кадомҳоянд?
$E) Тафовути ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ, тафовути ҳуқуқ ва қонун;
Моҳияти нигилизми ҳуқуқиро муайян намоед.
$C) Паст намудани аҳамият, нақш ва арзиши ҳуқуқ; инкори ҳуқуқ
Шаклҳои нигилизми ҳуқуқӣ кадомҳоянд?
$D) Нигилизми фаъол ва ғайрифаъол;
Моҳияти ҳуқуқшиносии позитивиро муайян намоед.
Эътирофи хукуки дохили давлати, ягонагии хукук ва конун, инкори хукуки фитри, усули позитивии тахлили давлату хукук;
Намудҳои позитивизмро муайян намоед.
$B) Позитивизми ҳуқуқӣ ва позитивизми сотсиологӣ
Моҳияти позитивизми ҳуқуқӣ дар чист?
$A) Эътирофи ҳуқуқ чун маҳсули давлат, низоми меъёрҳо, падидаи мухтор;
Моҳияти позитивизми сотсиологӣ дар чист?
$D) Эътирофи алоқаи ҳуқуқ бо падидаҳои ҳаёти ҷомеа, таҳлилҳои психологӣ ва органикӣ;
Ба назарияи «софи» ҳуқуқ (Г. Келзен) рӯшанӣ андозед.
$D) Таҳлилҳои ғайри мафкуравӣ ва ғайри сотсиологии ҳуқуқ, низоми сезинаи сарчашмаҳои ҳуқуқ;
Моҳияти назарияи маҳдуди меъёрӣ дар чист?
$B) Фаҳмиши маҳдуди меъёрӣ, идеологӣ ва синфии ҳуқуқ;
Назарияи маҳдуди меъёрӣ дар кадом кишвар васеъ истифода шудааст?
$E) Давлати шӯравӣ;
Назарияи маҳдуди меъёрӣ ба истифодаи кадом усули таҳлил асос меёбад?
$D) Усули шаклӣ-меъёрӣ (догмавӣ);
Моҳияти фалсафаи ҳуқуқ дар чист?
$B) Тафовути ҳуқуқ ва қонун, таҳлили арзишӣ, эътирофи ҳуқуқи фитрӣ;
Қисмҳои таркибии ҳуқуқшиносии сотсиологиро муайян намоед.
$C) Мактаби ҳуқуқи озод, назарияи гуногунии ҳуқуқ;
Ғояҳои асосии ҳуқуқшиносии сотсиологӣ кадомҳоянд?
$A) Ҳуқуқи «китобӣ» ва ҳуқуқи воқеӣ, ҳуқуқи судӣ, ҳуқуқи иттиҳодҳо;
Намояндагони ҳуқуқшиносии сотсиологиро муайян намоед.
$C) Эрлих, Паунд, Левеллин;
Андешаи «ҳуқуқи китоби ва воқеӣ» мутааллиқ ба кадом назария аст?
$D) Назарияҳои ҳуқуқшиносии сотсиологӣ;
Ҳуқуқшиносии позитивӣ чист?
B) Тамоиле, ки ба фаҳмиши меъёрии ҳуқуқ, алоқаи ҳуқуқ бо давлат, усули шаклӣ-меъёрӣ асос меёбад;
Фалсафаи ҳуқуқ чист?
$A) Тамоиле, ки таҳлили арзишии ҳуқуқро дар робита бо ҷаҳонбинии фалсафӣ анҷом медиҳад;
Ҳуқуқшиносии сотсиологӣ чист?
$D) Тамоиле, ки бо омӯзиши ҳуқуқи воқеӣ дар робита бо падидаҳои:
Фаҳмиши позитвии ҳуқуқро муайян намоед.
$C) Низоми муқаррароти меъёрии давлат;
Фаҳмиши фалсафии ҳуқуқро муайян намоед.
$D) Меъёри адолат ва озодии инсон;
Фаҳмиши сотсиологии ҳуқуқро муайян намоед.
$A) Низоми муносибатҳои воқеии ҳуқуқӣ;
Фаҳмиши меъёрии ҳуқуқ хоси кадом аз назарияҳост?
$D) Назарияи позитивӣ, алалхусус назарияи маҳдуди меъёрӣ;
Хусусиятҳои назарияи маҳдуди меъёриро муайян намоед.
$B) Фаҳмиши меъёрии ҳуқуқ дар робита бо давлат, идеология ва синфҳо;
Назарияҳои таркибии ҳукуқшиносии позитивиро муайян намоед.
$C) Позитивизми ҳуқуқии асри XIX, назарияи «софи» ҳуқуқ (Г. Келзен), назарияи маҳдуди меъёрӣ, позитивизми нави муосир;
Ҳуқуқи позитивӣ чист?
$C) Муқаррароти меъёрӣ, ки дар шаклҳои мухталифи ҳуқуқи позитвӣ (одатҳои ҳуқуқӣ, амсоли судӣ, шартномаҳои меъёрӣ ва диг.) ифода ёфтаанд;
Ҳуқуқи фитрӣ чист?
$D) Ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, кулли талаботи фитрӣ-хуқуқӣ;
Ганс Келзен асосгузори кадом назарияи ҳуқуқ мебошад?
$E) Назарияи «софи» ҳуқуқ;
К. Маркс ва Ф. Энгелс намояндагони кадом назарияи ҳуқуқ мебошанд?
$D) Назарияи позитивии ҳуқуқ;;
Ҳуқуқшиносони шӯравӣ дар инкишофи кадом назария саҳмгузоранд?
$A) Назарияи маҳдуди меъёрӣ;
Истилоҳи «ҳуқуқ» ба кадом маъноҳо фаҳмида мешавад?
B) Ба маънои умумииҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ;
Ҳуқуқ ба маънои умумииҷтимоӣ чист?
$E) Озодии амали инсон аз нигоҳи ахлоқ, одатҳо, қоидаҳои корпоративӣ, талаботи ҷомеа;
Ҳуқуқ ба маънои бевосита ҳуқуқӣ чист?
$C) Озодии амали инсон аз нигоҳи муқаррароти меъёрии ҳуқуқ; $D) Озодии амали инсон аз нигоҳи қоидаҳои корпоративӣ; $E) Озодии амали инсон аз нигоҳи талаботи ҷомеа;
Ҳуқуқ ба маънои умумииҷтимоӣ дар кадом шакл ҷой дорад?
$E) Ҳуқуқи маънавӣ, ҳуқуқи аъзои ҳизби сиёсӣ ва м.и.;
Ҳуқуқ ба маънои бевосита ҳуқуқӣ (юридикӣ) дар кадом шакл ҷой дорад?
$B) Хуқ
$E) Ҳуқуқи маънавӣ, ҳуқуқи аъзои ҳизби сиёсӣ ва м.и.;
уқи айнӣ (объективӣ);
Ҳуқуқи айнӣ (объективӣ) чист?
$C) Маҷмӯи муқаррароти ҳуқуқӣ
Ҳуқуқи зеҳнӣ (субъективӣ) чист?
$A) Имкони амали ҳукуқии шахс;
Навъҳои дар таърих маълуми фаҳмиши ҳуқуқ кадомҳоянд?
$D) Ҳуқуқӣ (фитрӣ, либертарӣ) ва легалӣ
Навъҳои фаҳмиши бевосита ҳуқуқии (юридикии) ҳуқуқ кадомҳоянд?
$A) Фитрӣ-ҳуқуқӣ ва либертарӣ-ҳуқуқӣ;
Ҳуқуқ аз нуқтаи назари либертарӣ чист?
$B) Шакли меъёрии баробарӣ, озодӣ ва адолат;
Сарчашмаҳои ҳуқуқи фитриро муайян намоед.
$A) Табиати Худо, табиати инсон, табиати «чиз» ва диг.;
Намудҳои позитивизм кадомҳоянд?
$D) Легизми ҷамъиятҳои қадим, назарияҳои этатистӣ (давлатпарастӣ), позитивизми таҳлилӣ (аналитикӣ) ва меъёрӣ;
Ҳуқуқ чист?
$C) Низоми муқаррароти меъёрӣ, ки ифодакунандаи андозаи адолат ва озодӣ буда, аз ҷониби субъектони ҳукуқ эътирофу муқаррар гаштаанд;
Аз назарияи тафовути ҳуқуқ ва қонун киҳо пуштибонӣ мекунанд?
$A) Ҷонибдорони назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ ва либертарӣ;
Хулосаи асосии назарияи тафовути ҳуқуқ ва қонун кадом аст?
C) Тафовути ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ (қонунгузорӣ);
Назарияи «ҳуқуқ ва қонун» дар куҷо ва кай ташаккул ёфтааст?
$E) Дар Юнони Қадим;
Шаклҳои вуҷуди ҳуқуқи фитриро муайян намоед.
$A) Ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, талаботи фитрӣ-ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ;
Шаклҳои вуҷуди ҳуқуқи позитивиро муайян намоед.
$E) Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, одатҳои ҳуқуқӣ, амсоли судӣ, шартномаҳои меъёрӣ, принсипҳои ҳуқуқ, назарияи илмӣ-ҳуқуқӣ;
Нишонаҳои ҳуқуқ чистанд?
$D) Хислатҳои сифатии ҳуқуқ, ки онро аз дигар падидаҳои ҷомеа фарқ мекунанд
Нишонаҳои умумии ҳуқуқро муайян намоед.
$A) Адолат, озодӣ, нишондоди ҳуқуқӣ, таъсиррасонӣ ба тафаккур, шаклҳои ифода, шакли шуури ҷамъиятӣ;
Нишонаҳои махсуси ҳуқуқро муайян намоед.
$B) Ифодаи расмии ирода, муайянияти шаклӣ, низомнокӣ, динамизм, ҳифзи давлатӣ;
Муайянияти шаклии ҳуқук чист?
$D) Ифодаи шаклии ҳуқуқ, ифодаи мантиқии меъёрҳои ҳуқуқ;
Низомнокии ҳуқуқ чист?
$E) Мутобиқат, мувофиқат, вобастагии мантиқӣ, силсилабандии меъёрҳои ҳуқуқ;
Ҳифзи давлатии ҳуқуқ чист?
$D) Кафолати давлатии ҳуқуқ, пешбинии чораҳои таъмини истифода, риоя ва иҷрои ҳуқуқ;
Принсипҳои ҳукуқ чистанд?
$A) Ғояҳо ва асосҳои пешбарандаи ҳуқуқ, ки аз баробарӣ, адолату озодӣ бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд; ҳуқуқ, ки аз тарафи давлат муқаррар мешаванд;
Инсондӯстӣ чун принсипи ҳуқуқ чӣ маънӣ дорад?
$C) Амалисозии ҳуқуқ ва танзими ҳуқуқӣ дар заминаи меҳрубонӣ, эҳтироми қадри инсонӣ;
Принсипи баробарии ашхос назди қонун чӣ маънӣ дорад?
$B) Баробарии ҳама назди қонун бидуни мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ ва м.и.;
Принсипи масъулияти тарафайни давлат ва шахс чӣ маънӣ дорад?
$A) Равобити дутарафаи давлат ва шахс зимни амалӣ намудани ҳуқуқу вазифаҳои тарафайн;
Принсипи демократии ҳуқуқ чӣ маъно дорад?
$A) Ташаккул ва амалишавии демократии ҳуқуқ;
Принсипи баробарии миллӣ дар ҳуқуқ чӣ маънӣ дорад?
$E) Баробарии ҳама назди қонун новобаста аз мансубияти миллӣ;
Принсипи қонуният чӣ маънӣ дорад?
$D) Риояву иҷрои аниқи Конститутсия ва қонунҳо аз ҷониби давлат, мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо;
Функсияҳои принсипҳои ҳуқуқро муайян намоед.
$C) Танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва заминаи ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ;
Намудҳои маҷбурсозии давлатиро муайян намоед.
$C) Огоҳсозӣ, пешгирсозии ҳуқуқӣ, ҳуқуқбарқарорсозӣ, ҷавобгарии ҳукуқӣ;
Чораҳои огоҳсозии ҳуқуқӣ кадомҳоянд?
$E) Чораҳои огоҳсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҳодисаҳои дорои хатари ҳуқуқӣ;
Чораҳои пешгирсозии ҳуқуқӣ кадомҳоянд?
$E) Чораҳои огоҳсозии ҳодисаҳои дорои хатари ҳуқуқӣ;
Чораҳои ҳуқуқбарқарорсозӣ кадомҳоянд?
$C) Чораҳои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда; $D) Чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ;
Чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ кадомҳоянд?
$D) Чораҳои татбиқшаванда барои ҳуқуқвайронкунӣ;
Ҳуқуқи инсон чист?
$D) Имкони амали ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа бидуни мансубияти шаҳрвандӣ, миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ ва м.и.;
Озодии инсон чист?
$E) Шакли меъёрии мухторияти фард;
Ҳуқуқи шаҳрванд чист?
$C) Имкони амали ҳуқуқии фард вобаста ба мансубияти шаҳрвандӣ;
Ҳуқуқҳои фитрии инсон чистанд?
$B) Ҳуқуқҳои тавлидӣ ва ҷудонашавандаи инсон;
Ҳуқуқҳои позитивии (дохилидавлатии) фард чистанд?
$E) Ҳуқуқҳои фард, ки бо қонунҳои миллии ҳар давлат пешбинӣ мешаванд;
Таснифи ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намоед.
$D) Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ;
Вазъи ҳуқуқии шахс чист?
$D) Ҳолати ҳуқуқии фард, ки бо ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳо муайян мешавад;
Вазъи иҷтимоии шахс чист?
$D) Вазъи воқеии шахс дар ҷомеа
Намудҳои вазъи ҳуқуқии шахсро муайян намоед.
$E) Вазъи ҳуқуқии байналмилалӣ, конститутсионӣ, соҳавӣ-ҳуқуқӣ, махсуси ҳуқуқӣ, фардӣ;
Намудҳои вазъи ҳуқуқии инсонро муайян намоед.
$D) Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва душаҳрвандӣ;
Таносуби ҳуқуқ ва иқтисод дар кадом назарияҳо баррасӣ мешавад?
$C) Назарияҳои либералӣ, «давлати посбони шабона», «давлати хайри умум», сотсиалистӣ;
Таносуби ҳуқуқ ва иқтисодро тибқи назарияҳои либералӣ муайян намоед.
$E) Маҳдудияти дахолати давлат ба иқтисод, озодии фаъолияти иқтисодӣ;
Таносуби ҳуқуқ ва иқтисодро тибқи назарияи «давлати хайри умум» муайян намоед.
$D) Танзими ҳуқуқӣ дар шароити фаъолияти васеи иҷтимоиву иқтисодии давлат;
Таносуби ҳуқуқ ва иқтисодро тибқи назарияи сотсиалистӣ муайян намоед.
$C) Танзими ҳуқуқии маъмурӣ-фармоишӣ, дахолати беандозаи давлат ба иқтисод;
Нақши ҳуқуқро дар танзими муносибатҳои бозор муайян намоед.
$D) Истифодаи воситаҳои танзими тавсиявӣ ва ҳавасмандӣ, танзими фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногуншаклии моликият;
Меъёри иҷтимоӣ чист?
$C) Қоидаи рафтори одамон дар ҷомеаи инсонӣ;
Меъёри техникӣ чист?
$D) Муқаррароти танзимкунандаи муносибати инсон бо табиат, техника, воситаҳои техникӣ;
Меъёри техникӣ-ҳуқуқӣ чист?
$B) Муқаррароти техникӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода гаштаанд;
Низоми меъёрҳои иҷтимоиро муайян намоед.
$C) Меъёрҳои ахлоқӣ, одатӣ, анъанавӣ, динӣ, оилавӣ, эстетикӣ, сиёсӣ, корпоративӣ, ҳуқуқӣ;
Асосҳои таснифи меъёрҳои иҷтимоиро муайян намоед.
$D) Мавзӯи танзим, шаклҳои пайдоиш, соҳаи амал, равиши иҷтимоӣ, воситаҳои таъмин, омилҳои маънавӣ;
Меъёри ахлоқӣ чист?
$D) Қоидаи рафтори одамон, ки муносибати онҳоро бо назардошти талабу арзишҳои ахлоқӣ танзим мекунад;
Меъёри эстетикӣ чист?
$C) Қоидаи рафтор, ки меъёр ва дарки зебоиро дар ҳаёти ҷомеа ифода мекунад;
Одатҳо чистанд?
$E) Қоидаҳои рафтор, ки бино ба истифодаи мунтазам риоя мешаванд ва кафолати давлатӣ доранд;
Анъанаҳо чистанд?
$B) Намуди одатҳо, ки бино ба идҳо, маросим ва ҳодисаҳои дигари ҳаётӣ хислати намунавӣ пайдо мекунанд;
Меъёрҳои корпоративӣ чистанд?
$B) Қоидахои рафтор, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳизбҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ифода гаштаанд;
Меъёрҳои сиёсӣ чистанд?
$C) Қоидаҳои рафтор, ки дар ҳаёти сиёсӣ, фаъолияти ташкилотҳои сиёсӣ чун одату анъанаҳои сиёсӣ риоя мешаванд;
Меъёрҳои динӣ чистанд?
$B) Қоидаҳои рафтори одамон, ки дар китобҳои муқаддаси динӣ ифода гаштаанд;
Меъёрҳои оилавӣ чистанд?
$B) Қоидаи рафтори одамон, ки ҳамарӯза байни аъзои оила риоя мешаванд;
Ягонагии ҳуқуқ ва ахлоқ дар чӣ ифода меёбад?
$C) Воситаҳои танзими ҳуқуқӣ мебошанд, ҳадафҳои умумӣ доранд;
Тафовути ҳуқуқ ва ахлоқ дар чӣ ифода меёбад?
$D) Вобаста ба субъекти эҷод, шаклҳои ифода, таъминоти иҷроиш;
Ҳамкории ҳуқуқ ва ахлоқ дар чӣ ифода меёбад?
$D) Ҳамкорӣ зимни талабот, ҳадафҳо, вазифаҳои умумӣ;
Мухолифати ҳуқуқ ва ахлоқ дар чӣ ифода меёбад?
$A) Баҳодиҳии мухталиф ба рафтори инсон, ифодаи манфиатҳои мухталиф, эътирофи гуногуни амалҳои инсонӣ;
Низоми ҳуқуқӣ чист?
$D) Маҷмӯи падидаҳои ҳуқуқӣ, ки дар хусуси пешрафти ҳуқуқии кишвари ҷудогона далолат мекунанд;
Мафҳуми «низоми ҳуқуқӣ» бо кадом мафҳумҳо равобити зич дорад?
$A) Низоми ҳуқуқ ва оилаи ҳуқуқӣ;
Кадоме аз ин мафҳумҳо дар пайдарҳамӣ ифода гаштаанд?
$B) Низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, оилаи ҳуқуқӣ;
Кадоме аз ин мафҳумҳо хислати бештар миллӣ (дохилидавлатӣ) дорад?
$C) Низоми ҳуқуқ, низоми қонунгузорӣ, низоми ҳуқуқӣ;
Унсурҳои низоми ҳуқуқиро муайян намоед.
$D) Ҳуқуқ, қонунгузорӣ, субъектони фардиву коллективӣ, унсурҳои амалӣ-ҳуқуқӣ, ниҳоӣ-ҳуқуқӣ, психологӣ-маънавӣ, илмӣ-ҳуқуқӣ;
Унсури марказии низоми ҳуқуқиро муайян намоед.
$B) Ҳуқуқ;
Мафҳуми ҳуқуқӣ чист?
$C) Шакли тафаккур, ки нишонаҳои муҳими падидаҳои ҳуқуқиро ифода мекунад;
Категорияи ҳуқуқӣ чист?
$C) Шакли умумигаштаи мафҳумҳои ҳуқуқӣ;
Таснифи оилаҳои ҳукуқиро муайян намоед.
$D) Хуқуқи романиву олмонӣ, умумӣ, исломӣ, Ҳиндустон, Шарқи Дур, одатии африкоӣ;
Маҳакҳои таснифи оилаҳои ҳуқуқиро муайян намоед.
$A) Таърихӣ-назариявӣ, техникӣ-ҳуқуқӣ, мафкуравӣ-ҳуқуқӣ, амалӣ-ҳуқуқӣ;
Заминаҳои ташаккулу инкишофи ҳуқуқи романиву олмонӣ кадомҳоянд?
$D) Ҳуқуқи римӣ, ҳуқуқи донишгоҳӣ, одатҳои маҳаллӣ, кодификатсияи қонунгузорӣ;
Ҳуқуқи романиву олмонӣ ба кадом шохаҳо ҷудо мешавад?
$D) Ҳуқуқи романӣ ва ҳуқуқи олмонӣ;
Ҳуқуқи романиву олмонӣ аз кадом қисмҳо иборат аст?
$B) Ҳуқуқи омма ва ҳуқуқи хусусӣ;
Хислатҳои ҳуқуқи романиву олмониро муайян намоед.
$D) Ҳуқуқи омма ва хусусӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чун сарчашмаи асосӣ, кодификатсия;
Ҳуқуқи романӣ дар кадом кишварҳо паҳн шудааст?
$E) Фаронса, Белгия, Люксембург, Голландия, Италия, Португалия, Испания;
$C) Олмон, Австрия, Швейсария;
Ҳуқуқи умумӣ аз кадом шохаҳо иборат аст?
$B) Ҳуқуқи англисӣ ва ҳуқуқи ИМA;
Хислатҳои ҳуқуқи англисиро муайян намоед.
$D) Хислати казуалӣ; ҳуқуқи судӣ; амсоли судӣ чун сарчашмаи асосӣ;
Қоидаҳои амсоли судиро кадом мақомоти Англия муқаррар мекунанд?
$B) Палатаи лордҳо, Суди апелятсионӣ, Суди Болоӣ;
Ҳуқуқи англисӣ ба кадом қисмҳо ҷудо мешавад?
$D) Ҳуқуқи умумӣ, ҳуқуқи адолат, ҳуқуқи статутӣ;
Одатҳо чун сарчашмаи ҳуқуқи англисӣ кадом намудҳо доранд?
$B) Маҳаллӣ ва тиҷоратӣ;
Дар ИМА чанд низоми ҳуқукӣ амал мекунанд?
$B) 50 низоми ҳуқуқӣ дар штатҳо ва низоми ҳуқуқии федеролӣ;
Хислатҳои ҳуқуқи ИМА-ро муайян намоед.
$D) Санади меъёрии ҳуқуқӣ; амсоли судӣ; кодификатсия; Конситутсия;
Сарчашмаҳои ҳуқуқи исломиро муайян намоед.
$B) Қуръон, Суннат, иҷма, қиёс;
Хислати асосии ҳуқуқи исломиро муайян намоед.
$D) Ҷузъи ислом аст;
Соҳаҳои ҳуқуқи исломиро муайян намоед.
$E) Ҳуқуқи давлатӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ, мурофиавӣ, оилавӣ, мерос ва диг.;
Ҳуқуқи Ҳиндустон аз кадом шахаҳо иборат аст?
$C) Ҳуқуқи ҳинду ва ҳуқуқи ҳиндӣ;
Кадоме аз шахаҳои ҳуқуқи Ҳиндустон таърихи дарозтар дорад?
$B) Ҳуқуқи ҳинду;
@195.Ведаҳо ва дхармашастраҳо сарчашмаи кадом ҳуқуқанд?
$B) Ҳуқуқи ҳинду;
Кадом аз ин ҳуқуқҳои Ҳиндустон хислати динӣ дорад?
$B) Ҳуқуқи ҳинду
Кадом аз ҳуқуқҳои Ҳиндустон берун аз ин кишвар амал мекунанд?
$B) Ҳуқуқи ҳинду;
Қонунгузории давлат ва амсоли судӣ сарчашмаи кадом аз шохаҳои ҳуқуқи Ҳиндустон нестанд?
$B) Ҳуқуқи ҳинду;